МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
МИҚДОРИ КОРҲОИ ХАТТӢ ВА МЕЪЁРИ
КАЛИМАҲО
Имлои санҷиш калима Нақли хаттӣ Иншо шумора шумора калимаҳо.
Синфи 1 2 18-20 - - -
\\\_________________________________________
Синфи 2 7 35-40 3 25-30 - -
Синфи 3 9 60-65 4 40-45 3 50 -60
\\\________________________________________
Синфи 4 11 60-65 65-80 80-85
\\\_______________________________________
МЕЪЁРИ БАҲО БА КОРҲОИ ХАТТӢ
Баҳо ба имлои санҷиш
Ба имлои санҷиш ва супориши грамматикӣ як баҳо гузошта мешавад
Баҳо: миқдори ғалатҳо :
«5» -0
«4»-1-3
«3»-3-7
«2»- зиёда аз 7
Баҳо ба нақли хаттӣ ва иншо
Ба нақли хаттӣ ва иншо як баҳо гузошта мешавад.
Баҳои «5» -мазмуни матн дуруст баён шуда, дар навишти ҷумлаҳо ғалатҳои услуб ва имло содир нашудааст;
Баҳои «4» -мазмуни матн бо каме норасоӣ баён шуда, дар навишти ҷумлаҳо ғалатҳои услуб ва имло кам рух додаанд (2-3-то).
Баҳои «3» - дар баён аз мазмуни матн берун рафта, дар ҷумлаҳо ғалатҳои услуб ва имло зиёдтар дида мешаванд.
Баҳои «2» - мазмуни матн ифода наёфта, дар навишти ҷумлаҳо ғалатҳои зиёди услуб ва имло зиёда аз 7- то рух додааст.
РЎЙНАВИСӢ
Бояд зикр кард, ки рўйнависӣ ҳам дар саводнокшавии бачаҳо кумак мерасонад, зеро ки он ҳам чун як навъи машқ мебошад. Рўйнависӣ хусусан барои рост кардани дасти бачаҳо аҳамияти калон дорад. Чунин намуди машқ ва истифодаи он ба ҳамаи синфҳои ибтидоӣ хос аст. Махсусан, барои хонандагони сустхон, ки бо сабабҳои гуногун машқҳои дигари имлоиро ба қадри зарурӣ анҷом дода наметавонанд, истифодаи рўйнависӣ тавсия дода мешавад. Дар таълими имло асосан аз ду хели рўйнависӣ истифода бурдан ба мақсад мувофиқ мебошад: якум рўйнависи одӣ ва рўйнависии эҷодӣ.
Дар рўйнависи одӣ нависанда аз худ чизеро илова намекунад. Рўйнавискунанда машқ ва ё калимаву ҷумлаҳоро, чи тавре ки дар китоб ё лавҳаи синф дода шудаанд , рўйнавис мекунад. Ба замми ин дар натиҷаи такроран рўйнавис намудан дасти бачаҳо ба тозанависӣ ва тезнависӣ низ одат мекунад, ки хеле муҳим аст. Ҳамчунин дар натиҷаи такрори рўйнависӣ он ба хонанда имконият медиҳад, ки шакл ё тарҳи баъзе калимаҳои душворнавис дар хотирааш нақш бандад, ки ин бисёр зарур аст.
Рўйнависии эҷодӣ низ дорои аҳамияти калон мебошад. Вале дар чунин хели рўйнавис бачаҳо аз худ чизе илова мекунанд, ки қобилияти фикр карданашон инкишоф меёбад. Дар вақти аз китоб ё тахтаи синф рўйнавис кардан талабаҳо чиҳоро илова мекунанд? Ба ин савол машқу супоришҳои китоби дарсӣ ва супоришоти омўзгор ҷавоб медиҳад.
Масалан:
1. Калимаҳоро рўйнавис кунед ва ба ҷойи нуқта ҳарфи заруриро нависед: рўз .ома , . итоб, ша.р ва ғайра.
2. Ҷумлаҳоро рўйнавис карда саволҳоро аз қавс озод кунед:
3. Ҷумлаҳоро рўйнавис кунед ва ба ҷойи нуқтаҳо калимаҳои заруриро гузоред: Шоира ҳусни хати… дорад.
4. Аввал ва охири калимаи ҷумларо пурра карда рўйнавис кунед: баромад, ҳаво гарм.
5. Матнро рўйнавис кунед ва дар охири ҷумлаҳо аломатҳои зарурӣ гузоред: Мо хондани китобро дўст медорем Касе китоб хонад, доно мешавад
6. Дар вақти рўйнависи ҷумлаҳо ба ҷойи мазмуни расмҳо (чизҳо) номи онҳоро нависед.
Бояд таъкид кард, ки рўйнависиро талабаҳо ҳам дар синф ва ҳам дар хона истифода бурда метавонанд.
Ҳамчунин варақаҳои имлоӣ ва истифодаи онҳо низ ба амали рўйнависӣ шабоҳат доранд. Аз ҷиҳати он ки ин тарзи кор дар варақаҳо навишта шуда дар назди бачаҳо гузошта мешаванд, як хели таҳлили имлоиро ба хотир меоранд.
Ин тарзи корро муаллим аз рўйи варақаҳои дидактикии тайёр , ки нашриёт чоп намудааст ва ё худи ў тартиб додааст, мегузаронад.
Дар вақти таъин намудани хусусияти супоришҳо муаллим дониш, қобилият ва пешрафти талабагон ва ё гурўҳи бачаҳоро ба назар мегирад. Аҳамияти истифодаи ин варақчаҳо, ҳамчун машқҳои имлоӣ низ дар ҳамин аст.
Аз ҷумла, муаллим мушоҳида менамояд, ки 3- 4 нафар хонанда оид ба истифодаи калимаҳои ҳамсадову садонокдор хато содир менамоянд. Супориши варақаҳо ҳам чунин хусусият доранд: Супориши 1.
Ҷумлаҳоро хонда, ба ҷойи нуқтаҳо ҳарфҳои зарурӣ гузоред: трактор за… шудгор мекунад. Супориши 2.
Чистонҳоро хонда , ҷавобашонро нависед: Як тоқча- пури мехча… Мевазад ҳис мекунӣ, аммо онро набинӣ.
Хонандаҳо варақчаҳоро гирифта, иловаашонро дар худи онҳо медароранд ва баъд, агар муаллим лозим шуморад, рўбардор менамоянд. Ин имконият медиҳад, ки хонандагон диққаташонро асосан ба орфограммаи зарурӣ ҷалб намоянд, аз тарафи дигар, вақтро сарфа намуда, якбора якчанд калимаро пурра кунанд.
Тарзи гузаронидани имлои таълимӣ
Имло (диктант) шакли паҳншудаи машқҳои имлоӣ буда, ифодаи графикии (маънояш бо хат ишора кардан) талаффузи калима ва ҷумлаҳо мебошад. Дар синфҳои ибтидоӣ хелҳои зиёди имлоҳо ба кор бурда мешаванд, ки ҳамаашонро ба ду гурўҳ ҷудо менамоем:
1. Имлои таълимӣ.
2. Имлои санҷишӣ.
Имлои таълимӣ ҳамчун машқ дар ҳар як дарси забони модарӣ гузаронида шуда, хусусияти омўзишӣ
(таълимӣ) дорад. Муаллим аз ин хели имлоҳо дар вақти фаҳмондани мавзўи нав, такрору мустаҳкамкунӣ ва ё ҳосил намудани маҳорату малакаҳо истифода мебарад.
Одатан барои имлои таълимӣ матнҳои хурд-хурди таълимиву тарбиявӣ доштаро интихоб намуда, дар давоми 5-7 дақиқа мегузаронем. Муаллим метавонад ба ин гуна имлоҳо баҳо нагузорад.
Ба имлоҳои таълимӣ хелҳои зерини машқҳо дохил мешаванд:
1. Имлои таъкидӣ (имлои биноӣ, имлои шунавоӣ, имлои биноӣ- шунавоӣ).
2. Имлои шарҳдиҳӣ (пурра ва интихобӣ) .
3. Имлои эзоҳӣ.
4. Имлои «худамро месанҷам».
5. Имлои луғат.
6. Имлои интихобӣ.
7. Имлои эҷодӣ.
8. Имлои озод.
9. Имлои хомўш (бесадо).
Имлои таъкидӣ дар синфҳои ибтидоӣ хеле серистифода буда, бо се тарз гузаронида мешавад: бо тарзи биноӣ, шунавоӣ ва биноӣ – шунавоӣ.
Барои он имлои таъкидӣ меномем, ки он ғалатҳои хонандаҳоро пешгирӣ карда, онҳоро таъкид мекунем, ки дар навишти ин ё он калима ба хато роҳ надиҳанд. Ба ин маънӣ, аҳамияти ҳар сеи ин имлоҳо аз он иборат аст, ки бачаҳоро аз ғалат содир кардан боз медорад.
Имлои биноӣ барои он номида мешавад, ки пеш аз ҳама, калимаҳо ба воситаи узви биноӣ (чашм) дида мешаванд. Дар ин маврид ғалатҳои хонандагон ба ду роҳ таъкид карда мешаванд: бачаҳо тарзи навишти калимаҳоро бо чашми худ мебинанд, аз тарафи дигар , ҳамаи калимаҳо таҳлили орфографӣ карда мешаванд; гоҳо калимаҳо ҷиҳати овозу ҳиҷоҳо таҳлил карда мешаванд.
Усули гузаронидани имлои биноӣ чунин аст: Пас аз гузаштани ягон мавзўъ ва фаҳмондани имло муаллим якчанд калима ё ҷумла интихоб карда дар лавҳа менависад ва баъд бо ҳамроҳии талабагон таҳлил мегузаронад. Ҳангоми таҳлил бачаҳоро огоҳ мекунад, ки ба имлои калимаҳои зарурӣ бештар диққат диҳанд.
Баъд ў болои матнро мепўшад ва онро имло мекунад.
Талабаҳо саросема нашуда, дар дафтарҳои худ менависанд. Баъди навиштан муаллим болои калима- ҳоро кушода ба талабагон мефармояд, ки навиштаҳояшонро муқоиса карда, хатоҳои содиркар- даашонро ислоҳ кунанд.
Намунаи як имлои биноӣ баъди гузаштани мавзўи ҳарфи ъ (синфи 2).
Муаллим тахминан калимаҳои зеринро қаблан сутунвор навишта мемонад: фаъол таъин аъло манбаъ баъзе Талабагон ин калимаҳоро аввал хомўшона ва баъд бо овози баланд мехонанд. Сипас, муаллим аз рўйи онҳо суҳбат мегузаронад, ки он мумкин аст хислати зеринро дошта бошад: Дар лавҳа чанд калима навишта шудааст? Чаро ҳарфи ъ-ро бо ҳарфи сурх навиштем. Дурусттар нигоҳ кунед, ин ҳарф дар куҷои ин калимаҳо навишта шудааст ва дар кадом ҳиҷо омадааст.
Дар охир муаллим бори дигар таъкид менамояд, ки тарзи навиштани калимаҳоро нағзтар аз назар гузаронанд. –Акнун , мегўяд муаллим, ман болои калимаҳоро мепўшам ва онҳоро имло мекунам, шумо беғалат навишта мегиред.
Тарзи дигари гузаронидани имлои биноӣ ин аст:
Муаллим калима ва ё ҷумлаҳоро ба лавҳа нанавишта , онро аз китоб нишон медиҳад. Пас аз ин муаллим ба бачаҳо мефармояд, ки китобҳоро пўшанд…
Имлои шарҳдиҳӣ. Шарҳдиҳӣ хели нави имлои таъкидӣ буда, муаллим ҷумла ё 4-5 калимаро пешакӣ дар лавҳаи синф навишта мемонад ва болояшро бо парда ё коғаз мепўшад. Айни замон ҷумла ё худи ҳамин калимаҳоро дар варақа навишта ба 2-3 хонанда медиҳад.
Хонандагоне, ки варақаҳоро мегиранд, вазифаи наттоқро иҷро мекунанд. Онҳо бо тартиб дар ҷойи нишасташон аввал ҷумларо хонда, баъд калимаҳои онро шарҳ додан мегиранд ва дар айни замон менависанд. Дигарон ба шарҳи ҳамсинфашон гўш дода, низ навиштан мегиранд. Масалан талаба калимаи «тирамоҳ»-ро ин тавр шарҳ медиҳад: ти ра моҳ аз 3 ҳиҷо иборат (ти-ра-моҳ). Ҳиҷои якум- ти, ҳиҷои дуюм- ра, ҳиҷои сеюм-моҳ. Ҳиҷои аввал-ти, ман ба навиштан сар кардам, ҳиҷои дуюмро менависам ра ҳиҷои сеюмро менависам моҳ ва ғайра.
Муаллим дар байни мизҳо гашта, кӣ чӣ хел хатоӣ мекунад, зери чашм менамояд. Баъд аз он ки ҳамаи калимаҳо ба ин минвол навишта шуданд, муаллим пардаи лавҳаро як тараф карда ба бачаҳо мефармояд, ки чизи навиштаашонро бо навиштаҳои лавҳа муқоиса кунанд ва ғалатҳояшонро ислоҳ намоянд. Дар ин вақт муаллим ҳамон талабаҳоеро, ки таги чашм карда буд, ба назди лавҳа даъват намуда, имлои қоидаи гузаштаро мепурсад.
Имлои эзоҳӣ. Ин имло ба гурўҳи имлоҳои таъкидӣ дохил шуда, аз ҷиҳати гузаронданаш ба имлои санҷиш монанд аст.
Усули гузаронидани имлои эзоҳӣ ин тавр аст:
Муаллим матн, ҷумла ва ё калимаҳоро интихоб намуда, аввал як маротиба ҳамаашро мехонад. Баъд ҷумлаи якумро хонда, тарзи навишти калимаҳои заруриро эзоҳ медиҳад. Пас аз он имло менамояд, бачаҳо менависанд. Сипас ба ҷумлаи дуюм мегузаранд.
Ҳамин тавр, дар ин имло амалиёти эзоҳ додан , имло кардан ва навишта гирифтан хос буда, бачаҳоро ба навиштани имлои санҷиш тайёр менамояд.
Имлои «худамро месанҷам». Дар ин имло бачаҳо орфограммаи заруриро (агар санҷишӣ набошад) ишора мекунанд. Муаллим, масалан, ҷумлаи якумро имло мекунад, бачаҳо менависанд: Ғаллазор аз дур дашти тиллоро мемонд. Талабаҳо ду супоришро иҷро мекунанд, яъне мустақилона ҳар кас худашро месанҷад: Супориши аввал: зери калимаҳои ҳарфҳои такрордор хат кашед. Супориши дуюм: дар калимаи «ғаллазор» реша ва пасвандро ишора намоед: ғаллазор-ғалла-зор. Пас аз анҷоми ҳамин супоришҳо муаллим ба имлои ҷумлаи дуюм мегузарад.
Имлои луғат
Ин намуди луғат асосан оид ба ҳамсадоҳои такрор дар калима, талаффуз нашудани ҳамсадоҳо ё суст талаффуз шудани онҳо дар реша, имлои исмҳои хос ва ғайра истифода мегардад.
Аз ҷумла, дар калимаҳои «банд»,
«канд»,«каланд» «зиёдтар»,«фарёд», «нуҳ», «кўҳ» ва ғайраро метавон мисол овард, ки ҳамсадоҳои д, т, ҳ талаффуз намешаванд ва ё суст талаффуз мешаванд.
Имлои интихобӣ
Дар ин намуди имло хонандагон метавонанд калимаҳои ҷудогона ва ё ибораҳои алоҳидаро аз ягон матн интихоб карда нависанд.
Матн: Мардум ба истиқболи устодон баромаданд. Ниҳоят, устод Мирзо Турсунзода, ҳамроҳи Абулқосим Лоҳутӣ ва Боқӣ Раҳимзода аз мошин фуромаданд. Шеъру сурудхонӣ ва рақсу бозӣ сар шуд.
Талабаҳо матнро мустақилона хонда, худашон муайян мекунанд, ки он ба имлои исмҳои хос тааллуқ дорад. Як нафар матнро мехонад ва дигарон менависанд (синфҳои 3-4).
Имлои эҷодӣ
Ин намуди имло дорои ду хусусият мебошад, ки якеаш, агар нутқи бачаҳоро инкишоф диҳад, дигараш онҳоро ба иншонависӣ омода месозад.
Дар тарзи якуми имло калимаҳоеро истифода мебарем, ки онҳо ба як мавзуъ дахл доранд. Масалан, агар мавзўъ «Фасли баҳор» бошад, калимаҳои зерин оварда мешаванд: баҳор, гул, булбул, сабза.
Дар тарзи дуюми имлои эҷодӣ калимаҳои алоҳидаро меоварем, то ки талабаҳо бо он калимаҳо ҷумла созанд. Мисол: Сафар, ва, Зулайхо, китоб, мехонанд.
Сафар дар синфи мо аълохон аст. Зулайхо духтари бошарм (боифат) мебошад. Замин моро мехўронад.
Имлои озод
Имлои озодро омўзгор бо тарзи зерин мегузаронад: Аввал матни на он қадар калонеро интихоб мекунад. Онро ба қисмҳо ҷудо карда, қисми аввалашро хонда лаҳзае дам мегирад, хонандаҳо маънои қисми хондашударо менависанд, баъд аз он муаллим қисми дуюми матнро мехонад ва ҳамин тавр кор ба анҷом мерасад.
Имлои хомўш
Ин имло барои он хомўш ё бесадо ном дорад, ки кору амали муаллиму хонандаҳо хомўшона гузаронда мешавад. Масалан, муллим расмҳои алоҳидаро, ки вобаста ба мавзуъанд, (исмҳои ҷинс, хос, исмҳои ҷондор ё беҷон…) бо навбат нишон медиҳад ва хонандагон ба кадом мавзуъ вобаста буданашонро менависанд.
Пешгирӣ ва ислоҳи хатоҳои имлоӣ
Дар баробари баланд бардоштани саводнокии хонандагон боз дуруст омўхтани қоидаҳои грамматика ва имло низ бисёр муҳим мебошад, ки он ба осонӣ ба даст намеояд. Бо ин мақсад, методистон дар асарҳои илмӣ-татқиқотии худ, аз ҷумла, устод М. Лутфуллоев шартҳои зеринро ба қалам додаанд:
1.Шарти нахустин, асосӣ ва муҳимро мо бояд дар камбудии дарсҳои забони модарӣ биҷўем.
Камбудии ҷиддӣ дар ин бобат ҳамин аст, ки баъзе муаллимон вақтро беҳуда, бесамар ва бо суҳбатҳои умумӣ мегузаронанд. Дар натиҷа талабаҳо дар ҳар дарс хеле ва хеле кам менависанд, ки инро мо аз дафтарҳои онҳо мушоҳида мекунем. Дафтарҳои зиёде ба чашм мерасанд, ки бачаҳо давоми як –ду соат ҳамагӣ 6-8 калима навиштаанд. Агар дониш аз хониш бошад, саводу саводнокӣ аз бисёр навиштан аст. Барои ҳамин мо ҷадвалеро пешниҳод мекунем, ки дар он мқдори калимаҳои менавиштагӣ дар ҳар синф давоми ду соат дарс нишон дода шудааст ва ба марҳилаҳо ҷудо гардидаанд.
Дар синфи 1 дар рейтингҳои (марҳилаҳои 3-4),
10-15, 15-20 калима
Дар синфи 2 дар Р 1, 20-25, Р 2, 25-30 , Р 3, 30-
35,Р 4, 35-40 калима
Дар синфи 3 дар Р 1,40-45, Р 2, 45-50, Р 3, 50-55, Р
4, 55-60 калима
Дар синфи 4 дар Р 1,60-65, Р 2, 65-70 Р 3, 70-75 Р
4, 75-80 калима
2. Талаба маънои калима ва ё чизи навиш- таашро фаҳмад. Ин аст, ки пеш аз навиштан (рўбардор, имло) аввал шарҳи маънои калимаҳои ҷудогона ва, умуман, ҷумла, матн гузаронда мешавад.
Талаффузи дурусту адабии калимаҳо ва хоною беғалат навиштани онҳо. Саросема нашуда пурра иҷро кардани машқ (диққат карда хон, фикр бикун, навис, муқоиса намо). Калимаи хатошударо дуруст ислоҳ карда, гашта навис: бо ҳамин калима монанд ягон калимаи дигар гуфта онро низ навис. Кўшиш бикун, ки калимаи навро бехато нависӣ.
3. Мунтазам таҳлил намудани ҷумлаву калимаҳо, ҷудо кардани таркиби калима, интихоби калимаи ҳаммаъно, истифодаи калимаҳои душвор- навис дар ибора, ҷумла ва нутқи алоқанок.
4. Алоқамандона омўхтан, шарҳу эзоҳ додани ҳама тарафҳои забон: таҳлили овозиву ҳарфӣ, таркиби калима, ҳиссаҳои нутқ, таҳлили синтаксисии ҷумла, нутқи алоқанок. Ба назар нагирифтани яке аз ин қисматҳо боиси паст шудани маҳсули кор мегардад.
5. Дуруст ва мувофиқи мақсад гузарондани машқҳои грамматикӣ-имлоӣ, пеш аз ҳама, машқҳои луғавӣ- имлоӣ, луғавӣ-мантиқӣ, луғавӣ-муқоисавӣ, луғавӣ-маъноӣ, луғавӣ-услубӣ дар вақти истифодаи ин машқҳо ба ҳисоб гирифтани дараҷаи дониш ва пешравии ҳар як бача. Мисол: номҳои алоҳидаи одамон, шаҳру дарёҳо, исми хос мебошанд. Ин таърифи грамматикист. Чӣ кор кунем, ки ҳамин таърифро ба қоидаи имло алоқаманд намоем? Барои ин давоми қоидаро бояд хонд. Аввали исмҳои хос бо ҳарфи калон навишта мешаванд. Муқоиса:
Лола–номи духтар Асо–номи писар лола–номи гул асо–чўб
6. Таъкид намудани орфограммаи дахлдор.
Муаллим ҷумлаҳо ва ё матнеро бо мақсади гузаронидани ягон хел кори хаттӣ интихоб менамояд. Дар таркиби матн 2-3 калимае вомехўранд, ки аз ҷиҳати имло душворанд, ё бори аввал дучор шуда истодаанд. Бо мақсади пешгирӣ кардани хатоҳо тарзи навишти ин гуна калимаҳоро шарҳ дода навиштан лозим.
7. Муназзамӣ ва пайдарҳамии машқҳои имлоӣ.
Дар бобати ҳосил намудани дониш маҳорату малакаи зарурӣ оид ба ин ё он имло пайдарҳамии машқҳо нақши калон мебозанд. Ҷудо ва гоҳ-гоҳ гузаронидани машқ фоидае надорад. Масалан, барои он ки талабагон имлои калимаҳои ҳамсадои шаддаро ёд гиранд, мунтазам бояд машқ намоянд. Ҳар гуна малака, махсусан, малакаҳои имлои машқҳои муназзаму дурударозро талаб мекунанд.
8. Дар ислоҳи ҳар гуна хато мустақилияту фаъолиятнокии талабагон ҳатман ба назар гирифта шавад. Дар акси ҳол бачаҳо бефаъолиятӣ нишон дода, нисбат ба ғалатҳояшон бепарво мешаванд.
Бояд зикр кард, ки ба замми шартҳое, ки дар боло зикр ёфтанд, боз роҳҳои дигари пешгирӣ намудани хатоҳоро низ метавон пешниҳод кард. Аз ҷумла, ба хотир овардани қоида.
Фарз кардем, ки талаба аз муаллим имлои калимаи «Вахш» ё навиштани исмҳои хосро мепурсад, калимаро бе душворӣ менависанд. Дар ин маврид таъкид кардан лозим, ки талаба қоидаи имлои «Исмҳои хос»-ро ба ёд оварад. Исмҳои хос бо ҳарфи калон навишта мешавад.
СИНФИ 1
ЧОРЯКИ 3-4
Рейтинги 1-2
МАРҲИЛАИ 1-2
НИМСОЛАИ 2
БАЧАИ ТАРБИЯДИДА
(Рўйнависӣ)
Ҳар бача, ки тарбиядида бошад, бисёр боодоб мешавад. Хўроку пўшокашро покиза нигоҳ медорад.
Аз таом хўрдан пеш ва пас дасташро мешўяд…
Садриддин Айнӣ
Супориш:1. Зери ҳарфҳои садоноки калимаи
«тарбиядида» хат кашед.
2. Нақшаи ҷумлаи дуюмро кашед:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё