Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ГӮЯНДАИ МАҲБУБ

Ин занаки ситорагарму кушодачеҳра, ки доим лабонаш ба табассум моил асту чашмони ҷаззобаш ҳам гӯё механданд, синни шасту ҳафтро пур мекунад. Аммо ҳар кас бори аввал ӯро мебинад ва садои маҳину дилнавозашро мешунавад, ӯро аз ин синну сол ҷавонтар мепиндорад. Бале, Шавкатхонум чеҳраи ҷавонона ва бештар аз ин, дили ҷавон дорад. Ӯ қалби пурэҳсоси худро бо ибрози самимитарин суханҳо, орзуву умедҳои нек ва арзи паёму матолиби дилнишин доиман ҷавон нигаҳ медорад.

Шавкатхонум Алиева, маъруф бо номи хонаводагии Гударзӣ, панҷоҳ сол гӯянда аст, гӯяндаи радио. Бе шак, ин гуна собиқаи корӣ баробари амри қаҳрамонист. Ӯ бо забони фасеҳи форсӣ тайи солҳои зиёд дили шунавандагони бешумори худро дар кишварҳои гуногун тасхир ва бо салосату латофати калом ба онҳо ҷаҳони зебоӣ, масаррати бепоён эҳдо кардааст.

«...Аввали баҳор буд ва ман ҳамроҳ бо насими тозаи баҳорӣ ба канори рӯди саркашу пурпечутоб, ки бо карашмаю шаршари худ ба ҳусни табиат ҳусни тоза зам мекард, расидам. Ҳама ҷо зебо – чаманзору дарахтзори атроф, обу осмони нилуфарӣ ва гулҳои баҳорӣ, ки латофати бештар доштанд. Вале дар миёни ин манзараи дилфиреб ёду ҳуши маро зебоии дигар рабуда буд. Он замон аввалин бор садои чаҳ-чаҳи булбулро мешунидам, баҳ-баҳ... қашангии овози ин мурғи хушхон чӣ қадр ҳамоҳангӣ бо нозҳои табиат дошт!

Бегоҳии он рӯз сари эҷод нишастам ва чун родю наздам буд, бо алоқа гӯшии онро тофтам. Иттифоқан, овози маҳину фараҳбахше маро ба худ ҷазб кард. Ҳама корро як сӯ гузошта, гӯшу ҳуш ба он садои гарму руҳбахш, ки ингор мисли булбули баҳорӣ месуруд, гаштам. Гӯянда аз ғазалҳои Зебуннисо шоири маъруфи Ҳинд қироат мекард. Дар поёни барнома «Ушшоқ»-и Самарқанд бо садои Матлуба Дадабоева пахш шуд. Ниҳоят, гӯяндаи ширинсухан Шавкатхонум аз поёни барнома иттилоъ дод. Масаррати банда ҳадду канор надошт, мехостам Шавкатхонум боз чизе гӯяд, дубора ғазале бихонад...

Он дам аз пайи булбули соҳили рӯд маро булбули родю низ роҳати ҷонбахш ато карда буд».

Ин пораматни кӯтоҳ аз мактуби як нафар шунавандаи доимии бахши форсии радио – оқои Саид Муҳаммад Шафиист, ки аз шаҳри Машҳади Эрон, ба маҳорати ҳирфаии Шавкатхонуми Гударзӣ қоил омада навиштааст.

Вақте ки китоби рӯзгори Шавкат Алиеваро варақ мезанем, бо воқеоти ранг ба ранг мувоҷеҳ меоем. Ӯ ҳунари гӯяндагиро ҳанӯз дар Хуросон оғоз карда, дар он ҷо мубаллиғи баргузидаи пирӯзиҳои Иттиҳоди Шуравӣ будааст. Пас аз пирӯзӣ дар ҷанги дувуми ҷаҳонӣ бар фашизми олмонӣ, аз пайи таъқиботи сиёсӣ Шавкатхонум ба Маскав фирор мекунад ва дертар аз он ҷо ба Тошканд меояд. Ва соли 1947, ҳамзамон бо таъсис ёфтани бахши форсии барномаҳои берунмарзии радиои Тошканд, ӯ аввалин гӯяндаи он мегардад.

Дар давоми кор муттасил ҳунари гӯяндагиро сайқал медиҳад. Ӯзбекистонро бо ҳама пешрафту иқтидор, зебоиҳои табиӣ, амокини таърихию диданиаш ба ҷаҳониён ошно месозад. Дар таблиғи расму оини миллӣ саҳми худро мегузорад. Маҳз садои ширадору асарбахши ӯ буда, ки шунавандагони бешумор ба суроғаи бахши форсӣ номаҳо навишта, аз афзалият ва дилнишинии барномаҳо таъриф кардаанд.

Шавкат Алиева бо амри сарнавишт соли 1987 ба Тоҷикистон меравад ва ба муддати нуҳ сол дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Дар ин солҳо бо рӯйдодҳои гуногун рӯ ба рӯ меояд. Аҳёнан аз дӯстону бародарон ва ҳамкорони худ чунин ёд мекунад: «Ба ёди он рӯзҳо меафтаму чашмонам пур аз ашк мешавад, қалбамро чизе мефишурад. Дар Варзоб аз байни тоҷикон писаре пайдо карда будам, ба номи Бобомурод. Арӯсе доштам – Зирагул ва набераҳоям бо исмҳои Алишер, Фирӯза, Маъруф. Онҳо маро бо ҷону дил дӯст медоштанд ва ман ҳам ба онҳо бениҳоят алоқаманд будам. Чӣ шабҳою рӯзҳоеро дар канори ҳам, дар доманаи кӯҳҳои босафои соҳили Варзоб нагузарондем! Ман дар Варзоб худамро варзобӣ ҳис мекардам, либоси миллии тоҷикӣ ба тан карда, дар он муҳити зебо, дар миёни он инсонҳои шарифу шод, дар арӯсию ҷашнҳои онҳо ширкат намуда, то сапедадамҳо рақсу бозиҳо мекардем. Ман бо тааҷҷубу ҳайрат ба он миллат, ки бениҳоят шоду зиндадил буданд, нигоҳ мекардам... Ҳавлие доштем дар канори рӯди Варзоб. Тамоми эрониёни муқими Душанбе, ки ватани дуюми худро дар Тоҷикистон ёфта буданд, дар он ҷо ҷамъ меомадем ва худро дар байни тоҷикон чун бародару хоҳар ҳис мекардем...»

Дар воқеъ, Шавкатхонум бо тамоми ҳастӣ ба тоҷикони Тоҷикистон дил дода, зарфи нуҳ соли иқомати худ дар он ҷо бо ғаму шодӣ, бо розу ниёз ва орзуву армони онҳо шарик мешавад. Ӯ дар шуъбаи форсии радиои Тоҷикистон гӯянда буд ва дар телевизион ҳам шеъру қиссаҳо мехонд. Ба вижа, бо маҳорати волои шоҳномахонӣ дили мухлисони беададро тасхир кардааст. Гузашта аз ин, як симои намоён ва овозгӯйи бомаҳорат дар ҷашнҳои мардумӣ буд.

Қалби ин бонуи хушном мамлу аз меҳру муҳаббати инсонӣ, саршор аз эҳсоси муруввату эҳсон аст. Ӯ ба унвони узви Созмони байналмилалии Салиби Сурх ба ниёзмандону кулфатзадаҳои Шарораи Ҳисор, ки аз дасти офати ногаҳонии табиӣ наҷот ёфта буданд, дасти мадад дароз кардааст. Аз он рӯзҳо ба ёд меоварад: «Дар маҳаллаи Гулбутта, дар он рӯзҳои фаромӯшнашуданӣ миёни занону кӯдакони кулфатдида, он инсонҳои шарифу беолоиш ман худро хеле озод ҳис мекардам, дар ғами онҳо шарик будам, бар сари суфраи онҳо нишаста, ҳамроҳ чою фатир мехӯрдам. Ман саъй мекардам барояшон дарс диҳам ва онҳо низ ба ман овозҳо ва гӯйиши тоҷикиро ёд медоданд. Ман онҳоро дӯст медоштам ва онҳо низ ба ман эҳтиром мегузоштанд».

Ниҳоят, ҳодисаҳои мудҳиши солҳои навади Тоҷикистон ба хонаводаи Шавкатхонум ҳам латмаи сахт зад. Ӯ дар он ҷо шавҳарашро ба хок супурд ва дар охир аз дасти як нафар нобакор, ки ҳама молу манолашро ба яғмо бурда буд, он сарзамини дӯстдоштаашро ба қасди Тошканд тарк гуфт. Бо ҳасрат мегӯяд: «Яке аз эрониёни муқими Душанбе ба номи Шаҳроми Юсуф (албатта, ин номи ҳақиқии ӯ нест) аз он шароити сахту ҳарҷумарҷ истифода карда, хонаамро тороҷ ва зиндагиамро доғун кард ва тамоми дору надорамро аз байн бурд. Чӣ кунам, илоҷе надорам, ӯро ба Худо месупорам». Ва аз он пас дар Тошканд касби гӯяндагиашро идома медиҳад.

Шавкат Алиева шогирдони зиёд дорад. Донишҷӯёни солҳои гуногуни Донишкадаи шарқшиносии Тошканд аз ӯ сабақ омӯхтаанд. Яке аз шогирдони ӯ, номзади илми филологӣ Файзулло Аймоқ ҳунари гӯяндагиро аз ӯ ёд гирифтааст ва корманди собиқадори шуъбаи дарии радиои ҷумҳурӣ аст. Ӯ бо хушнудӣ иброз медорад: «Маро аз Афғонистон ба Тошканд овози дилрубои Шавкатхонум овард. Чун соли 1979 барандаи мусобиқаи барномаҳои берунмарзии радиои Тошканд шудам ва ба тамошои даҳрӯзаи шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро ва Фарғона мушарраф гардидам, хурсандиам ҳадду канор надошт. Бар замми ин, ман дар шаҳри Фарғона хешовандони аҷдодии худро пайдо кардам ва имрӯз ҳам рафтуомад дорем. Соли ҳаштодум садои гарми Шавкатхонум завҷаи ман – Инобатбонуро низ ба Тошканд хонд. Ӯ ҳам барандаи мусобиқаи радиоӣ шуда буд. Худоро шукр, акнун ману аҳли оилаам дар Тошканд зиндагии осуда дорем. Бинобар ин, аз устоди меҳрабон Шавкатхонуми Гударзӣ, ки ба ҳаёти мо шукуҳ бахшида, пасту баландиҳои гӯяндагиро бароямон омӯзондааст, сипосгузорем».

Шавкат Алиева (Гударзӣ) аз рӯзгори пешини худ хотираҳои рангин дорад. Ӯ суханшиноси асилест, ки дар тули фаъолияти хеш бо чандин устоди сухан ва суруду мусиқӣ ҳамкору ҳамнишин шудааст. Нақлҳои ӯ доир ба мулоқоту суҳбатҳояш бо устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Юнус Раҷабӣ, Аброр Ҳидоятов, Ғафур Ғулом, Мирзо Турсунзода, Мухтор Ашрафӣ, Мутаваккил Бурҳонов, Ҳанифа Мавлонова, Туҳфа Фозилова, Шоиста Муллоҷонова, Комуна Исмоилова ва даҳҳо бузургони илму фарҳангу ҳунар хеле ҷолибу хотирнишин аст. Дар ин робита таърифи саргузаштҳояш баррасии алоҳидаро тақозо мекунад. Он донандагони шеъру адаб ва суруду оҳанг дар барномаҳои бахши форсии радио ширкат меварзидаанд...

Рӯзномаи «Овози тоҷик», 4-уми феврали соли 1998

пешина
аз 44
навбатӣ