Зеҳн
ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Модар баъди рафтани хостгорҳо ғур-ғур карда, ба духтараш гуфт:

—Бас ҳамин қадар хонданат, ана, чанд духтарҳои мисли ту мехондагӣ ба шавҳар баромада, ҳоло ғоибона хонда истодаанд. Боз, падари ин ҷавон рафиқи падарат, одами калон. Ҳамаашро фикр кун, духтарам.

Муҳаббат то кадом ҳад ҷиддӣ будани масъаларо дарк намуда, аз амааш, ки муқими шаҳри Душанбе буд, кумак хостанӣ шуд. Амааш зани ботадбир аст, гапаш ба падари Муҳаббат мегузарад. Фақат ин корро ҳарчӣ зуд анҷом додан даркор, вагарна дер мешавад. Ба хушбахтии ў, падараш дар сафари хизматӣ, дар ҳамсоякишвар будаасту ҳафтаи оянда бармегаштааст.

Баъди ду рўз Муҳаббат ба хонаи амааш омада, ҳамаи воқеаро ба ў нақл карда дод ва хоҳиш кард, ки дар ҳалли ин муаммо кумакаш кунад. Амааш батамкин ўро шуниду хотирашро ҷамъ кард:

—Духтарҷон, ин масъаларо ман худам ҳал мекунам, ту дилатро ҳеҷ зиқ нагир. Отаат, албатта, вақти аз сафар баргаштанаш ба хонаи мо медарояд.

Ҳамаашро ба ў мефаҳмонам. Ту беташвиш таҳсилатро давом додан гир.

Дар ҳақиқат, пас аз чанд рўзи дигар, вақте ки Муҳабат ба аёдати волидонаш рафт, модараш бо табъи хуш пешвозаш гирифта, гуфт, ки падараш хостгорҳоро ҷавоб дода, гуфтааст, ки то духтарам донишгоҳро тамом накунад, ўро ба шавҳар намедиҳам. Онҳо ҳам хотирҷамъ шуда рафтаанд.

Вале ин хурсандии Муҳаббат дер давом накард. Ўро худи амааш келин карданӣ шуд. Аз шунидани ин хабар, гўё ки ба сараш як сатил оби хунук рехта бошанд, Муҳаббат дар ҷояш шах шуда монд. Писари амааш Икром, агарчӣ ҷавони чор кас медидагӣ буд, тарзи рафтору гуфтораш, хусусан ҳавобаландияш, ба Муҳаббат тамоман маъқул набуд. Аз рўи писари амааш шуда, ў ҳангоми нав донишҷў шуданаш гапи падарро рад карда, бо баҳонаи он ки роҳ аз донишгоҳ то хонаи амааш хеле дур аст, дар хобгоҳ монданро ихтиёр карда буд. Икром ду сол пеш донишкадаи миллиро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, дар идораи бехатарӣ ба кор даромада буд. Ба гуфти амааш корҳояш хело хубанд ва ўро ду моҳ пеш барои такмили ихтисос ба шаҳри Ленинград равон кардаанд. Аз афташ акаю хоҳар бо ҳам маслиҳат карда, хостгорҳоро ҷавоби рад додаанд, то Муҳаббат келини амааш шавад.

Муҳаббат ба таҳлука афтода буд. Вай худашро дар назди Амрулло гунаҳкор меҳисобид. Боварӣ надошт, ки ин мушкилаш ҳал мешавад, зеро ҳеҷ кас садди роҳи падару хоҳар шуда наметавонист. Ба гумонаш ба ғайр аз тамоман рўй гардонидан аз падару модар ва хешу табор, дигар роҳи халосӣ набуд, аммо ин кирдори ноодамона ва қадами ниҳоят хатарнок буд. Чӣ кор кунад, аз ду сар падараш фикри ўро на танҳо ба назар намегирад, балки шунидан ҳам намехоҳад. Муҳаббат дар ин хусус ҳатто ба Манзура ҳам гап намекушод, сир дар дилаш дарун-дарун месўхт. Охир, агар мабодо

Амрулло вазъиятро фаҳмида монад, чӣ мешавад? Ба наздикӣ амааш гуфтааст, ки Икром як моҳ пас аз сафари хизматӣ бармегардад ва онҳо моҳи июл тўй мекунанд. Аз шунидани ин хабар дили Муҳаббат реш- реш мешуд, аммо коре аз дасташ намеомад. Хайрият, ки Амрулло ҳам чанд вақт боз хомўш буду дар бораи тўй гап намекушод.

