Зеҳн
ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.

зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Парадигмаҳо ва моделҳо пешгӯиҳо ҳам мекунанд. Ин вижагии моделҳоро баррасӣ карда Самуел Ҳантингтон дар ҳамон солҳои 1993, яъне зиёда аз 20 сол пеш аз сар задани ҷанг дар Украина, онро пешгӯӣ карда будааст. Вай овардааст, ки “дар ҳоле ки парадигмаи давлатҳо дар муносибати Русияву Украина рақобати ду давлати бузург ва бархурд дар сатҳи давлатиро пешбинӣ мекунад. Модели бархурди тамаддунҳо порашавии давлати Украинаро аз рӯйи тамаддун пешгӯӣ мекунад. Ин порашавии Украина бо сабабҳои фарҳангӣ метавонанд дар хунрезӣ хеле бадтар аз ҷудошавии Чехословакия бошад, аммо хеле камтар аз порашавии Югославия”[6]. Ҳоло 20 сол пас аз ин пешгӯӣ мо дар амал иҷро шуданашро шоҳид шудем. Ҳоло ин ҷо метавон дахолати Русия ва дигар омилҳоро пеш овард, вале воқеият ин аст, ки имрӯз Украина тибқи ҳамон пешгӯии Ҳантингтон пора шудааст.

Барои тақвияти афкори худ Самуел Ҳантингтон дар китоби худ чандин ҳаводисеро мисол мезанад, ки дар шаш моҳи аввали соли 1993 рух додаанд, ки мутобиқи модели “Бархурди тамаддунҳо” мебошанд. Дар ин рӯйхат ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ ҳаст, ки онро “набард миёни қувваҳои мусаллаҳи Русия ва муҷоҳидони чирикӣ” номидааст. Дар кадом асос ду ҷониби ҷанги дохили моро номгузорӣ кардааст, номаълум аст ва муҳим ҳам нест. Муҳим ин аст, ки ҷанги дохилии моро низ метавон бо модели “бархурди тамаддунҳо” баррасиву тасвир кард. Ҳарчанд дар тақсимоти тамаддунии Ҳантингтон ҳарду ҷониб аз тамаддуни исломӣ буданд, вале бо андак тақвият додани ин тақсимот мебинем, ки ин ҷо исломи суннатии омехта бо тамаддуни эронӣ- тоҷикӣ мавриди ҳамлаи муҷоҳидони ифротӣ қарор гирифта буд, ки аъзои “Фронти халқӣ” огоҳона ва ё ноогоҳона дар ин бархурди тамаддунҳо аз арзишҳои тамаддуни эронӣ-тоҷикии мо ҳимоят мекарданд. Ҳадафи Ҳантингтон аз сохтани модели “Бархурди тамаддунҳо” пеш аз ҳама огоҳӣ додан ва раҳнамоӣ кардани давлатмардони ҷомеаи худаш аст. Вай ҳамчун як меҳанпарасти амрикоӣ кӯшиш мекунад ба гӯши тасмимгирон дар сатҳи баланд бирасонад, ки шефтаву фирефтаи бартариҳои илмиву ҳарбӣ ва давлатдории худ нашаванд ва аз хатароти дар пешистода ғофил набошанд. Боби 12-ми китоби худро ӯ пурра ба ҳамин мавзӯъ бахшида, камбудиҳои ҷомеаи Ғарбро номбар мекунад ва дар баробари он аз таърихи мағлуб шудани тамаддунҳои бузург мисолҳо оварда, таъкид мекунад, ки тамаддуни Ғарб метавонад бо пойбандӣ ба арзишҳои асосии худ, насроният, гуногунандешӣ, индивидуализм ва волоияти қонун, ки ба Ғарб имкони модернизатсия шуданро дод, худро ҳифз кунад. Ӯ мегӯяд, “масъулияти лидерони Ғарб кӯшиши дар сурати тамаддуни Ғарб даровардани дигар тамаддунҳо нест, чизе ки хориҷ аз қудрати таназзулёбандаи онҳост, балки нигаҳдорӣ, ҳимоят ва азнавсозии вижагиҳои тамаддуни Ғарб аст. Аз сабаби қудратмандарин давлати Ғарб буданаш ин масъулият аз ҳама бештар ба дӯши Иёлоти Мутаҳидаи Амрико меафтад”[6]. Ҳарчанд вай мултикултурализм ва муҳоҷирати намояндагони тамаддунҳои дигарро, ки дар фарҳанги Ғарб ассимилятсия (омехта) шудан намехоҳанд, зери тозиёнаи танқид гирифта, ҳифзи ягонагии тамаддуни Ғарб дар ватанашро талаб мекунад, таъкид мекунад, ки “мудохилаи кишварҳои Ғарб ба корҳои дохилии тамаддунҳои дигар эҳтимолан бузургтарин сарчашмаи ноамнӣ ва бархурдҳои ҷаҳонӣ дар дунёи бисёртамаддунӣ хоҳад буд”[6]. Яъне мавқеи Ҳантингтон таҳоҷумӣ набуда бештар ҳимоявӣ ба назар мерасад.

Нақди модели “Бархурди тамаддунҳо”

Назарияи “Бархурди тамаддунҳо”-и Самуел Ҳантингтон яке аз баҳсбарангезтарин назарияҳои сиёсӣ ба шумор меравад. Мунаққидони ин назария дар бисёр маврид, қонуну қоидаҳои моделсозиро ба назар нагирифта, кӯшиш мекунанд, то онро барои мувофиқат накардан бо ин ё он раванд инкор кунанд. Масалан, Ҷефрӣ Ҳейнес аз Донишгоҳи Лондон эрод мегирад, ки “худи идеяи ҷаҳони тақсимшуда миёни 7 ё ҳашт тамаддун чаранд ба назар мерасад”[8]. Ин дар ҳолест, ки Ҳантингтон сароҳатан таъкид мекунад, ки ин тақсимоти содакардашуда аст ва танҳо барои сохтани модели коршоям истифода шудааст. Яъне вай намегӯяд, ки ҷаҳони мо танҳо аз ҳамин 8 тамаддун иборат аст. Вале ин мунаққидаш инро ба назар нагирифта, эроди ноҷо гирифтааст. Ё гурӯҳи дигар аз сари таассуб ба боварҳои худ онро бо овардани бардоштҳои нодурусти худ аз дину мазҳаб рад карданӣ мешавад.

Ба ҳар ҳол ин назария ҷонибдорони худро пайдо кард ва аз ҳама муҳимтар ин назария дар долонҳои тасмимгирандагони Ғарб ҷойгоҳ пайдо кард, ки бе шак ҳадафи аслии муаллиф буд. Агар бархурдҳои дар тӯли 30 соли охир рӯйдодаро арзёбӣ кунем, мебинем, ки бештарини онҳо ба модели “Бархурди тамаддунҳо” мувофиқ меоянд. Дар баробари ин, дар сиёсати кишварҳои Ғарбӣ метавон таъсири назарияи мазкурро мушоҳида кард. Сайид Мансуб Муршид, аз Донишгоҳи Эрасмуси Ҳоланд, дар баробари эътирофи ин воқеият, ки дар давраи 20 сол пас аз нашри мақолаи Ҳантингтон бурхурдҳои тамаддунӣ дар воқеъ зиёд шуданд, дар ин бархурдҳо бештар фарҳангу сиёсати Ғарбро гунаҳгор мекунад. Иддао дорад, ки мушкилоти иқтисодӣ- иҷтимоии мусалмонон дар кишварҳои ғарбӣ онҳоро ба доми гурӯҳҳои террористӣ мебарад. Ва ё суханрониҳои баъзе сиёсатмадорони ростгарои кишварҳои аврупоиро мисол оварда, кӯшиш мекунад, ки онҳоро низ дар ин бархурдҳо мунқасир нишон диҳад. Аммо ин ҳама иддаоҳо дар асл тасдиқкунандаи назарияи “Бархурди тамаддунҳо” буда, бархурди ин ду тамаддунро ифода мекунад. Ҳамин муаллиф зери таассуботи динии худ, кӯшиш мекунад, тамаддуни худро хеле таҳаммулгаро, мардумсолор ва беозор тасвир намояд. Аз таърихи ихроҷи мусалмонон аз Испания ва Сисилия, куштори онҳо дар Балкан ва Фаластинро ёдовар мешавад, вале бо вуҷуди эронӣ будан аз ҷиноёти хулафои рошидин ва Аббосиён нисбат ба эрониён ва тамаддуни эронӣ-тоҷикӣ чизе намегӯяд. Ин ҳам баёнгари таассуб доштани вай аст, ки ин мақолаи ӯро аз нуқтаи назари илм беарзиш месозад. Бо вуҷуди ин, вай дар ин матлаби худ чанд назароте дорад, ки тасдиқкунандаи назарияи Ҳантингтон аст. Масалан, вай мегӯяд, ки: “ин камбағалӣ ва мушкилоти шахсии ҷавонони мусалмони кишварҳои Ғарб нест, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб месозад, балки нокомиҳои кулли мусалмонон дар ин кишварҳо онҳоро ба ин роҳ мебарад.” Ё: “илова бар даст задан ба амалҳои террористӣ, “ифротгароии исломӣ” дар дигар амалҳои бидуни хушунат, ба монанди ҳиҷобпӯшӣ ва дигар унсурҳои фарқкунанда низ ифода меёбад, ки ин аъмоли рамзӣ нороҳатии ғарбиёнро ба вуҷуд меоваранд, бо ин сабаб, ки ҳамчун радди пархошгаронаи тамаддуни ғарбӣ қабул карда мешавад”[8]. Дар баробари ин, аз як тадқиқоти соли 2008 ёдовар мешавад, ки нишон додааст шумори зиёди аҳолии кишварҳои Ғарб назари манфӣ ба мусалмонон доранд. Ин ҳама назарот тасдиқкунандаи он аст, ки дар ин чанд даҳаи охир бархурдҳои тамаддунӣ зиёд шудааст.

Собиқ президенти Эрон Муҳаммад Ҳотамӣ низ дар тасдиқи назарияи “Бархурди тамаддунҳо” мегӯяд “пештар Ҳантингтон масъалаи ситези тамаддунҳоро матраҳ карда буд, ки дар воқеъ бозгӯкунандаи воқеияти сорӣ ва ҷорӣ дар ин рӯзгор буд. Аммо набояд иҷоза дод, ки ин воқеият сарнавишти ҳамаи миллатҳо ва кишварҳоро рақам бизанад. Агар парадигмаи мавҷударо иваз кунем ҳамаи натоиҷ дигаргун хоҳад шуд”[9]. Ӯ дар соли 2000 дар суханронии худ дар Маҷмааи умумии СММ пешниҳод карда буд, ки соли 2001-ум соли “Гуфтугӯи тамаддунҳо” эълом карда шавад ва ҳамчунин ҳам шуд. Вале мутаассифона, ин пешниҳоди Ҳотамӣ бештар сиёсӣ буд то илмӣ, ки бо вуҷуди тарғиби зиёд шуданаш аз ҷониби худи муаллиф ва дигар ҷонибдоронаш, амалӣ нашуд. Худи муаллиф низ натавонист ягон механизми дурусти амалӣ сохтани онро пешниҳод кунад. Бо эътирофи муаллифи муқаддимаи китоби “Гуфтугӯи тамаддунҳо” Муҳаммадалӣ Абтаҳӣ ин тарҳ ҳатто “дар Эрон мавриди бемеҳрӣ қарор гирифт”[10]. Доктор Масъуд Ҳоҷизода низ мегӯяд, ки “ба “Гуфтугӯи тамаддунҳо” ба шакли сиёсӣ бархурд намуданд ва дар ҳоле, ки ин андеша дар сатҳи ҷаҳонӣ эътибор ёфт дар сатҳи дохилӣ ба матраҳ намудани он баҳои кофӣ надоданд ва онро ҷиддӣ нагирифтанд“[11]. Парадигмаи “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар матбуоти Тоҷикистон низ пайваста баррасӣ мешуд. Ба ҳар ҳол дар шароити ҳозира амалӣ шудани он номумкин аст. Чунки то ҳол болоравии ҳувийяти фарҳангӣ, махсусан динӣ, дар аксар кишварҳо дида мешавад ва иштироки мазҳаб дар сиёсат зиёд ба назар мерасад. Мусаллам аст, ки таълимоти баъзе аз ин динҳо таҳоҷумӣ ва нафратбарангез аст. Дар чунин ҳолат бархурдҳои тамаддунӣ зиёд мешаванду кам не. Шояд баъди як давраи муайян шароит тағйир ёбад ва тибқи пешгӯии худи Ҳантингтон модели “Бархурди тамаддунҳо” корношоям гардад. Он замон шояд, баъди ислоҳи таълимоти худ ва бештар инсондӯстона кардани онҳо, аз ҷониби намояндагони ин ё он тамаддун, роҳ ба сӯи амалӣ сохтани парадигмаи “Гуфтугӯи тамаддунҳо” кушода шавад.

Воқеият баъди 27 сол

Модели “Бархурди тамаддунҳо”-и Самуел Ҳантингтон, дар тайи 27 соли охир бисёре аз бархурдҳо дар сатҳи ҷаҳониро дар худ ифода мекунад. Сар карда аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон то наслкушии курдони ориёӣ аз ҷониби исломиҳои бунёдӣ ва фоҷеаи Яманро метавон ба осонӣ дар қолаби модели мазкур ҷой дода, баррасӣ кард. Албатта барои ин корро кардан тақсимоти Ҳантингтонро васеътар кардан лозим меояд. Яъне ба монанди ба се қисмат ҷудо шудани насрониҳо миллатҳои мусалмонро ҳам метавон бо шиаву суннӣ ва модерну банёдгаро қисмат кард. Ба шиаву сунни ҷудо шудани ин тамаддун ба асрҳои миёна рост меояд, аммо танҳо дар асрҳои 19-20 буд ки ин тамаддун ба модерну бунёдгаро тақсим шуд. Ҳанӯз Арнолд Тоимбӣ дар асари худ “Тамаддун дар озмоиш” дар соли 1948 ин тақсимотро баррасӣ карда буд.

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро, ки миёни гурӯҳҳои бунёдгарои исломӣ ва гурӯҳҳои дунявиятхоҳи коммунистӣ буд, метавон ҳамчун ҷанги бунёдгароҳои исломӣ ва модернҳо, дар қолаби модели Ҳантингтон ғунҷонид. Баррасӣ кардани ин ҷанг бо модели “Бархурди тамаддунҳо” нишон медиҳад, ки дар асл, тамаддуни исломӣ бо тамаддуни тоҷикӣ-эронии омехта бо ниҳодҳои шӯравӣ ва баъзе суннатҳои исломӣ дар бархурд қарор гирифта буд. Албатта, дар ин миён дасти кишварҳои сеюм мушоҳида мешуд ва ин мудохила ҳам дар меҳвари тамаддунӣ қарор гирифта буд. Яъне кишварҳои исломӣ, махсусан ҶИА, ҶИЭ ва Арабистони Саудӣ, аз гурӯҳҳои бунёдгарои исломӣ пуштибонӣ мекарданд ва кишварҳои пасошӯравии Русия ва Узбакистон аз гурӯҳҳои модерн ва ё дунявию озодихоҳ. Метавон чандин далел ёфт, ки ин модел наметавонад ба онҳо ҷавобгӯ бошад. Аз қабили ҷой доштани ашхоси ҷинояткор дар ҳар ду ҷониб, ки ҳадафашон танҳо дуздиву ғоратгарӣ буд. Вале дар маҷмуъ ҷанги дохилӣ дар кишвари моро ҳам мешавад дар қолаби ин модел баррасӣ кард ва дар такя ба равандҳои муосир эҳтимолияти дар оянда сар задани муноқишаҳои навро муайян кард. Ҳамчуноне ки файласуфи тоҷик Ёрмаҳмад Ниёзӣ ин масъаларо баррасӣ карда, қайд мекунад, ки дар охири давраи Шӯравӣ “тақвият додани таълимоти фиқҳии ислом, ки баъдан ҲНИТ шуд ва бевосита яке аз қутбҳои муқобили ҳизби коммунисти вақт шуд... ва даст ба ҷангу нооромии кишвар зада, онро (қариб) нобуд сохт”[14]. Яъне тақвият ёфтани ҳувийяти исломии як қишр онҳоро водор ба ҷанг бо дигарон кард.

Ҷангҳо дар Кавказ, Югославия, Афғонистон, Ироқ, Сурия, Украина, Яман ва чанде аз кишварҳои африқоиро ҳам бархурди тамаддунҳо гуфтан мумкин аст. Дар Қафқоз Арманистону Озарбойҷон ва чечену русҳо, дар Югославия мусалмону ортодокс ва ортодоксу католикҳо, дар Афғонистон исломиҳои бунёдгаро ва коалитсияи Ғарб, дар Ироқ боз Ғарбу арабҳо ва баъдан ҷанги ДИИШ муқобили ҳама, дар Яман ҷанги минтақавии шиаву сунӣ ва дар Украина ҷанги ортодоксҳо бо украиниҳои греко- католикро метавон дар қолаби ин модел тавзеҳ дод, ки дар аксар ҳолат дар ин бархурдҳо чандин кишвар иштирок мекарданд, яъне аз доираи як кишвар берун буда, табиати онҳо тамаддунӣ буд.

Барои мо тоҷикон баъди кушторҳои фоҷеаноки ҲНИ дар Тоҷикистон ва Толибон дар Афғонистон, қатли оми курдҳои ҳамнажодамон сангинтар буд. Дар падидаи тамаддунии ДИИШ намояндагони онҳо аз ҳама зиёд курдҳоро нобуд мекарданд. Сабаби он ҳам аз тамаддуни дигар будани ин миллат мебошад. Бо вуҷуди он, ки курдҳо мусалмон буданд, вале исломи онҳо дар тамаддуни ориёияшон ҳазм шуда буд. Инро бунёдгароҳои ДИИШ медиданд ва барои тамаддуни дигар доштанашон курдҳоро мекуштанд, моликияташонро ғорат мекарданд ва зану духтарҳояшонро ҳамчун каниз бо худ мебурданд. Ҳамаи ин бераҳмиҳоро дар асоси суннату қонунҳои тамаддунии худ мекарданд. Дар фронти дигар ин бунёдгароҳо бо намояндагони исломи шиа меҷангиданд, ки аз аъроби шиаи Сурия, Ироқ ва Эрон иборат буданд. Ҳарчанд Руссия дертар вориди ин бурхурд шуда бошад ҳам, ин маънои ҳамкории ду тамаддуни мухталиф барои нест кардани тамаддуни дигари ғосиб, нафратпарокан ва ҷаҳонталабро дошт. Ҳамкории тамаддунҳо дар бархурд ба як душмани муштаракро ҳам Ҳантингтон дар назарияи худ пешбинӣ карда буд.

Ҳама ин ҳаводиси бо тамаддуну мазҳабҳои гуногун рабтдошта нишон медиҳанд, ки модели “Бархурди тамаддунҳо”-и Самуел Ҳантингтон як модели коршоям буда, бештари равандҳо ва бархурдҳо дар ҷаҳони муосирро, то имрӯз, дар худ ифода мекунад. Дар ҳоли ҳозир бархурдҳои бунёдгароҳо дар Сурия зери пуштибонии Туркия бо курдҳои ориёӣ, бархурдҳои шиаҳои Яман бо дастгирии Эрон бо сунниҳои ин кишвар бо дастгирии коаллитсияи кишварҳои арабӣ бо сарварии Арабистони Саудӣ, бархурдҳои бунёдгароҳои Нигерия бо ҳукумати ин кишвар, мушкилоти мусалмонони Мянмар бо ҳукумати буддоии он ва мушкили шарқи Украин идома доранд. Ин ҳам далели он аст, ки мутассифона то имрӯз модели Ҳантингтон актуалӣ мебошад. Инсоният то ҳол роҳҳои аз байн бурдани мушкилот дар муносибати намояндагони тамаддунҳои гуногунро наёфтааст. Ҳама аз сулҳу гуфтугӯи тамаддунҳо сухан мегӯянд, вале ҳеҷ тамаддуне кӯшиши ташхису муайянсозии камбудиҳои худро накардааст. Дар бештар маврид омилҳои хатарзои тамаддунҳо ба адёни муқаддас бастагӣ доранд, ки онҳо ислоҳнопазир ҳастанд. Ҳатто кишварҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба ҷойи талаби ислоҳи омилҳои хатарзои адён ба пуштибони аслии онҳо табдил ёфтаанд. Онҳо пушти мафҳуми озодии виҷдон пинҳон шуда, аз ҳизбу ҳаракатҳои динӣ дар баробари ҳукуматҳои дунявӣ ва донишмандони алоҳида мубориза мебаранд. Ҳамин бархурди нодуруст дар сатҳи ҷаҳонӣ боиси пайдо шудани ДИИШ гардида буд, ки натиҷаашро ҳама медонад. Ҳоло пасмондагони ҳамин гурӯҳи ваҳшатзо аз ҷониби кишварҳои минтақа пуштибонӣ ёфта, курдҳои ориёиро мекушанд. Навори ғорати шаҳри Африн ва барандохтани пайкараи қаҳрамони тамаддуни ориёи Коваи Оҳангар, аз ҷумлаи ҳамин ҷиноятҳои ба амаломада пушти мафҳуми озодии виҷдон мебошад. Дар сатҳи байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи башар, ҳеҷ кас ҷилави омилони ин куштору ғоратгарӣ ва поймолсозии ҳуқуқи курдҳои ориёиро нагирифт. Чунин бархурди духура бо амилҳои хатарзо дар миёни тамаддунҳо роҳи гуфтугӯро бастааст ва дар натиҷа ин ҳама бархурдҳои тамаддуниро мебинем, ки аз он гурӯҳҳои муайян суд меҷӯянд. Ин дигар воқеияти имрӯзӣ аст.

пешина
аз 21
навбатӣ