Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

КАЛИ ОСИЁББОН

Будаст-набудаст, як кал будааст, ҳеч чиз надоштааст, фақат осиёббонӣ мекардасту як шох ангур доштаст. Ҳар сол шохи ангуруш, ки пухт, кадоме меомадаст, шаб уна медӯздидасту ба кал ҳеч чиз намерасидаст. Як соли дигару ангур айни ранг задан шудасту кал ба худуш ваъда додаст, ки то дузда нақапум намемонум. Шабҳо панҷаша хун мекардасту намак мепошидаст. Яке ки рӯбоҳ омадаст, ҳамин ки нав қулоч кардаст, ки ангура биканад, ки кал ҳам аз лингӯш қапидасту гуфтаст:

– Э-э-э, хуб қапидумут, оли мезанумут бари замин, ҷонат вақи мешад. Рӯбоҳ ба забони одамӣ омадасту гуфтаст:

– Э-э-э, калҷон, маро накуш, му туро ба подшоҳӣ мерасонум.

Кал гуфтаст:

– Э-э-э, ту рӯбоҳи масхара, мура чи хел подшоҳ мекунӣ?

Гуфтаст:

– Хай, калҷон, илтимос сарум бидеҳ, барои озмоиш.

Кал фикр кардаст, хай ки бубинум рӯбоҳ рост мегад ё не? Рӯбоҳи ту рафтасту шаб рӯз шудасту рост ба дари хонаи подшоҳ. Аз дарбонҳо рухсат гирифтасту даромадаст, подшоҳ хело меҳмондорӣ рӯбоҳро кардасту гуфтаст:

– Э рӯбоҳ, чӣ гап бо ман дорӣ?

Рӯбоҳ гуфтаст: – Духтаратро ба бачаи ман бидеҳ.

Подшоҳ гуфтаст: – Э, бизанед рӯбоҳи масхарара пеш кунед, чӣ балафта гуфта истодааст.

Дарбонон рӯбоҳро ба задан шудаанд, ки рӯбоҳ гуфтаст:

– О подшоҳ, то мехта аз девол наканум, намемомнум!

Подшоҳ тарсидасту гуфтаст: – Бигардонед рӯбоҳро, ягон бадбахтӣ ба сармон наёрад. Хай, ман розӣ, кай қати шаҳмард меоӣ?

Банду баст карданд, ки фалон вақт мо меоем. Рӯбоҳи ту мераду чӣ ҷуку ҷонваре, ки дар дашту ҷангалҳо будан, ҷамъ мекунаду кала мекунад да(р) як хар савору мераванд.

Меоянд қариби хонаи подшоҳ, ки дарёи калон. Рӯбоҳ гузара мемонаду ҳамаи даррандаҳора меорад пур мекунад да(р) тезобӣ, унора ҳамашона об мебарад. Хара ҳам тела мекунад ба дарёву, кала мезанад да(р) об ғут ҷандоша мепартоваду худша да як ҷо бехи санг мешинонаду баъд пул қатӣ ба тоз медавад меравад ба пеши подшоҳу мегӯяд:

– Эй подшоҳи хар, подшоҳонро як андомашон аз хар аст! Ту дидӣ, мо омада истодаем, аз пеш одам равон намекунӣ, ки мо гузара гум кардем, фавҷма қатии бору кори подшоҳбача об бурд. Фақат подшоҳбачара ба як машаққат наҷот додум, либосоша об бурд, оли ӯ лучук мондаст. Тез аспу сипоҳ роҳӣ кун, ки подшоҳбача азоб кашид!

Подшоҳи ту даррав аспу чибоқи тиллоӣ роҳӣ мекунаду кала мегиранд, либоси шоҳона мепӯшонанду аспсавор мекунанду меоранд ба қаср. Кал ами дига авқотҳои нағза нав дидаст мехураду мехурад. Чанд бор рӯбоҳ хала(а)ш мезанад, ки пур хурдӣ, макрӯҳ нашавӣ. Куҷо бошад, ба гӯши кал намеғунҷад. Шаб мешаду рӯбоҳи хавос гуфтаст, подшоҳбача як одате дорад, ки бе бачаи майда хобаш намебарад.

Одамҳои подшоҳ як сағерека меорану қати кал мехобонан, кал шаб мезанд ҷо(й)га(ҳ)ра макруҳ мекунад. Саҳарӣ мехезанд, сағерека мезананду кала ҳаммом мебаранду мешуянд, аз сар либосҳои шоҳона мепӯшонанду меоранд. Пеш-пеш дилу дидаи кал сер мешаваду кам мехурад.

Чил шабонарӯзӣ подшоҳ туй медиҳад.

Баъд бору кори бисёру ғулому каниз медиҳад ба духтарашу мегӯяд:

– Оли биравед ба ҷою маконатон.

Хела ҷо меоянду рӯбоҳ да дилуш мегӯяд:

– Оли чи кор кунум, духтари подшоҳро ба куҷо бубарум қатӣ аспу чибоқуш.

Гуфтаст:

– Шумо оста-оста биёеду му пеш бираваму хабар кунум, ки шумо омадед.

Дар дашти калон ису усу медаваду мебинад, ки аз як ҷо дуд баромада истодааст.

– Э, – мегад, – бираваму бубинум чи асроре бошад.

Меравад мерасад, ки қасри подшоҳӣ. Медарояд, ами сарша пеш мекунад, ки Алмастӣ дар як деги чилмана бат тевида истодааст.

Рӯбоҳ аз тарс мегӯяд:

– Ассалом алейкум.

Алмастӣ аз сари дег:

– А рӯбоҳҷон, хуб омадӣ, оли мехурумут.

Рӯбоҳ гуфтаст:

– Алмастиҷон, оли бест, хурдани му дер намешавад, як баро бубин, ки подшоҳ лашкар кашидаст ба сарут, уно, ки гузаштанд рафтанд, туро ки наёфтанд баъд бароу мура бихур. – А рӯбоҳҷон, ҷонма бихар, – гуфтаст Алмастӣ.

Рӯбоҳ гуфтаст:

– Ягон каҳдони коҳи сафед дорӣ, биравем тура мекунум таи коҳ. Уно ки рафтанд, мебарорумут.

Алмастӣ саросема пеш даромадасту рост ба каҳдон.

Рӯбоҳ хуб дарун гуруш кардасту худуш баромадаст, дару рузана сахт кардасту каҳдона дар додаст. Алмастии ту аз дуд дамгир шудасту мурдаст. Ин рӯбоҳ калидҳои хонаҳои алмастиро гирифтасту дарҳоро ила кардаст, ки дар як таҳхона қариб ҳазор одам. Алмастӣ, ки роҳгузарҳора фиреб мекардасту мебурдасту фарбеҳ мекардасту мехурдаст.

Одамҳо аз тарс якдигара тела мекунанд, ки ман лоша, ина, фарбеҳра бихур.

Рӯбоҳ гуфтаст:

– Ҳаматон тез бароед, дасту рутона бишуеду ба омадани шаҳзода тайёр шавед.

Баъди якчанд соате уно ҳам мерасанд, ки аҷоиб ҷоу пое.

Кал ҳайрон, рӯбоҳ ишора мекунад, ки даҳоната бигир, то худта нафурушӣ.

Баъд зиндагии хушу хурсандонаи кали осёббон давом мешавад. Духтари подшоҳ ҳам хурсанд. Хела сол мегузарад. Як рӯз рӯбоҳ худша ме(а)ндозад мурда, мегӯяд, ку бубинум кал ба ҳамин қадар некиҳои ман чигуна муносибат мекунад ба ман.

Кали ту рӯбоҳра аз лингуш мегираду рост ба хокистардон, ки рӯбоҳ аз тепи кал меқападу:

– Ай ту кали нокас, одамгарит ҳамин буд? Яке ки духтари подшоҳ чунгу пунг мендозад:

– Ту падарамро фиреб дода, маро ба кал додӣ?

Рӯбоҳи бечора саросема мегӯяд :

– Э, бачам, ба ҳавои мани пир накун, аз қаҳрум амтарӣ гуфтум.

Духтари подшоҳ бовар мекунад. Боз зиндагӣ кардан, кал дигар худша эҳтиёт мекардаст, ки рубека хафа накунад. Як руз, ки рӯбоҳ аз ростӣ мемурад, кал аз тарси он, ки рӯбоҳ боз худша фанд надошта бошад, сандуқи нағз метарошаду рӯбоҳро дар чухти хонаи аз ҳама нағз овезон мекунад.

Алқисса, чанд сол мегузарад, хушкасолӣ меояд, навқон мешавад, таъсир ба кал ҳам мерасад.

Аз бекорӣ мегӯяд:

– Э, ку бубинум, ки рӯбоҳ пусидаст, ё не?

Сандуқа мегирад, ила мекунад, ки сандуқи лабмолаб тилло. Рӯбоҳ рӯбоҳи оддӣ набудаасту муъҷизакор будааст!

(Гӯянда: Ғоибназарова Лаълбегим(1943) аз деҳаи Баршор.

Гирдоваранда: Олими Ширинбек, соли 2014)

СИНАВБАР

Будаст-набудаст, Синавбар ном подшоҳ будаст. Гул ном зани нозанин доштаст, ки бисёр уро дӯст медоштаст. Абру

Бод ном аспҳову як саг доштаст.

Подшоҳзан доимо савораи асп дар дашту даман тамошо мекардаст. Рӯзе аз рӯзҳо ба дари як ғори калон расидаст, ки дар он ҷо як Абаш зиндагӣ мекунад. Гул гирифтори

Абаш шудаст ва ҳар шаб баъди хоб кардани шоҳ мехестасту як шаб Абру шаби дигар Бодро савор мешудасту мерафтаст пеши Абаш. Рӯзҳои рӯз мегузаранду подшоҳ ба саисхона меояду мебинад, ки Абру Бод зил задан аз ғамгинӣ. Саисбонро сабаб пурсидаст, чи аҳвол овардаст аспҳоша, ӯ ҷавоб медиҳад, ки ҳар шаб шоҳзан аспҳора гирифта куҷое меравад. Хайр, гуфтаст подшоҳ, имшаб навбати кадомаш, ки набошад баъди рафтани Гул уро ба ман тайёр кун. Ними шаб мешаваду шоҳзан меравад баъди чанд соате подшоҳ ҳам аспи дуюмро гирифта ба роҳ даромаданӣ мешавад, ки сагча (гурҷик) аз қафош меояд. Ҳарчанд мегардонадаш саисбон, ки ӯ шоҳро дарёб мекунаду шоҳ уро дар қафои зин мешинонаду мераванд ва дар сари дуроҳӣ мерасанд. Шоҳ ҳайрон мешавад, ки ба кадом роҳ равад, баъд лаҷоми аспро сар медиҳаду асп худаш ба роҳи рафтагиш рафтан мегирад. Мераванд ба дари ғор мерасанду ба дарун нигоҳ мекунад, ки Гул бо Абаш дилбар ба канор. Подшоҳ медарояду қатӣ Абаш камар ба камар мешавад. Дар бурҷи ғор Абаш дар як кулвор арзан доштаст.

Гул мебинад, ки Синавбар Абашро зур овард, арзана мегираду дар таги пои Синавбар мепошад. Синавбари бечора мелушмаду меғалтад. Абаш тези Синавбарро кашида мегираду мехоҳад уро бикушад, ки то ин вақт кучук (сагча) нигоҳ мекардасту меқапад аз нозукии пои Абаш. Абаш муҷрим мемонаду Синавбар боло шуда барзангиро мекушаду дар рӯи Гул туф мекунаду получ пеш-пеши аспаш мекунад. Сагчаро мешинонад дар болои асп ба ҷои занаш.

Занашро меорад ба қасру мешинонад уро ба ҷои саг дар сагхона дар занҷиру сагчаро дар паҳлуяш ба ҷои шоҳзан.

Баъд мегӯяд:

Дар вафодорӣ саг аз зан беҳтар аст,

Саг мақоми як дар асту зан мақоми сад дар аст.

Вазирҳо шоҳро мепурсанд:

– Бо Гули дӯстоштаат чӣ муносибат мекунӣ?

Шоҳ дар ҷавоб гуфтаст:

– Гул бо Синавбар чӣ кард, ки Синавбар бо Гул кунад?

(Гӯяндагон: Ғоибназарова Лаълбегим (1943), Ғоибова Давлатхотун (1955) аз деҳаи Баршор. Гирдоваранда: Олими Ширинбек, соли 2014).

ВА НАҚЛҲО

РИВОЯТҲО

ЧАШМАИ АВҶ

Ривояте аст, ки гӯё ин чашма аз қадимулайём дар масофаи тахминан 1 км аз мавқеи ҳозирааш, дар самти машриқ дар зери шахи мармар воқеъ будааст. Тақрибан 500 метр ба тарафи шимол дар сари теппаи Кофар-қалъа дидбони Қаҳқаҳа дар ҳазорсолаи 3-и пеш аз милод ҷойгир будааст, ки то ҳоло низ девори он дидбонгоҳ мавҷуд аст.

Дар яке аз рӯзҳо сайёде дар дараи Авҷ шикори нахчир карда, аз ин роҳ мегузаштааст. Кофирони қалъанишин паҳлавонро бо саги шикориаш дар рӯи ҳамин шахи мармар ба қатл расонда, гӯшти сайдро мегиранд. Акси камон, паҳлавон ва сагаш то ҳоло дар рӯи суфаи шахи мармар бо ранги сурх дида мешаванд.

Гӯё баъди рехтани хуни одам оби чашма дарун фурӯ рафта, дар соҳили дарёи Панҷ, дар мавқеи ҳозирааш мебарояд.

Дар зери ин шах оҳаксангҳои аз оби маъданӣ такшиншуда мавҷуд буда, барф дар фасли замистон тез об мешавад.

(Гирдоваранда: Ширинбек Давлатмамадов(1939), аз нақли бобояш Давлатмамадов Қурбон-Валеҷӣ)

ДЕҲАИ БАРШОР ВА МАЗОРИ ХОҶА РАҶАБ

Ривояте аст, ки деҳаи Баршор аз замонҳои қадим камоб будааст. Боре шахси бузурге бо номи Хоҷаи Калон бо шогирдаш Хоҷа Раҷаб (дар баъзе ривоятҳо – бо писараш) аз ин макон мегузаранд. Сокинони деҳа ин мардро дида, пеши пояш меафтанд, тепу домани мардро қапида гиряву нола мекунанд, ки як дуои хайре кунад, то ки деҳаашон сероб гардад. Ин шахси бузург ба шогирдаш (писараш) мефармояд, ки сари чашма биравау бо ҳамин таёқам (белча) се бор ба замин бизан. Қафо гашта, таёқро аз қафоят кашола карда рафтан гир, ба ақиб хера накун. Ин корро анҷом дода, об хеле зиёд мешавад. Аммо сокинон ба ин қонеъ намешаванд, дубора зориву тавалло мекунанд, ки об ҳанӯз ҳам кам аст. Боз дуюмбора Хоҷаи Калон Хоҷа

Раҷабро ба сари чашма мефиристонад, ин дафъа ӯ бо ғазаб се бор бо таёқ (белча) ба замин мекӯбад. Сели даҳшатоваре ҷорӣ мешаваду деҳаи Баршорро рӯфта мебарад. Ин шахси бузургвор ба аспаш савор шуда, ба лаби дарё меравад, ки сел раҳи дарёро гирифтаасту гирдоби калоне пайдо шудааст. Як гаҳвора дар даруни гирдоб гирд мезанаду кӯдаки ширхора, ки дастонаш кушода буданд, дар дарунаш буд.

Он шахс қамчинашро ба сӯи кӯдак дароз мекунад, кӯдак нӯги қамчинро қапида ба даҳанаш мебарад, ӯро оҳистаоҳиста кашида мебарорад.Мард кудакро гирифта, ба деҳаи

Қозидеҳ меораду ба яке аз бошандагони ин деҳа месупорад. Ба ӯ таъкид мекунад, ки ин кӯдакро тарбият кунаду баъди соҳиби ақл шуданаш ба ӯ фаҳмонад, ки деҳаи падараш Баршор аст, ба он ҷо баргардаду деҳаро обод кунад.

Ривоят аст, ки кулли бошандагони деҳаи Баршор аз насли ҳамон кудак мебошанд (аз авлоди Худодҳо).

Аз ин воқеа Хоҷаи Калон ғамгин гашта, шогирдашро

(писарашро) оқ (дуои бад) мекунад, ки ҷавонамарг шавӣ.

Шогирдаш (писараш) ҳамон замон ҳалок мегардад. Ӯро дар ҳамин макон ба хок месупоранд ва ин макон то имрӯз зиёратгоҳи мардум бо номи мазори Хоҷа Раҷаб аст.

(Гӯянда: Сардоров Иқболхон(1952), сокини деҳаи Қозидеҳ.

Гирдоваранда: Қучқорова Раъно)

НЕКЗАН

«Некзан» – сангест дар кӯҳи Буғуш дар шакли зан, ки кӯдакашро дар пушт дорад. Чунин ривоят аст, ки занҳои деҳа ба айлоқ мераванд. Кофирҳо ба айлоқ ҳуҷум карда, ҳамаро мекушанд ва ин занро бо худ бурданӣ мешаванд.

Зан аз тарс ва нангу номус ба даргоҳи Худованд илтиҷо мекунад, ки ба дасти кофарҳо нағалтаду дар ҷояш санг гардад. Худованд дуои занро қабул мекунад ва ӯро бо кӯдакуш санг мегардонад. То имрӯз ҳамон сангро “Некзан” мегӯянд.

(Гӯянда: Азимов Гулзор (1926), сокини деҳаи Қозидеҳ.

Гирдоваранда: Қучқорова Раъно)

АЛМАСТӢ АЗХАДАК

Мувофиқи ривояти гузаштагон, дар кӯҳи стони Бадахшон дар асрҳои қадим алмастӣ, дев, каҷпок, жебанак ва ғайра ба одамон зарофат мерасонидаанд. Ду хоҳар – алмастӣ, яке дар ин тарафи об (дарёи Панҷ) ва дигаре дар он тарафи Ғорон истиқомат доштаанду халқро талаву тороҷ мекардаанд.

Рӯзе як марди далер аз он тарафи об ба мақсади нест кардани ин алмастӣ, ки дар деҳаи Баршор буд, аз кӯҳ нахчир шикор карда, рост ба пеши алмастӣ меояд. Алмастӣ шикорчиро дида хушҳол мегардаду мегӯяд: – Хуб кардӣ, ки ба пои худат омадӣ. Шикорчӣ мегӯяд: – Аввал гӯшти сайди маро бихуру баъд маро. Алмастӣ аз шикорчӣ номашро мепурсад. Шикорчӣ ба забони ишкошимӣ (ринӣ) мегӯяд, ки номам Азхадак. Шикорчӣ гӯшти сайдро дар сихчаҳои оҳанин кабоб карда, ба алмастӣ дароз карда мегӯяд: – Намакашро бин. Алмастӣ даҳонашро мекушояду шикорчӣ яку якбора симро бо кабоб ба ҳалқи алмастӣ пахш мекунад. Алмастӣ чунон сахт наъра мезанад, ки хоҳараш аз он тарафи об садояшро шунида: – Ба ту чӣ шуд? Кӣ туро зад? – гуфта мепурсад. Дар ҷавоб «Азхадак»ро мешунавад. Хоҳараш хаёл мекунад, ки «азхадак» (яъне худам, ба забони ишкошимӣ) шояд худаш даст ё пояшро озор дода бошад.

Рӯзи дигар ба хабардории хоҳараш меояд ва мебинад, ки хоҳараш мурда хобидааст. Алмастӣ мурдаи хоҳарашро дар домани сели Баршор мегӯронаду худаш фирор мекунад.Халқ аз онҳо халос шуда,осуда зиндагӣ мекунанд.

(Гӯянда: Соҳибназари Худодод (1925), сокини деҳаи Баршор

Гирдоваранда: Раъно Қучқорова)

ДАШТИ МИРӢ

Ривояте аст, ки дар деҳаи Дашт (Дашти мирӣ низ мегӯянд), ки дар болои деҳаи Андароб воқеъ аст, мире бо номи Шаҳмалак меояд ва мебинад, ки дашт хеле васеъ аст, аммо об надорад. Мир, ки навкарони зиёд дошт, бо қувваи онҳо ба ин ҷо аз Баракатук ном айлоқҷо, ки дар болои ин мавзеъ ҷойгир буд, ба деҳа об баровардааст. Ин мир хеле золим будааст ва мардумро азобу шиканҷа медодааст.

Мардумро маҷбур мекардаанд, ки ҳар як хонавода ҳар рӯз ба ин Мир 4 сар гӯсфанд (ӯ дар як шаб 40 гӯсфандро кушта ба навкаронаш харҷ медодааст) ва як духтари хона (бокира) биёранд. Мардум ба зулму шиканҷа тоб наоварда, ин маконро оҳиста-оҳиста ва пинҳонӣ тарк мекунанд. Дар ин бора чунин гуфтаанд:

Як хона ба сад хона расондаст фалак,

Сад хона ба як хона расонд Шаҳмалак.

Дар ин деҳа ҳафт бародар зиндагӣ мекардаанд, ки як хоҳари хубрӯе доштаанд. Онҳо хоҳарашонро пинҳон мекунанд. Аммо рӯзе Мир аз ин огоҳ шуда, навкаронашро мефармояд, ки ба хонаи онҳо барои бурдани гӯсфандон ва хоҳарашон раванд.

Бародарон ба ин бераҳмӣ ва беномусӣ тоб наоварда, навкарони мирро мекушанд ва ба манзили Мир ҳучум карда, ӯро низ ба қатл мерасонанд, хоҳару молу мулкашонро гирифта, дарёи Панҷро убур намуда, ба тарафи Афғонистон (он вақт сарҳад ҷудо набудааст) гурехта мераванд.

Навкарони боқимондаи Мир ба айлоқи Баракатук баромада, чиҳил ҷувол ҷавро ба сари чашма мепошанд, бо намадҳо мепечонанд ва аз болояш хокро гардонида ин чашмаро несту нобуд мекунанд ва худашон ин мавзеъро тарк мекунанд.

Баъди ин воқеа мардуми боқимонда низ аз беобӣ ин деҳаро тарк мекунанд ва муддати дарозе дар ин макон зиндагонӣ қатъ мегардад.

(Гӯянда: Иброимбекова Муборакхотун (1951), зодаи Дашти Андароб, сокини шаҳри Хоруғ. Гирдоваранда: Муборакшоева Зарнигор, соли 2013)

ШАМБЕДЕҲ

Деҳаи Шамбедеҳ яке аз деҳаҳои хушманзараи водии

Ғорон мебошад. Дар бораи ин деҳа ривоятҳои зиёде мавҷуданд.

Яке аз ин ривоятҳо чунин аст. Замоне як мир бо навкарони худ аз водии Ғорон мегузарад. Тобистон будааст. Ҳаво хеле гарм, навкарон ва мир аз роҳи дароз хаста мегарданд. Мир ба навкаронаш амр медиҳад, ки як ҷои хушманзараро интихоб кунанд, то дар он ҷо шаб хиргоҳ зада, то рӯз роҳат кунанд ва фардо боз сафарашонро идома диҳанд.

Онҳо ба деҳаи Шамбедеҳ мерасанд ва аз зебогии манзараи ин деҳа дар ҳайрат мемонанд ва ҳамин ҷойро барои гузаронидани шаб интихоб мекунанд. Онҳо хиргоҳ зада, ба айшу нӯш машғул мешаванд. Шабонгоҳ Мир аз хиргоҳ берун меояд, ба деҳа назар андохта, ҳама ҷоро чароғон мебинад. Дар тааҷҷуб афтода хубтар нигоҳ мекунад, ки бедҳои гирду атроф чун шамъ рушноӣ медиҳанд. Ба бедҳо наздик шуда тарсида-тарсида бо даст палмосида, боварӣ ҳосил мекунад, ки дар ҳақиқат инҳо дарахти беданд. Шӯълаи ҳасудӣ дар дили ӯ аланга мегирад ва ба дил мегӯяд:

– Ин макон бояд аз макони зисти ман беҳтар набошад.

Шаб рӯз мешавад ва мир ба навкаронаш фармон медиҳад, ки ин бедҳоро решакан карда, ҳамаи дарахтони деҳаро бурида, деҳаро оташ зананд. Навкарон ин фармони мирро ба зудӣ анҷом медиҳанд ва бо аспони худ савор шуда, бо корвони худ деҳаро тарк мекунанд. Баъди чанде аз ин деҳа тӯдаи хокистар боқӣ мемонад. Деҳа баъди чандин солҳо аз нав ҷои зисти одамон интихоб мегардад ва ба хотири он шамъи бедони ин макон ин деҳаро Шамбедеҳ меноманд, ки маънои аслиаш шамъбед аст.

ҶӮЙИ ШОҲБУРҲОНИ МАРДИ ВАЛӢ

Гузари Шоҳбурҳони марди Валӣ ба деҳаи Шамбедеҳ мерасад. Деҳае мебинад, ки хеле хушманзара аст. Аз ду тарафи деҳа як ҷӯйи об ба деҳа меомад. Азбаски деҳа хеле калон буд, долу дарахт ва мардуми ин деҳа аз беобӣ азият мекашиданд. Шоҳбурҳон ба саргаҳи деҳаи Вогз, ки қариб чор километр аз деҳаи Шамбедеҳ дуртар аст, меравад, аспи худро савор гашта, қамчинашро аз дунболаш кашола карда то охири деҳаи Шамбедеҳ меояд. Аз нақши кашида ҷӯи калоне пайдо мешавад, ки аз он оби зиёд ба деҳа меояд.

Шогирде доштааст, ки ҳамеша бо ӯ ҳамроҳ аст, шогирд дар қанҷуғааш (қафои зини асп) савор буд. Шоҳбурҳон ба ӯ мегӯяд, ки ҳаргиз ба қафо нигоҳ накунӣ. Хеле роҳ мераванд, шогирд пинҳонӣ чанд маротиба ба қафо менигарад, ки чӣ сирре бошад, аз қафо ҷӯи обро дида, тез рӯяшро мегардонад. Дар ҳамин ҷой оби ҷӯй баъзан канда мешаваду мушкилии зиёдеро пеш меорад. (Ин ҷӯй ҳақиқатан ҳам кӯҳи калонеро убур мекунад, ки дар он замонҳо буридани ин кӯҳ имконнопазир буда, мӯъҷизаи ҳақиқист). Деҳа баъди ин боз ободу зеботар мегардад ва дар он дарахтони аҷоибу ғароиб мерӯидаанд. То имрӯз низ донаи ҳар мевае, ки ба замин меафтад, бе ягон парвариш тез калон шуда, ба воя мерасад. Баъди ин воқеа, мардум ин ҷӯйро муқаддас мешуморанд. Дар Деҳи Болои ин деҳа то ҳоло мазоре ҳаст бо номи Қадамҷои Шоҳбурҳони марди Валӣ.

ХУНИ КОФАРИ АЙЛОҚИ РЕГУКДАРА

Дар деҳаи Шамбедеҳ айлоқҷое аст бо номи Регукдара.

Дар наздикии ин айлоқ шахест (кӯҳест). Вақте ки борон меборад кас гумон мекунад, ки аз он ҷо хун ҷорӣ мешавад.

Ривояте аст, ки ҳар тобистон занони ин деҳа ба айлоқ мерафтанд. Як рӯз ғоратгарон аз Афғонистон дарёи Панҷро гузашта, ба самти дара боло баромада, ба айлоқ мерасанд.

Онҳо тамоми рама, ғалла ва равғану қурути айлоқчиҳоро ба ғорат бурда, аз роҳи омадаи худ пас мегарданд. Занони деҳа, ки ба дара боло баромадани аламонҳоро (роҳзанони ғоратгарро) мебинанд, аз тарс рӯ ба гурез оварда, худро ба қишлоқ мерасонанд ва ба Шоҳҷон ном ҷавонмарди паҳлавони деҳа муроҷиат карда мегӯянд:

Регукдараро бандои Регукдараро,

Куштанд саги ялтову бибурданд галларо.

Шоҳҷонаки ҷон, савор шав аспи аларо,

Тозондаву ёзонда бигардон галларо.

Шоҳҷон ҳамон замон ба аспи тозии худ савор мегардад ва ғоратгаронро дунболагирӣ мекунад. Дар кутали Ёғурда ба онҳо мерасад ва роҳзанонро несту нобуд мекунад. Сарвари онҳоро, ки чандин бор ба деҳаҳо ва айлоқҷойҳои

Ғорон ҳуҷум карда, молу рӯзгори мардумро ба яғмо мебурд, зинда дастгир мекунад ва дар ҳамон кӯҳи Регукдара оварда сар мебурад. Аз он рӯз сар карда, то ин замон мардум ин кӯҳро Хуни кофар меноманд. Баъд аз ин, роҳзанон дигар ба Ғоронзамин ҳуҷуми ғоратгарона намекунанд ва мардум орому осуда умр ба сар мебаранд.

пешина
аз 41
навбатӣ