Зеҳн
ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.

зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҷопон

Таҳқиқу назорати пайвастаи раванди робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодии кишварҳои гуногун бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ шарт ва зарур буда, кафолати бартараф шудани камбудиҳост, ки заминаи рушди динамикии онро фароҳам меоварад. Ҳеҷ фаъолияте бе камбудӣ нест ва равобити дуҷонибаву бисёрҷонибаи кишварҳо низ камбудӣ ва бартариҳои худро дорад. Моро зарур аст ин равандҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, камбудиҳоро бартараф созем ва аз ҳама имкониятҳои мавҷуда ба пурагӣ истифода кунем.

Ҷопон яке аз кишварҳои пуриқтидорест, ки аз нигоҳи иқтисодӣ дар ҷаҳон ҷойи сеюмро (пас аз ИМА ва ЧИН) ишғол менамояд. Густариши технологияҳои баланд дар ин кишвар роҳи онро ба бозори ҷаҳонӣ кушод, ки тақрибан бо тамоми ҷаҳон додугирифтҳои иқтисодиву фарҳангӣ дорад. Робитаҳои Тоҷикистон бо ин кишвари қудратманд аз аҳамияти вижа бархурдор аст. Ҳарчанд додугирифти кишвари мо бо Ҷопон нисбатан кам аст, вале имкониятҳои фаровон мавҷуд аст, ки метавонад онро ба зинаҳои баланд расонад. То имрӯз равобити ин ду кишвар дар кадом сатҳ буд? Чӣ ояндае моро интизор аст агар муносибати худро бозбинӣ накунем? Чӣ роҳҳое метавонад шароити истифодаи ҳама имкониятҳои мавҷударо фароҳам оварад ва боиси густариши босуръати ҳамкориҳо шавад? Дар матлаби мазкур кӯшиш мекунем ба ин пурсишҳо посух дарёбем.

Баъди чанд моҳ аз эълони истиқлолияти Тоҷикистон дар санаи 2-юми феврали соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ бо Ҷопон ба роҳ монда шуд. Аммо аз сабаби сар задани ҷанги нангини дохилӣ дар Тоҷикистон танҳо дар 26- уми январи соли 2002 кишвари Ҷопон тавонист сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ намояд. Сафорати Тоҷикистон дар Токио бошад дертар дар 28-уми ноябри 2007 ифтитоҳ шуд. Дар давоми ин 27 сол раҳбари Тоҷикистон чор маротиба ва нахуствазири Ҷопон як маротиба аз кишварҳои якдигар дидан карданд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар моҳи майи соли 2001 ба Ҷопон сафар анҷом дода, охирин сафараш моҳи октябри соли 2018 ба вуқуъ пайваст. Намояндагони парлумон ва вазоратҳои гуногуни ҳарду кишвар пайваста ба кишварҳои якдигар сафар мекарданд ва масъалаҳои мубрам дар муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ҷопонро марвиди баррасӣ қарор медоданд.

Бо вуҷуди ин ҳама кӯшишҳо аз ҳарду ҷониб гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Ҷопон ночиз боқӣ мемонад. Бо сабабҳои гуногун мо натавонистем имкониятҳои мавҷударо амалӣ намоем ва аз натиҷаи он суди нараррас ба даст оварем. Ин дар ҳолест ки барои ривоҷи ҳамкориҳо чандин санади дуҷонибаву бисёрҷониба ба имзо расонида шудааст. Барои инъикоси ҳолати мавҷуда ва самти ҳаракати робитаҳои иқтисодии ду кишвар дар зер додаҳои омории дастрасро таҳлилу баррасӣ мекунем. Содироту воридот. Додаҳо оиди гардиши молу хизматрасонӣ миёни Тоҷикистону Ҷопонро метавон аз сомонаи СММ, сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ, сомонаи Агентии Омори Тоҷикистон ва сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон дастрас кард. Мутаасифона, рақамҳои дарҷшуда дар сомонаҳои СММ ва Бонки Ҷаҳонӣ бо рақамҳои дарҷшуда дар сомонаҳои дохилӣ мутобиқат намекунанд. Бинобар ин, мо сари интихоб қарор мегирем, ки аз кадом сарчашма истифода кунем. Интихоби мо сари додаҳо аз сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ қарор мегирад. Чунки он бо додаҳои СММ як ҳастанд ва онҳо аз ҷониби муқомоти марбутаи Ҷопон таъмин карда шудаанд.

Воридоти Тоҷикистон аз Ҷопон бошад бо вуҷуди гароиши мусбат доштан тағйирпазирии зиёд дорад. Агар дар соли 2010 он ба 1 400 ҳазор доллари ИМА баробар буд, дар соли 2017 он 5 907 ҳазорро ташкил кардааст. Аммо дар соли 2014 содирот ба Ҷопон 14 160 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил кардааст, ки ин бештарин дар ин нуҳ сол мебошад. Камтарин рақам дар ин ҷо дар соли 2011 ба назар мерасад, ки он баробар аст ба 888 ҳазор доллари ИМА.

Ҳамин тариқ гардиши умумии молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Ҷопон низ гароиши манфиро ба худ мегирад. Дар соли 2010 гардиши умумӣ ба 27 312 ҳазор доллари ИМА баробар буд, ки ин бештарин рақам дар чанд соли охир аст. Аммо соли 2017 он то ба 7 363 ҳазор доллари ИМА поён фаромадааст.

Бақияи гардиши мол агар дар солҳои 2010-2012 ба манфиати Тоҷикистон буд, аммо дар солҳои баъдӣ он ба манфиати Ҷопон шудааст ва дар солҳои 2013-2017 ҳамасола воридоти мо аз содиротамон ба Ҷопон зиёд будааст. Масалан, дар соли 2017 воридоти мо 5 907 ҳазор доллари ИМА буда, содиротамон танҳо 1 456 ҳазорро ташкил медиҳад. Ин ҷо содироти мо танҳо камтар аз 20 дарсади гардиши умумӣ миёни ин ду кишвар мебошад, ки хеле кам аст. Гароиши содироту воридот миёни ду кишвар дар намудори 1 нишон дода шудааст.

Аз намудори 1 ба осонӣ метавон дид, ки содироти молу колоҳо аз Тоҷикистон ба Ҷопон гароиши манфӣ дорад. Хати гароиш ҳам рӯй ба поён дорад ва дар формулаи гароиш коэффисенти b ба -2803.4 баробар аст, ки маънои он ба ҳамин рақам (2803.4 ҳаз. долл. ИМА) кам шудани содирот дар ҳар сол аст. Воридоти Тоҷикистон аз Ҷопон гароиши мусбӣ дорад, вале коэфисети b дар он кучак буда, солона танҳо ба миқдори 603.28 ҳаз. долл. ИМА зиёд мешавад. Агар чанд соли дигар ин гароишҳо бе тағйир монанд, вазъият ба таври назаррас ба зиёни Тоҷикистон мешавад.

Кумакҳои расмӣ барои рушд (КРР). Кумакҳои расмӣ барои рушд ин грантҳо ва қарзҳои имтиёзноке мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти расмии кишварҳои тарақикарда ба кишварҳои рӯ ба рушд, бо мақсади мусоидат барои рушд ва некуаҳволии мардумашон дода мешаванд. Ҷопон дар миёни 15 кишвари асосие дохил мешавад, ки чунин кумакҳоро ҳамасола ба кишварҳои рӯ ба рушд мерасонад. Ҳанӯз дар моҳи июни соли 1992 ҳукумати ин кишвар маншури КРР (the ODA Charter)-ро ба тасвиб расонд, ки сиёсати ин кишварро дар ин ҷода баъди хотимаёбии Ҷанги сард муайян мекунад. Ин ҳуҷҷат дар заминаи таҷрибаи 40 солаи Ҷопон дар амалисозии барномаҳои КРР тартиб дода шуда буд ва то имрӯз аз рӯйи он кор мекунанд. Ҳуҷҷати мазкур фалсафа, усул ва соҳаҳои асосиро барои амалисозизии барномаҳои КРР муқаррар менамояд.

Фалсафаи маншури КРР-и Ҷопон иборат аст аз афкори башардӯстона, шинохти вобастагии мутақобилаи миллатҳо дар ҷаҳон, ҳифзи муҳити зист ва ҳимоят аз талошҳо барои расидан ба худкифоии кишварҳои кумакгиранда. Дар баробари ин, маншури мазкур чор усулро муайян кардааст, ки инҳо мебошанд:

• созгори миёни ҳифзи муҳити зист ва рушд;

• роҳ надодан ба истифодаи маблағҳои барномаҳои КРР ба мақсадҳои низомӣ ва аланга дохтани

муноқишаҳои байналмилалӣ;

• назорати хароҷоти низомии кишварҳои рӯ ба рушд, фаъолияти онҳо дар заминаи истеҳсоли силоҳҳои куштори дастаҷамъӣ ва содироту воридори яроқ;

• назорати раванди демократикунонӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, кӯшишҳои онҳо барои рушди иқтисоди бозаргонӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандон дар ин кишварҳо.

Дар доираи кумакҳои расмӣ барои рушд, Ҷопон ҳамасола маблағҳои муайянеро барои Тоҷикистон низ

ҷудо намуда, лоиҳаҳои алоҳидаро маблағгузорӣ менамояд. Лоиҳаҳое ки амалӣ мешаванд бештар дар вилояти Хатлон буда, онҳо барои бозсозии низоми обрасонӣ ба аҳолӣ, тақвияти амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, тақвияти низоми тандурустӣ, рушди деҳот ва дастгирии саноат, рушди ҳамоҳанги соҳаи энергетика бо муҳити зист, хизматрасонии техникии соҳаи нақлиёт, тақвияти иқтидори идории муассисаҳои давлатӣ ба воситаи омӯзиши кормандони онҳо ва ғайра равона шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар доираи КРР Ҷопон дар ҳаҷми 19 млн.долл.ИМА дар соли 2014 лоиҳаи беҳбуди Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо маблағгузорӣ кардааст.

Ҳаҷми ин кумакҳо аз содироту воридот миёни ин ду кишвар ба таври назаррас зиёд аст. Мо дар боло ҳаҷми содироту воридот миёни Тоҷикистону Ҷопонро дар ҷадвали 1 овардаем. Акнун дар ҷадвали 2 ҳаҷми кумакҳои расмии Ҷопон ба Тоҷикистонро, ки барои рушди соҳаҳои гуногун равона шудаанд меоварем.

Муқоисаи содироту воридоти мол ва КРР нишон медиҳад, ки дар панҷ соли овардашуда (2012-2016) КРР ҳамеша аз содироту воридот дар алоҳидагӣ ва ҳам гардиши умумии мол миёни ду кишвар зиёд будааст. Барои равшантар дидани ин фарқият метавон дар намудорҳои алоҳида КРР-ро бо содироту воридот дар алоҳидагӣ ва гардиши умумии молу маҳсулот тартиб дод. Пеш аз ҳама КРР-ро бо содирот аз Тоҷикистон ба Ҷопон муқоиса мекунем.

Аз намудор ба осонӣ дида метавонем, ки тули ин панҷ сол ҳамасола КРР-и Ҷопон ба Тоҷикистон аз содироти мо ба ин кишвар зиёд будааст. Ҷамъи додаҳои панҷсола ҳам нишон медиҳад, ки агар дар тули ин панҷ сол Тоҷикистон аз Ҷопон 132,04 млн.долл.ИМА кумакҳо барои рушд гирифта бошад, содирот ба ин кишвар ҳамагӣ 16,76 млн.долл.ИМА-ро ташкил мекунад. Ин тақрибан 8 маротиба камтар аст. Ин ба он маъност, ки Тоҷикистон натавонистааст аз имкониятҳои тиҷоратӣ бо Ҷопон истифодаи дуруст кунад. Содироти молу хизматрасониҳо дар ҳолати ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии дуруст, метавонанд ба маротиб аз КРР зиёдтар бошанд. Ҳолати баръаксе, ки мо ҳоло мебинем қобили қабул нест. Ба ин масъала диққати ҷиддӣ додан лозим аст, то аз имкониятҳои мавҷуда дуруст истифода карда шавад ва роҳи бурунрафт аз ин ҳолати ногувор пайдо карда шавад.

Воридоти Тоҷикистон аз Ҷопон низ аз КРР-и ин кишвар ба мо тақрибан 4 маротиба камтар аст. Яъне Ҷопон аз тиҷорати бевосита ба Тоҷикистон агар дар панҷ соли мавриди назари мо 31,89 млн.долл.ИМА ба даст оварда бошад, 4 мароти зиёдтар (132,04 млн.долл.ИМА) ҳамчун кумаки расмӣ барои рушд ба кишвари мо пардохт кардааст. Яъне Ҷопон аз тиҷорати бевосита бо Тоҷикистон даромади назаррасе надорад. Албатта маҳсули зеҳнии мардуми Ҷопонро тоҷикистониён зиёд истифода мекунанд ва мо дар кӯчаву бозорҳо маҳсулоти ширкатҳои ҷопониро зиёд мебинем. Аммо аксари онҳоро ширкатҳои ҷопонӣ дар кишварҳои ҳамҷавори мо истеҳсол мекунанд. Дар ҳолати ба Тоҷикистон ворид шудани ин гуна маҳсулот маблағи он ҳамчун содироти ин кишварҳо ба расмият медарояд, на содироти Ҷопон. Бинобар ин, чуноне ки дар намудори 4 мебинем, ҳатто гардиши умумии молу хизматрасониҳо миёни Тоҷикистон ва Ҷопон 2,7 маротиба аз кумакҳои расмии ин кишвар барои рушди Тоҷикистон камтар аст, ки ин боиси нигаронист.

Дар доираи кумакҳои расмӣ Ҷопон ба кишварҳои рӯ ба рушд кумакҳои қарзӣ низ мерасонад. Аз ҷумла кишвари ҳамсояи мо Узбекистон ин қарзҳои имтиёзнокро ба даст овардааст ва аз ин имконият истифода кардааст. Ин қарзҳо барои соҳаи энергетика ва обёрии заминҳо равона шудаанд. Вале аз рӯи маълумоти дастрас аз сомонаи ВУХ-и Ҷопон, Тоҷикистон ба ин қарзҳо дастрасӣ пайдо накардааст. Ҳол он ки мо барои сохтмони Истгоҳҳои Обӣ-Барқӣ ба чунин қарзҳои имтиёзнок ниёз дорем.

Коршиноси ҷопонӣ Томоҳико Уйама яке аз сабабҳои аcосии кам будани ҳузури иқтисодии Ҷопон дар кишварҳои Осиёи Миёнаро, нисбат ба КРР, паст будани сатҳи сармоягузории мустақим медонад. Ӯ меафзояд, ки сармоягузорӣ ба Осиёи Миёна хатарҳои муайянеро дорад, ки бесуботии иқтисодӣ ва ноустувории сиёсати иқтисодӣ дар ин кишварҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд.[3] Барои Тоҷикистон дар баробари ин мушкилот, маҳдуд будани бозори фурӯш, мавқеи номувофиқи ҷуғрофӣ ва паст будани ҳосилнокии меҳнат аз омилҳои маҳдудкунандаи рушди муносиботи иқтисодӣ бо Ҷопон ба шумор мераванд.

Яке аз роҳҳои тақвият бахшидани равобити иқтисодии Тоҷикистону Ҷопон ин ташкили фазои мувоффиқи сармоягузорӣ барои ширкатҳои ҷопонӣ ва ба роҳ мондани маҳсулотҳое, ки Ҷопон аз хориҷ ворид месозад ва кишвари мо дар истеҳсоли онҳо бартарияти нисбӣ дорад, мебошад. Маълум аст, ки “бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад”. Бо қабули қонунҳои махсус ва кӯшишҳои зиёд дар ростои ба вуҷуд овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, натиҷаҳои дилхоҳе ба даст наомадааст. Сармоягузории мустақими хориҷиро наметавон танҳо бо таблиғ ва тавсифҳо ҷалб кард. Бояд пеш аз ҳама эърироф кард, ки то ба ҳол натавонистем фазои мусоидеро фароҳам биёварем. Вагарна “куҷо ин саранҷоми” ғайриқаноатбахро доштем. Фазои мусоидро барои ҳама фароҳам бояд сохт. Додани имтиёзҳо барои ширкатҳои алоҳида вазъиятро бадтар месозаду беҳтар не. Чунки дар чунин ҳолат рақобати солим аз миён меравад. Дар ҳоле, ки дар шароити иқтисоди бозаргонӣ танзимгари одилонатарин рақобат мебошад.

Бо фароҳам овардани фазои солими сармоягузорӣ барои сармояҳои мустақими хориҷӣ, тадқиқотҳои бозорёбии алоҳидаро метавон дар Ҷопон ва Тоҷикистон гузаронд ва талаботи Ҷопон ва имкониятҳои Тоҷикистонро дар назар гирифта, истеҳсоли маҳсулотеро ба роҳ монд, ки Тоҷикистон дар он бартарии нисбӣ ё бартарии мутлақ дорад. Танҳо дар асоси натоиҷи чунин тадқиқотҳои амиқ метавон равобити иқтисодии Тоҷикистону Ҷопонро ба сатҳи баланд расонд ва ҳама имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода кард. Дар ин ҷода набояд ба зоҳири масъала нигоҳ карда, тасмимҳо гирифт. Ё тақлиди амалҳои кишварҳои дигарро кард. Чунки ҳар кишвар шароити ба худ хосро дорад ва таҷрибаи яке на ҳама вақт бо дигаре мувофиқ аст. Баъдан рақобат ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ вуҷуд дорад. Танҳои роҳҳои нав ва идеяҳои нав метавонанд баранда бошанд. Тақлид ки навоварӣ буда наметавонад ва тақлидгар ҳамеша дар ақиб мемонад. Томоҳико Уйама дар ин маврид мегӯяд: “ин давлатҳо ва мардуми Осиёи Миёна ҳастанд, ки бояд барои дарёфти дониш, технология ва сармоя бо ҳам рақобат кунанд ва маҳорати худро дар муносибатҳои байналмилалӣ тақвият бахшанд”[3]. Бале, оянда дар дасти ҷавонон аст, вале ояндаи дурахшони ҳар кишваре дар дасти ҳукумати кунунӣ ва мардуми фаъоли имрӯзаи он мебошад. Маҳз дастбакорони имрӯза вазифадоранд чораҳои заруриро барои муносибатҳои иқтисодии беҳтаре миёни Тоҷикистону Ҷопон (ё кишварҳои дигар) андешанд ва амалӣ созанд. Вагарна ҷавонон дар оянда ҳамин мушкилоти имрӯзаро ба мерос хоҳанд гирифт. Он гоҳ вақти аз даст рафта гуноҳи масъулони имрӯза шинохта хоҳад шуд.

пешина
аз 21
навбатӣ