Зеҳн
ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.

зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, ин шеър як шиор ва як худтаърифкунӣ набуда, инъикоскунандаи вазъияти воқеъии мост. Ғурур, меҳанпарастӣ, ҷасорату мардонагӣ, бузургиву хурӯшандагӣ, худшиносӣ ва пайвастагӣ дар мо ҳаст, аммо нуҳуфта, ниҳон, хомӯш ва беамал ҳастанд. Мақсади шеър даъват аст, даъват ба дарки ин воқеъият ва бартараф кардани ин камбудӣ. Даъват ба амал, ба ситези рустамона барои бедор кардани ғурури миллӣ, сирати мардонагӣ нишон додан дар муқобили мушкилоти дар пеш истода, кандани сад(д)ҳо барои таъмини ин хок аз дарёи бекарон ва хурӯшони фарҳанги миллӣ, омӯхтан ва шинохтани решаи пайванди худ, он решае, ки ба мо рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Аз телевизионе, ки дар кунҷи хона аз хатти барқ канда шудааст, манфиате нест, онро бояд ба барқ пайваст карда, даргиронд ва аз набзи замона бохабар шуда, огоҳона кору фаъолияти худро ба роҳ монд. Барои расидан ба ормони миллӣ, ки сохтани як давлати миллии рушдёфта ва қудратманд аст, бояд ҳамон ғурур, мардонагӣ, ҷасорат, бузургӣ ва худшиносии миллии нуҳуфтаро бедор кард, то амал кунанд. Роҳи ягонаи расидан ба ормонҳои миллӣ ҳамин аст.

Шодравон Аҳмад Зоҳир сарояндаест, ки қалби миллионҳо нафарро тасхир карда ва мекунад. Аз марги нобаҳангоми ӯ 37 сол ҳам гузашта бошад, ҳанӯз садои оламгираш дар хонаҳо, дуконҳо ва нақлиёт шунида мешавад. Таронаҳои пурмаъно ва мусиқии зебои ӯ номашро ҷовидон гардонидааст. Дар як сурудаш месарояд: «Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст. Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост», ки бе шак, ба худи ӯ ҳам дахл дорад. Ҳунари волову нотакрор, садои дилнишин, шеърҳои пурмазмун ва мусиқии оламгираш тавониста, ки ӯро «султони қалбҳо»-и миллионҳо нафар гардонад. Ҳанӯз ҳам баъди 37 соли маргаш сурудҳои ӯро дар қатори сарояндагони овозадори ҷаҳонӣ дар як ришта ҷой медиҳанд ва такрор ба такрор гӯш мекунанд.

Ҳамасола дар кишвари мо гурӯҳе аз ҳунармандону фарҳангиёни тоҷик бо сарварии фарҳангшинос ва нависандаи тоҷик Султон Ҳамад зодрӯзи Аҳмад Зоҳирро, ки ба 14 июн рост меояд ҷашн мегиранд ва як маҳфили мусиқӣ ташкил карда, хунармандону ҳаваскорони пиру ҷавон аз эҷодиёти ӯ сурудҳо мехонанд. Имсол дар 70- умин согарди таваллуди ин хунёгари бузург ва «султони қалбҳо» ҷашни зодрӯзаш дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҳисор баргузор шуд, ки чун ҷашнҳои қаблӣ хубу хотирмон гузашта, ҳаводорони ҳунари ин овозхони мумтозро сарҷамъ намуд.

Бояд қайд намуд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ва он ҳам бо истифода аз осори мусиқии хунёгари бузурге чун Аҳмад Зоҳир, дар ин асри пурталотуми ҳуҷумҳои идеологии таблиғгарони бунёдгароии мазҳабӣ саривақтӣ аст. Зарурати баргузории чунин маҳфилҳо имрӯз дар кишвари мо ҳаст ва ташкилкунандагони он, бе шак, хизмати арзанда ба ҷомеа мекунанд ва ин кори онҳо, ки бо харҷи шахсияшон анҷом мешавад, сазовори таҳсину офарин аст. Имрӯз дар бештари ҷашну маъракаҳои ғайридавлатӣ сухан аз дину мазҳаб ва таблиғи суннату фарзи динӣ аст, ки бе шубҳа, сатҳи таассубу хурофазадагиро зиёд мекунад ва бо пайвастшавии ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракату давлатҳои динӣ меанҷомад. Дар ин миён мавҷудияти як чунин чорабинӣ хуб аст ва дар қатори ин пайдо шудани дигар чорабиниҳои фарҳангии ғайридавлатии тарғибкунандаи санъату ҳунар ҳатман ба манфиати давлату миллати мо хоҳад буд. Албатта аз ҷониби давлат чунин чорабиниҳо баргузор мешаванд, аммо агар ин аз ҷониби худи мардум ва фарҳангиёну ҳунармандон ташкил шуда бошад, боз ҳам ҷолибтар мегардад. Ин ҷо солҳои баъди ҷанги шаҳрвандиро метавон ба ёд овард, ки ҷашни Наврӯзро ҳар деҳаву ҳар кӯча дар алоҳидагӣ бо ташаббуси худ баргузор мекарданд, ки бисёру бисёр самимӣ ва ҷолиб мегузашт.

Маълум аст, ки агар ҳар як ҷавон ба умқи маънии сурудаҳои Аҳмад Зоҳир бирасад ва сари ҳар як мазмуни фалсафӣ ва ишқии сурудҳояш андешаи жарф кунад, ҷаҳонбинии ӯ дигар мешавад. Осори мусиқии ин хунёгари бузург саршор аз сурудҳои фалсафиест, ки касро такони ҷиддӣ бахшида, ба як инқилоби фикрӣ расонида метавонад. Агар ба Устод Садриддин Айнӣ хондани китоби Аҳмади Дониш инқилоби фикрӣ бахшида бошад, пас бо эҳтимолияти зиёд барои як ҷавони асри имрӯз сурудҳои Аҳмад Зоҳир, ки гулчине аз андешаҳои мутафаккирони барҷастаи мо ҳастанд, метавонанд инқилоби фикрӣ бошанд. Чунки агар ҷавонони давраи аввали асри 20 шавқи китобхонӣ дошта бошанд, ҷавонони имрӯза шавқи гӯш кардани мусиқӣ доранд. Инро бояд ҳамчун воқеият қабул кард ва аз роҳи мусиқӣ ҳам ба онҳо таблиғи худшиносӣ, озодагӣ, инсондустӣ, меҳанпарастӣ ва ишқу муҳаббати покро ба роҳ монд. Ҳамаи ин дар сурудаҳои Аҳмад Зоҳир нуҳуфтаанд.

Дар ҷое месарояд: «Ман, к-аз сари озодагӣ аз чарх сар печидаам», яъне аз бандагиву ғуломии чарх сар печидан яке аз рукнҳои озодагист. Ҳунарманди зиндаёд ин маъниро ба дурустӣ дарк кардааст. Танҳо озода ва озодагон метавонанд дар асоси хираду дониш зиндагияшонро тарҳрезӣ кунанд ва бандаи ҳеҷ кас набошанд. Банда набудан ва тарғиби озодагӣ кардан аз рукнҳои асосии озодандешӣ мебошад ва нодуруст хоҳад буд худро аз озодагон гуфт ва банда буду тарғиби бандагӣ кард. Дар ҷойи дигар:

Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест, Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.

Ин ҷо ҳам муроҷиат ба озодагон аст, ки андешаи худро озод кунед ва дар бандагиву шармандагӣ намонед. Имрӯз, ки мо истиқлолу озодии ҷисмро дорем, «бандагӣ даркор нест», бандагии андеша даркор нест. Андеша озод бошад, таассуб шакл намегирад ва ба доми тарғибгарони мазҳабӣ намеафтанду машкиле барои худ, оилаи худ, ҷомеаи худ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ эҷод нахоҳанд кард.

Набарӣ гумон, ки муфтӣ ба Худо расида бошӣ,

Ту зи худ нарафта берун ба куҷо расида бошӣ?

Боз ҳам талаби фаромадан аз аспи таассуб, ки мушкили ҷомеаи имрӯзи мост. Бо сарсарӣ хондани чор варақ аз омӯзаҳои мазҳабӣ, гумон мабар, ки ба Худо расидаӣ! Ва бардошти ноқиси худро кӯшиши бар сари дигарон бор карданро накун. Чун оқибати нек надорад. Аз худ ё аз доираи мазҳаби худ ҳам фаротар нигоҳ кун, омӯз, огоҳ шав ва муқоисаи хирадмандона карда, беҳтаринашро интихоб кун. Он гоҳ мӯрчаеро озор нахоҳӣ дод.

Зиндагӣ, яъне шаби нав, рӯзи нав, андешаи нав, Зиндагӣ, яъне ғами нав, ҳасрати нав, пешаи нав. Зиндагӣ, яъне ҳаёҳӯ, зиндагӣ, яъне такопӯ, Зиндагӣ боист саршор аз такону тозагӣ бошад. Зиндагӣ ин рӯзи нав ва андешаи нав аст. Андеша ҳам бояд ҳамчун организми зинда дам ба дам дар тағйиру такомул бошад ва нав гардад. Ин аст зиндагӣ! Наметавон андешаи худро дар асри 7 қарор дода, даъвои зинда буданро кард. Ин сабаби бадбинӣ нисбат ба дигарон гашта, мушкилоти ҷиддӣ ба миён меорад. Чунки он гоҳ аз усулҳои ҳамон асри миёна истифода кардан зарур меояд. Аз ҳамин сабаб аст, ки Ошо аксари инсонҳоро дар 20 солагӣ мурда ҳисоб мекунад. Чунки як бардоштро ҳамчун ҳақиқати мутлақ дониста ба таассуб меафтанд ва дигар андешаи худро нав намекунад ё худ зиндагӣ намекунанд. Зиндагӣ бошад «саршор аз такону тозагист».

Оҳанги зиндагӣ хонад ба гӯши ман, Рӯ сӯи ишқ кун, ки туро фурсат андак аст. Оҳанги зиндагӣ, таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки аз хурофоту таассубу ифротгароӣ даст кашида, рӯ сӯи ишқу муҳаббат кунед. Ин аст, паёми мутафаккирони аз таҷрибаи рӯзгор баҳра гирифтаи мо ба насли ҷавон. Ишқу муҳаббат ба ватану бар инсон ва муносибати бомуҳаббат ва хирадмандона бо инсону табиат, аксари мушкилоти моро ҳал карда метавонад. Мушкилоте, ки аслан аз дарк накардани ин ҳақиқат ва таҳаммулно-пазириву беэҳтиётӣ сар мезананд.

Аҳмад Зоҳир мазмуни ҳар шеъреро, ки мехонд, ба дурустӣ дарк мекард. Дар бисёр маврид сурудҳояш ҳолати равонии ҳамон вақтаи ӯро ифода мекарданд. Ҳар чӣ месуруд, аз таҳти дил ва бо эҳсосоти ҷавобгӯ бар суханҳояш месуруд. Ин аст, ки ӯ бо сурудаҳояш ҷаҳонгир шуда, султони қалбҳои мухлисонаш шудааст. Агар иҷрокунандагони сурудҳои Аҳмад Зоҳир ҳам ба дурустӣ маънои сурудҳои ӯро дарк кунад ва вобаста ба ҳолати равонӣ ва эҳсосоти ҷории худ суруде интихоб карда, онро зам-зама кунанд, хуб мешавад. Дар акси ҳол ба хатогӣ роҳ додан мумкин аст. Чуноне, ки имсол дар ҷашни 70- солагии Аҳмад Зоҳир яке аз сарояндагони ҷавону умедбахш ҳангоми иҷрои яке аз сурудҳои ӯ ба ҷои «озодагӣ» «озурдагӣ» гуфт(ман, к-аз сари озурдагӣ аз чарх сар печидаам гуфт), ки баёнгари дуруст дарк накардани маънои суруд аст. Дар боло ин сатрро баррасӣ кардем ва маълум аст, ки аз сари озодагӣ аз чарх сар мекашанд, на аз озурдагӣ. Озурдагӣ дар бисёр маврид ба сар фаровардан ҷалб мекунад, на сар печидан аз чарх. Ин буд, ки як соҳибҳунари хушовоз натвонист, баромади ҷолиб дошта бошад. Шунаванда ҳам метавонад, дар ҳар ҳолати равоние, ки дар замони муайян қарор дорад, аз сурудҳои Аҳмад Зоҳир суруди мувофиқ пайдо карда, ғизои маънавӣ гирад.

Хулоса, дар қатори дигар тадбирҳои зидди хурофоту таассуб дар ҷомеа аз санъату ҳунар ҳам метавон истифода ва зеҳниятсозӣ кард. Махсусан, санъати мусиқӣ, ки диққати аксари ҷавононро ба худ ҷалб кардааст ва таъсири назаррас ба завқу ҳолати равонӣ ва ҷаҳонбинии онҳо мерасонад. Дуруст аст, ки ҳар сароянда бояд сабку услуби нотакрори худро дошта бошад ва тақлиди касеро накунад, аммо ин равиш аст, на ҳадаф. Ҳадаф аз ҳар навъи ҳунар, тарбияи маънавии ҷомеа, тарғиби ишқу муҳаббат, рушди зебоишиносии мардум, тарғиби озодагӣ ва танқиди ғуломӣ, тарғиби меҳанпарастӣ ва шуҷоат дар ҳифзи марзу буми ватан, коҳиши хурофагарову ифротгароӣ ва рушди инсондӯстӣ мебошад. Имрӯз мо тақлидгарони равиши Ахмад Зоҳирро мебинем, лекин пайравони ҳадафи ӯро намебинем. Баръакси Аҳмад Зоҳир, ки мегӯяд: «бандагӣ даркор нест», сарояндаи имрӯз тарғиби бандагӣ мекунад. Кист он ҷасур, ки тарғиби озодагӣ монанди Аҳмад Зоҳир кунад? Аҳмад Зоҳир аз озодии андеша ва зиндагии пур аз талошу тозагӣ месарояд, сарояндаи имрӯз кӯшиш мекунад як суруд дар тарғиби дину мазҳабу бандагӣ сарояд ва дар маҳдудсозии андешаи ҷавонон ва густариши бунёдгароӣ саҳмгузор шавад. Албатта, мо сарояндагоне дорем, ки тарғиби бандагиву ғуломӣ намекунанд, аммо онҳо танҳо аз ишқу муҳаббат мегӯянду сурудҳои фалсафии инсонсозе чун Аҳмад Зоҳир намесароянд.

Бинобар ин, дар қатори чорабиниҳои фарҳангии муарифгари ҳунарманди бузург Аҳмад Зоҳир, аз ҷониби устод Султон Ҳамад ва ёрони ҳунарманди ӯ, сарояндагони инсондӯсту меҳанпарасти моро зарур аст, ки ба хотири илома додани кори равшангаронаи Аҳмад Зоҳир (бо равиш ё сабки худ) сурудҳои фалсафии инсонсоз ҳам бихонанд, то дар тарбияи маънавии насли ҷавон ва васеъ шудани ҷаҳонбинии онҳо саҳм дошта бошанд. Дуруст аст, ки дар баъзе маврид сухани ҳақро гуфтан мушкил ва хатарбор аст, аммо ягон мубориза осону бехатар нест ва танҳо фарзандони шуҷои миллат ҳастанд, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллат талош меварзанду ҷонбозӣ мекунанд. Шахсан ман набудани сурудҳои фалсафии инсонсоз дар рӯйхати сурудҳои сарояндагони имрӯзро, камбудии асосии ин соҳа медонам. Сарояндагони мо Аврупову Амрикоро тасхир карданд, ба рақобатҳои сатҳи ҷаҳонӣ тоб оварда тавонистанд. Дар мубориза бо хурофоту ифротгароиву бунёдгароӣ ҳам метавонанд, иштирок кунанд ва дар пирӯзии ақлу хираду инсондӯстӣ бар тақлиду бунёдгароиву ифротгароӣ саҳми арзанда бигзоранд. Як сароянда имрӯз дар баробари чанд мулло шунаванда дорад ва метавонад арзишҳои инсондӯстиро ба шунавандагони худ расонаду рақиби асосии тарғибгарони бунёдгароиву ифротгароӣ бошад. Мушоҳидаи чандсолаи мухлисони Аҳмад Зоҳир нишон медиҳад, ки ин ҷамъи мардум ҳаргиз ба доми гурӯҳҳои ифротӣ намеафтанд ва зиндагии онҳо саршор аз ишқу муҳаббат ва инсондустӣ аст. (Албатта, ин ба онҳое дахл дорад, маънии сурудҳоро дарк мекунанд). Ин ҳама натиҷаи сурудҳои фалсафии инсонсози Аҳмад Зоҳир аст, ки дар баробари сурудҳои ишқияш месарояд. Ва агар сарояндагони имрӯза ҳам чунин сурудҳоро пешкаши мухлисонашон гардонанд, шояд таъсири хубе дар раванди ташаккули ҷаҳонбинии онҳо расонида, инсондӯстиро дар вуҷуди онҳо зиёд карда, сатҳи хурофоту бунёдгароиро поён баранд.

70-солагии хунёгари бузурги Шарқ Аҳмад Зоҳир ба ҳама мухлисонаш фархунда бод!

Баъди даргузашти коргардони тоҷик Бахтиёр Худойназаров баҳсҳо дар ҷамеа дар мавриди рушд накардани театр ва кино дар кишвари мо ва ба хориҷ рафтани коргардонҳои соҳибҳунар зиёд шуд. Мегӯянд ҳукумат бояд шароити мувофиқ барои коргардонҳои театр ва кино бисозад ва Давлат Худойназар, Барзу Абдурраззоқ ва дигар соҳибҳунарҳои тоҷикро ба кишвар баргардонад, то онҳо дар ин ҷо фаъолият карда, ба ватани худ манфиат биёранд.

Албатта, фароҳам овардани шароит ва фаъолияти кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг дар дохили кишвар хуб аст. Аммо наметавон гуфт, ки онҳо дар хориҷ наметвонанд барои ватани худ хизмат кунанд ва номбардори миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ бошанд. Ва наметавон гуфт, ки фароҳам овардани шароит барои кори онҳо танҳо дар дасти ҳукумат аст. Зиндагиномаи ҳунармандони сатҳи ҷаҳонӣ баёнгари он аст, ки намояндагони як миллат дар кишварҳои дигар фаъолият карда, барои кишвари худ манфиатҳои зиёд меоранд. Ин ҷо метавон ҳунарманд, коргардон, продюсер, филмноманавис ва овозхони чинӣ Ҷекӣ Чанро мисол овард. Ӯ дар қатори фаъолият дар Чин, дар дигар кишварҳо фаъолият карда, номбардори миллати худ аст. Махсусан, филмҳое ки ӯ дар «Ҳолливуд» дар онҳо нақш офаридааст, беҳтарин филмҳо ба шумор рафта, ба худи ӯ миллионҳо доллари ИМА даромад овардаанд. Ба ғайр аз ин, Ҷекӣ Чан яке аз саховатмандтарин шахсиятҳои ҷаҳонӣ буда, бо бунёдҳои хайриявии ҷаҳон ҳамкориҳои зич дорад. Дар васиятномаи худ ӯ нисфи дороияшро барои хайрияҳо равон кардааст. Ин далели он аст, ки соҳибҳунарон дар хориҷ ҳам ба манфиати миллати худ метавонанд кор кунанд. Дар филмҳои хориҷии худ, Чан дар тарбияи ҷавонони чинӣ саҳми бузург дорад. Мисол, дар нақши вай дар филми «Час пик» мебинем, ки чи тавр ҷони худро дар хатар монда, ёдгориҳои торихии Чинро ҳимоя мекунад. Чи тавр ӯ ба зарбаҳои ҷинояткорон нигоҳ накарда, кузаи қадима аз коллексияи музейи миллии Чинро ҳимоя мекунад. Ин ҳама хизматҳои ӯ барои ватанаш аст, ки дар хориҷа фаъолият карда, анҷом додааст.

пешина
аз 21
навбатӣ