Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«СИРРИ МАН АЗ НОЛАИ МАН ДУР НЕСТ...»

Най ҳикоят мекунад...

Забонат даркаш, эй Ҳофиз, замоне,

Ҳадиси безабонон бишнав аз най.

(Ҳофизи Шерозӣ)

Ҳикояти он кӯтоҳу мухтасар нест, ҳикоятест дорои қисса андар қисса, пур аз таронаҳои ҳаёт, баёнгари лаҳзаҳои дилангези зиндагӣ. Нақли най аз суруру шодмониҳои ҷавонӣ, аз авзои ногуфтании ҳастии инсонист.

Най суруди шодӣ месарояд...

Суруде, ки аз чашмаи дилҳои хурсанду хуррам об хӯрдааст ва дар шарёни вуҷуди одамон равон аст, ки ба ҳавои даҳан, бо дамидани нафас дар муҳраю сӯрохҳои най мелаппад ва берун меояд. Суруди дилангезу лаззатбор масаррате ба қалбҳои хуфтаву муҳтоҷ ато мекунад.

Най нола мекунад...

Нолаи он муқаррарӣ набуда, як ҷаҳон дарду ғам дорад ва он ҳама аз ғамбоди қалбҳои шикаставу озордида дарак медиҳад. Муҳраю сӯрохҳои най охирин умедгоҳи диланд, ки аз худ садои таскиндиҳанда берун месозанд ва андаке ҳам бошад, ба дардҳои дил дармон мебахшанд.

Вақте ки най ҳикоят дорад, суруд мехонад ва нола мекунад, қалби найнавоз сабук мешавад, ба рагу паяш неруи тозатаре зам мегардад, руҳаш меболад ва... шукр мекунад аз ҳукми таскин. Ва ин таскин мунҳасир ба фард нест, садои най роҳату лаззат мебахшад инчунин ба танҳои дигар, ба қалбҳои дигар.

Насриддин бо навохтани як най қонеъ нест. Ӯ ҳамзамон ду най, ба гуфтаи худаш, «қӯшнай» менавозад. Қӯшнай дар фароварди мусиқии имрӯз яке аз муҳимтарин асбобҳои нафасӣ аст. Онро аз пояҳои ниҳоят мустаҳками гиёҳи най устои чирадаст ё худ найнавози ҳақиқӣ месозад: ба найчӯб сайқал медиҳад, муҳраҳо мебарорад, сӯрохҳо меандозад, ба пардаҳои нафас мутобиқ мегардонад. Чун Насриддин хулоса кардааст, «ҳар касе, ки бо дасти худ най месозад, ҳатман ба қадри он мерасад. Навохтани қӯшнай назар ба найи маъмулӣ, мантиқан, ду баробар мушкилтар аст. Агар най овози маҳину мулоим барорад, қӯшнай бар замми ин боз оҳанги борику нозук меофарад. Мумкин аст найро бисёр касон навозанд, аммо қӯшнайро на ҳар кас. Омӯхтани навохтани он як мактаб аст».

Насриддин Рӯзиев асосан қӯшнайнавоз аст, вале ҳама шиносу дӯстон ӯро «найнавоз» мехонанд. Ӯ дар ҳайати оркестри созҳои халқии ба номи Донӣ Зокиров, ки як сутуне дар мавҷудияти Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, фаъолият дорад. Бо ин ҳунар Насриддин бисту як сол собиқаи корӣ дорад, аммо мусиқорест бе унвон ва соҳиби туҳфаю коғазҳои ифтихории башумор, ҳарчанд баъд аз чаҳор сол, ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, дари бознишастагиро мекӯбад, зеро навозандагони асбобҳои мусиқӣ ҳам чун кормандони низомӣ имтиёз доранд дар барвақт баромадан ба айёми нафақа.

Ба ҳар ҳол, Насриддин ҳазор бор шукр мекунад аз ҳунари омӯхтааш, аз ҳунаре, ки метавонад бо он ба дардҳои мардум марҳам бахшад. Ӯ бо хоксорию фурӯтанӣ, бо дилбастагии комил ба касби худ ба инъому тақдирномаҳо умед набастааст ва аз унвону узвияте низ ёдовар нашудааст. Хурсандии сомеон, ашкҳои равону анвори рахшидаи чашмони мардуми боҳуш, даст фушурдану ба оғӯш гирифтани мухлисони ба ҳаяҷону ба эҳсос омада бузургтарину беҳтарин инъомест барои Насриддин.

Насриддин Рӯзиев зодаи хоки бостонии Бухорост ва соли тавлидаш 1954. Ӯ ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ба шунидани оҳангҳои дилнишин, ба доиразанӣ шавқи беандоза дошт. Сурудаҳои ҳофизонро пайваста замзама мекард ва бештари оҳангҳоро бо як шунидан ёд мегирифт. Аз ҳама пештар ин қобилияти Насриддинро тағояш Собирҷон Собиров пай мебарад. Ӯ ҳар гоҳ ба хонаи хоҳараш меомад, ба Насриддин мегуфт: «Канӣ, ҷиян, «Раъно ту гулам»-ро хон». Ва Насриддин ҳамоно бо овози ширадори худ ба сурудан мепардохт. Тағо ба завқ омада меафзуд: «Акнун «Индамади». Насриддин боз мехонд. Тағо дубора амр мекард: «Ҳоло доира бизан»...

Дар замони мактабхонӣ ҳам бештар бо таҳрики тағояш таваҷҷуҳи Насриддини ҷавон ба илми мусиқӣ меафзояд. Муттасил дар маҳфилҳои мусиқии мактаб иштирок мекунад ва ба як симои ҳақиқӣ дар ҷамъомадҳои тантанавию ҷашнҳои мактаб табдил меёбад.

Тағояш мехост ӯро пас аз хатми синфи ҳаштум ба омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Бухоро барад, аммо падар – Садриака ба ин раъйи ӯ мухолиф мебарояд. Он вақт дар ҳузури Собирҷон ба писараш гуфта буд: «Дар гузаштаҳои мо санъаткор нест. Ту дигар касбро ёд гир, инженер шав, муаллим шав...»

Ҳамин тавр, бо талабу хоҳиши падар Насриддин пас аз итмоми мактаби миёна, бо мақсади муҳандис шудан, ба донишкадаи политехникӣ ҳуҷҷат супорид. Шояд ба сабаби ин ки шавқу завқи ӯ чизи дигарро мехост, ёду ҳушаш ба сурудхониву доиразанӣ, ба ғижаку найнавозӣ банд буд, натавонист донишҷӯйи донишкадаи мазкур гардад. Соли дигар бошад, бо қатъият роҳи омӯзишгоҳи мусиқии Бухороро пеш гирифт. Имтиҳоноти дохилшавиро бо баҳоҳои баланд супорид ва донишҷӯ гардид. Дар ин хусус мегӯяд: «Вақте ки моро ба шуъбаҳо ҷудо мекарданд, аз ман пурсиданд, ки кадом бахшро интихоб карданиам. Ман мехостам ғижакнавоз шавам. Он замон устодамон Ҳикматҷон Неъматов синчакорона симои ман ва бештар ангуштони маро муоина карда гуфта буданд: «Ба ғижакнавозӣ дастони нозук лозим аст. Панҷаю ангуштони ту боби доира». Ман, ки бе он ҳам доиразаниро хуб омӯхта будам, орзу доштам ягон асбоби дигарро пурра ёд гирам. Ва норозигии маро устод пай бурд магар, бори дигар афзуд: «Набошад, ба шуъбаи найнавозӣ даро». Ҳамин тавр, аз соли 1971 таҳсили ибтидоии ҳунари худро оғоз намудам».

Насриддин Рӯзиев баъд аз хатми омӯзишгоҳ бо роҳхат ба Консерваторияи мусиқии Тошканд дохил шуд. Аз соли 1976 сар карда ба навохтани қӯшнай пардохтааст. Аллакай дар соли дуюми омӯзиш ӯ чун найнавози бомаҳорат шинохта мешавад ва бо даъвати раёсати Филармонияи давлатии ба номи Қорӣ Ёқубов, мувозӣ бо донишҷӯйӣ, чун навозандаи қӯшнай ба кор медарояд. Даҳ сол дар ҳайати оркестри созҳои халқии ба номи Тӯхтасин Ҷалилов, ки дар таркиби филармония таҳти раҳбарии Фаррух Содиқов амал мекард, бо навохтани қӯшнай ва дар мавридҳои зарурӣ бо доиразанӣ шуғл варзид.

Соли 1986 буд. Боре тағояш Собирҷон Собиров ва устоди аввалинаш Ҳикматҷон Неъматов ба Тошканд омада, аз Насриддин, ки аллакай дар олами санъат мастур гашта, як ҳунарманди баркамол шуда буд, дидан карданд. Хостанд ӯро ба Бухоро баранд. Аммо Насриддинро рухсати рафтан надоданд. Ӯ ҳунарманде буд чун обу ҳаво зарур. Соли 1988 дар ҳайати Оркестри созҳои халқии ба номи Донӣ Зокиров, ки таҳти раҳбарии оҳангсози номӣ – Мустафо Бафоев дар назди Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ кушода шуда буд, ба кор идома дод. Аз ҷониби ҳамин коргоҳ бо навбат соҳиби хона шуд, пайваста маҳорати касбии худро сайқал дод.

Дар замони мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ, ки понздаҳ ҷумҳурӣ узви он буданд, Насриддин Рӯзиев чандин бор дар сафарҳои эҷодии оҳангсароёну ҳунарпешагон ширкат варзидааст. Ӯ паҳлуи муғанниён ба шаҳрҳои Маскав, Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург), Киев, Боку, Алмаато, Душанбе ва ғайра рафта, дар гастролҳои ҳунарӣ иштирок намудааст.

Боре филмбардорони Юнон меҳмони кишвари мо мешаванд. Онҳо аз найнавозии Насриддин низ иттилоъ ёфта, бо ӯ мулоқот мекунанд. Ҳангоми навохтани қӯшнай ба сурат мегиранд ва дар яке аз нақшҳои асосии филми мустанади «Шаҳри пурситора» ҳунари Насриддинро ҳам рӯйи навор мебардоранд.

Насриддин Рӯзиев пайваста дар ҷустуҷӯйи усулҳои нави эҷодӣ аст. Аллакай дар бойгонии мусиқии тоҷику ӯзбек чандин оҳанги навохтаи ӯ маҳфузанд. Чунончи: «Зулола», «Шароб-1», «Оҳиста», «Сели ишқ», «Чӯл ороми», «Навои қалби ман», «Қӯшнай қӯшиғи», «Чапандози наво», «Дилхироҷ», «Фасли гул», «Сен бӯлмасанг», «Самои дугоҳ», «Фирӯз-2», «Маҳбуби ман шав», «Ҳадя». Бештар садои дилнавози қӯшнайи Насриддин бар оҳангҳои халқӣ, мусиқаҳои Сайфӣ Ҷалил, Тӯхтасин Ҷалилов, Ҳалим Ҷӯраев ва Мустафо Бафоев ҳамнаво гардидааст.

Нолаи қӯшнай ба таври алоҳида ё бо ҷӯр шудани доира, ё дар таркиби созҳои халқӣ садо медиҳад ва бояд хотирнишон сохт, ки Насриддин на ба ҳар як оҳанги навохтаи худ ном гузоштааст. Аксаран бар сурудҳои классикӣ ва халқӣ оҳанг мебандад, зеро маҳз лаззати он сурудҳо мағз андар мағзи найнавоз нақш бастааст.

Насриддин иброз медорад, ки дар омӯзиши нозукиҳои ҳунари найнавозӣ ба ӯ устодон Абдусамад Маҷидов, Йӯлдош Тоҷиев, Ҳалимҷон Ҷӯраев, Мустафо Бафоев кумакҳои зиёд кардаанд. Мирзошариф Мирбаротов сохтани найро ёд додааст. Қаблан пояҳои най аз шаҳри Кировободи Озарбойҷон дастрас мешуд, вале имрӯз бошад, аз Тоҷикистон, бештар аз Кӯлоб оварда мешавад.

Насриддин танҳоиро хеле дӯст дорад. Танҳоӣ аз он лиҳоз ӯро хуш аст, ки шоҳини илҳомаш бол мезанад. Бо дили пурэҳсос қӯшнай менавозад, оҳанге тоза, оҳанге салису дилнишин эҷод мекунад. Аз лобалои садрангиҳои хаёл навое меҷӯяд, бо кашишҳои муносиби пардаи гулу ҳаво медамад, бо алоқамандии тахайюл бар олудаю полудаҳои рӯзгор оҳанге менавозад. Ӯ мегӯяд: «Най овоздеҳи ҳастии ман, баёнгари орзуҳои дили ман аст. Шӯри диламро наю доира ба забон меоваранд ва ба ин васила қалбам шарики хурсандиҳову дардҳост. Ба гуфтаи Мавлонои Балхӣ:

Ман ба ҳар ҷамъияте нолон шудам. Ҷуфти бадҳолону хушҳолон шудам. Ҳар касе аз шарри худ шуд ёри ман, В-аз даруни ман наҷуст асрори ман. Сирри ман аз нолаи ман дур нест, Лек чашму гӯшро он нур нест...»

Боре ба хонаи Насриддин меҳмон шудем. Дар хонаи ин ҳунарманд он чиз вуҷуди моро тасхир кард, ки аҳли хонаводаи ӯ саросар як ҷаҳон лаззати мусиқӣ доштанд. Дарёфтем, ки на танҳо худи Насриддин, балки тамоми оилааш дилбохтаи мусиқианд. Духтари калониаш Нилуфар, ки донишҷӯйи бахши инглисии Донишкадаи омӯзгории Тошканд аст, фортепиано ва дуторро дӯст медорад ва ин асбобҳои мусиқиро бо маҳорати вижа менавозад. Писараш Фахриддин окардеонро бозӣ медоронад ва оҳангҳои форам дуруст мекунад. Духтараш Лобар бошад, синфи дуторнавозиро гузаштааст. Нуриддин навохтани скрипка (ғижак)-ро меомӯзад. Ба писари хурдиаш Фазлиддин асрори доиразаниро ёд медиҳад. Билкул, хонаи эшон чун як мактаби мусиқӣ аст ва аз шавқу завқи фарзандонаш нисбат ба илму ҳунари мусиқӣ, Насриддин ба ваҷд меояд. Хеле хурсанд асту оҳи сабук мекашад ва шукр мегузорад ба Парвардигори пурэҳсон.

Ҳамсараш Адолат Раҳимова ҳамеша дастёри ӯ ва пуштибони ҳунари фарзандон аст. Ӯ аз машғулиятҳои аҳли оилааш доиман лаззат мебарад ва мегӯяд: «Кош мусиқӣ ҳеҷ гоҳ аз ҳавои хонадоне дур нашавад. Зеро мусиқӣ ҳам ҳавоест, ки тани одам ба он муҳтоҷ аст».

Дар офаридани оҳангҳои дилнишину марғуб қӯшнай нақши муҳим мебозад. Ҳар гоҳ ҳунарпешае оҳанге бар суруди худ офариданист, саъй мекунад аз қӯшнай баҳра барад. Бо кумаки ин сози мусиқӣ боз ҳам бештар овозхонҳои боҳунару раққосаҳои боистеъдод ба саҳнаи ҳунар ҷалб мешаванд. Насриддин Рӯзиев низ ҳамроҳи офарандагони оҳангҳо дар чандин озмунҳои ҳунарӣ ширкат варзидааст. Мо аминем, ки заҳмати ҳунарманди асил дер ё зуд қадршиносӣ меёбад. Мисли ин ки ҳунари асил чун пораи зар аст, рӯзе аз зери хоку гард ҷило медиҳад.

Най нола мекунад...

Нолаи он баёнгари оташи ишқ аст, дӯстдори ёри мувофиқ аст, дамсозу муштоқи меҳрабонҳост. Най қиссагӯ аст...

Оташи ишқ аст, к-андар най фитод, Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод. Най ҳарифи ҳар кӣ аз ёре бурид, Пардаҳояш пардаҳои мо дарид.

Ҳамчу най заҳреву тарёке кӣ дид? Ҳамчу най дамсозу муштоқе кӣ дид? Най ҳадиси роҳи пурхун мекунад, Қиссаҳои ишқи пурхун мекунад.

Қӯшнай дар дасти Насриддин нола мекунад...

Кош нолаи ӯро ҳамагон бишнаванд ва аз ҳунари найнавоз арзёбӣ кунанд. Зеро ба ибораи мардумӣ «мушк он аст, ки худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд».

Рӯзномаи «Овози тоҷик», 12-уми июли соли 1997

пешина
аз 44
навбатӣ