МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
МОШОНИ ЗИРАК
(Рўйнависӣ)
Хуршедаи шўх
Лўхтакчаашро
Бигрифта омад
Назди Таманно.
*
Аммо таманно
Бо зўри бозў,
Лўхтак ба як он
Бигрифт аз ў.
*
Бигрифту бигрехт
Бар сўйи хона.
Хуршеда бигрист
Бетоқатона.
*
Мошони зирак
Медид инро.
Оҳиста омад
Сўи Таманно.
Дидаш ба хоб аст,
Лўхтак ба оғўш
Дар зери кўрпа Ў ҳаст хомўш.
Оҳиста лўхтак
Аз вай бидуздид.
Хуршеда аз завқ
Рақсиду хандид.
Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз
Супориш: 1. Аз матни шеър исмҳои хосро ёфта нависед. медиҳед?
2. Шумо ба рафтори Таманно ва Мошон чӣ баҳо
САГ ВА САДАФ
(Имло)
Сагеро мегўянд, ки доимо тухмҳои мурғи ҳамсояро дуздӣ карда мехўрд. Рўзе садаферо дид ва онро тухм тасаввур карда зуд фурў бурд.
Дере нагузашта буд, ки дарди бисёр сахте дар меъдаи худ ҳис кард. Саг дар ҳоле, ки аз дарди сахт менолид, бо худ гуфт: Рост, ман ҷазои худро дидам.
Ман набояд ҳар чизеро, ки гирд бошад, тухм гуфта фурў барам.
Махсусан чизи дуздиро, ки хўрданаш ҳаром
(макруҳ) аст.
Супориш: 1. Саг ба чӣ кор машғул буд ва аз баднафсӣ оқибат чӣ ҷазо гирифт?
2. Калимаҳоеро, ки «ӣ»-и зада ва «ў»-и дароз доранд, аз матн ёфта нависед.
КИТОБИ АҶОИБ
(Рўйнависӣ)
Падари ҳамсинфам Самад аз саёҳати кадом як кишвар китоби аҷибе овард, ки хонда намешуд. Ин китоб худашро мехонд! Бале ҳайрон нашавед. Ҳамин ки саҳифаеро кушодед, ҳар гуна овозҳо ба гўш мерасиданд. Гоҳо садои баҳру шамолу раъду тир, ҳуштаку шўру мағал, хандаю гиря, гоҳо дўғу таҳсину офарин мешунидӣ.
Аҷиб, хеле аҷиб буд! Гўё китоб нею магнитофон бошад. Баҳузур гўш мекардӣ. Аммо он китоб буд, фақат аз картону коғаз сохта шуда буд, танҳо ҳарфҳо овоз медоданд!
Вале афсўс, ки Самад онро эҳтиёт карда натавонист. Чун китобҳои дигараш даронду нобуд сохт.
Супориш: 1. Ибораи «китоби аҷиб» ба кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ дорад, муайян кунед.
2. Ба рафтори Самад чӣ баҳо (хуб, бад) медиҳед, онро нависед.
ТЕЗГЎЯКҲО
(Рўйнависӣ)
Сангу сагча дар санглох.
*
Сад саг бо се саг як саду се саг.
*
Тик-тики соат,
Чик-чики гунҷишк.
*
Аспам лойолуд, Ёли аспам лойолуд.
*
Ин тутча чи ту тутча,
Дар ҳавлича ду тутча.
*
Сад сар як сар,
Як сар дарди сар.
*
Шағал-дағал, шағал-дағал
Сари саг дағал мағал.
*
Сад ялали як ялало.
*
Даҳ –даҳ ялалӣ сад ялало
*
Сўзани пўлод,
Тангпулушку пулушккушод.
Супориш: 1.Тезгўякҳоро интихобан аз ёд кунед.
2. Калимаи «тезгўяк»-ро нависед, ҳамсадо- ҳояшро муайян намоед.
ЧОРЯКИ 4
РЕЙТИНГИ 2
МАРҲИЛАИ 2
НИМСОЛАИ 2
ДУОИ МОДАР
(Рўйнависӣ)
Саҳарӣ аз хоб,
Хезам бошитоб.
Гирам кўзача,
Равам баҳри об.
*
Кўзаам сафол,
Обакаш зулол.
Модарам нўшад
Аз он бемалол.
*
Орам шитобон,
Ба назди айвон.
Модарам дида,
Мешавад ҳайрон.
*
Модарам хурсанд,
Аз кори фарзанд.
Гардида розӣ
Дуо кунад чанд.
Б. Борон
Супориш:
1. Ибораи «Обакаш зулол»-ро шарҳ диҳед.
2.Шеърро нависед ва бо калимаи «модар» яктоӣ ҷумла тартиб диҳед.
ГУНҶИШКИ ГАПНОДАРО
(Афсона)
(Имло)
1
Буд, набуд, як зоғу як гунҷишк буд. Зоғу гунҷишк ошно буданд. Ҳамроҳ мегаштанд. Ҳар чӣ меёфтанд, бо ҳам мехўрданд.
Баҳору тобистону аввали тирамоҳ ғаме надоштанд. Аз як ҷои дигар, аз як боғи дигар парида мерафтанд. Ангуру малах, туту зардолу, пашшаву олу хўрда, осуда зиндагонӣ мекарданд.
Айёми гармо рафта, фасли сармо расида буд.
Рўзе зоғ ба гунҷишк гуфт:
– Эй дўсти меҳрубон, ҳаво хунук шуда истодааст.
Дере нагузашта борон меборад. Барф мезанад, ба мо ягон ҷои сарпаноҳ даркор. Биё ҳамроҳ хоначае созем, ки гармакаку нармакак бошад…
Супориш: 1. Ибораи «дўсти меҳрубон»-ро шарҳ диҳед.
2. Ҳамсадоҳои калимаи «ошно»-ро муайян кунед.
САРКАШИИ ГУНҶИШК
(Рўйнависӣ)
2
Ба ман ташвиш кашида, хона сохтан чӣ даркор?
–гуфт гунҷишк. Ба ягон шикофӣ медарояму то баҳор баҳузур.хоб.мекунам.
–Ихтиёрат, –гуфт зоғ, –агар ту нахоҳӣ, ман барои як худам хона месозам.
Зоғ машғули хонасозӣ шуду гунҷишк то расидани зимистон бепарво гашт.
Ҳамон сол ҳаво ҷудо хунук шуда, барфи бисёр бориду ҳама ҷо ях баст.
Гунҷишк аз як бом ба боми дигар парида, ҷои гарм мекофт, ёфта наметавонист. Охир маҷбур шуд, ки ба пеши зоғ омада , илтимос кунад, ки ба хонааш ҷой диҳад…
Супориш: 1. Бепарвоии гунҷишк дар кадом ҷумла тасвир шудааст, муайян кунед.
2. Дар охир гунҷишкакро чӣ маҷбур кард, ба пеши зоғ равад, бо як калима нависед (сардӣ, хунукӣ, барф…)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё