Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

РУБОИЁТУ ДУБАЙТИҲО

Марворӣ шавӣ, назар ба руют накунум,

Гар об шавӣ, дастма ба ҷуют накунум.

Гар қавзаи гул шавӣ, ба рӯзе сад бор,

Билло ба Худо, дубора буют накунум.

Ғоронболо чӣ хушҳавое дорад,

Монандаи сурӣ духтарое дорад.

Товусу Мобека ва чанди дигаре,

Зулф(ҳ)ои базеб, чи қоматое дорад.

Додарма бубин, сӯи Бадахшон омад,

Та(ҳ)-та(ҳ)и шахо саломи пирон омад.

Партов шудаст, чакманша фута задаст,

Ай Ёғурда чу тири камон омад.

Дуто духтар таи девор мерафт,

Яке пешу дигар дунбол мерафт.

Ман қурбони ҳамон пешинагӣ шам,

Ақибнагиш мисоли бод мерафт.

Ай доиразан бубин, ки дар доира чист?

Андешаи дуру фикри бефоида чист?

Дар зиндагӣ, ки қадрма намедонистӣ,

Баъд аз мурданум гиряи бефоида чист?

Моҳе дидум, баромад аз хонаи ҷар,

Ман нола кунам, пора шава(д) банди ҷигар.

Эй додари ҷон, ҷигари садпорама дӯз,

Медӯзаму пора мешавад ҷои дигар.

Эй ҷураи ҷон, биё шикоре биравем,

Ё кӯҳи Бдорд ё Зуворе биравем.

Не кӯҳи Бдорд, не Зуворе биравем,

Аҷал, ки расид, чаро шикоре биравем.

Эй шоҳи ҷаҳон, ҷаҳон ба комат бодо,

Дар ҳар ду ҷаҳон сикка ба номат бодо.

Дар тахт нишастанат муборак бодо,

Ҳар ҷо биравӣ, тахт ба комат бодо.

Гумут кардум, шуриданут меоюм,

Ба дар бизанӣ, ба рузанут меоюм.

Ту қавзаи гул шавӣ, ба рӯзе сад бор,

Билло ба Худо, ба чиданут меоюм.

Мирзои манӣ, ки гул ба дастори шумо,

Кафш(ҳ)ои ҳазору мехча дар пои шумо.

Кафштон бидарид зи гаштани сардараҳо,

Хоре бизаду фитода аз пой шумо.

Зумрадгаҳи сабз, ки мезанад бӯи шароб,

Ту худ шакару лаъли лабонат шакароб.

Мисли дили ман, ҳазор дил гашт кабоб,

Ту хонанишин шудию ман хонахароб.

Эй кӯҳи баланд, туро камардор дидум,

Гирди камарут ақеқу марҷон дидум.

Гуфтум, ки бирам ақеқу марҷон чинум,

Аз феъли бадум, ду мори печон дидум.

Да(р) дари хонат ниҳоли тутистонуст,

Бӯи гулҳо, шамоли тобистонуст.

Мардум меган, додармурӣ осонуст,

Ноинсофҳо, чӣ дарди бедармонуст.

Дарвоза баланд, шамолукуш салқинуст,

Ин модари меҳрабони ман ғамгинуст.

Эй модари меҳрабон, ту ғамгин набош,

Ин мурдани фарзанд ба сари чандинуст.

Дуконча баланду ҳардумон шишта будем,

Якчанд сухана ба ҳамдигар гуфта будем.

Якчанд сухане гуфта шавад ё нашавад,

Доғҳои ҷудогиро кай гуфта будем.

Айлоқ ба айлоқ малол аст маро,

Дил ошиқи зори беқарор аст маро.

Айлоқзанакҳо меган ҳар рӯз биё,

Билло ба Худо, ки айни кор аст маро.

Рафтӣ, рафтӣ, анори шириндона,

Баргарду биё, даро даруни хона.

Баргарду биё, ки хона пурнур шавад,

Дӯстот хандону душманот кур шавад.

Қурбони ту шавам, ки ба ман ху намекунӣ,

Сад дил кабоб медиҳиву бу намекунӣ.

Гоҳе ба ҷанг астиву гоҳе ба оштӣ,

Ин ҳам ғанимат аст, ки рӯ як су намекунӣ.

Ба зери он дарахте шин, ки он пайванду бар дорад,

Ба пеши он касе биншин, ки аз дунё хабар дорад.

Марав бар кӯчаи саррофҳои беҳосил,

Ки ин кӯча на ширу не шакар дорад.

Аз мулкаки Хоруғ дур аст Парӣ,

Монанди анор мувофиқи ҳамдигарӣ.

Ҳар кас, ки зи ёракам биёрад хабарӣ,

Ин умри азизи худ диҳам муждабарӣ.

Аз мулкаки Мулвоҷ ба Варзоб гаштум,

Аз дасти Паримо қаландар гаштум.

Ман мехостум боз биёюм ба Ватан,

Ин дастагула гирифтаву пас гаштум.

Ширин туву ширин туву ширин номат,

Дилгир шудам ба рафтани поёнат.

Ҳеҷ кас наёмад, ки кунад пайғомат,

Дар барги гули сурӣ нависам номат.

Нозима бубин, ба банди айлоқ омад,

Монанди гули лола худуш тоқ омад.

Аммекша бубин, дар (ҳ)аваси лолаи тоқ,

Ҷиекша бубин, ки оҳ кашида зи фироқ.

Ҳайронаму ҳайронзадара медонум,

Фарҳодаму тешахурдара медонум.

Гар қатраи хунукут бирезад ба замин,

Ман Юсуфи гургбурдара медонум.

Парвин ба сари қалоту ман бандаи ту,

Бишкуфта гули сафед аз хандаи ту.

Ман мол надорам, ки нисори ту кунум,

Як ҷон дорам, ҷудо-ҷудо бандаи ту.

Себе, ки дар ин ниҳол андар лаби ҷу,

Бӯи Ҳасану Ҳусайн дар меваи у.

Ду ҷура анори мо да(р) рӯи ҷаннат,

Ҳар чор шаҳиди Карбало дар таи у.

Ҳамчун шудаам сағераи кӯҳнақабо,

Не падару не модару бо раҳми Худо.

Эй бор Худо, сағераро раҳ бинамо,

Гирад раҳи лаълм(ҳ)ову даштҳои Худо.

Садбарг ай ту, гулҳои садбарг ай ту,

Ҳеҷ гуна намешавад дилам сард ай ту.

Гуфтем, ки ҷудо намешавем то дами марг,

Рӯзе, ки ҷудо маро кунад марг ай ту.

Солум ба навад расид, умрум кам шуд,

Дастум ба асо расид, пуштум хам шуд.

Оинаи равшане, ки мо медидем,

Зангор гирифту равшаноиш кам шуд.

Пирӣ ки расид, банди зиндонум кард,1

Ақлу ҳушама бибурду нодонум кард.

Ман дастаи гул будум ба гулзори чаман,

Монандаи хор дар биёбонум кард.

Кабутари сабзи мо ҳаво карду бирафт,

Дидум, ки ба дашти Карбало рафту гузашт.

Гуфтум биравум, хаймаву хиргоҳ бизанум,

Дастум нарасиду нолаҳо карду бирафт.

Дар мулкаки Ғорон дилум хайбар шуд,

Аз нолаи ман ду гӯши мардум кар шуд.

Аз нолаи ман фақат шумо бехабаред,

Ҷон дар баданам бисӯхту хокистар шуд.

Афсӯс, ки моҳи амбарима бурдан(д),

Садбарги сафеди сиварима бурдан(д).

Садбарги сафеди саҳарӣ доди Худо,

Ду дев шуданду як парима бурдан(д).

Мо хели кабутарему ҷо(й)мон камаруст,

Мо месӯзему модари мо бехабаруст.

Модарма бугу алови дӯзах нахарад,

(Ҳ)авли дили мо зи (ҳ)авли дӯзах батаруст.

1 Гӯянда: шодравон Давлатмамадова Сафархотун (1918-2003) аз деҳаи Баршори Ғорон. Гирдоваранда: Олими Ширинбек, соли 1995.

пешина
аз 41
навбатӣ