Зеҳн
ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бинобар ин, онҳо падарамро зораву тавалло кардаанд, ки маро ёфта ба хона баргардонад, “дўстдоштаи худашро гирифта медиҳем” гуфтаанд. Хурсанд шудам, аммо таги дилам торик буд, чунки ҳанўз хушхабари Муҳаббатро намедонистам. Росташ, худам низ, аз он ки гапи падарамро гўш накарда, ба деҳа нарафтам, бисёр зиқ шудам. Ана акнун, тўи шуморо, ки гузарондем, рост ба деҳа меравам, модарҷону падарҷонамро мебўсам ва ба хонаи Муҳаббатино хостгор мефиристам,— мегуфт Амрулло шодӣ карда.

Тўи арўсиву домодии Олимҷону Манзура дар тарабхонаи марказии ноҳия хеле бошукўҳу хотирмон гузашт. Қариб аз ҳама гўшаю канори кишвар меҳмонон, хешу ақрабо ва ёру дўстони ҳарду хонадон ташриф оварда буданд. Базмро, хусусан ҳамсабақони Манзура ва Олимҷон гарм мекарданд. Рақсу суруду хурсандиро интиҳо набуд. Ҳофизони машҳури мамлакат нағмасароӣ мекарданд. Аҳли толорро, рақси ду марди солор, қудоҳо- падарони Манзураю Олимҷон ба ваҷд меовард. Онҳо аз бахти фарзандонашон завқ бурда, якумин маротиба рақс мекарданд. Холаи Зиёда- модари Олимҷон ҳам, аз бахти писари аввалинаш шодӣ мекард, меҳмононро хуш омадед гуфта, бо ҳар яке аз онҳо мерақсид, дугонаҳояш, хешу наздиконашро ба оғўш гирафта, хурсандияшро изҳор менамуд. Ҳама аҳли тўй аз бахту иқболи ин ду ҷавон шод буданду зери лаб мегуфтанд:

—Бинед, чӣ қадар онҳо зебоянд, чӣ қадар бо ҳам мувофиқанд.

Дар ҳақиқат, маърака ба хости падари Манзура, бисёр ҳам бошукўҳ гузашт. Пагоҳии рўзи дигар, баъди арўсро ба хонаи қудоҳо бурдан, ҳамаи донишҷўён ба

Чилучорчашма рафта, дар он ҷо то салқин шудани рўз фароғату истироҳат карданд ва сипас савори автобус роҳи Душанберо пеш гирифтанд.

Вақте ки Амрулло аз дарвозаи ҳавлияшон даромад, дид, ки падараш рўи кати зери ток нишастаасту дар чеҳрааш осори ғам менамояд. Ў дарҳол фаҳмид, ки падарро рафтори писараш хаёлӣ кардааст. Падар мисли пештара фарзандашро ба оғўш гирифта набўсид.

Онҳо даст ба ҳамдигар дода, салом карданд ва Амрулло гузашта дар бари падараш нишаст. Боз хомўшӣ. Ниҳоят, ў дигар тоқат накарда, хомўшии ногуворро шикаст:

—Падарҷон, маро бубахш, ман гунаҳкорам. Рафтори нодуруст кардам, туро дар назди модараму хоҳаронам дар хиҷолат мондам, вале ин сабаб дошт, охир.

Амрулло воқеаи ба сари дилдодааш Муҳаббат омадаро батафсил ҳикоят кард ва дар охири нақлаш сар бардошта, ба чеҳраи падараш нигарист. Падар ҳоло ҳам ҳамон хел, бо сари хам менишаст, шояд ў рафтору кирдори писарашро дар тарозуи ақлаш бармекашид. Сипас, ў сарашро боло карда, бо оҳанги шикваомез гуфт:

—Ҳамин ки хел буд, чаро ба ман нафаҳмондӣ, охир, ту ҳамаи сирри дилатро ба ман мегуфтӣ-ку? То ҳол боварам намеояд, ки ту нисбати ман ин хел рафтор кунӣ.

—Рост, падарҷон, ман гунаҳкорам, лекин аз гуфтани ман чӣ фоида буд? Охир худат омада ба модарам чӣ мегуфтӣ? Ана, ҳозир, гапи дигар, акнун бо дили пур ба модарам мегўям, ки ба хонаи Муҳаббатино хостгор равон кунед,— гуфт дар ҷавоб Амрулло.

Падар табассум карда, ба пушти писараш тап-тап зад. Ин рафтори ў чунин маъно дошт, ки аз гуноҳи Амрулло гузаштааст.

—Медонам, ки ҷавонон ошиқ шуда, танҳо ба фармони дилҳояшон амал мекунанд,— гуфт ў.

Ҳамин вақт модари Амрулло ба айвон баромада, писарашро дид ва тез-тез қадам зада ҷониби онҳо омад. Ў ашки чашмонашро нигоҳ дошта натавониста, писарашро ба оғўш гирифт, аз ду бари рўяш бўсид ва модарона сарзаниш кард:

—Ин чи коре буд, ки кардӣ, бачам? Чор моҳ шуд, ки ба хона наомадӣ. Ҳамаамонро ба ташвиш андохтӣ.

Худи ҳамон бегоҳ тамоми аҳли оила сарҷамъ гаштанд, ҳатто Шукрулло ҳам аз маркази ноҳия расида омад. Баъди суҳбату маслиҳат гуфтанд, ки фардо хостгорҳоро мефиристанд.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Аммо падари Муҳаббат розӣ нашуда, ҳатто меҳмононро каме хафа ҳам кард.

“Шуморо надонем, нашиносем, боз, рафту агар урфу одати мову шумо мувофиқ наоянд-чӣ? Ғайр аз ин, дар зиндагӣ ҳар гап шуданаш мумкин, ин қадар роҳи дуру дарозро тай карда рафтану омаданамон душвор мешавад. Не, аз афташ Худо розӣ нест” гуфта, ба хостгорҳо ҷавоби рад дод.

То он лаҳзае, ки меҳмонон дар хона нишаста буданд, Муҳаббат хурсанд буд. Ҳатто ба фикраш ҳам намеомад, ки падараш ўро напурсида, хоҳиши хостгорҳоро рад мекунад. Чун меҳмонон рафтанду падар буду шуди гапро гуфт, духтари бечора боз дар вартаи ғаму андуҳ афтод. Аз бахти бадаш дарун-дарун нола кард, тақдирашро нафрин гуфт. Агарчи модар майли дили духтарашро медонисту раъйи падар ба вай ҳам маъқул набуд, коре аз дасташ намеомад. Дар хонаи онҳо касе ҳуқуқи ду кардани гапи падарро надошт.

Аз байн як ҳафта гузашт. Муҳаббат дар ин муддати кутоҳ харобу хазон гашта буд. Вай пас аз як рўзи дигар барои аз қайд баровардани ҳуҷҷатҳояш ба Душанбе рафт ва барои хабаргирӣ ба хонаи амааш ҳам даромад.

Бегоҳӣ, пас аз хўроки шом, вақте ҳама хеста, ба ҷойҳои хоби худ рафтанд, Муҳаббату амааш танҳо монданд.

Амааш, ки аз омадани хостгорҳо огоҳ будааст, синчакорона ба Муҳаббат нигоҳ карда пурсид:

—Барои чӣ дадаат ба хостгорҳо не гуфтааст?

Муҳаббат, ки интизори ин савол набуд, чӣ ҷавоб доданашро надонист.

Амааш сухани худро давом дод:

—Ман чӣ будани ҷавонию ошиқиро нағз медонам.

Ману язнаат ҳам якдигарро дўст дошта, издивоҷ кардаем. Кайҳо медонистам, ки ту гирифтори ишқи кадом ҷавоне ҳастӣ. Рости гап, вақте ки писарам

Икром, намедонам аз чи сабаб бошад, гуфт, ки туро хостгорӣ кунам, ман розӣ набудам, вале ў ба ҷону ҳолам намонда исрор намуд, ки равам. Вақте ки ў аз нияташ гашт, ман хурсанд шудам, зеро медонистам, ки ду дилдодаро аз ҳамдигар ҷудо кардан гуноҳ аст.

Пас аз каме хомўшӣ ў дасташро ба китфи Муҳаббат монда, рост ба чашмонаш назар дўхт ва бо ҷиддият пурсид:

—Муҳаббатҷон, бигў, оё ишқат ҳақиқист, дилдодаатро дўст медорӣ?

Муҳаббат бо ишораи тасдиқ сар ҷунбонд ва ду қатра ашк аз ду чашмаш равон шуд.

—Ин хел, ки бошад, ғам нахўр. Ман худам миёнравӣ мекунам. Акаамро медонам, ў хурофотпараст аст, чӣ будани ишқу муҳаббатро намефаҳмад.

Ҳамин тавр, баъди чанд рўз амааш ба деҳа омаду бо падари Муҳаббат суҳбати дуру дарозе кард ва ҳангоми хайрухуш Муҳаббатро оғўш гирифта, дар буни гўшаш пичирос зад:

—Ғам нахўр, ҳамааш бо хости Худо хуб мешавад.

Ниҳоят, санги вазнине аз дўши Муҳаббат афтод ва дилаш осуда шуд. Баъди чанд муддат боз хостгорҳои

Амрулло ба хонаи онҳо ташриф оварда, фотиҳа карда, маслиҳати тўйро пазонданд. Бо розигии тарафҳо тўй дар моҳи октябр таъин карда шуд. Амрулло ба воситаи телефон рўзи тўйро ба Олимҷон хабар дод. Олимҷон, аз он ки дар охир, баъди ин қадар ноумедиҳо дўсти ҷонияш ва Муҳаббат ба мақсади хеш мерасанд, бениҳоят хурсанд шуд.

Олимҷону Манзура ду рўз пеш аз тўй ба хонаи Муҳаббатино омадаанд, то ин ки худашон арўси нозанинро барои базми арўсияш омода намоянд.

Муҳаббат бошад, аз он ки баъди ин қадар нофаҳмиҳою мушкилиҳо ба мақсади худ мерасид, аз он ки ин лаҳзаҳо дўстони азизу меҳрубонаш Олимҷону Манзура дар бари ў буданд, сараш ба осмон мерасиду дилаш дар самои муҳаббат парвоз мекард. Дугонаҳо як лаҳза аз ҳамдигар ҷудо намешуданд.

Ҳарчанд ҳама ҳамсабақони Амруллою Муҳаббат дар рўзи хурсандии онҳо ҷамъ омада натавониста бошанд ҳам, тўй хеле бодабдабаю хотирмон гузашт.

Вақте ки арўсро ба ҳавлии домод медароварданд, як воқеаи аҷиб рўй дод. Аз куҷое як духтари қадрасу зебо, ки либоси арўсӣ пўшида буд, як буғчаи калон дар даст пеши роҳи арўсро гирифта, бо овози баланд гуфт:

“Ман ҳам арўсам! Амрулло ба ман ваъда дода буд, ки туро ба занӣ мегирам!”

. Муҳаббат дар ҷояш шах шуда монд, чашмонаш аз косахонаи сараш берун ҷаҳиданд, ба гўшҳояш бовар карда наметавонист. Дугонаҳои

Муҳаббат, хешу табори вай ва дигар меҳмонон ҳам ангушти ҳайрат газида, чӣ гуфтанашонро намедонистанд.

Ҳавлиро хомўшии том фаро гирифт. Хушбахтона, ин лаҳзаи ногувор дер давом накард. Хомўширо падари Амрулло халалдор кард. Ў ҳарду дасташро бардошта, ба овози ларзон мегуфт:

—Меҳмонони азиз, шумо ҳайрон нашавед, келинҷон, дилатон дур наравад, зиқ нашавед, ягон гумони бад накунед. Ман ҳоло ҳамаашро мефаҳмонам. Ин духтар ҳамдеҳаи мост, ки бечора ду-се сол боз ба чунин як беморӣ гирифтор шудааст. Ҳамин ки аз деҳаамон ҷавоне арўс фарорад, ў худро орою торо дода, бухчаю либосҳояшро гирифта, ба хонаи шаҳ меояд ва мегўяд, ки “домод дўстдоштаи ман аст”.

Ҳама оҳи сабук кашиданд. Ба лабони Муҳаббат табассум давид. Аммо пас аз гуфтори соҳибхона боз хомўшӣ ҳукмфармо шуд. Дилшоди шўху зиндадил аз асли воқеа хабар ёфта, чун ҳунармандони театр давида ба назди он духтар омад, сар то пои ўро бо нигоҳи харидорона аз назар гузаронид ва бо овози баланд:

—Ин чӣ беинсофӣ, ки ҳама духтарҳо Амруллоро хуш мекунанд. Мана, ҳамин Муҳаббат ҳам, ҳар қадар ман зораю таваллояш кардам, гуфт, ки “Не. Ман арўси

Амрулло мешавам!”. Ана, боз ту ҳам бухчаатро зери каш гирифта ба хонаи онҳо омадӣ? О, ман аз чӣ камам, ки маро назаратон намегирад-а?,— гуфта, мисли домоди ҳақиқӣ дасти рости духтарро ба дасти чапи худ қапонда, ўро то миёни ҳавлӣ бурд ва чун дид, ки ҳама мафтуни ҳунари ў шудаанд, илҳоми нав гирифта, давоми нақшашро бозидан гирифт ва ҳамин тавр “арўсаш”-ро аз ҳавлӣ берун баровард:

—Диплом дорам, дар вазорат кор мекунам, мумкин дар оянда вазир шавам, дар Душанбе хона дорам, ана, мошинам,— гуфта, вай ба мошини ГАЗ-24-и Олимҷон ишора кард, ки дар беруни ҳавлӣ меистод.

“Арўс” мошинро дида, аз шодӣ қоҳ-қоҳ зада хандиду, Дилшодро сўи он кашола кард. Дилшод ба Олимҷон ишора кард, ки зуд калиди мошинашро ба ў диҳад.

Дилшод калидро ноаён аз дасти Олимҷон гирифту онро гирди ангушташ тоб дода, буғчаи он духтари бечораро, ки номаш Руқия будааст, ба даст гирифта, гуфт:

—Рафтем, туро ба мошинам савор карда, ба Душанбе мебарам.

Руқия ба издиҳоми одамон нигариста механдид, хурсанд буд, ки оқибат “шавҳардор” шудааст. Ў ба “домод” рў оварда:

—Рафтем, ба Душанбе меравем!— гуфт ва маҳкам аз дасти Дилшод кашид.

Ҳамин вақт як зани қоматбаланди сабзинаранг, ки модари Руқия будааст, омада, духтари худро аз мошин фаровард ва дуокунон аз дасташ гирифта, ҷониби хонаашон бурд.

Аҳли маърака аз ҳунармандӣ ва ҳазлу шўхиҳои Дилшод завқ бурда, хуб хандиданд.

Базми арўсӣ бегоҳӣ дар саҳни ҳавлӣ барпо шуда, то як поси шаб идома ёфт. Якчанд ҳофизони намоён ҳунарнамоӣ намуда, тўйро обод карданд. Ҳама хурсанд буданд, ҳатто модари Амрулло, ки дар аввал аз рафтори писараш каме норозӣ буд, ба ҳаяҷон омада, такрор ба такрор ба шавҳараш мегуфт:

—Бин, чӣ қадар арўси мо зебост, мувофиқи Амруллои худамон!

Дар ҳақиқат, ҳама иштирокдорони базм аз зебандагии домоду арўс, ҳамчунин, аз мувофиқати Олимҷону Манзура, ки ҳамчун парвона даври домоду арўс мегаштанд, ба ваҷд омада буданд. Духтарони деҳа аз ин ду ҷуфти кабўтар чашм канда наметавонистанд. Ин лаҳзаҳо Амруллою Муҳаббат ва Олимҷону Манзура хушбахттарин одамони рўи замин буданд. Ин ду ҷуфти дилдодаҳо навакак ба пайраҳаи нави зиндагӣ, пайраҳаи оиладорӣ ва ҳаёти мустақилона қадам монда, хушбахту сарфароз буданд, ки ба орзуҳои ширини худ, ба висоли ҳам расидаанд. Дар назди онҳо акнун мақсадҳои нав, орзуҳои нав, нақшаҳои нави ояндаи нек меистод. Акнун онҳоро лозим меомад, ки дар оиладорӣ, дар роҳи сазовор шудан ба боварии мардум собитқадам бошанд. Онҳо аз лаҳзаҳои ширини ҷавонӣ, аз висоли якдигар лаззат мебурданд ва дар андешаашон намеомад, ки чӣ ояндае, кадом мушкилоте, чӣ қадар нокомиҳо интизорашон истодааст.

пешина
аз 22
навбатӣ