АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
Ташаккули маданияти зеҳнӣ ба рушди тафаккури хонандагон таъсири мусбат мерасонад. Пешравии ҷомеа ва тақозои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии он ғолибан ба низоми таҳсилот вобаста аст, зеро маъри- фатмандӣ ва рушди зеҳнии шахсият, саломатии рӯҳӣ, гуногунҷанбагӣ ва инкишофи мутаносиб, фарохназарӣ, ҳамчунин, талош ба эҷодкорӣ ва ҳалли вазифаҳои ғайричашмдоштро маҳз низоми таҳсилоти муташаккили давлатӣ ҳал карда метавонад. Дар низоми таҳсилоти давлатӣ, хусусан, мазмуни таҳсилот ва таълиму тарбия, тақлид ба низоми таҳсилоти дигарон, кӯчонидани низоми таҳсилот аз бегонагон бидуни асосмандии назариявӣ ва озмойишҳои мутобиқсоз ба шароити иҷтимоӣ, анъаноти хонаводагӣ, маънавӣ-ахлоқӣ ва манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ қатъиян қобили пазируфтан нест, зеро дар маҷмуъ ин амал мувофиқи истиқлолияти мазмуни таҳсилот, сирати миллӣ ва маданияти зеҳнии миллӣ буда наметавонад ва ин арзишҳоро на рушд, балки коҳиш дода, тадриҷан сарнагун менамояд.
Ба ин маънӣ олими рус, академик Б.С.Гершунский чунин мефармояд: «Таъкид мекунем, ки ба ҳеҷ ваҷҳ кӯшишоти дахолат ба қаламрави сират (менталитет) ба хотири ин ё он тағйири сират наметавонад иҷборӣ, бо ёрии методҳои зӯроварӣ ва пахши чи сирати шахсият ва чи сирати иҷтимоъ (ҷамъият) анҷом дода шавад.”.
Дар таълими забони модарии синфҳои ибтидоӣ омӯзгорон (ҳангоми иҷрои вазифаи хонагӣ) ба масъалаи хондан, навиштан ва инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандагон аҳаммияти хоса дода, ба фаъолияти бозгӯ кардани мазмуни матни хонда (ҳикоя, афсона, шеър ё чистон) баҳогузорӣ менамоянд. Хонанда чизи тайёрро муддате дар хотир нигоҳ дошта, онро нақл карда метавонад. Аммо нисбат ба воқеаҳои дар матн рухдода, сабабҳои ба вуҷуд омадни масъалаҳои ҳалталаби матн фикр намекунад. Яъне дар раванди таълими забони модарӣ дар хонанда малака ва маҳорати фикр кардан, таҳлилу хулоса баровардан ба қадри зарурӣ рушд намеёбад. Зеҳни хонанда фаъол гардонда намешавад.
«Муносибати босалоҳият дар таълим муносибати хонандаро ба таҳсил, нақши омўзгорро дар раванди таълим, муносибати омўзгору хонандагон, хонандагону маводи таълимро муайян мекунад».
Чунин муносибат ба тағйирпазирии нақшҳо боис гардида, ба кам шудани нақли омӯзгор ва зиёд шудани фаъолияти хонанда оварда мерасонад. Омӯзгор дар раванди дарс муколама ташкил мекунад ва дар ин муколама хонандагон фаъолона иштирок мекунанд. Масъала мегузорнад, барои ҳалли масъала муҳаққиқ мешаванд. Фазои омӯзиш хонандагонро ба худмухторӣ ва мустақилона аз худ кардани донишҳо ҳидоят менамояд.
Дар дарсҳо омӯзгорон аз хонандагон бештар гуфтани таърифу қоидаи махсуси фанро талаб менамоянд. Бештар ба он эътибор медиҳанд, ки хонанда дониши пешниҳодкардаи онҳоро ба худи онҳо бозгӯӣ кунанд, бо ахбори зиёд хонандаро мусаллаҳ карданӣ мешаванд. Вале хеле кам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фикри хонанда ҷаҳонбинии ӯ инкишоф ёбад, ки ин хеле муҳим аст. Омӯзгори имрӯза бояд эҷодкор, навовар ва илҳомбахши шогирдонаш бошад.
Н.К.Крупская дар бораи мақсадҳои асосии таълими забони модарӣ чунин менависад: «Мақсади асосии таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ на донистани таърифу қоидаҳои грамматикӣ, балки инкишофи нутқи хонанда ва рушди фикрронӣ (амалӣ, мустақилона ва эҷодӣ)-и вай мебошад».
Методикаи ибтикории ташкили фаъолияти омӯзишии мустақилонаи хонагӣ, ки донишҳои дар синф гирифтаро ба кор меандозад, ба рушди зеҳнию забонии хонандагони хурдсол мусоидат мекунад, агар:
- имконоти зеҳнию ақлии хонандагон ба эътибор гирифта шавад;
- дар ташкили фаъолияти омӯзишии мустақилонаи кӯдак омӯзгорон ва волидайн мунтазам назорат ва кумак намоянд;
- нақш ва масъулияти волидайн дар назорат ва иҷрои супоришҳои мустақилонаи омӯзишии хонагӣ баланд бардошта шавад;
- барои иҷрои супоришҳои мустақилонаи омӯзишӣ кӯдакон аз ҷиҳати маънавӣ ҳавасманд карда шаванд.
Тавре ки А.Эшонҷонов қайд мекунад, «…мақсад на фақат назорат кардан ва ба ҳисоб гирифтани дониши хонандагон, балки барои боз ҳам чуқуртар ва ҳамаҷониба рушд бахшидан ба дониши хонандагон, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ кардан, тафаккури мантиқиашонро инкишоф додан аст».
Дар машғулиятҳои марбут ба донишандӯзӣ шавқу рағбат метавонад ташаккул ёбад, ки он ба муносибати пурмасъулият ба машғулиятҳои таълимӣ иртибот дорад. Ба ин васила омӯзгор бояд маҳз чунин сабабмандии омӯзишро дар кӯдакон тарбия кунад, ки онҳо моҳияти ҷамъиятӣ доштани меҳнати таълимиашонро бошуурона фаҳманд.
Шақу рағбати маърифатҷӯйӣ ҳамчун сабабмандии омӯзиш нисбат ба дигар сабабҳо як қатор бартариҳо дорад:
- хонандагон рағбати маърифатҷӯйиро зудтар мефаҳманд;
- рағбати маърифатҷӯйӣ сабабмандии омӯзишро нисбат ба дигар сабабҳо возеҳтар инъикос мекунад ва аниқтар фаҳмида мешавад;
- рағбати маърифатҷӯйӣ ҳамчун омили мушоҳидашаванда аст;
- рағбати маърифатҷӯйӣ ҳамчун сабабмандӣ ва воситаи таълим барои кӯдак наздиктар аст;
- рағбати маърифатҷӯйӣ миёни дигар сабабҳои омӯзиш занҷири низоми сабабмандиҳост ва онро кӯдак зудтар ба эътибор мегирад. Он ба масъулият, қарз, зарурати устуворсозии мавқеи шахсии худ ва ғайра решапайванд аст;
- рағбати маърифатҷӯйӣ дар шароити ташкили дурусти фаъолияти хонандагон метавонад ба аломати устувори хислати шахсияти хонанда табдил ёбад ва ба инкишофи ӯ таъсири ҷиддӣ расонад.
Ин гуна хонандагонро одатан кунҷков, зирак ва ҷӯянда мегӯянд ва онҳо дар иҷрои ҳар як супориш муносибати эҷодӣ зоҳир менамоянд, бо воситаю тарзҳои нави худ онҳоро ҳал мекунанд. Дар ин ҳолат муҳаққиқ Г.К.Байделдинова бар ин ақида аст, ки «рағбати маърифатҷӯйӣ воситаи қавии таълим ба шумор меравад. Он на танҳо ба раванди маърифат, балки ба натиҷаи он низ равона мешавад ва ҳамеша ба талош, мақсадгузорӣ, шиддати иродавӣ ва кӯшишҳои пайгирона нигарнида шудааст.».
Дар методикаи ибтикории ташкили фаъолияти омӯзишии мустақилонаи хонагӣ, омӯзгорро лозим аст, ки имконоти зеҳнию ақлии хонандагонро ба эътибор гирифта, мувофиқ ба қобилияти зеҳнию забонии онҳо суопоришҳоро омода созад. Аз ин лиҳоз, ба иҷрои вазифаи хонагӣ чунин талабот гузошта мешавад:
- ба назар гирифтани дониш, қобилият ва пешрафти гурӯҳ ва ё хонандагони алоҳида;
- ба ҳисоб гирифтани вақти иҷрои вазифа;
- дар вақташ супоридани вазифа, фаҳмо будани тарзи иҷрои он.
Омӯзгор дар вақти супоридани вазифаи хонагӣ бояд дарк намояд, ки «Чиро ва чӣ тавр бояд супурд?»
Дар вақти супоридани вазифаи хонагӣ ба назар гирифтани дониш, пешрафт ва қобилияти бачагони алоҳида шарт аст. Дар акси ҳол мо баробари супоридани вазифа ба он мақсаде, ки дар наздамон мегузорем, пурра расида наметавонем: як гурӯҳ хонандагон, ки хеле нағз мехонанду пешқадаманд, ин гуна вазифаро бе ягон душворӣ иҷро менамоянд. Вақте ки шахс дар иҷрои ин ё он вазифае андаке ҳам бошад фикр намекунад, яъне фикр ба муқобилият дучор намешавад, заҳмат намекашад, фикраш тараққӣ намекунад. Баръакс, вақте ки тамоман аз уҳдаи иҷрои кор намебарояд, дар ин маврид ҳам натиҷаи мусбатро интизор доштан амри маҳол аст. Бинобар ин, вақте ки омӯзгор ба аҳли синф вазифа месупорад, вазифаи бачагони алоҳидаро низ таъкид менамояд.
Ин тарзи иҷрои супориш имконият медиҳад, ки, аз як тараф, ҷойи камбудии дониши хонандагони алоҳидаро пурра намоем, аз тарафи дигар, барои инкишофи пешрафти ҳар як фард имконият медиҳем, ки рушд ёбад. Педагог Л.С.Славина дар хусуси хонандагони беинтизом ва қафомонда чунин ақида дорад. «Бемаҳоратию вуҷуд надоштани хоҳиши фаъолона фикр кардан хусусиятҳои фарқкунандаи гурӯҳи хонандагони қафомонда мебошанд, ки дар баъзе ҳолатҳо «шуурнокии паст» номида мешавад».
Равоншиносон сустии ақлониро ҳамчун натиҷаи тарбия ва таълими нодуруст мебинанд, вақте ки кӯдак дар давоми ҳаёти томактабӣ роҳи муайяни инкишофи ақлониро нагузаштааст, маҳорату қобилиятҳои фикронии заруриро аз худ накардааст.
Се омил вуҷуд дорад, ки метавонад дар хонандагон камбудиҳои фаъолияти ақлонию азхудкуниро пайдо кунад ва ба пешравии хонанда таъсир расонад:
1. Маҳорати ташаккулнаёфтаи фаъолияти таълимӣ.
2. Норасоиҳои инкишофи ҷараёнҳои равонӣ (психикӣ ).
3. Истифодаи нодурусти хусусиятҳои фардию психологии устувори худӣ.
Таҷрибаҳо собит сохтаанд, ки вақте омӯзгорон вазифа месупоранд, гумон мекунанд, ки дар хона бачаҳо танҳо ҳамон супориши хонагиро иҷро хоҳанд кард, аммо кор ин тавр сурат намегирад. Хонанда танҳо аз фанне вазифа мегирад, ки аз он дарс мехонад ва аз ҳамон фан ба қадри ҳол вазифа мегирад. Масалан, аз фанни забони модарӣ, забони русӣ, математика, санъат ва меҳнат, суруд. Бинобар ин, он вақти умумие, ки дар ҳуҷҷатҳои барномавии мактаб барои ҳар як синф муқаррар карда шудааст, ба ҳамаи фанҳо дахл дорад. Он вақти умумӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ чунин аст:
Синфҳо Вақти муқарраршуда барои иҷрои вазифаи хонагӣ синфи 2 то 40-45 дақиқа синфи 3 то 1 соат синфи 4 то 1,5 соат Ин меъёрро риоя карда, ба он кӯшидан лозим аст, ки хонандагони синфи 2-юм вазифаи хонагиро аз грамматика ва имло дар муддати 20-25 дақиқа, хонандаи синфи 3-юм дар муддати 30-35 дақиқа, хонандаи синфи
4-ум дар муддати 35-40 дақиқа иҷро кунанд.
Шарти дигари иҷрои вазифаи хонагӣ дар вақташ супоридани он мебошад. «Вазифа ба ҳеҷ ваҷҳ саросема, баробари занг зада истодан ва ё баъди занг супурда намешавад».
Вазифаи хонагӣ баъди мустаҳкам кардани мавзуи нав ва пеш аз ҷамъбасти дарс супурда мешавад. Барои мактаббачаи хурдсол танҳо номбар кардани зербоби китоб ва рақами машқ кифоя нест. Омӯзгор зербоб ва рақами машқро дар ҷойи намоёни синф навишта, саҳифаи онро аз китоб нишон медиҳад, бачаҳо қайд карда мегиранд. Пас аз ин, тарзи иҷрои вазифа нағзакак фаҳмонда мешавад, яъне омӯзгор як-ду ҷумла хонда чӣ тавр амал карданро нишон медиҳад ва ҳатто тарзи иҷрои вазифаро аз як-ду нафар мепурсад. Масалан, дар китоби дарсии забони модарии синфи 2 рамзи супоридани вазифаи хонагӣ бо тасвири хонача ба қайд гирифта шудааст.
Дар синфҳои ибтидоӣ вазифаи хонагӣ аниқ, мушаххас, саҳифа ва аломати шартии он ба хонанда муайян карда шуда, намунаи иҷрои он аз тарафи омӯзгор пешниҳод мегардад. Масалан, китоби забони модарӣ синфи 2. Душанбе, 2021. Дарсҳои 11-12, саҳифаи 13. Калимаҳои ҳаммаъноро аз ҷадвал ёфта нависед. Парчам-ливо, дифо-ҳифз, саҳар- субҳ...
Дар синфҳои ибтидоӣ бе манбаъ вазифаи хонагӣ супорида намешавад. Масалан, баъзе вақтҳо омӯзгорон чунин вазифаҳо месупоранд: «Дар хона аз худатон 3-4 ҷумла навишта биёед!», «Аз китоби хониш ё рӯзнома 2-3 ҷумла навишта, зери исмҳояш хат кашед.»,
«Дар мавзуи «Ман ба модарам чӣ гуна ёрӣ мерасонам» ҳикояча нависед.» ва ғайра. Ин гуна вазифаҳо ба тамоми зарураташон норавоянд. Мазмуни вазифа қисман дуруст бошад ҳам, тарзи супориши он нодуруст аст» [161, с.308].
Дар мавриде, ки омӯзгор берун аз машқи китоби дарсӣ вазифа месупорад (ин мумкин аст), бояд ибтидои иҷрои он дар синф оғоз ёбад.
Чунончи, баъди мустаҳкам намудани мавзуи “Шумораи ҷамъ дар исмҳо” чунин супориш ҳаст: «Аз исмҳои танҳо исми ҷамъ созед ва нависед. Ба калимаҳо савол гузоред». Хонандагон мустақилона ин машқро иҷро мекунанд. Намуна: Кӣ?-модар. Киҳо?-модарон; Чӣ?-дафтар. Чиҳо? – дафтарҳо. Забони модарӣ синфи 2. Машқи 2. Саҳ 108. Ба дафтаратон саволҳои кӣ?, киҳо? , чӣ? , чиҳо?- навишта , намунаи зеринро давом диҳел.
Кӣ? Киҳо? Чӣ? Чиҳо?
Абуалӣ,... китоб,...
Одамон,... китобҳо,...
Мисоли дигар. Мехоҳем, ки бачаҳо дар хона ҳамчун вазифа ҳикоячае тартиб диҳанд. Дар ин маврид баъди мустаҳкам намудани мавзуъ диққати аҳли синфро ба ягон мавзуи аниқ, масалан, «Саёҳат» ҷалб намуда, мазмуни онро хотиррасон мекунем, савол ва ё нақшаро тавсия менамоем (албатта, бо ҳамроҳии худи бачаҳо), таъкид мекунем, ки дар ҳикояи шумо бояд ана ин калимаҳо навишта шаванд (омад, гирифтанд, бозӣ карданд, чиданд, дам гирифтанд, савор шуданд, пеш гирифтем).
Қисми боқимондаи корро хонандаҳо дар хона давом медиҳанд. Масалан, нақли хонандаи синфи II «Б» -ро мисол меорем. Мавзуъ: Саёҳат.
«Баҳор омад. Мо ба доманаи кӯҳ ба саёҳат рафтем. Он ҷо хеле бозӣ кардем, дам гирифтем, лола чидем. Баъди пешин автобус омад. Ба автобус савор шудем. Роҳи деҳаро пеш гирифтем.»
Вазифаи хонагии бачаҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: шифоҳӣ ва хаттӣ.
Ба гурӯҳи якум хондан ва аз ёд кардани қоидаю таърифҳои грамматикӣ- имлоӣ, хондан ва шарҳу эзоҳ додаи машқу мисолҳои китоби дарсӣ ва дигар адабиёт, нақли шифоҳӣ, хондан ва аз бар кардани шеър ва дигар калимаю ибораҳо дохил мешаванд. Ба гурӯҳи дуюм хелҳои ниҳоят зиёди корҳои хаттӣ дохил мешаванд: рӯбардор намудани машқ, калима ва ҷумлаҳо, бо калимаҳои додашуда тартиб додани ҷумлаҳо, пурра кардани аввал ва ё охири ҷумлаҳо, ба саволҳо ҷавоб навиштан: тартиб додани нақша ва навиштани ҳикояча аз рӯйи он, навиштани иншо, мактуб, телеграмма, эълон, хабар барои рӯзномаи деворӣ ва монанд ба инҳо.
Дар асарҳои методӣ иншоро шакли олии кори хаттӣ номидаанд.
Агар мо таркиби корҳои хаттиро ба назар гирем, ҳақиқатан ҳам ҳамин тавр аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар мавриди дуруст ташкил кардани кор, донистани усулҳои гузаронидани иншо бачаҳо иншоҳои хуб менависанд, зеро онҳо нисбат ба дигар кори хаттӣ, масалан, нақли хаттӣ дар навиштани иншо як қадар омодаанд, доираи муҳокимарониашон васеъ аст.
Муваффақият пайдо кардани иншо, пеш аз ҳама, ба интихоби мавзуъ вобаста аст. Методист А.М.Рибинкова доир ба интихоби мавзуъ хеле хуб гуфтааст: «Фикр накарда интихоб намудани мавзуъ, ба ҳоли худ гузоштани хонандаҳо сарфи беҳудаи қувваи бачаҳост». Ӯ борҳо таъкид кардааст, ки воқеаҳои дар муҳити бачагон бударо мавзуи иншо қарор диҳед.
Барои намуна, тартиб додани нақшаро барои навиштани нақли хаттӣ аз назар мегузаронем.
Мавзуъ: Ҳикояти нобино синфи 4.
Саволҳо:
1. Шахси нобино дар куҷо мерафт?
2. Ўдар китф ва дасташ чӣ дошт?
3. Роҳгузар аз ў чӣ пурсид?
4. Роҳгузар бо кадом оҳанг суол дод? Бо оҳанги таънаю маломат ё меҳрубонӣ? 5.Шахси нобино чӣ чавоб дод?
6.Ба фикри шумо,чаро шахси нобино чунин ҷавоб дод?
7.Оё роҳгузар кори хуб кард? Чаро?
8.Агар ба ҷойи шахси нобино мебудед, чӣ ҷавоб медодед?...
Илова бар ин, қариб аксарияти вазифаҳои хаттӣ ягон хел супориши иловагиро дар бар мегиранд: таҳлили грамматикӣ, машқҳои луғавӣ- лексикӣ, супориши грамматикӣ ва ғайра.
Фаъолият ва саҳми волидайн дар иҷрои кори мустақилонаи хонагӣ назаррас буда, ҳангоми иҷрои вазифаи хонагӣ хонандагон донишҳои дар синф гирифтаашонро ба кор бурда, бо кумаки водилайн вазифаи хонагиро дуруст иҷро менамоянд. Масалан, агар вазифаи хонагӣ рӯбардор намудани машқ ва ё ягон хел порчаи дигар бошад, он гоҳ тарзи иҷрои он чунин аст: хонанда аввал машқ ва супориши онро дуруст хонда мефаҳмад, ки дар он чӣ гуфта шудааст, яъне супориши машқ чӣ талаб мекунад, сонӣ худи матнро пурра хонда мебарояд ва баъд менависад.
«Машқ ва рақамашро навишта худи супориши онро рӯбардор намекунанд. Чунин таҷриба паҳн шудааст, ки бачаҳо тамоми ҷумлаҳои матнро рӯбардор намуда, баъд супориши грамматикӣ-имлоиро ба ҷо меоранд. Ин он қадар қобили қабул нест: хонанда баъди рӯбардори тамоми машқ «вазифа иҷро шуд» гӯён супориши иловагиро фаромӯш мекунад ё дасташро ба рӯйи сатрҳои навиштааш гузошта, то иҷрои супориши иловагӣ дафтарашро ифлос менамояд».
Аз ин лиҳоз, талаб карда мешавад, ки баробари ба охир расидани рӯбардори ҳар як ҷумла, супориши иловагиро ҳам иҷро карда, баъд ба ҷумлаи дигар гузарад.
Агар вазифа хаттӣ навишта омадани ягон хел машқи эҷодӣ (ба саволҳо ҷавоб навиштан, аз рӯйи нақша тартиб додани ҳикоя, иншои хонагӣ…) бошад, аввал онро дар дафтари сиёҳнавис навишта, иловаю ислоҳ карда, баъд рӯбардор кардан лозим аст. Баъзан вазифаҳои хаттие супурда мешаванд, ки бе мушоҳидаи пешакӣ иҷро кардани онҳо мумкин нест. Масалан, навишта омадани номи меваҳои боғ: - себ, нок, ангур, анҷир, анор, шафтолу, зардолу, биҳӣ…;
- асбобҳои дуредгарӣ: арра, ранда, анбӯр, болға, теша, парма, каҷкорд…;
- асбобҳои мӯзадӯз: чарм, мех, анбур, ресмон, сӯзан, ширеш, корд,…;
- ашёи мағозаи хӯрокворӣ: нон, қанд, кулчақанд, чой, равған, орд, биринҷ…
Дар ин мавридҳо бачаҳо аввал он ашё ва ё объектро мушоҳида намуда, баъд номҳои ашёро менависанд.
Ба вазифаи хаттие, ки аз матнҳои китоби забони модарӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ва дигар китобчаҳои бачагона супурда мешаванд, ном, рақам, сарлавҳа, ҳатто сархат нишон дода мешавад. Омӯзгор ҳамон китоб, рӯзнома, маҷалларо ба даст гирифта, ҷойи вазифа ва тарзи иҷрои онро нишон медиҳад, баробари ин, таъкид менамояд, ки он ашёро аз куҷо ва чӣ тавр бояд ёфт. Беҳтараш ба китобхонаи мактаб муроҷиат карда шавад. Омӯзгор ин гуна вазифаҳоро соле 4-5 бор ташкил карда, бо ҳамин шавқи маърифатҷӯйии бачаҳо ва ҷустуҷӯ карда тавонистанро бедор менамояд, яъне худи вазифа не, балки роҳ ва тарзи иҷрои он муҳимтар аст.
Ҳамаи вазифаҳои хаттии иҷрошаванда бомаънӣ, тоза ва зебо иҷро карда мешаванд. Омӯзгор аз рӯзҳои аввали вазифасупорӣ таъкид карда меистад, ки баъди иҷрои супориш онро бори дигар хонда бароянд ва ба аслаш муқоиса намоянд.
Вазифаҳои шифоҳиро аввал хомӯшона, баъд бо овози баланд хондан лозим. Агар сухан дар бораи аз ёд кардани қоида ва ё ягон хел матн равад, онро баланд-баланд хонда азёд кардан лозим аст. Чӣ тавре ки психологҳо қайд мекунанд, дар мавриди аз ёд кардан нукта (калима, ибора)-и асосиро ёфта, ба он такя кардан лозим аст. Масалан, дар қоидаи «Исм» нуқтаи асосӣ калимаи «ашё», дар «Сифат» «аломат», аломати ашё, дар «Феъл» « ҳаракат», «ҳаракати ашё», дар «Пешояндҳо» «алоқа» мебошад. Агар бачаҳо қоидаро ду-се маротиба хонда, ҳамин калимаҳоро дар хотир нигоҳ доранду ба онҳо такя намоянд, қоида ба хотир омадан мегирад. Бачаҳоро мунтазам таъкид кардан лозим аст, ки дар асоси хониши шуурона хонишро ба роҳ монанд, қоидаҳоро ба таври механикӣ аз ёд накунанду калимаҳои асосиро ёфта, дар хотир нигоҳ доранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё