Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ҷонибе мўйсафед намоён мегардад, баногаҳ.

Дар ҷое, ки аспро баста рафта буда, издиҳоми бачаҳоро дида, ба ҳайрат омадааст. «Чӣ шудааст а? Мабодо фалокате ба миён омада бошад вобастаи асп?» аз андоми пирамард хавотирие хеста, қадамашро тез кардааст.

- Пирамарди дев омад ъа! - аз миёни бачаҳо баланд гардида буд овоз. Балки баъд афзуда буд: - Гурезе-ед а!

Мисле, ки миёни гунҷишкон баногаҳ санге фитода бошад, ҷонҳавл парешон гардида бачаҳо.

Нахўтак аз саросемагӣ по ба по печида, афтидааст: ҷави мухашшари боқимондаи қуттичаи дасташ рехта. На вобаста ба ин Нахўтак ҷонҳавл бархеста, аз қафои дигарон гурезашро идома медиҳад.

Фақат ду кас гурехта натавонистаанд, яъне Гавҳар ва

Сўҳроб.

Гавҳар болои асп монда, намедонад чӣ тавр фарояд.

Сўҳроб бошад нўхтаро сар надода, кўшиш мекунад, аспи беқароршударо ором бисозад ва фитодани Гавҳарро боздорад.

Мўйсафед расида омадааст осемасар ва ҳамоно банди алафи пуштораашро ба замин партофта, ба асп наздик мешавад. Ба саманде, ки болои он мувозинати Гавҳар вайрон гардида, якёна нишеб шуда ва моили фитодан бошад.

Ниҳоят аз фитодан бозмедорад вайро мўйсафед, баъдан аз асп ҷудо карда мегирад.

Духтарак мисли мусича, ки аз банд раҳо карда бошанд, баъди варо рўи замин гузоштани мўйсафед, меоварад рўй ба гурез.

Сўҳроб низ майли рафтан мекунад, вале мўйсафед банди дасти вайро дошта. Писарак аз биме, ки пирамард вайро мезанад, як дасташро барои ҳимоя бардоштааст пеши рўяш.

Аммо аз тарафи пирамард таҳдиде ҳис намешавад.

- Ёрии ту лозим барои сўи ҳавлӣ бурдани асп! - мехро барканда, ресмони нўхтаро ба дасти Сўҳроб додааст пиракӣ ва худ хам гардида, хўрҷин ва банди алафро бардоштааст ва равона шуда.

Сўҳроб муддате аз дунболи ў менигарад, сипас аз чӣ бошад, ресмони нўхтаро кашида, сўи ҳавлии мўйсафед қадам бармезанад.

Асп меравад аз думболи вай оҳиста-оҳиста сум баргузошта…

VII

Дар суфачаи байни зинаҳои бинои баландошён ҷамъ омада буданд бачаҳо, аз ин ҷо мепоиданд, чӣ тавр мўйсафед

Сўҳробу аспро ба дарвозаи ҳавлиаш ворид мекунаду аз дунбол худаш даромада, дарвозаро мепўшонад.

- Боз ба ягон бало напечонад Сўҳроба ун девмард! - воҳима намуда бачае дар ниҳоят.

- Ана худатон ҳам шоҳид, ки пиракӣ девона-ъ! - воҳимаи дигар хезонда буд Нодир. - Инро борҳо гуфта будам барои

Сўҳроб, лек вай бовар намекард.

- Чӣ хел девона-а ун мўйсафед?- ҳайрон бишуд Гавҳар.

- Охир кадом одами калладор аспашро монда, худаш банди алафро пуштора карда меоварад? - далели баэътимод пеш овардан бихост Нодир.

Ба ин касе нуқта нагирифт, зеро барои нуқтагирӣ асос ҳам наёфт.

Хомўширо баъди муддате баршикаст овози Нахўтак:

- Бо вуҷуди ин Сўҳроба халос кардан лози-им аст…

Бачаҳо дар андеша монда буданд, ки чӣ хел наҷот додан мумкин аст вайро?

- Агар пули ҷамъкардая бурда, ба мўйсафед бидиҳем, мумкин аст Сўҳроба озод кунад, - чора дарёфт, дар ниҳоят, худи Нахўтак.

- Дуруст, - тасдиқ намуданд бачаҳо. - Ту Нодир ба ҳавлии мўйсафед рафта, санҷида бин.

- Ёфтед нодона-то-на-а ъа! - шўрид Нодир. - Хоҳед мўйсафед маро ҳам зиндонӣ кунад? Ба назди девона мерафтагӣ бошед, худатон раве-ед ъа!

- Ман меравам, - баъди андак тааммул ба чунин хулоса расид Нахўтак ва сўи Нодир даст дароз намуд: - Фақат пулҳои ҷамъкардаатро ба ман буте, ки барам барои мўйсафед!

- Тангаҳоя? - дар ҳолати нобоб бимонд Нодир. Вале илоҷи халосӣ дарёфт ҳамоно ва нимғурма бикард: - Онҳо дар дасти ман неста-анд.

- Чӣ хел?- ҳайрон шуданд бачаҳо.

- Вақти гурехтанам рехтанду гум шудаанд. Яъне дар ун майдони алафзор, паҳлўи ҳавлии мўйсафед.

- Гум кардӣ-ӣ? - абрў ба ҳам баркашид Нахўтак.

- …Вақти гурехтан аз кисаам афтодаанд…

Дар миён сукунати пуризтироб лангар андохта буд.

- Чун пул намондааст, пас барои халос кардани Сўҳроб, як роҳ ҳаст, яъне милисияро даъват карда овардан, - таклиф пешниҳод намуд бачае.

- Фикри на-ағз, - тасдиқ намуд Нахўтак.

- Худи ман рафта хабар медиҳам милисаро, - ба забон овард, баногаҳ Нодири хапшуда, ки ҳоло аз ин ҷо дур шудан мехост.

- Ман бошам, ба модари Сўҳроб хабар медиҳам, - аз зинапоя нишеб гардид духтарак Гавҳар.

Аммо Нодир ба кадом андеша рафту беҳаракат биистод.

- Ту чаро шах шуда мондӣ? - тоқат накарда, пурсид

Нахўтак. - Рафтанат лозим буд барои овардани милиса.

- Ҳа, лозим… - даступо хўрд Нодир. - Лозим, то мўйсафеди девона Сўҳроба маъюб накунад…

Нодир аз зинапояҳо нишеб мегардид, гўё ҳаракати бошитобе дошт, вале паси иморат гузашту қадамашро суст бикард. Якрўя гашта, қафо нигарист. Аз ин ҷо суфачаи байни зинапояҳо бинои баландошён, ки бачаҳои боқимонда ҳанўз он ҷо буда, наметофт. Аз ин Нодир хотирҷамъ гардиду дигар шитоб намекард, аз боисе, ки худашро аз ҳалқаи бачаҳои даъвогар раҳоӣ бахшида буд, баҳузур, қадам бармезад ва баробари ин, гўё ташнагии фузудааш, нав ба ёдаш мерасиду онро шикастан мехост. Албат, коре, ки гирди асп анҷом дода буд, одамиро тасфонда ва ташна ҳам карда метавонист. Ва

Нодир ба қаъри кисааш даст андохта, тангаҳое берун биовард, ки аз савор кардани бачаҳо ба асп рўёнида буд.

Сўи милисахона нею, балки ҷониби автоматҳои пулмайдакунӣ қадам бармезад.

- Ман танга дорам, бо инҳо майда карда тавонам пулҳои шуморо, - овоз баровард.

Яъне тангаҳои аз паси аспсавории бачаҳо рўёндаашро аз қаъри кисааш баровардаистифода бурданӣ буд , акнун, барои фоидаи дигар бардоштан.

VIII

Мўйсафед банди алаф ва хўрҷинро рўи ҳавлиаш монда буд ва ба Сўҳроб, ки назди саманд меистод, изҳор бидошт:

- Ҷонвар ташна. Агар бемалол бошад, ба вай об буте.

Сатил ҳу-у дар назди охурча…

Сўҳроб ҳанўз нобовар меистод дар ҳавлии фароху куҳнасохти мўйсафед.

Сипас вай сатилро гирифту об овардан бихост.

Ҷонвар онро фир-фир фурў мекашид. Балки бо тарзи аҷиб фурў мебурд обро, ки Сўҳроб чашм канда наметавонист аз он.

Мўйсафед фўтаи миёнашро баркушода, арақи сару гарданашро тоза мекард, баробари ин аз зери чашм назора менамуд ҳаракатҳои бачаро.

- Ин Бўр ном дорад, - ба ҷонвар ошно кардан хост

Сўҳробро дар ниҳоят.

Бачаяк ба маънои «фаҳмидам» калла ҷумбонд.

- Барои чӣ ту дигарон барин нагрехтӣ а?

- Тарсидам, ки аспа сар бидиҳам, вай сахттар такон мехўрад, духтараки болояш меафтад.

- Аз ман натарсидӣ а? - кунҷковӣ намуд мўйсафед.

- Аз шумо…- Сўҳроб забон хоид. - Ба ростӣ, аз шумо ҳам, тарсидам……- қоил биомад.

Мўйсафед табассум кард, аз чойник чои хунук бирехт ба пиёла.

- Нў-ўш. Маълум, ки ташнаӣ. Ин гармӣ чунон сарсўз, ки фақат об дамашро паст нишинда тавонад…

IX

Дар ҳақиқат ҳаво сарсўз буд.

Аз ин боис Нодир назди автомати газоб кори зиёде дошт, яъне аз ҳисоби майда кардани пули ташнамондагон маблағи илова ба каф овардан мехост. Бозораш гиро буд, аз ёдаш баромада, ки мерафт бояд барои хабар додан ва овардани милиса. Яъне барои раҳоӣ бахшидани Сўҳроб.

Балки аз ёдаш рафта буд Сўҳроб.

Дар дукони яхмосфурўшӣ рўи тахтачае навиштае ба назар мерасид: «Яхмос нест».

Фурўшандаи бекормондаи дукон, аз тарафи дигар,

«кушоиши кор»-и Нодирро дида, аз ҳасад калла меҷунбонид, ки «ин балоча пул кор карда метавонад дар ҳама ҳолат!»

Фақат, баногаҳ, пайдо шудани милисияро дида, дар қиёфаи зани яхмосфурўш ҳиси мамнунӣ пайдо гардид. Яқин гумон мекард, ба даст меафтад, ҳамин ҳозир, Нодир.

Вале аз милиса нагрехта буд Нодир. Балки сўи вай табассум карда буд, дар ниҳоят.

- Салом, рафиқ, командир, - изҳор дошта буд.

Ҳарчанд рутбаи милисионер командир набуд, вале ў алек баргирифт, барои дилёб будани ин бача.

- Зуд-зуд пайдо мешавӣ ин ҷо-о а? – баъд кадом чиз ба ёдаш расида, буруташро бо ду ангушташ тоб дода, пурсид.

Пайдо мешавӣ хоса рўзҳои охир.

- Ҳаво беҳад га-арм, - ҷавоб дарёфт Нодир, - дили кас газоб мехоҳад.

Баъд суханро ҷониби дигар кашидан бихост. Яъне гўё кадом чизи муҳими дигар ба ёдаш расида буд:

- Вале, рафиқ командир, ман шуморо кофта ин ҷо омада будам.

Қиёфаи милисаро ҳайрат баргирифта.

- Маро мекофтӣ?

- Раҳораҳ нақл мекунам, ки барои чӣ мекофтам? - изҳор дошт Нодир сўи бинои нави баландошён ишора намуда: - Ҳо- о, ун биноро мебинед а?

- Чаро набинамаш? - баъд ба забон оварда буд милиса.

- Ҳавлии куҳнасохтро чӣ?

- Мебинам.

- Мўйсафеди девона ва аспашро медоне-ед а?

- Ҳамаашро медонам. Ман милисаи ҳамин маҳалла, - қиёфааш кадом як қатъиятро мегирифт торафт: - Вале кӣ гуфт, ки мўйсафед девонаъ?

- Набошад барои чӣ аспи пира азоб медиҳад?

- Чӣ хел азоб медиҳа-ад?

- «Дар шаҳри ҳама ҷояш асфалту бетонпўш, миёни чанги заводҳо, дуди бензин ҳайвони безабона нигоҳ доштан ҷабр нест?» - яъне ҳамин хел мегўянд падару модари ман, - Нодир давом дода буд ба ин равиш: - Охир барои асп ҳавои тоза, офтобу алафзор, ҷойи кушодтар лозим… Ё нодуруст гуфтам а?

- Дуруст, - розӣ шуд милиса дар охир.

Нодир бештар мафтуни гуфтаҳои худ гардида, идома ҳамедод:

- Раҳми кас меояд ба ин ҳайвонҳо. Ростӣ, ба ун мўйсафед ҳам. Дар ин ҷо чӣ хел зиндагӣ мекунанд, ки шароити зиндагӣ надоранд…- ва афзуда буд: - Ба ҷои ин ҳавлии фатарот, дар асл, майдончаи бозӣ месохтанд хубтар набуд? Он вақт, мо, бачаҳо, ҳар сў саланг-саланг беҳуда намегаштем ва ин ҷо волейболу баскетбол мезадем ё дигар хел бозӣ мекардем. Ин нағз набу-уд а?…

Милиса ба вай тарзе менигарист, ки каллаи ин бача кор мекунад, яқинан.

пешина
аз 34
навбатӣ