Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

АЗ РИВОЯТ ТО ҲАҚИҚАТ

Дар мавзеи Даштаки қишлоқи Шамбедеҳ як чашмае аст бо номи Кӯрчашма. Чашма аз зери санге мебарояд. Ривояте аст, ки рӯзе аз ин ҷо шахсе мегузарад, чашмаи мусаффоеро мебинад ва аз оби он нӯш карда роҳашро давом медиҳад, хеле роҳ меравад ва ба ёдаш меояд,ки ҷоми тиллоиеро,ки бо он об нӯшида буд, дар сари он чашма фаромӯш кардааст. Аз роҳ бармегардад ва ба сари чашма меояд. Мебинад, ки аждаҳои бадҳайбате дар болои ҷом хобидааст. Аждаҳо ба ӯ ҳуҷум карданӣ мешавад ва он шахс рӯ ба сӯи Худованд оварда, мадад мепурсад. Дар як лаҳза санги калоне аз кӯҳ канда мешавад ва ба болои аждаҳо меафтад. Ин об гӯё аз даҳони ҳамон аждаҳо берун меояд. Сокинони деҳа аз ин об наменӯшанд ва ин обро танҳо паррандаву чарандагон истеъмол мекунанд. Оби ин чашма дар чор фасли сол як хел аст, на зиёд мешавад ва на кам.

Баъди суқути Шӯравӣ, дар ин мавзеъ сарҳадбонони қирғиз бо номи «Қирғизбаталон», ки марзи Тоҷикистонро шартномавӣ посбонӣ мекарданд, мезистанд. Азбаски аз дарё кашонидани об ба онҳо мушкилӣ мекард, мехостанд ин чашмаро тарконида, обро зиёд карда истифода баранд.

Як рӯз то шом ин корро анҷом медиҳанд, аммо об зиёд намешавад. Шабона фармондеҳи онҳо, ки Ренат ном доштааст, дар утоқи худ хобида будааст, ки дар кушода мешавад ва як махлуқи аҷоиб даромада, ба ӯ дармеафтад.

Фармондеҳ аз тарс аскаронро фарёд мекунад ва онҳо давида омада чизеро намебинанд.

Шаби дигар посбонҳоро дар пеши дар монда хоб меравад ва боз он махлуқи аҷоиб пайдо мешавад ва ба ӯ дармеафтад. Ӯ боз доду вой мекунад, аскарон омада тирпарронӣ мекунанд, вале чизеро намебинанд. Ҳамин тавр, ҳар шаб ин махлуқ ҳамаро ба дод меорад. Як рӯз фармондеҳ ба деҳа меояд ва ин воқеаро ба мардум нақл мекунд. Калонсолони деҳа ба ӯ тавсия медиҳанд, ки як гӯсфандеро дар сари он чашма сар бурида, оши худоӣ диҳад. Ин амалро анҷом дода, сарҳадбонон аз он махлуқ халос мешаванд.

(Гӯяндаи ин 4 ривоят: Муборакшоев Мадамбар

(1925-1995), деҳаи Шамбедеҳ. Гирдоваранда:

Муборакшоева Зарнигор, соли 1995)

ҚАРАМИШ ВА АЛМАСТӢ

Марде бо номи Қарамиш дар деҳаи Вогз осиёбшакӣ мекардаааст. Орди мардумро шакида, аз ин орд ҳаққи хизматашро гирифта, рӯз мегузронидааст. Як шаб дар осиёб хоб рафта будааст, ки дар кушода мешаваду як алмастӣ ба осиёб медарояд. Алмастӣ ба Қарамиш мегӯяд:

– Ту як қумочи калони тайаловӣ пазу ман рафта равған меорам, ҳардуямон шикамамонро сер мекунем.

Алмастӣ баромада мераваду Қарамиш як фатир пухта мемонад. Дере нагузашта, алмастӣ бо як кӯзаи равған бармегардад. Қарамиш кӯзаи худашро шинохта чизе намегӯяд.

Дасту рӯй мешӯянду дар сари дастархон шиштанӣ мешаванд. Алмастӣ аз Қарамиш хоҳиш мекунад, ки пеш аз хӯрдани хӯрок «Бисмиллоҳ» нагӯяд. Қарамиш хуб гуфта, даст ба хӯрок бурданӣ мешаваду фаромӯш карда «Бисмиллоҳ» мегӯяд. Алмастӣ ҳамон лаҳза нопадид мегардад. Қарамиш кӯзаи равған ва хӯрокашро гирифта, ба хонааш мебарад.

Занаш кӯзаи равғанро дар дасти шавҳараш дида ҳайрон мешавад. Қарамиш воқеаро нақл мекунад. Ин ривоятро то ҳоло ҳам нақл мекунанд.

(Гӯянда: Лашкаров Сарабек (1955), сокини деҳаи Шамбедеҳ.

Гирдоваранда: Муборакшоева Зарнигор)

ЛАЪЛИ БАДАХШОН ВА КОНИ КӮҲИ ЛАЪЛ

Дар бораи деҳаи овозадори Кӯҳи Лаъл низ ривоятҳои зиёде аст. Дар васфи лаъли ин деҳа, ки тоҷи сари шоҳони олам будааст, бузургони назму наср аз қадимулайём суханони зиёде гуфтаанд. Аммо ривояте аст, ки дар бораи номгузории ҷойҳои ин деҳа нақл мекунад. Дар кони ин макон, ки аз деҳа болотар аст, истихроҷкунандагони кон – девҳо, ки ба Сулаймон-пайғамбар ҷиҳати нигини аз лаъл будааш итоат доштанд, кор мекардаанд. Девҳо заминро кофта, лаъл мебаровардаанд ва мегӯянд, ки ин хандақҳо ҳатто аз таги дарёи Панҷ ба он тарафи соҳил рафта мерасидаанд. Макони Сулаймон-пайғамбар (тахташ) дар худи деҳа будааст. Ин аз як хонаи дуошёнадор ва хеле аҷоиб иборат буда, то солҳои наздик мавҷуд буд, мардум онро чун мазор (остон) зиёрат мекарданд. Аммо яке аз раисони колхози ҳамонвақта ин хонаро вайрон намуда, дар ҷои он фермаи колхозро месозад. Аз ин макон танҳо чанд санг ва шохҳои нахчир боқӣ мондаасту халос.

Қадамгоҳи дигари Сулаймон-пайгамбар дар деҳаи Сист, ки 2 километр аз Кӯҳи Лаъл дуртар аст, бо номи Хоҷаи

Лаъл мавҷуд аст. Ин як дарахти хеле кӯҳ ансоли санҷит буда, дар он сангҳо ва шохҳои нахчир низ гузошта шудаанд. Шохаҳои хушкидаи дарахт хеле зиёданд, аммо одамон онро барои алов истифода намебаранд. Мегӯянд, ки марде ин анъанаро вайрон карда, аз ин ҷо барои алов ҳезум гирифтааст, ба хонадони ӯ зарари сахт расида, дастонаш шал шуда мондаанд. Аз ин шохаҳо фақат барои пухтани оши худоӣ истифода мебаранду халос. Ин ҷой то ба ҳоло зиёратгоҳи мардумон аст.

МАЗОРИ ШЕХБЕКИ БАЛОГАРДОН

Мазори Шехбеки балогардон дар мобайни деҳаи Андароб ва Кӯҳи Лаъл ҷойгир аст. Ривояте аст, ки Шехбек сокини деҳаи Қозидеҳ будааст. Замоне сели пурдаҳшат ин деҳаро ба коми худ мекашад. Аз ин деҳа танҳо баъзе сокинони Сари Қалъа, ки болотар аз ин деҳа буданд, бо чанд хонавода ҷон ба саломат мебаранду халос. (Ҳоло дар ҷои ин деҳа ҷангали калон воқеъ аст). Хонаи Шехбекро низ сел бо худ бо чизу чора ва хонавода ба дарёи Панҷ мебарад.

Аммо Шехбек бо дуои худ хонавода, чизу чора, ҳатто тифли дар гаҳвора будаашро дар гирдоби Гулбоғ, ки аз он тарафи марз аст, мебарорад. Мардум ба ин шахс ҳамеша бошубҳа нигоҳ мекарданду мегуфтаанд, ки ин мард киромот нишон медиҳад.

Боре бачаҳои ин деҳа писарбачаеро мефармоянд, ки худро мурда вонамуд кунад. Худашон ба назди Шехбек медаванд ва мегӯянд, ки тезтар биё, ки бача мурдааст. Шехбек саросема нашуда мегӯяд, ки дасту рӯй шуста таҳорат мекунаму меоям. Меояду дар рӯи он бача дуо хонда:

– Акнун ӯро бардошта баред, – мегӯяд.

Бачаҳо хандида мегӯянд:

– Мо туро масхара кардем, ин бача зиндааст.

Шехбек бори дигар:

– Уро бардошта баред, – мегӯяду ба роҳаш меравад.

Бачаҳо бошанд:

– Хез, хез, Шехбек рафт, – мегӯянд, аммо он бача дар ҳақиқат мурда буд. Шубҳаи мардум нисбати ин шахс аз байн меравад.

Рӯзе дар байни мардуми Ғоронзамин бемории вазнине пайдо мешаваду мардум онро «бало» меноманд. Ин бало гӯё ба шакли белчае будааст, ки дасту по доштааст. Дар остонаи кадом хонаводае, ки пайдо шавад, он хонавода табоҳ мешудааст (ҳамаашон мемурдаанд). Мардум ба даҳшат афтода, назди Шехбек мераванд ва мегӯянд, ки ту қодир ҳастӣ, ки ин балоро рад бикунӣ.

Шехбек ин балоро зада-зада аз Ғорон пеш мекунад ва ба назди ғоре омада ба мардум мегӯяд:

– Агар ягон вақт мушкилие ба саратон, биёед ба назди ғору номи маро гирифта ҷеғ занед, ман зуд меоям ва пас, худаш ба даруни ғор даромада нопадид мегардад.

Солҳо мегузарад ва ин воқеа дар хотир ва забони мардум мемонад.

Боре чанд тан аз сокинони ин макон, ки ин воқеаро шунида буданд, ба дурустии он шубҳа намуда, ба пеши он ғор мераванд ва фарёд мекунанд: – Шехбек, баро, ки боз бало омад!

Шехбек ҳамон замон пайдо мегардад ва дурӯғ будани гапи онҳоро фаҳмида, дуди сабзе гашта нопадид мегардад.

Дигар касе ӯро надидааст. Баъди ин ҳодиса ҷойи ғайб задани Шехбек зиёратгоҳи мардум мегардад ва ин ҷоро Мазори Шехбеки балогардон мегӯянд. Он асосан дар деҳаи

Гулбоғи Ғорони Афғонистон ҷой гирифта, мардуми ин тарафи марз низ ин ҷойро зиёрат мекунанд.

(Гӯяндаи ин 2 ривоят: Чоршанбиев Шоғариб (1953), зодаи деҳаи Систи Ғорон, сокини шаҳри Хоруғ.

Гирдоваранда: Муборакшоева Зарнигор, соли 2014)

ПУЛИ ШОҲ ВА ГАРМЧАШМА

Дар бораи Гармчашмаи овозадори водии Ғорон низ ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Кӯҳ ансолони ин деҳа нақл мекарданд, ки дар давраҳои қадим ба ин деҳа на аз тарафи поён, балки аз ҷониби мавзеи Вогз медаромадаанд.

Дар ҷои чашмаи ҳозира аждаҳои калоне меистодааст, ки раҳгузарон ва паррандаву чарандаро аъф (ба коми худ) мекашидааст.

Гузари Ҳазрати Алӣ ба ин макон меафтад ва аждаҳо ба ӯ ҳуҷум мекунад. Ҳазрати Алӣ шамшери Зулфиқорашро аз ғилоф мекашад ва ин аждаҳо шамшерро фурӯ бурда-фурӯ бурда ду пора мешавад. Ҳазрати Алӣ шамшери хунолудашро пок карданӣ шуда, онро ба замин мезанад, аз ин ҷо оби гарм фаввора зада мебарояд. Онсӯтари ин об боз бо кордаш ба замин мезанад, аз ин ҷо оби хунук мебарояд.

Ҳазрати Алӣ шамшер ва либосҳояшро пок мекунад.

Аз мобайни деҳа рӯди калон мегузашт. Ҳазрати Алӣ дастаи қамчинашро ба болои ин рӯд мепартояд, дар ин ҷо пуле пайдо мешавад ва мардум тариқи он озодона равуо мекунанд. Ҳазрати Алӣ дар болооби ин чашма ҳамчун рамзи Панҷ тани пок нақши кафи даст ва панҷ ангӯш ти зарринро мемонад, ки дар он бо ҳуруфоти арабӣ «Пули

Шоҳ» навишта шуда буд. Он то солҳои Шӯравӣ низ дар болои ин чашма меистодааст. Одамон ҳеҷ гоҳ ба болои ин чашма намебаромадаанд, танҳо аз поён онро зиёрат мекарданд. Ин зиёратгоҳро Пули Шоҳ меноманд.

Баъдтар марди русзабоне онро гирифта мебарад. Ба куҷо бурдани он аниқ нест, лекин тахмин меравад, ки дар яке аз осорхонаҳои калонтарин маҳфуз аст.

(Гӯянда: Амирхонов Иқболхон (1955), сокини деҳаи Гармчашма

Гирдоваранда: Абибова Нозигул, соли 2014)

Т О Р Т А Н А К

Ривоят аст, кофарҳо, ки Бибӣ Фотимаи Заҳроро пеш карданд, аз пеш ғор баромадааст бо ҳукми Худо. Бибӣ да(р) ғор пинҳон шудаст. Тортанак даррав тор танидасту кофарҳо омада диданд, ки ғор кӯҳ на аст, гаштанд. Бибӣ амон ёфтааст. Мегуянд, ки тортанак нафас бурдааст. Аз даҳони ҷиям шунидам.

ҲАФТДОДАРОН

Дар осмон Ҳафтдодарон ситораҳо астанд. Маити падарашонро бурда истодаанд. Як кас аз пеш меравад, чор кас шотуи додишона гирифтанд. Як кас аз қафо барои чароғ мебарад, якто аз ақиб аз падар бебаракат шудаст, чанде медавад унора дарёб намекунад.

(Гӯяндаи ин 2 ривоят: Ғоибназарова Лаълбегим (1943), зодаи деҳаи Баршор, сокини ш.Маскав. Гирдоваранда: Олими Ширинбек, соли 2014)

ҚИССАИ ХОҲАРОН

Дар вақтҳои пеш аз омадани русҳо, ба кӯҳи стони мо афғонҳо, узбакҳо, бою ҷаллодону амирони ҷойдорӣ, мардумро зулм мекарданд. Дар қишлоқҷойҳо одамони беномус бисёр будаанд, ки ҳамдиёронашонро барои як луқма нони арзан, ҷав ё ки як дуди тарёк мефурухтаанд. Ман мехостам, дар бораи гузаштагонам ба таври кутоҳе нақл кунам. Зеро ки одамоне, ки ба ин корҳо шоҳид буданд, ҳама даргузаштанд. Суханҳоеро, ки ман менависам, аз забони момои бузургворам Фотима Шехова шунидаам. Мобека ном момо, ки ба Фотима ҳам хушдоман ва ҳам хола будааст, зани бобокалонам Ошур (лақабаш бачагаш – Чуршчак) будааст ва ҳамсолонаш дӯстона уро Қурошур мегуфтаанд.

Ана ман набераи абераи ҳамон Қурошури шодравон астам. ӯ падари Худододи шодравон будааст. Модари ҳамин Худодод Мобека ном зани хубру будааст. Падару модари

Мобекаро мири Афғонистон ба зурӣ қати хонаводаашон ба

Кобул асир бурдааст. Падару модараш аз табларза мурдаанд. Аз онҳо дар Кобул ду духтар таваллуд шудаанд, яке

Мобека ва дигаре Ғарибсултон. Ҳамроҳи онҳо як зани солхурдаи ғоронӣ (номашро аз момом барои хурд буданам нафаҳмидам), қати ҳамаи хешу табораш асира будааст, ки ҳамаи хешовандони ӯ ҳам аз табларза мурдаанд. Он кампир ҳам дар қатори марду зан ва кудакон ба мир ғуломӣ мекардааст. Ҳамаи онҳо дар як иморати хароб қашшоқона мезистанд. Рӯзе мир бо навкарони силоҳдораш ба сайру гашт баромадаст ва кампир уро дида фалак зада гуфтаст:

Рӯзе, ки фалак холиқи ҷаббор кунад,

Пастиву баландӣ ҳама ҳамвор кунад.

Аз оҳану пулод бисозад занҷир,

Занҷир ба гардани ситамгор кунад.

Мир гӯш кардаасту ҳеч чиз нагуфтасту ба қасраш баргаштаст. Баъд обу авқот хурда, одамонашро фиристодаст, ки он занро ҳозир кунанд. Одамонаш омада дастони кампира завлона зада ба пеши мир оварда дузону шинондаанд.

Мир гуфтаст: – Ту кистӣ, чӣ ном дорӣ ва барои чӣ ин рубоиро хондӣ? Кампир гуфтаст: – Ин рубоиро барои зулми беамони ту хондам, ту моро аз ватан дур кардӣ, хешу табораму наздиконам ба ҷабру ҷафои ту тоб оварда натавонистанд ва мурданд. Ман бекас мондам, агар маро бикушӣ, ман аз дори ту наметарсам. Сипас боз гуфтааст:

Дар Қундузу Толиқон дили ғамгинум,

Шабҳои дароз ду пои дар занҷирум.

Эй бор Худо, ки бишканад занҷирум,

То рӯз шавад худма да(р) Ғорон бинум.

Мир фармудаст, то дасту пои занро аз завлона халос кунанду ба ҷояш баранд. Мири хунхор аз кардааш пушаймон шуда, якбора фармон додааст, ки ҳамаи асиронро озод кунанд. Вақти шом будааст, ки одамони мир асиронро озод карда гуфтаанд, то тез раванд, ки мабодо мир аз гапаш нагардад.

Эй бод биё, бод биё борон кун,

Селоба биёву Кобула вайрон кун.

Нимукша бикуш, нимукша нимҷон кун,

Ними дига(р)ша рӯ тарафи Ғорон кун.

Баъд бачамардҳое, ки зинда мондаанд, ба ҳамдигар маслиҳат кардаанд, ки бояд тифлони ятим – Мобекаю Ғарибсултонро ҳам аз ғарибӣ бароранд. Гуфтаанд, ки агар онҳо намурданд, мерасонандашон ба Ғорон, агар мурданд, ба дасти худ таги сангашон мекунанд. Вагарна, виҷдонамон то абад моро азоб медиҳад, – гуфтаанд. Сипас, сағираҳоро бо зоду авлоди худашон, ки якто-нимто зинда монданд, дар доманҳои пустину чакманҳо зада, ин шеърро хондаанд:

Мо беватанем, ба мо ватан ҳоҷат нест,

Агар бимурем, ба мо кафан ҳоҷат нест.

Дар мобайни ҳамин мардҳо Қурбонбек ном ҷавонмард аз Қозидеҳ (бобокалони Мамадамин Паҳлавонови духтур) будааст. Марди дуюм Мамадназар ном аз Шоҳиндараи Гармчашма (бобои Тиллои шодравон ва падари Нозимбек) марди бузург будааст. Онҳо ҳамин ду сағираи яксолаю дусоларо оварда ба Ғорон расонидаанд, ки аз хешу таборашон ҳеҷ кас дар ҳаёт намонда будааст. Мобекаро Қурбонбеки шодравон дар Қозидеҳ калон кардаасату Ғарибсултонро Мамадназари баномус ба Шоҳиндара бурдааст. Мобека ки калон шудааст, уро ба бобокалонам Ошур ба деҳаи

Баршор додаанд. Ғарибсултонро ба Гармчашма ба шавҳар (номашро намедонам) додаанд. Мобека бисёр хушруй будааст ва ба мирҳои Афғонистон инро боз хабар додаанд ва ҳар рӯз аскарони мирро, ки Аштнафарӣ меномиданд, меомаданду хоҷагиашонро азоб медоданд, то занро қапида баранд. Аммо хоҷагиаш уро доим дар даруни чоҳ пинҳон мекардааст. Мобека ду писар ҳамагӣ таваллуд кардааст ва рӯи онҳоро ба серӣ намедидаст. Номҳои писаронаш – Худодод ва Худоназар. Баъд момокалони раҳматиам аз ҷонаш безор шуда ба мазоре, ки дар Баршор Хоҷа Раҷаб ном дорад, пилта метобаду фирҷа ёфта рафта мурод металабад, ки ё Хоҷа Раҷаб, ё ҷонамро бигиру ё ин суратамро, ки хоҷагиям аз барои ман дар азобу шиканҷаанд. Шаб хоб мераваду саҳар бо ҳукми Худо мебинад, ки банди биниаш шиштагӣ.

Худоро шукр мегӯяд у ошкор зиндагӣ кардан мегирад.

Аштнафарӣ омада мебинанд, ки ҷавонзан безеб шудааст, рафта ба мир хабар медиҳанду ҷони Мобека аз азоб халос шудааст.

Ғарибсултоне, ки дар Гармчашма дасти шавҳар будааст, ҳангоми ҳомиладорӣ шавҳараш дармегузарад. Сипас, ӯ писар таваллуд карда номашро Бӯйдоқ мондааст. Ҳангоме ки писараш аз синни ширхорагӣ баромадааст, Ғарибсултонро ба Шехмамад ном мард ба Қозидеҳ ба шавҳар медиҳанд.

Зани пешинаи ин мард ҳам мурдааст ва фарзондони ятимаш – Акимбек, Панҷшамбе, Оташбек, Қурбонбек, Куканбек, духтаронаш Назарбегим, Давлатбегим ва Хушҳолбегим будаанд. Боз аз зани дуюми Шехмамад Зарифмо, Мамадазиз, Азим, Фотима ва Заҳро дугоникҳо таваллуд шудаанд. Яке аз рӯзҳои тобистон, Шехмамад дар хона набудааст, ки боз роҳзанҳои афғон пайдо шудаанд ва мардум ҳама тарафи айлоқҷойҳо гурехтаанд. Фотима ва

Заҳрои ҳаштмоҳа дар гаҳвора буданд. Модарашон вақте наёфтаст, ки онҳоро бигирад, ӯ заминҳоро гунҷишкбонӣ мекардаст ва аз тарсе, ки асир наафтад, кудаконро монда фарзандони калонро гирифта ба Лалм ном айлоқ, ки тарафи дараи Бағуш аст, фирор кардаанд. Шаб шудаасту мардуми хастаро дар айлоқ хоб бурдааст ва бародарашон Мамадазизе, ки тахмин 7-8 сола будааст, аз айлоқ гурехта ба қишлоқ омадааст ва хоҳарони дугоникашро дар гаҳвора зинда ёфта онҳоро монанди ҳезум ба банд баста пушт кардаасту як ғояти шаб ба айлоқ расонида, ҷони онҳоро аз марг раҳонидааст. Баъд аз чанд муддат модарашон Ғарибсултон мурдааст ва онҳо боз сағир мондаанд. Апаҳои калониашонро ба шавҳар додаанд ва онҳоро бародаронашон ва апаашон Хушҳолбегими модари Амирбек ва Шамсиддин Шермамадовҳо калон кардаанд.Фотимаро ба Баршор ба бачаи холааш Худодод ва Заҳроро ба деҳаи Бағуш ба

Бобок ном ҷавонмард (бобои Носиров Назаршо) ба шавҳар додаанд. Ин буд қиссаи Мобека ва Ғарибсултон, ки дар

Кобул аз асирони Ғорон ба дунё омаданд.

(Гӯянда: Ғоибназарова Лаълбегим (1943), зодаи деҳаи Баршор, сокини ш.Маскав. Гирдоваранда: Олими Ширинбек, соли 2014)

пешина
аз 41
навбатӣ