Зеҳн
Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.

зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя

ЗУКАХЎР

Ман ҳар раҳ, ки амаки Салмонро ба ёд меорам, ҳамоно ду ҳамёни камараш пеши назарам меояд, ки якеро бо наботҳои баробари чормағз ва дигарро бо талқони гўшти гунҷишк анбошта буд.

Амаки Салмон ҳар раҳ вориди шаҳр мешуд, ки моҳе як-ду бор созгор меафтод, вақти бозгашт, ҳамеша ҳамроҳаш набот дошт, наботи сапед– зардашро намехарид, зеро онро аз меъёр зиёд сўхта мешумурд.

Ҳамдеҳагон ҳаминки амаки Салмонро назди мошини пўшида омодаи сафар медиданд, ба яқин медонистанд, ки андаруни анбонаш чист.

Амаки Салмон наботро меовард, рўи дастархон мерехт, тахтачаву кўбаро меовард, бароҳат рўи кўрпача менишаст – чаро занашро ба ин кор масъул намекард, муаммо буд – сипас тахтачаву кўбаро пеш мекашид, кўбаро ба даст мегирифт ва хўшаҳои наботро ба андозаи чормағз мешикаст. Вақте ин амал поён меёфт, ҳамёни миёнашро берун меовард, андар он набот меанбошт, боқимондаро бурда, ба намакдони рағзаӣ меандохт.

Чандин сол қабл, ки намак камёб буд, занҳо онро ғиём мекарданд, барояш аз рағза намакдон мебофтанд, чунонки чўпонон барои пиёла аз чарм пиёладон медўхтанд, баъд, ки пиёлаву намак арзонӣ шуд, дигар намакро дар бутриву қуттии чой, консерву ҳар гуна бонкаҳои холӣ мегирифтанд, пиёларо чанд дона ба чарогоҳ мебурданд, агар яке шикаст, дигарро берун меоварданд.

Амаки Салмон наботҳои боқимондаро ба намакдони рағзаӣ меандохту онро дар сутуни айвон меовехт. Аз мўрчаҳо парво надошт, чароки мўрчаҳо аз мўйҳои сих-сихи рағза ҳаросон буданд ва ба он наздик намешуданд, шояд амаки

Салмон инро медонист, ки наботҳоро тўи намакдон мерехт.

Зан ва бачаҳои амаки Салмон бо қанд ё шакар қаноат мекарданд, магар писари дувумаш – Шаҳрон гоҳу ногоҳ ба набот

«сарторик» мешуд ва аз намакдон донае чанд медуздид ва онро мак-макон назди ҳамсолонаш худнамоӣ мекард.

Гуфтем, ки наботгирду сохтан коре саҳл буд, аммо талқон таҳия кардан хуб доругирифте дошт.

Амаки Салмон сабади азимеро ки дар маъракаҳо дар он зардҷома (сабзӣ) мешустанд, рўи бом мебурд, зери он арзан мепошид, баъд як гўшаи сабадро бо чўбаке ба андозаи халачўб устувор мекард, ки қисми зери он бо канабе баста буд, гўшаи дигари канабро ба даст мегирифт ва худро бо он дар ҷуволсабади гўшаи дигари бом мепаноҳонд.

Ҳаминки гунҷишкони бехабар ба умеди тамаъи арзан даҳ-понздаҳто зери сабад ҷамъ мешуданд, амаки Салмон банди дар дасташ будаи канабро мекашид, гунҷишкони ғафлатзадаро маҳбус мекард, бо хушҳолӣ аз паногоҳи худ берун меомад, шолпораеро рўи сабад мепартофт, зеро чун бачааш дохили сабад гардад, гунҷишкҳо худро берун зада, зери шолпора бимонанд, раҳо наёбанд.

Ба ин роҳ амаки Салмон даҳ-понздаҳ рўз «сайёдӣ» мекард ва сад-дусад дона гунҷишк ба даст меовард ва ҳамаро яксара тан аз сар ҷудо мекард, пар меканд, шикамашонро чок мекард, ба қавли худаш «дурунмояашонро» берун меовард, мешуст, намак мезад ва он гоҳ бо дирафше ҳамаро ба кандир мекашид ва дар шамолрави айвон меовехт, албатта докапеч карда, то пашшаҳо тухм нагузоранд, мўрчаҳо ҳуҷум наоранд.

Даҳ рўз пас амаки Салмон он ҳамелро поён меовард, як-як ё ду-ду дар ҳован меандохт, мекўфт, чун нарм мекард, мағзи гирдуву донаи мавиз ба он ҳамроҳ мекард ва тунбончаи камарашро берун оварда, ин ҳамаро қисмат мекард, чун анбончааш анбошта мешуд, боқиро ба чумчадони рағзаӣ мегирифту дар шаҳсутуни айвон меовехт дар мехи дигар.

Ҳар куҷое мерафт, қабл аз рў овардан ба дастархони мизбон, аввал даст ба камар мебурд. Ҳамёни талқони гунҷишкро берун меовард, як каф талқон рўи дасташ мерехт, пасон онро ба даҳон меандохт ва мемакид. Чун аз ин кор фориғ мешуд, боз даст ба камар мебурд ва аз ҳамёни дигар набот берун меовард, ду-се дона андар пиёла мекард... ва бо ангушти ишора онҳоро мечархонд.

Пиёларо чунон ба лаб мебурд, ки ангор нўшдору ба даҳон мебарад.

Амаки Салмон ҳамеша аз ин ҳамён ду ё се наботпора берун меовард, ин рақам ҳеҷ гоҳ дигаргун намегашт, агар рафту дар анбончаи ў як дона набот мемонд, вай онро берун меовард, тагу болояшро менигарист, бозпас дар ҷояш мегузошт ва даҳони ҳамёнро баста ба камар мезад ва мардум пай мебурданд, ки захираи наботи ў ба поён расидааст ва дигар амаки Салмон на даст ба чой мебараду на ба нон, то он замоне ки шумори ин шаҳқутҳоро такмил надиҳад.

Агар шахси ноошно бо ҳайрат мепурсид, ки ин тунбончаҳоро чаро бо худ мегардонад, аз ин нафъ чист, ҳамон як ҷавобро мешунид: «Ман ба ин ду чиз аз хурдӣ шудаам одатӣ ва чун медонам, ки онҳоро дар ҷои дигар пайдо наметавон кард, бо худ мегардонам.

Нафъ ин аст: талқон – давои миёнам, набот – марҳами ҷонам!»

Аммо касе надидаву нашунида буд, ки амаки Салмон аз шаҳқутҳои худ нафареро чошнӣ дода бошад. Агар рафту касе ба рў чарм мегирифт, ё худро рўинтан месохт, хоҳиши аз ун шаҳқут чашидан менамуд, амаки Салмон лоқайд бо ангушти ишора як ба дарахтони атроф ва як ба мағозаи деҳ ишора мекард ва мегуфт:

– Мана, ҷонам, яке ин ҷо чиқ-чиқ дорад, дигаре он ҷо пиқ-пиқ.

Кори дигаре ки амаки Салмон мекарду дигаре дар деҳ намекард, ин майкашии ў буд. Гузашта аз ин дар деҳ касе ниҳоли ток надошт, амаки Салмон дошт. Чароки ток гармидўст буд, деҳи мо сардсер буд, ба мисол агар тобистон рўи бом бихобӣ, ночорӣ зери кўрпа ё кампал дароӣ.

Амаки Салмон навъе ток оварда буд, ки ба сармо тобовар буд. Ба тарбияи онҳо заҳмати зиёде сарф мекард. Обу хокашон ороставу қомати токҳо пероста буд.

Вақте ҳосилро меғундошт, баргҳо яксара мерехтанд, хадраҳои ҳар як ниҳолро бо токбур мебурид, баъд ҳама дарахтонро латтапеч мекард, пасон мерафт пайи овардани мулло Бухоризода.

Мулло меомаданд, дуову фотиҳа мехонданду мерафтанд ва амаки Салмон ба «гўронидани» дарахтон мепардохт. Ба дарозои ҳар ниҳол «гўр» меканд ва баъд бо сад эҳтиёт онҳоро хобонида, рўяшон хок мекашид, рўзе як раҳ разистони мадфунро хабар мегирифт, ки мабодо ҳайвоне осеб зада бошад. Чун баҳорон мерасиду сабза медамид, дарахтон гул мекарданд, каррок симҳои барқро нишеман месохт, чароки гуфтаанд:

То набинӣ каркарикаррокро,

Аблаҳе бошӣ, кушоӣ токро! амаки Салмон боз пайи овардани мулло мерафт. Мулло ҳам ки «нағмаҳои» ўро медонистанд, меомаданд, сидқан дуову фотиҳа мехонданд ва мерафтанд. Ана, баъд амаки Салмон бо тарсу ҳарос ба кандани «гўрҳо» меоғозид. «Оё ниҳолҳои ҷонпарвари ў аз сармо газанде надидаанд?»

Амаки Салмон вақте медид, ки токҳо ҳама солиманд ва оғоз ба барг кардаанд, хеле хушҳол мешуд, чунон хушҳол мешуд, ки раги яхбастаи ҳимматаш об мегашт ва писари хурдиашро мефармуд, ки раваду фалону фалону фалонро ба токистон хонад.

Дўстон дар токзор ҷамъ мешуданду амаки Салмон як хумчойник барояшон май меовард, онро ҳамон ҷо бо рафиқон мехўрд. Чун дўстонаш медонистанд, ки чойники дувум аз ў хостан бефарҷом аст, ба ў зиёда барору ба токзораш ҳосили бешумор орзу мекарданду мерафтанд.

Вақте ки ангур ало мешуду гунҷишк бало, амаки Салмон дар токистон каппа мезад, на бачаву кача, ғулбаву сорча... ҳеч ҷондореро ба разистон наздик шудан намемонд. Агар ҷое мерафт, ба сўгу сур ё ба шаҳр, бачаҳояшро ҷонишин мекард.

Ангурпаз амаки Салмон сертараддуд мешуд, тамоми аҳли оилаашро ба по мехезонд. Ҳотаи хонаашро зану духтар бояд чунон об задаву мерўфтанд, ки хасе дар ҷое ба чашм наяфтад. Тамоми ашёи майкашии ў бояд шуставу лифмолкардаву хушк шуда бошанд.

Амаки Салмон бо токбур ба токзор меомад, дуое ки мулло Бухоризода ба ў ёд дода буд, замзама мекард, сипас бо токбур хўшаҳоро аз шохаҳо бурида дар сабад – чунонки модар кўдакро дар гаҳвора – мегузошт, ҳаминки сабад пур шуд, писаронашро мефармуд онро боэҳтиёт, бешитоб то хона бубаранд.

Вақте хўшаи охиринро мебуриду ба сабад мегузошт, он гоҳ қаноатманд ба хона руҷўъ мекард ва зану духтарашро супориш медод, ки ҳамаи онҳоро дар оби чашма хўша ба хўша бишўянд, офтобандар гузоранд, шабонгоҳ ҷамъ оранд ва дар айвон гузоранд. Субҳ чун аз хоб мехесту дасту рў мешуст ва ҳам наҳор мехўрд, омодаи майкашӣ мешуд.

Даставвал ангурҳоро ба сараву носара ҷудо мекард. Сараҳоро дар овангҳои шифти анбор ба фалах мекашиду носараҳоро ба қавли Рўдакӣ дар чархушт зиндонӣ мекард. Чархушт маводи хўрокии худаш буд ба ҷиғилдон, анбор захираи оила буд ба зимистон...

Майкашии ўро ҳама аҳли деҳ ғайр аз мулло Бухоризода як раҳ - ду раҳ дида буданд. Мулло ҳарчанд аз имону имкон дидан нахоста буданд, лек тафсили онро ба марра шунида буданд. Амаки Салмон чунонки занҳои деҳ дўғро дар куппӣ мезананд, пушкак мегирифт, агар кўбаи ўро ҳамин тур бихонем ва ангури чархуштро ҳамон тур ба кўбидан меоғозид, ки гумон мерафт, кадом як душмани ҷонашро он ҷо хобонида бошад.

Ҳафт рўз чархуштро бо ангури дарунаш ба ҳоли худ мегузошт. Пас аз як ҳафта боз ба «куппизанӣ» сар мекард.

Чун як рўзи тамом «куппӣ» мезад, пасон боз як ҳафта чархуштро ба ҳоли худ мегузошт, баъд ҳар се рўз пас ангури чағдегро мекўфт ва билохир баъди чил рўз туфл – шилхаҳои ангурро аз чархушт берун меовард, онҳоро дар як тағора мегирифт барои чорпоён, майи чархуштро тақсим мекард ба дувоздаҳ кўза ва ба сари ҳар кўза пуфак мебаст.

Ҳаминки пуфакҳо дам карда мекафиданд, ҷои онҳо пуфаки нав мебаст. Пас аз таркидани пуфаки севум майи кўзаҳоро ба як хум мерехт, даҳони хумро бо сарпўш мепўшид, рўи сарпўш як санги якмана мегузошт. Ва мерафт ба катаки мурғон, чаҳор мурғро берун меовард, сар мезад, пар меканд, ба қавли худаш «дурунмояашонро» тоза менамуд, сипас онҳоро даруни хум меафканд ва моҳе пас чун медид, ки аз ин мурғон устухоне боқӣ намондааст, ба хулосае меомад, ки май ба нўшидан ҳозир аст. Он гоҳ бори дигар сарпўши хумро бо диққат ба даҳони хум ҷойгузин мекард ва бо хамир онро мўҳр мезад. Чун Наврўз мерасид, даҳони хумро боз мекард ва ҳафтае як раҳ барои худ ид меорост. Пеш аз он ки як хумчойник май болои кат пайдо шавад, амаки Салмон барои худ шаҳқут омода мекард.

Мурғеро сар мебурид, пар меканд, ба қавли маъруф «дурунмояашро» бурун меоварду баъд маслухро ба ҳавсала дар оби ҷўй мешуст, рўи кунда гузошта, бо корд мўҳраҳояшро як-як хурд мекард, зеру забарашро намаку зираву мурчи суда мемолид.

Таҳи ҳезуми бурс фурўзона метапиду гўгирд мезад, оташ лахча, ки шуд, аз оташдон берун меовард, мурғро рўи тобасанги он ба қавли худаш «нақши санг» мекард, рўи он аввал шаппаи бурс, баъд баргҳои кўмот мечид, сипас хокистару лахчаро рўи ин ҳама мекашид.

Бист дақиқа пас ин амалро бозгуна мекарду мурғи булаҷаб пухтаву хеле иштиҳооварро аз рўи тобасанг мебардошт ва гармогарм ба тани он хомак (қаймоқ) мемолид.

Мухтарии ин «шаҳқут» (деликатес) худи амаки Салмон буд ва онро пеши худ «тобакабоби Салмонӣ» мегуфт.

Амаки Салмон аз пиёла ҷуръа-ҷуръа май менўшид ва аз ҳар навъи нуқли дастархон мемазид, чун сархуш мешуд, даст ба танбўри ёнаш меязид. Ва овози ширадору форами ў баланд мешуд:

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду

Бухороро...

... Чун дўстон мешуниданд, ки Салмон мўҳри хумро бардоштаасту аз майи нав чошнӣ гирифтааст, ба табрикаш меомаданд ва буд яке байни онҳо, ки ҳатман ба рў чарм мегирифт, худро рўинтан месохт ва ҳаваси нўшидани май менамуд, амаки Салмон лоқайд аввал ба

катаки мурғон ишора мекард ва баъд ба разистони худ:

– Мана, ҷонам, ин ҷо яке қуд-қуд дорад, он ҷо яке ҳуд-ҳуд!

Аммо рафиқон низ бас сода набуданд, гоҳу ногоҳ пайт ёфта, қасди худро аз ў меситонданд.

Амаки Салмон моҳе як раҳ - ду раҳ шаҳр мерафт, моҳихўрӣ! Ба ҳар ҳол ҳама чунин мепиндоштанд. Бо Шопури Моҳигир ҳамгап набуд. Зеро ҳар вақте аз ў моҳӣ мехост, ё Шопурро коре пеш меомад, ё моҳӣ ба чангак наздик намеомад. Аз ин рў шаҳр мерафт, то шикамсерӣ моҳӣ бихўрад.

Ба ҳар ҳол ҳама чунин мепиндоштанд.

Вақте амаки Салмон дар истгоҳи мошини пўшида, назди мағозаи деҳ пайдо мешуд, ҳатман яке аз рафиқонаш низ ҳозир мешуд ва хоҳиши шаҳр рафтан мекард.

Агар рафту шумори ин рафиқон ба ду меламид, ногузир ба хотири амаки Салмон мерасид, ки дар хона чизи муҳимеро фаромўш кардааст ва мерафт ба хонаашу барнамегашт. Аз ин рў дўстонаш навбат карда буданд ва мувофиқи он як нафар ҳамсафари амаки Салмон мешуд.

Мошини пўшида ҳамарўза як раҳ меомаду мерафт. Мусофирон ночор буданд як шаб хонаи хешу табор бимонанд, агар хешноме дошта буданд, вагарна сарои колхоз. Амаки Салмон низ шанбе мебаромаду якшанбе бармегашт. Ҳамвора ҳамин тур буд, агар зимистон роҳро барфкўч нагираду баҳорон пулро сел набарад.

Амаки Салмон чун аз мошин пиёда мешуд, роҳи чойхонаи «Агмаддараро» пеш мегирифт ва он ҷо то нимарўзӣ лангар мепартофт, чароки Сармаддара чойхона надошт, агар ҳам медошт, гумон буд, ки амаки Салмон он ҷо равад, агар моҳӣ намедошт.

«Агмаддара» дар лаби чашма буд.

Чашма пурмоҳӣ буд. Ҳаминки амаки Салмон ягон катро банд мекард, чойсолор дартоз мерасид бо ду болиш зери каш. Ба шарикони амаки Салмон лўлаболише ҳам намеовард, зеро туфайлӣ будани ҳамаи онҳоро медонист. Чун катҳои чойхона дорафзин надоштанд, амаки Салмон ҳаққи комил доштанд, ки ду болиш зери каши худ бигиранд. «Ба як болиш такя зада, ки нашавад!» – худро тасалло медоданд шарикон.

Чойсолор баъди болишҳоро ба амаки Салмон таслим кардан, ҳамеша ҳамон як суолро медод.

– Аз охуриҳо?

Амаки Салмон бурути чапу росташро масҳ кашида, сар меҷунбонд. «Моҳиҳои охурӣ» истилоҳи сохтаи худи амаки

Салмон буд. Яъне моҳиҳои бузурге буданд, ки дар ҳавзаки чашмасор махсус парвариш меёфтанд ва мизоҷони доимӣ аз онҳо ҳаққи ҳар навъ моҳибирёну моҳишўрбову моҳикабоб фармудан доштанд.

Чойсолор ёварашро мефармуд, вай мерафт аз ҳавз ду моҳии бузург, ки ҳар яке тақрибан ду кило вазн дошт, берун меовард, зинда шикамашонро чок мекарду тоза, бо сихи вежаӣ танашонро шикоф мекарду сир мехаст, ба шикамашон ҳар навъ забуда: помидору гашничу райҳон, зира, нахўду шалғаму сабзӣ ҷой медод ва бо диққат онро медўхт, баъд се сих мегирифт, аз гардану шикаму дум сихҳоро мегузаронд ва бо эҳтиёт рўи кўра мегузошту ангиштҳои фурўзонро зери моҳиҳо ҳамвор мекард, ки якқисму баробар бипазанд.

Амаки Салмон моҳии худро чунон ба оҳистагиву лаззат мехўрд, ки шарикаш ҳаққи худро барвақт тамом мекард ва пиёлаи чойи сабзро ба лаб бурда, ўро бо ҳавас менигарист, ки зистанро ҳам медонаду хўрданро ҳам.

Амаки Салмон моҳияшро мехўрду дасташро пок мекард ва ду-се пиёла чой мехўрд ва баҳои таомро мепардохт ва ба ҳаққи дастархон дуо хонда, аз ҷой баланд мешуд.

Қонуни нонавиштае буд, ки туфайлӣ ба роҳи худ мерафту амаки Салмон ба роҳи худ. Танҳо рўзи дигар назди сарои

Сармаддара – ҳар колхоз сарое дошт – мошини пўшида меомаду мусофиронро мегирифт. На туфайлӣ аз амаки Салмон, на амаки Салмон аз туфайлӣ намепурсид, куҷо буду чӣ кард.

Аммо амаки Салмон чун аз думгираки худ ҷудо мешуд, ҳамеша роҳеро пеш мегирифт, ки худаш медонисту чанд дўсти шаҳрияш. Ин роҳи бангихона буд, ки дар гўшаи хилвати шаҳр паноҳида буд.

Амаки Салмонро бештар хумор ба ҳамин бангихона буд, то ба моҳиҳои охурӣ.

Амаки Салмон то шом банг дуд медод ва ҳаминки кайфаш боло мегирифт, ба хонаи дигар мегузашт, ки «меҳмонхона» ном дошт. Рўи кўрпачаи чиркин дароз мекашид ва сар ба лўлаболиши аз он ҳам чиркинтар мегузошт...

… баногоҳ садои карнаю сурнай баланд мешуд, мардуми кишвари Сарандеб аз хонаҳо ба кўчаву хиёбонҳо мерехтанд.

Амаки Салмон ғайр аз Сарандеб вуҷуди дигар кишварро қоил набуд. На аз ун хотир, ки нохонда буд ва ҳам на аз ун хотир, ки худованд ҳазрати Одамро ба он ҷо бадарға карда буд, балки васфи ин мамлакатро аз мулло Бухоризода шунида ба он ошиқ шуда буд.

Баногоҳ амаки Салмон бо шигифтиву ҳайратзадагӣ мебинад, ки шоҳаншоҳи Сарандеб худи ўст, дар тахти равоне нишаста аст ва хидматгорону ғуломони зангӣ ўро ба қасри шоҳӣ мебаранд.

Мардуми кишвари хушбахт пеши пояш гул мепошанду тори сараш зар мечошанд ва ўро ба қасри шоҳӣ меоранд, ки дар боғи он хонтахтаи хеле азим гузоштаанд, рўи он ғайр аз шири мурғу тухми анқо ҳама анвоъи хўрданӣ ва нўшиданӣ муҳайё. Оҳувону товусон дар гулгаштҳову гулзорҳо мехироманд, ромишгарон менавозанд, раққосон арғушт мераванд... шоҳаншоҳро ба зораву лобаи мардум раҳм меояд ва аз ҳар нуқле чошнӣ мебардорад...

Субҳ амаки Салмон бо сари гиҷу димоғи хира аз лўлаболиш сар мебардорад, бо ҳайрат худро дар Сарандеб неву дар Шарандеб. бангихона мебинад таги танаш кўрпачаи чиркину зери сараш лўлаболиши аз он ҳам чиркинтар.

Амаки Салмон соате рўи ин таҳаввул андеша мекунад ва ба хулосае меояд, ки зиндагӣ ҳамин ҷур аст – гоҳе туро ба Сарандеб, кишвари биҳиштиву гоҳи дигар ба Шарандеб, кишвари дўзахӣ меандозад.

Ин номи ахирро амаки Салмон аз кӣ ва дар куҷо шунида буд, дар хотир надошт.

аз 17
навбатӣ