АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.
Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа
Гирд аст кўзача,
Гирдомагирд аст кўзача.
Донаҳазор аст кўзача,
Кунгурадор аст кўзача.
Зард асту зардолу не,
Сурх асту шафтолу не.
Дар боғи амирон аст,
Хўроки вазирон аст.
(Анор)
(Турунҷ)
Луғат:
Турунҷ-меваи ба афлесун монанд.
Ревоҷ-чукрӣ.
Гирдгирдаш найзаҳо,
Дарунаш пури тилло.
(Хўшаи гандум)
Он чист, ки чор хона дорад,
Андар сари хеш шона дорад,
Барф аст миёни хонаҳо пур,
Ин турфа барф, ки дона дорад.
(Пахта)
Яке ғору ду навшор,
Дуи дигар думи мор.
Ду хонаи занбўрон,
Як ҷангали Хуҷистон.
(Даҳон, бинӣ, абрў, гўш, сар)
Як ҷуфт кабўтари алоянд,
Ҷуфтанд, зи ҳамдигар ҷудоянд.
Парвоз кунанд рўи олам,
Аз хонаашон бурун наоянд.
(Чашм)
Ин сў арра,
Он сў арра,
Миёна гўшти бара.
(Даҳон, дандон, забон)
Бибии сафеди болаззат,
Чорта надодӣ аз ҷаззат,
Муште занам ба хирманат,
Фардо, ки хирманат пазад.
(Равғани думба ва палав)
Ҷилди ман, лаззати ман,
Меҳмонгусел, иззати ман.
(Тушбера)
Алшишаю балшиша,
Ду рўған ба як шиша.
(Тухм)
Рўз ҳалак-ҳалак,
Шаб даҳанялак.
(Пойафзол)
Аҷоиб луъбате дидам,
Ба қаддаш ҷома буридам,
Ба сумаш наъли пўлодӣ,
Даҳан аз фарқи сар дидам.
(Мўза)
Ин сў равам, мезанӣ,
Он сў равам, мезанӣ.
Гардакама мехўрӣ,
Маро чаро мезанӣ?
(Элаку орд)
Аз боми пастак орд мерезад.
(Элак)
Зоғчаи сиёҳаки мо,
Хонанигоҳдораки мо.
Боло шикоф,
Поён шикоф,
Дар миён обу алов.
(Қулф ё қуфл)
(Самовор)
Аҷоиб сурате дидам, ки шаш пову ду сум дорад,
Аҷоибтар аз он дидам, миёни кифт дум дорад.
(Тарозуи дастӣ)
Сар даруни об,
Дум беруни об.
(Кафлес)
Чист он ходими камарбаста,
Як тан асту ҳазор сар дорад.
Ҳар кӣ ўро барад бар хонаи хеш,
Хоки пояш ба дида бардорад.
(Ҷорўб)
Сар-сари девор меравад,
Рўдакашолон меравад.
(Сўзану ришта)
Аз асп баланд, аз охур паст.
(Зин)
Чун осиё гардиданаш,
Чун аждаҳо ғурриданаш,
Оҳанхўру оташфишон,
Мори сиёҳ бар гарданаш.
(Чархи кордтезкунӣ)
Аҷоиб луъбате хушкор бошад,
На онро хобу на бедор бошад.
Гуле дорам, ки он бехор бошад,
На дар дашту на дар кўҳсор бошад.
(Илм)
Як порча замин доштам,
Тухми сиёҳ коштам.
Бо чашми худ бидидам,
Бо ақли худ шинохтам.
(Китоб)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё