АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
БОБИ 1. РУШДИ АҚИДАИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАИ
ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНА ТАЪЛИМИИ ТАЛАБАГОНИ
ХУРДСОЛ ДАР ТАҲҚИҚОТИ РАВОНШИНОСИЮ ПЕДАГОГӢ
1.1. Муқаррароти назариявии рушди зеҳнӣ ва нутқӣ – мақсади асосии фаъолияти мустақилонаи таълимии талабагони синфҳои ибтидоӣ “Сифатҳои нисбатан барҷастаи зеҳни шахсият инҳоянд: кунҷковӣ, ҷӯяндагӣ ва амиқии ақл, муҳаррикӣ, мантиқӣ ва исботкунандагӣ”.
Ҳар як фанни таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бахусус, синфҳои ибтидоӣ душвориҳои махсуси худро дорад. Аз ин ҷост, ки ба ҳар як омӯзгор лозим аст, ки илова ба методҳои тахассусӣ методҳои умумии фанҳои гуногунро низ хуб донад, чунки донистани методҳои гуногун ба омӯзгор имконият медиҳад, ки барои аз худ намудани донишҳо ва дар ҳаёт татбиқ намудани онҳо саҳмгузор бошад.
Таълим ҳамон вақт самарабаш мешавад, ки фаъолияти мустақилона дар робитаи мутақобилаи байни омӯзгор ва хонанда қарор дошта бошад.
Ба ин хотир омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бо шогирдони худ фаъолиятҳои мушкилу зарурии хондан, навиштан, баёни маънӣ (гуфтор), ба хотир гирифтан (аз ёд кардан), ҳисоб кардан (ҳалли мисолу масъала), расм кашидану суруд хондан ва иҷрои машқу ҳаракатҳои ҷисмониро маҳз дар заминаи ташаккули зеҳн ва тафаккури бедор ташкил намоянд.
Зеро асрори рушди шахсияти мустақил ва ҷӯяндаи кӯдак, асосан, дар низоми фикрӣ, яъне дар “кашфи” маънӣ нуҳуфтааст:
Ин сухан пӯст асту маънӣ мағзи он,
Ин сухан чун нақшу маънӣ ҳамчу ҷон
Сайри таърихӣ ба сарчашмаҳои афкори педагогӣ оид ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ бозгӯйи онанд, ки дар Юнони қадим бачаҳо аз синни 7 то 13-14-солагӣ ба мактаб қабул карда мешуданд.
Дар мактабҳои куҳнаи тоҷикӣ бошад, падару модар фарзандони худро аз синни 6 солагӣ ба мактаб мебурданд. “Дар мактабҳои куҳнаи Осиёи Миёна аз ҷумла дар мактабҳои куҳнаи тоҷикӣ аз ҳам ҷудо будани хонишу хат, ки мувофиқи анъанаи асримиёнагӣ ва майлу хоҳиши ҳомиёни дин давом карда меомад, яке аз сабабҳои асосии бемуваффақиятии проссеси таълим ва бесаводии аксарияти хонандагон буд.”
Ба ақидаи Арасту се хели ҷон мавҷуд аст: ҷони наботот, ҷони ҳайвонот, ҷони ақлӣ, ки илова бар хосиятҳои ҷони набототӣ ва ҳайвонӣ хислати тафаккур ва фикр карданро низ дорад. Мувофиқи таълимоти ў ба ин се навъи ҷон аз давраи хурдсолӣ се хел тарбия: тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ахлоқӣ, тарбияи ақлӣ зарур аст.
Я.А. Коменский аз давраи хурдсолӣ бо кори хоҷагидорӣ ва меҳнат одат кунонидани бачагон ва барои ин кор бо асбобҳои рӯзгор ва тарзи истифодаи онҳо шинос намудани онҳоро маслиҳат медиҳад. Ба ақидаи
Я.А.Коменский, “тарбияи ахлоқии бачагони синни томактабӣ аз тарбияи тозагӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳурмату эҳтиром кардани калонсолон, росткорӣ, боадолатӣ ва фазилати аз ҳама муҳим – ба одамон муҳаббат доштан мебошад”
Хизмати шоистаи Я.А.Коменский аз он иборат аст, ки вай аввалин шуда доир ба тарбияи томактабӣ бо номи “Мактаби модарӣ” раҳнамо тартиб додааст. Ба ақидаи ӯ дар мактаб муддати омӯзиши забони модарӣ бояд шаш сол бошад. Дар он замон муҳлати таҳсил дар мактаби ибтидоӣ ду-се сол буд ва он бо ёд додани талими хат, хондан ва ҳисоби одӣ маҳдуд мегардид. Хизмати Я.А.Коменский аз он иборат буд, ки вай аҳаммияти мактаби ибтидоиро ҳамчун мактаби забони модарӣ баланд бардошт, дар он давомнокии курси таълимро муайян кард. Дар мактабҳои ибтидоӣ мазмуни таълимро донишҳо оид ба фанни география, геометрия, табиатшиносӣ бо дохил кардани таълими суруд ва меҳнати дастӣ ташкил медод.
Я.А. Коменский талаб мекард, ки хонандагон баъди омӯхтани забон (грамматика) ба омӯхтани илмҳои воқеии – табиатшиносӣ, математика, фалсафа (этика ва диалектика) гузашта, тамоми курс бо омӯхтани риторика (ровигӣ) анҷом дода шавад. Чунки хонандагон дар натиҷаи омӯхтани пайдарпайи фанҳо ба зебоии нутқ, мазмуннокӣ ва амиқии он муваффақ хоҳанд шуд.
Я.А. Коменский аввалин касе буд, ки принсипи аёниятро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок кард. Вай аёниятро на фақат ҳамчун воситаи тамошо (биниш), балки ҳамчун воситае медонист, ки барои беҳтар ва равшан дарк кардани чизҳо ва ҳодисаҳо ҷалб намудани тамоми ҳиссиётро таъмин мекунад. “Ҳар он чизе ки имкон дорад, барои дарки эҳсосот пешниҳод карда шавад: ба воситаи узвҳои биноӣ, бӯёӣ, шунавоӣ, чашовӣ, ломиса. Агар ягон ашёро бо чанд ҳиссиёт эҳсос кардан мумкин бошад, бигузор барои дарки он якбора чанд узви ҳиссиёт ба кор андохта шавад”.
Я.А. Коменский китоби дарсии худ – “Дари кушодаи забонҳо ва тамоми илмҳо”-ро (-1631) мувофиқи принсипҳои дидактикӣ таҳия карда, як қатор ҷумлаҳои тадриҷан аз ҷиҳати грамматикӣ мураккабшавандаро интихоб намуда, ба ин васила онро аз китоби дарсии сирф забон ба китоби дарсие, ки кӯдакро бо донишҳои соҳаҳои гуногуни барояшон фаҳмо шинос мекунад, мубаддал гардонд.
Дидактикаи Жан-Жак Руссо ба он асос ёфтааст, ки дар заминаи инкишофи мустақилият, малакаҳои мушоҳидакорӣ ва хушфаҳмӣ дар кӯдак ташаккул меёбад. “Ҳама чиз барои дарк кардан ба дараҷаи аёнияти васеъ ба ихтиёри бача гузошта шавад”.
Дар ҳар як давраи нави таърихӣ, вобаста ба ташаккули ҷамъияти инсонӣ шумораи одамони босавод зиёд шудан мегирад, талаботи маданию маърифатии одамон меафзояд. Дар одамон кӯшиши мустақилона омӯхтани савод, ёд гирифтани касбу ҳунар рӯ ба афзоиш23 меорад. Масалан, қариб 200 сол пеш дар мактабҳои Аврупои Ғарбӣ зарурати мустақилона омӯхтани савод ва ҳунар ба вуҷуд омада буд.
Асосгузорони чунин ақидаҳо дар Аврупо Шерр Рюг Грезер, Дистервег ва Фогел, дар мактабҳои Россия олим-педагоги барҷастаи рус К.Д.Ушинский буд. Онҳо барои рушди зеҳн ва нутқи хонандагон муҳим будани фаъолияти мустақилонаро асос мешумориданд.
Раванди мантиқии грамматика дар омӯхтани забон дар нимаҳои асри XVIII аз тарафи олими машҳури рус М.В.Ломоносов тартиб дода шуд, ки он аввалин грамматикаи забони русӣ буда, қоидаҳои дурустнависиро дар бар мегирифт. Грамматикаи Ломоносов дар байни одамони босаводи асри XVIII оид ба мустақилона омӯхтани забони русӣ шавқу завқи забономӯзии одамонро зиёд намуд.
“Дар аввалҳои асри XIX дар асоси грамматикаи М.В.Ломоносов аз тарафи Востоков ва Грача грамматикаи нав тартиб дода мешавад.”.
Педагоги машҳури рус Буслаев соли 1844 “О преподавании отечественного языка” асаре навишта, системаи грамматикаи мантиқиро сахт танқид карда буд. Мувофиқи методикаи Буслаев грамматика бояд бо хониш, инкишофи нутқ, услуби ҷумлабандӣ ва таърихи адабиёт якҷоя ва дар алоқаманди таълим дода шавад.”
Дар афкори методистони рус дар робита ба фаъолияти мустақилонаи кӯдак солҳои 70-уми асри XIX доир ба методикаи хониш як раванди дигар ба вуҷуд омад, ки онро хониши “калимаэзоҳдиҳӣ” меномиданд ва ин метод принсипҳои аз тарафи Ушинский коркардшудаи хониши эзоҳиро халалдор мекард.
Тарафдорони хониши “ калимаэзоҳдиҳӣ” худи хонишро қариб аз дарс берун карда, аз аввал то охири дарс вақтро барои эзоҳи калимаҳо сарф мекарданд. Масалан, барои фаҳмидани калимаи “шабнам” чунин саволҳо дода мешуд: Шумо ҳеҷ дидаед, ки дар зимистон тиреза арақ кунад? Агар кордро дар буғи самовор гузорем дар рӯйи он чӣ ҳосил мешавад?
Буғи самовор гармтар аст ё корд? Буғи самовор аз чӣ ҳосил мешавад?
Барои чӣ буғи самовор ба корд расида, ба қатраи об мубаддал мешавад?
Гармие, ки дар замин ҳаст, аз чӣ ба вуҷуд омадааст? Чаро шаб нисбат ба рӯз салқинтар аст? Ҳамаи ашёи гарм баробар хунук мешаванд ё не? Агар буғи аз об ҳосил шудагӣ ба ашёи хунук расад, чӣ ҳодиса рўй медиҳад?
Албатта, кӯдак ба ин қадар саволҳо ҷавоб дода наметавонад ва аз маълумоте, ки омӯзгор дар бораи калима баён мекунад, чизе дар хотири хонанда боқӣ намемонад. Дар натиҷа фаъолияти мустақилонаи кӯдак дар дарси хониш аҳаммияти донишдиҳӣ ва тарбиявиашро гум карда, дар хонанда хеҷ гуна малакаи рушд ёфтани суръати хониш ҳосил намегардад.
Пайравони К.Д.Ушинский – В.Я.Стоюнин, В.П.Шереметевский, Н.Ф.Бунаков ба муқобили ин гуна вайронкуниҳои методикаи хониш мубориза мебурданд. Аз ҷумла, Н.Ф.Бунаков Ушинскийро ҳимоя карда, таъкид мекард, ки фаъолияти мустақилонаи кӯдак бо суҳбати аёнӣ баробар гузаронида шавад. Аммо дарси забони модариро ба дарси суҳбате, ки дар атрофи як калимаи алоҳида гузаронида мешавад, мубаддал кардан мумкин нест. Суҳбат чунон ташкил карда шавад, ки барои хонда фаҳмидани мақолаҳои илмии оммафаҳм ва асарҳои бадеие, ки “дар бораи табиат, ватан, гузаштаи он” тавассути фаъолияти мустақилона маълумоти муайян медиҳанд, воситаи асосӣ шуда тавонад.
Забоншиноси машҳури рус Буслаев алоқамандии таълими грамматикаро бо хониш, инкишофи тафаккури мантиқӣ ва нутқ пешниҳод мекунад. Интихоби усули таълимро Буслаев ба маводи мавриди омӯзиш вобаста мешуморад. На қолибҳои грамматикӣ, на кодекси қоидаҳои ашёи таълимӣ, балки далелҳои забон, ки барои хулосабарорӣ маводи зарурӣ медиҳанд, бояд дар маркази диққат гузошта шаванд.
Тибқи методикаи Буслаев, грамматика бояд ба хониш, инкишофи нутқ, услуби ҷумлабандӣ ва таърихи адабиёт якҷоя ва дар алоқамандӣ омӯзонда шавад. Ӯ ба қори аз ёд кардани қоидаҳо ва ба таври механикӣ омӯзонидани грамматика роҳ намедод. Як қатор масъалаҳое, ки Буслаев дар назди грамматикаи худ гузошта буд, бешубҳа, дар грамматикаи забони тоҷикӣ ҳам масъалаҳои муҳим ҳисоб мешаванд ва дар таълими грамматикаи забон аҳаммияти калон доранд. Онҳо масъалаҳои умумии алоқаи забон ва тафаккур, аз рӯйи маънои категорияҳои нутқ кор кардан, алоқаманд будани шакл ва мазмун, ба ҳодисаҳои забон аз нуқтаи назари таърих нигоҳ кардан, забонро ба таври механикӣ не, балки бошуурона омӯхтан, ба адабиёт алоқаманд кардани забон мебошанд, ки барои ҳамаи забонҳо хос аст.
Яке аз ҳамасрони Буслаев, педагоги машҳури рус К.Д.Ушинский аз хатоҳои пайравони Буслаев даст кашида, низоми грамматикаи ӯро тағйир дод.
Дар нимаи асри XIX дар Аврупои Ғарбӣ ва Россия оид ба масъалаи саводомӯзӣ низоми наве ба вуҷуд меояд, ки асоси онро методи аналитикӣ-синтетикӣ (таҳлил ва таркиб)-и овозӣ ташкил медиҳад. Яке аз хусусиятҳои хуби ин метод дар асоси таҳлил ва таркиби овозӣ омӯзонидани савод мебошад. Мувофиқи ин метод калимаҳо ба ҳиҷоҳо ва ҳиҷоҳо ба овозҳо ҷудо карда шуда, аз ҳамин овозу ҳарфҳо ва ҳиҷоҳо боз калимаҳо тартиб дода мешавад. Ин метод (таҳлил ва таркиб) дар байни педагогҳои он давр шуҳрати калон пайдо кард ва барои дар мактабҳо татбиқ намудани он шавқу ҳаваси зиёд ба вуҷуд омада, дар тамоми мактабҳои Аврупои Ғарбӣ ва Россия ба зудӣ паҳн шуд. Фаъолияти саводомӯзӣ дар асоси ҳамин метод аз нав дар ин мактабҳо ба тартиб даромад.
Чӣ тавре ки К.Д.Ушинский тавсия медиҳад, “машғулиятҳои саводомӯзӣ бояд аз таҳлили овозҳо сар шуда, калимаҳоро ба овозҳо (аввал садонокҳо, пас аз он ҳамсадоҳо) ҷудо карда, дар охир бо ҳамон овозҳои омӯхташуда машқҳои синтетикӣ гузаронда шавад”.
Методҳои зарурие, ки барои таълими савод ба омӯзгор лозим аст, инҳоянд: дар калимаҳои додашуда фаҳмида тавонистани овозҳо, аз овозҳои додашуда тартиб додани калима, ба ҳиҷо ва овозҳо ҷудо кардани калима, аз ҳарфҳо тартиб додани калима, инчунин, дар якчанд калима кор фармудани як овоз (бар, сар, пар, ҷар, хар, тар, пур, сур, нур).
Машғулиятҳои саводомӯзиро ба қисмҳои зерин ҷудо кардан лозим аст: а) таҳлили овозӣ; б) хат; в) хондани чизи навишташуда; г) аз алифбои чопӣ хонда тавонистани ҳамон калима ва ҷумла; ғ) аз алифбои чопӣ хондан ва навишта гирифтани калима ва ҷумлаҳои нав; д) аз ягон ҳикоя ҳарф ва ҳиҷои маълумро ёфта гирифтан; е) аз алифбои чопӣ тартиб додани калима.
Пайравон ва шогирдони К.Д.Ушинский – Бунаков, Тихомиров, Вахтёров, Флёров принсип ва усулҳои Ушинскийро дар назар дошта, методи овозиро қисман нав карда, ба он эзоҳоти муфассал доданд. Аз тарафи дигар, ба алифбои бурида низ аҳаммият дода, тарафдори он буданд, ки аз аввали саводомӯзӣ сар карда, хондану навиштан ба бачагон баробар омӯзонда шавад.
То солҳои 50-60-уми асри XIX дар мактабҳои русӣ як методикаи муайяне вуҷуд надошт. Усули асосии мактабҳои куҳна азёдкунии қоригӣ буд. Аммо ҳаракати умумии демократӣ, ки аз солҳои 60-ум сар шуда буд, ба соҳаи маориф низ бетаъсир намонд. Қатъи назар аз он ки табақаи иртиҷопарасти ҳукмрон барои аз илму дониш дур шудани омма кӯшиш мекард, пешқадамтарин шахсони доираҳои демократӣ барои дар мактаби ибтидоӣ дохил кардани унсурҳои дониши умумӣ ба ҷустуҷӯ кардани усулҳои беҳтарини таълим сар карданд. Дар натиҷа дарси хониши мактаби ибтидоӣ низ дар маркази диққат ҷой гирифт.
Дар ҳамин давра педагоги бузурги рус К.Д. Ушинский ба тарафдории хониши эзоҳӣ баромад, бар хилофи хониши механикӣ, қориёна аз ёд кардан, ки дар мактабҳои Россия ҳукмрон буд, Ушинский хониши бошуурона, мустақилона фаҳмида хондан ва методи суҳбатро ташвиқ мекард. Дар пешниҳодҳо ва дарсҳои таҳиякардаи К.Д.Ушинский масъалаи омӯхтани бойгарии забони модарӣ, инкишофи тафаккур ва нутқ мавкеи асосиро ишғол мекард. Барои он ки кӯдакон ба воситаи хониши бошуурона ва суҳбат аз фанҳои гуногун дониши ибтидоӣ гиранд, вай дар китобҳои худ “Родное слово” (Каломи модарӣ) ва “Детский мир” (Ҷаҳони кӯдакон) матнҳои табиатшиносӣ, география, астраномия, таърихи Россия, афсона, зарбулмасал, шеър, тасвири табиат ва дигар намунаҳоро дохил карда, роҳҳои таълими онҳоро муфассал эзоҳ дода буд.
Методист Балталон бо унвони “Хониши тарбиявӣ” асаре таълиф намуд ва пешниҳод кард, ки дар мактаб ба ҷойи хониши эзоҳӣ хониши тарбиявӣ ҷорӣ карда шавад. Ӯ вазифаҳои хонишро ба таври зерин муайян кард: “1. Муносибати бошуурона ва зинда ба чизи хонадшуда; 2. Бедор намудани ҳиссиёти маънавӣ ва эстетикӣ; 3. Ошноӣ бо манзараҳои табиат ва муҳит”.
Н.П. Канонькин ва Н.А.Шербакова оид ба вазифаҳои дарсҳои забони модарӣ менависанд: “Якум, забони модарӣ бояд чун востаи муҳимми тарбиявӣ ба хонандагон таъсир кунад; дуюм, вай бояд доираи фаҳмиши хонандагонро васеъ ва амиқ намуда, дониш ва эҳсосоти онҳоро бой гардонад; сеюм, забони модарӣ бояд дар шогирдон маҳорати мустақилона хонда тавонистан ва гирифтани донишро тарбия намояд; чорум, забони модарӣ бояд нутқи хонандагонро ғанӣ ва инкишоф диҳад.
Дар баробари ҳалли ин вазифаҳо дар шогирдон хониши дуруст, шуурона, ифоданоку равон ба таври мунтазам тарбия карда шавад”.
Яке аз принсипҳои асосии тартиб додани китобҳои дарсӣ ба забони равону возеҳи оммафаҳм навишта шудани онҳо мебошад. Муаллифон вазифадоранд, ки дар матни китобҳо аз дохил намудани калимаҳои душворфаҳм худдорӣ намоянд. Агар чунин калимаҳо дучор оянд, дар поварақ шарҳ дода шаванд. Ғайр аз ин, омӯзгор барои шарҳ додани калимаҳо тарзҳои гуногунро истифода барад. Масалан, методистон Н.П.Кононикова ва Н.А.Шербакова тарзҳои зеринро нишон доданд:
1. Нишон додани асли ашё ё ҳаракати он (дар сурати имкон);
2. Нишон додани расмҳо;
3. Овардани муродифи калимаҳо;
4. Шарҳи калимаҳои номафҳум тавассути ибора ё ҷумла;
5. Шарҳи калима ба воситаи гурӯҳи калимаҳо;
6. Таҳлили таркиби калима Ушинский тарафдори таълими аёнӣ буд, вай таъкид мекард ва мегуфт: “Таълими аёниро аз таълими забони модарӣ ҷудо кардан тамоман хатост, чунки, агар хонанда дар бораи ашё тасаввуроти амиқ надошта бошад, дар бораи он фикр ҳам карда наметавонад, моҳияташро низ намефаҳмад”.
Аз ин ҷиҳат вай ба адабиёти бадеӣ аҳаммияти калон медод. ”Ба ҳар кадоми ин гуна асарҳои бадеӣ, чун ба оинае назар кунем, ки ба воситаи он ба кӯдакон ягон тарафи ҳаёти халқро нишон дода тавонем. Вале ин гуна асарҳоро фақат фаҳмидани кӯдакон кифоя нест, лозим аст, ки онро ҳис ҳам кунанд,” – гуфтааст Ушинский.
Бинобар ин, Ушинский ба масал, шеър, афсона ва зарбулмасалҳо аҳаммияти калон дода, ба омӯзгорон роҳҳои гуногуни таълими онҳоро пешнииҳод мекард. Вай суҳбатро воситаи беҳтари аз худ кардани матни барои хониш пешниҳодшуда, беҳтарин воситаи таъсиррасонӣ бар эҳсосоти кӯдакон медонист. Ӯ дарси хонишро бе суҳбат тасаввур карда наметавонист: матни хониш бояд бо суҳбат эзоҳ дода шавад, хонанда бояд чизи аз суҳбат гирифтаашро бо донишҳои заминавии худ мустаҳкам намояд, асари бадеӣ ба воситаи суҳбат ба хонанда наздик карда шавад.
Суҳбат аз худ кардани асарро осон мекунад. Ҳангоми суҳбат аз саволҳои одӣ оҳиста-оҳиста ба саволҳои мураккаби ҷамъбасткунанда гузаштан беҳтар аст. Аз саволҳои зиёдатӣ ва эзоҳои барзиёд худдори кардан лозим аст. “Методҳои хониш бояд ба қолаби якранга мубадал нашаванд”- таъкид мекунад ў.
Афкори методистони аврупоӣ оид ба фаъолияти мустакилонаи омӯзишӣ чунин буд: дар вақти хондани асарҳои бадеӣ як хел рафтор кардан мумкин нест, ҳам барои хондани мақолаҳои илмии оммафаҳм ва ҳам барои адабиёти бадеӣ як усулро пеш гирифтан мувофиқи мақсад нест, вобаста ба мазмун ва хусусиятҳои онҳо малакаи хониш ҳам бояд дигар шавад. Ин ақидаҳоро В.Я.Стоюнин, Н.Ф. Бунаков, В.П.Шереметевский ва дигарон инкишоф доданд.
Методистони рус Н.С.Рождественский ва В.А.Кустараева тарзҳои дигари шарҳи калимаҳоро дар фаъолияти мустақилонаи хонандагон қайд кардаанд:
1. Нисбат додани калима ба аслу насаб ва хусусиятҳои табиияш (паланг – ҳайвони даранда);
2. Фарқи ашёи ҳамҷинс аз якдигар;
3. Тасвири мухтасари ашё, яъне номбар кардани аломат ва нишонаҳои хоси он;
4. Овардани мисолҳо;
5. Муқоисаи ашё, ҳодиса ва воқеа бо чизҳои дигар.
Методист Т.Ф. Завадская методикаи омӯзгоронро дар масъалаи ташкили хониши ифоданок зери танқид гирифта қайд мекунад, ки омӯзгор диққати бачаҳоро «на ба мазмуни матн, балки ба тарзи хониши он ҷалб мекунад, ки… ин гуна таълим рӯякист»
Ин эроди Т.Ф.Завадскаяро методистон Н.С.Рождественский ва В.А.Кустараева ҳақ шуморида, дар навбати худ таъкид мекунанд, ки “…барои хониши ифоданок муҳим он аст, ки бачаҳо матнро шуурона бихонанд»
Кисми зиёди матнҳои бадеии китобҳои забони модариро ҳикоя ташкил медиҳад. Чун ҳикоя сюжет ва қаҳрамони муайян дорад, бачаҳо нақл кардани мазмуни онро дӯст медоранд. «Масъалаи асосӣ, менависанд методистон Н.С.Рождественский ва В.А.Кустараева, дар хониши эзоҳии мактабҳои ибтидоӣ, шарҳу эзоҳи мазмуни матн, луғатомӯзӣ ва такроран нақл кардани мазмун мебошад.»
Яке аз давомдиҳандагони кори К.Д.Ушинский – Н.А.Корф дар китобҳояш «Русская начальная школа» (Мактаби ибтидоии русӣ) ва «Первоначальное правописание» (Машқҳои нахустини имло) бештар ба дикта диққат додааст. Хусусан, нақши диктаи омӯзгорро баланд мебардорад. Бо ёрии дикта дар муддати ду зимистон хонанда чунон босаводона навиштанро ёд мегирад, ки хатти ӯро бе ягон душворӣ хондан мумкин мегардад.
Методист В.Г.Яковлева ҳамаи асарҳои илмӣ ва раванди дарсҳои зиёдеро омӯхтаю ҷамъбаст намуда, ба хулосаи зерин меояд:
«Зоҳиран, вақти он расидааст, ки дар бораи методи ягонаи таълими грамматика ва имло дар синфҳои ибтидоӣ - методи аналитикӣ-синтетикӣ ҳамчун методи асосии дарккунии фаъолияти хонандагон сухан ронем ва ба кор карда баромадани он шуруъ намоем».
Афкори методистони тоҷик оид ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишии кӯдак низ қобили таваҷҷуҳ аст. Гузаштагони халқи тоҷик то истилои араб хат ва алифбои худро доштанд, ки намунаи он алифбои оромӣ “арамейский” ва хатти мехӣ буд. Бори аввал оятҳои дини зардуштӣ – “Авесто” дар давраи Сосониҳо (дар асри III эраи мо) бо алифбои оромӣ сабт гардида, дертар барои он алифбои авестоӣ (дар асри I эраи мо) ихтироъ карда шуд. Баъдтар бо таъсири хатти оромӣ хатти суғдӣ пайдо шудааст. Чӣ тавре ки шарқшиноси машҳур В. В. Бартолд қайд мекунад, “Хизмати суғдиҳо дар кори паҳн намудани алифбо... ба онҳо ҳуқуқ медиҳад, ки дар таърих аз ҷиҳати мавқеъ дар қатори финикиҳо истанд”
Таъсиси мактабу мадрасаҳо пас аз истилои арабҳо шуруъ мешавад, ки онҳо тарҳ (характер)-и динӣ доштанд. Воситаи саводомӯзӣ дар ин мактабҳо «Ҳафтяк», «Пораи Бағдодӣ», «Чаҳоркитоб» ва «Муфрадот» буд.
Баъдтар, вақте ки мактабҳои русӣ-маҳаллӣ ва мактабҳои усули нав арзи вуҷуд мекунанд, мавқеи забони модарӣ… ҳамчун фанни таълимӣ муайян мегардад.
Дар натиҷаи заҳмати пайвастаи олимони ватанӣ доир ба ташаккул ва инкишофи забон маводи қобили назар, аз ҷумла, китобҳои дарсии «Устоди аввал»-и Саидрасул Саидазизов, «Муаллими сонӣ», «Аввали илм», «Бидон», «Қонуни қудусӣ» (Грамматикаи мухтасари забони форсӣ)-и Аббосқули Мирзомуҳаммадхон», «Сарф ва наҳви форсӣ ба русӣ»-и Мирзо Ҷаъфар, «Роҳбари форсӣ» ва «Қироати форсӣ»-и Муҳаммад Расулӣ, «Алифбои забони тоҷикӣ («Баён-ул-ҳуруф»)-и Саид Аҳмади Васлӣ, «Асбоби савод»-и Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, «Роҳбари мактаб»-и Исматулло Раҳматуллозода, «Таҳзиб-ус-сибён»-и Садриддин Айнӣ ва ғайра таҳия ва нашр шуданд. Ин китобҳо байни солҳои 1880-1920 таълиф гардидаанд. Дар ин солҳо кӯшишҳои таълифи асарҳои методӣ ҳам мушоҳида карда мешавад, ки мо метавонем китобҳои Исматулло Раҳмутуллозода «Роҳбари мактаб» (Таълими Алифбо) ва Мирзоғиёс «Методикаи таълими фонетикаи забони тоҷикӣ-форсӣ»-ро номбар намоем.
То Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр мактабҳое, ки дар сарзамини тоҷикон фаъолият мекарданд, моликияти ҳомиёни ислом ҳисоб мешуданд, ки мақсади асосии онҳо дар ҷаҳолат нигоҳ дотани халқ буд. Аз ҳамин сабаб дар ин мактабҳо хеҷ гуна методикаи илмии хониш мавҷуд набуд, дарс бо усули схоластикии асримиёнагӣ давом мекард.
Мактабҳои куҳна зеҳни одами ҷавонро бо дониши бошуурона таъмин карда наметавонист.
Хулосаи таҳлил ва арзёбӣ ба афкори педагогии мутафаккирони тоҷику форс оид ба равобити рушди зеҳнӣ ва фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар мактабҳои куҳнаи тоинқилобӣ ҳамин аст, ки омӯзгорони мактабҳои куҳна бедории фикр, босавод шудани фарзандони халқи меҳнаткашро намехостанд, аз ин рӯ, ба шогирдон маълумоти қисман куҳнашудаи нодаркорро таълим медоданд.
Дар мактабҳои тоинқилобии тоҷикӣ ягона усули хониш ёдкунии механикӣ, ёдкунии қориёна буд. “Хондан, асосан, аз давраи “Чоркитоб”- хонӣ (баъд аз алифбо, абҷад ва ҳафтяк) сар мешуд. “ Чоркитоб” аз чор қисм иборат буда, асосан, мазмуни динӣ дошт ва онро Мавлоно Шарофиддини Бухороӣ ҷамъ овардааст”.
Методи хониш аз он иборат буд, ки мактаббача китобро дар даст нигоҳ медошт, домулло (омӯзгор) китобро сатр ба сатр мехонд, хонанда, бе он ки баъзан дар куҷои сатр будани чизҳои хондашудаи омӯзгорро донад, гуфтаҳои домуллоро такрор мекард. Ба ҳамин тариқ, домулло сабақи якрӯзаи шогирдро муайян мекард ва бача як рӯзи дароз (баъзеҳо ҳатто чанд рӯз) сабақи худро бо овози баланд такрор мекарданд. Ин такрори хонанда то аз ёд шудани сабақаш давом мекард ва баъд ба ӯ сабақи дигар дода мешуд.
Бар хилофи дарсдиҳии домуллоҳои мактаби куҳна, баъзе мударрисони пешқадамтар, ки саводи кофӣ доштанд ва шеърро мефаҳмиданд, то андозае ба хониши бошууронаи мактаббачагон диққат мекарданд ва маънои чизи хондаашонро аз онҳо мепурсиданд. Ин гуна мударрисон ниҳоят кам буда, аксари мактабдорон муллоҳои ҷоҳил ва бесавод буданд, ташаккули ҷаҳони маънавӣ ва саводнок шудани бачаро намехостанд, ба фаҳмида хондани ӯ қатъиян аҳаммият намедоданд.
Тафсири ин гуна усули таълим дар асарҳои устод С.Айнӣ борҳо оварда шудааст. С.Айнӣ мегӯяд: “Ман мактабро тамом кардам, лекин ҳанӯз савод надоштам. Чизҳое, ки дар мактаб хонда будам ва аз ҳамон китобе, ки аз вай хонда будам, хонда метавонистам, аммо китоби нохондаамро ва ҷизҳои хондаамро аз китоби дигар хонда наметавонистам.”
Маводи хониш дар мактабҳои куҳна, асосан, динӣ буд. Аз Ҳофиз ва Бедил ҳам бештар он порчаҳое гирифта мешуданд, ки ё мазмуни динӣ доштанд, ё онро ба фоидаи ягон ҷиҳати дини ислом ё тасаввуф маънидод кардан мумкин буд. Дар бораи шоирон ва мутафаккирони бузург дар мактаббачагон тасаввуроти тамоман нодуруст ҳосил мешуд.
Чӣ тавре муҳаққиқ Қодир Рустамов менависад, дар мактабҳои куҳнаи тоҷикӣ оид ба мавқеи забони модарӣ маълумоти даркориро дастрас кардан душвор аст, зеро олимоне, ки доир ба ин масъала қалам кашидаанд, ба ҷуз камбудӣ ва сарзанишу маломат чизи дигаре нагуфтаанд. Масалан:
1. Дар мактабҳои куҳнаи тоҷикӣ… омӯхтани алифбои арабӣ бо мавод ва методҳои хатою бемантиқ давом меёфт.
2. Ҳарфҳои алифбои арабӣ ёд дода шаванд ҳам, машқи хат гузаронда намешуд. Бинобар ин бисёр хонандагон мактабро хатм мекарданду аммо навишта наметавонистанд».
Китобҳои хониш ҳам дар ҳама ҷо як хел набуд. Дар баъзе ҷойҳо аз адабиёти бадеӣ фақат девони Ҳофиз ва Бедил хононда шавад, дар баъзе ҷойҳои дигар, масалан дар Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд баъзе мударрисон саводи ӯзбекии хонандагонро ҳам бароварданӣ шуда, девони мунтахаби Навоӣ ва Фузулиро низ мехононданд.
Хушбахтона, дар ибтидои асри XX аз байни халқи тоҷик шахсони пешқадам баромада буданд, ки мазмуни фаъолияти маорифпарваронаи онҳо аз ҷадидон фарқ мекард. С.Айнӣ аз ҷумлаи чунин шахсҳо буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё