Зеҳн
ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.

зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин: тиҷорат ва сармоягузорӣ

Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаҳои иқтисод ва амният мебошад. Ин кишвари ҳамҷавор аллакай дар аввали солҳои навадуми асри гузашта, замони ба истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон, ба як кишвари бузург аз нигоҳи иқтисодӣ табдил ёфта буд. Молҳои истеҳсоли Чин аз ҳамон солҳо ба минтақаи Осиёи Марказӣ ворид шуданд ва аз ҳисоби нархҳои дастрас доштанашон харидори зиёд пайдо карда буданд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ, даромади пасти аҳолӣ ва набуди гузаргоҳи сарҳадии мустақим имконият намедод то гардиши умумии молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Чин ба таври назаррас зиёд гардад. Танҳо аз соли 2004 сар карда, гардиши умумии мол бо суръати баланд афзоиш ёфт, ки ҳиссаи содироти Чин дар он ба маротиб аз содироти Тоҷикистон зиёд буд. Сабаби суръат гирифтани тиҷорат бартараф шудани ноамнӣ, зиёд шудани даромади мардум ва кушода шудани гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу миёни Тоҷикистону Чин буд. Ҳарчанд имсол хуруҷи бемории сироятии “COVID-19” таъсири манфии худро ба ин ҳамкориҳо расонидааст, аммо ин як падидаи муваққатӣ буда, баъди аз миён рафтани ин беморӣ суръати рушди нишондодҳои зикргардида боз ҳам зиёдтар хоҳад шуд.

Чин дар ҳамсоягии кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Ин ҳамҷаворӣ омили табиии ба роҳ мондани муносибатҳои тиҷоратӣ аст. Аз замонҳои қадим тиҷорат миёни ин ду минтақа вуҷуд дошт ва дар шароити мусоид то ба миқёси баланд мерасид. Маҳсули меҳнати мардуми Чин на танҳо ба минтақаи мо меомад, балки тавассути ин минтақа ба кишварҳои Шарқи Наздик, Африқо ва Аврупо мерафт. Ин хатти тулонии тиҷоратӣ дар торих бо номи “Ҷодаи абрешим” машҳур аст.

Бо вуҷуди он ки дар замони муосир роҳҳои баҳрӣ ва ҳавоӣ рушди зиёд карданд ва аксари молҳои тиҷоратии Чин ба воситаи баҳр ба бозори ҷаҳонӣ бароварда мешавад, хатти заминии “Ҷодаи абрешим” аҳамияти худро гум накардааст. Мушкилоти амниятӣ дар роҳҳои баҳрӣ ва гаронии боркашонӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ сабаб гардидааст, ки ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барномаи бозсозии “Ҷодаи абрешим”-ро рӯйи даст гирад ва дар баробари амалӣ сохтани он ба кишварҳои минтақа маблағҳои ҳангуфт дар шакли қарзҳои имтиёзнокро бидиҳад. Кишварҳои минтақа бо истифода аз ин маблағҳо роҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳан месозанд ва ё роҳҳои фарсудаи мавҷударо бозсозӣ мекунанд. Қубурҳои интиқоли газ низ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Руссия ба Чин сохта шудаанд ё дар ҳоли сохта шудан ҳастанд ва дар солҳои наздик мавриди истифода қарор мегиранд.

Пурра сохта шудани хатти тиҷоратии “Ҷодаи абрешим” шароити расидани маҳсулоти чиниро ба бозорҳои Осиёи Миёна, Федератсияи Руссия, Қафқоз осон мегардонад ва Чин метавонад ашёи хом ва нафтро аз ин минтақаҳо дастрас кунад. Дар шароити пайдо шудани мушкилот дар роҳи баҳрӣ “Ҷодаи абрешим” аҳамияти чандкарата пайдо карда, Чинро аз инҳисори иқтисодӣ раҳо мекунад. Бинобар ин, Чин бо сарфи миллиардҳо доллари амрикоӣ барои сохта ба истифода додани шоҳроҳи мазкур мусоидат карда истодааст.

Дар баробари омилҳои иқтисодӣ, ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, дар доираи масъалаҳои амниятӣ ҳам ба роҳ монда шудаанд ва пешравиҳои мушаххас дорад. Дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай масъалаҳои амниятӣ ва мушкилоти марзӣ миёни кишварҳои аъзо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Махсусан, бар зидди вабои асри нав терроризм, Созмони мазкур мубориза бурда истодааст. Бо роҳи ҳамкориҳои амниятӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай Чин мехоҳад бо се мушкил, ки онҳоро “се бадӣ” меномад мубориза барад. Ин се бадӣ терроризм, сепаратизм ва экстремизм мебошанд, ки ба худи Чин хатари бузург доранд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Чин ҳам дар тиҷорат ва ҳам дар масоили амниятӣ дар тули солҳои истиқлоли Тоҷикистон рушди бемайлон доштанд. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон захираҳои нафту газ надорад, аммо ҳамкориҳо иқтисодӣ вуҷуд доранд ва Чин яке аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва бузургтарин сармоягузор барои кишвари мо маҳсуб меёбад. Дар ҷадвали 1 маълумот оиди содироту воридоти Тоҷикистон ба Чин, гардиши умумии молу маҳсулот миёни ду кишвар ва касри тиҷории Тоҷикистон бо ин кишвар оварда шудааст.

Тиҷорати Тоҷикистон бо Чин дар тули ин солҳо рушди назаррас доштааст. Агар солҳои навадумро бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ сарфи назар кунем аз соли 2001 то 2018 гардиши умумии молу маҳсулот тақрибан 125 маротиба зиёд шудааст. Мутаасифона, содироти Тоҷикистон қариб дар ҳама солҳо аз воридот кам будааст. Касри тиҷории кишвари мо бо Чин дар соли 2018 ба 1 349,1 миллион доллари ИМА баробар шудааст. Дар ин сол агар Тоҷикистон аз Чин ба маблағи 1 426 миллион доллари ИМА молу маҳсулот ворид карда бошад, содирот ба ин кишвар тақрибан 75 миллион доллари ИМА будааст. Гароиши тиҷорати Тоҷикистон бо Чинро дар солҳои 1992-2018 дар намудори 1 дида метавонем.

Дар намудори 1 дида метавонем, ки агар то соли 2004 содироту воридот аз якдигар фарқияти баланд надошта бошанд, аз соли 2005 воридоти мо аз Чин бо суръат боло рафтааст. Содирот ба ин кишвар аз Тоҷикистон натавонистааст бо ҳамон суръат боло равад. Танҳо дар солҳои 2008-2009 камтар пешравии назаррасро дида метавонем. Вале пас аз сар задани буҳрони молиявии ҷаҳонӣ боз рӯй ба поён овардааст. Баландтарин адад дар воридоти Тоҷикистон аз Чин ба соли 2014 рост меояд, ки он 2 468 миллион доллари ИМА- ро ташкил мекунад. Содирот бошад дар соли 2008 аз ҳама баландтар буд ва он ба 185 миллион доллари ИМА баробар буд. Дар намудори 2 гароиши гардиши умумии молу маҳсулот миёни ду кишвар нишон дода шудааст.

Азбаски саҳми воридоти Тоҷикистон аз Чин аз саҳми содироти мо ба ин кишвар ба маротиб зиёд аст, тасвири гардиши умумии мол шакли гароиши воридотро мегирад, ки дар намудори 1 оварда шудааст. Гардиши умумии молу маҳсулот ба монанди воридоти мо аз Чин дар соли 2014 аз ҳама бештар аст, ки он 2 516 миллион доллари ИМА-ро ташкил кардааст. Пас аз он дар се соли оянда бо сабабҳои муайян он гароиши манфӣ дорад ва дар соли 2017 ба 1 348 миллион доллари ИМА баробар шудааст. Яъне қариб ду баробар кам шудааст. Аммо дар соли 2018 ин нишондиҳанда ба 1503 миллион доллари ИМА баробар шуда, ки 155 миллион зиёдтар мебошад.

Чин бузургтарин сармоягузор ва қарздиҳандаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин кишвар дар соли 2019 ба иқтисодиёти Тоҷикистон маблағи баробар ба 262,3 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ кардааст, ки ин 75,8 дарсади сармояи умумии хориҷӣ дар Тоҷикистонро дар ин сол ташкил медиҳад. Тибқи маълумот аз сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маблағ ба соҳаҳои хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон, омӯзиши геологӣ ва истихроҷ, саноати сохтмонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нафтиву газӣ равона карда шудаанд. Аз маълумоти сомонаи мазкур бармеояд, ки аз соли 2007 то соли 2019 дар миёни 63 кишваре, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд, Чин ҷойи якумро ишғол менамояд. Ин кишвар дар ин давра дар маҷмуъ сармоягузории баробар ба 2 863,5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон кардааст, ки 29%-и сармоягузории умумии кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар намудори 3 панҷ кишвари асосии сармоягузори Тоҷикистон оварда шудааст, ки сармояи умумии онҳо дар ин давра 65,2 дарсади сармояи умумии хориҷиро ба кишвари мо ташкил медиҳад. Намудори 3. Кишварҳои асосии сармоягузори Тоҷикистон дар солҳои 2007-2019

Дар баробари тиҷорат ва сармоягузории мустақим, Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок медиҳад. Маблағҳои қарзӣ асосан барои маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ истифода мешаванд, ки барои рушди иқтисодии кишвар зарур мебошанд. Агар ба сохтори қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2016 назар кунем, Чин тавассути Эскимобонк аз ҳама зиёд ба Тоҷикистон қарз додааст. Ҳаҷми он дар соли 2016 ба 1 197,31 миллион доллари амрикоӣ баробар буда, 52,65 дарсади ҳаҷми умумии қарзи хориҷии кишварро ташкил медиҳад. Сохтори қарзи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016, тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, дар намудори 4 оварда шудааст.

Дар боло қайд карда шуд, ки сабаби суръат гирифтани тиҷорат бартараф шудани ноамнӣ, зиёд шудани даромади мардум ва кушода шудани гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу миёни Тоҷикистону Чин буд. Аммо омили асосии болоравии нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ кадом буд? Албатта амният ва оромие, ки фароҳам шуда буд, заминаи хубе барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар буд ва кушодашавии гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу шароитро барои зиёдшавии тиҷорати Тоҷикистону Чин фароҳам меовард. Аммо даромади аҳолӣ бе шак дар ин ҷо нақши калидӣ дошт ва даромади аҳолӣ дар ду даҳаи охир бештар ба муҳоҷират рабт дошт. Бинобар ин, санҷиши омории ҳамбастагии тағйирёбандаи гардиши умумии мол миёни Тоҷикистону Чин бо маблағи интиқолшудаи муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз хориҷи кишвар дар ин ҷо мувофиқи мақсад аст. Бо ҳамин мақсад нахуст ҳамбастагии ин ду нишондиҳандаро дар солҳои 2002-2017 дар шакли намудори нуқтаӣ дида мебароем.

Аз намудор ба осонӣ метавон дид, ки рушди тиҷорат миёни Тоҷикистону Чин бо маблағи интиқолкардаи муҳоҷирон вобастагии зич дорад. Яъне бо зиёд шудани маблағи интиқолшуда гардиши мол миёни ду кишвар зиёд мешавад. Коэфитсенти ҳамбастагии ин ду тағйирёбандаро бо истифода аз нармафзори Excel ҳисоб кардан мумкин аст, ки натиҷаи онро дар зер меорем.

Аз натиҷаи бадастомада бармеояд, ки коэфисенти ҳамбастагии ин ду тағйирёбанда ба 0,93 баробар аст. Яъне ин ду тағйирёбанда аз ҳамдигар вобастагии зиёд доранд. Хулоса ин аст, ки саҳми интиқоли пул аз хориҷи кишвар тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди тиҷорат миёни Тоҷикистону Чин хеле зиёд мебошад.

Бо вуҷуди он ки рушди тиҷорат вобастагии бештар ба даромади муҳоҷирон дорад, сармоягузории мустақим ва ғайримустақими Чин дар Тоҷикистон натиҷаи ба роҳ мондани сиёсати дуруст аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳамсояҳои худ ба роҳ мондааст. Тоҷикистон ва Чин ҳанӯз дар моҳи майи соли 2013 тавофуқномаи ҳамкории стратегиро ба имзо расонида буданд, ки заминасози тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ гардид. Дар доираи ин тавофуқнома ду кишвар дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, истихроҷ, кишоварзӣ ва ғайра ҳамкориҳоро бештар карданд, ки дар натиҷа сармоягузории Чин дар Тоҷикистон зиёдтар шуд.

Дар муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин як чанд мушкилро метавон номбар кард. Пеш аз ҳама ин мушкилии қарз мебошад, ки метавонад як кишвари кучакро вобастаи Чини бузург гардонад. Дар ҳолати пайдо шудани мушкилӣ дар пас гардонидани маблағҳои қарзӣ, Чин метавонад иншоотҳоеро, ки дар он маблағҳои мазкур сарф шудаанд, бо шароити ба худ мувофиқ, иҷораи дарозмуддат гирад. Таҷрибаи кишвари Шри Ланка далели ин гумонҳо буда метавонад. Баъдан, мушкили муҳити зист вуҷуд дорад. Корхонаҳое, ки бо сармояи чинӣ фаъол мешаванд бештар хосияти олудасозии муҳитро доранд. Аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсоли семент ва арматур чунин характерро доро мебошанд. Коркарди конҳо низ дар худ нигарониҳои муҳити зистиро доранд.

Бартараф сохтани мушкилоти номбаршуда пеш аз ҳама ба фаъолияти дурусти мақомоти давлатии худи Тоҷикистон вобаста аст. Идораи дурусти қарзи давлатӣ, ки ба сари вақт баргардонидани маблағҳои қарзӣ мусоидат мекунад, мушкили қарзҳоро бартараф хоҳад кард. Пурзӯр кардани назорат аз болои фаъолияти корхонаҳое, ки эҳтимолияти ифлос кардани муҳити зистро доранд ва бозбинии талаботҳо барои фаъолияти чунин корхонаҳо, мушкили муҳити зистро низ бартараф карда метавонад.

Таҳлили раванди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин дар гузашта нишон дод, ки дар тули ин солҳо ҳамкориҳо гароиши мусбӣ доштаанд. Дар асоси ин метавон гуфт, ки дар оянда ин ҳамкориҳо боз ҳам зичтар хоҳанд шуд. Пайванди роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ ва мавҷудияти заминаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ба рушди ин ҳамкориҳо мусоидат мекунанд. Дар оянда хатти қубурии интиқоли газ аз Туркманистон тавассути Узбакистон, Тоҷикистон ва Қизғизистон ба Чин як саҳифаи дигарро дар муносибатҳои ду кишвар изофа хоҳад кард. Ду кишвари ҳамҷавор аз ҳама имкониятҳо истифода бурда, ҳамкориҳои иқтисодии мутақобилан судманди худро зиёдтар карда метавонанд. Ҳоло буҳрони бавуҷудомада дар пайи хуруҷи бемории «COVID-19» монеаи асосии рушди ин ҳамкориҳо мебошад, вале чуноне ки зикр кардем ин мушкили муваққатӣ аст ва дар ояндаи наздик бартараф мешавад. Дигар ҳеҷ мушкили ҷиддие дар роҳи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин вуҷуд надорад ва боварӣ дорем, ки сиёсати дурусти бароҳмондаи ҳукуматҳои ду кишвар ҳамкориҳои дуҷонибаро боз ҳам тақвият мебахшад.

пешина
аз 21
навбатӣ