Зеҳн
ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.

зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Кӯшишҳои бевосита бо роҳи зурӣ гирифтани сарвати дороҳо ва бозтақсими он миёни мардум натиҷаҳои дилхоҳ намедоданд. На кӯшиши Маздакиён ва на Коммунистон натиҷаи дилхоҳеро надоданд. Чунки инсоният тартиби дурусти бозтақсими сарватҳоро надошт ва агар ба қисме даромади муфт мерасид, дигар кор намекард, ки ин боиси фалаҷ шудани иқтисод ва аз даст додани дороиҳо мешуд. Бинобар ин инсоният ба хулосае омад, ки дар ҷодаи бозтақсими захираҳо револютсия ба кор намеравад ва бояд қадам ба қадам бо роҳи андозбандиҳои махсус қисме аз дороиҳо ё даромади сарватмандонро гирифта, миёни ниёзмандон тақсим кард. Ин то дараҷае мушкилоти ҷомеаро ҳал мекард, аммо боз ҳам мушкилот зиёданд ва то ба ҷомеаи идеалӣ роҳи дарозе дар пеш аст.

Футурологи шинохтаи амрикоӣ Жак Фреско лоиҳаи “Венера”-ро пешкаш мекунад, ки метавонад тақсимоти дурусти захираҳои ҷаҳониро ба роҳ монад. Аммо ин лоиҳа дар ҳоле кор карда метавонад, ки тамоми ҷаҳон аз рӯйи он дар якҷоягӣ кор кунад ва низоми идораи ҷаҳон ягона шуда, захираҳои табии молӣ умумибашарӣ бошанд. Дар ҳоле ки имкони идораи ягона дар сатҳи ҷаҳонӣ айни замон вуҷуд надорад, ин лоиҳа ҳам наметавонад амалӣ шавад.

Бо дидани ин, ки бо дастрасӣ ба технологияи пешрафта дар асри 21 инсоният натавонистааст ҷомеаи идеалие созад, метавон ба хулосае расид, ки аслан сохтани чунин ҷомеа номумкин аст. Инсоният он чӣ метавонад кунад, ин аст, ки бо роҳҳои гуногуни идоравӣ захираҳоро то дараҷае бозтақсими одилона намояд. Чуноне, ки на касе гурусна бошад ва на касе бо гирифтани кумаки муфт дар меҳнат танбалӣ кунад. На корфармо тавонад, ки аз меҳнати коргар сӯистифода намояд ва на коргар тавонад, ки аз пуштибонии ҳуқуқии худ сӯистифода карда, танбалӣ кунад ва ба кордиҳанда зарари молӣ расонад. Нақши низоми ҳуқуқии дуруст ва одилона дар амалисозии ин ҳадафҳо ҳалкунанда аст. Низоми ҳуқуқие, ки дар он ҳама инсонҳо, новобаста аз дороӣ ва ё пайванди дӯстиву хушутаборӣ ба касе, баробар бошанд. Бо ҳамин роҳ метавон як ҷомеаи нисбатан одилона ва қобили қабули аксарият сохт, ки дар он ҳар як инсон мақоми арзандаи худро сазовор мегардад. Роҳ ба сӯйи хубтару беҳтар кардани ҷомеа ҳам маҳдудият надорад ва метавон ҷомеаи идеалӣ сохтанро ба як раванд табдил дод, ки ин раванд қадам ба қадам зиндагии инсониятро нисбатан беҳтару бехатартар месозад.

Дар 10 соли охир дар матбуоти тоҷик дар бораи зиёӣ ва зиёиён матолиби зиёде нашр шудааст, ки ин мафҳум ва ин қишрро муаррифӣ кардаанд. Ба таъбири дигар ин суол, ки: “Зиёӣ кист ва зиёиён кистанд?” ба таври пурра матраҳ шуда буд ва касе таваҷҷуҳ дошт, барои худ чизе гирифт. Зиёӣ фардеро гӯянд, ки соҳибмаълумот буда, ба корӣ зеҳнӣ машғул аст. Ба монанди омӯзгорон, табибон, муҳандисон, пажӯҳишгарон, шоирону нависандагон, ҳунармандон ва дигарон. Онҳо дар фаъолияти худ аз қобилияти зеҳнӣ истифода карда, саҳми худро дар рушду пешрафти ҷомеа мегузоранд ва ба Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ арзише дохил мекунанд. Дар ҳар кишваре, ки саҳми зиёиён дар рушди иқтисодиву фарҳангӣ зиёд аст, рушд мекунад ва дар кишваре, ки кам аст, ақиб мемонад. Чунки ҳанӯз аз асри санг оғоз карда, маҳсули заҳмати зеҳнии башарият аст, ки ҷомеаҳоро зина ба зина боло мебарад ва агар навоварӣ ва дигаргунсозӣ дар ин самт набуд, инсоният ҳоло ҳам дар ҳамон асли ҷангаливу ваҳшии худ боқӣ монда буд. Аз ин ҷост, ки дар фарҳанги миллии мо қишри зиёии ҷомеа мавқеи махсусро соҳиб буда, қадр карда мешаванд ва вохурии сарварон дар остонаи ҷашни пуршукӯҳи Наврӯз бо онҳо нишони арҷгузорӣ аз ин қишр аст. Дар оғози торихи миллии мо шоҳ Ҷамшеди Пешдодӣ нахустин зиёӣ ба шумор меравад, ки бо маҳсули зеҳнии худ бисёре аз мушкилиҳои инсонро осон карда, ҷомеаро ба як рифоҳи нисбатан беҳтар расонидааст ва номи ӯ дар торих маҳз бо шарофати ҳамин фаъолияти зеҳнияш абадӣ сабт шудааст. Умуман, дар торихи инсоният аз ихтирои воситаҳои меҳнати аввалин аз санг ва баъдан аз биринҷу оҳан то маҳсулоти нанотехнолоҷии имрӯза, маҳсули заҳмати зиёиён буд, ки инсониятро зина ба зина боло бурда, то ба сатҳи имрӯза оварда расонид. Албатта, дар ин ҷода заҳмати ҷисмонии дигар намояндагони ҷомеаро ҳам нодида гирифта наметавонем, аммо дар асри навин маҳсули заҳмати зеҳнӣ ба маротиб арзиши баландтар пайдо кардааст ва суръати рушди ҳар кишвар ва болоравии сатҳи зиндагонии мардумаш маҳз бо суръати рушди техникаву технология, маҳсули заҳмати зеҳнӣ пайвандии зич дорад. Дар ҳар ҷомеае, ки қишри зиёӣ қадрдонӣ мешавад ва фаъолияти босамар дорад, пешрафта аст ва дар ҳар ҷомеае, ки чунин нест ақибмонда аст.

Агар вазъияти имрӯзаи ҷомеаи моро аз рӯи принсипи зикршуда баҳогузорӣ кунем, ба натиҷа мерасем, ки қишри зиёӣ дар кишвари мо фаъолияти босамар надорад ва аз ин сабаб кишвари мо нисбатан ақибмонда аст. Дар ду даҳаи охир зиёии тоҷик бештар ба омӯзиши гузашта машғул шуда, самти асосии фаъолияти зеҳнӣ, ки бевосита навоварӣ асту ҷомеаро зина ба зина боло мебарад, канор гузошта шудааст. Бештари зиёиён ба омӯзиши дину тасаввуф ва шахсиятҳои диниву тасаввуфӣ машғул шуда, тарғиби густардаи ин ду падидаи асримиёнагиро ба роҳ мондаанд, ки онҳо дар асри 21-ум ҷомеаи моро наметавонанд ба роҳи рушд сафарбар кунанд. Шояд дину тасаввуф дар асрҳои миёна нақше дар рушди ҷомеа дошта бошанд, аммо дар асри нав ҷойи онҳоро огоҳӣ ва хиради инсон, қобилияти зеҳнии ӯ гирифтааст. Дар асри навин истифода аз дониш ва хирад аст, ки дар ҷомеа навоварӣ ба вуҷуд меорад ва роҳи рушди иқтисодиву иҷтимоиро ҳамвор мекунад. Вақти он расидааст, ки зиёии тоҷик бо истифода аз донишу хирад ва қобилияти зеҳнии худ даст ба навоварӣ зада, рисолати асосии худро дар амал иҷро кунад. Ба кор бурдани қобилияти зеҳнӣ он вақт самара медиҳад, ки мушкилеро осон кунад, чӣ мушкили моддӣ бошад ва чӣ маънавӣ.

Қадами аввал барои ислоҳи вазъияти мавҷуда ва истифодаи дурусти қобилияти зеҳнии зиёиён, бе шак, сафарбар кардани он ба азнавшиносии инсон ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷаҳон аст. Зиёиёне, ки дар арсаи илмҳои гуманитарӣ заҳмат мекашанд, дар навбати аввал худро бояд ислоҳ кунанд ва аз нуқтаи назари эътиқодмеҳвару худомеҳмар ба инсонмеҳвар гузаранд. Нахуст бояд зиёӣ дарк кунад, ки ҳама идеяҳо бояд дар хизмати инсон бошанд ва мақсади асосӣ осон кардани мушкили инсон дар ҳамин ҷаҳон бошад. Зиёӣ худ ба ин воқеият расад, расонидани он ба тӯдаҳо осонтар мегардад ва мушкилиҳои зиёде ҳалли худро меёбанд. Аз ҷумла мушкили нави ҷомеаи мо, ки пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ аст, метавонад осон гардад. Таҷриба нишон дод, ки зоҳиран маҳкум кардани ин падида аз ҷониби аҳли зиё ва дар баробари ин тарғиби андешаҳои эътиқодмеҳвари динӣ, ки ҳама амал аз барои Худост, на инсон, мушкилро ҳал намекунад. Бинобари ин, навоварӣ аввал дар зеҳни зиёиён ва баъд ба мардум бояд ҷорӣ шавад, то ба натиҷаҳои хубтару беҳтаре оварда расонад. Инсон, озодии ӯ, ҳифзи моликияти моддиву зеҳнии ӯ ва эҳтиром танҳо барои инсон буданаш, арзиши ояндасози асри 21-ум мегардад. Ин аст ҳадафи аслии донишмандоне, ки ба илмҳои гуманитарӣ, илмҳои инсонсоз сару кор доранд ва қобилияти зеҳнии худро сарфи он мекунанд.

Қадами дуюм, истифодаи дурусти қобилияти зеҳнии зиёиён дар самти илмҳои дақиқ аст, ки ҳадафи аслияш осон кардани мушкилоти моддии ҷомеа мебошад. Дар ин самт мушкилот камтар ҳастанд, чун муқаддасоти сохта сари роҳ нестанд ва ҳавасмандкунии онҳо роҳи асосии расидан ба ҳадаф аст. Яке аз роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти зеҳнии зиёиён дар ин ҷода, ҳифзи пурраи моликияти зеҳнии онҳо аст. Низоми дурусте бояд ба роҳ монда шавад, ки ҳар як навоварие аз ҷониби шахсе оварда мешавад, ба номи ӯ сабт шавад ва маҳсули зеҳнии ӯ барои ӯ ё барои кордиҳандаи ӯ манфиатовар бошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳавасмандкунии молӣ беҳтарин роҳ барои расидан ба ҳадаф дар самти истифодаи дурусти қобилияти зеҳнии олимон аст.

Зиёиён муҳимтарин қишри пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва имконияти ҳалли бисёре аз мушкилоти ҷориро доранд, ба шарте, ки аз қобилияти зеҳнии онҳо истифодаи дуруст шавад ва ин нирӯи созанда ба масъалаҳои дуюмдараҷа машғул нашуда, думболи ҳадафи аслии худ, навоварӣ барои осон кардани мушкили инсон ва ҷомеа равон бошад. Навовариҳои маънавӣ дар ҷаҳонбинӣ, андеша, арзишгузорӣ, шинохти падидаҳои торихӣ ва нав, баҳогузории ҳодисаҳои торихӣ ва бардошти нав аз ҳадафҳои аслии инсоният, мақсади асосии зиёии асри нав аст. Дар навбати худ, зиёиён бо истифода аз қобилияти зеҳнии худ бо навовариҳо мушкилоти моддии мардумро осон карда, зина ба зина ба рушди иқтисодии назаррас оварда мерасонанд. Ин ҷо идораи дуруст ва самарабахш аз ҷониби раҳбарони сиёсии кишвар лозим аст, то ин нирӯи созанда, ин қобилияти зеҳнии аҳли зиё барҳадар нарафта, барои ҳалли мушкилоти моддӣ ва маънавии ҷомеа сафарбар карда шавад. Арзиши маҳсули зеҳнӣ ба маротиб аз арзиши дигар маҳсулот зиёд аст ва ба моликаш манфиати бештар меорад, агар ин моликият аз ҷониби давлат дуруст қадр карда шавад. Нақши давлат дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳавасмандкунии зиёиён барои ба вуҷуд овардани навгониҳои моддиву маънавӣ бузург аст. Ҳар кишваре, ки низоми дурусти баҳрабардорӣ аз қобилияти зеҳнии зиёиёнро ба роҳ монад, ояндаи дурахшонеро дар пеш хоҳад дошт.

Наврӯз бузургтарин, қадимтарин ва мардумитарин ҷашни миллии тоҷикон мебошад. Яке аз нишонаҳои бузургии Наврӯзи оламафрӯз ҳамин аст, ки аз Чаҳоршанбесӯрӣ сар карда то Сенздаҳбадар чандин ҷашну маросимро дарбар мегирад. Маҷмуаи ҷашнҳои Наврӯзӣ вобаста ба замону макони муайян каму беш аз ҳам фарқ мекунанд. Яке аз ҷашнҳое, ки дар ҳар замону макон дар арафаи Наврӯз таҷлил карда мешавад Чаҳоршанбесӯрӣ мебошад. Ин ҷашн қариб ба ҳама гӯшаҳои Эронвич роҳ ёфтааст. Ҳарчанд имрӯз дар баъзе минтақаҳои қаламрави Эронзамин ҷашн гирифта намешавад, аммо дар дигар минтақаҳо густариш меёбад. Дар гузашта ҳам чунин буд, агар дар як гӯшаи Эронзамин идеологияи мазҳабӣ густариш меёфт, ин ҷашни мардумӣ зери фишор қарор гирифта, камранг мегашт. Ва баръакси ин, дар дигар минтақа агар идеологияи мазҳабӣ камранг мешуд, ин ҷашни мардумӣ бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешуд. Ҳама фишору мушкилотро пушти сар карда, то ба имрӯз расидани Чаҳоршанбесӯри далели мардумӣ будани ин ҷашни миллӣ аст.

Чаҳоршанбесӯрӣ нахустин ҷашн аз доираи ҷашнҳои наврӯзӣ буда, дар охирин ҷаҳоршанбеи сол (дар шоми сешанбе) баргузор мегардад. Номи ин ҷашн аз ду вожа, чаҳоршанбе- рӯзи ҳафта ва сӯрӣ-ба маънои ҷашну шодӣ ё сурх сохта шудааст. Дар баъзе минтақаҳои Эронвич ин ҷашнро “Аловпарак” “Чоршанбеохирон”, “Чоршанбеи сурх” ва “Ҷашни чаҳоршанбеи охири сол” ҳам меноманд. Сарчашмаҳои торихӣ дақиқан нишон намедиҳанд, ки ин ҷашни миллии тоҷикон ин номро аз куҷо гирифтааст. Аммо бо такя бар он, ки то чирагии аъроб ва густариши фарҳанги сомӣ дар Эронвич расми рӯзшумории ҳафтавӣ вуҷуд надошт ва тоҷикони қадим ҳар рӯзи моҳро дар алоҳидагӣ номгузорӣ мекарданд, гуфтан мумкин аст номи “Чаҳоршанбесӯрӣ”-ро ин ҷашн баъди омадани аъроб гирифтааст.

Дар “Таърихи Бухоро” омадааст: “Чун Амир Саид Мансур бинни Нуҳ ба мулк нишаст, ҳанӯз сол тамом нашуда буд, ки дар шаби сӯрӣ чунон ки одати қадим аст, оташе азим афрӯхтанд”. Аз ин бармеояд, ки ҳатто баъди қариб се қарни чирагии аъроб бар ватани мо, номи ин ҷашн бо яке аз рӯзҳои ҳафта пайваста набудааст. Гуфта мешавад сабаби номи чоршанберо ба ин ҷашн пайвастан ва онро маҳз дар шоми чоршанбе ҷашн гирифтан, боз ҳам чирагии фарҳанги сомӣ бар Эронвич аст. Дар фарҳанги сомӣ рӯзи чоршанбе рӯзи наҳс шуморида мешавад ва ин рӯзро бояд бо сӯру базм гузаронд, то аз балоҳо эмин бошӣ. Тоҷикони дурандеш ба хотири аз шарри мазҳабиён нигоҳ доштани ин ойини миллӣ онро ба ин рӯзи ҳафта мутобиқ кардаанд ва ин ҷашни сирф миллӣ то ба имрӯз омада расид.

Чаҳоршанбесӯрӣ дар воқеъ аз ҷашнҳои миллӣ буда, вобастаи ягон дину бовар нест. Чун Наврӯзи фархундапай ин ҷашн ҳам ҷашни мардумӣ мебошад ва дар арафаи Наврӯз ҷашн гирифта мешавад. Дар ойини Зардушт оташ унсури муқаддас аст ва аз болои он паридан қобили қабул набудааст. Бинобар ин, ин ҷашнро ба дини Зардуштӣ пайваст кардан хатост ва касе онро одати мазҳабӣ меномад ё нодон аст, ё аз рӯйи кина мегӯяд. Дуруст аст, ки зардуштиён пеш аз Наврӯз шомгоҳон дар бому ҳавлиҳояшон гулхан меафрӯхтанд. Ин гулхан ба доираи чорабиниҳои пешазнаврӯзӣ дохил мешуд, ки даҳ рӯз давом мекарданд ва ба онҳо аз ҷумла гулханафрӯзӣ ва хонатаконӣ дохил мешуд. Ҳамаи ин барои дамидани рӯҳи тоза ба зиндагӣ сурат мегирифт. Хонатаконӣ ба хотири он буд, ки меҳмонон ба хонаи тоза дароянд ва гулханафрӯзӣ барои он буд, ки барои рӯҳи гузаштагон ҳамчун раҳнамо хизмат кунад. Аммо мақсад аз ин гулханафрӯзӣ, ки ба хотири гузаштагон буд, бо мақсад аз гулханафрӯзии Чаҳоршанбесӯрӣ, ки барои хушнудии зиндабудагон аст, баробар нест. Ҳамин тариқ, ин ҷашн ба ислом ҳам пайвандӣ надорад ва номи яке аз рӯзҳои ҳафтаро доштанаш ҳадафи нобуд нашуданро дошт. Албатта мазҳабиёни исломии ифротӣ дар ҳама давру замон зидди ин ҷашн садо баланд мекарданд, аммо азбаски ҷашни мардумӣ буд, пурра аз байн нарафт. Имрӯз ҳам агар дар як гӯшаи Эронвич ҷашн гирифта нашавад, дар гӯшаи дигараш ҳатман бо шӯру шавқ ҷашн гирифта мешавад. Барои мисол, то пайдо шудани идеологияи ваҳҳобӣ дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешуд, аммо баъд хеле маҳдуд шуд. Имрӯзҳо дар Ирон ин ҷашн аз нав ҷойгоҳи махсус пайдо кардааст ва бо як шукӯҳу шаҳомат мардум онро ҷашн мегиранд. Доираҳои мазҳабии ин кишвар бошанд, пайваста онро маҳкум мекунанд, аммо ин ҷашни мардумӣ беш аз пеш густариш меёбад ва ҳар сол шумораи ҷашнгирандагонаш зиёд мешавад.

Расми асосӣ дар Чаҳоршанбесӯрӣ дар шоми рӯзи сешанбеи вопасини сол пеш аз Наврӯз афрӯхтани оташ ва аз болои он паридан мебошад. Ҳангоми паридан аз болои оташ “зардии ман аз туву сурхии ту аз ман” мегӯянд. Зиёфати хурокҳои сабук ва рақсу бозӣ кардан ҳам ба ин илова мегардад. Як саҳнаи зебо аз ин вақтхушии Чаҳоршанбесӯрӣ дар филми “Ҳасани аробакаш” ҳаст, ки хеле хуб воқеияти ин ҷашни мардумиро инъикос мекунад. Рақси пойкӯбии мардуми курд ҳам, ки дар интернет бисёр дида мешавад, аз ҷумлаи зебоиҳои ин ҷашн аст. Албатта, дар ҳар минтақа расмҳои иловагии хоси худро ба ин ҷашн дохил мекарданд, аммо аз болои оташ ҷаҳидан, зиёфати махсус ва рақсу бозӣ унсурҳои асосии ин ҷашни миллии эронинажодон аст. Яке аз чунин расмҳои иловагиро метавон ба ҷойи мисол овард ва он қошуқзанӣ ном дорад, ки шабеҳи Ҳеловини мардуми муқимии Амрико аст. Дар шоми Чаҳоршанбесӯрӣ кӯдакон косаву қошуқро бо ҳам зада, дар ба дари хонаҳо мегаштанд ва ширинӣ туҳфа мегирифтанд.

Муаллифони китоби “Футурология (Асри 21. Бемаргӣ ё фоҷеаи чаҳонӣ)”, Алексей Турчин ва Михаил Батин дар ин китоби худ вақтхуширо яке аз панҷ арзиши асосии оянда муайян кардаанд, ки минбаъд, дар тасмимгириҳо таъсиргузор мешаванд. Дар замони нав бештари мардум дар шаҳрҳо зиндагонӣ мекунанд ва ин тарзи зиндагӣ ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Маълум аст, ки бо давидан ва машқҳо дар марказҳои варзишӣ хастагии ҷисмониро бартараф карда мешавад. Аммо хастагии равонӣ ё худ стресс бо вақтхушиҳо бартараф карда мешавад. Аллакай то имрӯз дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон садҳо намуди вақтхушиҳо вуҷуд доранд, ки мардум баъди кор бо онҳо машғул шуда, рӯҳу равони худро ором месозанд. Дар кишвари мо камтар аст ва Чаҳоршанбесурӣ метавонад шумораи онҳоро зиёд кунад. Яъне ин ҷашн ҷашни гузашта ва куҳнаи корношоям набуда, ҷавобгӯи имрӯзу фардо мебошад.

Чаҳоршанбесӯрӣ ҷашнест, ки иҷрои расмҳои он ҳам манфиати ҷисмонӣ мерасонад ва ҳам манфиати равонӣ. Давидану паридан ва рақсу бозӣ ҳам ба ҷисми одам таъсири хуб мерасонад ва ҳам табъи ӯро болида мегардонад. Бо дарназардошти ин ва арзиши таъсиргузор шудани вақтхушӣ дар оянда, Чаҳоршанбесурӣ, ин ҷашни миллии тоҷикон, ба эҳтимоли зиёд густариш хоҳад ёфт. Ин оғози карнавали наврӯзӣ гардида, метавонад шумораи сайёҳонро ба кишвари мо зиёд карда, манфиатҳои иқтисодӣ ба бор оварад.

Эй аз туам сад илтимос, Эй аз туам сад илтиҷо, Сурхии рӯятро бидеҳ, Зардии рӯямро бигир. Гармии рӯятро бидеҳ, Сардии рӯямро бигир.

(Аз шеъри “Сурхии рӯятро бидеҳ”-и Бозор Собир) Албатта, дар асри 21, асри иттилоотӣ, дониши мардум то он сатҳе маҳдуд нест, ки аз оташ интизории шафоат дошта бошанд. Аммо ин ойини инсонсози наврӯзӣ фикри мушкилоти ҷориро то муддате аз зеҳнҳо дур карда, рӯҳу равони инсонро нисбатан ором менамояд ва стрессро бартараф месозад. Ҳадафи асосии ҷашни Чаҳоршанбесӯрӣ ҳам пок кардани рӯҳу равон ва омода шудан ба соли нав мебошад. Дар соли нав бояд кинаву адоват аз дилҳо дур гардад ва ноумедиҳо аз миён раванд ва бо як рӯҳияи баланд ва иродаи матин соли навро истиқбол кунанд. Наврӯз ҷашни пирӯзии равшанӣ бар зулмат, некӣ бар бадӣ ва дӯстиву рафоқат бар кинаву адоват аст. Дар ин ҷашн ноумедиҳо ба боварӣ бар фардои нек, душманиҳо ба дӯстиву рафоқат ва дуриву ҳиҷрон ба наздикиву ҳамкорӣ кардан мубаддал мегардад. Наврӯз оғози ҳаёту зиндагии нав, муносибатҳои неки нав, донишу огоҳиҳои нав ва корнамоиҳои нав мебошад. Ин ҷашни миллии тоҷикон омеду орзуҳои инсонро қувват бахшида, барои мубориза бо бадиҳо, хушунатҳо ва ноумедиҳо омода месозад. Чаҳоршанбесурӣ оғози ин ҳама рафтору пиндору гуфтори нек буда, ноумедиҳо, кинаву адоватҳо ва хастагиҳои равони инсонро гӯё дар оташи пок сӯзонда, рӯзи нав ва соли навро бо бовариву умед, ишқу дӯстӣ ва рӯҳияти баланд тараннум мекунад. Бошад, ки ҳар рӯзи мо Наврӯз бошад. Ҳар рӯзатон Наврӯз бод, Наврӯзатон пирӯз бод!

Ҳафтаи гузашта дар ҳафтаномаи «Миллат» No38 (525) аз 14 октябри соли 2015 ба муносибати зодрӯзи шоири тоҷик Искандари Хатлонӣ, шеъри ӯ бо номи «Ғурури ниёкон» нашр шуд. Як шеъре, ки номи ин шоирро зинда нигаҳ медорад. Як шеъре, ки дар он як ҷаҳон маънӣ нуҳуфтааст. Як шеъре, ки гузаштаву ҳозираи моро нишон медиҳад ва даъват ба бедориву сохтани оянда мекунад.

Дар хуни ман ғурури ниёкон нуҳуфтааст, Хашму ситези Рустами Дастон нуҳуфтааст. Дар тангнои синаи ҳасраткашидаам, Гаҳвораи басирати мардон нуҳуфтааст. Хоки маро ҷазираи хушке гумон мабар, Дарёи бекарону хурӯшон нуҳуфтааст. Холӣ дили ман ту зи тобу тавон мадон, Шери жаён миёни найистон нуҳуфтааст. Пиндоштӣ, ки решаи пайванди ман гусаст, Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфтааст.

Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки дар ин шеър «ман» гуфта шоир танҳо худро дар назар надорад. Мани шоир Искандари Хатлонӣ танҳо набуда, балки миллати куҳанбунёди тоҷик аст. Калимаи калидӣ дар ин шеър «нуҳуфтааст» мебошад, ки арзиши ин шеърро ба маротиб боло бурдааст ва онро саршор аз маънову ишора кардааст. Агар шоир мегуфт «Дар хуни ман ғурури ниёкон аст» ё «Дар хуни ман ғурури ниёкон вуҷуд дорад» ё чизи дигар, ин ба як шиор табдил мешуд. Аммо «Дар хуни ман ғурури ниёкон нуҳуфтааст» аз як шиор хеле боло рафта, ҳақиқати дирӯзу имрӯзи миллати моро нишон медиҳад. Яъне мо гузаштаи пурифтихор дорем ва ҳамон ғурур ва сарбаландии ниёкон дар хуни мо ҳаст, лекин нуҳуфта- ниҳон, хуфта, хомӯш, карахт ва беамал аст. Аз ин ҷост, ки сифатҳои равоние чун ҷонфидоӣ ва меҳандӯстии Рустами Дастон дар вуҷуди ворисонаш хеле кам дида мешавад. Дар лаҳзаҳои зарурӣ дар дифоъ аз манфиатҳои миллӣ садои аксари мардум шунида намешавад. Азбаски ғурури миллӣ дар вуҷуди мо ҳанӯз ошкор нашудааст, нангу номусро бештари ҷавонон дар дифоъ аз арзишҳои фарҳангӣ ва номи таҷовузгарони ватан мебинанд, на дар дифоъ аз арзишҳои миллӣ ва номи қаҳрамонони миллат, онҳое ки зидди таҷовузгарон муборизаву ҷонфидоӣ кардаанд. Он ғурури миллӣ ва он хашму ситези рустамона нуҳуфтааст:

Дар хуни ман ғурури ниёкон нуҳуфтааст,

Хашму ситези Рустами Дастон нуҳуфтааст.

Дуруст мегӯяд шоир, ки хоки меҳани мо ҷазираи хушке нест. Аммо воқеъият ин аст, ки он дарёи хурӯшону бекарон ноаён аст, садо надорад. Аз ин ҷост, ки мағзи ҷавонон аз оби худшиносӣ ва меҳанпарастӣ ба маротиб камтар аз мазҳабгароӣ ва бегонапарастӣ баҳраманд мешавад. Натиҷа ин аст, ки теъдоди дориюшшиносон ва онҳое ки бо ифтихори ӯ фарзандашонро ном мениҳанд, ба маротиб камтар аз онҳоест, ки умаршиносанд ва ба ифтихори ӯ фарзандашонро ном мениҳанд. Оби ин дарёи бекарон ва хурӯшон талабгори зиёде надорад ва дар пойи минбари таблиғгарони он ба маротиб камтар аз таблиғгарони мазҳаб шунаванда ҷамъ мешавад. Он дарёи бекарон ва хурушон нуҳуфтааст:

Хоки маро ҷазираи хушке гумон мабар,

Дарёи бекарону хурӯшон нуҳуфтааст.

Дили фарзандони ин миллат холӣ зи тобу тавон нест. Шерони жаён доранд, ки метавонанд дар дифоъ аз манфиатҳои миллӣ наъразанон ба набард бароянд. Аммо ин шерон миёни найистон нуҳуфтаанд, ниҳонанд, ноаёнанд ва наъраашон ҳанӯз ба гӯш намерасад. Дар ин дашт дигарон ҷавлон мекунанд. Онҳо номҳои миллии моро маҳкум мекунанд ва ба фарзандони миллат номи қотилони ин миллатро мегузоранд, аз «шерони жаён» садое нест. Онҳо қадам ба қадам либоси миллии моро ба бегона иваз мекунанд, аз «шерони жаён» садое нест. Ба ҷуз чанд тан, аксари шерони жаён миёни найистон

нуҳуфтаанд, хоб рафтаанд:

Холӣ дили ман ту зи тобу тавон мадон,

Шери жаён миёни найистон нуҳуфтааст.

Мутаассифона, пиндошти он ки решаи пайванди миллати мо гусастааст, беасос нест. Бо вуҷуди он ки дар синаи мо «ҳазор Хуросон» аст, аксарият таҳти таблиғоти густардаи бегонагон монда, решаи худро, ки бе шак фарҳангҳои Ҷамшедӣ, Зардуштӣ, Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ аст, дуруст намешиносанд ва майл ба шинохти дурусти он надоранд. Ҳатто барои баъзе зиёиён ҳам шикасти ин фарҳангҳои бузурги миллии мо фоҷеа нест ва шикасти онҳо ва ғасби бегонаҳо ба фикри онҳо барои мо манфиате дар шакли «бисёрзабонӣ» овардааст. Акнун ин бисёрзабонӣ чӣ буд ва аз наомаданаш чӣ зарар мерасид, барои мо номаълум мемонад, лекин ба назар нагирифтани қатли оми мардуми мо, аз хуни ин миллат ба гардиш даровардани осиёбҳо ва дар он орд кардани гандум ва аз он орд нон пухта хурдани ин оварандагони «бисёрзабонӣ», аз ҷониби як намояндаи қишри зиёии ин миллат баёнгари он аст, ки решаи пайванди мо нагусаста бошад ҳам нуҳуфта, ниҳон, ноаён ва ноомӯхта мондааст. Мо аз ин реша ва аз ин фарҳангҳои бузурги худ хеле кам баҳра мегирем, дар ҳоле ки маҳз бо баҳрагирӣ аз ин реша буд, ки миллати мо давлатҳои бузург сохта буд ва бо Чину Аврупо рақобат мекард. Мо дар миқёси ҷаҳонӣ як субъект будем ва қудрати миллати моро эътироф мекарданд. Чизе, ки ягон кишвари тоҷиктабор имрӯз надорад. Ҳатто Ирони исломӣ бо он ҳама нефтодолларҳои худ натавонистааст он қудратро ба даст орад ва бо Чину Аврупо рақобати баробар кунад. Аз ин ҷост, ки шоир ба решаи пайванди миллати мо ишора мекунад, хотиррасон мекунад, ки ин реша канда нашуда бошад ҳам нуҳуфта, ниҳон, нодида боқӣ мондааст ва тӯдаҳо аз он баҳраманд нестанд:

Пиндоштӣ, ки решаи пайванди ман гусаст,

Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфтааст.

пешина
аз 21
навбатӣ