Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.
зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа
КУШТОР ДАР ЯЛМО
Бобои Баҳром ин қиссаро ба сахтӣ нақл мекард, ки худ шоҳиди он буд.
Ҳамвора дар поёни қисса меафзуд: «Худованд ҳеч бандаашро ба ин рўзҳои сиёҳ гирифтор насозад!»
Ман сездаҳсола будам, падарамро барои чанд сар чорпову як порча замини меросӣ кулак карда буданд. Дигар «кулакҳоро» хонахез мебурданд, аммо чи шуду чи монд, ки – ман то ба ҳол сабабашро намедонам – танҳо падарамро бурданд. Ҳамин Сангин, ки имрўз сари танҳо мегардад ва масҷиди Шоҳаксохтаро иҷора гирифтааст, бо падару модар ва ҳафт хоҳару бародар бадарға шуда буд.
Аз ин хонавода танҳо ў баргашту бас. Ин ўст, ки мегўяд: «падарам мурду маълум накардем, ҷасадашро байни ғарами ҳезум пинҳон кардем, то чор-панҷ моҳ «паёкашро» бигирему ба қути лоямути худ биафзойем...»
Мани кўдак саробони модар ва хоҳару бародар будам. Чун чорпоён ва заминро мусодира карда буданд, ман бояд пайи рўзии хонавода мешудам. Зимистон ба чўпонҳо кўмак мерасонидам, баҳору тобистону тирамоҳ ба машғалаи колхозчиён ҳамроҳ будам.
Тобистони соли 1934 маро дастёри ду хирманкўб дар Чоштеппа таъин карда буд раиси колхоз. Барояшон аз Кафкрўд ба фарози Чоштеппа об мекашидам ва рўзе се раҳ ба қавли худашон «ҳалилоб», яъне ордоба мепухтам, гоҳе субҳона бо хоҳиши худашон ба ҷои ордоба кўмоч мепухтам. Шабона барзаговҳоро давру пеш чаро медодам...
Ҳамроҳони ман ду марди миёнасол яке Муроди Чокар, падари ҳамин Фармони Мурод, дигаре Маҳрбони Шаҳрбон – падари Яздони Маҳрбон буданд. Яке серҷоғу тундхў, дигаре мулоиму камгап.
Яке ҳамеша аз зиндагии сахту пешонии тахти худ менолид, дигарӣ ҳамаро аз қазои яздон медонисту ба тақдир тан дода буд ва ҳар пешомадеро орому сазовор мепазируфт. Аввалӣ ба олам аз паси шишаи дудандуди оҳангархонаи Пиршодӣ менигаристу дувум аз тирезаи рўшани хонаи худ.
Мавзеъе ки мо хирман мекўфтем, аз Сармаддеҳ наметобад, паси ҳо он хамӣ, ялми он ҳосили зиёде намедиҳад, ағлаб солҳои анбортиҳӣ кишт мекунанд, ки ба қавле аз хирс мўест. Он ҷо ду-се дарахти бурсу як буттазори тунук иборат аз танбатана, вағнич ва хома. Афзалияти ин мавзеъ ҳам аз даштаки Ялмо, ки ягон буттаву дарахте надошт, ҳамин буд.
Шарикони ман рўзе набуд, ки сари масъалаи ночизе бо ҳам баланду паст наоянд. Раис ҳам ин дуро як ҷо гузоштанӣ набуд, лек ночор монда буд, ки мардони ҳузарбро мувофиқи супориши марказ ба дашти азими Марғу бифиристад барои корез буридан. Раис агар ба Марғу намерафт, ҳатман аз Чоштеппа дидан мекард, чароки дилаш аз ин ду тан пур набуд, пинҳонӣ Маҳрбони Шаҳрбонро саригўшӣ карда буд, ки аз шарикаш бохабар бошад ва Муроди Чокарро ҳушдор дода буд, ки муроқиби ҳамкораш бошад. Маро низ гуфта буд, ки аз ин ду тан чашм наканам. Бечора раис тарс дошт, ки ин ду тан забон як карда, маро гўл зада гандумро медузданд, чароки мегуфт ў, тангдастӣ одамро ба ҳар роҳ мебарад!
Раис меомад, чошро чашмбарандоз мекард, аз лаби он дуним тоқӣ гандум мебардошт ва ба табангуи дасти ман мерехт, ман ҳам онро мебурдам ва бо санги ғармич орд мекардам барои хўроки якрўзаамон.
Вақте ин ду чоштгоҳ барои хўрок хўрдан ба сояи бурс меомаданд – субҳу шом ҳаво мўътадил буд, сари хирман мехўрданд ва ҳамон ҷо мехобиданд. Чун ман нигаҳбони хирман мешудам, корам ҳамин буд, ки гунҷишкакон, кабўтарони доначинро бо камонғўлаки худсохт шикор мекардам.
Бегоҳ онҳоро ба химчае хаста, рўи лахча мегузоштам.
Шариконам аввал аз сайдҳои ман ҳазар мекарданд, аммо чун раис омаду дар бораи гўшти гунҷишк ва кафтар ва фавоиди он амри маъруфе кард, ҳарчанд барои гўшҳои ман набуд, Шаҳрбон ба сўи ман ишорае ҳам кард, раис даст афшонд, ки дар қадим кўтаҳумр буданд ва дар синну соли ин ду-се фарзанд доштанд, шарикони ман бо майл гўш ба раис доданд.
Аз нақли раис маълум гашт, ки гунҷишк пурсикандтарин парандаи рўи замин будаасту гўшташ нерўи мардиро чандин карат афзуда, ҳатто хартуми овезонро хезону сахт мекардааст.
Аз ин рў шоҳону амирон, ки занҳои зиёде доштаанду барои ҳар шаб бо яке хобидан мадор надоштаанд, гоҳе назди зан шармсор мешудаанд ва он занро субҳ мекуштаанд, вартишсолору гунҷишксолор доштаанд, ки бо панҷ-шаш нафар корашон ҳамин будааст, ки рўзи дароз гунҷишк бидоранду ба ҳар навъ гунҷишк бипазанд. Ҳаминки гунҷишк ба дили шоҳ ё амир мезадааст, он гоҳ вартишсолор – ҳамин бедонае ки мегўем, ба шикор меоғозидааст ва вартиш баъди гунҷишк дар сиканд (секс) мартабаи дуюмро доштааст... Шоҳ субҳ аз тухми вартиш хогина, чошт аз гўшти он зирабо, шом аз дилу ҷигараш тобакабоб мехўрд.
Агар ин ҳам коргар наёмад, хоябоширо суфориш медод... Филҷумла ин хояҳоро аз субҳ то шом дар оташи паст чунон мепухтаанд, ки як дег хоя як коса қиёми мурдаро зиндасоз мешудааст, одам чӣ, фил агар хурад– ба рақс медаромадааст...
– Ба мо як каф гандумбирён ҳам бас аст, ки ба рақс дароем, – гуфт Муроди Чокар, - ҳамонро ҳам намеёбем!
– Барои он ки, – гуфт раис, – рўдаву меъдаи шумо чунон ҷуҳон шуда, ки дигар узвҳоро аз кор баровардааст.
\* \* \*
Рўзи дигар ман панҷ гунҷишк ва як кабўтар шикор кардам. Онҳоро чун пешина ба сих хаста, кабоб кардам ва назди рафиқон омада нишастаму якеро аз сих берун кашида ба даҳон бурдам.
Муроди Чокар лаҳзае чанд ба лабу дастлесиҳои ман нигаристу кафашро сўи ман дароз кард.
– Ку, якта ба ман ҳам деҳ, – чунон гуфт, ки гўё марҳамате ба ман ва гунҷишк менамуда бошад. Баъди чанде амаки Маҳрбон низ аз ў пайравӣ кард. Дигар то охири кўчбандии мо онҳо «ҳамтабақи» ман буданд.
Вақти хирман бод додан ва ба халтаҳо анбоштани гандум ҳам расиду нолишу лобаи Муроди Чокар низ. Соате пас шошидан мерафт. Ҳарчанд дар тан пироҳану шолвор ва дар пой чорухи кўҳнае дошт ва пеши чашмамон рад мешуд бо дасти холӣ, боз дили амаки
Маҳрбон дур рафт ва чун ин навбат ҳам Муроди Чокар шошидан рафт, амаки Маҳрбон маро назди худ хонд ва гуфт:
– Гўш кун, додарзода, медонӣ, ман чӣ гуфтан мехоҳам: ин гўрсўхта дар деҳ шикояте, ҳатто дар фасли сармо, аз гурдаҳояш надошт, ин ҷо, ки бо мо буд, дам ба дам намерафт – боз дар дами офтоб, ки арақ аз тамоми танат мешорад, ҳамаи ин бисёр ғариб менамояд!
Дунболашро бигиру бубин, чӣ мекунад!
Ман ҳайрон мондам: аввал ин ки аз паси касе поидан, гузашта аз ин шошидан ё нашошидани ўро таъйин кардан, ба назарам кори зиште менамуд. Баъд, агар мардакро пешобаш қаба накунад, чаро бояд шошидан биравад. Охир, аз кор гурехтан ё сарпечӣ кардани ўро ҳеч гоҳ надидаам – ҳарчиро метавон ба гардани ин бор кард, аммо коргурезиро на!
Аммо хоҳиши марди бузургсолеро чун амаки Маҳрбон низ ба замин гузошта намешуд. Ҳаминки Муроди Чокар боз оҳанги шошидан кард, дунболаш рафтам.
Кош намерафтам!
Амаки Мурод ба пастие фуромад, ки аз хирманҷо наменамуд, пушти буттаи танбатанае рафт, дуздона ба чор тараф нигарист, ба ҷои он ки шолворашро поён ораду шошад, чорухҳои пояшро бадар оварду таконд, боз ба по кард, бархост, боз дуздона чор тарафро нигаристу баргашт. Ҳаминки аз назар пинҳон шуд, ман худро пушти танбатана гирифтам, ҳеч чиз набуд, осори наме ҳам дида намешуд, хасу хошок буду бас! Бо нўги по хасҳоро дур кардам ва гарангу пакар мондам – чоҳаки гандум буд!
«Тўба кардам, худоё! – ҳар гоҳе бобои
Баҳром ин қиссаро мекунад, ин ҷумларо дар мавқеъи мазбур ба такрор, бе каму кост мегўяд, – одам чӣ макрҳое мекунад, ки ақли шайтон аҷз мекашад!»
Ана, барои чӣ вай пойҳоям арақ мекунанд, гуфта пайтоба ба по намепечидааст! Ҳаминки аз деҳ омад, онҳоро аз по берун овард, паҳлўи ҷомааш гузошт, ки шабҳо чун ҳамаи мо онро чун кўрпа ба рў мекашид – дарзаҳои хаси гандум ба ҷои кўрпачаамон буданд. Чорухҳоро ба пои бараҳна мекашиду мерафт аввал ба дарави гандум, баъд ба кўфтану бод додани хирман. Маълум мешавад, ки ними ғалберро ба даҳони тубраву ними дигарро ноаён ба даҳони чорухҳои худ мерехтааст.
Чунон ноаён мерехтааст, ки амаки Маҳрбон ҳатто пай набурдааст. Ин баъд рози Муроди Чокар фош гашту ҳуш аз сари амаки Маҳрбон парид.
Аввал хостам, ки раваму ин ҳама дидаро ба амаки Маҳрбон бозгў кунам, лек бо ҳамон ақли кўтоҳе ки доштам, дарёфтам, ки ин кори пастест, ҳар ду ба арбадаву хархаша мегузаранд, кутакзанӣ мекунанд, як мушт ҳақ, як мушт ноҳақ... хабаркаши бадбахт ҳезумкаши ин оташ... гунаҳгор ўро мешуморанду бас. Баъд ин бечораи Мурод шаш бача, боз худашу занаш ва модари пираш, ҷамъ нўҳ хўранда дорад! Агар яктоӣ нон бихўранд
– як басти танўр дар як рўз! Аз ночорӣ ба ин кори нангин даст зада...
Рафтам ва амаки Маҳрбонро гуфтам:
– Мезиду омад.
Амаки Маҳрбон ҳарфе назад ва дигар дар ин бора таҳпурсие нанамуд.
Пас аз бар кашидану ба анбор супоридани ғаллаи Чоштеппа раис моро ба кўмаки даравгарони даштаки Ялмо роҳӣ кард.
\* \* \*
Фарози Ялмо мавзеъе буд, ки мардуми деҳи мо ҳамасола он ҷо лалми худро мекиштанд, баъд вақфи колхоз шуд. Ҳоло мардуми кории деҳ ба истиснои ҷавонмардоне ки ба кандани корез рафта буданд, ин ҷо машғули дарав буданд. Даштаки урёне буд, на дарахте дошт, на буттае. Аз шоху сутунчаву чиғпораҳои аз деҳ оварда се шипангча сохта буданд барои даравгарон. Рўзона зери онҳо хўроки бому зўҳру шоми худро мехўрданд ва шаб хоб мерафтанд. Раис бо муҳосиби колхоз барои худ чодар зада буданд, ки аз аскарони сурхе буд, ки панҷ сол қабл деҳи моро мақарри худ интихоб карда буданд ва ин чодарро барои намояндаи худ вогузошта рафта буданд. Ин дафъа амаки Муроди Чокар ба мо ва ҳаққи кори мо шарик набуд. Аз ин рў на ман, на амаки Маҳрбон ба ў коре надоштем, ки ин ҷо ў чанд раҳ шошидан меравад.
Машғалаи ман ин ҷо низ чун дар Чоштеппа буд. Танҳо фарқ ин буд, ки ин ҷо ман ду шарик доштам. Яке аз моро «оташбон» мегуфтанду дигарро «дегбон» ва савумро «ҳукмрон», ба ҳазл албатта.
Оташбон ғами ҳезуму обро мехўрд, дегбон ордоба мепухту чой меҷўшонд, «ҳукмрони» бечора ҳар даравгаре ки «об» ё «чой» гўён ҷеғ мекашид, филфавр чойҷўш ва кўзаро гирифта медавид ва ҳам бечора чошбониву говчарониро ба ўҳда дошт.
«Ҳукмрон» ман будам ва кўзаву чойҷўшро ҳамеша омода медоштам ва ҳаминки нидои «чой!» ё «об!»-ро мешунидам ба сўи нидогар медавидам.
Боре вақте ба амаки Маҳрбон чой рехта додам ва онро ба роҳат ҷуръа-ҷуръа нўшид, чун пиёларо бармегардонд, гуфт:
– Ҳеч аҳамият додӣ, ки Муроди Чокарро вақти дарав пешоб қаба намекунад, лек ҳамин ки ба боддиҳиву хирманкўбӣ машғул шуд, зуд-зуд медавад?
Мо барои хўроки даравгарон хирманакеро пеш-пеш мекўфтем.
Албатта ман инро ба мушоҳида гирифта будам ва ҳам медонистам, чаро чунин мекунад, лек ба амаки Маҳрбон чизе нагуфтам.
– Бо рафиқон дар дарав сабқат дорад, шошидан ба хотираш намерасад ва ҳам шунидаам, ки вақти ҷангу мусобиқа дарду беморӣ канор мехазанд.
Амаки Маҳрбон заҳрханде карду ҳарфе назад. Ман донистам, ки вай аз ин макри Мурод бў бурдааст, вале мардона ҳарфе дар ин бора гуфтан намехоҳад.
Гандумро даравиданду ғарамиданду омодаи кўфтан шуданд. Раис ҳарчанд медонист, ки бо ду барзагову чор хар хирманкўбӣ ба дарозо мекашад, лек чун медонист, ки аз деҳоти ҳамсоя низ барзагов овардан имкон надорад – онҳо низ побанди хирман ҳастанд – аз ин рў ба оғози кор амр дод ва ҳатто барои ин кор аз деҳ Бухоризодаи Аввалро оварда буд, ки фотиҳаи ибтидоро бихонад. Мулло ҳам сурае аз Қуръони карим қироат карданду даст ба дуо бардоштанд:
– Худоё, худовандо! Кариму раҳим туӣ, ризқрасони ҷумла муъминон туӣ, умедвори каромату инояти туем, умедворонро ноумед магардон, беваву сағира, кабираву касира, ҷумла мутаваққиъонро ба нияту орзуяшон бирасон! Омин, Аллоҳу акбар!
Ҳама даст ба рў бурданд ва говону харонро ба сўи хирманҳо кашиданд. Хирманкўбӣ оғоз ёфту дарди гурдаҳои амаки Мурод низ.
Амаки Мурод чун пешина боз даҳ- бист дақиқа пас нифаи азорашро ба даст гирифта ба хамии хеле дур аз хирманҷо метохт. Чуноне ки амаки Маҳрбон ба шубҳа афтода буд, шарикони ў, ки се нафар буданд, низ ба шубҳа афтоданд, ба хусус амаки Сардор, бобои ҳамин Холдори Чилдурўғ, ки марди бадҷаҳлу бадгапе ҳам буд.
Вай махфӣ аз паси Муроди Чокар роҳӣ шуд ва чун «қазои ҳоҷати» ўро дид, гиребони ўро гирифт бо ҳазор дашноми қабеҳ, ки хулосааш ин ки «бачаҳои ту даҳони хўрандан доранду аз мо надоранд?!»
Амаки Мурод ҳай зораву тавалло мекунад, ки ўро рўсиёҳ байни мардум насозад, раисро нагўяд, вагарна ўро «душмани халқ» мехонаду ба орган месупорад...
Аммо ин ҳама ба Сардори бадҷаҳл кора намекунад, ҳар ду ба кутак задани ҳамдигар меоғозанд ва Муроди Чокар бехуд калласанге аз замин мебардораду ба сари амаки Сардор мефарорад...
Ин дам буд, ки фарёди ҷонкоҳ ва нолаи «хонаам сўхт!!!» ҳама даравгаронро ба хамӣ кашид. Вақте ки мо он ҷо расидем чунин манзара пеши назарамон буд: амаки Сардори ба хоку хун оғушта ва сараш дукафон, Мардони Чокари назди ў нишаста ва бо ду даст сарашро доштаву ноланда: «хонаам сўхт! хонаам сўхт!».
Мо ҳама карахту лол монда будем ва намедонистем чӣ бикунем. Раису муҳосиб низ расида омаданд. Раис вазъро зуд пеши худ барандоз карду ду нафарро ишора кард, ки мақтулро ба шипанг бубаред, худ ба сўи амаки Мурод омаду бо хашм гуфт:
– Бадбахти худозада, чаро ўро куштӣ?!
Амаки Мурод сар намебардошт ва ҳамун туре, ки сарашро бо ду кафи даст медошт, менолид: «хонаам сўхт, хонаам сўхт!» Раис чун дид, ки бо вай ҳарфе задан бефоида, назди ҷамоат омад ва гуфт:
– Ду сутунчаи зиёдаро аз шипангҳо биёред, аз халтаҳо чанд дона бардоред ва занбар созед! – баъд ба ман нигаристу афзуд: – Зуд деҳ фаро, муллоро пайдо кун ва моҷароро баён. Бигузор ба хешу пайвандонаш бигўяд, ки харро наъл задан хосту хар лагад андохт ва маҷрўҳаш кард, – лаҳзае таҳаммул намуд, ки боз чӣ супориш бидиҳад, лек аз фикраш гашту афзуд: – бирав, мо бо каме таъхир меоем, рафту муллоро наёфтӣ, моро дар даромадгоҳи деҳа мунтазир бош!
\* \* \*
Мулло Бухоризода дар хона буданд.
Ҳарчи рафта буд, иҷмолан эшонро ҳикоят кардам. Эшон лаҳзае чанд ба фикр фурў рафтанд, сипас аз ҷо баланд шуданду ба ман ҳарфе назада пеш даромаданд.
Мулло Бухоризода дами дарвозаи амаки Сардор лаҳзае таваққуф карданд, сипас онро кушода, ба ҳота қадам монданд, назди айвони хона омада, овоз доданд:
– Ҳой, касе ҳаст?
Писарбачае дартоз берун омад ва муллоро дидан баробар, дартоз дарун даромад. Лаҳзае баъд аз хона модару зани амаки Сардор берун омаданд, муллоро салом доданд ва ҳаросон ўро нигаристанд, чароки ўро бори аввал дар хонаи худ медиданд, нигаронӣ аз ташрифи хоса доштанд.
– Ин писарак аз дашти Ялмо омад, мегўяд, ки Сардор харро наъл мезад, ки баногоҳ хар лагад андохт ва ўро захмӣ кард...
Зани амаки Сардор ҷеғ кашид:
– Захмӣ?! Зинда?!
Модар хомўш буд ва бо диққат маро менигарист. Ман ба нигоҳи кушандаи ў тоб наёвардам, сар хам кардам. Сипас модар лаҳзае чанд ҳамун тур бо диққат муллоро нигарист ва ба сухан даромад.
– Мулло, ман ба ин гап, ки писари ман харро наъл зада бошаду хар ўро лагад, сахт шубҳа дорам, лагад партофтани аспро шунида будам, аз харро ҳеч гоҳ.
Баъд агар вай захмӣ мебуд, худи ин ҷавонак меомаду мегуфт, ҳоҷати шуморо аз хона берун кашидан набуд. Маълум, ки бо касе кордкашӣ кардаасту ба шаҳодат расидааст.
Мулло аз ин заковату ғайбдонии занак ҳайратзада шуданд ва надонистанд чӣ бигўянд. Зани амаки Сардор чун дид, ки мулло ба суоли хушдоманаш ҷавобе надод, ба нолаву шеван оғозид.
Ин дам аз дарвоза нафароне даромаданд, ки ҷасади Сардорро ба занбари худсохт гузошта, ҷелаки мақтулро рўи танаш афканда, бардошта меомаданд.
Занҳо ҷеғ кашида, мўву рў канда худро ба занбар заданд...
Занбарро бо ҷасад дар саҳни айвон гузоштанд, чароки модар онро ба хона даровардан нагузошт. Занбарбардорон аввал ба раис нигаристанд, ки худ хайратзада буд, баъд ба мулло нигаристанд, мулло бо сар ҷунбонидан ризоият доданд. Занбарро ба саҳни айвон гузоштанду нигарон монданд.
Модар ба ошхона рафт, аз он ҷо бо як каф лахчаи нимсўхтаи бурс баргашт, дохили хона шуд ва аз он ҷо пас аз панҷ-шаш дақиқа берун омад, ҷавонмардҳоро гуфт:
– Дароред, лек занбарро аз зону боло набардоред!
Аввал ҷавонмардҳо занбарро то зону ҳамл карда дохили хона шуданд, пасон мулло ва раис ва билохир ман.
Намедонам, дигарон шигифт доштанд ё не, вале ҳаминки дохили хона шудам, комам афтод: рўи гуландоваи девор то эзораи он давродавр бо лахча хат кашида буданд, хатти сиёҳи ғафс...
Ҳаминки мулло нишастанду даст бардоштанду «Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун!» хонданду даст ба рў бурданду хестанд ва берун шуданд аз дар, ман аз пасашон бархостам. Эшонро дами дарвоза дарёб кардам ва пурсидам:
– Амаки мулло, бибӣ чаро гирди хона доира кашид ва ҳам нагузошт занбарро аз зону боло бардоранд?
Мулло лаҳзае ба ман ҳайрон нигаристанд, гўё бори аввал медида бошанд, баъд оромона гуфтанд:
– Ҳанўз писарро нодида бо фаросат дарёфта буд, ки ўро куштаанд ва ба тақдири сахти худу наберагони худ тан дода буд, аз ин рў нахост, ки рўҳи лаббафарёди ҷигарбандаш қоим гардад ва пайвандони худро ба кинхоҳӣ таҳрик диҳад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё