МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
СИНФИ 4
НИМСОЛАИ 1
РЕЙТИНГИ 1
МАРҲИЛАИ 1
ОДОБИ САЛОМ
1
(Рўйнависӣ)
Инсон дар ҳар давру замон ва дар ҳар шароит бояд дорои одобу ахлоқи шоиста ва ба атрофиён намунаи ибрат бошад.
Ҳар як шахс бояд рукнҳои асосии одоби инсониро бе чуну чаро ба ҷо орад ва мувофиқи онҳо кору зиндагӣ кунад.
Ҳанўз аз замонҳои қадим одамон дар байни худ одобу ахлоқи хубро талқин ва тарғибу ташвиқ ва ахлоқи баду номатлубро танқиду мазаммат мекарданд…
Супориш: 1. Ба исмҳои «инсон», «замон»,
«одоб», «салом» саволҳои мувофиқ гузоред. Намуна: инсон-кӣ?
2. Исми ҷамъи ҷумлаи якумро ёфта ба зераш хатча кашед.
ОДОБИ САЛОМ
2
(Рўйнависӣ)
Одоби салому алайк ва хайру хуш яке аз рукнҳои асосии ахлоқи неку ба шумор мерафт ва меравад.
Дар ҷамъияти ҳозира ҳам, хушбахтона, одоби салому алайкро риоя мекунанд.
Чунон ки пайғамбар ҳазрати Довуд алайҳисалом аз фарзандони хеш оид ба одоби ҳамида (хуб, нағз, шоиста , нек ) пурсидааст ва писараш ҳазрати
Сулаймон алайҳиссалом ҷавоб додааст:
1. Мақоми ақл дар сар
2. Мақоми шарм дар чашм
3. Мақоми қувват дар устухон аст.
4.Мақоми имону муҳаббат дар дил.
Луғат: Мақом-ҷой, макон
Супориш: 1. Шуморед, ки дар ҷумлаи сеюм чанд ибора мавҷуд аст.
2. Бо калимаи «салом» як ҷумла тартиб диҳед.
Намуна: Салом намаки одоби суҳбат аст.
ДАР ЭҲТИРОМИ ПАДАР
(Рўйнависӣ)
Падар гавҳари бебаҳою неъмати ноёб аст. Бо муомилаи нарму суханони меҳрангез дили ўро шод намоед. Оре, ҳурмати падарро ба ҷо овардан, ўро эҳтиром намудан ва омодаи хизматаш будан беҳтарин хислати инсонӣ мебошад. Ба гуфтаи устод Садриддин
Айнӣ:
Кист он кас ки рўз то бегоҳ давид,
Ошу нон баҳри шумо тайёр кард?
То шумо дар мактаб омўзед илм,
Ҷумла кори хонаву бозор кард.
То шумо доно шаведу ботамиз,
Аз насиҳат гўшатон пурбор кард.
Супориш: 1. Дар се ҷумлаи аввал чӣ таъкид шудааст, хулоса бароред.
2. Аз мазмуни шеър хулоса бароред, ки устод
Айнӣ ба шумо фарзандон ва мо чӣ муроҷиат кардааст ва чӣ гуфтан мехоҳад?
ДАР ЭҲТИРОМИ МОДАР
1
(Имло)
Модар! Оё дар дунё аз калимаи модар дида зеботару гуворотаре ҳаст!
Дар зимни калимаи модар чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфториву хушрафторӣ, бузургию муҷассамаи зебое ниҳон аст.
Дар дунё аз модар дида муқаддастар мавҷудоте нест.
Ҳар як модар на баҳри худ, балки баҳри фарзандон зиндагӣ мекунад.
Аз ин рў, мо ўро аз ҳама кас муқаддас мешуморем. Дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирем. Бо номи ў фахр мекунему меболем…
Супориш: 1. Ба исмҳои ҷумлаи дуюм аввал савол гузоред, баъд ба зерашон хат кашед. Намуна: модар- кӣ?
2. Пасвандҳои ҷумлаи дуюмро муайян карда нависед.
ҲУШИ МОДАР БА ФАРЗАНД
2
(Рўйнависӣ)
Дили модар чашмаи муҳаббатест, ки меҳри фарзанд дар он ҷўш мезанад. Подшоҳи дили модар фарзанди ўст. Оре, дастони модар аз ҳама нарму навозишкор мебошанд. Дили модар ҳамеша ғамхору меҳрубон, оташи меҳру муҳаббаташ хомўшнашаванда аст.
Ман васфи модар чӣ гўям, ки гуфтаанд:
«Боғи биҳишт зери кафи пои модарон аст».
Хизмати модар ҳамто надорад. Бинобар он ҳамеша омодаи хизматаш бошед.
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Дар ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Супориш: 1. Муайян кунед, ки дар матн калимаи
«модар» чанд маротиба такрор шудааст.
2. Байти охири матнро аз ёд кунед.
ПАНДҲО
(Рўйнависӣ)
Ноз ба он кун, ки харидори туст,
Пеши касе рав, ки талабгори туст.
*
Макун ҳар ҷойро бисёр орзу,
Ки ҳар ҷойро бувад сангу тарозу.
*
Супориш: 1. Байти якумро хонда маънидод кунед.
2. Пасвандҳои мисраҳои панҷум ва шашумро муайян карда нависед: Намуна: Кашидан, -ан пасванд аст.
СИРРО НИГОҲ ДОШТАН
(Рўйнависӣ)
Сир нигоҳ доштан аз мол нигоҳ доштан вазнинтар аст. Ҳар гуна доғҳо ба дил вазнинӣ намекунанд. Аммо сир саҳар аз даҳон баромада бегоҳ ба ҳазорумин одам мерасад.
Сир монанди мол ё ашё нест. Мол ва ашёро посбонҳояш чӣ қадар бисёр бошад, муҳофизаи ў ҳамон қадар осон мешавад. Аммо посбонҳои сир афзояд, эҳтимоли дузд низ зиёд мешавад.
«Ба касе магў, фақат ба ту гуфтам», барин танбеҳҳо ҳеҷ фоидае надорад…
Сир нигоҳ доштан ин амонат аст. Хиёнат ба амонат бошад ин аломати хиёнат аст. Чигуна будани инсонро аз нигоҳдории сирраш муайян мекунанд.
Супориш: 1. Ҳаммаънои калимаи «сир»-ро ёбед
(роз).
2. Исми ҷамъи ҷумлаи панҷумро муаяйн карда нависед.
ТО ҶАҲОН БУД АЗ САРИ ОДАМ ФАРОЗ
(Рўйнависӣ)
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Устод Абўабдулло Рўдакӣ
Супориш: 1. Аз мисраҳои 3 ва 4 феълҳоро муайян карда, бо хатча ишора намоед.
2. Ду мисраи охири шеърро хонед ва ба маънии мисраи «Дониш андар дил чароғи равшан аст» диққат диҳед.
Луғат:
Бихрад- бохирад
Фароз-боло баланд, баландӣ
Бениёз- бебаҳра
Бингоштанд-навиштанд
БЕАНДЕШАГИИ ПАДАР
Ду хоҳиш
Имло
1
Духтари як шахси исрофкор ба падараш ин хел суханҳоро гуфта буд:
«Падарҷон! Агар шумо пулро дар мавридаш сарф карданро медонистед, фарзандонатон ба ҳеҷ чиз муҳтоҷ намешуданд. Шумо баҳудаю беҳуда ба дигарон ҳадя мекунед. Пулатонро дар даст нигоҳ доред. Вақте ки мо муҳтоҷ шавем, ба пулу ба амволи дигарон чашм медўзед. Оқибати ин кор хуб нест. Аз хотир набароред…
Аз китобчаи «Насиҳати модар».
Супориш: 1. Ҷумлаи дуюми матнро хонед ва ба зери гуфтаҳои духтар ба падар хат кашед.
2. Пулро сўм ҳам мегўем , боз чӣ гуфтан мумкин аст? (кўпрук).
Луғат:
Амвол-молҳо
САРФИ БЕҲУДА
2
Як шахси бой ба хотири он фикре, ки одамон сахт нагўянд, ҳамаро зиёфат кардан гирифтааст. Барои меҳмонон падар гов, уштур, гўсфанд ва ғайраро забҳ
(мекушт) менамуд. Шуҳрати онро шунида, ҳама ба хонааш меомаданд.
Чи хеле ки мегўянд, «Хоб карда хўрӣ, кўҳ тоқат намекунад».
Охир ба охир дастархонаш холӣ шуд. Оқибат духтараш ба пешвози одамон баромада гуфт: «Айб нашуморед, падарам шуморо меҳмон карда наметавонад».
«Насиҳати модар»
Супориш: 1. Ибораи «ҳамаро зиёфат кардан»-ро маънидод кунед.
2. Сухани духтари бой- «айб нашуморед, падарам шуморо меҳмон карда наметавонад» -ро шарҳу эзоҳ диҳед (кори хуб кард; кори хуб накард; рафтораш дуруст аст…
НАСИҲАТ
(Рўйнависӣ)
Насиҳат кардани нодон,
Вазнинтар аз бори гарон.
*
Панди падару модар ба фарзанд кимиё.
*
Панди падар монеъ нашуд расвои модарзодро.
*
Насиҳати ба кирдор беҳ аз насиҳати ба гуфтор.
.
*
Хушбахтӣ, ки табъи бачагон аст,
Дар панди дурусти модарон аст.
*
Ҳар он кас, ки панди падар нашнавад,
Ба ночор рўзе пушаймон шавад.
*
Девор мўш дорад,
Муш гўш дорад.
*
Мурғро мехўрӣ як бор,
Тухмашро мехўрӣ сад бор.
*
Пеши табиб нарав, пеши корафтода рав.
*
Салом аз хурду калом аз калон.
*
Омадан бо иродат, рафтан бо иҷозат.
Аз эҷодиёти халқи тоҷик
Супориш: 1. Аз матни навиштаатон феълҳоро муайян карда, ба зерашон хат кашед.
2. Бо истифодаи калимаҳои «падар» ва «модар» яктогӣ ҷумла тартиб дода нависед.
ҲИКОЯТ
(Рўйнависӣ)
Марде бо ҳазор машаққат (ранҷ, азоб) аз кўҳ ҳезум чида меовардааст.
Зан бошад бе иҷозати шавҳар ҳезумҳоро ба ҳамсояҳо тақсим мекардааст.
Рўзе шавҳар занашро низ ҳамроҳ гирифт. Ў низ ҳезум чид ва чи қадар сахт будани ин корро ҳис намуд.
Вақти ба хона баргаштан ҳамсояҳо боз ҳезум талабиданд.
Зан ба онҳо гуфт:
-Аз ҳезуме, ки худам овардам, намедиҳам. Ба ҳезуми шавҳарам даст намерасонам. Равед ҳезум даркор худатон чида оред.
Аз китобчаи «Насиҳати модар ба духтари арҷманд».
Супориш: 1. Мард аз кўҳ чӣ меовард, нависед.
2. Зан ҳезумҳои шавҳарро ба кӣ медод ва оқибати кор ба чӣ анҷомид, қайд кунед (ба некӣ ё бадӣ).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё