Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
ҶАШНИ АРӮСӢ ДАР НУРАТО
Халқи мо хеле ҳассос аст. Дар байни мардум аз қадимулайём расму одатҳои писандидаи миллӣ риоят ва ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад. Аз ҷумла, баргузории ҷашнҳо, бозиҳо, нишастҳои миллӣ ҳам аз лиҳози вақт ва ҳам бо муҳтавои ранг ба рангу ҷолиби худ тафовут доранд ва ба унвони одати ҳамешагӣ бар равону ақлҳо ворид шудаанд.
Яке аз суннатҳои ҳаётӣ ва умдаи мардуми мо ҷашни арӯсӣ аст ва он дар манотиқи мухталиф мутобиқи майлу хоҳишҳои мардум ҷиҳатҳои мушобеҳ ва фарқкунанда дорад. Дар арӯсиҳо расму амалҳои дӯстдоштаи мардумӣ дар ниҳояти эҳтирому эъзози якдигар ва бо камоли хушнудӣ анҷом мепазирад. Мардуми сарзамини бостонии Нурато низ ҷашнҳо ва базмҳои арӯсиро бо услуби хос ва фарогирии амалҳои дилписанд барпо мекунанд ва ин нигоштаҳо низ бозгӯйи мухтасар аз марҳилаҳои арӯсии эҷиён аст, ки дар қалби риштакӯҳҳои Нурато сукунат доранд.
1. Хостгорӣ
Тамоми ҳангомаҳои арӯсӣ бо амали маъруфи хостгорӣ оғоз меёбад. Нахуст ин амалро аз хонаводаи ҷавоне, ки ба синни балоғат расидааст, шуруъ мекунанд. Волидайни ҷавон наздиктарин шахсони худро барои анҷом додани хостгорӣ интихоб менамоянд. Онҳо аксаран сухандон, латифу меҳрабон ва ромкунандаи дилҳо ҳастанд. Одатан ба хостгорӣ одамони солхӯрда ва рӯзгордида, бонувони дар ин кор таҷрубадор ҷалб мешаванд. Хостгорон бо хоҳиши падару модари ҷавон ба хонае, ки духтари қадрасида дорад ва мавриди писанди ҷавону аҳли хонаводаи ӯ қарор гирифтааст, мераванд. Дар қадамҳои аввал суҳбати толибони духтар ва «соҳибон»-и ӯ тул мекашад. Ризоят (ба қавли эҷиҳо, розигӣ) гоҳе бо як бор рафтан ва гоҳе баъд аз хостгориҳои такрорӣ ба даст меояд ва баъзан ҳам ризомандӣ тамоман ҳосил намешавад. Бо ишора ба ин заҳматҳо дар байни халқ гуфтаанд, ки «то ҷон наканӣ санги сиёҳ лаъл нагардад».
Талошу ҳаракатҳо аз тарафи домодшаванда ба хотири дарёфтани дили духтар ва соҳибони ӯ пур аз суҳбатҳои гарм ва лаҳзаҳои дилангез аст. Дар сурати гирифтани ҷавоби рад хостгорон волидайни ҷавонро дил медиҳанд: «Як дари баста, сад дари кушода». Дар замони ризоятмандӣ бошад, аз сӯйи одамони арӯсшаванда чунин суханҳои маъмул ироа мегардад: «Духтар моли мардум, Худо ӯро ба шумо насиб карда будааст».
Маълум аст, ки ҷӯяндагони арӯс бисёр вақт дурри мақсудро пайдо намекунанд. Вале пас аз ҷустуҷӯю хостгориҳои зиёд дармеёбанд, ки арӯсшавандаи табъи дил аз манзилашон дур набуда, духтари ҳамсоя, духтари гузар, духтари дӯсту ошно ва мисли ин аст. Ба ин маънӣ байти зебое машҳур шудааст:
Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем, Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем.
2. Рӯмолак
Доду гирифти рӯмолча ва ба истилоҳи маъруф дар деҳаҳои тоҷикнишини Нурато, «рӯмолак», аз ҷумлаи русуми баъдина аст, ки пас аз анҷоми амали хостгорӣ сурат мегирад. Ҳамин ки падару модари духтар ва худи ӯ изҳори мувофиқат ва хушнудӣ мекунанд ва дар ин хусус маслиҳати хешовандон қабул мешавад, рӯзи додугирифти рӯмолак таъйин мегардад ва ғолибан сарони оилаи ҷавон ва наздиктарин одамони хонаводаи ӯ ба хонаи духтардор меҳмон мешаванд. Бо эҳтиром ва эътиқод ба якдигар, бо гузоштани дуоҳои нек ва орзумандии ҳаёти хуши ҷавону духтар «латта» иваз мешавад. Яъне, нону кулча, шириниҳо, аз қабили қанду мавизу чормағз, газвор (матоъ) ба якдигар дода мешавад ва рӯмолчае аз ҷиҳози40 духтар тақдим мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯз «сарбанд» шудани духтар эълон мешавад ва бо ризояти тарафайн миқдори маҳри арӯс ва «ширпулӣ»41 (ҳаққи шири модар) низ маълум мегардад. Одамони тарафи ҷавон бо хушҳолӣ ва хурсандии беҳад аз манзили духтардор берун мераванд. Пас аз додугирифти рӯмолак касе ҳақ надорад ба хонаи духтардор хостгор фиристад, зеро духтар сарбанд шудааст.
3. Муборакҳо
Баъд аз расми «рӯмолак» одатҳои фаръӣ оғоз меёбад. Пеш аз ҳама, ба хотири тасбити эътиқоду эътимод асосан бонувони солдида аз ҳар ду ҷониб «мубораки дуздӣ» анҷом медиҳанд. Мубораки дуздӣ мисли як меҳмонии маъмулӣ сурат мегирад ва ҳадафи аслии он наздиктар ошно шудан бо ҳавои хонаводаҳои якдигар, бо одобу ахлоқи аъзои оилаҳост.
Пас аз мубораки дуздӣ аз ҷониби одамони ҷавон «мубораки калон» ба амал меояд. Модари писар ҳамроҳ бо хоҳарони хурду бузург, ҳамсоязанҳо ва дугонаҳои худ ба теъдоди зиёд нону кулча, фатиру чалпак42 ва дигар
40 Ҷиҳоз – лавозим, асбобу анҷом ва ҳар гуна ашёи зарурии рӯзгор, ки барои духтари арӯсшаванда аз ҷониби падару модараш таҳия мегардад; ин калима дар Эҷ ба шакли «ҷиҳез» маъруф аст.
41 Миқдори маҳри арӯс ва ширпулӣ дар деҳаҳо бо назардиди раёсати маҳаллаҳо мутағаййир мебошад. Масалан, маҳри арӯс, ки «қалин» мегӯянд, дар Эҷ ҳудудан баробар бо пули 20 халта орди 50-килограмӣ аст. Миқдори ширпулӣ бошад, ҳудудан пули 2 килограм гӯшт аст.
42 Чалпак – нонест нозуктар аз лавош, ки паҳни гирд буда онро аксаран дар равғани зард меомезанд; чалпакро қабат-қабат ба шакли чоркунҷа ҷамъ карда, сипас барои тановул пешкаш мекунанд
хӯрданию шириниҳои болаззат ҳозир мекунад ва бо чанд нафар ба хонаи қудошаванда меравад. Боз ҳамон шиносоии наздик, икрому иззат, ҳосил кардани боварии бештар ба якдигар сурат мегирад. Тарафайн бо ҳам унс мегиранд, нақшаю тадбирҳои ояндаро меандешанд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар ин гуна мавридҳо аксаран модари духтар саъй мекунад худро бо беҳтарину шоистатарин амалу одоб намоиш диҳад. Зеро ҳар як духтардор ба хубӣ дарк кардааст, ки ҳикмати халқии «модара бину духтара гир» ё «модар чӣ гуна, духтар намуна» беҳуда пушти гӯшҳо садо намедиҳад. Ҳангоми чунин боздидҳо, ки аз тарафи одамони домодшаванда ба вуқуъ мепайвандад, духтар шарм мекунад, аз модарарӯси ояндааш ва ҳамраҳони ӯ руст мешавад. Духтар ҷараёни меҳмониро аз дур, пинҳонӣ наззора мекунад.
4. Ноншиканон
Калонтарин ва бошукуҳтарин расм қабл аз ҷашни арӯсӣ «ноншиканон» аст. Дар ин гирдиҳамойӣ ғайр аз занон мардон низ ҳозир мешаванд. Ноншиканон бо ёрии бевоситаи одамони ҷониби писар дар манзили духтар доир мегардад. Аз тарафи домодшаванда дар канори фатиру чалпаку шириниҳо нонҳои махсуси гӯшакдорро низ ба миқдори дилхоҳ таҳия мекунанд ва ба ин меҳмонӣ аз ҳар ду ҷониб мӯйсафедон, ҳамсояҳо, сарони маҳалла даъват мешаванд. Ҳозиршудагон аз наздик хабар меёбанд, ки духтар ба ҷавон сарбанд ва дар ин хусус тавофуқ ва ризояти ҳар ду ҷониб ҳосил шудааст. Онҳо бо ибрози дуоҳои нек нонҳои гӯшакдорро мешикананд. То қадри имкон неъматҳои дасторхон ба ҳамсояҳо, хешовандон, ёру ошноҳо тақсим мешавад.
Дар расми ноншиканон амали маъруфи дигар – «тӯйандозӣ» сурат мегирад. Дар тӯйандозӣ тамоми мушаххасот ва тааҳҳудоти ҷашни арӯсӣ таъйин мешавад. Ба хусус, вазифаҳои тарафи ҷавон таъйин мегардад. Аз ҷумла, миқдори маводи масрафӣ, аз қабили орд, равған, қанд, гӯшт, нӯшокиҳо, ҳезум, ки қарор аст дар рӯзи тӯй ба хонаи арӯс диҳанд, маълум мешавад. Аъзои ҳайати раёсати тӯй, масъулини ҷашни арӯсӣ, ороишгарон интихоб мегарданд. Рӯзи дақиқи баргузории тӯй – ҷашни арӯсиро низ эълон мекунанд.
Пас аз расми ноншиканон ҳар ду ҷониб итминони комил ҳосил менамоянд, ки онҳо қудошаванда ҳастанд. Ба хусус, ҷониби арӯс аз омодагиҳои оилаи ҷавон қонеъ шуда, бо камоли мамнуният амали мубораки калони худро анҷом медиҳад. Ана дар ҳамин мубораки калон нонҳои бузурги «бақаймоқ», ки ҳар яке маъмулан 9-12 килограм вазн дорад, ҳозир мешавад. Ин нонҳоро на ҳар кас омода карда метавонад. Ба пухтани онҳо устоҳои чирадаст ва собиқадор, занони ҳунарманд ҷалб мешаванд. Нонҳои мазкурро «нони домодӣ» низ меноманд. Онро дар манзили духтардор пухта, бо тантанаи махсус ба хонаи ҷавон меоваранд. Одатан, нони бақаймоқро ду дона дуруст мекунанд. Якеро бо эҳтиром барои домод ва дигареро барои мӯйсафедон ва меҳмонон ихтисос медиҳанд. Бо расондани ин нонҳои бузург одамони духтар ошкоро эътимоди худро ба домод ва аҳли хонаводаи ӯ иброз медоранд.
Дигар, то фаро расидани вақти арӯсӣ ҳеч гуна маросими бузург доир намегардад. Аммо амалҳое ҷолиб дар ин муддат низ мушоҳида мешаванд. Минҷумла, «чормағзчошон». Чормағзро домод ҳамроҳи дӯстони худ асосан дар идҳо, пас аз шомгоҳон ба сари духтар мепошад. Дар хонаи духтар ҳангоми чормағзчошон дугонаҳояш ва кӯдакони бисёр ҷамъ меоянд. Онҳо аз чормағзҳои арӯсшаванда талош мекунанд. Ба монанди ин, амали дигар «қандпошӣ» аст. Ҳам аз ҷониби ҷавон ва ҳам аз ҷониби духтар, яъне модарону хешовандони онҳо ҳар ҷо, ки арӯсу домоди худро мебинанд ва ӯ хиҷолат кашида фирор карданӣ мешавад, аз сараш қанд ё меваҳои хушк мепошанд. Аз одамони ҳамдигар ибо кардани арӯсу домод далели эҳтиром ва иззат гузоштан ба онҳост. Ин як одати латифи мардумист.
5. Ҷашни арӯсӣ
Баргузории ҷашни арӯсӣ бо фаро гирифтани расму одатҳои зиёд, ки ҳама бо тартиб ва пайи ҳам иҷро мешаванд, сурат мегирад. Нахустин амал боздид кардани вакилон аз ҳар ду ҷониб аст. Гурӯҳи вакилон аввал ба хонаи ҷавон ва баъдан ба хонаи духтар ташриф бурда, бо ҷараёни омодагӣ ба тӯй, ба қадри кофӣ муҳайё будани лавозими тӯй ва дигар анҷому корҳои муҳим ошно мешаванд. Танҳо пас аз ин амал, расми «тӯйбарӣ» иҷро мегардад. Ҳама тӯйбарон, яъне одамони домод – хешовандону меҳмонон, дӯстони ӯ, бо рақсу овозхониҳои мураттаб ва ҳангомаю шодию нишот вориди ҳавлии духтардор мешаванд. Аз тарафи духтар онҳоро бо сапедӣ – молидани орд ба сару сурат, додани қанду парварда ва ҳазломез бо гӯшкашию чиндани бадан истиқбол мекунанд.
Дар хонаи духтардор мулло бо ширкати домод, ки одатан бо ду нафар дӯсти худ ба пушти дар ё токча (тиреза) меояд ва вакили духтар (маъмулан ба унвони вакил тағо ё бародари духтар баргузида мешавад) хутба мехонад. Дар «хонаи ақд» суфраи ақдро паҳн мекунанд ва бар рӯйи он як ҷилд «Қуръон», як пиёла асал, як коса об, як дона нон, намак ва ширинӣ мегузоранд. Вақте ки мулло (оқид) калимоти заруриро хонда, аз вакили духтар розигӣ мепурсад, вакил нозукандешона дарҳол ризоят намедиҳад. Дар ин маврид аз одамони домод, ки назди онҳо менишинад, ҳадя ё аз рӯйи ҳиммат миқдори пуле ба ӯ медиҳад.
Ва дубора, пас аз такрор шудани калимот аз ҷониби мулло вакили духтар ризоят медиҳад. Баъд аз ин, пурсишҳои мулло аз домод низ сурат мегирад. Танҳо пас аз «қабул кардам» гуфтани ӯ мулло баста шудани ақди никоҳро эълон мекунад. Ин амали мусалмонӣ ва миллии ақди никоҳи ҷавонон аст.
Пас аз хондани мулло арӯсу домод ба назди дӯстони худ, ба хонаҳои махсус, ки қаблан менишастанд, бармегарданд. Арӯсро барои гуселондан
Чиндан – лаҳҷ. пучидани бадан, нешгун ороста мекунанд. Ба домод низ янгаҳои арӯс либосвории домодиро мепӯшонанд. Дӯстони хонадор нашудаи ӯ бо умед аз оби косаи суфраи ақд мехӯранд.
Арӯс ашкрезон бо аъзои хонаводаи худ худоҳофизӣ мекунад. Ӯ мегиряд бо алам, беист, бо овози баланд. Зеро ба хубӣ дарк мекунад, ки дигар аз оилаи ҷоноҷони худ дур мешавад, минбаъд ба ин ҷо танҳо ба меҳмонӣ меояд. Арӯс гирён, дигар ҳама шоду хурсанд дафзанону сурудхонон ба роҳ меуфтанд. Маъмулан, арӯсро дар хонаи худаш падари ӯ (ё бо хоҳиши падар, агар бошад, бобояш) гусел мекунад ва дар манзили домод ӯро падар ё модар ва ё бузургсоли хонаводаи ҷавон қабул мекунад. Ба маҳзи қабул кардан арӯсро аз болои дуди ҳазориспанд мегузаронанд. Пас аз истироҳати кӯтоҳ ҷашни арӯсӣ дар хонаи домод бо шукуҳу тараби бештар давом меёбад...
Рӯзномаи «Фарҳанги Осиёи Марказӣ», августи соли 2000
ДАРГУЗАШТИ МУФОҶО (Таҳти рукни «Поси хотир»)
Олими ҷавон дар утоқи худ танҳо нишастааст. Чанд адад китобу маҷаллаву рӯзнома ва коғазҳои сафеду сиёҳшуда дар пешу гирди ӯ паҳну парешон. Касе музоҳимаш намешавад, ҳатто ҷуръати ворид шудан ба хонаи ӯро надорад. Олими ҷавон намехоҳад риштаи андешаҳояш гусаста шавад. Ӯ оромиро дӯст дорад, танҳо оромиро.
Бо меҳр китобчаи «Ғазалиёт»-ро ба даст мегирад, пешгуфтори он диққаташро ҷалб мекунад: «Ҳарирбофи сухан». Ин асар маҳсули заҳматҳои чандинсолаи ӯст, маҳсули пажӯҳишҳояш доир ба сабку мавзуоти назми Муҳташами қарни шонздаҳ, ки аввалин бор ба дӯстдорони адабиёт тақдим шудааст. Бо ҳаяҷони ниҳонӣ, бо завқи вофире, ки нисбат ба навиштаҳои худ дорад, саҳифаи аввалро боз мекунад.
«Боз фитода дар ҷаҳон шӯр, ки карда Муҳташам, Булбули боғи ошиқӣ табъи ғазалсаройро», –
бо ин байт дар чашмандози олими ҷавон навори «филм»-и дӯстдоштааш, ки бозгӯкунандаи табъи ғазалгӯйӣ ва фалсафаи ҳаёту эҷоди Муҳташами Кошонист, зоҳир мешавад. Ӯ китобчаро бодиққат, аз сар то по мехонад, ҳарчанд қаблан ҳам чандин бор варақ зада буд. Ниҳоятан, бо хондани байте, ки дар охирин саҳифаи рисола омадааст, бештар мутаассир мешавад, ин байт гӯё аз дили ӯ садо медод:
Чу бар дарди ҷудоӣ, Муҳташам, гардидаӣ собир, Ба сабр ин дард пайдо мекунад беҳбуд, пиндорӣ.
Олими ҷавон каме сукут мекунад, дубора ба олами андеша фурӯ меравад...
Даргириҳои Иттиҳоди Шуравӣ бо кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳанӯз идома дошт. Ба назар мерасид, ҳамроҳ бо низомиён рафтуомади мутахассисони риштаҳои мухталиф ва ирсолу таҳвили корвонҳои маводи мавриди ниёз поён надорад. Дар он айём, вақте ки гармои тобистон пиряхҳои баландтарин қуллаҳои Помирро низ об мекард, дархостномаи вазорати нафту гози мамлакат ба се нафар фориғ-ут-таҳсили донишкадаи шарқшиносӣ низ расида омад. Се нафар дӯсти қарин – Абдувоҳид, Абдурауф ва ӯ ҳама кору ташвишҳои худро канор гузошта, аз Душанбе ба мақсади Маскав ба роҳ баромаданд. Се рӯз бозпурсию санҷишҳои ниҳоӣ сурат гирифт ва дастандаркорони умури хориҷа ҳар серо ба шаҳри Мазори Шариф раҳсипор намуданд. Мазори Шариф онҳоро аз ҳам ҷудо кард: Абдувоҳидро ба Ҷарқудуқ, Абдурауфро ба Ҳирот ва ӯро ба Шибирғон фиристоданд.
Шибирғон чашми ӯро калонтар кушод. Маҳз дар ин шаҳраки дурдаст ба хубӣ донист, ки дарди фироқ, дарди ҷудоӣ аз ёру диёр чӣ қадар мушкилу пуразоб аст. Бо вуҷуди ин, муҳити корӣ, ҳамнишинӣ бо миллату ақвоми мухталиф ва ба вижа, шуғли мутарҷимӣ ӯро аз банди нороҳатӣ ва хаёлоти мубҳаму печида раҳо месохт. Бештар аз ҳама, аз шаҳраки қадимаи Шибирғон хушаш меомад, ки ҳамроҳ бо фазои сабзи атрофаш ҳанӯз ҳам торкӯчаҳои пур аз печу хам, хонаҳои сангини пасу пеш коҳгилгирифта ва мардуми «куҳнапарасте» дошт. Сокинони ин шаҳрак аксаран яктаҳу ҷомаҳои баланд ва чоруқу кафшу маҳсӣ мепӯшиданд. Онҳо ҳанӯз ҳам аз василаҳои қадимисохт, мисли қошуқу табақҳои чӯбин, косаҳои сафолӣ, утуҳои зуғолӣ45, юғу омоч, аробачаҳои чархфилизии тасмадор истифода мебурданд. Алалхусус, масҷиду мадраса ва китобхонаи Шибирғон ҳушу ёди ӯро рабуда буд. Ҳар гоҳ барояш вақти холӣ даст медод, бо шитоб ба сӯйи китобхонаи дӯстдоштааш, ки бинои хурди ба назар ноаён, вале муҳтавои бое дошт, мешитофт ва машғули мутолиаи китобу нусхаҳои хаттӣ мешуд. Он ҷо ҳар чӣ ба назараш тозаву ҷолиб менамуд, рӯнавис мекард, орзу дошт рӯзе бар асоси онҳо кори илмӣ хоҳад навишт. Дар китобхона пайдо шудани матолиби муаррихон роҷеъ ба зиндагинома ва осори муҳаддиси бузург – Имом ал- Бухорӣ таваҷҷуҳи ӯро ҷалб намуд. Ҳадисномаи мураттабсохтаи ин донишманд бештар ӯро ба ваҷд оварда буд. Гузашта аз ин, бо оқои Шаҳриёри хаттот машқи хат кардани ӯ самараи хуб бахшид. Баъдан, дар ҳар нишасту маҳфиле хаттотиашро ба наҳви аҳсант эътироф кардаанд.
Аз байн чанд сол гузашт. Дубора аз Афғонистон ба Душанбешаҳр баргашт. Ба хотири бекор набудан чанд муддат дар яке аз мактабҳои ноҳияи Марказӣ ба гурӯҳҳои забони русӣ аз забони тоҷикӣ дарс дод. Бо амри тасодуф, он рӯзҳо, вақте ки аз дарсҳо фориғ шуда ғарқи хаёлоти худ дар пайроҳаи канори хиёбон қадам мезад, мулоқоти ӯ бо устоди забони арабӣ Матин Ҳусейнзода ба вуқуъ пайваст. Миёнашон суҳбати гарму самимие ба амал омад. Вақте ки устод аз машғулиятҳояш пурсон шуд, ӯ табъи дил набудани шуғли омӯзгориро пинҳон накард, рӯйирост гуфт, ки аслан майли дарсдиҳӣ надорад, мехоҳад мавзуеро аз адабиёт гирифта кори илмӣ кунад. «Мехоҳам олим шавам», – нимҳазлу нимҷиддӣ изҳор дошт ӯ. Устод Ҳусейнзода хандаи ширине карда, ба русӣ гуфт: «Вот здорово! Как хорошо, что мой ученик хочет стать учёным!» Сипас афзуд: «Дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ шуъбаи дастхатҳо ташкил шудааст. Устод Камол Айнӣ хоҳиш карда буд, агар касеро аз шогирдони хуб суроғ дорам, ба пешаш фиристам. Айнан ту, додар, боби ҳамон шуъбаӣ. Бо устод мулоқот кун!»
Он суҳбат буду ба дидори раиси пажӯҳишгоҳ, адабиётшинос ва ховаршиноси маъруф Камол Айнӣ расид. Олим ӯро, ба истилоҳ, «аз элак гузаронд». Он рӯзе, ки Камол Айнӣ ӯро имтиҳон мекард, устодон Абӯбакри Зуҳуриддин ва Баҳром Шермуҳаммадов низ ташриф доштанд. Дар ҳузури онҳо Камол Айнӣ пас аз саволу ҷавоби давомдор девони ғазалиёти Хоҷа Ҳофизро, ки китобе буд хеле фарсуда, пеши ӯ гузошта амр кард, ки аз ҳар саҳифае мехоҳад ғазале қироат кунад. Ин амр барояш ҳеч мушкилие надошт. Сипас устод аз ёд хондани ду-се ғазалро дархост намуд. Ин амр низ бо суҳулат иҷро шуд. Вақте ки тибқи супориши сеюм ду матнро ба хатҳои насху настаълиқ навишт, дигар устод Камол Айнӣ аз ҷо баланд шуда ӯро ба оғӯш кашид ва бо изҳори итминону хушҳолӣ гуфт: «Ту аз имрӯз истихдом шудӣ, Абдуҷалил, туро ба ихтиёри устод Абӯбакр месупорам».
Он лаҳзаи масарратбахшро ҳанӯз ҳам дар худ эҳсос мекунад. Таърифу эътирофи донишманде, мисли Камол Айнӣ, ба ӯ болу пар бахшид. Ӯ ба шуъбаи дастхатҳои Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ, ба олами пурасрори адабиёти ниёкон роҳ ёфта буд. Дигар метавонист китоби дилхоҳи худро аз бойгонии китобҳои нодир дастрас намояд ва ҳар қадар мехоҳад мутолиа кунад. Оре, равшан дар хотир дорад, он рӯзҳо чунон шефтаи кор буд, аз субҳи зуд то бевақтии шаб машғул будани худро нафаҳмида мемонд.
Аввалин маҳсули заҳматҳои шабурӯзии ӯ таҳияи феҳристи адабиёти мавҷуд дар бойгонии пажӯҳишгоҳ гардид. Ин феҳрист мутобиқи алифбои кирилӣ ва бо тасҳеҳу таҳрири устод Абӯбакр Зуҳуриддин ба чоп расид. Танҳо пас аз ин кор суҳбати «ҳақиқӣ»-и устод бо ӯ сурат гирифт. Боре, бе он ки аз майлу орзуи вай бохабар бошад, устод суол кард: «Мехоҳӣ мавзуе бигирӣ ва кори илмӣ анҷом диҳӣ?» Ӯ бо хушҳолии беҳад, дар ҳоле ки гӯё мунтазири ин пурсиш буд, беихтиёр ҷавоб дод: «Албатта, устод, орзуи деринаи ман ин аст!». «Боракаллоҳ! – бо изҳори қаноат афзуд устод, – рӯйи кадом мавзуъ мехоҳӣ кашфиёт кунӣ?» Он лаҳза, ҳарчанд вожаи «кашфиёт» ба назараш чун қуллаи дастнорас ҷилва мекард, дар як он сафари Афғонистон, китобхонаи Шибирғон, маводи омӯхтааш роҷеъ ба муҳаддиси бузург Имом ал-Бухорӣ аз навори хотир гузашт. Дар сурате ки худаш ҳам намедонист чаро ба ин мавзуъ дилбастагӣ дорад, андешамандона гуфта буд: «Ният дорам парда аз розҳои нуҳуфтаи Имом Бухории Самарқандӣ бардорам». Устод ба фикр фурӯ рафт. Ду-се бор зери лаб «Имом Бухорӣ, Имом Бухорӣ» гуфту изҳори назар кард: «Ту, ҷонам, ба мавзуи мушкил даргир нашав. Таҳқиқи китобҳои илоҳӣ, баррасии илми тасаввуф вақти зиёд металабад, аммо имрӯз фурсат дорем хонандагонро бештар бо осори шоироне, ки дар ин бойгонии мо маҳфузанд, ошно кунем. Масалан, Муҳташами Кошонӣ. Ин шоири пурборест, вале девонаш зери гарду хок хобида. Касе нест, ки онро ба хати имрӯз гардонда, мағзашро аз пӯчоқ ҷудо кунад»...
Дигар ҷойи фикр намонда буд. Ӯ пайрави фармудаҳои устоди худ амал кард ва алҳамдулиллоҳ, дурри мақсуд ба даст омад. Дар давоми як сол девони Муҳташами Кошонӣ ба хатти тоҷикӣ баргардонда шуд ва ӯ рисолаи номзадии хешро низ дар чаҳорчӯби мавзуъ ва мундариҷоти осори ин шоири, воқеан, «пурбор» дифоъ кард. Ӯ тавонист «муҳташамӣ»-и Муҳташамро дар каломи мавзун исбот намояд ва гуфтаҳои шоирро ба аҳли фаҳм расонад:
Ҳар куҷо мутриб зи назми Муҳташам хонд ин ғазал, Офарин карданд бар табъи суханпардози ӯ...
Олими ҷавон дар утоқи худ танҳо нишастааст. Як лаҳза риштаи хаёлоти ӯ қатъ мешавад. Китобчаи «Ғазалиёт»-ро рӯйи чашм мекашаду канор мегузорад. Боз назар меафканад ба китобу коғазу рӯзномаҳои паҳну парешон. Ҳар яке хабаре аз олими ҷавон доранд. Ӯ бо иштиёқ, бо меҳр ба навиштаҳое, ки имзои ӯро доранд, дида медӯзад. Дар ёд дорад, баъдан ба донишгоҳ ҷалб шуда буд, аз фанҳои забони форсӣ ва матншиносии классикӣ дарс мегуфт. Бо вуҷуди ин, фаъолияти адабиётшиносии худро қатъ накард. Чандин достону ашъори дигарро ба хатти муосир баргардонд, даҳҳо мақолаи илмию интиқодии худро марбут ба осори гузаштагон иншо кард. Дар саҳифаҳои маҷаллаҳои «Мардумгиёҳ» ва «Фарҳанг» бошад, ба таври муттасил сеҳри хаттотии худро намоиш дод. Ӯ мисли наққоши нозукбин аксҳои кӯза, анвои гул, олоти мусиқӣ ва соир ашколи ҷолибро тавассути хатти насху настаълиқи форсӣ офарид. Инак, бо даст додани фурсат ҳар як асари худро рӯйи даст мегирад, дуру дароз зеҳн мемонад, вале аз хондану тамошои онҳо сер намешавад. Эҳ, аҷаб рӯзгоре, аҷаб талошҳое дошт ӯ!
Олими ҷавон аз мутолиа сар мебардорад, хамёза мекашад, ҳис мекунад, ки бехабар аз худ хаста шудааст. Дар ин ҳол чашмаш ба бастаи суратҳо меуфтад. Беихтиёр аксҳоро ба даст мегирад. Фарзандони азизаш бо табассуми малеҳ ба ӯ менигаранд: Ҳилол, Фаррух, Дилноза, Дилрабо. Аз дидаҳои онҳо мехонад, ки гӯё гуфтанианд: «Додоҷон, мо туро дӯст медорем, аслан аз мо хавотир накаш, нороҳат нашав...» Ӯ танҳоии худро пай мебарад, хӯриаш меояд, бехи чашмонаш пури об мешавад. Бо маъюсӣ акси дигарро ба даст мегирад – сурати «шайтон»-ро. Ин дафъа авзояш тағйир меёбад, чинҳои пешониаш таранг шуда, муштҳояш гиреҳ мехӯранд. Тез-тез нафас мегирад, аз бехи гулу хиррас мезанад. Дар ҳоле, ки гӯё баданаш аланга мегирифт, бо ҷаҳл аксро байни ангуштонаш ғиҷим мекунад ва бе он ки худашро нигаҳ дорад, бо садои баланд дод мезанад: «Лаънатӣ! Беор! Ту, беимон, ҳоло ба дастам меафтӣ, албатта, қасос мегирам! Мекушам туро, шайтони одамсурат!»
Доду ғиреви нобаҳангоми олими ҷавон хонаю дарро ба ларза меоварад. Ҳамон лаҳза дари утоқи ӯ боз шуда, падару модари ба изтироб афтида ворид мешаванд. Падар «писарҷон, писарҷон»-гӯён ӯро ба оғӯш мекашад. Аз пайи ӯ модари нолон ҳам ларзону ҳаросон ба рӯяш об мепошад. Бо мушкилӣ ӯро ором мекунанд...
Оре, олими ҷавон мубталои дард буд, дарди равонӣ. Чанд муддат аст, ки ҳама кору зиндагиро таътил карда, ба зодгоҳ, назди волидон омадааст. Вақте ки худашро орому сари ҳол ҳис мекунад, аз рафтори номуносиб ва азиятҳое, ки ба сари падару модари азизаш овардааст, хиҷолат мекашад. Аммо чорае надорад, дигар торҳои аъсобаш хароб, хеле-хеле нозук шудаанд. Падару модар ва хоҳару бародаронаш наметавонистанд дардҳои ҷонкоҳи ӯро таҳаммул кунанд. Бо ин ҳол, ҳар коре дар тавонашон буд, анҷом доданд: ба чор атроф дунболи духтур, дунболи эшону табиб, дунболи фолбин давиданд...
Олими ҷавон дар утоқи худ, рӯйи тахтхоби беморӣ танҳо нишастааст. Ӯ охирин бор саъй карду ба мағзи худ фишор овард, то ёддоште, асаре тоза офарад. Аммо, сад афсӯс, талошҳояш зоеъ рафтанд. Азбаски хаёлаш парешон буд, ҳарфҳои парешон зери лаб хоид, ибороти бемаънӣ, ҷумалоти бесару нӯг пушти ҳам чид. Олими ҷавон асабонӣ шуд. Дубора дар оинаи зеҳнаш, пушти рангҳои хираю хокӣ чеҳраи зишти он бевафо – «шайтони одамсурат» ба намоиш даромад. Дигар, тоқати дидани ӯро надошт, аз қаъри дил фарёд кашид: «Нобакор! Беҳаё!!» Мавҷи хаёлоташ парешон шуд, пеши чашмонаш сиёҳӣ зад, гӯё ба қалбаш нештаре халид. Беҳолона якпаҳлу афтид, дар ҳоле ки чизеро ҳис намекард, аз кунҷи лабонаш кафки сапеди ҳубобдор заҳидан гирифт...
Рӯзномаи «Овози тоҷик», 19-уми январи соли 2005
Замима:
Номзади улуми филологӣ, дотсент Ҷалили Орзумурод яке аз ховаршиносон ва адабиётшиносони пуркор буд. Ӯ мактаби миёнаро дар зодгоҳи худ – деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато хонда, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе меравад. Дар он ҷо бахши форсии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм мекунад. Фаъолияти кории худро ба унвони мутарҷим дар Афғонистон оғоз менамояд. Сипас дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Душанбе бо таҳқиқу баррасии осори ниёкон ва ба хатти тоҷикӣ (кириллӣ) баргардондани дастхатҳои нодир машғул мешавад. Ӯ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ба унвони устоди забони форсӣ ва матншиносӣ ифои вазифа карда буд. Даҳҳо мақолаи илмию интиқодӣ, осори ба навиштори тоҷикӣ гардондаи ӯ, маҳсули хаттотиҳои мутааддид ва тарҷумаҳояш дар матбуоти даврии Тоҷикистон ба табъ расидаанд. Ӯ аз аввалин касонест, ки дар Тоҷикистони мустақилшуда ҷиҳати таълиму тадриси хат ва матни классикӣ дастуру китобҳои илмию методӣ таҳия кардааст.
Мутаассифона, риштаи ҳаёти Ҷалили Орзумурод ба таври муфоҷо канда мешавад. Ӯ соли 2004 мубталои дарди бедавои руҳӣ гардида, дар синни чилу шашсолагӣ зиндагиро падруд гуфт.
Руҳи ин марди худогоҳ шод бод!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё