Зеҳн
МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.

Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

НАҚШАИ НАҚЛИ ХАТТӢ:

1. Модар пеш аз хоб рафтани писар ба ў чӣ мегуфт? онро оғоз намоӣ?

2. Ба ҳар коре, ки сар мекунӣ, бояд бо кадом даст

3. Нонро бо кадом даст (рост ё чап) гирифтан мумкин аст?

4. Бо кадом даст бояд аҳду паймон бибандем?

5. Оё бо дасти чап чизеро хайр кардан мумкин аст?

6. Дар синни хурдиамон магар дасти ростро аз чап фарқ карда метавонистем?

7. Мақсади модари азиз ҳар корро ба ростӣ анҷом додан зарур будааст.

СУРУДИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Суруди миллӣ таронаи асосии давлатӣ ва умумихалқии мо аст. Зеро ки дар он тамоми орзую умеди халқи мамлакат ифода ёфтааст. Суруди миллӣ чун қоида мутантан (бо оҳанг) сароида мешавад. Он моро ба ҳимоя ва истиқлолияти Ватани ҷоноҷонамон даъват менамояд.

Тоҷиистони маҳбубамон баъди ба даст овардани истиқлолият, яъне соли 1991 Суруди миллии нави худро бар матни шоири шнохта Гулназар Келдӣ қабул намуд. Оҳанги онро марҳум Сулаймон Юдаков эҷод кардааст.

Ба ҳар яки мо зарур аст, ки матни Суруди миллии Ватани азизамонро аз ёд донем.

Илова ба ин, мазмуни онро ҳам бифаҳмем, ки хеле муҳим аст.

Мо бо Ватан зиндаем, хурдсолони азизи кишвари ободу зебоманзари ҷоноҷонамон!

НАҚША:

1. Суруди миллӣ чӣ хел тарона будааст?

2. Дар суруди миллиамон орзую умеди кӣ ифода ёфтааст?

3. Суруди миллӣ бояд чигуна сароида шавад?

4. Суруди миллӣ моро ба чӣ даъват менамояд?

5. Тоҷикистон кай истиқлолияти худро ба даст овард?

6. Суруди миллиро кадом шоири маъруф эҷод кардааст? офаридааст?

7. Оҳанги Суруди миллиро кадом бастакор

ТИРАМОҲ

Аз дарахтон баргҳо афтодаанд,

Чун гилеми рангае рўи замин.

Аз насими кўҳсорони баланд,

Бар машомам мерасад бўи замин. . .

*

Мефишонад боди сарде ҳар замон,

Себи сурхе ҳамчу рўи духтарон.

Менамоям аз даруни баргҳо,

Чормағзе ҷустуҷў чун бачагон.

*

Сўйи ман чашмак занад ангури лаъл,

Гўиё гўяд: даҳон ширин намо.

Нозбў менозад аз ҳар гўшае,

Ғайри ў гул нест зеби тирамоҳ.

*

Ман парастам чеҳраи сурхи туро,

Шеър мехонам бароят бо хурўш.

Гар набошӣ тирамоҳи куртасурх,

Аз куҷо ояд баҳори сабзпўш.

Акбар Пирўзӣ

ЛУҒАТ:

Насим-боди форам

Гар-агар

Нозбў-номи гул

Хурўш-садо, фарёд

Парастам-дўст дорам

Машом-димоғ

НАҚША:

1. Дар кадом фасл барги дарахтон мерезанд?

2. Аз насими кўҳсорон чӣ мевазад?

3. Шоир чормағзро аз таги чӣ мекобад?

4. Зеби тирамоҳ кадом гул будааст?

5. Ибораи «тирамоҳи куртасурх» чӣ маъно дорад?

ТАРТИБИ РЎЗ

Аз бобом шунида будам, ки мегуфт: ҳар касе, ки аз рўйи реҷа кор мекунад, рўзаш бобаракат мегардад.

Ҳама корҳои ба нақша гирифтагиашро дар вақташ иҷро менамояд. Барои корҳои дигар фурсат меёбад.

Реҷаи рўз кори ҳаррўзаи одамро ба тартиб медарорад.

Барои санҷидани дурустии суханҳои бобоям бо ёрии апаам барои худ реҷаи рўз тартиб додам. Тартиби кори ман дар давоми рўз чунин аст:

Ман дар басти дуюм таҳсил мекунам.Соати 8 аз хоб мехезам. Саросема нашуда варзиш мекунам.

Дасту рўй мешўям, субҳона мехўрам ва ба кўча барои бозӣ меравам. (Ин вақт додарам ба боғча, хоҳарам ба мактаб, апаам ба кор мераванд. Лекин ман саросема намешавам).

Ба корҳои хона ёрӣ мерасонам. Дарс тайёр мекунам.

Пас аз хўрдани хўроки нимарўзӣ либосҳои мактабиамро пўшида, оҳиста – оҳиста ба мактаб меравам.

НАҚША:

1. Талаба аз бобояш чиро шунида буд? 2. Ў барои санҷидани суханҳои бобояш чӣ кор кард?

3. Оё суханҳои бобояш дуруст баромаданд?

4. Киро бачаи батартиб мегўянд?

5. Фоидаи саҳархезӣ дар чист?

6. Шумо реҷаи рўз тартиб додаед?

МАН ЧӢ ХЕЛ САҲАРХЕЗ ШУДАМ

Мо хурўсу мурғи бисёре дорем. Хурўсҳо субҳ надамида, баланд ҷеғ мезананду касро аз хоби ширин бедор мекунанд. Ман аввалҳо бо онҳо қаҳрӣ будам.

Агар ҷеғ зананд, аз ҷойгаҳам хеста онҳоро пеш мекардаму боз ба таги кўрпа медаромадам.

Ман, ки дар басти дуюм мехонам, мехостам, ки боз андаке хоб кунам.

Вале онҳо маро хоб кардан намемонданд, аммо ман ночор аз ҷойи хоб мехестам. Чунки агар хеста ҷойгаҳамро нағундорам, онҳо ба ҳолам намегузоштанд.

Ҳамин тавр, ман ҳам мисли онҳо саҳҳархез шудам.

Саҳархезӣ файзи хубе доштааст. Ба ҳама кор вақтат мерасад. Ба корҳои хона ёрӣ медиҳам. Аз ҳама асосиаш дарсамро сари вақт тайёр мекунам.

НАҚША:

1. Одамонро субҳ чӣ бедор мекунад?

2. Саҳархезӣ чӣ аҳамият дорад?

3. Чаро саҳархезӣ файз (баракат) доштааст?

4. Оё шумо ҳам субҳ аз хоб мехезед?

ДАРСГУРЕЗ

1

Писари калонии Маъсумӣ, яъне Фарҳод чанд гоҳе бо бачаҳои дарсгурези кўчагард (хиёбонӣ) ҳамроҳ шуда, ду – се рўз ба мактаб нарафтаасту устод бехабар.

Роҳбарияти мактаб дар маҷлиси падару модарон аз ҷумлаи шогирдони беинтизому дарсгурез писари

Маъсумиро низ ном мебарад.

Бегоҳ муаллим бо табъи хира ба хона омада, ғайри одати ҳаррўза хўрдани таомро рад карданд ва ману Фарҳодро ба ҳуҷраи хобамон даъват карданд.

Фарҳод, ки гуноҳашро медонист, ҳайкалвор хомўш истода, ба суханҳои таҳдидомези муаллим

Маъсумӣ гўш медод ва ҳар замон тавба мекарду ваъда медод, ки дигар ин кор такрор намешавад.

Аз тавбаву зории ў оташи ғазаби устод каме паст шуда, ба насиҳат гузштанд…

НАҚША:

1. Писари калонии муаллим Маъсумӣ Фарҳод бо чӣ гуна бачаҳо ҳамроҳ шуда буд?

2. Фарҳодро дар маҷлиси падару модарон дар қатори чигуна бачаҳо номбар карданд?

3. Чаро муаллим Маъсумӣ бегоҳӣ ба хона бо табъи хира баргашт?

4. Маъсумӣ дар ҳуҷраи кориаш Фарҳодро чаро сарзаниш кард?

5. Фарҳод ба падараш чӣ ваъда дод?

НАСИҲАТ

2

– Писарам, ба ту чӣ намерасад? Макони зист, сару либос, асбоби хониш, падару модар дорӣ, аз хўрок камӣ надорӣ. Ба ин акоят (маро бо ангушт нишон дода) нигар, на ҷои хоб дошту на рўзгори хуш, танҳо бо меҳнати ҳалолаш рўз мегузаронад, хубу аъло мехонад.

Оё ин ба ту ибрат шуда наметавонад?

Аз ин суханони устод шердил шуда, лаҷоми насиҳатро ба даст гирифтам. Ба Фарҳод рў оварда бисёр «панди насиҳатомез» додам. Дар охир ба рўйи муаллим нигариста бо фахр гуфтам, ки агар ман ту барин падар медоштам, фақат бо баҳои аъло мехондам!

Муаллим миёни сухани моро бурида бо овози баланд:

–Э, бародар агар ҳамин хел хонаву дар ва чунин падар медоштӣ, ту ҳам намехондӣ, гўён ханддиданду афзуданд:

- Рафтем, хўроки шом мехўрем.

Устод муддатҳои дароз ин воқеаро ба хотир овапрда механдиданд.

Собири Шоҳонӣ

пешина
аз 32
навбатӣ