ҲАРФЕ, КИ МО МЕХОНЕМ

Дар олам хат бисёр аст. Ҳар хат алифбо ва намунаи хос дорад. Алифбои мо кириллӣ мебошад. 80 сол инҷониб ҳамин хатро мехонему менависем. Пеш аз ин хати мо лотинӣ буд. Аз лотинӣ пештар форсӣ, пеш аз форсӣ хати суғди, паҳлавӣ ва мехӣ хонда менавиштем... Китобе, ки бачаҳои азиз, дар даст доред, таърихи пайдоиши хатҳост. Муаллифи вобаста ба алифбои Брайл (барои нобиноён) ва дактиологӣ (барои мардумони гушашон ношунаво ва забонашон лакнатдошта) низ маълумоти аҷиб ҷамъ овардааст.
зеҳни сунъӣ · 11 октябри 2024 · 5 саҳифа · 1 писанд
АЛИФБОИ ПОРСӢ (ФОРСӢ)
Алифбои хатти форсӣ
Гузаштагони мо пеш аз алифбои лотинӣ аз кадом алифбо истифода мекарданд?
Гузаштагони мо то қабули алифбои лотинӣ, муддати 1400 сол аз алифбои арабиасоси форсии тоҷикӣ истифода мебурданд.
Алифбои забони форсӣ 32 ҳарф дорад ва яке аз машҳуртарин хатҳои дунё мебошад. Ин хатти забони порсии нав аст.
Хатти форсӣ аз xатти арабӣ гирифта шудааст ва он аз рост ба чап навишта мешавад. Алифбои арабӣ 28 ҳарф дорад, форсизабонон ба он 4 ҳарф (п, ч, ж, г) илова карданд. Чунки ин овозҳо дар забони арабӣ мавҷуд нестанд.
Ҳамаи адибони классикии мо асарҳои худро бо хатти арабиасоси форсии тоҷикӣ эҷод кардаанд. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон бо ҳамин забон ва хат бузургтарин осори ҷаҳонӣ офаридаанд.
Ҳоло дар Эрон, Афғонистон ва Покистон аз алифбои форсӣ истифода мебаранд. Дар баъзе кишварҳои дигар низ забони форсӣ ва алифбои он истифода карда мешавад.
АЛИФБОИ ФОРСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Алифбои форсӣ дар забони форсии тоҷикӣ аз миёнаи асри VIII мавриди истифода қарор гирифта, то соли 1929 идома ёфт. Бо ин алифбо дар тӯли беш аз 1400 сол садҳо ҳазор китоб доир ба таърих, фалсафа, адабиёт, ситорашиносӣ, тиб, риёзиёт, ҷуғрофиё ва илмҳои дигар эҷод шудааст. Алифбои форсӣ яке аз зеботарин хатҳои нигоришии ҷаҳон аст. Ин хат чанд намуди навишт дорад ва ба воситаи он зеботарин тасвирҳо ва минётурҳо офарида шудаанд.
Ҳоло алифбои форсӣ бо номи “Алифбои ниёгон” дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва баъзе донишгоҳҳои Тоҷикистон омӯзонида мешавад.
Намунаи навишт бо алифбои тоҷикӣ (кириллӣ) ва алифбои форсӣ кириллӣ порсӣ
Банӣ одам аъзои як пайкаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Саъдии Шерозӣ
ХАТТИ СУҒДӢ
Аммо пеш аз алифбои форсӣ мардуми мо алифбои дигар доштанд.
Хатти суғдӣ яке аз хатҳои машҳури пе шини мардуми мо ме бошад. Ин хат барои забони суғдӣ тақри бан ду ҳазор сол пеш эҷод шудааст. Хатти суғдӣ дар асоси алиф бои оромӣ ва суриёнӣ сохта шуда, аз 14 ҳарф (дертар ба 20 адад расидааст) иборат буд. Тарзи навишти ин хат аз рост ба чап буд.
Дар аввал хатти суғдӣ мисли алифбои оромӣ бо ҳарфҳои ҷудогонаи рост навишта мешуд. Баъдтар шакли хатро ба тарафи чап 90 дараҷа моил менавиштанд. Дар давраҳои баъдӣ шакли навишти хатти суғдӣ тағйир ёфта, мисли хатти чинӣ аз боло ба поён навишта мешуд.
Хатти суғдӣ хатти забони расмии давлати Суғд буд. Дертар дар баробари хатти паҳлавӣ дар замони Ҳахоманишиён (асрҳои VI-IV пеш аз милод) ва Сосониён (асрҳои III-VII милодӣ) ҳамчун хатти расмӣ истифод шудааст. Пас аз густариши забони нави форсӣ ва алифбои он, хатту забони паҳлавӣ ва суғдӣ аз байн рафтанд.
ПАҲНШАВИИ ХАТТИ СУҒДӢ
Дар асрҳои VIII-VII пеш аз милод дар қаламрави Эрони қадим давлати Суғд ташкил шуда буд, ки пойтахташ Самарқанд буд. Забони суғдӣ бо алифбои суғдӣ забони расмии ин давлат буд.
Забони суғдӣ аз ҷумлаи забонҳои эронии шарқӣ ме бошад, ки то асри XI зин да буд. Бо ин забон марду ми тоҷик дар Суғди қадим (соҳилҳои рӯди Зарафшон дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) сухан мекарданд. Забони суғдӣ забони расмии давлатҳои туркӣ низ буд.
Хатти суғдӣ барои саводнокшавии мардумони зиёд дар Осиё нақши муҳим бозидааст. Хеле аз халқҳои турк баъд аз асри VIII ин алифборо истифода бурдаанд. Аввал уйғурҳо, баъд муғулҳо дар асри XIII, манчжуриён, халхолҳо, бурятҳо, қалмиқҳо ва ғайра дар асоси ин хат алифбои худро сохтаанд.
Забони зиндаи яғнобӣ, ки сокинони имрӯзаи соҳилҳои рӯди Яғноби ноҳияи Айнӣ бо он гап мезананд, яке аз шохаҳои забони суғдии қадим мебошад.
ХАТТИ ПАҲЛАВӢ
Хатти паҳлавӣ дар асоси яке аз шо хаҳои хатти оромӣ тақрибан дар асри IV-III пеш аз ми лод сохта шудааст.
Ин хат барои забо ни форсии миёна (паҳлавӣ) эҷод шуда буд. Порсии миёна ё паҳлавӣ як забони эронӣ аст, ки дар замони Ҳахоманишиён ва Сосониён (асрҳои III-VII милодӣ) забони расмии империяи Эрони Бузург буд. Ин забон фарзанди забони порсии бостон ва модари забони форсии дарист, ки акнун ба номҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ гуфта мешавад.
Порсигӯёни Монавӣ ин забонро бо хатти монавӣ ҳам менавиштанд.
Хатти паҳлавӣ
Xатти паҳлавӣ дар аввал дорои 22 аломат буд. Баъдтар дар хатти зуднавис шакли ҳарфҳо ба якдигар монанд шуд ва шумораи онҳо ба 14-15 адад расид. Дар хатти паҳлавӣ танҳо садонокҳои дароз ишора мешаванд. Тарзи навишти он аз рост ба чап аст.
Пас аз истилои арабҳо дар асри VII-VIII дар Эронза мин ба ҷойи забони паҳлавӣ забони форсии нав (забони имрӯза) ва ба ҷойи хатти паҳлавӣ хатти форсӣ ҷойгу зин шуданд. Вале то охирҳои асри Х дар Эронзамин баъзеҳо забон ва хатти паҳлавиро медонистанд. Ин забон то ҳанӯз дар миёни ҷомеаҳои зардуштиёни Эрон ва Ҳиндустон зинда аст.
Хатти авестоӣ
қадимтарин алиф бо ва хатти ҷаҳон мебошад. Ин хат 3300 сол пеш аз милод дар Шу мер ихтироъ шу дааст. Шумериҳо пешгузаштагони мардумони ори ёитабор ва дигар халқҳои Байнаннаҳрайн буданд. Ихтирои хатти мехӣ боиси пайдоиши пул дар ҷаҳон шудааст.
Хатти авестоӣ ё мехӣ дар забони форсии қадим дар замони шоҳони Ҳахоманишӣ (асрҳои VI-IV пеш аз милод) истифода мешуд. Он аз 41 аломат ва 36 овоз иборат буд. Бо хатти мехӣ таърихи шоҳони аввалини шоҳаншоҳии бузурги Эрони Бостон – Дорои I ва Куруши Кабир навишта шудааст. Дар давраи аввал бо хатти мехӣ дар рӯйи санг ва гил менавиштанд. Ин хат ғайр аз забони порсии қадим, инчунин барои 10 забону шеваҳои он давр: шумерӣ, эломӣ, аккадӣ, асирию бобулӣ, урартӣ, хетӣ ва ғайра хидмат кардааст.
Ин намуди хатро барои он мехӣ мегӯянд, ки аломати ҳарфҳо ба мех монанд аст.
ХАТТИ НАВИ АВЕСТОӢ
Хатти нави авестоӣ дар замо ни шоҳони Сосонӣ эҷод шудааст. Ин хат дар асоси алиф бои оромӣ сохта шудааст ва дар дарбори Сосониён истифода мешуд.
Аз рост ба чап на вишта мешавад.
Хатти мехии авестоӣ ба забони порсии қадим, вале хатти нави авестоӣ ба за бони порсии миёна мансубанд. Ин хат барои он эҷод шуда буд, ки матнҳои за бони авестоӣ ду руст навишта шаванд.
байн рафта буд, матнҳои китоби “Авесто”-ро инчунин ба забони паҳлавӣ тарҷума мекарданд.
Катибаи Хашоёршоҳ ба забонҳои ориёӣ, бобулӣ ва эломӣ 1. ҳарфҳои авестоӣ 2. транскрипсия Алифбои авестоии баъдӣ лигатурҳо пунктуасия: фасли ибора фасли калима Азбаски дар он замон забони авестоӣ аз Ин алифбо 37 ҳамсадо 16 садонок дошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё