Зеҳн
АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.

Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

Нақши омӯзгор дар ҳалли чунин масъала дар он аст, ки вай бояд боз ҳам зиёдтар намудҳои гуногуни дарсу фаъолиятҳои мустақилонаи таълимиро истифода барад. Дар раванди таълим хонандагони хурдсолро зарурат пеш меояд, ки бо маводи гуногуни таълимӣ шинос шаванд. Дар таҷрибаи таълимӣ ҳама намуди корҳои мустақилона бо корҳои гуногуни зиёде ифода гаштаанд, ки аз тарафи омӯзгор дар машғулиятҳои дарсию беруназдарсӣ истифода мешаванд.

Барои тақвият бахшидан ба ин гуфтаҳо мо якчанд мавзуи таълимиро, ки мазмун ва мундаричаи онҳо ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқ бахшида шудааст, ҳамчун намуна дар машғулиятҳои дарсию беруназдарсӣ истифода мешаванд, аз китобҳои дарсии забони модарии синфҳои 1-4 пешниҳод мекунем.

Масалан, матни “Ҳуҷраи махфӣ” Забони модарӣ барои синфи 4, усули “Хониши ботаваққуф”. Ин усул имконият медиҳад, ки анҷоми хикоя, натиҷаи рафтору амали симоҳои ҳикояро пешгӯйӣ кунанд.

Яъне, хонандагон пеш аз хондан мазмуни онро пешгӯйӣ карда тавонанд.

Подшоҳе буд, ки хизматгори зиёде дошт. Яке аз онҳоро бо номи Аёз аз ҳама бештар дӯст медошт. Ӯ ходими дӯстдоштаи шоҳ буд. Рӯзе шоҳ Аёзро хазинадори худ интихоб кард, то сарваташро муҳофизат кунад.

Вақте ки наздикони шоҳ аз вазифаи нави Аёз бохабар шуданд...

Исти 1.

Чаро маҳз шоҳ Аёзро хазинадор интихоб кард?

Оё Аёз ба боварии шоҳ сазовор буд?

Ба фикри шумо, хазинадорон чӣ кор мекунанд?

Барои донистани давоми ҳикоя онро бодиққат гӯш мекунем.

...Хеле нороҳат гаштанд. Онҳо байни ҳамдигар мегуфтанд, ки чӣ тавр шоҳ тавонист ғуломеро ба вазифаи муҳимми хизматгорӣ интихоб кунад.

Бо гузашти вақт атрофиёни шоҳ ба Аёз бисёртар ҳасад мебурдагӣ шуданд. Онҳо ҳамчун ҷосус ҳамеша аз пайи Аёз буданд ва мехостанд, ки кори нодурусти Аёзро бинанду ба шоҳ шикоят баранд. Ниҳоят, онҳо дар кори Аёз чизе ғайриодӣ ёфтанд ва зуд ба шоҳ шикоят карданд.

Исти 2.

Чаро атрофиён намехостанд, ки Аёз хазинадор бошад?

Ба фикратон, дарбориён чӣ ёфтанд?

Барои донистани давоми ҳикоя онро бо диққат гӯш мекунем.

Дарбориён дари ҳуҷраи Аёзро шикаста, ба хона даромаданд, аммо аз тиллою нукра ва ҷавоҳироти хазина чизе набуд. Онҳо фақат пӯстин ва чоруқи куҳнаи Аёзро дар он ҷо диданд. Ночор онҳо назди шоҳ баргаштанд ва он чиро, ки диданд, ба шоҳ гуфтанд. Подшоҳ аз Аёз пурсид, ки чаро ӯ пӯстин ва чоруқи куҳнаро дар ҳуҷра нигоҳ медорад.

Исти 3.

Ба фикри шумо, Аёз ба подшоҳ чӣ мегӯяд?

Агар шумо мебудед, дар ҳуҷра чиро нигоҳ медоштед?

Барои донистани давоми ҳикоя онро бодиққат гӯш мекунем.

Аёз гуфт:

– Эй подшоҳ, ин либосҳои давраи ғуломии ман буданд. Ман онҳоро нигоҳ доштам, то гузаштаамро фаромӯш накунам. Ҳеҷ гоҳ аз мансаби ҳозираи худ мағрур нашавам.

Дарбориён дар надзи ӯ сар хам карданд ва аз подшоҳ узр пурсиданд.

Подшоҳ гуфт:

– Бахшидани шумо кори ман нест. Шумо ба Аёз бадӣ кадед. Акнун бояд, ки ӯ шуморо бахшад ё азоб диҳад.

Исти 4.

Агар шумо ба ҷойи Аёз мешудед, аз гуноҳи дарбориён мегузаштед? Чаро ҳа? Чаро не?

Оё рафтори дарбориён дуруст буд? Чаро?

Боре ба шумо чунин ҳодиса рух додааст, ки касе бароятон душманӣ карда бошад?

Хулоса , ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон, ҳақиқат хамеша ғолиб аст.

Рушди тафаккури мустақилонаи омӯзишӣ дар амалия ва назарияи таълим принсипи алоқаи таълим ба ҳаётро ба миён гузошта, дар асоси овардани мисолҳо аз ҳаёти ҷомеа робитаи устувор ва мушаххас пайдо мекунад. Бинобар ин, таълиму тарбия дар ин марҳилаи таҳсилот бояд ба ташаккули ҳавасмандӣ ба омӯзиш ва шавқмандӣ нисбат ба фаъолияти таълимӣ нигаронида шавад. Дар таълими матни “Ҳикояти чӯпон” Забони модарӣ барои синфи

2. аз усули Диаграммаи ВЕНН истифода мебарем.

Супориш: Мустақилона хондани матни “Ҳикояти чӯпон” (вақт барои хондан 5-7 дақиқа).

Баъди хондани ҳикоят омӯзгор бо чунин саволҳо ба аҳли синф муроҷиат мекунад:

А) Рамаи гӯсфандон аз они кӣ буд?

Б) Чӯпони ҳалолкор ба марди давлатманд чӣ насиҳат мекард?

В) Оқибати кори бад ба чӣ анҷомид?

Г) Ба хиёнати давлатманд чӣ гуна баҳо медиҳед?

Муродифи калимаҳои душворфаҳми “ҳалолкор-...., хоҷа-

..., хиёнат- ...., илтифот-..., иттифоқо-..., азиме- ..., бузурге-...” шарҳ дода шаванд.

(калимаҳо барои истифода: ҳалолхӯр, бовиҷдон, сардор, хӯҷаин, аҳаммият додан, макру фиреб, мувофиқ, хеле калон, азим)

Диаграммаи Венн:

Хусусиятҳои давлатманд умумӣ чӯпон

Хулоса ,вақте ки чўпон ҳақиқати ҳолро ба шахси давлатманд мегўяд, шахси давлатманд аз кирдори бади худ пушаймон мешавад.

Истифодаи усулҳои фаъолгардонии раванди дарс барои бартараф кардани монеаҳои мушкилгузар фикри ҷиддӣ ва талошҳои муназзамро

Чашмгурусна, ҳаромхўр, фиребгар, дурўғгўй, муфтхўр, ҳасис.

Ҳалолкор, хуш- ахлоқ, ҳалолхўр, хоксор, меҳнаткаш, дилсўз, ростгуфтор, маслиҳатгар.

Мард, инсон, мехўрад, гап мезанад, хоб меравад, мегардад. тақозо дорад, кӯдаконро аз як зина ба зинаи дигари баландтар гузаронда, ба гирифтани донишҳои бунёдӣ ва босифат сафарбар менамояд.

Масъалаи бедорсозии шавқу рағбати забондонӣ ва ташаккули шавқи маърифатҷӯйӣ дар педагогикаи муосир яке аз самтҳои бунёдӣ дониста мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар хонандагони хурдсол тарбия кардани мустақилият, ташаббускорӣ, фаъолнокиро тақозо намуда, талаб менамояд, ки технологияи раванди таълим мунтазам такмил дода шавад, ба ҷараён ва тарзу усулҳои ҳалли вазифаҳои таълимӣ навгониҳо ворид карда шавад, то ки хонандагон донишҳоро на ба таври тайёру безаҳмат, балки бо ёрӣ ва роҳнамойии омӯзгор, вале мустақилона, дар ҷараёни ковишҳо, ҳалли масъалаҳои нисбатан монеадор, аз худ кунанд. Фикр карда хондан, навиштан, гӯш кардану фаҳмидан ва фаҳмида гуфтанро ёд гиранд, яъне, ба дарки маънии матн сарфаҳм раванд.

Як намунаи дигар меорем:

Мавзуи дарс: «Ростӣ» Забони моадрӣ, синфи 2.

Мақсади мушаххас: То охири дарс хонандагон бояд донанд: а) Ростӣ чӣ аҳаммият дорад? б) Барои обрӯ пайдо кардан чӣ кор кардан лозим аст? в) Матнро хонда мазмунашро нақл карда тавонанд.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,

Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад (Сайидои Насафӣ)

Ростиву росткорӣ аз муҳимтарин хислатҳои инсон буда, одамро хушбахт ва сарбаланд мегардонад.

Аз ростӣ ба касе зарар намерасад. Ростӣ ба ҳама хубӣ меорад.

Каҷрафторӣ зараровар аст. Бузургони тоҷик ростиро яке аз хислатҳои хуби инсон шумурдаанд. Ҷомии бузургвор гуфтааст:

Рост ҷӯ, рост нигар, рост бубин, Рост гӯ, рост шунав, рост нишин.

(Матнро хонандагон мустақилона мехонанд)

Матни «Ростӣ». Падар дафтар ва рӯзномаи писарашро тафтиш кард. Маълум шуд, ки писар имрӯз дар мактаб дарс нахондааст.

Пурсид:

– Писарам, магар имрӯз ба мактаб нарафта будӣ?

– Рафтам, вале омӯзгор бемор шудаанд, дарс нашуд.

Ҳамин вақт занги телефон баланд шуд. Падар гӯшакро гирифт.

Омӯзгор занг мезад. Вай пурсид:

– Магар Суҳробҷон бемор шуда буд, ки имрӯз ба мактаб наомад?

Писар сархам буд…

Ба гетӣ ҷуз ростӣ пеша нест,

Зи кажӣ батар ҳеҷ андеша нест.

Баъди хондани матн омӯзгор тавассути саволҳо аз хонандагон мазмуни матнро мепурсад.

Саволҳо:

1. Падар чиро дид?

2. Суҳробҷон ба падараш чӣ гуфт?

3. Кӣ ба падари Суҳробҷон занг зад?

4. Барои чӣ Суҳробҷон якбора сархам шуд?

Хонандагон ба саволҳо ҷавоб дода, нисбат ба амали Суҳробҷон андешаҳои гуногунро иброз медоранд. Андешаҳо чунин буданд:

Суҳробҷон бояд ба падараш росташро мегуфт. Суҳробҷон бояд ба мактаб мерафт. Кори нағз накард, дурӯғи гуфтааш ба зудӣ фош шуд. Ҳурмати падару модарро бояд ба ҷо меовард. Дурӯғ гуфтан қадру қимати шахсро паст мекунад. Шахс аз боварии падару модар, ҷӯраҳо ва ҳамсинфон мебарояд ва ғайра.

Омӯзгор ҷавобҳои шогирдонро шунида, барои фикри онҳоро тақвият бахшидан чунин илова намуд: «Шукри он ки дар дунё бар хилофи ҳиллаву найранг, макру фиреб ва дурӯғ ҳақиқат, ростӣ ва росткорӣ ҳамқадами инсон аст».

Ҳар шахс пеш аз он ки чизеро гуфтанӣ ё иҷро карданӣ мешавад, дар бораи оқибати кору амалаш бояд биандешад, фаҳмад, ки оқибат он бо чӣ анҷом меёбад.

Мо якчанд намуди фаъолиятҳоро, ки мазмунан васею самаранок мебошанд ва дар синфҳои озмойишии синфҳои ибтидоӣ истифода бурда шуданд, пешкаш намудем.

Омӯзгорони синфҳои ибтидоии озмойишӣ дар ҷараёни таълим маводи таҳиякардаи моро истифода бурда, таъкид мекарданд, ки онҳо дар ҳақиқат усулҳои фаъол мебошанд. Баъзе намунаҳои дигарро низ пешкаш мекунем:

Машқи хурд. Ин усули фаъолияти гурӯҳӣ буда, фарогири ҷалби ҳамаи хонандагон мебошад, тезҳаракатӣ, маҳорати гӯш кардану шунидани савол, дурусту аниқ фикр карданро инкишоф медиҳад.

Аҷибаш дар он аст, ки дар ин ҳолат ҳатто ҳамон хонандагоне фаъолият мебурданд, ки асосан, хомӯшанд, чунки аз ҷиҳати ақлонӣ суст буда, аз ҷавобҳо шарм мекарданд. Машғулият 6-8 дақиқа давом мекунад.

Ҳадаф ва мазмуни чунин намуди кор дар чист? Он дар давраи санҷиши вазифаи хонагӣ ё ин ки аз худ кардани маводи таълимии нав (вақте ки саволҳои одӣ ва ҷавобҳои тезу яктарафаро талаб мекунанд, то ки донишу диққатнокии хонандагон, маҳорати гӯш кардану шунидани саволҳо санҷида мешавад), гузаронида мешавад. Агар машқи даҳониро дар ибтидои дарс, пеш аз таҳлили мавзуи нав гузаронем, он гоҳ вай бояд на танҳо саволҳои санҷишии вазифаи хонагиро дар бар гирад, балки воқеияти фаҳмишҳои асосиро, ки пештар (ҳафта, моҳ, як сол пеш) гузашта буданд, дар хотираи кӯдак бедор созад. Ба хонандагон пешкаш карда мешавад, ки ҳар чӣ тезтар якҷоя ба саволҳо ҷавоб гӯянд (ба миқдори 15-20 савол) ва мустақилона худро санҷида, баҳогузорӣ кунанд: а) маънои калимаҳои «азият, гуноҳ, ҳукм»-ро шарҳ диҳед; б) ҷумлаи «Дар ҷангал хирс ба бадкирдорӣ ном барвард» аз чанд калима сохта шудааст? в) Рангҳои парчамро номбар карда, аз ҷиҳати мазмун маънидод кунед. г) Калимаҳои ҳамқофияро муайян кунед:

Ахтари Сомон дурахшон,

Дар Хуҷанду Рашту Хатлон.

Ёди Сомон, ёди Ширин,

Дар Ҳисору дар Бадахшон. ғ) Ба ҷойҳои холӣ ҳарфи «и» ё «ӣ» гузоред:

Ман аз фанн _ “забон_ модар_» баҳо_ «5» гирифтам. д) Барои чӣ ҳарфи аввали калимаҳои «Лолагӣ ва Ҳисор» бо ҳарфи калон навишта шудааст?...

Дар интиҳои машқ омӯзгор мефаҳмонад, ки ба чӣ қадар ҷавобҳо ба худ баҳо гузоштан мумкин аст.

Диктанти рақамӣ. Ҳангоми истифодаи ин усул хонандагон ду мафҳумро ба хотир меоранд, кӯшиш мекунанд, ки вайро дар хотир нигоҳ доранд. Баъд бо супориши омӯзгор байни худ ягон ҳаракатро анҷом медиҳанд ва ҷавобро ба дафтар менависанд. Бо чӣ вай шавқовар аст?

Аввал, ҳисоби шифоҳиро худ ба худ дар дарсҳо барои дар хотир гирифтан манфиатовар аст. Дуюм, на танҳо имконият дода мешавад, ки чизеро номбар кунанд, балки гуфташударо таҳрир кунанд (сол, воқеа, номҳо ва ғайра), ки донистани онҳо барои ташаккули қобилияти зеҳнию ақлонии хонандагон кумак расонада, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ мегардонад. Сеюм, вазифаи ба ин монандро барои иҷро пешкаш месозем, ки матни китобро як маротибаи дигар такроран хонанд, чунки бе хондану аз бар кардани матн хонандагон наметавонанд вазифаро иҷро кунанд.

Диктант (дар шакли бозӣ). Омӯзгор пешакӣ рафти бозиро фаҳмонда, якчанд варақчаҳои рақамдор ва як қатор калимаҳоро мувофиқи мавзуъ гирд меорад.

Мувофиқи қаторҳо варақчаҳои рақамдор ба хонандагон супорида мешавад. Варақчаҳоро ба сатҳи дониши хонандагон нигоҳ карда месупорад. Бо супориши омӯзгор аз се қатор хонандагони рақами 1 дошта ба назди тахта мебароянд ва аз рӯйи диктаи омӯзгор онҳо калимаҳоро баробар дар тахтаи синф менависанд. (миқдори калимаҳои интихобшуда 4,6,8-то аст). Аҳли синф низ аз рӯйи диктаи омӯзгор калимаҳоро ба дафтари худ менависанд. Намуна: пилла, арра, акка, омӯзгор, ғалла, муаллиф ва ғайра.

Пас, навиштаҳои хонандагон тафтиш карда шуда, ғолибон муайян карда мешаванд.

Имлои зеҳнӣ. Дар ҳар як қисми дарс имлои зеҳниро истифода бурдан мумкин аст. Омӯзгор дар тахтаи синф якчанд рақамҳо (солҳо) ё ин ки калимаҳо (воқеаҳо, номҳо, мафҳумҳо)-ро менависад ва ба хонандагон супориш медиҳад, ки рақамҳо, воқеа, номҳо ва мафҳумҳоро ба хотир гиранд. Баъд онҳоро тоза мекунаду хоҳиш мекунад, ки дар як дақиқа хонандагон онҳоро аз сари нав нависанд.

Ташхиси баъзе дарсҳо, ки дар синфҳои озмойишии муассисаҳои таълимии гуногун бо назардошти маслиҳатҳои мо гузаронида шуданд, боз як бори дигар самаранокии натиҷаҳои таҷрибаи гузаронидашударо дар ҷараёни таҳқиқот тасдиқ мекунад.

Теъдоди зиёди роҳҳо, усулҳо, методу усулҳои инкишофи маҳорати азхудкунии фаъолияту воқеияти таълим вуҷуд дорад, ки аз тарафи омӯзгор дар ҷараёни таълим бо мақсади ташаккулу инкишофи фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ҳангоми омӯзиши забони модарӣ истифода мешавад. Масалан, ҳангоми омӯзиши мавзуи «Гунҷишк ва мор» омӯзгор вазифаи хонагиро метавонад бо усули тестӣ санҷад.

1. Қаҳрамони манфии афсонаи «Гӯнҷишк ва морро» номбар кунед. - кирм;

- мор;

- қурбоққа

2. Муродифи калимаи “қасос”-ро ёбед.

- ёрӣ расондан;

- ниқор гирифтан;

- ғалаба кардан.

3. Ба ҷойи нуқтаҳо калимаи заруриро гузоред.

... дар пеш шарораи оташро дид ва аз боло овози метинро шунид.

- гунҷишк;

- мор;

- хуҷаини хона.

пешина
аз 32
навбатӣ