Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рўи чўлистони беҳаду охир нишаста буда асирон ва нафас рост мекарда.

- Шуд акнун, меравем бо-оз! - фармон буд.

- Нав шишта будему…

- Шояд забони туро ҳам кўтоҳ кардан лозим ъа? Охир мо аз паси шумо чанд рўз боз овораю…

Нукарон бештар ба қаҳр омада:

- Эъ, ба роҳ дароед а, зудта-ар! Набошад чунон кунем, ки!...

\\\*

Бачаяк, ки ларзон месулфид, рўи дасти мўйсафед буд.

Балки вайро бурдан мехост мўйсафед. Балки аз Истаравшан бароварда ҷониби кўҳистони пурасрор бурдан мехост.

\\\*

Аспе, ки болош Аржанг савор буд, дарунтари чўлистон ворид бигардид.

Хаставу бемадор шуда буд саманд бо шасти омади худаш.

Балки рафташро барои он идома медод, ки инро мехост савори болош ва ҳар гоҳ ба ду тарафи шиками асп лингак мезад, варо тезондан мехост.

\\\*

Мўйсафед, ки сари дасташ бача буд, мерафт дар тани кўҳистон. Мерафту аз таъсири роҳи пурпечу душвор ё вазни бача беҳолу шалпар гардида, зери обу арақ мемонд.

Аз зери пояш баъзан санг канда шуда, меғелид, поён рафта, ба умқи ҷар бармезад.

Худи мўйсафед ҳам чанд бор лағжидаву қариб ғалтида буд.

Вале роҳашро идома ҳамедод сари дасташ бача.

- Сахт монда шудӣ а, бачаро бигирам, акнун, ман.

Мўйсафеди аз обу арақ шилта инро шунида, кебида, паҳлўш назар биовард ва дид дарвеши солхўрда.

- Ман охирин ҷисмҳои бесармондаро гўр кардаму аз думболи ту омадам, - шарҳ дод дарвеш ва домани дашти паҳнои поёнрў назар бурда: он ҷо, паси ғуборҳои печида монда Истаравшани шикастхўрда,

- Он ҷо акнун фақат мурдагон бошанд ва шаҳри мурда…

Мўйсафед ҳам нигоҳашро аз он ҷониб намеканд, сукут мекард. Аммо ин хомўшӣ тўфони пурисёнро ғунҷонида буд андарунаш.

Бачаяк месулфид ҳамоно.

- Аз думболат барои он омадам, ки шояд мадад карда тавонам…- боз ба сухан омада буд дарвеш.

Аз дасти мўйсафед гирифта буд бачаро ва роҳро идома ҳамедод.

Бача месулфид ҳамон.

Чун навбати бачаро бардошта бурдани мўйсафед бирасид, дарвеш «ман ҳозир» гуфта, миёни шаху бешаи печида даромада, ғайб бизад.

Баъди он, ки мўйсафед басо рафтаву бачаро бурда, овози дарвеш пайдо гардид:

- Ман асали кўҳ ёфта овардам а. Аз ковокии бурси азим канда гирифтам. Занбўрҳо талла карданд хело… Барои ин ҳуқуқ доштанд: охир ризқашонро ман мегирифта…- ва афзуда буд ба бачаяк нигариста. - Вале асали кўҳ рафъ бикунад заҳкашидаро.

Бачаро бехи харсанг нишонда, чанд лес асал хўрондан мехостанд.

Бача лесро базўр фурў мебурд, ки иштиҳош, билкул, баста шуда.

- Ин аз таъсири заҳри тирчўбаи китфаш бошад …

- хулоса карданд мўйсафеду дарвеш.

Боз бардошта мебурданд бачаро бо навбат ин ду солхўрда.

\\\*

Асп мерафт ҳамоно ва савори болояшро мебурд. Ин аспу саворро чўлистони азамат, ки ҳамчу аждари азим бошад, бо сукути даҳшатнокаш фурў кашидан мехост.

Болои асп нишаста буд Аржанг.

Офтоб ба марғиб расиду асп ҳамоно мерафт. Савори дардманду хастаашро, ки болои зин беҳоли беҳол нишаста, мебурда.

\\\*

Дар танаи кўҳистон бо навбат мебардоштанд бачаякро мўйсафеду дарвеш. Мебурданд дар пайроҳи борику пурпеч.

Аҳволи писарак беҳтар нашуда месулфид, ҳарораташ паст намерафт, бехуд мегардид. Ин мўйсафеду дарвешро вомедошт қадамашонро суст карда, бачаро хобонда бошанд бехи арчае.

- Зардобу фасоди захми китфаш бо хунаш омехта шуда, - пичиррос зад дарвеш барои мўйсафед.

- Ман низ чунин гумон дорам, - пичирроси мўйсафед буд.

Дарвешу мўйсафед ҳайратзадаву ноҷумбон монда, гўё намедониста чӣ бикунанд акнун.

- Шояд аз кўҳистон ягон гиёҳи шифобахши дигар пайдо бишавад барои давои бача, - ба хотири унҳо расида буд ин чора.

- Ман ун сў меравам, ту бирав ба ин ҷониб. Касе, ки пештар гиёҳи давоӣ ёфт, баргардад, бишавад ҳамоно аз пайи табобати бача…

Бо дав мерафтанд ду солхўрда.

Ба ду теппакўҳ баромада, гиёҳ мекофта онҳо ва мечида дар алоҳидагӣ.

…Онҳо чунон ки афтону хезон рафта, бармегашта бо ҳамин ҷадал.

- Ҳарчӣ ёфтем гиёҳи зи-ёд! - қабза ва зери каши ҳар ду пур буда аз гиёҳ.

Вале писарак дигар намеҷумбид, балки сараш яктарафа рафта.

Мўйсафеду дарвеши наздикомада бачаро меҷумбонданд, вале ба худ намеомад.

Мўйсафедон, осемасар, ҳар яке, кадом як гиёҳро ба каф мефишўрда, ки шарбаташ ба коми бача бичакад, аммо лабу дандони бача шах гардида. Балки часпида буд ба ҳам бо тарзи ҳамешагӣ.

Гиёҳҳои боқимонда, ки ҳанўз зери каши ду пирамард меистода, меғалтида қариби ҷисми шахшудаи бача.

Ду солхўрда гиря мекарда ҳоло.

- Як фарзанди дигари Истаравшан ҷон дод ъа…

-…Ҳоо… насли нав, ки бимурд дигар умеди эҳёшавӣ надорад шаҳри мурда…

- пичирроси дигар буд.

Дар куҷои дашти азим, ки баъди кўҳистон доман мекашид, нуқтаи кўчаке ба назар мерасид: Истаравшани абгор буд. Балки Истаравшани мурда…

\\\*

Асиронро мебаранд ҳамон дар ҳомуни бекарон.

Пеши назари хаставу хираи онҳо, ки ҳанўз зўр зада, қадам мегузоранд, тарҳи шаҳристоне падид меомад якмаром.

Балки шаҳристони дигарест.

- Ин пойтахти мулки шумоъ! - ифода мекунанд атрофиён бо эҳсоси хоса барои хонашон.

Қиёфаи хон шукуфо гардида, чашм канда наметавонад аз шаҳристони худ, ки дар дурии дуриҳо истода, дар охири чўлистони азим.

Дарвозаҳои шаҳристони мулки Офтобрўя боз гардида.

- Хон музаффар шуда баргашт-анд а! - ҷор меандозад мунодӣ, ки пешопеш асп тозонида, ворид гардида ба шаҳристон. - Хон музаффар шуда баргашт-анд! Асирону ғанимати зиёд оварданд!!!

Дар кўчаҳои шаҳристони хон зиёд мешавад сафи тамошобин.

Хон бо ғуруру такаббури хос, ки ба ғолибон мансуб аст ва бо нишоту таманное калла меҷумбонад ҷониби ҳамшаҳриёни худ, ки дар ду бари роҳаш ҷамъ меоянду саф меороянд.

Қатори лашкару ғаниматҳои зиёд асирон низ дароварда мешаванд ба ин шаҳристон.

- Хони мо ҳама корро карданд, ки Истаравшан барин манзили саркаш ҳамчу доғ руфта бишавад аз рўи замин! - ҷор мезанад мунодӣ ҳамон.

Дар бари роҳе, ки хону атрофиёнаш асирону ғаниматҳои ба шаҳр воридкардаро мегузаронанд, фақат як гурўҳ пурҳаяҷону мутантан ба назар намерасанд, дар даст асоҳои дароз доранд, болои боми мусаттаҳу андовашудаи кулбаҳо, ки амсоли либоси худашон бо хоксорӣ ва озодагӣ фарқ доранд, ҳамчунин миқдоре аз онҳо ноҷумбон истодаанд. Ҷониби хон мисли дигарон таъзим намекунанд. Яъне инҳо дарвешанд. Ва унҳо ба фаҳме расида, ки чун худашон ва дарвешони дифогари дигар аз Истаравшан рафта, ин хону дастааш чапғалат дода, ун тараф гузашта, яъне фанд карда тавониста унҳоро ва ҳам мардуми Истаравшанро…

Ин дарки дилхарош дарвешони мулки Офтобрўяро, акнун, андешапечу карахт карда.

Дарвешон, албат, истаравшаниҳоро шинохта ва унҳо шинохта дарвешони ошноро, яъне унҳоро, ки чанде муқаддам қатори суфиёни мавзеҳои дигар ҳимоятгари ҷону номуси унҳо ва диёри унҳо буда, бо чораву тадбир дифогарӣ мекарда ва акнун беилоҷ истода инҳо дар ду тарафи дастаи пирўзшудаи хон. Балки дастаи хон ҳама корҳои боилоҷро беилоҷ гардонида билкули билкул.

Вале ин дарвешон аз сокинони ин шаҳристон бо он фарқ менамуда, ки ҷониби хони музаффаршуда таъзим намекарда ва сухани ҳамду сано ба забон намеоварда ва ба асоҳои хоси дарвешии худашон ки барқадашон буда, такя намуда, бо як тамкини сангин ва андешаи вазнин меистода.

Чашми хон, ба дарвешон фитода буд, вале худро нодида меангошт.

Дар ҷое, ки гузари дарвешон бо бозор пайваст мехўрд, аз дарвешон нафаре меистод. Вай чунон солхўрда метофт, ки на танҳо ришу бурут ва мўйи сар, балки абрувонаш низ сап-сафед гардида.

- Таъзим мекардагистанд хон ҷониби ин кас? - пичирроси яке аз муқаррабони хон бошад, яъне оне, ки дар Истаравшан дастнависҳои Шоираро дарёфта, ба хон расонида, боиси аз куштан раҳо гаштани вай шуда ва ҳамчунин доири қудрати ниҳони дарвешони олам ҳарф гуфта, то сари ду дарвеш бурида нашаваду дар калламанор истифода нагардад.

Ва пичиррос бизад ҳоло вай ба ҷониби хон:

- Таъзим мекардагистанд хони олам ба пири дарвешон, ки тағои худашон бошанд а?

Қиёфаи хон гирифт кардагӣ буд ҳолиё, аз вай майли тавозўъ ва таъзим эҳсос намешуд.

Вале муқарибаш интизор буд, ки вай таъзим бикунад ҷониби пешвои дарвешони шаҳристони худ.

- Ман пеш суҷуд мекардам ба пири дарвешон. Ҳамту неъ? Акнун меарзад тамоми олам сар хам бисозад сўи ман!

Зеро шаҳристонеро мағлуб кардам, ки авлоди гузаштаи ман карда натавониста, лашкари амири мулки Шимол ҳам натавониста.

- Давлат, ҳамеша, болои сиёсат меистад, хони аъзам, - сарашро ба вай наздик бурда буд муқаррибаш. - Сиёсати басо шаҳристони машриқзамин меистад болои чизҳое, ки… хоса... болои муносибат бо дарвешон… Инро медонед худатон ҳам.

Қувваи азиманд дарвешони ин замон…

- Ман ҳамеша барқасди маслиҳати дигарон амал кардаам, - шўрида буд хон.

- Охир ун кас… Ун пири дарвешон… тағои худатон…

Тағоро ҷойи падар шуморанд мардум…

Хон чашмони тангшудаашро ба дарвешон, балки ба пири унҳо оварда буд; ба назар мерасад, ҳеҷ гоҳ таъзим накунад… Вале як вақт дасташ оҳиста боло рафт, ба банди дилаш бирасид. Фақат маълум набуд ба пиру роҳнамои дарвешон салом кардааст ё таъзим?

Баъд яку якбора ба аспи зери пояш қамчин бизад, ки варо гузаронад зудтар аз ин мавзеъ.

Аз думболи хону дастааш ва ғаниматҳои овардааш рафта буданд издиҳом.

Вале болои бомҳои гиливу мусаттаҳи гузаре монда буда дарвешон. Монда буда ноҷумбон. Пиру роҳнамо низ андешаманд монда, вазнашро бештар партофта буда ба асояш.

- Он чизе, ки рўй дода фоҷиа бошад барои Истаравшан, балки доғу бадномӣ ба ҳаққи тамоми дарвешон,

- ҷумбида буда лабони вай дар ниҳоят.

- Зеро хони ин мулки мо кадом ҷойи сусти моро дарёфтаву истифода бурда тавониста, корро ба ин минвол тоб дода…

Болои бомҳои гиливу мусаттаҳи гузари худ монда буда дарвешон ноҷумбон.

\\\*

Асирони овардаро лашкари хон ба зиндони азими мулки

Офтобрўя бурдаанд, он ҷо андохтаанд.

Балки аз болояшон дарҳоро қулф мезада.

пешина
аз 34
навбатӣ