Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Ин дард чӣ дард, ки қапидаст сарша,

Ку дӯсти азиз, хабар кунад модарша.

Ку модари меҳрубон, бигирад сарша,

Нуқрози аҷал буридаст болу парша.

Нолӣ, нолӣ, ай нолишут беҳолӣ,

Гундушки заиф дар сари деворӣ.

Ку бачаи гумгаштаву бе ному нишон?

Ғилчҳои ура то мурданут менолӣ.

Ту булбули мастиву макон гум кардӣ,

Ҳам тиру туфангу ҳам нишон гум кардӣ.

Ин хешу табор ба ту маломат накунанд,

Фарзанди шаҳиди пурармон гум кардӣ.

Ин Кӯҳи Лаъл ба кӯҳи Зок афтодаст,

Ин мутриби мо ба зери хок афтодаст.

Ин мутриби мо мудом дар маърака буд,

Ай мобайни мутрибон ҷудо афтодаст.

Ҷои рафтат бунафшазори Балхуст,

Ай мурдани ту ёру бародар талхуст.

Ин ёру бародар ҳама дар ёди туанд,

Гуфтори тура мегану саршон чархуст.

Ай лоларухон гули суман мемона,

Ай булбули хушхон чаман мемона.

Рубоб да сутун ай ту бимонад сол(ҳ)о,

Рафтай туву рубоб нишон мемона.

Ин кутали Кӯҳи Лаълат ай кард мутриб,1

Рафтан(ҳ)ои маъракара бас кард мутриб.

Гуфтем, мутриб, биёю дар маърака бош,

Ай ҷаври аҷал гуфторша қатъ кард мутриб.

1 Гӯянда: Қурбоншоева София (1956), сокини деҳаи Дашти Ғорон.

Гирдоваранда: Ҷалолова Гулбика.

Эй хости Худо, тақдири пастум додӣ,

Дар айни ҷавониҳо шикастум додӣ.

Бахти ҳамаро ту шоду хуррам додӣ,

Бахти мани бечораро ай ғам додӣ.

Садбаргаму садпора шудум дар ғами ту,

Девонаю рангзард шудум дар ғами ту.

Аз гардиши чарху ҳам ситамҳои фалак,

Хокистару ахгард шудум дар ғами ту.

Ман модари маст будум, макон гум кардум,

Ҳам тиру туфангу ҳам камон гум кардум.

Ман гирди ҷаҳон аз ин сабаб мегардум,

Ду бачаи хушрӯи пурармон гум кардум.

Дар ғурбат агар марг расад бар баданум,

Оё кӣ канад гур, кӣ дузад кафанум.

Тобути маро паҳлуи бачом монед,

Шояд, ки расад бӯи бачом бар баданум.

Ситораи равшанма куҷо кардӣ, фалак?

Субҳро дар миёни шом ҷудо кардӣ, фалак.

Дорам, фалак, аз ту то қиёмат гилае,

Ай бачои ширинум ҷудо кардӣ, фалак.

Ин моҳра бубин, дар осмон нимкола,

Нимуш гули арғувон, нимуш лола.

Лола ба даруни худ сиёҳӣ дора,

Бачама бинет, аз му ҷудоӣ дора.

Ғаме дорум, зи муи сар зиёда,

Ғами бачам ба ҷони ман фитода.

Ғами бачам зи ёди ман намера,

Ки ғам чобуксавору ман пиёда.

Кавгак ба сари пушта танобум кардаст,

Ғамҳои бачом аҷаб харобум кардаст.

Яксу ғами мурданшон, яксу ғилчошон,

Мурдан расмуст, ғилчошон доғум кардаст.

Ҷонум таи хок, бачои ҷонум таи хок,

Ин навдои беди гулфишонум таи хок.

Сад ҷомасафед, пиру ҷавонон таи хок,

Ин бачои кудаки пурармонум таи хок.

Шабҳо ба алам, рӯз ба ситам мегирям,

Аз дасти бачом пуралам мегирям.

Мегирям зору менависам ба қалам,

Аз гиряи зори ман қалам мегиряд.

Нодидани ру(й)тон беморум кард,

Савдои ру(й)тон ба ғам гирифторум кард.

Дар хобуки шаб агар ба ёдум бизанед,

Сад ханҷари ғам аз хоб бедорум кард.

Имсол фалак хокотона мебезад,

Хун аз ҷигарум шому саҳар мерезад.

Тири ғам(ҳ)отон чӣ сӯзиш ҳое дорад,

Умрум ба мисли барги дарахт мерезад.

Дунё барбод, кори дунё барбод,

Лаънат ба касе, ки дил ба дунё биниҳод.

Ҳар кас, ки дар ин хирмани мо мекуна бод,

Коҳаш ба замин резаду донаш барбод.

Ин рӯ тоқуст, он рӯ ниҳоли тоқуст,

Рухсораи хушрӯи бачам дар хокуст.

Хокуст, хокуст, ҷиекшон ғамнокуст,

Ин ҷиеки бечораш гиребончокуст.

Имрӯз дилум намекушояд бе шумо,

Сад шаҳд хурам заҳр намояд бе шумо.

Дар ҳолати ташнагӣ лаби оби равон,

Ин оби ширин талх намояд бе шумо.

Гул дидуму гул дидуму гулдон дидум,

Ин бачои хушрума да(р) хокдон дидум.

Да(р) хокдони торики пурармон дидум,

Ин ҷияи бечорашон айрон дидум.

Гирён чашмум, ки жола меборад аз он,

Бирён ҷигарум, ки нола меояд аз он.

Кас нест, ки саҳрои дилма сайл кунад,

Ғамҳои ҳазорсола меояд аз он.

Дарё, ки калон меравад, ҷӯшаш ман,1

Оташ, ки аланга мезанад, дудаш ман.

Оташ, ки аланга мезанад пинҳонӣ,

Зардоби дили пурғама кай медонӣ.

Бодоми лабат писта надидему гузашт,

Худ мову тура шишта надидему гузашт.

Ман қади тура ба гул имоят кардум,

Ҳам рӯи тура сер надидему гузашт.

Шаҳр(ҳ)о рафтӣ ту бачаи нодонӣ,

Дар байнуки шаҳриё ту дармемонӣ.

Дармемонӣ, даста да(р) сар мемонӣ,

Чанд вақти дигар маси ватан менолӣ.

1 Гӯянда: Шодмонбекова Марзия (1961), сокини деҳаи Дашти Ғорон. Гирдоваранда: Ҷалолова Гулбика

Имсол чӣ соли футабандон омад,

Шуд қаҳри Худо, марги ҷавонон омад.

Эй хок, ту хуш бош, ки меҳмон омад,

Як қабзагули сурхи пурармон омад.

Долони баланд, соҳиби раънои ту ку?

Рафтум ба чаман, ҷои тамошои ту ку?

Рафтум ба чаман, гулҳо шукуфтан чапу рост,

Эй дашти калон, зиннату зебои ту ку?

Ҷононаи мо, ту рафтаӣ ғамзакунон,

Ай ғамзаи ту сер нашуд ин дилу ҷон.

Урмон дорем, ки боз биёӣ ба ҷиён,

Ҷонона ту рафтию мо мондем ҳайрон.

Ай дасти ту парвонаи бепар гаштум,1

Сӯхтаст ҷигарум, кабоби ахгар гаштум.

Сӯхтаст ҷигарум, кабоби сузон дили мо,

Дар фикру хаёли ту қаландар гаштум.

Субҳ дамидасту дилум ғамзадагӣ,

Дос да(р) барукум, ба сӯи гандумдаравӣ.

Меган, ту нарав, додарут тез меоя,

Дар сандуқи сурх рез-марез меоя.

Чашмут бипариду абруят бозӣ кард,

Дӯстут бигиристу душманут шодӣ кард.

Эй душмани ман, макун ба маргам шодӣ,

Ту ҳам бимирӣ, на оҳану пулодӣ.

1 Гӯянда: Мирзоева Фариштамо (1930), сокини деҳаи Дашти Ғорон.

пешина
аз 41
навбатӣ