Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

НИГОРАҲОИ ДАСТСОХТ

(Таҳти рукни «Ҳунарҳои суннатӣ»)

Ҳунарҳои дастӣ дар байни мардуми кӯҳпояи Нурато аз ҷойгоҳи махсус бархурдор аст. Кӯҳистониён дар канори фаъолиятҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ бахше аз ниёзҳои зиндагии худро аз тариқи машғул шудан ба ин гуна фаъолиятҳо таъмин мекунанд. Бофтани қоливу гилем ва дигар маводи ҳунарҳои дастӣ аз ҷумлаи манбаъҳои даромадноки хонаводаҳо ба шумор меравад. Ин кор бештар тавассути бонувон сурат мегирад ва онҳо, ҳамзамон бо бофтани қолӣ, корҳои сӯзандӯзӣ, бофти порчаҳои суннатиро низ ба шакли зебое анҷом медиҳанд.

Санъати дастбофт дар рустоҳои тоҷикнишини кӯҳистони Нурато дорои рангу намои хос аст. Махсусан, ин ҳунар дар деҳаҳои Эҷ, Синтаб, Моҷарм, Ӯхм ва Порашт навъҳои гуногун дорад. Бештар бофтани қолию гилемҳои хурду калон, пойандозҳо, шолчаҳо, ҷойнамозу хӯрҷин, ҷуробу дасткашҳо ва сӯзанию либосҳои мухталиф маъмул шудааст.

Бо ҳаракати дастони бонувон дар ҳар замина сурату нақшҳои ҷолиб бо рангҳои дилхоҳ бофта мешавад, ки ба ростӣ, баъзе вақтҳо бо зеботарин осори боарзиши ҳунарӣ баробарӣ мекунанд. Бешак, ҳар яке аз бофтаҳои онон шоҳкоре аст, ки аз ҳунари волои рангу нақшпардозӣ, аз муъҷизаи рангомезии мардумӣ дарак медиҳад. Дар ҳар тикка аз дастбофтҳо анвои мухталифи омезиши рангҳо дида мешавад. Ба андозае, ки муҳтавои рангҳо бо вуҷуди ҳунармандон тавъам шуда, ҳамоҳангии хосеро дар зиндагии пурсафояшон эҷод мекунад.

Воқеан, ҳайратангез аст, ки ин мардуми деҳнишин бо камтарин алоқаву робита бо дунёи мутамаддини асри худ ва бе ҳеч гуна имкони баҳраварӣ аз таҷрубаҳои такомулёфтаи ҳунармандоне, ки бо рангу рангомезӣ сарукор доранд, тавонистаанд бо дастбофтҳои худ дунёи рангини ҷолиберо биофаранд, дар сурате, ки ҳатто корхонаҳои порчабофӣ бо мадади садҳо тарроҳу наққош бо мушкилӣ ба ин дунёи шигифтангез роҳ пайдо мекунанд.

Аввалин ранги сабтшуда дар таърих ранги арғавонӣ аст, ки ҳунармандони кӯҳистони Нурато аз он хеле зиёд истифода мекунанд. Дигар рангҳои ҷорӣ низ дар қатори он, аз қабили, обӣ, нилуфарӣ, заъфарон, қаҳваӣ, гулианорӣ, гандумӣ, ҳиноӣ, хокистарӣ, ҷигарӣ ба кор мераванд.

Яке аз маводи зарурии бофт пашм аст. Пашми интихобшуда вижагиҳои худро дорад ва дошти нахҳои он ба нажод, навъ, сол ва маҳалли чидани пашм вобастагӣ дорад. Шустушӯ ва гирифтани чарбӣ, зудудани маводи маъданӣ, наботӣ ва хориҷӣ бо панҷ бор шустушӯ сурат мегирад ва пашм омодаи «дандона» кардан (ба истилоҳи нуратоиён «гузиндану соба кардан») мешавад. Сипас пашмро ба рангҳои гуногуни ҳайвонӣ ва гиёҳӣ омехта мекунанд.

Нақшу нигори гилемҳо бештар ба сурати ашколи ҳандасӣ аст, ки бо вуҷуди маҳдудияти худ бисёр тарроҳони ҳирфаиро дар ҳайрат гузоштааст. Гуландозӣ ба нақшҳои асотирӣ монанд мебошад ва ин далели хеле қадима будани ҳунари дастбофт аст. Ҳамроҳ бо қолибофӣ ҳошиядӯзӣ нишонаи ҳаракоти дақиқ ва нозук мебошад. Муҷассам кардани ҳаракати мавҷдори об, гули хуршедӣ, рақси барг ва амсоли инҳо аз инъикоси зиндагӣ дар ҳошияҳои дастбофт гувоҳӣ медиҳад.

Дар деҳаҳои кӯҳпояи Нурато аз миёни бофтаҳо бештар навъҳои гилем маъмул шудааст. Гилемҳои қол, равонакӣ, такчин, рӯчин, гиреҳдор ва гулдору одӣ дар муддати кӯтоҳтарин омода мешаванд, зеро ҳунармандони чирадаст аллакай тасаллут бар рангомезию нахкашӣ ва риштану бофтан пайдо кардаанд.

Мумкин аст як тарҳ бо чандин ранг ва ё нақше бо як ранг дар чандин андоза бофта шавад. Фаровон дида мешавад, ки бофандагон як нақшро дар чанд ҷойи гилем бо чанд ранг андохтаанд. Инчунин аз назари бузургӣ дар байни нақшҳои монанд тафовутҳои махсус вуҷуд дорад, аммо ҳеч кадом аз онҳо далели поин омадани арзиши гилем шуда наметавонад.

Нақшҳое ҳам бо гирифтани илҳом аз табиат падид омадаанд ва то ҳадде содаанд, ки танҳо бо чанд хат тарроҳӣ мешаванд. Чунончи, дарахти сарв нақше дар ҳадди секунҷа мешавад, парасту ва моҳӣ ба сурати ду хати нимакамон меоянд ва ба ҳам мепайванданд. Аксари нигораҳои ҳандасӣ нақшаи шатранҷиро ба хотир меоваранд ва зеҳнан бофта мешаванд. Бо ин ҳол, маъруфтарин хелҳои гуландозии суннатии мардуми ҳунарманди кӯҳистонӣ аз ҳошиядӯзӣ, нақши шикаста, тирукамон, кафи содаи мурғӣ, нақши қолаби ангуштарӣ, шона, нақши занҷира, нақши гулӣ (мисли гулҳои садбарг, лола, бунафша), нақши мевагӣ (мисли меваҳои ангур, олуча, анор, себ), сояандозӣ иборат аст.

Бешубҳа, намешавад нақшу аксҳои дастбофтҳои мардуми деҳоти Нураторо ҷудо аз дигар нақшҳои куҳани ҳунарҳои суннатӣ ва тазйинии кишвар дида баромад, чаро ки ин нақшҳо бо собиқаи ҳунарҳои миллии дигар нуқоти кишвар пайвандии наздик доранд.

Мушоҳида мешавад, ки ин ҳунарҳои дастии мардум сина ба сина аз насл ба насли дигар мегузаранд ва ҳамин кӯшишҳо сабаб мегардад, ки ҳама чиз пок ва беолоиш боқӣ бимонад.

Рӯзномаи «Овози тоҷик»

ШОГИРДИ ЗИНДАГӢ

(Дар суҳбати адиб)

– Ростӣ, ба сабру бардошти шумо, ки дур аз зодбуми худ, дур аз ёру дӯстони ҷавонӣ зиндагию кору эҷод мекунед, ҳавасам меояд. Оё чашмаҳои зулоли Гулибоғу Мурғобак, ҷамоли деҳаи гармоғӯши Эҷро пазмон намешавед? Ба фикри шумо Ватан чӣ маънӣ дорад?

– Э, нагӯед, пазмонӣ ҳам гап-мӣ? Ба одами дар кӯйи дур афтода ҳар ваҷаби зодгоҳ, ҳама ҳусну ҷамолаш, ҳатто сангу шаху хоктӯдаҳояш чун ҳалво ширин будаасту мисли зар пеши назар ҷилва мекунад. Воқеан, ба чандин шаҳру деҳа сафар кардаву ҳанӯз ҳам обе ба монанди оби бомазаи Гулибоғу Мурғобак наёфтаам. Ба фикрам, ҳама орзуву ҳавасҳои ширини ман дар пайроҳаҳои деҳаи азизам, дар ҷӯйбору чашмасор ва адиру дараҳои Эҷ нуҳуфта аст. Ватан барои ман аз ҳамон зодгоҳ сар мешавад. Ва, албатта, дили инсон ҳавасҳои фарохтареро меписандад ва маънии ватан низ ба хости рӯзгор васеътару доманадор мешавад. Эҷ, кӯҳсори Нурато, сарзамини Самарқанд, Тошканди азим ва ниҳоят, Ӯзбекистон ба номи «Ватан» дар тасаввури ман таҷассум шудаанд. Ҳамин макону манзиле, ки дар он гармию меҳрубониҳои падару модарро чашидаем, бо ёру дӯстони ҷавонӣ шӯхию бозӣ карда ҳамоғӯш шудаем, беҳтарин лаҳзаҳои зиндагиро сипарӣ карда дунёи хаёлот ва осори худро офаридаем ва дар он ҳамроҳ бо халқи озодихоҳу поксиришт зиндагӣ дорем, барои ман ватан аст.

– Устод, шунидаем, ки шумо дар солҳои бачагӣ ба мусиқию таронагӯйӣ хеле алоқа доштаед, ин рост аст?

– Аввалин касе, ки ба деҳаи мо рубоб оварда буд, Қурбонбой Ғаффоров мебошанд. Ман он вақт дар синфи дуюм мехондам. Вақте ки муаллими Қурбон рубоб менавохтанд, ман ба ваҷд меомадам, як қувваи ниҳоние маро ба шӯр меовард, гӯшу ҳуш ба навоҳои эшон мешудам. Шояд ҳамин иштиёқи ман ва дӯсти бачагиам Ҳусинро пай бурда буданд, ки раҳматӣ муаллим аз ҳама пеш асрори рубобнавозиро ба мо ёд доданд. Пайваста сурудхонӣ мекардем. Дар идҳои мактаб, ҳатто дар тӯю арӯсиҳо ману Ҳусинро ҳамроҳ мебурданд. Рафта-рафта рубоб ҷойи дуторро гирифт. Оилаи Шомуродовҳо дар деҳаамон дуторнавоз буданд. Ҳоло ҳам дар ёдам ҳаст, ки устодон Эсанбой Муродов, Даврон Мансуров ва худи муаллим Ғаффоров дар дарсҳо сурудхонию таронагӯйии моро ташкил медоданд. Аз овозхонии ман хушҳол шуда, ба обу арақ ғӯтида рақс мекарданд. Аз овони наврасӣ орзуи ёфтани рубобро доштам. Аҳёнан аз чӯбу тахта «рубоб» сохта, гоҳ пинҳону гоҳе ошкоро онро навохта мегаштам. Вақте ки ба Самарқанд рафтам, аввалин чизи харидаам рубоб шуд. Тӯйчии ҷӯраам – писари до-Деҳқони дуторнавоз оҳанг ёд медод. Ба сурудҳои Ҷӯрабек ихлосу эҳтироми баланд доштам. Шабҳо нахобида сурудҳояшро ҳифз мекардам ва бо оҳанг мехондам. Ҳамин тавр, баъдан дар солҳои донишҷӯйӣ ва ҳоло ҳам гоҳ-гоҳ барои таскини дили худам менавозаму аз таронаҳои дӯстдоштаам замзама мекунам.

– Ҳамин муҳаббати гарми шумо ба мусиқӣ будааст, ки суҳбати воқеан дилкаше бо устод Ҷӯрабеки Мурод оростаед. Устод, шумо дар ҷавонӣ дар куштигирӣ ҳам лаёқати хуб доштаед...

– Ин рост. Ба шумо гӯям, ки дӯстам Абдуназар қобилияти гӯштингирии маро нағз медонист. Дар Самарқанд як рӯз ба ҷону ҳолам намонда, ба варзишгоҳи университет бурд. Маро ба мураббиаш шинос кард. Устодаш назарногирона «наход ту ҳамин бачаро таъриф карда будӣ?»-гӯён ба Абдуназар рӯ овард. «Не, устод, аввал санҷед, баъд хулоса кунед» – дарҳол ҷавоб дод дӯстам. Сипас, бо ишораи мураббӣ пайи ҳам бо ду паҳлавонаш гӯштин гирифтам. Ҳар дуро ғалтондам. Устод ба завқ омаду худаш маро ба майдон кашид. То ҳол намефаҳмам, он вақт устод қасдан кард ё воқеан қувваи ниҳоние маро ёр шуда буд, ки ӯро низ бо кашша39 ба замин хобондам. Ҳамин тавр, узви маҳфили гӯштингирони университет шуда мондам. Бо ҳидоят ва сарпарастии устодамон Фозилов дар мусобиқаҳо ширкат меварзидам. Лекин ин ҳунарро ҳам то охир набурдам. Ҳоло ҳам бо ҳавас гӯштингирии паҳлавонҳоро тамошо мекунам. Аз бурду бохти онҳо ба ҳаяҷон меоям.

– Чанд ҳикояатонро ба ин мавзуъ бахшидаед. Ба хусус, ҳикояи «Қисмати талхи паҳлавон» хеле ҷолиб аст.

– Бале, ин мавзуи дӯстдоштаи ман аст. Дар ин робита нақлҳои бисёр дорам.

– Устод, баъд аз ин ҳама дилгармӣ ба мусиқию варзиш чаро касби омӯзгориро пеша кардед?

– Мегӯянд, ҳар касро тақдирҷунбоне ҳаст. Дар солҳои бачагиам фақат амаки Холназарам ба ман китоб ҳадя мекард. Ӯ аз Ленинобод омадан замон, маро ҷеғ мезад. Ҳар гоҳ сарамро молида, «ҳамин додарам нависанда мешавад» мегуфт. Меҳри зиёд ба китоб, ба забону адабиёти тоҷик маро ба донишкадаи омӯзгорӣ овард. Баъд аз хатми донишкада чанд сол омӯзгорӣ кардам. Сипас бо пешниҳоди дӯстон ва даъвати эҷодкорони рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба кори журналистӣ пардохтам.

– Кори рӯзноманигорӣ мушкил аст?

– Барои ман мушкилоти асосӣ паси сар шудаанд. Агар аз машаққатҳое, ки дар оғози кор доштам ва навбатдориҳои шабонарӯзӣ ҳарф занам, ба риққат меоед. Феълан маҷоли дар он хусус гап задан надорам. Агар хоҳед, дар суҳбати дигар дар ин бора нақл мекунам.

39 Кашша – услуби куштигирӣ, ки пойро ба пой печонда боло мекунанд; ҳалук

– Гуфтаи шумо шавад, устод. Бешак, ҳар ҳунарманд ё эҷодкор устоде дорад. Шуморо дар нависандагӣ кӣ роҳнамо шудааст?

– Медонед, шояд ин фикр рост бошад, аммо ман устоде мушаххасу ягона надорам. Ман осори нависандаҳои маъруф, мисли Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Баҳром Фирӯзро хеле меписандам, аз ашъори шоирони классик ва муосир ба ваҷду ба эҳсос меоям ва шояд ҳамин гуна осор манбаи илҳоми ман бошанд. Аммо зиндагӣ, зиндагии одамони гуногунсират ва мухталифахлоқ устоди асосии ман аст. Маро бештар аз ҳама ҳамин зиндагӣ бо тамоми бурду бохташ ва ҳусну ҷамолаш манбаи эҷод аст.

– Яъне шумо шогирди зиндагӣ ҳастед?

– Бале, агар таъбири шогирдию устодӣ бошад, ҳамин тавр.

– «Бори дил» мукаммалтарин китоби шумост, ки ба қарибӣ пешкаши хонандагон гардид. Дар он беҳтарин ҳикояҳо ва эссеҳои шумо гирд омадаанд. Мехостем бидонем, ки чаро номи китобатонро «Бори дил» гузоштед, ин самари дил аст ё сангиние, ки аз дил канор гузоштаед?

– Дуруст дарк кардед. Ҳар овозхон бо сурудани таронаи дилписанд худро сабук ҳис мекунад, руҳаш болида мешавад. Мисли ин, ҳама дардҳои ҷамъшуда дар дили ман ҳамон суруди овозхон аст, ки агар нагӯяму нанависам, дилам сабук намешавад. Бо навиштани «Бори дил» худамро хеле сабуку роҳат ҳис кардам.

– Ба унвони адиб, нависанда аз чӣ хел аъмолу хислатҳои қаҳрамонҳои худ хушатон намеояд?

– Дар нависандагӣ ба ҳама қаҳрамонҳои худ бо як чашм нигоҳ мекунам, аммо дар асл аз одамони чоплус, дурӯғгӯ, хушомадгӯ, ҳарис, намкаш, фиребгар, суханчин ва шайтонтабиат нафратам меояд.

– Инак, панҷоҳумин солгарди зодрӯзи худро пешвоз мегиред. Ин ҷашни зеборо бароятон табрик мегӯем. Барори кор ва хушиҳои рӯзгор ҳамеша ҳамроҳатон бошад! Ба сад дароед!

– Ташаккур, шумо ҳам ба синни мо расед.

– Худо насиб кунад, шод бошед!

Замима:

Рӯзномаи «Овози тоҷик», 13-уми ноябри Бекназар Тӯйназар яке аз адибони варзидаи муосири тоҷик ва журналисти боистеъдод ба шумор меравад. Ӯ чоруми ноябри соли 1949 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Фориш (баъдан деҳаи Эҷ аз ҷиҳати маъмурӣ мутааллиқ ба ноҳияи Нурато шудааст) таваллуд ёфтааст. Соли 1971 Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм намуда, ду сол дар мактаби миёна ба унвони муаллими забон ва адабиёти тоҷик ифои вазифа мекунад ва сипас ба сарбозӣ меравад. Аз соли 1974 то соли 2009 дар рӯзномаи ҷумҳурии «Овози тоҷик» буд. Ӯ моҳи ноябри соли 2009 бознишаста шуд.

Аввалин хабару мақола ва тарҷумаҳои адиб соли 1967 ба табъ расидаанд. Намунаҳои эҷодии ӯ бори аввал дар китобҳои «Саргузашти Амонбой ва Давлатбой», «Чакомаи пирӯзӣ» ва «Хумчойнак» гирд омадаанд. Дар давоми солҳои охири корӣ Бекназар Тӯйназар муҳаррири шуъбаи давлату ҳуқуқ ва ахлоқу ҷавонони рӯзномаи «Овози тоҷик» буд.

Заҳамоти эҷодии ин нависандаи хушсалиқа ва рӯзноманигори варзида ба таври шоиста арзёбӣ шудааст. Ӯ соли 1999 яке аз ғолибони озмуни ҷумҳурии «Беҳтарин журналисти сол» гардида буд. Ҳамон сол, дар ҷашни Истиқлол, ба ивази хидматҳои арзандааш дар арсаи пешрафти маънавиёт ва фарҳанги мардум, ташвиқу тарғиби дӯстӣ, ҳамгароӣ ва волотарин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ аз ҷониби давлат бо медали «Шуҳрат» сазовор гардид. Ба ҳайси армуғон дар панҷоҳумин солгарди зодрӯзи адиб нахустин китоби пурраи ӯ, ки иборат аз ҳикоя ва эссеҳо мебошад, бо номи «Бори дил» ба табъ расид. Онро нашриёти давлатии «Ӯзбекистон» аз чоп баровардааст. Китоби баъдии нисбатан мукаммали ӯ соли 2013 бо номи «Дар кӯчаҳои шаҳр» ба табъ мерасад, ки ҳикояҳо ва ёддоштҳояшро фаро мегирад.

ҲАМОВОЗИ ОҲАНГИ ЗИНДАГӢ

Хушо диле, ки мудом аз пайи назар наравад,

Ба ҳар дараш, ки бихонанд, бехабар наравад.

(ҲофизиШерозӣ)

«Бо дилҳои пуралам рустоҳои харобу валангоршударо тамошо мекардем. Ба атроф дуду ғубори гулугир аз танаю шохаҳои сӯхташудаи дарахтону буттазор, аз кулбаҳои пасту баланди яксоншуда ва аз теппаю ҷарҳои доғ-доғи сиёҳшуда дамида паҳн мешуд. Гоҳ-гоҳ кӯдакони урёну нимаурён бо тарсу ҳарос дар пушту пеши хонаҳо медавиданд, бо чашмони аллакай маъюсшудаву ҳузнангез ба сӯйи мо менигаристанд, имдодҷӯёна. Дар он ҷо овози хастаомези зане, ки шояд модари кӯдакон буд, бо лаҳни гӯшнишини тоҷикӣ баланд шуда буд ва он овоз ҳанӯз ҳам дар пушти гӯшҳоям садо медиҳад: «Писаронам, дур наравед, ҳамин атроф бозӣ кунед. Лаънатиҳо ҳама ҷоро хароб карданд, кошки дигар наоянд».

Бо дидани ин гуна манзараҳои ғамангез дилам фишурда мешуд, аз қаҳру ғазаб дандон мегазидам, ба ҳоли бачагони бегуноҳ дарун-дарун месӯхтам, аз нолаҳои дардомези модарон қалбам таҳ мекашиду нороҳатиам афзун мегардид. Бо алам меандешидам, ки чаро одамони лоубол навмеду гирифторанд? Чаро ин диёри зебо оғуштаи дуду хун шудааст? Чаро Афғонистону халқи заҳматии онро бечораю ғариб месозанд?..»

Ин сатрҳо аз хотироти Давлатбек Саъдуллоев аст. Ӯ аз он айёми пурмоҷарою ноороми Афғонистон ёдовар шуда оҳи чуқур мекашад ва боз меафзояд: «Қариб даҳ соли ҳамрозию ҳамнафасиам бо мардуми Афғонистон аллакай сипарӣ шудааст, аммо то ба ҳол ба онҳо дилам месӯзад. Сахт орзу дорам, ки он миллати мазлумро дар ҳолати рифоҳу осудагӣ бубинам». Давлатбек солҳои кори худро дар Афғонистон чун як ҷузъи асосии зиндагиаш медонад. Ӯ эътироф мекунад, ки бештарин сахтиҳои рӯзгорро дар он ҷо дида таҳаммул кардааст, маънии одамшиносиро бештар дар он ҷо фаҳмида, сабру тоқатро омӯхтааст. Дар он шароит қимати зиндагӣ, ширинии ҷонро эҳсосу дарк кардааст. Шояд аз ин сабаб бошад, ки мушкилоти зиндагии баъдина барои ӯ он қадар душворӣ надоштанд.

Давлатбек Саъдуллоев муттасилан илмомӯзӣ кард. Тамоми фаъолияти худро ба хотири омӯзиши фанҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва суханшиносӣ сарф намуд. Чанд сол дар Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурӣ дар мақоми раҳбарии шуъба фаъолият карда, саҳми боризе дар густаришу таҳкими сиёсати берунаи кишвар гузошт.

Марди донишпарвар дар риштаи забоншиносӣ пажӯҳишҳои худро идома дод ва имрӯз ҳам бо унвони доктори илмҳои филологӣ ба донишҷӯён, ба рӯзноманигорони оянда, ки берун аз марзи ҷумҳурӣ низ фаъолият хоҳанд кард, сабақ медиҳад. Фаъолияти судманди ӯро дар соҳаи омӯзишу парвариш ва ҷомеашиносӣ олимону коршиносони соир кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ низ эътироф кардаанд. Саъдуллоев имрӯз узви вобастаи Фарҳангистони улуми педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия мебошад.

Бунёди фарҳанги тоҷикони Тошканд – «Ориёно» ҳамчун яке аз созмонҳои шинохтаи Маркази байналмилалии фарҳангии ҷумҳурӣ таҳти раёсати Давлатбек Саъдуллоев мутобиқи барномаю нақшаҳои кории таъйину мушаххасшуда фаъолият дорад. Аз тариқи ин созмон баргузории мулоқоту маҳфилҳои гуногун бо ҳузури олимон, ҷомеашиносон, адибон, донишомӯзону хонандагони мактабҳо, аз наздик ошно шудан бо шароити таълиму тадрис дар мактабҳои миёна ба ҳукми анъана даромадааст. Аъзои «Ориёно» на танҳо ба густаришу такмили забони тоҷикӣ, ҳамчунин ба омӯзиш ва эҳёи расму оини миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Бо мушояат ва сарпарастии Давлатбек Саъдуллоев чанд намоишгоҳи наққошиҳои миллӣ, маҳфилҳо бо фарогирии овозхонӣ ва рақсу бозиҳои миллӣ, намоиши амалҳои зардӯзӣ, кулолгарӣ ва дигар намуди ҳунармандиҳои мардумӣ, мушоира ва суҳбатҳои дилнишин бо соҳибони касбу кори гуногун ташкил дода шудааст. Акнун аъзои раёсати «Ориёно» аҳд кардаанд, ки гузашта аз тоҷикони пойтахт, равобиту алоқаҳои худро бо марказҳои тоҷикон дар вилоятҳои дигар мустаҳкам намоянд ва доираи фаъолияти худро дар саросари ҷумҳурӣ густариш диҳанд.

Албатта, кору фаъолияти касро ташреҳ додан он қадар душвор нест, аммо ҷаҳонбинӣ, тахайюлот ва андешаҳои ӯро дарк кардан басе заҳматталаб аст. Аз суҳбатҳои тулонии худ бо Давлатака мо то ҷое фаҳмидем, ки ин марди донишманд аз фалсафаи ҳаёт ба хубӣ иттилоъ дорад, маънии неку бади зиндагӣ, ҳастӣ ва камолоти инсонро бо бешу камаш пай бурдааст. Аз гуфтаҳои ӯ бармеояд, ки мо бар асари шигифтиҳои даврае ба муддати як умри инсонӣ зиндагиро охуру обишхӯре беш нашинохтаем. Эҳтиёҷоти моддиву маънавии инсонро сода дониста, ба мураккаб гардидани муҳити ҷомеа мувофиқат кардаем. Ин ҳама содаандешӣ ва бепарвоӣ то ҳадде расид, ки тақдири халқ ва мушкилоти рӯзгори он бароямон бетафовут монд. Дар натиҷа, буҳроне ҳам дар ақлу ҳам дар амал нуфуз кард. Ин гуна мушкилотро, пеш аз ҳама, эҷодкор, суханвар, ҷомеашинос дарк мекунад. Ӯ мекӯшад муносибати худро ба воқеият, ба масъалаҳои забон, марзи ватан, муҳити маънавӣ ва вазъи иқтисодии кишвар баён созад. Ва бузургии эҷодкор дар он аст, ки ӯ на фақат нозири айёми худ, балки ифодагари майлонҳои ғоявию сиёсии рӯзгор барои муддати дарозтар аст. Ӯ гузаштаро равшан ёдоварӣ намуда, ба фарзандон, ба насли нав аз ҳаёти воқеӣ сабақ медиҳад.

Давлатбек Саъдуллоев ба унвони як нафар эҷодкори воқеъбин саҳнаҳои зиндагиро бо ҷилои аслиаш аз мадди назар мегузаронад ва мубрамтарин масъалаҳои иҷтимоӣ ва маънавиро баррасӣ карданӣ мешавад. Масалан, барои ӯ масъалаи таъйинсозии миллат, моҳияти мавҷудияти инсонҳо ҳамеша дар пешгоҳи назар қарор дорад. Ӯ возеҳан мегӯяд: «Тоҷикону ӯзбекон аз бисёр ҷиҳат ба ҳамдигар шабоҳат доранд. Таъриху фарҳанг, расму одат ва ҳатто забони онҳо чунон омехта шудааст, ки ин гуна ҳодисаи тулонӣ ва печидаи ғайримунтазираро хеле кам дучор мешавем. Ин аст, ки мисли ман тоҷикон бо падари тоҷику модари ӯзбек ва ё ӯзбекон бо падари ӯзбеку модари тоҷик бешуморанд. Аммо бо ин ҳама омезиш, ҳар миллат, гузашта аз муқтазиёти қонунҳои давлатӣ, ҳуқуқи озод ба омӯхтану фаъолият кардан дорад. Миллати мо дар радифи халқҳои дигари кишвар бо эътиқод ва андешаи азалии бетағйир зиндагӣ дорад ва имрӯз ба ҳар гӯшаи кишвар равед, тоҷикон бо овози баланд мегӯянд, ки ин диёр – Ӯзбекистон ватани мост ва инсони олӣ касест, ки ин эҳсоси нозуки қалби миллатро дарк карда тавонад».

Агарчи зодбуми бобоии Давлатбек деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсун мебошад, ӯ дар Тошканд бузург шудааст. Самеъхӯҷа Саъдуллоев, падари Давлатбек, яке аз зиёиёни пешқадам ва бонуфузи Бойсун буда, маҳорати устодии хешро на танҳо ба шогирдон, балки ба тамоми фарзандонаш ҳам ато кардааст. Тавре ки Давлатбек эътироф дорад, хислатҳои шоистаи инсонӣ, мисли қатъият, росткорӣ, андешамандӣ, бурдборӣ ва ҳақиқатҷӯйиро бештар аз ҳама дар падари худ дидааст ва худаш ҳам барои доштани ин хисоли ҳамида талош меварзад.

Бале, Давлатбек Саъдуллоев тайи фаъолияти худ ва дар давоми зиндагиаш ҳақиқатро дарёфтанӣ мешавад. Шояд замон хоста, ки ҳамагуна фаъолияти ӯ, ҳатто андешаҳои ниҳонии ӯ дар зимн ҳадафе доранд. Ва ҳадафро, бешак, аксаран гардиши рӯзгор муайян мекунад. Дарки арзиши ҳадафҳои лаҳзаина ё фардоина хеле муҳим аст. Суханвару ҷомеашинос ин тафовутро дарк мекунад, дурнамои фардоро дар раванди воқеияти рӯз шинохта, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба он ҷалб менамояд. Пайдост, ки решаи дарахти ҳамешасабзи фардо дар хоки замини имрӯз устувор аст. Ҳунарманди асил як умр сӯйи фардо менигарад ва дар хидмати фардост.

Давлатбек Саъдуллоев низ бо доштани ин гуна андешаву ҷаҳонбинӣ лоиқи таҳсину икроми ҳаммиҳанон гардид. Боиси хурсандӣ ва ифтихори мост, ки ӯ ҳамчун инсони инсоншинос, тарғибгари дӯстиву рафоқат, посдори арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ба нишони давлатии «Дӯстӣ» муфтахар шуд. Ин ҳам иқдоми некест, ки ҳақиқати рӯзро таҷассум карда, ба зебоии фардо роҳи тозае кушодааст. Ин гӯё маҳсули ҷустуҷӯйи қаҳрамони мо дар дунёи ҳақиқат аст.

Давлабек Саъдуллоев соли 1987 ба медали Анҷумани байналмилалии устодони забон ва адабиёти рус (дар Женев) мушарраф гаштааст ва имрӯз дар маркази забонҳо ба донишҷӯён қариб даҳ забонро меомӯзонад.

Рӯзномаи «Овози тоҷик», 29-уми декабри соли 1999

пешина
аз 44
навбатӣ