ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа
Манзура чанд рўзи дигари дар Афғонистон буданашро, қариб ки дар ёд надорад, магар он лаҳзаҳоеро, ки гоҳ-гоҳе ба ҳуш омада, чашм мекушоду дар болои сараш Зиёдахоларо медид, ки Нозия дар бағалаш нишаста буд ва ҳамеша такрор мекард:
“келинҷон худатро ба даст гир, дар тақдиру насибамон ҳар чӣ навишта шуда бошад, ҳамонро мебинем, дигар ҷои гурез надорем. Ба ҷони ҷавони худат, ақалан ба Нозияҷонат раҳм кун, охир”. Вале ҳайҳот, акнун дунё барои ў қиммате надошт, ҳама чиз дар назараш куҳнаву беранг метофт.
Рўзе, ки пурра ба худ омад, дид, ки ҳама аъзои оилаи онҳо дар як кулбаи ниҳоят танг ҷой гирифтаанд.
Деворҳову фарши он хона хокӣ буданду андова ҳам надоштанд. Аз мўрии начандон калоне, ки ҳатто шиша ҳам надошту барои даромадани рўшноӣ пешбинӣ гардида буд, шамоли сард медаромад. Дари кулба аз шохҳои ба ҳам басташудаи дарахтон сохта шуда буд.
Зиёдахола чашм кушодани Манзураро диду дар лабонаш табассум давид.
—Келинҷон, охир, ин чӣ кори кардагият буд, ки ҳамаи моро талхакаф кардӣ. Ана, панҷ рўз шуд, ки ту ба даҳонат ҳатто як қулт об ҳам нагирифтаӣ,— мегуфт ў.
Вай ба Манзура кумак кард, то ў худашро каме бардорад ва ба девор такя карда нишинад. Дар кулбаи онҳо як болишт ҳам набуд, ки ба пушти бемор гузоранд.
Қобилҷон ҷомааашро бароварда, дар пушти янгааш монд. Манзура бо нигоҳи ҳайратзада атрофро аз назар гузаронд ва вақте ки чашмаш ба хусураш афтод, —Амакҷон, Олимҷон канӣ, чаро ў дар ин ҷо нест?— гуфт ва боз беҳуш шуд.
Ҳама баробари ў мегиристанд. Зиёдахола дигар худро дошта натавониста, Нозияро сахт ба оғўшаш гирифт ва “Баламой, балам” гуфта, бо тамоми овоз фарёд кашид.
Манзура боз ду рўзи дигар беҳушу беёд хобид.
Абдусамири ҷигарсўхта дигар чӣ кор карданашро намедонист. Дар ин ҷо ягон духтур ҳам набуд, ки омада ҳоли келинашро бубинад. Ў ба берун баромада, ба кулбаи дигар, ки дар наздикии онҳо буд, рафт ва асли воқеаро ба ҳамсояҳо нақл кард. Онҳо маслиҳат доданд, ки ягон муллои нағзро ёфта, беморро дуохонӣ кунанд. Мулло то як поси шаб Манзураро дуохонӣ кард, вале ин ҳам фоида набахшид.
Деҳаи хурдакаке, ки 150 нафар гурезаҳо муваққатан муқими он шуда буданд, ҳамагӣ аз 10-12 хонавода иборат буда, барои зистан шароити мусоид надошт, ҳатто оби ошомиданӣ, ки аз як чашма гирифта мешуд, ба ҳама намерасид. Бинобар ҳамин, калонсолон хулоса карданд, ки ба ягон ҷои дигар кўч банданд, аммо аҳволи бади Манзура имкон намедод, ки оилаи онҳо ин корро анҷом диҳад. Абдусамир ба ҳамдеҳагонаш маслиҳат дод, ки баромада раванд, ҳоли Манзура, ки беҳтар гашт, онҳо ҳам хоҳанд рафт.
Рўзи дигар ҳамаи гурезагон бо роҳбаладии як марди афғон ба роҳ баромаданд. Аз байн як ҳафта гузашт. Афғони роҳбалад баргашта нақл кард, ки баъди тай кардани роҳи серўза гурезаҳо дар як деҳаи калоне, ки аз шафаташ дарёча мегузашт, ҷойгир шуданд. Дар ин байн ҳоли Манзура ҳам каме беҳтар гашт, ҳар саҳар кам-кам шир менўшид, вале ҳоло ҳам қуввати аз ҷой хестанро надошт. Кўчидан онҳо боз ба таъхир афтод. Ҳафтаи оянда Абдусамир аз аҳли деҳа маркабе хоста, келинашро ба он савор кард ва як сокини деҳаро роҳбалад гирифта, ҳамроҳи аҳли оила ба роҳ баромаданд. Пеш аз рафтанашон сардори деҳа пешниҳод кард, ки агар Абдусамир хоҳад, бо аҳли оилааш ҳамин ҷо мондан гиранд, зеро ин ҷо аз ҷои мерафтагияшон тинҷу оромтар аст. Абдусамир гуфт, ки ўро ҳамдеҳагон мунтазиранд, онҳо ба маслиҳату роҳбарии вай эҳтиёҷ доранд, аз ин рў, бояд раванд.
Сафар мушкилиҳои зиёд дошт, роҳ пурсангу рег ва дар аксар ҷойҳо ниҳоят танг буд, аз нишебиҳо фаромадан душвориҳои беҳисоб пеш меовард. Ҳар лаҳза зарур буд, ки нафаре мувоҷеҳи ҳоли Манзура бошад, то ў аз болои маркаб наафтад. Бисёр вақт ин вазифа ба зиммаи Қобилҷон гузошта мешуд. Ҳамин хел як рўзи сафар гузашт ва онҳо ба як деҳаи хурдакаке расиданд, 8-10 хоҷагӣ дошт. Гурезаҳоро барои шабгузаронӣ дар як кулбаи тангу торе, ки аз хона дида, бештар ба оғилхона монанд буд, ҷойгир карданд.
Саҳари барвақт онҳо як бурда нонро ба об тар карда хўрданду роҳашонро идома доданд. Хайрият, ин тарафи роҳ ҳамвортар будааст. Абдусамир бо роҳбалади афғон, ки номаш Иброҳим буду 30-35 сол дошт, пешопеш мерафтанд. Ў ба Абдусамир таърихи ҳамаи деҳаҳо, дараҳо, кўҳҳо ва чашмаҳоро як ба як гуфта медод. Вақте ки рўзи дуюми сафар ба бегоҳ мерасид, роҳбалад гуфт, ки ҳаракатро тезтар карда, то фаромадани торикӣ ба як деҳаи хурди дигар, ки Чашмасор ном доштааст, расида гиранд. Аммо аҳли оила, ки хўроки нисфирўзиашон аз як бурда нони хушк иборат буд, қуввати зуд ҳаракат карданро надоштанд.
Кўдакон аз ғояти гушнагӣ мегиристанд.
Онҳо баъди торик шудан ба деҳаи Чашмасор расиданд ва як хеши дури роҳбаладро, ки муқими ин ҷо будааст, кофта ёфтанд. Вай пас аз илтимосу илтиҷои зиёд меҳмононро дар як хонаи нимободу нимвайрон ҷой карда, барояшон шавла овард. Хўроки гарм барои мусофирони гуруснамондаю кўфташуда айни муддао буд.
Иброҳим ба Абдусамир гуфт, ки дар деҳаи онҳо монданашон беҳтар буд. “Чунки деҳаҳои мо, ки аз марказҳо дур аст,— мегуфт вай,— ягон кас аз ҷумлаи қумандонҳо моро ташвиш намедиҳанд, мо дар ихтиёри худамон. Ҳар коре кунем, мекунем, чи ризқу рўзие, ки ёфтем, ба худамон мерасад. Дар он улусволие, ки шумо рафтаниед, ҳамеша қумандонҳо рафтуо мекунанд.
Онҳо ҷавононро бо худ гирифта, барои кор ё ҷанг мебаранд ва ҳатто занҳоеро, ки ба онҳо маъқуланд, беибо азхуд мекунанд. Мардуми шуморо бошад, шуравӣ гуфта, қумандонҳо бад мебинанд. Барои ҳамин, эҳтиёт шавед”.
Аз ин хабар ғаму ташвиши Абдусамир дучанд шуд.
Тақдири ояндаи писараш Қобилҷону келинаш Манзура ўро нигарон карда буд, вале роҳи дигар вуҷуд надошт. Акнун, ки қавм гуфта, ў ба Душанбе ва Ўзбекистон нарафт, ҳар чӣ ҳам шавад, бо ҳамқавмон буданашон лозим меомад, роҳи дигар нест.Соҳибхона пагоҳӣ меҳмонони худро бо ширбиринҷ зиёфат дода, сипас гуселашон кард.
Вақте ки аҳли оилаи Абдусамир ба деҳаи Боботоғ, ки дар он ҷо ҳамшаҳриҳояш ҷамъ омада буданд, расиданд, аллакай барои оилаи онҳо як кулбаеро ҷудо карда монда буданд. Ин деҳа, ки бо роҳи мошингарди хокӣ ба марказҳои минтақавӣ пайваст мешуд, хеле калон буда, ба гуфти сокинон беш аз ҳазор нафар аҳолӣ дошт. Аз ду тарафи деҳа дарёчаҳое мегузаштанд, ки оби ширину мусаффо доштанд. Бо супориши волӣ, яъне ҳокими минтақа масҷидеро барои гурезаҳои тоҷик ҷудо карда, дар як тарафи он занон ва дар тарафи дигараш мардҳоро ҷойгир намуданд ва азбаски сафи гурезаҳо рўз ба рўз зиёд мешуду ҳама дар масҷид намегунҷиданд, як қисми онҳоро шахсони хайрхоҳ дар хонаҳо ё каҳдонҳои худ ҷой дода буданд.
Хонае, ки аҳли оилаи Абдусамир дар он маскун шуд, аз они як шахси сармоядор будааст. Аз рўзи аввал рафтори сардори хона, ки Ҷунайд ном дошт, ба Абдусамир маъқул нашуд. Ў марди қаддарози сиёҳҷурдае буд, ки синнаш тахминан ба 60-65 сол мерасид. Вай як шахси худбовару мутакаббир менамуд ва ба қавли худаш соҳиби заминҳои корами обӣ, гову гўсфанди зиёд будааст. Дар рўзи аввали шиносоӣ ў ба Абдусамир гуфт, ки агар ҳамшаҳриҳояш тилловорӣ, ё пул дошта бошанд, онҳоро ба ивази озуқаворӣ харида мегирад. Аммо гурезаҳои бечора тилло аз куҷо, ки пули кироӣ ҳам надоштанд. Соҳибхона аз рўзи аввал талаб кард, ки Қобилҷону аппаҳояш кори хонаи ўро анҷом дода, оғилҳоро тоза кунанд. Абдусамир аҳли оилаашро ба ягон хонаи дигар гузарониданӣ шуд, вале аллакай ин гуна имконият набуд. Ба ҳамин минвол ду ҳафта гузашт.
Гурезагон ҳар он маблағе, ки бо худ оварда буданд, ба соҳибони дўконҳо дода, ба ивазаш маводи хўрока мегирифтанд, баъзеҳо аллакай тамоми пулашонро сарф карда буданд. Абдусамир аҳволи хору зори мардумро дида, чӣ кор карданашро намедонист. Дар ин ҷо кор ёфтану соҳиби музди маош гаштан амри маҳол буд. Ҳаво ҳам рўз ба рўз хунук мешуд, ҳоли онҳо дар зимистон чӣ гуна хоҳад шуд? Бо ҳамин андешаҳо, ў маҷбур шуд, ки роҳбаладе ёфта, ба марказ, ба назди вулусволӣ равад.
Ў ба норозигии ҳамсару фарзандонаш нигоҳ накарда, ба сафар баромад. Бо душворӣ мошини роҳгузареро дарёфт карда, ба маркази минтақа роҳ пеш гирифт. Роҳ то марказ тахминан 70-80 километр будааст. Ин қадар роҳро дар ҳавои сард, дар болои мошини боркаши рўкушода омадан сад мушкил дошт, аммо вазъият инро тақозо менамуд. Ў тамоми роҳ, ки дар зарфи 5-6 соат тай шуд, сарашро бо ҷомааш пўшонда омад. Вақте ки ба маркази вулусволӣ расиданд, рўз ҳам бегоҳ мешуд. Абдусамир ва роҳбалади ў бо як илоҷе ба бинои ҳокими ноҳия даромаданд, аммо ўро наёфтанд. Гуфтанд, ки шояд фардо биёяд.
Акнун сарпаноҳе ёфта, шабро дар он гузаронидан даркор буд. Шаҳрак меҳмонхона надошт. Хайрият, роҳбалад ба хотир овард, ки он ҷо як шиносаш зиндагӣ мекунад. Онҳо он манзилро суроғ карда ёфтанду шабро сипарӣ карданд.
Саҳари рўзи дигар ҳокимро дар утоқи корияш дарёфт карда, Абдусамир мақсадашро ба ў фаҳмонд.
Ҳоким марди дилсўз баромад, аҳволи гурезаҳо медонистааст. Баъди фаҳмидани вазъият ў ба муовинаш якчанд супоришҳо дода, ба Абдусамир гуфт, ки хотирҷамъ бошанд, ба ҳамин наздикӣ кумаки хайриявӣ хоҳанд гирифт.
Абдусамир боз як шаби дигарро он ҷо гузаронда, рўзи дигар барои омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ роҳи Боботоғро пеш гирифт. Ба кулбаашон даромада, пай бурд, ки бо ҳамсараш чи ҳодисае рўй додааст.
Зиёдахола дар ҷавоби саволи шавҳараш ангушт ба лаб бурда, ба берун баромад, нахост дар ҳузури келинаш чизе бигўяд. Дар ҳавлӣ Зиёдахола оби дидаашро дошта натавониста, бо алам гуфт:
—Ин қадар ғурбату ғам кам буд, ки боз Худованд як балои навро ба сарамон овард. Баъди рафтанат соҳиби хона ба кулбаи мо даромада, ҳолпурсӣ карду ҳарисона ба Манзура чашм ало кардан гирифт. Баъд аз баромада рафтани вай духтараш омада гуфт, ки як кас аз шумо ба модараш барои пухтани нон ёрӣ диҳад.
Азбаски дигар духтарон ба оғилрўбӣ машғул буданд, ман маҷбур шудам, ки Манзураро равон кунам. Аз дур медидам, ки он пири беимон дар назди танўр истода, бо ҳар баҳонае ба Манзура гап мепартофт, ҳатто аз ў нони гарм пурсида, як бор дасташро дошт. Пас аз нонпазӣ Манзура ба кулба даромаду худашро ба болои палос партофта, то бегоҳ зор-зор гирист. Имрўз ҳам пирамарди бешарм рўзи дароз аз ҳавлӣ берун нарафта, дар гирди кулбаамон гашту гузор кард. Худо накарда, ягон гап шуда монад, шармандаи ду дунё мешавем.
“Иброҳим рост мегуфтааст” аз дил гузаронд Абдусамир. Ў фармуд, ки ҳамсараш дигар Манзураро бе ҳоҷат ба берун баромадан намонад, Қобилҷон ҳам дур нарафта, аз ҳоли янгааш бохабар шуда истад.
Ҳуҷҷатҳоро тайёр карда, баъди ду рўз Абдусамир боз ба маркази вулусволӣ рафт. Се рўз он ҷо монд ва дар рўзи чорум дар мошини боркаше ёрии башардўстона гирифта, баргашт. Орду равған ва дигар маводи хўрока ранҷи гуруснагии гурезагонро барои чанд рўзи оянда сабук кард.
Вақте Абдусамир бегоҳӣ ба кулба омад, аҳли оилааш сархаму хомўш менишастанд. Маълум шуд, ки баъд аз рафтани ў ба деҳа як гурўҳи калони муҷоҳидон омада, аз сокинон базўрӣ озуқаворию пўшокӣ ситонидаанд ва ҳашт нафар ҷавонон, аз ҷумла ду ҷавони гурезаро бо худ гирифта бурдаанд. Муҷоҳидон ба ҷойи зисти онҳо низ сар халонда, гўё медониста бошанд, гуфтаанд, ки ин ҷо ҷавоне ҳаст ва ўро бо худ мебаранд. Соҳибхоназан, ки омадани онҳоро медонистааст, Қобилҷонро ба хонаи худаш дароварда, дар паси кўрпаҳо пинҳон кардааст. Муҷоҳидон Қобилҷонро наёфта, дар ғазаб шуда баромада рафтаанд. Чуноне ки соҳибхоназан аз гуфтугўи муҷоҳидон шунидааст, худи Ҷунайд ба онҳо дар бораи Қобилҷон хабар дода будааст. “Ин хонасўхта барои нафси ҳаромаш ба ҳар кор қодир аст, ягон фикр кардан зарур” гуфт дар охири нақлаш Зиёдахола.
Абдусамир ҳамон шаб писарашро ба назди гурезагони дигар бурда монд ва таъкид кард, ки камтар ба берун барояд. Чун падар тафсилоти воқеаро аз Қобилҷон пурсид, ў аввал чизе гуфтан нахост, вале баъдан гуфт, ки баъди рафтани падараш Ҷунайд саҳари рўз омада, супориш медиҳад, ки Манзура бо кўдакон монаду дигарон ба боғ барои каландкунӣ раванд. Қобилҷон мувофиқи супориши падараш ба боғ нарафта, дар хона мемонад. Пири беимон, ба гумони он ки Манзура танҳо мондааст, ба кулбаи онҳо даромада, он ҷо Қобилҷонро мебинаду дар ғазаб шуда, барои чӣ ба боғ нарафтанашро мепурсад. Қобилҷон мегўяд, ки бемор шудааст. Ҷунайд ситеза карда, боз фармоиш медиҳад вай баромада равад. Янгааш бошад, зораву илтиҷо мекунад, ки аз хона набарояд. Баъд аз ним соати дигар соҳиби хона дубора дари кулбаи онҳоро кушода, Қобилҷонро дар он ҷо мебинад ва таҳдид мекунад, ки ба сараш бало хоҳад овард.
То як нисфи шаб Абдусамирро хоб набурд. Ў қарор дод, ки роҳашро пайдо намуда, ҳарчӣ зуд макони зисти муваққатии оилаашро дигар кунад. Ин ҳаромзодаи Ҷунайд ба ҳама чиз қодир аст, воқеан ҳам, метавонад ба сари онҳо ягон балову нохушӣ биёрад. Пагоҳии барвақт ў ноништа накарда, сўйи мактаб раҳсипор гашт.
Мошине, ки дирўз бо он озуқаворӣ оварда буданд, бо кадом сабаб бошад, ки ҳанўз дар ҳавлии мактаб меистод. Ҳол он ки ронандаву ҳамроҳонаш аз рўи нақша мебоист шабона ба роҳ мебаромаданд. Маълум шуд, ки кадом як қисми мошин аз кор баромадааст. Ба ҳар ҳол, ин ҷо мондани мошин барои ў фоли нек буд.
Абдусамир бо роҳбалад, ки корманди Созмони Миллали Муттаҳид буд, маслиҳат карда, мақсадашро гуфт. Роҳбалад розӣ шуд, ки аҳли оилаи ўро то маркази вулусволӣ бурда монад ва агар лозим бошад, барояшон ҷойи зист ҳам меёбад.
Ҳамин тавр, баъди ним соат аҳли оила ба мошин савор шуда, ба роҳ баромаданд. Абдусамир бо ҳамшаҳриёнаш фаҳмонд, ки аз ҳамон ҷо истода ба онҳо ёрӣ мерасонад. Мошин баъди нисфирўзӣ ба маркази вулусволӣ расид ва роҳбалад онҳоро дар биное, ки як кулбаи холӣ доштааст, ҷойгир намуд ва ниҳоят Абдусамиру Зиёдахола нафаси сабук кашиданд.
Абдусамир акнун қариб шабу рўз аз паи ҷо ба ҷо кардани гурезаҳо ва бо озуқа таъмин кардани онҳо буд. Гоҳо мешуд, ки ў чандин шабу рўз ба назди аҳли оилааш намеомад, дилаш пур буд, ки ҳама тинҷу осудаанд. Аз байн қариб як моҳ гузашт, зимистон шуд.
Рўзе ў барвақттар ба кулбааш омада, хабар дод, ки бо супориши намояндагони Созмони Миллали Муттаҳид минбаъд ҳама гурезаҳои тоҷикистонӣ дар марказҳои созмондодаи ин ташкилот ҷойгир карда мешаванд, чунки дар ҳар гўшаву канор зистани онҳо таъминоти маводи заруриро душвор мекард. Гурезаҳое, ки дар марказҳои навтаъсис зиндагӣ намекунанд, аз гирифтани озуқаворӣ ва дигар имтиёзҳо маҳрум мешаванд. Барои номнавис кардани гурезаҳо ў фардо бо ҳамроҳии намояндагони СММ ба роҳ мебарояд ва баъдан рафта сохтмони марказро мебинад. Ҳар вақте ки марказ ба қабули гурезаҳо тайёр шуд, ҳамаро ба он ҷо мекўчонанд. Абдусамир ба Қобилҷон таъкид кард, ки дар вақти набудани ў сарварии оила ба уҳдаи вай мемонад. Кораш зиёд мешавад, сафари онҳо шояд 25-30 рўз давом кунад.
Субҳи дигар ў бо ҳама хайру хуш карда Нозияро ба оғўш гирифт, бўсид ва беихтиёр аз чашмонаш ду қатра ашк ҷорӣ шуд. Наберааш хеле лоғар шуда буд.
Зиёдахола намехост, ки шавҳараш ба чунин сафари тўлонӣ барояд, охир, дар ватани бегона ҳар воқеа шуданаш мумкин аст. Аммо, чун медонист, ки вай ҳеҷ гоҳ аз роҳаш барнамегардад, чизе нагуфт. Шавҳари боору номуси ў тамоми умр барои халқаш хизмат кардааст ва минбаъд ҳам ин корашро идома хоҳад дод.
Вай ба эҳтиёҷмандон дасти кумак дароз карданро рисолати инсонии худ медонист.
Мошини онҳо ба роҳи дуру дароз баромад.
Абдусамир нигоҳашро аз манзараҳои ду тарафи роҳ наканда, фикру андешаҳояшро оид ба саҳифаҳои нави китоби зиндагӣ, оид ба моҷароҳое, ки тайи чанд моҳи охир ба сари ўву аҳли оилааш ва ҳазорон ҳамватанони гурезааш омада буд, ҷамъбаст мекард, хулосабарорӣ менамуд. Роҳҳои вайрона, купрўкҳои валангоршуда, хонаҳои пастакеро, ки бештар ба оғилхона монанд буданд, заминҳои бекорхобидаро медиду дилаш на танҳо ба худу ҳамнасибонаш, балки ба ҳоли нобасомони мардуми афғон ҳам месўхт. Агар дар ин заминҳои ҳамвору ҳосилхези фарсаҳҳо тўлкашида зироат кишт карда мешуд, ризқу рўзии аҳли ин диёри ҷангзада фаровон мегашт, ҳоли зорашон беҳбуд меёфт.
Мушоҳидаи деҳотҷойҳо дили касро хуншор мекард.
Қариб ягон хонаи он ҷоҳо обод набуд. Дар хусуси таъминоти барқу вазъи роҳҳои миёни деҳаҳо ҳоҷати гап ҳам набуд. Ҳа, албатта, амният, ки набошад, ободӣ аз куҷо? Гурўҳ гурўҳ одамони бекор, алалхусус, ҷавонон беҳудагардӣ мекунанд. Наход он нохалафоне, ки дар Тоҷикистон ба даст силоҳ гирифта, зидди ҳамватанони худашон, зидди давлат меҷанганд, кишвари азизи ўро ба Афғонистон монанд карданиянд? Не, мабод он рўз! Охир, падару бобоёни онҳо ватани худашонро дар тўли даҳсолаҳо бо садҳо ранҷу азоб обод кардаанд, онро аз ботлоқзору биёбон ба гулистон табдил додаанд. Худи ў зиёда аз сӣ сол хоҷагии калонеро роҳбарӣ карда, шабу рўз аз паси ободии ватан, серию пурӣ заҳмат кашидааст. Не, асло набояд гузошт, ки як гурўҳ одамони бехирад ободиро ба харобазор табдил диҳанд. Дар тамоми роҳи пушти сар намудаашон, ки як рўзи дароз давом кард, ҳеҷ куҷо нишони ободӣ ба чашм нарасид, ки ақалан лаҳзае ҳам бошад, хотири ошуфтаро хурсанд кунад.
Марказ ё худ, лагери гурезаҳо дар як майдони калоне ҷойгир буд, ки як тарафаш ба теппакўҳе рафта мерасид. Аз канори кўҳ рўди начандон калоне мегузашт. То ин дам аллакай барои гурезаҳо зиёда аз ҳазор хайма тайёр карда, дар онҳо панҷ ҳазор нафарро ҷойгир намуда буданд. Абдусамир аҳволи гурезаҳои марказро дида, якбора афсурдаҳолу ғамгинтар шуд.
Зимистон, ҳаво сард бошад ҳам, дар хаймаҳо бухорӣ мондану алов карда мумкин набуд. Мардум, хусусан кўдакон аз хунукӣ ҳоли табоҳ доштанд. Маводи хўрданӣ ҳам намерасид. Хўроке, ки аз тарафи намояндагони СММ тайёр карда мешуд, ба талабот ҷавобгў набуд. Хаймаҳо дар болои замин зада шуда, роҳҳои байни онҳо пурлой ва кўдакони бечора дар лой ҷўлида буданд. Мувофиқи ҳисоби СММ дар ин ҷо бояд боз зиёда аз 10 ҳазор гурезаи дигарро оварда ҷойгир мекарданд. Барои ҳамин қадар гуреза фақат дар ду хайма нуқтаҳои тиббӣ таъсис дода шуда буд, ки онҳо талаботи корафтодагорон қонеъ карда наметавонистанд, хоса, дар чунин вазъи ногувор ва фасли сард, ки боиси зиёд шудани ҳар гуна бемориҳои илтиҳобӣ мегардид. Хайрият, ки миёни гурезаҳо табибон ҳам буданду ба дарди мардум мерасиданд, аммо доруворӣ ниҳоят камчин буд.
Абдусамир мебоист зиёда аз 2800 гурезаеро, ки дар вулусволии онҳо истиқомати муваққатӣ доштанд, кўчонда ана ба ҳамин ҷо оварад. Ў ҳар рўз аз субҳи содиқон то бегоҳ такудав мекард, хобу хўри бароҳатро фаромўш карда буд, то гурезаҳои меовардагияшро дар қайд монда, ба онҳо хўрокворию доруворӣ ҷудо намоянд. Аз ягона генератори барқдиҳанда, ки дар ин марказ буду ба чанд хайма рушноӣ медод, истифода бурда, шабҳои дароз нависонавис мекард. Ниҳоят, пас аз 20 рўз ба Абдусамир муяссар гашт, ки барои оварадани гурезаҳо иҷозат гирифта, бо зиёда аз 20 мошини боркаш ба вулусволии Боботоғ равад.
\* \* \*
Худованд ба гурезаҳо тараҳҳум намуду моҳи феврали соли 1993-юм ҳаво гармтар омад. Абдусамир аҳли оилааашро дар як хайма ҷойгир карда, худ ҳар рўз ҳамроҳи Қобилҷон аз пайи таъмини хўрокию пўшокии гурезаҳо буд. Рўзҳои вазнину якранг як-як пушти сар мешуданд. Намояндагони СММ ва ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон ҳафтае як маротиба омада, аз ҳолу аҳволи гурезаҳо хабар мегирифтанд. Дар якчанд ҷои бошишгоҳ, дар болои сутунпояҳо баландгўяк насб намуда, ба воситаи онҳо хабарҳои нав ва барномаҳои радиои Тоҷикистонро мешунавониданд. Аксари гурезаҳо, вақте ки бори якум овози радиои тоҷикро шуниданд, аз дидаҳояшон ашк ҷорӣ шуд. Воқеан, аз шунидани барномаҳои “Хоки Ватан”, ки фирориёнро ба ватан даъват мекард, дили одам гум мезад.
Абдусамир он рўзеро, ки намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров ба бошишгоҳи гурезагон омада, бо онҳо суҳбати гарму самимона оростанд, ҳеҷ гоҳ фаромўш нахоҳад кард.
Роҳбари гурўҳи ҳукуматӣ гуфт, ки вазъият дар ватан хеле ором шудааст, ҳукумати нав тантанаи қонунро таъмин карда истодааст, бисёр қумондонҳои саҳроӣ, ки ба бедодгариву авбошӣ машғул буданд, аз ҷумла Қарамиши ғоратгар ҳам, ба артиши ҳукуматӣ таслим гардида ё пароканда карда шудаанд. Акнун дар мулки ғарибӣ мондани ҳамватанон ҳоҷат надорад. Ҳукумати мамлакат омода аст, ки гурезаҳоро баргардонида, ба онҳо ҳамаҷониба кумак расонад, то зиндагияшонро аз нав ба сомон биёранд ва дар хоки аҷдодии худашон орому осуда умр ба сар баранд.
Наход рўзҳои сиёҳи ғурбат поён ёфта бошанд?
Наход онҳо пас аз ин қадар хору зор шуданҳо, баъд аз рўзгорони талхи ғурбат дубора ба дидори ёру диёр мерасида бошанд? Наход дигарбора ба чашм молидани хоки ватан ба ғарибони дилсўхта муяссар мегашта бошад? Худоё, шукронаат мегўем, ки бори дигар ба миллати азияткашидаи тоҷик, ба кишвари биҳиштмонанди Тоҷикистон раҳм кардӣ. Суханони намояндаҳои ҳукумат гурезаҳоро гирён карданд. Яке ашки шодӣ мерехту дигаре аламу ҳасрат, ранҷу азобҳои пуштисарнамудаашро пеши рў оварда, мегирист. Сипас мардуми азияткашида якдигарро ба оғўш гирифта, хурсандӣ карданд. Пиронсолон дуои шукрона карда, Худоро сипос гуфтанд, ҷавонон хушҳолона садо баланд карданд, каф кўфтанд, занону духтарон хандаҳои гиряолуд намуданд, кўдакон баъди қариб як соли ғурбату ғам, нахустин бор баланду беғаш хандиданд.
—Қобилҷон, тайёр шав, Худо насиб карда бошад, ба ватани азизамон, ба Тоҷикистон худамон бармегардем, боз барои ободии диёри худамон бунёдкорӣ мекунем!— нидо кард Абдусамир писарашро оғўш гирифта.
Дигар ҳар рўз бошандагони лагер дар соати муайяне назди баландгўякҳо ҷамъ омада, бо тамоми ҳушу гўш барномаҳои “Хоки Ватан”-ро гўш мекарданду аз садои марғуладори нотиқи ватандўст Бурҳон Раҳмон, аз даъвати хешу пайвандонашон бўи ҷонбахши ватанро мешамиданд ва ҷонҳои хастаашон роҳат мекард.
Вале баъдтар дар бошишгоҳ гурўҳи одамоне пайдо шуда, хабарҳои радиоро дурўғ эълон карданд, гуфтанд, ки гурезаҳо ба Тоҷикистон нараванд, он ҷо вазъият ноором аст, ҷангу хунрезӣ аст, агар баргарданд, ҳукумати нав онҳоро гунаҳгор карда, ба ҷавобгарӣ мекашад. Гурўҳҳое низ омада ҷавононро ба таъсис додани гурўҳҳои мусаллаҳ ташвиқ мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки ба Тоҷикистон рафта, бо ҳукумати нав, бо номусулмонҳо меҷанганд. Бачаҳои аз 10 то 14- соларо номнавис карда, мегуфтанд, ки онҳоро барои таҳсил ба мадрасаҳои Покистон мебаранд. Дар асл бошад, он бадсириштон ният доштанд, ки наврасонро сабақи ҷанг омўхта, ба муқобили халқу ватани худашон бишўронанд.
Вазъияти лагер рўз ба рўз нооромтар мешуд.
Абдусамир бо чанде аз ҳамфикрҳояш гурўҳи 18-20- нафара ташкил дода, дар миёни гурезаҳо корҳои таблиғотӣ мебурданд, ба падару модари ҷавонон ҳадафи аслии он гурўҳи ғарзамандро мефаҳмонданд.
Баъзеҳо ҳақиқатро дарк мекарданд, оқибати бад доштани найрангҳои сиёҳкоронро эҳсос менамуданд, вале як қисм падарҳои раҳгумзада фирефта шуда, фарзандони худашонро ба он гурўҳҳо шомил мекарданд.
Ҳаво дар моҳҳои апрел-май якбора гарм шуда, боиси пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ гашт. Қариб ҳамаи кўдакон мубталои бемориҳои дарунрав ва домана гаштанд, мўйсафедону занҳои солхўрда, бинобар сабаби пастсифат будани оби ошомиданӣ ва камбудии маводи ғизоӣ, ба бемориҳои илтиҳоби шуш гирифтор шуданд. Набудани доруворӣ, нарасидани мутахассисони соҳаи тиб сабаби торафт авҷ гирифтани бемориҳои ҳалокатбор гашта буд. Рўзе набуд, ки дар гўристони ғарибон панҷ-шаш мурдаи навро ба хок насупоранд. Дар тирамоҳ аҳвол боз ҳам бадтар шуд. Ҳамарўза 10-12 нафар бошандагони лагер аз ин ё он беморӣ мефавтиданд. Бемории домана Нозияи маъсумро ҳам гиребонгир шуд. Зиёдахола ўро як дам аз бағалаш раҳо намекард. Абдусамир баъд аз ҷустуҷўи зиёд якчанд намуди доруворӣ пайдо карда бошад ҳам, қариб буд ки кўдаки бечораро аз даст диҳанд. Манзура дарун-дарун хун мехўрд, ба даргоҳи Худо нолида мегуфт: “Эй Парвардигор, охир, ҳамсари азизамро гирифтӣ, акнун, наход ки ба мани музлим раҳм накарда, ягона нишонаи ўро ҳам аз ман ҷудо кунӣ?”. Хушбахтона, умраш боқӣ будааст, ки Нозия оҳиста-оҳиста сиҳат ёфт, аммо боз ҳодисаи дигаре сар зада, аҳли оиларо ба ташвишу изтироб андохт.
Рўзе Қобилҷон баъди нисфирўзӣ ба берун баромада, беному нишон ғайб зад. Абдусамир он шаб хоб нарафта, ҳама ҷоро ҷустуҷў кард, вале писарашро пайдо карда натавонист. Ҳамин қадар маълум шуд, ки чор ҷавони дигар низ ҳамин бегоҳ бедарак шудаанд.
Аҳли оила ҳам он шаб нахуфтанд. Модари озурдадилро ҳазору як фикру хаёли бад тазйиқ медод.
Пагоҳӣ, баъди пурсупоси бисёр Абдусамир аниқ кард, ки Қобилҷон бо чор рафиқаш дар назди даромадгоҳи лагер нишаста будаанд, ки ба наздашон як мошини боркаш омада меистад ва ду нафари мошинсавор аз онҳо кумак мепурсанд. “Дар роҳ як мошине, ки барои бошандагони лагер озуқа меовард, вайрон шудааст, борҳоро аз мошини вайроншуда ба ин мошин бор карда, овардан лозим” гуфтаанд онҳо. Ҷавонони фиребхўрда ба мошини он қаллобон савор шуда рафтаанду тақдири минбаъдаашон номаълум мондааст. Кўдаконе, ки дуртар аз ҷойи воқеа бозӣ мекарданд, шоҳиди ҳол шудаанд, онҳо ҳатто рақами мошин ва чигунагии онро ба ёд гирифтаанд.
Абдусамир роҳбарони лагерро аз ин ҳодиса бохабар кард. Маълум шуд, ки мошине бо чунин рақам дар рўйхати мошинҳои хизматӣ нест ва дирўз хеҷ мошине ҳам дар роҳ вайрон нашудааст. Онҳо гуфтанд, ки чунин ҳодисаҳо дар дигар лагерҳо низ бисёр рўй додаасту шумораи ҷавонони бенишонгашта аз нафар гузаштааст. Дар лагери худашон бошад, чунин ҳодиса бори сеюм рух дода будаасту пеш аз ин 24 нафар бачаҳоро рабудаанд. Гумони ғолиб он аст, ки ҷавононро ба лагерҳои махсус бурда, машқ медиҳанд ва аз онҳо муҷоҳид тайёр мекунанд. Ҳамин гуна, боз гурўҳҳое будаанд, ки писарбачаҳои 12-14-соларо фиреб дода, ба Покистон мебаранд ва дар он ҷо аз онҳо “шаҳид” омода карда, барои ғаразҳои худашон истифода мебурдаанд.
Инак, як ҳафта шуд, ки бо вуҷуди кофтукови зиёд, аз ҷавонони гумшуда хабаре намерасид. Абдусамир рўзҳои дароз аз паи ҷустуҷўи Қобилҷон мегашту бегоҳиҳо аз пой зада, андуҳгину ноумед ба назди аҳли хонаводааш бармегашт. Дигар ў дигар тоқати шунидани нолаҳои дилхароши ҳамсарашро надошт.
Дар муддати як сол ду писари паҳлавони худро аз даст додан барои модар дарди кушанда аст. Ба Абдусамир гоҳо чунин менамуд, ки дигар худи ў ҳам ин қадар ғаму ғуссаро таҳаммул карда наметавонад. Вале мард мард аст. Ҳақ надорад, ки хастагии худашро нишон диҳад.
Акнун қариб ҳар рўз намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ба лагер ташриф оварда, гурезаҳоро барои ба Ватан баргаштан ташвиқ мекарданд, вале ҳоло ҳам баъзеҳо ба амнияту оромии зодгоҳашон боварӣ надоштанд. Ҳоло ҳам гурўҳҳои алоҳида барои ба ватан баргаштани гурезаҳо монеъ мешуданд. Танҳо баъд аз он ки худи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон сафар карда, амнияти гурезаҳоро дар ватан кафолат дод, бисёриҳо барои баргаштан розӣ шуданд.
Абдусамир ҳамроҳи ташаббускорон шабу рўз аз пайи тайёр кардани гурезагон буд. Бо ҳар як оила суҳбати алоҳида гузаронидан лозим меомад. Ў қариб ҳар рўз бо намояндагони ҳукумат вомехўрд ва доир ба вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат маълумот мегирифт. Мабодо, Худо накарда, ба ҳаёти онҳо хатаре таҳдид кунаду касе талаф ёбад, вай умре зери маломати ҳамшаҳриҳояш мемонд.
Ташвишҳояш аз ҳад зиёд бошанд ҳам, ўро машғул медоштанд ва падари ҷигарсўхта муддате ҳам бошад, ғаму ғуссаи худашро фаромўш мекард. Дигар мисли пештара қуввату дармон надошт. Ранҷу азоби ғурбат ба ҷисму ҷонаш бетаъсир намонда буд. Аммо ҳоло вақти хастагию дам гирифтан нест. Бояд онҳо ҳарчӣ зудтар аз ин сарзамини ҷангзада ба ватан баргарданд, вагарна, ҳар қадаре ки бисёртар ин ҷо монанд, ҳамон қадар мафкураи одамон, хусусан ҷавонон, вайрон мешавад ва он гоҳ мушкилашон аз ин ҳам батар мегардад. Агар имконият мешуду каме фароғат меёфт, худашро дар Ватан тасаввур карда, осудахотир мегашт. Охир, ў ин рўзи саъдро, рўзи аз ин ҷо рафтанро шабу рўз интизорӣ мекашид. Гоҳо худро дар майдони пахтазор тасаввур карда, дилаш аз шодӣ лабрез мешуд ва худ ба худ мегуфт: “Ба Ватанам, ки расидам, замини онро бўида, бўса карда, хокашро дар дидагонам мемолам, ана он гоҳ Худо ҷонамро гирад ҳам, бе ормон мемирам”.
Ниҳоят, баъди се ҳафтаи дигар рўзи баргаштан таъин шуду Абдусамир дар қатори ҳама гурезаҳо хурсандӣ кард. Аммо ин хабар мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро сахт нороҳат намуд. Онҳо ҳанўз ҳам ба мағлубияти худашон тан надода, ташвиқот мебурданд, ки мардум ба ватан барнагарданд, ба ҳукумати нав итминон накунанд. Ҳоло ҳам баъзеҳо ба лофу газофи онҳо бовар карда, дудида мешуданд. Абдусамир дар охирин вохўрӣ бо гурўҳи намояндагони ҳукуматӣ, ки се рўз пеш аз сафар барпо шуд, дар назди издиҳоми калони одамон баромад карда, аз ҷумла гуфт:
—Мо ба Ватан баргашта, худамон сарзаминамонро ободу шукуфон мекунем, бо қувваи дастони худамон ризқу рўзиямонро меёбем, аз ҳукумат фақат як чиз ба мо лозим аст, ин ҳам бошад, амният ва тинҷӣ!
Гурезаҳои муштоқ ба як зарра хоки Ватан суханони Абдусамирро маъқул дониста кафкўбӣ карданд, чунон қарсаки баланд заданд, ки садои он дар кўҳи канори бошишгоҳ танин андохт.
Ҳамон бегоҳ баъди гусели намояндагони ҳукумат, Абдусамир ба ҳаммаслаконаш дастур дод, ки дар ҳар як хайма гашта, гурезаҳоро омода кунанд.
—Ман камтар худамро каме нороҳат ҳис карда истодаам, дилам дард мекунад,— гуфта, ў ба назди аҳли оилааш омад.
Шабро ба бедорӣ гузаронд, дилаш ҳоло ҳам сих мезад, қувваташ торафт камтар мешуд. Аз афташ пешомадҳои ширину гуворо, дидори ёру диёраш ҳиссиёту ҳаяҷони Абдусамирро баланд бардошта, ба кори дилаш таъсир расонидаанд. Қариби рўз каме ғанабаш бурдааст. Дар ҳамин чанд лаҳзае, ки мижа баҳам зад, Қобилҷонро ба хоб дид, ки ба даруни ғоре афтодаасту аз ў ёрӣ металабад. Аз таҳлука як қад парид ва дилаш бештар аз пештара ба дард даромад.
Аз ҷояш хестанӣ шуд, аммо натавонист. Овоз дода, Зиёдахоларо аз хоб бедор кард. Зиёдахола дар зери сари шавҳараш боз як болишти дигар гузошта, хоҳиш кард, ки беҳаракат дароз кашад. Абдусамир фармуд, то домодаш рафта Усмоналиро ҷеғ занад. Усмоналӣ марди рўзгордида, дар ватан, дар кори хоҷагидорӣ муовинаш буду ин ҷо ҳам дар бараш истода, ташаббускорӣ нишон медод.
Ў ба зудӣ расида омаду аҳволи Абдусамирро дида, дарҳол пай бурд, ки беморияш ҷиддист. Барои овардани сардухтури лагер кас фиристод.
Сардухтур фишори хуни Абдусамирро санҷид, набзи дилашро гўш кард, аммо чизе нагуфт, ба Усмоналӣ нигариста, фаҳмонд, ки дар берун гап мезанад.
—Кори дилаш номуназзам, ўро дар ин ҷо табобат кардан ғайриимкон аст. Бояд ба беморхона баремаш, аммо то он ҷо зиёда аз 120 километр роҳ аст ва бадбахтона, вайро аз ҷой ҷунбонидан мумкин нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё