Зеҳн
Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.

зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

САГ ВА ҚАССОБ

(сарвояк-муаммо)

Саге меомад ба назди дўкони қассоб ҳамарўза дар ҳамон як вақт.

Меомаду соате ба гўштҳои иштиҳоовар менигарист. Қассоб ба вай эътиное намекард.

Саг менигарист ба гўштҳои тозаи дар овангҳо окаса, ки фиғон доштанд: «биё, бигиру бихўр!»

Саг пушт мегардонду мерафт.

Ман ин сагро дар ҳамон вазъе ки гуфтам, ҳар рўз медидам. Чун ўро баъд аз ҳафтае надидам, тааҷҷуб кардам. Омадам ба назди қассобу сабаб ҷустам. Ман чӣ шунидам?

Рўзи ҳафтум қассоб чун ҳамеша пораи гўшти тоза дар покету гўшту устухонҳои аз зарби табар аз рўи кунда ба чор тараф пошхўрдаро аз замин ҷамъ меораду ба покети дигар мегирад, дари дўконро мебандад ва озими хонааш мешавад.

Аз куҷое он саг пайдо меояд. Қассоб ба дунболаш афтодани сагро пай мебараду ҳисси кунҷковиаш боло, намеронадаш.

Қассоб меояд ба ҳавлӣ, дарвозаро боз мекунаду намепўшад, занашро садо мекунад, покети гўштҳои тозаро ба ў медиҳад, баъд сагашро ҷеғ мезанаду покети гўштҳои ғаждро пеши пои ў мерезад.

Ба қафо мегардаду вазъи саги думгирашро донистан мехоҳад, вале вайро намебинад. Аз он пас саг дигар ба назди дўкони қассобӣ намеояд.

– Ман чизе нафаҳмидам, – гуфт дар охир қассоб, – шумо фаҳмидед?

Ман фаҳмида будам, хонанда чӣ?

ВО АҶАБ

Муроди Чўпонак барои орду намаку рўғану гўгирд аз чарогоҳ ба деҳ фуромада буд, ҳамаи инҳоро аз мағозаи деҳ харида, ба ду хонаи хурҷин ҷо дода буд, хурҷинро болои зини аспи колхоз гузошта буд, бо хоҳиши Холдор занашро то овули Гулбасарон бадрақа гирифта буд, Муроди Чўпонак рўи зин хаму чам мерафту зани Холдор пиёда дунболаш ба роҳ афтода буд.

Шераки Холу бобои Маллаву бобои Маҳрбон дар бомгўшаи оғили колхоз ба қавли худашон «барои рўзкўркунӣ» манзил гирифта буданд.

Бобои Маҳрбон хирачашм шуда буд.

Аз ин рў дуруст ташхис дода натавонист, ки савору пиёда кист.

Аз Шераки Хол, ки аз ў ҷавонтар буду тезбинтар, суол кард: – Ин савору ин зан кист?

Шераки Хол гуфт:

– Муроди Чўпонак аст, ки аз мағоза харид карда, аспи колхозро ба орият гирифта, ба чарогоҳ меравад. Холдор аз ў хоҳиш намуда, зани ў то аз хазандаву чарандаҳо натарсад, то овули Гулбасарон бадрақа созад.

Бобои Маҳрбон гуфт:

– Во аҷаб! Асп – аспи колхоз, зан – зани Холдор, пас ин Чўпонак ба чӣ хотир ин қадар бо савлату шавкат меравад, ман намедонам, ту медонӣ?

Шераки Хол гуфт:

– Азбаски моҳе ё моҳе чанд пас ба деҳ меояд, мехоҳад аз вуҷуди худ ёдрас кунад.

Бобои Маҳрбон гуфт:

– Во аҷаб, во аҷаб!

БОЛИШ

Муроди Чўпонак аз чарогоҳ ба деҳ фуромад ва аз деҳ ба шаҳр омад, то бодрўзаи рўзгор ва ҳам барои занаш болиш бихарад. Занаш сардард дошт ва ба болиши пунбаӣ сар монда, хоб рафта наметавонист, сахтӣ мекард.

Аз бозору мағозаҳо бодрўзаи рўзгорро, ҳар чи занаш феҳрист карда дода буд, ба осонӣ пайдо карду харид, оварду дар саройи колхози «Сармаддара» гузошт ва пасон рафт ба суроғи болиши пари қу, ки дар ҳеч мағозае нишоне аз он наёфт.

Фурўшандае ба вай гуфт, ки ба бозори куҳнафурўшон бирав, шояд биёбӣ ва афзуд: «болиши пари қу моли ноёб аст!

Ҳамин ки ба мағоза афтод – овозааш аз он пештар дар шаҳр меафтад! – харидорон зуд мебардоранд. Фикри аз мағозаҳо ёфтани онро макун, беҳуда.

Беҳтараш, бирав бозори кўҳнафурўшон, баъзан ночор монанд, навашро ҳам мебароранд».

Бахти Муроди Чўпонак омад кард.

Дар бозори кўҳнафурўшон зане ғайр аз лакупаки дигар чор болиши пари қуро низ ба фурўш гузошта буд. Дутои онро хуш карду харид, аз назари худаш хеле арзон.

Омад ба саройи колхоз, хост болишҳоро ба халтаи бозориаш ки нимаанбошта буд, ҷо кунад, дид яке аз дигаре хеле гаронтар, ҳайрон баданаашро пармосид, дасташ тугунеро ҳис кард, бештар ҳайратзада шуд, ба боз кардани кўкҳои болиш дилаш нашуд, лек шайтон васваса андохт ба дилаш, корди чўпониашро аз ғилоф берун овард ва кўкҳоро бо эҳтиёт як-як канд.

Тугунро аз байни пар берун овард ва боз кард, шах шуд. Тугун андарун як каф тангаи тилои бухороӣ буд!

Муроди Чўпонак пас аз он ки ба худ омад, боз ба бозори кўҳнафурўшон баргашт. Аммо зани болишфурўшро надид. Аз ҳамсоягони ў чунин матлаб ошкораш шуд.

«Болишфурўш» зани як сарватманди шаҳрӣ ва шавҳараш як марди бебанду боре будааст. Чун рўзе арақу афюнро пайиҳам мехўраду як сатил обро дам мекашад, ба қавле мекафаду мемирад.

Ҳаминки гўру чўбаш мекунанду ба азо менишинанд, қарзхоҳон яке паси дигар ба «ҳамдардӣ» меоянд.

Бечора занак чора ҷуз ин намеёбад, ки хонаи худро ба фурўш гузорад ва ҳуту моҳути худро ба бозор барорад! Муроди Чўпонак нишонии занро аз кўҳнафурўшон гирифту ба хонаи ў рафт.

Дарвозаро кўфт, «болишфурўш» онро боз кард, харидорро шинохт ва хаста пурсид:

–Боз чизе хариданиед?

Муроди Чўпонак лаҳзае худро гум кард, баъд бо азобе тарҳу ҷамъ.

–Аз даруни болиш ёфтам. – ғурунгид ўву тугунро ба зан дароз намуд.

Зан ҳайрон тугунро гирифт, гушуд ва ба тангаҳои дурашон хира монд.

Баъд ба худ омад ва Муроди Чўпонакро гуфт:

– Андарун оед.

Зан баъди он ки ба Муроди Чўпонак, ки дар саҳни ҳавли рўи кат менишаст, нону чой овард, рў ба рўи ў нишасту гуфт:

– Он болишҳо аз они хушдоманам буданд. Раҳматӣ зани хубе буд. Аз исрофкориҳои писараш ба дод меомаду зиёд насиҳаташ мекард. Шавҳарам бо сари хам гапҳояшро гўш мекарду ҳамчунон донистаи худро. Сарсахт модар, «боз мероси падарро ба боди фано надиҳад! – гуфта онро дар болиши зери сараш пинҳон кардааст! Азбаски ногаҳон аз сактаи дил мурд, бечора ба ифшои сир фурсат ҳам наёфт...

Пас аз ин ҳарфҳо зан даст ба ҷайби камзоли танаш бурд, даҳ тангаи сурхи бухорӣ берун оварду назди Муроди Чўпонак гузошт ва гуфт:

– Ин ҳаққи ҳалоли шумост.

Муроди Чўпонак лаҳзае чанд ба тангаҳо нигарист, баъд ба худ омад, аз худу аз зан шарм дошт.

Муроди Чўпонак тангаҳоро аз пеши худ бардошт, назди зан гузошт ва гуфт:

– Шумо, ки дару паларо ба фурўш гузоштаед, ҳуту моҳутро ба бозор кашидаед, пас мўҳтоҷтар аз шумо дар ин шаҳр касе нест. Баъд, ин моли меросии падари ман ки нест? Моли шумост, тасодуф буд, ки ба дасти ман афтод...

Муроди Чўпонак аз ҷо бархост ва равон шуд.

Чун ин қисса ба гўши мардуми деҳ расид, ўро лақаби тоза доданд: Муроди Нодонак.

ЗАНИ МУАЛЛИМ ОЗАР

Муаллим Озар марзаҳои зироати баҳориро об мемонд. Азбаски дар Сармаддеҳ об навбат дошт, кўшиш мекард, ки ростокҳо ҳарчи бештар об хўранд, то навбати оянда, ба қавли худаш «навиғанд!» Занаш, хонум Басанда – муаллим Озар ягона шахсе дар деҳ ва шояд дар кулли обрав буд, ки занашро «хонум» гўён хитоб мекард – рўзи кориаш агар ду-се соат бошад – танзифи хонаву мураттаб кардани ғизо – радио гўш мекард.

Баногоҳ шунид, ки барандаи радио оғоз кард ба васфу сифати олими ҷавон ва ояндааш дурахшон Барзуи Озарпур.

Хонум Басанда шефтаву вовайло гўшу ҳуш шуд ва баногоҳ ба сари бемағзаш сигнал расид, ки ин ҳама таърифу тавсифро шавҳарат, муаллим Озар намешунавад. Осема шуд, ба радио рў оварду гуфт: –Родинаҷон, – ун вақтҳо «Родина» ном радио буд, – лаҳзае сабр кун, ман раваму муаллимро хабар кунам, баъд боз ин васфномаатро ба нисбати Барзуҷони мо давом деҳ! Инро гуфта хонум Басанда гўшакро тофт ва ба берун тохт. Муаллим Озарро фаро хонд, ки зуд биё, бубин, ки Родинаҷон дар бораи Барзуҷони мо чӣ мегўяд!

Муаллим Озар як ба ҷўякҳои тоза обкандаву вай росткарда нигарист, баъд дилу бедилон вориди хона шуд.

Дид, гўшак тофта, ахбор гузашта, ором, чунонки одати ҳамешагиаш буд, гуфт:

–Падари раҳматиам мегуфт: ман дар зиндагӣ ду гуноҳ кардам. Яке ин ки савод набардоштам, дигар ин ки туро бо ҳамин сарҳанг1 хонадор кардам.

1. Сарҳанг – дар лаҳҷаи сармаддеҳӣ «беҳуш», «кундзеҳн»

ҚАЗОВАТИ АСП

Асп соҳибашро ки мехост наъли ўро хабар бигирад, лагад зад. Лагад ба сар омад, сар шикаст...

Чун мурдаро гўру чўб карданд, мушкилаи асп пеш омад, ки бо вай чӣ мебояд кард?

Яке мегуфт, ки тире ба сараш бизананду ба лошахўрҳо ҷасадашро вогузоранд. Дигаре мегуфт: гўр ба сараш, бубарему фурўшем, бо он пул мазори соҳибашро обод кунем. Савум мегуфт: бубарем, дар ҷангал ба дарахте бубандем, тўъмаи гургон шавад!

Мулло Бухоризода гуфтанд: раҳо кунед, ҳарчи дар сарнавишташ ҳаст, ҳамонро хоҳад дид.

Аспро раҳо карданд.

Се рўз пас хабар омад, ки асп худро аз ҷари Бачакуш ба зер афканда куштааст!

Ин як муаммое буд, ки сармаддеҳиён то бад-ин рўз ба он ҷавоб намеёбанд.

пешина
аз 17
навбатӣ