АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
Барнома ва китоби дарси бояд мусовӣ маводи таълимиро барои ҳар як синфи (1-4) пешниҳод намояд.
Соли 1951 бо супориши Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон китоби “Методикаи забони тоҷикӣ” барои донишҷўёни омўзишгоҳҳои педагогӣ ҳамчун таҷрибаи аввалин тартиб дода шуда буд.
Нашри дуюми ин китоб (соли 1956) дар натиҷаи ғун намудани таҷрибаи муаллимони пешқадам бо ислоҳу тағйирот аз сари нав кор карда шуда буд, ки дар ин муддат дар соҳаи таълими забон бисёр усулҳои нав ва таҷрибаҳои муҳим ба миён омадаанд.
Пас аз тағйир ёфтани барномаи забони тоҷикии синфҳои I-IV китоби “Методикаи забони тоҷикӣ” ҳам аз баъзе ҷиҳатҳо ба талаботи рўзафзуни оммаи донишҷўён, муаллимон ва таҷрибаомўзон ба таври бояду шояд ҷавоб дода наметавонист.
Аз ҳамин нуқтаи назар Вазорати маорифи халқ ва нашрити
“Ирфон” аз сари нав кор карда баромадани китоби “Методикаи забони тоҷикӣ”-ро яке аз вазифаҳои системаи таълими забони модарӣ ҳисоб намуданд. Дар натиҷа, асоси Қонун, барнома ва китобҳои дарсӣ ба куллӣ тағйир дода шуд.
Дар рафти аз сари нав кор карда баромадани китоб, инчунин тақриз ва мақолаҳои доир ба методикаи забон навишташуда, таҷрибаи беҳтарин муаллимони забони мактабҳои тоҷикӣ ва русӣ, аз ҷумла, таҷрибаи муаллимони забони русии вилояти Липеск ба назар гирифта шуд.
“Методикаи таълими забони тоҷикӣ” аз V боб иборат буда, муқаддима, бобҳои методикаи саводомўзӣ, омўхтани хат ва тозанависӣ, грамматика ва имло, ба нақша даровардани дарси забони тоҷикӣ аз тарафи А.Эшонҷонов, боби методикаи хониши эзоҳӣ, инкишофи нутқи даҳанакӣ ва хаттӣ аз тарафи М. Шукуров ва боби таълими забони тоҷикӣ дар синфҳои дукомплектӣ аз тарафи М.Раҳмонов навишта шуда, соли 1964 аз чоп баромад.
Барномаҳои таълимии солҳои 1976-2002 чунин аст:
Маълум аст, ки усули таълим як хел намеистад, тарзҳои нави методӣ доим дар инкишофанду усулҳои нав ба нави таълим ба вуҷуд омадан мегиранд. Методикаи таълими забони тоҷикӣ ҳам дар асоси мушоҳида, омўхтани таҷриба ва усулҳои нави методӣ боз ҳам инкишоф ёфта, беҳтарин таҷрибаҳоро дар худ инъикос карда меистад.
Грамматика ва имло чорсоларо ба се соли таҳсил тақсим кунем. Вале ин чунин маъно надорад, ки мо боз ба барномаи пештараи чорсолаи соли 1 баргардем. Бо мақсади роҳ надодан ба хатоҳо, пеш аз ҳама, тавсияҳои қарори Пленуми апрелии соли 1984 КМ ҲКИШ-ро сармашқи кори худ намуда, ба барномаи таҷрибавии 5-рӯзаи таълим гузашта, барномаи мавҷудаи таълимро асос кардан лозим буд.
Ислоҳот, мисли пештара, мавзуи хондану навиштанро дар мадди назари аввал мегузорад. Ба ин маънӣ, мо вазифадорем, ки барномаи ин фанро ҳамаҷониба фикр карда мураттаб намоем. Барои ин маводи зарурӣ дорем. Мо метавонем ба барномаҳои муддати сол амалкарда, таҷрибаи таълими ибтидоии забони модарӣ дар мактабҳои ҷумҳурӣ ва натиҷаи таҷрибаҳое, ки гузаронидаему гузаронида истодаем, такя намоем.
Барнома бояд мақсаду вазифаҳо, мундариҷаи дониш, маҳорат ва малакаҳои хонандагон, шаклҳои ташкили таълим, метод, тарзу воситаҳои омӯзиши забони модариро ба тариқи мухтасар, вале равшану возеҳ ифода намояд.
Унсурҳои асосии нутқ: ҷумла, калима, овоз ва ҳарф барномаи забони модарии синфҳои ибтидоиро ташкил мекунад. Алоқа ва робитаи ин унсурҳо дар барнома ва китобҳои дарсӣ ва дар ҷараёни дарс бояд ба назар гирифта шавад.
Омўзиши “Овоз ва ҳарфҳо” мавзуи асосии синфи 1 (-7солаҳо) аст.
Дар синфҳои II-III бошад, он характери такрорӣ дорад. Дар барномаи нав ин мавзуъ дар синф II таълим дода мешавад. Вале тарзи пешниҳоди он чи дар барнома ва чи дар китобҳои дарсӣ ба куллӣ фарқ мекунад.
Аввал ин ки мо ин мавзуъро ба синфи II гузаронида, алоқаи онро аз мавзуъҳои синфи 1 (шашсолаҳо) ҷудо намекунем. Дар синфи I хонандагон баъди таълими савод ҳам қариб ҳамаи ҳарфҳоро (хурду калон) аз ҷиҳати техникиашон машқ мекунанд. Ин имконият медиҳад, ки мо машқи хатро дар давраи таълими савод (соати дуюм) гузаронида, давом диҳем ва алоқамандии як марҳилаи корро бо марҳилаи дигари таълим таъмин намоем. Дар синф II баробари машқи ҷиҳати техникии ҳарфҳо, ҷиҳати дурустнависӣ ба эътибор гирифта мешавад. Яъне, имлои онҳо дар калима ба назар гирифта мешавад. Ҳамаи ҳарфҳои забонамон аз ҷиҳати техникӣ (ҳусни хат) машқ карда шавад ҳам, ба он ҳарфҳое, ки характери имлоӣ доранд (и, ӣ, у, ӯ, д, т, ҳ, қ, ю, я, й...) бештар диққат додан лозим аст. Масалан, яке аз ин ҳарфҳо ду хел машқро талаб мекунад: яке машқи хат ва дигаре машқи имлояшон дар калима, ки ҳар ду дар алоқамадии якдигар мегузаранд. Тадриҷан машқи техникии ҳарф аз байн меравад, вале машқи имло давом мекунад ва дар синфҳои боло идома меёбад. Аз ҳамин ҷиҳат таълими “ Овоз ва ҳарфҳо” дар синфи II ба поён намерасад, балки дар синфи III идома меёбад. Дар синфи IV ин мавзуъ пешниҳод карда намешавад, вале машқи калимаҳои душворнавис бо баъзе ҳарфҳо, ки дар ҳар қадам вомехӯранд, мунтазам таъкиду пешгирӣ карда мешаванд.
Калима. Мазмун ва доираи таълими мавзуи “Калима” дар синфҳои ибтидоӣ хеле васеъ аст. Вақте ки мо калима мегӯем, ҳам воҳиди лексикӣ- луғавӣ ва ҳам воҳиди грамматикии онро дар назар дорем. Тавре ки дар барнома дида мешавад, (1986) барои таълими воҳиди луғавӣ-лексикии калима дар синфҳои ибтидоӣ ягон соати алоҳида ҷудро карда намешавад. Кори луғавӣ-лексикӣ вазифаи ҳаррӯза, ҳарсоатаи омӯзгор буд ва мемонад. Фарқ дар он аст, ки солҳои охир ба туфайли баъзе таҳқиқоти носуфтаю нобехта кори лексикӣ нисбат ба луғатомӯзӣ бартарӣ пайдо намуд, ки ин хатои маҳз буд ва бори бачаҳо вазнин шуд.
Барномаи оянда бояд онро ба назар гирад ва таъкид намояд, ки кори асосӣ дар ин соҳа кори луғатомӯзӣ мебошад. Корҳои лексикӣ бояд дар заминаи луғатомӯзӣ ташкил карда шаванд.
Агар аз бачаҳо пурсем, ки сифат ва аломати “пахта”-ро номбар кунед, онҳо ҷавоб медиҳанд: сафед, мулоим, маҳин, сабук. Ин кори луғатомӯзӣ аст ва агар корро давом дода пурсем, ки калимаҳои муқобили “сафед” ва “сабук” кадомҳоянд, ҷавоб медиҳанд, ки сиёҳ, дурушт, вазнин. Ин кори лексикӣ мебошад. Ҳамин тавр, вазифаи луғатомӯзӣ зиёд ва фаъол намудани захираи луғати бачаҳо бошад, вазифаи корҳои лексикӣ, ки аз корҳои луғатомӯзӣ бармеояд, бар замми зиёд намудани захираи луғат васеъ ва муайяну равшантар кардани маънои калима аст.
Махсусан, ба он қоидаҳои имлоие бештар диққат дод, ки хонандагон пеш аз навиштан ё ҳангоми навиштани ин ё он кори хаттӣ онҳоро ба хотир оварда истанд ва ба онҳо такя намоянд.
Синфи I. (шашсолаҳо) Саволҳои Кӣ? Чӣ? Киҳо? Чиҳо? Чӣ кор кард?
Чӣ кор мекунад? Ба гурӯҳҳо ҷудо кардани ашё. Машқҳои мантикӣ оид ба ашё. Калимаҳои асосӣ ва муҳим, наздик, азиз, меҳрубон ва навозиш.
Фосила дар байни калимаҳо.
Синфи II. Муқоисаи калимаҳои ҷудогона ва калимаҳои алоқаманд.
Ҷумларо ташкил намудани калимаҳои алоқаманд. Тақсими калимаҳо аз рӯйи саволҳои Кӣ? Чӣ? Киҳо? Чиҳо? Чӣ кор мекунад? Чӣ кор кард? Чӣ мешавад? Чӣ хел? Кадом?
Номи ашё ва ба кор бурдани саволҳои кӣ? киҳо? Ному насаби одамон, падару модар, хешу табор. Бо ҳарфи калон навиштани аввали ному насаби одамон.
Номи ашё ва саволҳои чӣ? чиҳо? Синф, мактаб, кӯча, хона, асбобҳои рӯзгор, асбобҳои деҳқонӣ, асбобҳои чӯпонӣ, мӯзадӯзӣ, ферма, номи техникаи кишоварзӣ. Номи ашёи заводу корхонаҳо, почта, мағозаи хӯрок, номи гулҳо. Бо вергул ҷудо кардани ашё.
Номи деҳаҳо, дарёҳо ва кӯҳҳо, шаҳрҳо ва кӯчаҳо. Бо ҳарфи калон навиштани аввали номи деҳаҳо, дарёҳо, шаҳрҳо, кӯчаҳо.
Ҳайвонҳои ваҳшӣ ва хонагӣ. Бо ҳарфи калон навиштани лақаби ҳайвонҳо.
Машқҳои мантиқӣ. Ҳар як ашё ҷойи худро дорад.
Ҳаракати предметҳо. Саволҳои чӣ кор кард? чӣ кор мекунад? чӣ шуд? чӣ мешавад? Ҳаракати гуногуни ашё бо вергул чудо кардани ҳаракати онҳо. Ҳар як ашё ҳаракати худро дорад. Машқҳои амалӣ доир ба истифодаи ҳаракати ашё нисбат ба худи онҳо.
Бо истифодаи ашё ва ҳаракати он сохтани ҷумлаҳо. (Офтоб баромад. Шодӣ омад.)
Аломати ашё. Саволҳои чӣ хел? кадом? Аҳаммияти истифода бурдани аломати ашё дар ҷумла. Аломат ва нишонаҳои фарқкунандаи фаслҳои сол. Рангҳо ва номи онҳо.
Синфи III. Реша ҳамчун қисми маънодори калима. Қалимаҳои ҳамреша ё хешу табор. Аз байни калимаҳои зиёд ҷудо карда тавонистани калимаҳои ҳамреша.
Исм. Аҳаммияти исм ва саволҳои он. Исми хос, ҷамъбандии исмҳо.
Пасвандҳои исмсози -чӣ, -гар, -зор. Интихоби калимаҳои ҳаммаъно, муқобилмаъно.
Сифат ва саволҳои он. Аҳаммияти сифат дар нутқ. Алоқаи сифат бо исм. Бандаки изофии -и. Калимаҳои ҳаммаъно, муқобилмаъно.
Феъл ва аҳаммияти он дар нутқ. Саволҳои феъл. Замонҳои феъл: ҳозира, гузашта, оянда. Дар нутқ истифода бурдани феълҳои ҳаммаъно ва муқобилмаъно.
Пешояндҳои ба, аз, дар, бо ва аз калимаҳои дигар ҷудо навиштани онҳо.
Мувофиқи саволҳо ба ҳиссаҳои нутқ (исм, сифат ва феъл) ҷудо карда тавонистани калимаҳо.
Синфи IV. Машқҳои амалӣ оид ба ҳиссаҳои нутқ (исм, сифат, феъл аз рӯйи саволҳо). Маълумоти умумӣ дар бораи ҳиссаҳои нутқ: исм, сифат феъл, пешояндҳо ва ғайра.
Исм ва таърифи он. Саволҳои исм. Исми хос ва имлои онҳо.
Исмҳои танҳо ва ҷамъ. Пасвандҳои ҷамъсози -ҳо, -он, (-гон, -ён). Исмҳои сода. Ҳамсадоҳои д,т дар охири исмҳои сода. Исмҳои сохта. Пасвандҳои
-чӣ,
-гар,
-зор,
-сор. Имлои исмҳои сохта.
Сифат ва таърифи он. Саволҳои сифат. Аҳаммияти сифат дар нутқ,
Алоқаи сифат бо исм. Ҳамсадоҳои д, т, дар охири сифатҳо. Пасванди - тар ва имлои сифатҳое, ки бо ин пасванд сохта мешаванд.
Феъл ва таърифи он. Саволҳои феъл. Замонҳои феъл: ҳозира, гузашта ва оянда. Ҳамсадоҳои д,т, дар охири феълҳо.
Пешояндҳои ба, аз, дар, бо, барои ва имлои онҳо.
Пайвандаки ва, вазифа ва имлои он.
Ҷумла муҳимтарин унсури нутқ мебошад. Мазмун ва доираи таълими он низ хеле васеъ аст. Дар давраҳои аввал хонандагон ба ҷумла бо роҳи машқҳои амалӣ шинос мешаванд, баъдтар ба онҳо маълумоти назариявӣ ҳам медиҳем.
Синфи I. Аз нутқ ҷудо намудани ҷумла ва нишон додани аломати шартии он.
Бо ҳарфи калон сар кардани ҷумла ва гузоштани нуқта дар охири он.
Синфи II. Машқҳои амалӣ бо матнҳои алоқанок ва ҷумлаҳои ҷудогона. Аз матнҳо ҷудо кардани ҷумлаҳо. Ба ду ҳисса тақсим намудани ҷумла: дар ҳиссаи якум сухан дар бораи кӣ ё чӣ меравад ва дар ҳиссаи дуюм дар хусуси ҳамон кӣ ё чӣ ягон чиз гуфта шудааст.
Нақшаи ҷумла ва нақшҳои амалӣ аз рӯйи он: Нишон додани ҷумлаи хабарӣ ва саволӣ дар нақша. Ҳарфи калон дар аввали ҷумла, нуқта ва савол дар охири он. Пас аз нуқта ва ё савол бо ҳарфи калон сар кардани ҷумлаи дигар.
Синфи III. Таърифи ҷумла. Хелҳои ҷумла: ҷумлаи хабарӣ, саволӣ ва хитобӣ. Нишон додани аломатҳои шартии хелҳои ҷумла (.,?, !)
Синфи IV. Таърифи ҷумла (такрор). Сараъзоҳои (климаҳои асосӣ) ҷумла. Мубтадо ва хабар. Мувофиқати хабар бо мубтадо. Аъзоҳои пайрави ҷумла (онҳоро ба хелҳо ҷудо накарда). Ҷумлаҳои чидааъзо ва ба кор бурдани вергул дар онҳо. Пайвандаки ва дар ҷумлаҳои чидааъзо.
Ин буд мазмуну мундариҷаи тахминии забони модарӣ дар синфҳои
I-IV.
Ба андешаи устод М.Лутфуллоев “яке аз корҳои асосӣ ва муҳим дар ин соҳа мураттаб сохтани нусхаҳои гуногуни нақшаҳои таълим мебошад.
Мо чунин мешуморем, ки таълими муштарак маҳз дар ҳамин нақшаҳо ифода меёбад. Азбаски нақшаи таълим дар ин маврид дар синфҳои ҷудогона фарқ мекунад, мо онҳоро алоҳида меорем. Инак, чанд нусхаи онро дар синфҳои ибтидоӣ баррасӣ мекунем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё