Зеҳн
МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.

Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

ВОХЎРӢ БО ХОҶА АҲРОРИ ВАЛӢ

3

Дар бораи ҳаёти Мавлоно дар байни мардум ривояте ҳаст. Масалан, ҳикояте мекунанд, ки тобистони гармо Мавлоно сабзӣ хишова мекард. Аз ҳарорати баланд рўйи гандумгуни пурожангаш саршори арақ шуда буд. Чакраҳои арақ ба ришаш ва аз он ба поён метаровиданд. Куртаи карбосиашро тар мекарданд. Аммо бузургвор ҳамоно хишова мекард.

Ногоҳ садое ўро ба худ овард.

– Ассалому алайкум, ҳазрати бузургвор!? Монда набошед!

– Саломат бошанд. Хуш омаданд, меҳмони азиз, қадам болои дида.

Онҳо гўё чун дўстони пешина гарму ҷўшон бо ҳам салом карданд, ҳолу аҳвол пурсиданд.

– Ман, тақсир Хоҷа Аҳрор, аз Самарқандам.

Барои дидани дидори шумо омадам. Мехоҳам бандаро тарбият кунед.

– Пасон суҳбат мекунем, писарам. Иншоаллоҳ корҳо хуб мешаванд, ба мақсад мерасед…

НАҚША:

1. Ривояте дар бораи Мавлоно…

2. Арақ рўйи гандумранги Мавлоноро…

3. Аммо бузургвор дам нагирифта сабзиро

…мекард.

4… Хоҷа Аҳрор аз Самарқандам.

5. Онҳо чун дўстони дерина бо… салом карданд.

6. Мехоҳам бандаро…

СУПОРИШ: Ҷумлаҳои нопурраи болоро пурра кунед.

Намуна: Ривояте дар бораи Мавлоно мавҷуд аст.

СУҲБАТ ДАР ТАГИ ЧАНОР

4

Дар сояи чанор намад парофта кўрпачаю болишт гузоштанд. Дастархон оростанд ва барои хизмати меҳмон омода гаштанд. Мавлоно Яъқуб дар поён рўй ба рўйи Хоҷа Аҳрор қарор гирифт. Суҳбат тафсид. Пас аз тановули хўрок Мавлоно ба пешхизмат фармуд:

– Мавлоно Содиқ, рафта аз полез аз харбузаҳои амирӣ як дона ва аз харбузаҳои навпухтаи Хоҷа низ як дона барои меҳмон биёред. Харбузаҳоро оварданд.

Мавлоно ҳар ду харбузаро тилим кард. Аз ҳар кадоме ба назди Хоҷа Аҳрор гузошт ва гуфт:

– Марҳамат фармоянд. Меҳмонон харбузаҳоро нўши ҷон карданд. Пас аз дуою фотеҳа Мавлоно Яъқуб аз Хоҷа Аҳрор пурсон шуд:

– Кадоме таъми ширинтар дошт?

– Харбузаи амирӣ.

Хамин тавр ба ҳар кор мебояд меҳнат кард.

Меҳнат ҳама чизро ширин мекунад. Охиратро ҳам.

Баҳовуддини Балогардон ба мо шогирдонашон , бештар ҳамин масъаларо таъкид менамуданд.

Мегуфтанд: «Даст ба кору дил ба ёр», «Дар зоҳир ба халқ, дар ботин ба Ҳақ».

М. Маонӣ

ЛУҒАТ:

Хишова- аз алафҳои бегона тоза кардани кишт.

Ишоаллоҳ - агар Худо хоҳад замини зироат обчакроӣ

Метаровиданд- мешориданд, мерехтанд

Зоҳир- берун

Ботин-дохил, дарун

Ҳақ- Худои таъоло

НАҚША: карданд?

1. Дар сояи чанор барои меҳмон чӣ тайёр

2. Пас аз хўрок хўрдан Яъқуб ба Мавлоно Содиқ чӣ фармуд?

3. Мавлоно Содиқ чандто харбуза овард?

4. Пас аз хўрдани таом Яъқуб аз Аҳрор чиро пурсид?

5. Кадоме аз намуди харбузаҳо ширинтар будааст?

6. Ду панди охири матн чӣ маъно доранд?

Супориш:

Ду панди охири матро бо ёрии муаллим маънидод кунед ва дар хотир нигоҳ доред.

ХАС КАМУ ҶАҲОН ПОК

Боре як марди варзобӣ муаллимони худ Холиқ

Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Набиҷон Сатторӣ ва

Хохомовро ба хонаашон ба меҳмонӣ даъват мекунад.

Вале он солҳо ба ноҳияву маҳаллаҳои дурдаст мусофирбар (автобус) намегашт.

Меҳмонон ба мошини боркаш савор шуда, ҷониби Варзоб мераванд. Чун мошин суръаташ баланд мешавад, шамоли сахт вазида кулоҳи Хохомовро аз сараш бурда, ба дарё меандозад. Хохомов тақ- тақзанон мошинро манъ мекунад ва фуромада лаб- лаби дарё давида, кулоҳро доштанӣ мешавад. Вале ҷараёни тези об кулоҳро дур мебарад.

Хохомов бо табъи хира ва чеҳраи тира ба назди мошин меояд ва ба таассуф мегўяд, ки кулоҳи навро дирўз занам аз Маскав оварда буд. Акнун пурсад, ки кулоҳро куҷо кардӣ, чӣ ҷавоб хоҳам дод.

Маъсумӣ ба ў мегўяд:

– Подшоҳон кулоҳи заррин гум кунанд, ғам намехўранд. Балои омада ба ҳамин кулоҳ занад, як не, садто кулоҳ фидои саратон бод! Насиб бошад, ба наздикӣ ба Маскав равам, ду-се кулоҳ меорам. Воқеан, кулоҳатон хасин буд-а?

– Бале, хасин буд.

– Хайр, ғусса нахўред, домулло. Як кулоҳи хасинро об бурд, бурд-дия. «Хас каму ҷаҳон пок!».

Собири Шоҳонӣ

НАҚША:

1. Муаллимонро кӣ ба меҳмонӣ ба Варзоб даъват кард?

2. Дар роҳ чӣ воқеа рух медиҳад?

3. Кулоҳи киро шамоли сахт ба дарё мепартояд?

4. Барои Хохомов кӣ кулоҳро аз Маскав оварда буд?

5. Барои таскин додани дили Хохомов Маъсумӣ чӣ мегўяд? шудааст?

6. Хас каму ҷаҳон пок нисбати чӣ гуфта

ИД ДАР ТЕППАИ «НАВРЎЗ»

1

Хабари дар болои Теппаи «Наврўз» аввалин маротиба ҷашн гирифтани Наврўз аз ҳама зиёдтар мо, мактаббачаҳоро шод мекард. Охир чӣ тавр шод нашавем!? Худи ман ҷашнгирии Наврўзро надидаам.

Гоҳҳо таърифашро аз забони падарам мешунавам.

– Мо, мисли шумо хурд будем,- баъзан нақл мекунад ў.

Омад-омади Наврўзро интизор мешудем. Он рўз ба майдони хушобу ҳавои хуррам мебаромадем. Рўзи ид мардум либосҳои нав ба бар мекарданд.

Ҳамдигарро табрик гуфта, ба якдигар саломатӣ, барори кор, сулҳу амонӣ ва файзу баракати рўзгор мехостанд.

Аввалин шаби Наврўз модарон серташвиш мешуданд. Оҳо барои Наврўз таомҳои гуногун мепухтанд. Ҳамаи ин хўрданиҳоро, ки наврўзӣ меномиданд, ба идгоҳ меоварданд. Аз дастурхони наврўзӣ ҳама баробар тановул мекарданд. Ба назари мо, хўрданиҳои наврўзӣ аз ҳама чизҳо ширинтару лазизтар буданд.

Хўрокиҳо аз гандуму биринҷ, наску нахўд, мошу лўбиё барин маҳсулот тайёр карда мешуданд. Яъне, мардум орзу мекард, ки Соли Нави мо, ки Наврўз аст, пурфайзу баракат ояд ва ризқу рўзии ҳама фаровон шавад.

НАҚША:

1. Соли Нави мо, ки ҳар сол 21 март оғоз мешавад, ба мо чӣ гуна хушиҳо меорад?

2. Падар ба писар дар хусуси чӣ нақл мекард?

3. Нарўзро дар куҷо пешвоз мегирифтанд?

4. Модарон барои чӣ дар Соли нав серташвиш

(серкор) мешуданд?

5. Онҳо хўрданиҳоро асосан аз чиҳо тайёр мекарданд?

6. Мардум дар Соли Нав чӣ орзу мекард?

ГЎШТИНГИРИИ ИДОНА

2

Мо , бачаҳо ҳам дар он рўз хеле шодӣ мекардем.

Танҳо болу пар надоштем, ки ба осмон парвоз бикунем. Ҷашни Наврўз бе гўштингирӣ намегузашт.

Ин маърака пеш аз ҳама аз гўштингирии мо, бачаҳо сар мешуд. Баъд паҳлавонҳои деҳа ба майдон мебаромаданд.

Ба ман хусусан гўштингирии Гулмуродпаҳлавон хеле маъқул буд. Орзу мекардам, ки калон шавам, мисли ў паҳлавон мешавам…

Мо писарон ва духтарони синфамон ин хабари хушро шунида , бо маслиҳат ба ин ид тайёрӣ медидем.

Кулчақанду санбўсаҳои алафин пухта ба идгоҳ меовардем. Идгоҳро, ки дар ҳақикат ҷойи зебо будааст, худамон Теппаи Наврўз ном гузоштем.

Дастаи ҳаваскорони мактабамон барномаи базмӣ тайёр карданд, ки аз рақсу сурудҳои баҳорӣ иборат буд.

Дар иди Наврўз ҳамроҳи ҳамсинфон шодию хурсандӣ намудем ва якдигарро табрик кардем: «Ҳар рўзатон Наврўз бод! Наврўзатон фирўз бод!».

НАҚША:

1. Теппаи Наврўз чӣ хел ҷой будааст?

2. Гўштингириро аввал киҳо сар мекарданд?

3. Наврўзро дар чӣ хел ҷой қайд мекардаанд?

4. Гўед, ки Наврўзро дар ҷойи шумо чӣ тавр ҷашн мегиранд?

ИДИ НАВРЎЗ

Боз дар гўшаи порисаи боми падарӣ,

Лола мерўяду қумрӣ ба наво меояд.

Лона монанд зи нав достакони сафарӣ,

Иди Наврўз ҳама хонаи мо меояд.

*

Амаки ҷуфтгарам ҷуфт кунад ҳотаи хеш,

Бачагон гашта савори чапари молаи ў.

Абри боранда бирез оби бақо бар сари кишт,

То ки афзун бишавад ҳосили имсолаи ў.

*

Рўди кўҳӣ биҷаҳад, мавҷзанон шеҳакашон,

Гўйӣ чу аспи самандест, ба тоб омадааст.

Санг ғелон шуда аз кўҳ дами сели дамон,

Чу саворест, ки по ба рикоб омадааст.

*

Бўйи сабза, бўйи гул, бўйи замини падарӣ,

Сўйи худ мекашад ин лаҳза маро аз роҳи дур.

Ҷўям аз кўчаи деҳ ҳамсабақонро ба умед,

Ҳамчу набзе, ки биҷўяд ба тане одами кўр.

*

Боз дар гўшаи порисаи боми падарӣ,

Лола мерўяду қумрӣ ба наво меояд.

Лона монанд зи нав достакони сафарӣ,

Иди Наврўз ҳама хонаи мо меояд.

Ҳабибулло Файзулло

ЛУҒАТ:

ПОРИСА-нагас

Чапар-шохаҳои дарахти ба ҳам сахт басташудаи паҳн ё шохаҳои оҳании ба андозаи муайян сохтагӣ…

Ҳота-замини назди ҳавлигӣ

Рикоб-ўзангўи асп

НАҚША:

1. Наврўз дар кадом фасл ҷашн гирифта мешавад?

2. Нишонаҳои омадани Наврўз кадомҳоянд?

3. Рўдҳои кўҳӣ аз чӣ серобу серғавғо мегарданд?

4. Дар дашту саҳро сабзаю гулҳо чӣ гуна мерўянд ва мешукуфанд?

Супориш: Дар такя ба саволҳо нақли хаттӣ нависед. Медонистагиатонро ҳам оид ба Наврўзу баҳори хуррам илова кунед.

МАТНҲО БАРОИ НАҚЛИ ХАТТИИ МУХТАСАР

РУСТАМИ ДОСТОН

1

Рустам одате дошт ба ҳар манзил ва ҷойгоҳе, ки мерасид ва ба чашмаш шодобу сарсабз мнамуд, он ҷоро чарогоҳи хубе барои Рахшаш шумурда, аз

Рахшаш фуруд меомад ва ликом (лаҷом) аз сари он гирифта раҳо месохт, то Рахшаш дар он марғзорҳо бичарад. Худаш аз ин, ки хаста ва монда мешавад, лаҷомро зери сар карда ба хоб мерафт, то лаҳзае биосояд.

Мегўянд: Рустам дар яке аз водиҳои шодобу зебои Ҳиндукуш аз Рахш фуруд омад ва онро ба чаридан гузошт. Худаш лаҷоми аспро зери сар карда рўйи саҳрои бузурге ба хоб рафт.

Баъд аз таи чанд соат, ки аз хоб бедор шуд, ба гирду атрофи худ назар кард, аз Рахш асар надид.

Якбора дар ташвиш шуда пайи ёфтани Рахш рафт.

Ҳарчанд ҷустуҷўй кард, нишоне аз он наёфт. Дар ин вақт ба марди тануманд ва бузургҷусса вохўрд ва аз вай ҷўёи Рахш гардид…

ЛУҒАТ:

Рахш-номи аспи Рустам

НАҚША:

1. Рустам чӣ хел одат дошт?

2. Дар бораи Рустам аз намоиши филмҳо чизе щунидаед, дидаед.

3. Сабаби машҳур шудани Рустам дар чист?

ПАҲЛАВОНИ НОШИНОС

2

Паҳлавони мавсуф ба ҳайбат аз Рустам пурсид:

– Кистӣ, ки нишони аспи Рустам аз ман меҷўӣ?

Аз он, ки Рустам аз вай дар ҳарос шуда буд ва худро чун мавҷуди хурде дар баробари ў медид, аз шиносоии хеш ба вай худдорӣ кард.

Тавре вонамуд сохт, ки гўё яке аз ходимони

Рустам аст ва Рустам ўро ба ҷустуҷўи Рахш фиристодааст. Пахлавон бо шунидани ин сухан аз забони Рустам бемуҳобот ўро ба як даст аз замин баланд карда бар сари шонаи худ қарор дод ва бо дасти дигараш ба тарафе, ки Рахши Рустам он ҷо буд, ишора намуда гуфт:

– Аспи Рустам он ҷост!

Баъд аз он, ки Рустамро дубора ба замин гузошт.

Рустам ба мушоҳидаи ин қудрати фавқулода, ки худро дар муқобилаш заиф ёфта буд, аз ў пурсид, ки оё паҳлавони болодасттаре аз хеш дар ҷаҳон суроғ дорад ё не. Ў дар ҷавоб бар хилофи фикри Рустам изҳор дошт:

– Бале, паҳлавоне, ки ман болотар аз худ мешиносам, Рустам асту бас.

Мегўянд: Рустам бо шунидани ин сухан аз забони ў назди худ гуфт: «Номи Рустам_беҳ аз Рустам».

ЛУҒАТ:

Ҳарос- тарс

НАҚША:

1. Паҳлавони ношинос аз Рустам чӣ пурсид?

2. Рустам ба саволи паҳлавон чӣ посух дод?

3. Рустам ба паҳлавони ношинос чӣ савол дод ва чӣ ҷавоб шунид?

Супориш: Мазмуни мухтасари матнро нависед.

ЧАРОГОҲИ РАХШ

3

Мардуми баландкўҳи Лахш ривоят мекунанд, ки мавзеи онҳо асосан Рахш ном дошт.

Номи ҳамон аспи номдори Рустами номдори

Достон. Мавзеъ чарогоҳи хуб буд. Рустам ҳам барои аз гиёҳҳои тару тозаи ширин сер кардани Рахш гоҳ-гоҳ ба ин ҷойҳо меомад.

Рахш ҳам пастию баландиҳои ин ҷойҳоро нағз медонист. Аз ин сабаб Рустам ҳамин, ки ба чарогоҳ расид,

Рахшро аз зину лаҷом озод мекард. Рахш чарогоҳро озодона мегашт. Рустам дар ҷойи хушҳавои чарогоҳ ба хоби баҳодурӣ мерафт. Рахш аз гиёҳҳои тару тоза сер шуда, ба бедоршавии соҳибаш интизор мешуд.

Рустам, ки аз хоб хест, боз Рахшро зину лаҷом мекарду ба корзор мерафт.

ЛУҒАТ:

Баҳодурӣ-паҳлавонӣ

Корзор- майдони ҷанг

НАҚША: мекунанд?

1. Мардуми Лахш чӣ ривоят (нақл, қисса)

2. Рустам аспашро дар чигуна ҷойҳо мечаронид?

3. Рустам аспашро раҳо карда худаш чӣ кор мекард?

Супориш: Нақли хаттии мухтасар нависед.

Бардошти матнҳо аз «Шоҳнома»-и Абулқосим

Фирдавсӣ, эҷоди насрии Сотим Улуғзода

МАТНҲО БАРОИ ФАҲМОНИДАНИ АВВАЛИ НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО

ОРЗУИ САФАРАМАК

Сафарамак ният дорад, ки дар замини назди ҳавлигиаш мехоҳад, ки бо меҳнати ҳалоли худ лимузор бунёд созад. Рўзгори оилаашро аз даромади он таъмин.

НИЯТИ САЛИМ

Салим дар синфи чорум мехонад. Ў ният дорад, ки баъд аз хатми синфи чорум дар таътили тобистона бо хоҳарчааш ба хонаи хешовандонаш ба деҳа раванд…

ДУ БАРОДАР

Ману акоям Тоҳир мақсад дорем, ки дар таътили зимистона аз китобхонаи мактаб якчанд китоб гирифта, онҳоро мутолиа намоем. Ҳар касе китоби зиёд мехонад боақлу ҳуш…

ДАСТГИРӢ

Додарам Валиҷон аз фанни математика донишаш каме сусттар аст. Ман ба ў минбаъд дар иҷрои вазифаи хонагӣ ёрӣ …

ШАБҲОИ ДАРОЗИ ЗИМИСТОН

Шабҳои фасли зимистон хеле дарозанд. Барои ин мо кўшиш мекунем, ки зиёдтар китобҳои бадеиро …

ТАМАШОИ ТЕАТР

Сардори синфамон Рухсор моро огоҳ кард, ки фардо ҳамаамон ба театри «Лўхтак» ба тамошо меравем… ГУЛЧИНӢ

Фасли баҳор дар теппаҳои атрофи деҳаи мо гулҳои гуногун мешукуфанд. Мо ҳамроҳи ҳамсинфонамон ҳар баҳор ба гулчинӣ меравем.

Гулҳоро мо бе реша мечинем…

ОМОДАГӢ БА НАВРЎЗ

Соли нави мо, ки Наврўз аст, онро мо нағз пешвоз мегирем. Мактаб ва атрофи онро тозаю озода нигоҳ медорем. Барои он шеъру сурудҳо аз ёд мекунем…

ОЗОДАШАҲР

Мо дар шаҳри Душанбеи зебо зиндагӣ мекунем.

Ҳамроҳи ҳамсинфонамон зуд-зуд ба тамошои Боғи

Парчам ва Рўдакӣ меравем…

ДИЁРИ РОМИТ

Ромит яке аз диёри хушманзараи Тоҷикистон аст. Дараҳои Ромит саросар сабзу хуррам мебошанд.

Ҳар кас, ки ба ин диёри зебо гузораш афтад, намехоҳад, ки зуд…

ТОҶИКИСТОН- ВАТАНАМ

Ман тоҷикистони азизамро дўст медорам.

Тоҷикистони мо ватани зебоманзар мебошад. Онро саросар кўҳҳои сар ба фалак кашида иҳота …

ДЕҲАИ МО

Деҳаи мо хеле калон ва ободу зебо… Кўчаҳояш ҳама мумфарш мебошанд…

Мактаби мо калон ва дуошёна…

пешина
аз 32