Зеҳн
ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷамъомадагон аз раиси ҷамоату раиси хоҷагӣ хоҳиш доштанд, ки чӣ кор карданашонро ба онҳо фаҳмонанд.

Худи ҳамин шаб дар деҳаи онҳо гурўҳи авбошон тирпаронӣ карданд, пештар ҳам ин кор такрор ёфта буд, аммо ҳеҷ не, ки касе пеши роҳи авбошҳою роҳзанонро бигирад. Ин кор оқибати хуб надорад. Чӣ бояд кард?

Раиси ҷамоат чанд сухан гуфта, мардумро ба сабру таҳаммул даъват намуд. Миёни роҳбарон ва мардум саволу ҷавоб идома меёфт, вале Абдусамир мехост ҳар чӣ зудтар гуфтугузорҳо поён ёбанду мардум пароканда шаванд, аз ҳавлии масҷид баромада, ба хонаҳояшон раванд. Аз чӣ бошад, ки дил дар қафаси синааш намегунҷид. Аммо мебоист, ки роҳбарон барои таскини дили одамон чизе бигўянд, маслиҳате бидиҳанд, то ки мардуми бесаранҷомшуда як каме ором гирад.

—Бародарони азиз, ин ҷангу душманӣ байни ду давлат не, балки байни шаҳрвандони як кишвар, миёни худи мост. Он дастаи ғоратгару авбош, ки ҳар рўзе дар як ҷо ба куштор ва рабудани моли мардум даст мезанад, бояд дар назди қонун ҷавоб гўяд. Аммо канӣ имрўз қонун, ҳоло кӣ онҳоро ба ҷавобгарӣ кашида метавонад?

Ҳеҷ кас! Бояд мову шумо андеша кунем, сари як фикр биёем, ҳушёр бошем, аз як гиребон сар бароварда, худамонро худамон муҳофизат намоем. Ҳоло дар ин ҷо ҷамъ омадану истодани мову шумо аз рўи ақл нест, — гуфт Абдусамир ва ба муллои деҳа ишора кард, ки як дуои нек кунад ва ҳама хона ба хона шаванд.

Онҳо ҳамроҳи раиси ҷамоат ба мошин савор шуда, ба роҳ баромаданд. Вақте ки ронанда чамбараки мошинро ба тарафи роҳи марказӣ тоб доданӣ шуд, Абдусамир гуфт, ки аз роҳи байни деҳа раванд. Мошин тангкўчаҳоро убур карда ба роҳи калон наздик мешуд, ки аз байни деҳа, аз ҳамон ҷое, ки масҷид буд, садои тирпарронӣ баланд гашт.

—Раис-ака, агар шумо намегуфтед, ки ба ин роҳ ҳай кунам, рост ба дасти силоҳбадастон меафтидем,— гуфт ронанда арақи пешонияшро пок карда.

Абдусамир ба хона омада занаш, духтарону набераҳояшро ба мошин савор кард ва бетаъхир сўи маркази ноҳия роҳ гирифт. “Беҳтараш дар хонаи Олимҷон истед, он ҷо нисбат ба деҳа оромтар аст” мегуфт ў ба ҳамсараш. Се-чор рўз пештар падару модари Манзура ва аҳли оилаи онҳо ба Душанбе кўч баста буданд. Онҳо ба Манзура ҳам таклифи рафтанро карданд, аммо вай розӣ нашуд, “бо Олимҷон мемонам” гуфт. Акнун ҳамаашон якҷоя дар хонаи писараш хоҳанд монд. Фақат Қобилҷон нест. Ўро ёфтан даркор.

Аз рўи шунидашон вай ҳанўз як ҳафта пеш аз Душанбе баргашта будааст, аммо то ҳол аз вай нишоне набуд.

Субҳи барвақт Абдусамир хабар ёфт, ки силоҳбадастони Қарамиш шабона дар масҷиди деҳаи Сайёд сивуҳафт нафарро ваҳшиёна ба қатл расонидаанд. Ин ҳодисаи мудҳиш ба ҳолати равонии Абдусамир таъсири амиқ гузошт. Охир, он ҳамдеҳагони ў чӣ гуноҳ доштанд, ки ин бадбахти худобехабар чунин сарнавиштеро ба онҳо раво дид?

Абдусамир дар марги онҳо худашро ҳам гунаҳкор меҳисобид, охир, ў натавонист ҳамчун роҳбар онҳоро муҳофизат кунад. Вале дар муқобили силоҳ бо дасти холӣ чӣ кор ҳам карда метавонист? Онҳо касеро гўш намекунанд ва ҳатто ҳар нафареро, ки ба миёни корашон даромаданӣ шавад, мепарронанд. Он одамхўрон ташнаи ҷоҳу мансаб, ташнаи моли дунёянд, сухани ҳақ ба гўши онҳо намедарояд, чашмонашон хун гирифтааст. Сафашон аз панҷад кас ҳам гузашта буд.

Бисёр ҷавононе, ки хоҳиши худнамоӣ доштанд, аз чунин фурсати муносиб истифода бурда, ба сафи авбошону ғоратгарҳо дохил мешуданд. Барои онҳо оташ задани хонаҳо, азобу шиканҷа додани одамони бегуноҳ ва ҳатто қатл кардани онҳо ба мисли корнамоӣ менамуд. Абдусамир боз ҳам худ ба худ раиси Шўрои депутатҳои ноҳия гунаҳгор мекард, ки саривақт пеши роҳи ҷангиҳои хоинро нагирифт. Агар ў ин қадар тарсончаку буздил намебуд, онҳоро, вақте ки ҳамагӣ 10-15 нафар буданд, пурра маҳв карда, вазъияти ноҳияро ба эътидол овардан мумкин буд. Акнун онҳо бешуморанд, дар ҳама ҷо одамони худашонро доранд, дигар кӣ метавонад пеши роҳи аловро бигирад? Кор аз кор гузашт. Ин тарафашро фикр кардан даркор. Чи бояд кард, ки аҳли оила, хешу ақрабо, ҳамдеҳагону ҳамкорон ва умуман ин ҳама халқи бегуноҳ зиён набинад? Аз афташ, роҳи ягона аз ноҳия баромада рафтан аст. Вале ба куҷо? Фақат ба Афғонистон гузаштан имконпазир аст. Ҳафтаи гузашта як гурўҳ ҳамдиёронаш аз дарё гузашта буданд. Гузаштани дарё ба гуфтан осон, боз, ин қадар зану духтару кўдак.

Аммо дигар илоҷ нест, халқро роҳбарӣ кардан даркор.

Баъди чунин андешаҳои мағшушу ногувор Абдусамир хост ба мошин нишаста ҷониби деҳа, ба макони фоҷеа равад. Олимҷон “вазъият хуб нест” гуфта, ўро аз роҳаш гардонданӣ шуд, аммо нашуд.

Абдусамир, гўё суханони ўро нашунида бошад, рафта ба мошин нишаст. Олимҷон вазъияти падарро мефаҳмид. Охир, дар он ҷо ин қадар рафиқону шиносҳояш нобуд гаштаанд, магар ў дар ин ҷо истода пинҳон шавад? Магар виҷдонаш ўро мебахшад, ки нисбати ин воқеаи нангин ва ин мусибати вазнин бетарафӣ зоҳир намояд? Бо ҳамин андеша, Олимҷон ба падараш, ки аллакай сари чанбари мошин нишаста буд, пешниҳод кард, то якҷоя раванд. Падар, ҳарчанд ҷони фарзандашро дар хатар мондан намехост, чун дид, ки азмаш қатъист, ноилоҷ ўро ба сари чанбарак нишонда, худаш ба паҳлу гузашт.

Олимҷон мошинро эҳтиёткорона, аз роҳҳои бехатар меронд. Пас аз ним соат онҳо ба назди масҷиди деҳа расиданд. Ворисони ҳалокшудагон ва аҳли деҳа ҷасадҳоро бардошта ба хонаҳояшон мебурданд. Қисме аз ҷасадҳо ҳоло ҳам ба хоку хун олуда мехобиданд. Шояд бо омадани Абдусамир одамон каме ба худ омаданд, таҳлукаашон пасттар шуд, ки акнун туда-туда шуда, барои гирифтани ҷасадҳо мерафтанд. Яке хун мегирист, дигаре, ки шояд писарашро куштаанд, аз ҳуш рафтаасту ҷавоне ба рўяш об мепошад, ҷавонмардҳои деҳа миёнҳоро маҳкам баста, мурдаҳоро дар саҳни ҳавлии масҷид қатор карда мехобонданд, то баъдан ворисонашон омада онҳоро бубаранд. Рўи мурдаҳоро бо ҳар гуна матое, ки меёфтанд, мепўшонданд. Аз мушоҳидаи ин манзараи даҳшатбор Абдусамир нафастанг шуд, гумон мекард, ки ҳамин ҳоло дилаш мекафад. Беруни масҷид ҳам пуродам буд. Ў ҳамроҳи писараш аз ҳавлии масҷид баромада тарафи пахтазор қадам зад. Қад-қади пайраҳае, ки сўйи киштзори пахта мерафт, чанд ҷасад хобида буд. Худоё, онҳо чӣ гуноҳ доштанд, ки сазовори чунин қатли ваҳшиёна гаштанд? Ана бригадири ҳамин деҳа, зиёда аз 30 сол дар ҳамин заминҳо кор кардааст, халқи деҳаашро серу пур нигоҳ доштааст, имрўз бошад, давида то ба сари заминаш расидаасту тири ҷонкоҳ дили ўро пора кардааст. Ана, ин бошад, духтури деҳа, тамоми умр халқи ҳамин деҳаҳоро табобат кардааст ва имрўз ба ивази ин қадар дилсўзиҳо дар лаби ҷўйбори оби равон якпаҳлў ба хоби абадӣ рафтааст. Ў дигар мадори роҳ рафтан надошт. Нохост чашмаш ба даруни пахтазор афтод, ки панҷ шаш қадам дуртар аз лаби ҷўй ҷасади мўйсафеде якпаҳлў хуфтааст. Наздиктар рафта дид, ки посбони мактаб аст, он бечора маъюб буд, дар ҷавонияш сутунмуҳрааш иллат ёфта буду ҳама умр базўр роҳ мегашт. Шояд мўйсафед садои тирпарониро шунида, ҷонаш ширинӣ кардаасту дар пахтазор паноҳ ҷустааст?

Худоё, охир, ин мўйсафеди маъюб, ки тамоми умр азоб кашидааст, чӣ гуноҳ дошт? Рост мегўянд, ки ҷанг оташ аст, вақте аланга зад, дар роҳаш чизе, ки рост омад, месўзонад, хоҳ хушк бошаду хоҳ тар. То гашти рўз ҳама ҷасадҳо ҷо ба ҷо карда шуданд.

Вақте ки ҳаво торик шуд, Абдусамир бо ҳамроҳии оқсақолон ва муллои деҳа ҳар як хонаи мусибатдорро хабар гирифтанд ва маслиҳат карда, ба хулосае омаданд, ки ҳалокшудагонро шабона ба хок супоранд, чунки рўзона касе ғайрат карда, онҳоро гўронда наметавонад. Вале дар як шаб си-сиюду қабр кандан номумкин буд. Баъд аз даву ғеҷи зиёд Абдусамир экскватори хоҷагиро ёфта овард. Дар канори замини пахта қабри умумие канданд ва пас аз хондани намози ҷаноза ҳамаи мурдаҳоро дар онҷо гўронданд.

Баъд аз хондани дуову фотиҳа ҳама ҷамъомадагон ба як овоз қарор доданд, ки аз фардо барои кўч бастан тайёрӣ мебинанд. Абдусамир ба зердастонаш супориш дод, ки субҳи барвақт ҳамаи техникаи хоҷагиро ба деҳаҳо тақсим карда, мардумро то соҳили дарёи Панҷ бурда расонанд, то аз он ҷо ба воситаи паромҳову қаиқҳои худсохт ба хоки Афғонистон гузаранд.

Вақте ки Абдусамиру Олимҷон ба хона баргаштанд, аллакай субҳ медамид. Зиёдахолаву Манзура хоб нарафта, бо хотири ошуфта мунтазири онҳо нишаста буданд. Падар офтобаро аз дасти келинаш гирифта, сўйи таҳоратхона рафт. Олимҷон вазъиятро ба модару ҳамсараш фаҳмонда гуфт, ки ба сафар тайёр шаванд.

Зиёдахола аслан зодаи водии Фарғонаи Ўзбекистон буд. Ў замони духтарияш боре ба ин тарафҳо, ба хонаи як хешашон омада, бо Абдусамир шинос мешаваду онҳо ба ҳамдигар писанд меоянд ва тақдир будааст, ки шавҳар карда, дар ҳамин ҷо мемонад. Вай гоҳ-гоҳ ба зодгоҳаш рафта, падару модару хешу таборонашро хабар мегирифт, вале баъди вафоти падару модараш, чандин сол инҷониб, ба он ҷоҳо нарафта буд.

—Мегўянд, касоне, ки дар Ўзбекистон таваллуд шудаанд, ба онҳо аз сарҳади ин давлат гузаштанро иҷозат медиҳанд. Барои ҳамин, агар маслиҳати маро гирӣ, биё, ҳамаамон ба Афғонистон нею ба Ўзбекистон мегузарем, он ҷо тинҷ, охир, дар Афғонистони ҷангзада чӣ кор мекунем? Ман аллакай ҳуҷҷатҳои лозимаи ҳамаи шуморо тахт кардаам,— гуфт ин зани батадбир ба шавҳараш.

Абдусамир чанд дақиқа пешниҳоди ҳамсарашро дар тарозўи ақлу ҳикмат баркашид ва сипас бо қатъият чунин ҷавоб дод:

—Ман тамоми умрам бо ҳамин халқ ғамшарику шодишарик будам, муддати дароз роҳбари хоҷагӣ будам, ризқу рўзиямонро якҷоя бо ҳамин халқ дарёфтам, бо саҳми ҳамин мардум соҳиби ҳурмату обрў шудам. Акнун дар вақти сахтӣ онҳоро партофта, ҷони худамро халос кунам? Не, инро на Худо мебахшаду на бандааш! Ман монанди раиси Шўрои депутатҳои ноҳия беномусу тарсу нестам, ки мардумро ба ҳоли худаш гузошта, дум хода кунам. Ман ба халқи худам хиёнат карда наметавонам, то он даме ки зиндаам, ба онҳо ёрдам мекунам.

Зиёдахола ин қадар оташин шудани шавҳарашро бори аввал медид.

—Отаҷон, тамоми шаб миҷа таҳ накардӣ, биё, як соат хоб кун, баъд меравем,— гуфт Олимҷон ба падараш, аммо Абдусамир розӣ нашуда:

—Ҳоло вақти хоб нест,— гуфт ва ба ҳамсараш супориш дод, ки анҷомҳои заруриро ҷамъ кунанд ва тўшаи роҳ гирифта, барои рафтан омода шаванд.

Худаш бо Олимҷон ба мошин нишаста, сўи идораи хоҷагӣ роҳ гирифт.

Сармуҳандис ва мудири гараж дар ҷойи корашон буданд. Онҳо гуфтанд, ки тамоми техникаро ба деҳаҳо тақсим кардаанд ва аллакай аксари мардум ба соҳили дарё бурда расонида шудааст.

Соҳили дарё майдони маҳшарро мемонд, он ҷо одамони зиёде такудав доштанду ба қавле “саг соҳибашро намеёфт”. Яке бачаашро мекофт, дигаре падарашро, сеюмӣ ҳайрону саргардон чӣ кор карданашро намедонист. Ҳама кўшиш мекарданд, ки якумин шуда ба қаиқҳои дар назди соҳилбуда савор шаванд ва ҳарчӣ зуд аз дарё гузаранд. Онҳо медонистанд, ки дар он ҷо мондан бехатар нест. Аз меъёр бештар савор шудани одамон метавонист дар миёни дарё боиси чаппагардон шудани қаиқҳо гардад.

Абдусамир бачаҳои пурқувватро дар ду тарафи гузаргоҳ монда, гуфт, ки одамонро аввал ҳисоб карда, баъд ба қаиқҳо шинонанд. Ҳамин тавр, вазъият каме муътадил шуд ва акнун қаиқҳои пуродам ба он соҳил, ба соҳили ғурбату ғам роҳ гирифтанд.

Лаҳза ба лаҳза трактору мошинҳо одамони навро ба назди соҳил мерасонданд, акнун аз дигар маҳалҳои ноҳия низ сафи гурезагон меафзуд. Аз дарё гузаштан торафт мушкилтар мешуд, бисёр гурезаҳо ҳатто намедонистанд, ки бо худ чӣ гиранд. Баъзеҳо кўрпаю палоси хонаашонро ҳам бор карда оварда буданд.

Абдусамир бо ҳамроҳии чанд нафар шахсони солдидаву таҷрибадор дар байни мардум гашта, одамонро ба оромӣ даъват мекарданд. Вале дар чунин ҳолатҳо нигоҳ доштани тартибу интизом ғайримумкин аст. Ҳар кас мехост молу чизашро бо худ гирифта, ба он соҳил гузаронад. Мўйсафеди ҳафтодупанҷсола бобои Раҳмат, ки фарзанд ҳам надошт, ҳамроҳи ҳамсараш якравӣ карда, исрор менамуданд, ки тамоми курпаю палосашонро дар қаиқ бор кунанд. Абдусамир, ҳарчанд мефаҳмонд, ки колои даркору нодаркори мўйсафед ҷойи як оиларо дар қаиқ мегирад, вай аз фикраш гаштанӣ набуд. Чунин нофаҳмиҳо ҷараёни гузаштанро ба таъхир меандохтанд, ки ин, албатта, бар зарари гурезаҳо буд.

Инак, рўзи чорум буд, ки қаиқҳо гурезагонро аз ёру диёрашон ҷудо карда, ба он соҳили дарёи Аму мегузаронданд. Абдусамир, вақти хоб рафтан он тараф истад, фурсати дамгирӣ намеёфт. Ҳар рўз аз ноҳия ва вилоят хабарҳои нави нохуш мерасиданд. Куштору ғоратгарии силоҳбадастон торафт авҷ мегирифт.

Гурўҳи Қарамиш хонаҳои одамони бегуноҳро оташ мезаданд.

Вақте ки Абдусамир барои бурдани аҳли оилааш ба хона омад, Зиёдахола шавҳарашро дарҳол нашинохт.

Дар ин чор рўз ў батамом хаставу лоғар шуда буд, фақат риши дамидааш харобии рўяшро каме паноҳ мекард. Акнун ба ғайр аз якчанд хонаводае, ки кўч бастан намехостанд, дигар ҳама аҳолии ҳудуди хоҷагӣ аз дарё гузашта буд. Абдусамир, пеш аз рафтан бо одамони боқимонда вохўрда, такроран таъкид кард, ки анбору ферма ва дигар иншооти зарурии хоҷагиро посбонӣ кунанд. Мувофиқи маслиҳати раисони маҳаллаҳо бояд дар ҳар деҳа панҷ-шаш нафар ҷавонон ва пиронсолон монда, хонаҳоро назорат мекарданд.

Олимҷон ҳам мехост дар ҳамин ҷо монад, вале падараш розӣ намешуд. Ҳоло бошад, вай аз фикраш гашта, ба писараш “Хайр, майлаш, ту дар ҳамин ҷо мон, лекин худатро эҳтиёт кун” гуфт.

Баъди нисфирўзӣ ҳама аҳли оила, духтарону набераҳояш ба мошин савор шуда ба тарафи Амударё раҳсипор гаштанд ва хайрият, ки дар роҳ бо ягон гурўҳи ҷангиён рў ба рў наомаданд. Ҳоло ҳам дар соҳили дарё издиҳоми одамон кам набуд. Ҳама қаиқро интизор шуда навбат мепоиданд. Олимҷон, ки барои гусел кардан омада буд, аз назди Манзураву духтарчааш дур шудан намехост, гаштаю баргашта аз рухсораҳои Нозия мебўсид, дарун дарун мегирист.

Нозия бошад, аз шўхиву бозиҳои падараш ба завқ омада, беист механдид. Манзура ҳарчанд кўшиш мекард, ки ақалан табассуми маҷбурие карда, ташвиши шавҳарашро коҳиш диҳад, наметавонист. Қариб се рўз мешавад, ки таги дилаш сиёҳ аст, чашми чапаш ҳам беист мепарад, пешомади нохуше хотирашро мушавваш гардондааст. Ба бозии Олимҷону Нозия нигариста, гумон мекард, балки эҳсос менамуд, ки ин дидори вопасини падару духтар аст, гўё ў ҳам баъд аз ин дигар ёри ҳаётияшро намедида бошад.

—Олимҷон, илтиҷо мекунам, биё, бо мо рав, дар ин ҷо намон, ҳар чизе шавад, якҷоя бинем. Охир, ман-ку барои ту шуда, бо волидонам ба Душанбе нарафтам.

Биё, Олимҷон, бало ба паси ҳамон хонаву дар,— гуфт Манзура зор-зор гириста.

Дар чашмони Олимҷон ашк ҳалқа зад, вале ў худро ба даст гирифта гуфт:

—Натарс, лозим шавад, ман ҳам меравам. Ҳар куҷое бошед, шуморо меёбам.

Онҳо хомўш якдигарро ба оғўш гирифтанд.

Олимҷон тапиши дили озурдаи ҳамсарашро мешунид.

Манзура эҳсос мекард, ки шавҳараш бесадо гиря мекунад.

Қариби бегоҳ буд, ки навбати гузаштани оилаи онҳо расид. Ҳама ба қаиқ савор шуданд. Олимҷон бо аҳли хонавода хайрухуш карда, дастони Манзураро дошт ва рост ба чашмони ў нигоҳ карда:

—Хайр, Нозияро эҳтиёт кун!— гуфт.

Манзура аз дасти ў гирифта, бори дигар зор-зор гирист, бори дигар илтиҷо кард:

—Олимҷон, ман дасти туро раҳо намекунам, илтимос, биё, ҳамроҳ равем.

Олимҷон базўр дасташро аз дасти Манзура раҳо кард ва то ин ки аҳли оила ашки чашмонашро набинанд, зуд аз қаиқ поин шуд.

Дар назди дарё боз 15-20 нафар монда буданду дигарон дуртар аз соҳил, дар хаймаҳои муваққатӣ навбати худро мунтазир шуда менишастанд. Қаиқ пур шуда акнун ҳаракат карда буд, ки нохост аз паси теппа чангу хок ба осмон печид. Дере нагузашта қатори мошинҳо, ки тахминан аз бист адад зиёдтар буданд, бо суръати баланд ба соҳил наздик шуданд ва силоҳбадастони зиёде аз онҳо фаромада, девонавор ҷониби қаиқ тирпаронӣ карданд. Бархе аз онҳое, ки дар соҳил буданд, сўйи хаймаҳо давиданд ва баъзеҳо худро ба дарё заданд. Қаиқ қариб 150 метр аз соҳил дуртар рафта буд. Ҷавононе, ки худашонро ба об афканда буданд, қулоч кашида, сўйи он ҳаракат мекарданд. Манзура дар миёни онҳо Олимҷонро шинохт. Чанд силоҳдор сўи ҷавонони шинокунанда тир холӣ мекарданд. Ҳатто якчанд тир аз болои сари қаиқсаворон ҳам виззасзанон гузашт. Шиноварон ба қаиқ наздиктар мешуданду қаиқрон аз тарси ғарқшавӣ ҳар қадар имкон дошт, суръати ҳаракатро тезтар мекард. Акнун ҷавонон ақиб монда, баъзе аз захми тиру баъзеи дигар бар асари хастагӣ ва аз ҳолу мадор мондан як-як ба коми дарё мерафтанд. Манзура дар миёни чанд нафаре, ки ҳанўз рўи амвоҷи дарёи маст ҷонталошӣ мекарданд, Олимҷонро диду бо тамоми вуҷудаш фарёд зад:

—Олимҷон,Олимҷон!— дар садои ў ваҳму таҳлука омезиш ёфта, бо ғулғулаи дарё ҳамнаво гашт. Ҳамин вақт чанд тир шуввасзанон аз болои сари Манзура гузашту дасти касе ўро ба зўрӣ рўи фарши қаиқ нишонд.

—Хам шав, аз ҷонат сер шудӣ магар!?

Вале Манзура он дастро як тараф тела дода, дубора баланд шуд ва ҳамоно “Олимҷон” гуфта фарёд мезад.

Акнун сари Олимҷони ў гоҳе аз об боло мешуду гоҳе дар миёни мавҷҳо пинҳон мегашт. Вай дигар қуввати шино кардан надошт, ғарқ мешуд. Манзура худро ба дарё заданӣ шуд, ки боз ҳамон дасти пурқуват ўро ба қафо кашид.

Қаиқ торафт дуртар мерафт. Акнун ҷавонони шиновар наменамуданд. Манзураро гўё вараҷа фаро гирифта бошад, дарақ-дарақ меларзид. Ў ҳарисона ба дарё назар карда, ҳамоно бо овози баланд “Олимҷон” мегуфт. Ногаҳон Олимҷон боз як бори дигар намоён шуду гўё хайрухуш мекарда бошад, дар миёни мавҷҳои бераҳм дасташро алвонҷ дод. Ин манзара ҳамагӣ як ё ду сония давом карду дигар Олимҷон нопадид гашт.

Манзура мижа назада, нигоҳашро аз он нуқта намеканд, бовар кардан намехост, ки дигар ёри меҳрубонашро нахоҳад дид, не-не, вай нахоҳад мурд, ҳоло сар боло мекунаду ҳатман ба онҳо расида мегирад. Чанд лаҳзае, ки ба назар як солро мемонд, гузашту аз ў нишоне набуд. Худоё, куҷо шуд Олимҷони вай? Манзура боз кўшиши худро ба об задан кард, то рафиқи ҳаётияшро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад, вале дастони пурқуввати хусураш ўро боздоштанд ва

Зиёдахола нагузошт, ки келинаш дигарбора сар боло намуда, амвоҷи қотили дарёро бубинад. Баъди чанд лаҳза аз ҳуш рафту дигар чизеро ба ёд надорад. Вақте ки ба ҳуш омад, дар болои сараш Зиёдахола ва хусураш Абдусамирро дид, ки аз ў чизе мепурсиданд, вале ў ёрои гап задан надошт. Ниҳоят, лабонаш ҷунбиданд ва ў бехудона:

—Олимҷон, Олимҷон,— гуфту аз тарс хушдоманашро сахт ба оғўш гирифт.

Манзараи мудҳиши ғарқшавии Олимҷонро фақат Манзура дида буд. Хусуру хушдоманаш ва дигар одамони дар қисмати пеши қаиқ нишаста фақат садои виззасзанон гузаштани тирро мешуниданду ба сар бардоштан ҷасорат намекарданд.

Чун Абдусамир аз асли воқеа хабар ёфт, бо дастонаш рўяшро паноҳ карда, дар ҷояш нишаста монд. Заврақи онҳо ба соҳил расид ва ҳама анҷомҳояшонро гирифта, саросемавор ба соҳил фаровардан гирифтанд, вале Зиёдахолаю Манзура ҳоло ҳам ҳамдигарро оғўш карда нола мекарданд.

Қобилҷону аппаҳояш омада, ба як ҳоли зор онҳоро аз қаиқ фароварданд.

Ана, онҳо дар хоки сарзамини бегона ва якумин қадам дар мулки ғайр ба оилаи онҳо наҳсӣ овард,

Зиёдахолаву Абдусамир ҳанўз ба ин ҷо пой нагузошта, доғи фарзанд диданд, нахустписарашонро аз даст доданд. Манзура баъдан, ҳар вақте он лаҳзаҳои шумро ба ёд меовард, дилаш таҳ мекашиду вуҷудашро ларза фаро мегирифт. Ў он рўзеро, ки сабабгори бахти носозгораш гашта буд, асло аз хотир фаромўш карда натавонист. Аслан худаш мехост, ки бо ҳамон хотира, агарчи талху ногувор буд, Олимҷон дар дилу дидаи вай боқӣ монад.

пешина
аз 22
навбатӣ