Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Издиҳоми тўякиҳо аспу савор ва нукарони аз канори шаҳр, аз миёни теппаву сой намоёншударо, дар даст шамшеру ханҷару табарзин доштаро бидида, аз гардиш монданд. Садои дафу сурнайи тўй ҳам паст рафта, мурда буд.

Арўсу домод ҳайратзадаву пуршигифт меистода миёни роҳ.

Умуман ҳама чизи вобастаи Истаравшан шах шуда монда буд, ҳатто боғоти сарсабзу шукуфо ва пур аз мева!

Баъд навҷавоне дар воридгоҳи шаҳристон оҳи ҷонкоҳ баркашид, зеро тирчўбаи парида, бархўрда буд ба вай.

Саворони ҷавшанпўш дар канори шаҳристону боғистон ҳар касе, ки сари роҳ дучорашон меомад, теғ зада мегузаштанд ё табарзинашон ба онҳо бархўрда, сарашонро болои гарданашон овезон мекард.

Тўякиҳои сангшуда ба фаҳми баъзе чиз расида, ба ҷумбиш омада буданд; акнун, ҳар кас дар сурати савори ҳуҷумгари душман марги худро ва фавти наздикони худро медид, ҳар тараф гурехтан ё наздикони худро панаҳ кардан мехост.

Зеро ин ҳуҷуми ногаҳон ҳамаро саргиҷу бесомон карда, ҳатто тўякиҳои ваҳмзада, беихтиёр, арўсу домодро пахш карда мебурданд ҷонибе. Балки саворони бо шаст омадаи рақиб одамонро ба ин водошта буда. Арўс мувозинаташро гум намуда, қатори чанд одами ошуфтаи пахшхўрда фитода буд.

Тел-тели одамон ва ҳамлаи наздикшудаи навкарони лашкари душман ба арўс имкон намедод, худашро рост гирифта тавонад.

Домодро бошад издиҳоми ба ғирев омада ва печида, тела дода, дуртар мебурда.

Аз дасти бачае, ки гурехтан мехосту каллапеч фитода чошалак ва сафедиҳои аз тўй барчида, рехта, зери пойи аспони дартози рақиб мемонда, аз таъсири чангу хоки пошхўрда хира мегардида. Бача падару модари худро ҳам гум карда миёни издиҳоми пурпечу пурталотум.

Саворон, ки аксар чашмони танг ва риши борику тунуки ба риши буз шабеҳ доштанд, андаруни кўча ва гузарҳои қадима ворид мешуданд. Пиёдагардон ба боғот зада медаромаданд.

Пешопеши ин лашкари ҳамлавар марди кулоҳаш заррин ва ҷавшанаш заркўб ба назар мерасид, ки хони унҳо буд.

Даҳшати ҳуҷуми ногаҳонро мушоҳида мекарда Шоираи

Истаравшан. Мушоҳида мекард бо чашмони ваҳмзадаи ҳайроне.

Ва Аржанг ҳам медид ин арасоти ногаҳон падидомадаро.

Ин ҳангом арўс худро бехи посхадевор кашида буд, такя ба он зўр зада, тани зарбхўрдаро рост гирифтан мехоста.

Домод дар дами издиҳоми ваҳмзадаи ҷонибе равонабуда ҳоло ҳам наметавонист ба арўс наздик бишавад.

Кўчаҳои чанде муқаддам орому осуда, ҳотаҳои таскинбахшу фароғатбор, иморату боғоти осоишёфтаи Истаравшан аз тароқотуруқи суми аспон ва ғавғо ва фиғон ба ларза омада буд.

«Во ҳасрат-оо!», «Хонем сўхт оо!» - шабеҳи ин шунида мешуд аз ин ҷониб ва аз он ҷониб, ки ба зану пирсолоне мансуб буд.

Ду мўйсафеди Истаравшан ва ду дарвеши солхўрда, ки дар оғоз бо тарзи худ шўхӣ карда, таманно менамуда, ки «ҳамин дамҳои шодӣ парешон мабодо!» ҳолиё фоҷиаи навбатиро шоҳид гашта, бовар намекарда бо чашмони ба дарун чўкидаи худ.

Фақат дарвешон, на вобаста ба солхўрда тофтан, ба худ омада, бо асоҳои бардоштаи худ дами шамшеру шофу найзаи саворони наздикомадаро доштан мехоста, яъне аввалин шуда, ба мудофиа гузашта буда.

Ин барои баъзе ҷавонон ва мардони Истаравшан ишора буд, ки чизи муҳимро ба хотирашон мерасонид: яъне аз пайи дифоъ шудан лозим аст!

Зумрае бо дав ба боғхонаи худ ворид мегашта, то силоҳи вогузоштаро бигиранд. Вале даст ба силоҳ набурда ё ҳанўз набардошта, тирчўба мехўрда, аксаран. Онҳое, ки фурсат ёфта, бо тирчўбаю каҷкамон мебаромада, теғу найзаи омадагон ҷонибашон равона мешуда. Ба истаравшаниҳо кам муяссар мегардид барои тирандозӣ ва барои шамшерзанӣ ва ё барои ҷою ҳолоти мувофиқ пайдо кардан ва шинак баргирифтан.

Бо вуҷуди ин ҳолати дифоъ ба миён меомад оҳиставу муттасил.

Ду дарвеш асоҳои худро ҳамчу яроқ истифода мебурданд ва истодагарӣ мекарданд ҳамон.

Муҳориба авҷ мегирифт.

Омадагон ба касе раҳм намекарда, бо дами шамшеру найза мезада, бо хун ҷўлон мекарда, ҳатто наврасу кўдакони

Истаравшанро чунин мекарда.

Бачаяк, ки чошалаку сафедии тўй аз дасташ рехта буд ва падару модари худро ҳам миёни издиҳоми печида гум карда буд, ниҳоят рў ба гурез биовард.

Гурехтани бачаро ба мушоҳида гирифтанд ду навкари чингизсимо.

Даме ки бача қад-қади шоҳҷўй медавид ва дур рафта, халос ёфтанаш яқин мегардид тирчўбае равона карданд ҷонибаш. Яке ба китфу омехтаи тахтапушти бача бархўрд ва ўро такон бидод, андаруни ҷўй ғалтонд. Вале ду чингизбашара ҳамоно мерафта ба ун ҷониб. Фақат бачаро надиданд, ки об варо ба новаи дароз кашида буд. Аммо аз ҷониби дигари нова берун намешуд ҷисми бача, балки оби нова кам мебаромад аз охир ва дар аввал дам шуданаш эҳсос мегардид.

- Даруни нова дармонда, он ҷо мурдагист, - ба гуфтаи худ итминон бикарданд ду чингизбашара ва бирафтанд ҷониби гурезагони дигар ва раҳораҳ зеҳи камон тирчўбаҳои навбатӣ зер карданд, ки бошандагони дигарро ҳадаф қарор бидиҳанд.

Аржанг дасти ҳамсоядухтро баргирифта медавид ба ҷониби ҳавлиҳои ошно, ки чанде муқаддам яке ин ҷо меваи биҳӣ мечид ва дигаре зери шохсор китоб варақ мезад ва шеър иншо менамуд. Ҷониби дигар ҳам рафтани унҳо мумкин набуд ҳоло, ки ҳама самтро бурида ва баста буда ҳуҷумгарон.

Аржанг ва Шоира ба боғи ҳамсоябача, ки нисбатан наздик буд, бо шаст ворид шуда, занҷири дарвозаро аз дарун саросема гузаронда, маҳкам карданд. Ба тахтаи дарвоза тахтапуштро пахш намуда, нафаси дар гулў печидаро, зўр зада, рост карданӣ мешуданд.

Вале дар берун ғиреву ғавғо поён намерафт.

Ҳамин Аржангро вомедошт, танашро аз дарвоза барканда, бидавад ҷониби ҳезумхона. Навдаҳои хушки бандбастаро кашида, ҷонибе мепартофт вай. Ниҳоят аз зери онҳо намоён шуд каҷкамону як даста тирчўба. Аржанг унҳоро чанг зада, баргирифт, ҷое баргашт, ки бехи ниҳоли биҳӣ буттаҳои зиёд руста ва сари девор андак хамхўрда буд.

Аз ин хамхўрда вай савори рақибро, ки ба арўси дар кўча монда наздик меомада ва ин нозанинро аз байн бурданаш мумкин буда, нишон баргирифт.

Тирчўба аз зиҳи кашидашудаи каҷкамони Аржанг парида, навкари рақибро аз сари саманд чаппагардон кард.

Саманд аз афтидани соҳиби худаш тўрида, шиҳакашон тарафи дигар хез зад, рў ба гурез биовард, соҳиби афтодаашро, ки пояш дар узангӣ дармонда буд, кашида мебурд.

Арўс бошад аз марги яқин халос хўрдани худашро дарк намуда, рў ба гурез ҳамеовард.

Вале аз пеши роҳи вай баромад навкари пиёдае ва арўсро даст гирифтан ё нобуд кардан бихост.

Тирчўба аз камони Аржанг париду ин навкарро ҳам пеши пойи арўс хобонд.

Арўс ба ёриву мадад, ки аз ғайб меомад ё ҷойи дигар бо ҳайрату нобоварӣ назар мебурд - зеро Шоираву Аржанги паси шохаву буттаҳои бехи биҳӣ ва паси девори хамхўрда ниҳонро намедид.

Азбаски пеши роҳи арўс кушода шуда буд, рў ба гурез биовард, ба хамгашт, ки рақибе наметофт, худро андохтанӣ бишуд. Вале аз пеш чанд нукари бегона сар бизаданд. Арўс тоб бихўрд, ба тангкўчаи дигар ворид бишуд, ғайричашмдошт ба домод, ки аз дами сели издиҳом халосӣ ёфта, ин сў меомада, дучор бигардид. Арўс худашро ҷониби вай барзад. Домод арўси худро ба оғўш баргирифт. Ниҳоят арўсро ҷонибе баркашид. Зеро акнун имкон буд дастобадаст бираванд дуродур.

Домод, ки ба арўс наҷот бахшида метавонист, беист медавид, азизи дилашро мебурд бо ин шасте.

Вале баногаҳ силтав хўрд, суст шудан гирифт, аз арўс, ки ҳамоно медавид, ҷудо бигардид, билохир парў биғалтид. Зеро найзаи базарба партофтаи нукар, ки аз думболи унҳо шуда, ба тани вай халида буд.

Аз тахтапушти домод, ки рўи замин парчин шуда, хун рў мезада.

Арўс, ки аз ҳади тарсу ғояти ҳаяҷон по ба по печида, афтида буд, бори дуввум, зўр зада, ба по рост шудан хост.

Шояд ягон ҷойи устухонаш лат бардошта ё дилаш беҳол гардида аз чунин гардиши якбораи зиндагӣ, балки гардиши хунбораи рўзи тўи худаш. Бо вуҷуди ин зўр зада, танашро бардошт ва чун бидид нукарон наздик меоянд, лангидаву калавида худро дур гирифтан хост. Шояд ин дафъа ҳам халос хўрдан муяссараш бигардад. Медавид ва ду миллаи тахтапушташро шамол боло мебардошт.

Ва нукари чашмтанги думбол наздик меомад ба ин миллаҳо. Ниҳоят чанг зада, миллаҳоро бидошт. Балки миллаҳои арўс халос шуданд аз нав аз чанголи вай. Балки боз дошта буд нукар миллаҳои дарозро. Сипас якбораву бошаст баркашида буд. Аз зарби ҳамин пойҳои соҳиби миллаҳо, яъне арўс, ки ҳанўз бо шаст давидан мехост, аз замин барканда бишуд, сараш қафо бирафт ва ниҳоят бо тахтапушт биғалтид.

Балки зарба чунон сахт буд, ки қарсасаш шунида бишуд.

Нукари рақиб бо ҳамин роҳ арўсро асир гирифта тавониста буд…

*

Аржангу Шоира ҳанўз зери буттаи ниҳолони ҳота ва паси девораи хамхўрда камин гирифта. Фақат тирашон ба нукари арўсро дастгирифта намерасид, ки дар миён, акнун, масофаи зиёдтар меистод.

«Шояд имкон бишаваду бираванд барои халосӣ бахшидани арўс» - фикр мекарданд унҳо.

Вале дар миён пайдо шуда нукарон ва саворони рақиб.

Аржангу Шоира маҷбур буданд боз паси дарахти биҳӣ истода, тирчўба роҳӣ бикунанд ҷониби бегонагон. Балки

Шоира ба ҷойи тирчўбаи паридаву рафта тирчўбаи дигар ҳамедод барои зеҳи камони Аржанг, ки ҷониби рақибон ҳавола бикунад.

Дар кўчаю гузари зиёди Истаравшан ғайри сокинони шаҳристон зиреҳпўшони зиёд афтодаву мурда буда, ки нукарони хони заркулоҳи ҳуҷумгар мансуб мешуда. Яъне дифогарии истаравшаниҳо бештар шиддат гирифта.

Хони заркулоҳ, ки бо атрофиёнаш аз кўча ба кўча мегузашт, ин ҳамаро дида, рангаш бештар тағйир мехўрд, сурху сафед мегардид, бештар ба хашм меомад.

- Бори аввал нест, ки Истаравшан сарбозони маро ин хел беамон несту нобуд мекунад! - кафида буд вай.

- Лекин… Лек ин шаҳру боғоташро, гар ишғол кардан муяссар бишавад, чунон хунбаҳо ситонам, ки... Чунон ситонам, ки фаромўш накунанд… балки олам фаромўш насозад! Ҳамту неъ? - бо дами шамшер марди пеши хинги дартоз пайдогаштаро чунон барзад, ки сари ин бечора аз танаш ҷудо гардид. Ҳол он ки ин як боғбони бесилоҳ буд, аз ошуфтагиву ҳарос сабади меваҳои кайҳо чидаашро дар бағал пахш карда медошт.

Балки меваи сабади вай ҳолиё амсоли сараш парида, рўи хок ғелида буд.

*

Тирчўбаҳо, ки Шоира ба Аржанг ҳамедод, нукарони омадаро аз пой меғалтонид.

Вале аз сари хамхўрдаи девор дида мешуд, ки рақибон камтар намешуда, балки бештар майли ҷониби унҳо омадан дошта.

Аржанг ҳамоно ҷониби адувон тирчўба партов мекард.

Акнун ҷониби рахнаи девор ҳам тирчўба парида меомад ва яке аз миёни химчабуттаи кундаи биҳӣ, ки Аржангу Шоира пинҳон буда, шуввӣ даргузашт.

Даме ки Аржанг чўбтираи навбатиро парронду чўбтираи дигарро аз Шоира гирифтан мехост, дасташро чизе силтав бидод. Бошиддат силтав бидод. Балки новаки тирчўба буд, ки аз тарафи рақиб парида, ба кафи дасташ бархўрда. Аржанг аз дард яктарафа шуд, зеро чўбтира дасташро сўрох карда, балки онро дўхта буд ба тани кундаи биҳӣ.

Шоира инро дида, шах бигардид. Лаҳзаҳо намедонист чӣ бикунад? Баъд сар-сари зонў пеш биомад, хам бишуд, даст ба чўбтира бибурд, то аз танаи ниҳоли биҳӣ кашида берун бикунад, пасон, илоҷ бошад, аз кафи дасти Аржанг ҳам кашида бигирад онро.

Аммо чўбтираи новакаш тез ба тани сахти биҳӣ чуқур рафта буд. Шоира зўр зада, онро кашидан мехосту аммо муяссараш намегардид.

Бехабар буд, нафароне аз рақибон, аз фурсат истифода бурда, наздик биомада. Зеро дигар аз рахнаи девор ҷонибашон тирчўба намепарид, монеи пешомади унҳо намегардид.

Як нукари пешгард ба Шоира расида тавонисту варо бо зарб пахш намуд, балки танашро болои вай партофт. Каси дигар, ки аз думбол расида омада, табарзинашро бошаст боло бардошту бо ҳамон шаст поён биовард. Табарзин ба тани кундаи биҳӣ бо зарб бархўрд. Ниҳол ба такон биомаду меваҳои тиллорангаш ҷудо гардида рехт. Баробари ин Аржанг як нола баркашида буду яктарафа парида, кафи дасти ба тани ниҳол бо чўбтира дўхта, аз буҷулак ҷудо гаштааш он ҷо монд.

Аз дасти кўтоҳшудаи Аржанг, ки рўи замин мехобид, хун рў мезад, меваҳои зардгунаи биҳиро, ки афтидаву парешон шуда, анорранг мегардонд.

- Боз як табар зан, ин дафъа ба гарданаш! - овоз бароварда буд нукари дигар ба соҳиби табарзин.

- Зана-ам? Не а, бигзор бо як даст тамоми умри боқимондааш азоб бикашаду бидонад, чунин шуда дасташ барои бардоштани он алайҳи моъ!

Шоира чашмони ваҳшатзадаашро аз Аржанг намеканд.

- Ана инашро, ки намедонам маъшуқаи ин кофар аст, ё занаш, пеши назари ҳамин осӣ бо дами табар чунон нест бикунам, ки дар марги ин ҳам марги худро бубинад.

- Занаш набудагист а,

- маънидор ифода кард нукари дигар: - Ба рўи ин ҳоло шабнам назадагӣ бари-ин а! - заҳрхандае карда буд.

- Касе набошад, бигзор аз марги ин бимонад дар дили якдаста доғи ҳамешагӣ, - табарзинашро бардошту каллаи

Шоираро нишон баргирифт. Ҳамин ҳозир табар мерафт бояд поён ва ҷудо ҳамегашт сари Шоира.

- Оъ, сабр карда метавонед ё на? - нидое омад аз наздик.

Омирона буд. Нукар табарзинашро базўр якёна кард, то амр иҷро бишавад; яъне табар аз паҳлўи Шоира баргузашту ба замин барзад, то гулўбандаш фурў биғўтид.

Овози омирона, ки соҳиби табарзинро аз куштани бону боздошта буд, ба марди зарринкулоҳ тааллуқ дошт; марде, ки дар хонаи зини мунаққаши асп менишаст. Яъне пешвои нукарон буд, яъне хони унҳо маҳсуб мешуд.

- Гуфта будам, ки хунбаҳоро бо тарзи фармудаи ман бистонем а! Ҳамту неъ?

- Инҳо дукаса чӣ қадари моро нест карданд-уу?!

- Гумон мекунед инҳоро зинда мемонем? Вале тарзе куштан лозим аст, ки… Ҳа тарзе, ки таърих фаромўш накунад… Набошад тарзи оддии куштанро ҳар беақл бидонад!

Ман қасам хўрда будам - ин ормон солҳо дар дилам монда - нисбати Истаравшан коре бикунам, ки…Охир инҳо, бо дарвешони олам якҷо гардида, ҳашт маротиб маро аз дамгаҳи ин шаҳристон қафо зада будаъ!...

Хони ба ғояти ҳаяҷон омада, ба Шоира ва асирони дигар нигариста, барои нукаронаш биафзуд:

- Ба Чорсў бубаред инҳоро - ба пояи Муғу Тал! Бубаред ҳамаашонро! - ба нимҳамвории миёни теппаҳо ишора карда буд бо шамшер. - Якдаста бошад худаш мемирад ин ҷо аз рафтани хун! Ё хато гуфта-ам?

Якдаста, яъне Аржанг хоб мерафту хунаш мезаҳид.

- Бо қатраи охири хунаш қатраи охири ҷонаш мебарояду меравад дар охир! - ханда зада буд хон.

Шоираро бошад мебурданд кашола карда ва ў якрўя гашта, ҷониби қафо - ба Аржанги рўи замин парчиншуда назар меовард. Магар зинда бошад Аржанг ё рўҳаш кайҳо канда шуда аз ҷисми озурдааш, аз замини кулфатбору ҷангҷўш рафта ҷониби осмон?

Онҳое, ки ба даст афтода буданд ё дар кулбаву кодокхона ё ҷойҳои дигар пинҳон гашта, ҳамчунин дарёб гардида, кашоламолон оварда мешуда ҷониби Чорсў.

Гўё тамоми зиндагони боқимондаи шаҳристонро кашида, ин ҷо меоварданд.

пешина
аз 34
навбатӣ