Боз як моҳи дигар сипарӣ шуд. Манзураю Муҳаббат имтиҳонҳои давлатиро супорида, ба ҳимояи дипломҳояшон омодагӣ мегирифтанд. Ана мана нагуфта, корҳои дипломияшон ҳам ҳимоя мешуду касе дар бораи тўйҳояшон сухан намекард. Як рўз Олимҷон ба назди Манзура омада буд, ки баъди чанд дақиқа Амрулло ҳам расида омад. Онҳо сайркунон ба мавзеи дўстдоштаашон- боғи ботаникӣ расида, болои хараке нишастанд. Ин ҳамон хараке буд, ки дафъаи гузашта рўи он нишаста, маслиҳати тўйҳояшонро карда буданд.

—Хуш, Амрулло, вақти ваъдагӣ ҳам расиду ба фикрам хостгорҳои ту ҳоло ҳам нарасидаанд ё онҳоро дар роҳ гург хўрда бошад?,— гуфт нимшўхию нимҷиддӣ Олимҷон.

—Не, ҳозир хостгорҳоро монед, баъдтар,— гуфт

Муҳаббат ҳамаро дар ҳайрат гузошта.

Амрулло бо нигоҳи саволомез ба Манзура нигарист. Манзура бошад китф дарҳам кашида фаҳмонд, ки чизеро намедонад.

—Муҳаббат, барои чӣ ҳоло не?— пурсид Олимҷон.

—Ҳамин хел,— посух дод ў ва аз ҷояш хеста сўйи арчаи калони шафати роҳрав қадам зад. Онҳо ҳама бо ҳайрат ба Муҳаббат менигаристанд. Ў сарашро хам карда, ба рўймолчааш оби чашмонашро пок мекард, хомўшу бесадо мегирист. Манзура аз ҷояш хеста, назди дугонааш рафт ва ўро ба оғўш гирифта пурсид:

—Чӣ шуд, охир, дугонаҷон? Барои чӣ гиря мекунӣ?

Муҳаббат, ки акнун ошкоро гиря мекард, ба ин пурсиш ҷавобе надод. Манзура пешниҳод кард, ки ба хобгоҳ баргарданд. Дар хобгоҳ ҳам Муҳаббат ором нашуда, мегирист. Вай аз саволҳои ҳамроҳонаш дурӣ ҷустанӣ шуда, болои кат дароз кашид ва сарашро бо болишт пўшонда, рўяшро ҷониби девор гардонд.

Манзура ин ҳолатро мушоҳида карда, аз Амрулло хоҳиш кард:

—Мон, дигар аз ў чизе напурс, бигзор танҳо монда ором шавад, мо бошем ба саҳни ҳавлӣ мебароем.

Шабона ҳам Муҳаббат ба дугонааш чизе нагуфт ва ҳатто дигар аз ҷойгаҳаш нахеста, ҳамон хел хоб рафт.

Ҳарчанд Манзура чандин бор хост, ки якҷоя хўроки шом хўранд, рад мекард. Баъди соате Манзура ҳам ба ҷогаҳ даромад. Ў ҳис мекард, ки Муҳаббатро хоб намебарад. Чӣ гапу коре гузашта бошад? Ҳар чӣ ҳам бошад, рўзи якшанбе шудааст, чунки он рўз Муҳаббат ба хонаашон рафта буд. Манзураро низ то як поси шаб хоб набурд.

Ўро орзуҳои ширинаш хоб рафтан намемонданд.

Хурсанд буд, ки падараш Олимҷонро хело таъриф карда, “ҷавони ояндадор” мегуфт, бехабар аз он ки рўзе, насиб бошад, домодаш мешавад. Оё дар ҳақиқат, Олимҷон нияти хостгор равон кардан дошта бошад?

Вай ҳама вақт бо табассум гап мезанад, ҷиддӣ ё шўхӣ будани суханонашро муайян кардан душвор, худ ба худ мегуфт Манзура. Ба ҳар ҳол, шўхӣ буд ё ҷиддӣ, аз нигоҳаш маълум мешавад, ки ў хеле хурсанд аст, аз афташ аллакай бо падару модараш маслиҳатро пазондаанд. Оилаи мо ҳам бояд розӣ шаванд, чунки қариб ҳамаи ҷавонҳое, ки майли ба ў хонадоршавиро доштанд, умедашонро кандаанд. Падараш, ки шахси бомаърифат буду чӣ будани давраи донишҷўиро медонист, ба ҳамаи хостгорҳо як хел ҷавоб мегуфт: “То духтарам донишгоҳро хатм накунад, ўро ба шавҳар намедиҳам”. Бо ҳамин, ҳамаи хостгорҳо умедашонро канда буданду соли охир, қариб ки ҳеҷ кас ба хостгорӣ наомадааст. Манзура лаҳзае худро дар пироҳани арўсӣ тасаввур кард ва рухсораҳояш аз шарм суп-сурх шуданд, вуҷудашро ҳиссиёти гуворое фаро гирифт.

Нисфи шаб нолиши Муҳаббат ба гўшаш расид.

Шояд ў гумон дошт, ки Манзураро хоб бурдаасту садои гиряашро касе намешунавад. “Бигзор бигиряд, дилаш сабук мешавад”,— андешид Манзура. Гиряи Муҳаббату бехобии Манзура то қариби субҳ давом кард. Фақат пеш аз субҳ Манзураро каме хоб бурдааст.

Манзура аз хоб бархосту рафта аз чойхонаи саҳни хобгоҳашон нони гарму қаймоқ овард ва чой дам карда, Муҳаббатро бедор кард, вале ў наҳорӣ кардан ҳам нахост. Манзура ночор худаш танҳо бо хотири афсурда субҳона кард ва сипас либосҳояшро иваз карда, ба донишгоҳ рафтанӣ шуд, ки Муҳаббат ўро аз роҳ боздошта, хоҳиш кард, то Амруллоро ёфта, ба назди ў фиристад. Манзура рафт ва хоҳиши дугонааш ба зудӣ иҷро шуд.

Чун Амрулло ба ҳуҷра даромад, Муҳаббат аз ҷояш хесту сар ба китфи ў монда, инони гиряро раҳо кард.

Вай дигар хомўш истода наметавонист, косаи сабраш лабрез шуда буд, тамоми баданаш меларзид. Гиряаш Амруллоро ба риққат овард. Ҳарчанд ў Муҳаббатро ором карданӣ мешуд, садои ў боз ҳам баландтар мегашт. Хайрият, ки ҳама донишҷўён ба донишгоҳ рафта буданду дар хобгоҳ касе набуд, вагарна ҳамсояҳо хавотир шуда, давида меомаданд. Ниҳоят, оби чашмонаш тамом шуд магар, ки Муҳаббат гиряро бас карда, сар аз китфи ошиқаш бардошту рўи бистараш нишаст ва нигоҳи маҳзунашро ба нуқтаи номаълуме равон карда, ба гап даромад:

—Амрулло, чӣ бояд кард? Падарам аз ман напурсида, маро ба писари хоҳараш номзад кардааст, аммо бидон, ки ишқи ягонаам ту ҳастӣ. Фақат бо ту будан мехоҳам, ба ман каси дигар лозим нест. Дигар тоқат карда наметавонам, Амрулло, биё, мегурезем.

Вагарна ман худамро ба ягон балои бад гирифтор мекунам.

Амрулло худро дар назди қисмату тақдир оҷизу нотавон дид. Муҳаббат намедонад, ки худи вай ҳам айнан дар ҳамин вазъият аст. Дар хона касе интизори ў нест. Пас, агар аз рўи гуфтаи Муҳаббат амал кунад, ўро ба куҷо хоҳад бурд? Чӣ гуфтану чӣ тавр маъшуқаашро дилбардорӣ карданашро намедонист, фақат барои аз ҳолати афсурдаҳолӣ баровардани ў гуфт:

—Худо хоҳад, ҳамааш дуруст шуда меравад, муҳимаш ишқи ҳақиқии ману туст. Худатро ба даст гир. Ману ту бояд коре карда, волидонамонро бовар кунонем, ки бе якдигар зиста наметавонем.

Ҳамин вақт дари ҳуҷра кушода шуду Манзура даромад. Вай аз рамузи онҳо дарк кард, ки аламашон сахт асту дар илоҷи он бечора мондаанд. Барои сабук гардонидани вазъият дугонааш ва Амруллоро дилбардорӣ кард:

—Ҳаёт ҳамин аст, пастиву баландӣ дорад, хиёнату вафодорӣ, сиёҳу сафедӣ дорад. Охир, шумо ҳамдигарро дўст медоред-ку! Ишқу муҳаббат ҳамеша ба ноадолатӣ ғолиб меояд. Барои ҳамин ҳам, даррав ноумед нашавед. Сабр кунед, лозим ояд, барои бахти худатон мубориза мебаред, фақат рўҳафтода нашавед!

Шояд дар дили Муҳаббат шуълаи умеде пайдо гашт, ки акнун гиря намекард, балки дар чашмонаш қатъияту боварӣ ва дар қавли худ устувор будан эҳсос мешуд. Онҳо қариб ду соат суҳбат карда, роҳи ҳалли муамморо ҷустанд ва дар охир ба хулосае омаданд, ки Амруллою Олимҷон баъди аз Ленинград баргаштани писари аммаи Муҳаббат- Икром бо ў вохўрда, ҳақиқати ҳолро фаҳмонанд. Шояд Икром ғурури ҷавониаш боло гираду аз издивоҷ кардан бо Муҳаббат даст кашад. Ин фикр ба Муҳаббат маъқул омад ва ў розӣ шуд, ки муваққатан ба ин мавзўъ нуқта гузоранд.

Ҳарсе ба ҳавои тоза баромада, баъд ба ошхона рафтанд ва якҷоя хўрок хўрданд.

Аз байн ду ҳафта гузашт. Манзура аллакай имтиҳони охиринро супорида, дипломашро ҳимоя кард. Рўзи ҳимояи дипломи Муҳаббат бошад, ҳафтаи оянда муқаррар гардида буд. Манзураро барои хатми бомуваффақияти донишгоҳ, пеш аз ҳама, Олимҷон ва баъд Амрулло бо гулдастаҳо табрик карданд.

Мувофиқи нақшаи пешакӣ бегоҳӣ онҳо чоркаса шуда ба тарабхонаи “Варзоб” рафта, хўроки шом хўрданд ва Манзураро муборакбод гуфта, соате хурсандӣ карданду сипас аз шоми Душанбе ҳаловат бурда, ҳарду ҷуфт пои пиёда ҷониби хобгоҳ равон шуданд.

Муҳаббату Амрулло ба хобгоҳ даромаданд. Олимҷон, пеш аз он ки бо Манзура хайрухуш намояд, ба чашмони ў нигоҳ карда бо табассум гуфт:

—Ана, акнун донишгоҳро ҳам хатм кардӣ ва савганди ёдкардаи падарат ҳам шикаст, акнун ў метавонад, ки туро ба шавҳар диҳад. Чӣ мешавад, ки дигарон нафаҳманду ман якумин шуда хостгорҳоямро фиристам-а?— Ҳоло Манзура сухане нагуфта буд, ки боз хандида илова кард:

—Рости гап, ман ду ҳафта пеш ин масъаларо дар пеши волидонам гузоштам. Падарам аз шунидани номи падари ту якбора хурсанд шуд ва ҳатто аз модарам ҳам напурсида, “Агар духтари рафиқи маро интихоб карда бошӣ, ман розӣ” гуфт. Онҳо баъди маслиҳат аз ман вақти хостгор фиристоданро пурсиданд ва ана акнун ман бояд ҳарчӣ зуд ҷавоби онҳоро бидиҳам. Ман ин гапро дар тарабхона гуфтан мехостам, вале аз он ки мабодо алами Муҳаббат тоза нашавад, хомўш мондам.

Манзура чӣ ҳам мегуфт. Фақат механдиду тамом.

Ҳарду ба хулосае омаданд, ки баъди ба итмом расидани имтиҳонҳои Олимҷон, яъне тақрибан пас аз як моҳи дигар Олимҷон ба хонаи онҳо хостгор мефиристад. Бо ҳамин, ҳарду дилдода хайрухуш карданд.

Рўзи дигар Манзура ба зодгоҳаш рафтанӣ шуд, вале Муҳаббат зорӣ мекард, то ўро танҳо нагузорад, ба ў барои супоридани кори дипломияш кўмак расонад.

Манзура ҳолати рўҳии вақтҳои охир доштаи дугонаашро ба назар гирифта, розӣ шуд.

Ҳоло ҳам аз омадани Икром ягон хабар набуд ва хайрият, ки волидони Муҳаббат ҳам дар ин бора чизе намегуфтанд. Фақат модараш гуфт, ки бо кадом сабабе аз сафар баргаштани Икром мавқуф гузошта шудааст.

Аслан, ў ба издивоҷи духтараш бо Икром розӣ ҳам набуд.

Ҳафтаи дигар Муҳаббат ҳам дипломашро ҳимоя кард ва дугонаҳо анҷомҳояшонро ғундошта, сўи зодгоҳҳои худ роҳ гирифтанд. Мувофиқи супориши донишгоҳ онҳо мебоист баъд аз 45 рўз барои гирифтани диплом меомаданд.

Аз байн чанд ҳафта гузашту рўзе Олимҷон телефон карда, Манзураро ба вохўрӣ даъват намуд. Ў ҳам имтиҳонҳои хатми донишгоҳро бо баҳои аъло супорида, табъаш болида буд. Баъди суҳбати тўлонӣ Олимҷон гуфт, ки ҳамин ҳафта хостгор мефиристад.

Боз гуфт, ки аз пагоҳ онҳоро барои гузаштани машқҳои ҳарбӣ ба муддати як моҳ ба машқгоҳи Лоҳур сафарбар мекунанд.

Баъд аз чор рўз бегоҳӣ вақти хўроки шом буд, ки хостгорҳои Олимҷон ба хонаи Манзураино ташриф оварданд. Анзурат низ, гўё аз омадани меҳмонҳо огоҳ бошад, ба хонаашон омад. Манзура китоберо гирифта ба хонаи хобаш даромад ва то он вақте ки ўро даъват накарданд, ба берун набаромад. Хостгорҳо рафта буданд. Дар болои кат падару модараш, Анзурат ва бародараш Ҳикмат нишаста, масъалаи тўйро маслиҳат мекарданд. Баъд аз он ки Манзура омада ба лаби кат нишаст, падараш ба ў маънидорона нигоҳ карда, бо меҳрубонию лаҳни шўхиомез дари суҳбатро боз намуд:

—Манзур,— падараш гоҳҳо ўро ҳамин хел ном мебурд,— писари Абдусамирро мешинохтию вақте ки дар бораи ў пурсида будам, худатро ба нодонӣ задӣ-а?

Манзура сар ба поин афканда хомўш меистод.

Апааш Анзурат шўхии падарро идома дод:

—Ин балоча кайҳо ҳама гапро пухта мондаасту мо бехабар.

Манзура, ки ба ҳуҷуми дутарафа тайёр набуд, якбора даступохўрда шуда, чӣ ҷавоб доданашро намедонист ва фақат шармида:

—Не отаҷон, не апаҷон, ин хел нест,— мегуфт.

—Хуб, майлаш, инаш муҳим нест духтарам. Муҳим розигии туст. Хуш, розӣ ҳастӣ, ки ба писари Абдусамир ба шавҳар бароӣ?

Манзура чизе нагуфт, аз шарм рухсораҳояш сурх шуда буданду сарашро боло намебардошт. Падар ҳам ба Манзура ва ҳам ба дигарон муроҷиат карда, хулосаи худашро гуфт:

—Дар ёд дошта бошед, тақрибан як сол пеш дар бораи ҳамон бача нақл карда будам. Ба ман шахсан маъқул аст, бачаи боадаб, донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кардааст, Падараш ҳам одами бамаънӣ ва баобрў.

Фикри ман ҳамин. Сукут аломати ризо гуфтагӣ барин, Манзура ҳам розист. Боз, он тарафашро шумоён фикр кунед, то ин ки ҳафтаи оянда ҷавоби хостгорҳоро диҳем.

Дар ҳақиқат, ҳафтаи оянда, дар рўзи ваъдагӣ боз хостгорҳо омаданд ва бо розигии ҳама ба Манзураву

Олимҷон фотиҳа доданд.

Баъди тақрибан чил рўз Манзураву ҳамкурсонаш барои дипломгирӣ дар саҳни донишгоҳ ҷамъ омаданд.

Ў, ки ҳамсабақони худ, хусусан Муҳаббатро хеле пазмон гашта буд, аз дидорбинӣ шодӣ мекард. Суҳбату шўхиҳои ҳамсабақон хеле самимӣ буд. Дилшод бо латифаву зарофатҳои намакинаш ҳамаро механдонд.

Манзура, ки мурғи бахташ дар парвоз буд, аз ин вохўрӣ боз ҳам рўҳу илҳоми нав мегирифт, аммо аз назари ў пинҳон намонд, ки дугонааш Муҳаббат ҳоло ҳам хотирпарешон аст. Маълум гашт, ки ҳанўз ҳам Икром аз сафари хизматӣ барнагаштааст ва Муҳаббату Амрулло дар ин муддат ҳамагӣ як маротиба бо ҳамдигар вохўрдаанду халос.

Баъди нисфирўзӣ, пас аз гирифтани дипломҳояшон ҳамаи ҳамсабақҳо дар чойхонаи соҳили кўли “Комсомол” ҷамъ омада, то як паси шаб хурсандӣ карданд. Он бегоҳӣ Амрулло ҳам расида омад ва, ҳарчанд ки ҳама аз ў хоҳиш карданд, чун табъаш хира буд, нарақсид. Дар рафти базм Дилшод бо овози баланд эълон кард, ки ду ҳафта пас тўйи арўсии Манзура барпо мегардад. Бо шунидани ин хабари хуш ҳама баробар қарсак заданд.

Аз суҳбат бо Амрулло Манзура пайхас кард, ки вазъияташ то ҳол хуб нест ва чӣ тавр аз он баромаданашро намедонад. Фарз кардем, ки агар ў ба хонаашон раваду ду пойро ба як мўза андохта, аз волидонаш талаб кунад, ки Муҳаббатро барояш хостгорӣ кунанд, чӣ мешавад? О, агар Муҳаббат бо писарамааш фотеҳа шуда бошад, ўро бароварда ба

Амрулло намедиҳанд-ку. Пас чӣ бояд кард? Амрулло ба қароре омадааст, ки то омадани номзади Муҳаббат дар шаҳр истад ва баъди вохўрӣ бо Икром, аз вазъияти баамаломада хулоса бароварда, амал мекунад. Ў ҳеҷ вақт намегузорад, ки аз Муҳаббат ҷудояш кунанд ва агар ба хубӣ нашавад, пас ўро лозим меояд, ки ягон роҳи дигарро пеш гирад.

Баъди бозгашти Манзура, ҳама аҳли хонавода дилгармона аз пайи тараддуди тўй шуданд.

—Манзураҷон, тўи туро бояд ба сатҳи олӣ гузаронем, то ин ки он аз хотири худат ва тамоми аҳли оилаву хешу табор ҳеҷ вақт набарояд,— мегуфт падараш.

То тўй ду рўзи дигар монда буд, ки Муҳаббат ҳам расида омад. Чун Манзура аз омадани дугонааш хабар ёфт, ба пешвози ў, давида ба берун баромад. Дугонаҳо ҳамдигарро ба оғўш гирифта бўсобўсӣ карданд.

—Дугонаҷон, як ду рўз пеш омадам, то худам ба арўсӣ тайёрат кунам,— гуфт Муҳаббат. Аз ин лутфи дугонааш Манзура хурсанд гашт. Баъд аз гирифтани як пиёла чой, Манзура Муҳаббатро барои суҳбат ба боғашон даъват кард.

Баракси пиндошти Манзура, дугонааш хурсанд менамуд, чашмонаш медурахшиданд. Ҳанўз ба сояи дарахти бузурги зардолу нарасида буданд, ки

Муҳаббат бо шавқу хурсандӣ ба нақл даромад:

—Дугонаҷон хайрият, ки тақдирам баландӣ карду аз ин бало халос шудам. Медони чӣ, писарамаам

Икром дигар аз сафари хизматӣ барнамегаштаст. Ўро ба ким кадом ҷои дур ба хизмат равон карда будаанд.

Худаш ба амаам занг зада гуфтааст, ки тақрибан се сол он ҷо мемондааст. Гуфтааст, ки Муҳаббат ўро интизор нашуда, бахти худро ёбад.

Аз шунидани ин хабари хуш табъи Манзура низ болида гашт.

—Амрулло медонад,— пурсид ў?

—Ҳанўз не, ин хабарро дина худам шунидаму аз хурсандӣ сўйи хонаи шумо раҳсипор шудам. Як рўз баъд, ки омад, ту аз вай шодиёна мегирӣ,— гуфт хандида Муҳаббат.

Рўзи тўй Амрулло бо ҳамроҳии ҳамсабақони Манзура омаданд. Вақте ки Манзура ба Амрулло хабари навро гуфт, ў аз хурсандӣ чӣ кор карданашро намедонист. Аз Худо миннатдорӣ кард, ки нолаву зории ўву Муҳаббатро шунида, ба онҳо чунин луфту эҳсон кардааст.

—Ду рўз пеш падари бечораам кофта-кофта маро аз хонаи як хешамон базўр ёфт. Ў бисёр ҳам ғамгин буд, охир ман зиёда аз се моҳ шудааст, ки ба хонаамон нарафтаам. Падарам нақл кард, ки аппаю хоҳаронам ва хусусан, модарам аз он ки фикри маро напурсида хостгорӣ рафтаанд, пушаймонанд. Онҳо медонанд, ки ман якравам ва мумкин дигар ба хона барнамегардам.

пешина
аз 22
навбатӣ