Зеҳн
ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.

зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Яке аз омилҳое, ки боиси ба вуҷуд омадани ҷанги сард шуда буд, ин ҷаҳонхоҳии ду системаи давлатдорӣ ва нафрати онҳо нисбат ба якдигар буд. Кишварҳои дорои низоми сармоядорӣ бо сарварии ИМА кӯшиш мекарданд низоми демократияи либералиро дар ҷаҳон густариш диҳанд, аз ҷониби дигар кишварҳои сотсиалистӣ бо сарварии ИҶШС кӯшиш мекарданд коммунизмро дар тамоми ҷаҳон паҳн созанд. Дастбакорони ҳарду низом ба якдигар нафрат доштанд ва аъмоли якдигарро зиддиинсонӣ мешумориданд. Дар ин замина ҷанги сард қариб 40 сол идома ёфт. Саранҷом коммунистони Шӯравӣ ба бунбасти иқтисодӣ гирифтор шуданд ва афкори худро бозбинӣ карда, аз ҷаҳонхоҳӣ даст кашиданд. Онҳо бо як мардонагии ба худ хос нафратро канор гузошта, вориди ҳамкориҳову ҳамгироиҳои зич бо рақибони дирӯзаи худ шуданд. Ин буд анҷоми Ҷанги сард ва оғози марҳилаи нав дар муносибатҳои байналмилалӣ.

Ҳоло агар нақши ин ду омил, ҷаҳонхоҳӣ ва нафратро, дар модели “Бархурди тамаддунҳо” баррасӣ кунем, мебинем, ки дар воқеъ ҷойгоҳи муайяни худро доранд. Махсусан дар муносиботи тамаддуни исломӣ бо Ғарб ва дигар тамаддунҳо ин ду омилро ошкоро дида метавонем. Яъне ҷаҳонхоҳӣ ва нафрати байни ҳамдигарӣ вуҷуд дорад ва аксари ҷангу террорҳо дар асоси ҳамин ду омил ба вуҷуд меоянд. Албатта, ин ҷо наметавон кулли намояндагони ин тамаддунҳоро ҷаҳонхоҳ ва бадбини якдигар хонд. Аммо бо вуҷуди бетараф ва ҳатто зидди ҷаҳонхоҳиву нафрат будани як қишри ин ҷомеаҳо, қишри фаъоли ин тамаддунҳо огоҳонаву ноогоҳона дар ҳамин масир ҳаракат карда истодаанд. Ин метавонад далели он бошад, ки модели “Бархурди тамаддунҳо” дар ояндаи наздик корношоям нахоҳад шуд. Моро дар пеш ҷангу террорҳои навбатӣ интизоранд, ки аз ҷониби намояндагони тамаддунҳои гуногун амалӣ карда мешаванд. Ин дар ҳолест, ки айни замон мушкили курдҳои ориёӣ бо исломиҳои бунёдгаро, уйғурҳои мусалмон бо чиниҳои конфутсионӣ, мусалмонони Мянмар бо буддоиҳои ин кишвар, ҷанги шиаву сунниҳо дар Яман ва чандин бархурдҳои тамаддунии дигар дар Африқо ҳалли ниҳоии худро наёфтанд.

Мутаассифона, нафрат нафрат мезояд. Як мисоли оддӣ силсилаи террорҳои бархоста аз мухталиф будани дидгоҳҳои Ғарбу ислом дар масъалаи озодии баён метавонад бошад. Дар соли 2015 тибқи арзишҳои тамаддунии худ ва дар асоси ҳуқуқҳои констутсионияшон чанд кормандони ҳафтаномаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo”, дар Пориси Фаронса, карикатураи асосгузори дини ислом Муҳаммад пури Абдуллоҳро мунташир карданд. Ин нафрати бунёдгароҳои исломиро зиёд карда, боиси бархурдҳои лафзии зиёд ва саранҷом иҷрои чанд амали террористӣ гардид. Намояндагони тамаддуни исломӣ кормандони маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo”-ро террор карданд, ки он 12 кушта ва 11 захмӣ ба ҷой гузошт. Ин ҷинояти дар асоси нафрат иҷрошуда, намояндагони тамаддуни Ғарбро ба хашм овард. Баъди 4 сол, соли 2019, яке аз пайвандони қурбониёни амали террористӣ дар дафтари ин ҳафтанома, дар асоси нафрат ва барои қассос аз мусалмонон дар ду масҷиде дар Зеландияи Нав амали террористӣ иҷро кард, ки аз худ 51 кушта ва 49 захмӣ ба ҷой гузошт. Яъне нафрат нафрат зоид ва намояндагони ду тамаддун хуни ҳам рехтанд.

Маълум аст, ки дар дарозмуддат ин вазъият дигар хоҳад шуд. Махсусан раванди ҷаҳонишавӣ то рафт вобастагии тамаддунҳоро аз якдигар зиёд карда истодааст, ки ин метавонад шиддати бархурдҳоро кам карда, заминаи гуфтугӯ ва ислоҳшавии онҳоро муҳайё созад. Аммо дар ояндаи наздик мушкили тамаддунҳо вуҷуд хоҳад дошт. Чунки ҳоло ҳар ҷониб мувофиқи фалсафаи “тамаддуни ман ба зоти худ надорад айбе” амал карда истодааст ва ҳеҷ кас омода нест, камбудии тамаддуни худро баҳри ба даст овардани сулҳу оромии пойдори ҷаҳонӣ ба таври холисона эътироф ва бартараф намояд. Ҳатто баъзе муҳаққиқон ин мушкилотро нодида гирифта, модели “Бархурди тамаддунҳо”-ро аз бунёд рад мекунанд ва иддао мекунанд, ки дар таълимоти тамаддунҳояшон ягон камбудие ҷой надорад.[13] Махсусан мушкилоти бархоста аз таълимоти адёни ба истилоҳ “осмонӣ” дар ин ояндаи наздик пушти пардаи муқаддасот монда, мавриди ислоҳот қарор намегиранд. Ва чун адён таъсири назаррас ба тамаддунҳои муайян доранд ва наметавон аз мубаллиғон ва раҳнамоҳои онҳо мардонагии коммунистони Шӯравии солҳои 80-уми асри гузаштаро интизор шуд, бархурди тамаддунҳо идома хоҳад ёфт. Ин вазъият моро водор месозад, ки дар оянда аз модели “Бархурди тамаддунҳо” истифода бурда, оянданигарӣ кунем ва мушкилоти эҳтимолии ояндаро дар воқеияти имрӯз бартараф созем. Муҳимтар аз ҳама роҳҳои “расидан ба аҳдофи худро интихоб намоем”[6]. Равише ки аксари кишварҳои қудратманди ҷаҳон аз он истифода мекунанд.

1.2. Ҳувийяти миллӣ ҳамчун унсури аслии нерӯи рақобатпазирӣ ва муқовимати миллӣ алайҳи хатарҳои ҷаҳони муосир

Чуноне ки дар ҷусторҳои пешин қайд карда шуд ҷаҳон саршор аз мубориза, муқовимат, рақобат ва хатарҳост. Кишварҳо барои дастрасии бештар ба манбаъҳои маҳдуди кураи Замин бо ҳамдигар рақобат мекунанд. Ин рақобат ба ҷомеаҳое саодат меорад ва ҷомеаҳоеро варшикаста месозад. Ақидаи ҷаҳони як ҳукуматӣ ва як фарҳангӣ як назари утопиявӣ буда, ҳеҷ гоҳ амалӣ нашудааст ва нахоҳад шуд. Бо вуҷуди он, ки кишварҳои ҷаҳон дар 70 соли охир бо ҳамдигар ҳамкориҳо ва ҳамдигарфаҳмиҳои бештар доранд, вале қонуни ҳаётро касе иваз накардааст. Ҳамоно инсонҳо дар пайи дастрасии бештар ба захираҳои табиӣ, дастёбӣ ба қудрат, ҳайсият ва шӯҳрат бо ҳамдигар мубориза мебаранд. Ин муборизаҳо дар пай хатароти муайянеро дар пай доранд.

Бо печидатар шудани низомҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон муборизаҳо аввал авалодӣ, баъдан қабилавӣ, мазҳабӣ, миллӣ ва тамаддунӣ шуданд. Ин рақобату ҷанг заминаи ихтирооти зиёде дар таърихи инсоният гардидааст. Барои ба даст овардани манфиати бештар инсоният муборизаҳои гурӯҳиро ба роҳ мондааст, то ин ки ба ин васила қувваҳоро мутамарказ карда, натиҷаи хубтар ба даст оваранд.

Ҷаҳони муосир ба давлат-миллатҳо тақсим шудааст. Ин низоми ҷаҳонӣ бартарияти худро нисбат ба дигар низомҳо дар дусад соли охир исбот кард. Дар доираи давлат-миллатҳо гурӯҳҳои алоҳидаи манофеи муштараки худро муайян карда, барои дастёбӣ ба онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бо дигарон рақобат мекунанд. Ҳарчанд созмонҳои гуногуни минтақавӣ ва байналмилалӣ вуҷуд доранд, ки манфиатҳои муштараки кишварҳои аъзои худро дунболагирӣ мекунанд, вале “давлатҳои миллӣ ҳанӯз ҳам ҳамчун нақшофаринони асосӣ дар корҳои ҷаҳонӣ боқӣ мемонанд”[1]. Маҳз давлатҳои миллӣ ҳастанд, ки тамоми сарватҳои миллиро дар даст дошта, назорат аз болои мардум ва ҳудудро ба уҳда гирифтаанд. Аз ин рӯ, нақши онҳо дар таъмини манфиатҳои гурӯҳии ҷомеаҳо аз ҳама зиёдтар аст.

“Зуҳури давлатҳои муосир нишонгари ташдиди анбоштани қудрат бо равишҳоест, ки қаблан дар таърих ношинохта буданд: басиҷи иҷтимоӣ, навовариҳои техникӣ, созмони девонсолорӣ, тарроҳии ниҳодҳо ва пешравии идеологӣ дар миқёси бузург бо ҳам омаданд, то истеҳсоли тавоноиҳои моддиро, барои расидан ба натиҷаҳои хуб дар тақвияти ҳамгироиҳои миллӣ, рушди дохилӣ ва таъмини бехатарӣ, баланд бардоранд” [4]. Дар доираи давлат-миллатҳо банақшагирӣ ва амалӣ сохтани тарҳҳои бузурге, ки ба шахсони олоҳида вобаста нестанд, имконпазир шуд.

Ниҳодҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ метавонанд дар ҳолати буҳрон кумак кунанд, вале онҳо наметавонанд кишвареро дар рорҳи рушди устувор нигаҳ доранд. Ин корро маҳз давлатҳои миллӣ карда истодаанд. Барои дарки ин масъала метавон қудратмандтарин ниҳоди минтақавӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ Иттиҳоди Аврупоро мисол овард. Юнон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ин иттиҳод натавонист ба рақобатҳои шадид тоб оварад ва ба буҳрони молиявӣ гирифтор шуд. Аммо Олмон дар ҳамон шароит тавонист сиёсати дигарро ба роҳ монда, на танҳо дар Аврупо, балки дар тамоми ҷаҳон рақобатпазир бошад. Ин баёнгари он аст, ки ҳатто шомил шудан ба иттиҳодияҳои бонуфуз ҳам, нақши давлатҳои миллиро дар рақобатҳои ҷаҳони муосир кам намекунад ва уҳдадориҳои онҳоро ҷиҳати муқовимат бо хатарҳои ҷаҳони муосир бартараф намесозад.

Масъалаи асосӣ ин аст, ки чаро дар ин муборизаҳо ва ё рақобатҳои шадиди ҷаҳони муосир кишварҳое пирӯз ҳастанд ва кишварҳои дигар ё қисман ба аҳдофи худ расидаанд ва ё умуман рақобатпазир нестанду ба гурӯҳи кишварҳои ақибмонда ворид шудаанд? Унсурҳои асосии нерӯи рақобатпазирӣ дар шароити нав ва муқовимат алайҳи хатарҳои ҷаҳони муосир кадоманд?

Пажӯҳишгарони зиёде унсурҳои қудрати миллиро гурӯҳбандӣ кардаанд. Франкел, Моргентау, Органский ва дигарон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар маҷмуъ ин унсурҳоро ба доимӣ ва муваққат, табиӣ ва иҷтимоӣ, ламсшаванда ва ламснашаванда тақсим мешаванд [2]. “Масалан аз нигоҳи Ганс Моргентау қудрати миллӣ аз 8 омили зерин иборат аст:

  1. Мавқеи ҷуғрофӣ;

  2. Аҳолӣ;

  3. Иқтидорииқтисодивусаноатӣ;

  4. Иқтидоринизомӣ; 5) Сарватҳои табиӣ;

  5. Характеримиллӣ;

  6. Ахлоқи миллӣ;

  7. Кайфиятиумуридипломатӣ.”

Дар ин гурӯҳбандӣ дида метавонем, ки сетои онҳо ба гурӯҳи унсурҳои ламснашаванда ворид мешаванд. Маҳз ҳамин унсурҳо ҳастанд, ки дар ҳоли тақвият додани онҳо як миллат метавонад боқимондаро тақвият дода, дар ҷаҳони муосир рақобатпазир бошад. Дар навбати худ, ҳувийят ва худшиносии миллӣ доштани тасмимгирандагони асосӣ дар як давлат унсурҳои ламснашавндаи қудрати миллиро пурзӯр менамояд. Дар ҳоли баръакс, эҳтимоли таназзул ба маротиб зиёд мегардад. Чунки бе доштани ҳувийяти миллӣ ва ва дар ҳоли худро шаҳрванди ҷаҳон шинохтан ва ё ҳувийяти мазҳабиро аз ҳама боло донистан, як тасмимгиранда наметавонад қудрати миллиро тақвият дода, дар ҷаҳони муосир рақобатпазир бошад. Барои яке аз худ кардани дороиҳои моддии кишвар ва харидани манзил дар Лондон ва барои дигаре ободии шаҳрҳои муқаддаси диниаш дар авлавият қарор мегирад. Яъне манфиати гурӯҳии мардум дар давлати миллӣ барои чунин афрод дигар аҳамияти авалиндараҷа надоранд.

“Рушди миллӣ ба сатҳи ташаккули тафаккури миллӣ робитаи мустақим дорад ва ҳамчунин маншаи мушкилоти ҳар ҷомеае низ аслан дар шуури ҷамъиятии он аст”[3]. Яъне ҳувийяти миллии аҳолии як давлат низ дар сарнавишти он нақши муҳим дорад. Доштани эътиқод ва меҳру муҳаббат ба ватан ва манфиати онро аз манфиати гурӯҳии мазҳабӣ ва умумиҷаҳонӣ муқаддамтар донистан, сарчашмаи ҳама сахткӯшиҳои мардум ва бурдбориҳои гурӯҳии сокинони як кишвар мебошад. Албатта, идеяи як ҷаҳони воҳид ва якҳукуматӣ дар ҷаҳон диққатҷалбкунанда аст, аммо чуноне ки дар ҷусторҳои пешин дидем, ин як идеяи утопиявӣ буда, дар миёни сиёсатмадорони кишварҳои гуногун ҷиддӣ гирифта намешавад. Баръакс, ҳар сиёсатмадори ватандӯсте кӯшиш мекунад ҷойгоҳи кишвари худро дар майдони сиёсии ҷаҳон мустаҳкамтар карда, дар захираҳои маҳдуди ҷаҳон саҳми бештареро аз худ кунад. Дар чунин шароит агар тасмимгиранда дар сиёсати дохилӣ ҳувийяти фаромиллӣ дошта бошад он ҷомеа бозанда аст.

“Миллате, ки афроди он ҳувийяти миллии ташаккулёфта надорад, наметавонад такраҳбарӣ ва платформаи сиёсии устувор дошта бошад”[3]. Махсусан қишри раҳбару тасмимгирандае, ки назорат аз болои мардум ва дороии миллиро дар даст дорад, бо ҳувийяту худшиносии баланди миллӣ метавонад сарнавишти миллатро дигаргун карда, ҳадафҳои гурӯҳии сокинони кишварро амалӣ намояд. Макони муқаддас ва биҳишти чунин раҳбарон ҳамин сарзамин аст ва онҳо тамоми иқтидори худро барои обод сохтани ҳамин кишвар ва хушбахт кардани аҳолии он сафарбар мекунанд.

Дар пайи баланд бардоштани қудрати миллӣ, аз ҷониби аъзои худшиноси худ, як кишвар метавонад дар баробари хатарҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ карда, дар мубориза барои дастрасӣ ба захираҳои маҳдуд муваффақ шавад ва ҳаққи худро соҳиб бошад. Дар ин мубориза барои захираҳои маҳдуди ҷаҳон субъектҳои рақобаткунанда аз ҳама роҳҳо истифода мекунанд. Аз ҷумла, субъектҳои қудратманд дар ин майдон, дар миёни миллатҳои заиф идеяи утопиявии ҷаҳонмеҳаниро таблиғ мекунанд. Иддао мекунанд, ки боло бурдани ҳувийяти миллӣ танишҳо миёни халқҳоро зиёд мекунад. Аз ин рӯ, набояд дунболи ҳувийяти миллӣ гашт.

Дар ин ҷо ду масъала вуҷуд дорад. Пеш аз ҳама ин ки худи таблиғгарони ғояи ҷаҳонмеҳанӣ дар амал кори дигар мекунанд. Онҳо гурӯҳӣ амал карда, ҳамеша дар пайи аз худ кардани дороии бештар ҳастанд ва муваффақ ҳам мешаванд. Баръакс, кишварҳое, ки фиреби я ғояи ҷаҳонмеҳаниро мехуранд ҳамеша бозанда ҳастанд ва дороиҳояшонро ба осонӣ аз даст медиҳанд. Баъдан, оё дуруст аст, ки тақвияти ҳувийяти миллӣ ба нафрату бадбинӣ ва муноқишаҳо мерасонад? Дар асл, баръакси ин аст. Ҳувийяти миллӣ ба тафовут аз ҳувийяти мазҳабӣ китобҳои ба истилоҳ “осмонӣ” надорад, ки тағйирнопазир бошанд ва ғайри худро куллан наҷас шуморида, ҳаққашонро кунҷи кадом як дузахи абадӣ муайян карда бошад. Агар ҳам дар таърих гурӯҳе аз ин омил сӯистифода карда ба ҷиноят даст зада бошад, ба осонӣ метавон онро маҳкум кард ва аз такрораш ҷилавгирӣ кард. Дар баробари ин, ҳувийяти миллӣ метавонад яке аз омилҳои ҳамкориҳои сулҳомези миллатҳо бошад. Ба эҳтимоли зиёд, шахсе ки худро мешиносад ва эҳтиром мекунад, дигаронро ҳам дар баробари худ эътироф мекунад. Дар ин сурат, ҳамкориҳо тавре ба роҳ монда мешаванд, ки манфиатҳои ҷонибҳо баробар ҳимоя шудаанд.

Ҳифзу тақвияти ҳувийяти миллиро қонунҳои байналмилалӣ тарғиб мекунанд. Аз ҷумла дар Эъломияи принсипҳои ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ аз соли 1966 омадааст: “ҳар фарҳанге шараф ва арзиши худро дорад ва бояд эҳтиром ва ҳифз карда шавад... ҳар миллате ҳақ дорад ва вазифадор аст, ки фарҳанги худро тақвият диҳад”[5] Дар чунин шароит барои тақвияти худшиносии миллӣ ва ба ин тариқ ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳеҷ мушкилии ҳуқуқие дар сатҳи ҷаҳонӣ вуҷуд надорад. Дар воқеъ таҳаммулгароӣ низ инкор кардани арзишҳои миллии худ нест. Таҳаммулпазирӣ ин қабули гуногунрангии диниву нажодӣ ва забонӣ дар тамоми ҷаҳон аст. Ҳифзу тақвияти ҳувийяти миллӣ ва фарҳангу забони як миллат ин вазифаи фарзандони ҳамон миллат аст. Дар муносибатҳои байналмилалӣ эътироф ва “эҳтироми дигар миллатҳо бо он ҳама гуногунрангии динӣ, фарҳангӣ ва забонӣ ва онҳоро ҳамчун унсурҳои арзишманди ҷомеаи ҷаҳонӣ донистан”[5] боиси бештар шудани таҳаммулпазирӣ дар саросари ҷаҳон мегардад. Дар фарқият аз идеяҳои хаёлии якҳукумативу якфарҳангӣ дар ҷаҳон, қабули гуногунрангӣ ва тақвияти таҳаммулпазирӣ миёни миллатҳои гуногун кори воқеӣ ва амалишаванда мебошад.

Хулоса, ҷаҳони муосир ба давлатҳои миллӣ тақсим шудааст. Ҳукуматҳо ҳамчун намояндагони ин миллатҳо дар рақобатҳо барои дастрасӣ ба манобеи ҷаҳонӣ иштирок карда, аҳолии худро аз хатарҳои гуногун ҳифзу ҳимоя мекунанд. Дар ин шароит ҳувийяти миллӣ ба яке аз унсурҳои асосии муттаҳидкунанда табдил меёбад. Кишварҳои зиёде дар заминаи тақвият додани ҳувийяти миллӣ тавонистанд ба қуллаҳои баланди тараққиёт расанд. Ҳуббулватанро меҳвари асосии арзишҳо донистан ва тамоми қувваро барои ободонии он сафарбар кардан, танҳо дар заминаи болоравии ҳувийяти миллӣ ба даст меояд. Миллатҳое, ки ин унсури асосии ватансозиро надоранд, сарватҳои худро тариқи масъулони беҳувийяташ ба хориҷа равон мекунанд. Дар натиҷа сарватҳо тамом мешаванд, аммо ватан ҳамоно вайрона боқӣ мемонад. Обод будани ватан ин сохтани чанд иморати боҳашамат нест. Нишонаи ободонии ватан ин таъмини зиндагии шоиста барои ҳама шаҳрвандон аст. Дар ҷаҳони муосир миллатҳо дастаҷамъӣ ба майдони рақобатҳо барои расидан ба ҳадафҳои иқтисодиву амниятии худ ворид шуда, ҳаққи худро соҳиб мешаванд. Дар ин рақобатҳо ҳувийяти миллӣ ҳамчун унсури аслии рақобатпазирӣ ва муқовимати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад.

пешина
аз 21
навбатӣ