Зеҳн
Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.

зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мусофири роҳҳои ноошно

Деҳаи “Болиё вала” Устоди мукаррам “Салому алайкум”!

Имрӯз аввалин мактубро оиди зиндагиам бароятон менависам. Ман Шуморо “устоди мукаррам” гуфта хитоб мекунам, ҳол онки дар дарсҳо мо шогирдон Шуморо “сэр” хитоб мекардем. Дар мавҷуд набуданатон Шуморо доктор Зубайрӣ низ муроҷиат мекардем. Аммо ба назарам пайванд миёни ману Шумо ба ҷуз робитаи устоду шогирд дигар омиле нест, ки Шуморо эҳтироман чунин хитоб накард.

Устоди мукаррам! Имрӯз 9-уми август мебошад. Ман ба Шумо аз деҳае ки номаш “Болиё вала” гуфта мешавад, хат ирсол мекунам. Маъзарат хоҳам, ки наметавонам дар ҳоли ҳозир ба наздатон ҳозир шавам. Зеро имрӯзҳо асноди худро ба Шурои машваратии ноҳиявӣ аз деҳаи “Болиё вала” ирсол карда истодаам. Мактуби дархостии онҳо расо баъд за 6 рӯз бароям дарстрас гардид. Дар мактуб амр шудааст, ки рӯзи 2-уми август ба наздашон ҳозир шавам. Аммо фармон субҳи 2-уми август ба ман расид. Сафар дуру дароз буду қатора аз маҳалла соати 11 равона шуд. Бо сабаби хело кӯтоҳии вақт, узри маро бипазиред.

Мактубро аз манзили дуввуми хонаи хиштии кӯчак, болои миз нишаста, навишта истодаам. Тақрибан 6 рӯзу 7 шаб аст, ки дар ин деҳа мебошам.

Нимаи аввали шаб сипарӣ мешуду маро хоб пахш мекард. Вале навиштан мактуб ба Шумо баёдам омаду чашмонамро молида, аз кат бархоста ба курсӣ нишастам.

Устоди мукаррам!

Дар ин лаҳзаҳо дар ботини худ як кайфияти аҷиберо эҳсос мекунам, онро бо алфоз баён кардан шояд номумкин бошад. Кайфияте ки инсон дар ботинаш сукуну оромӣ пайдо мекунад. Бароям ҳоло итминон ва сукуни 28 Истилоҳи Sir ба англисӣ , sieur ба фаронсавӣ ва ҷаноб ё муҳтарам ба забони тоҷикӣ мебошад.Он чун унвони фахрӣ барои донишманд ва шахсони соҳибмартаба ироа мегардад. Дар доираи таҳкими мустамликаи Ҳиндустон аз ҷониби Англия, он чун орден дар соли 1861 барои мукофотонидани ходимони барҷастаи давлатӣ, афсарони низомӣ ва шахсиятҳои маъруфи марбут ба Империя таъсис дода шуд. Дар забони русӣ ин истилоҳ низ қаблан истифода мешуд.

Ҳеҷ гоҳ маҳфили суханроние ки дар рӯзи хатм ба ифтихорамон сурат гирифта буд, фаромӯш нахоҳам кард. Ҳамон рӯз охирон дарси Шумо буд. Дарс бахши силабуси дарсӣ набуд, балки як порае муҳим аз зиндагии ман маҳсуб мешуд.

Алфози зерини Шумо то ба ҳол дар зеҳнам садо ва огаҳӣ медиҳад:

-“Пешаи духтурӣ ба монанди дигар пешаҳо фақат як воситаи дарёфти маош набуда, балки он дорои ҳадафест, ки ин касабаро муқаддас мегардонад.

Шумоён имрӯз охирон рӯзи худро дар миёни ин чаҳор девора суханони ниҳоии маро мешунавед. Дар хотир дошта бошед, ки мақсади аслии Шумо ба халқи Худо хидмат кардан мебошад. Шумо бемориҳоро пешгирӣ намуда, ранҷу азоби башариятро раҳо сохта, ба хотири Худо ҳеҷ гоҳ худро дастгоҳи пулбарорӣ насозед. Духтур дар ҳар ҳолат вазифаашро бояд иҷро кунаду ба тиҷорат набояд машғӯл шавад. Ҳамин тариқ, бо роҳи дуруст ба халқи Худо бояд хидмат намояд”.

“Худо ҳофиз фарзандон” аз суханони охирони Шумо бароямон буд. Дар гуфторҳоятон дарду алам зоҳир мешуд. Аммо аз шогирдони дигари Шумо чизе гуфта наметавонам. Фақат ҳарфи худамро мегуям, ки бароям хело таъсирбахш буд.

Ҳанӯз он лаҳза аз ёдам намеравад, ки Шумо баъд аз дарс ба утоқатон рафта менишастед. Бароям маълум буд, ки Шумо дар утоқ ҳастеду мехостам мулоқот кунам, аммо даромадан бароям манъ буд.

-“Доктор соҳиб гуфтанд, ки касе ба дохил надарояд. Ин амри ӯ мебошад”, аз сухани ёрдамчии Шумо буд. Вале ман аз вай илтимоси зиёд кардам то хатчаеро ба Шумо расонаду бо иҷозаи Шумо бо ҳам мулоқот намоем.

Ёрдамчии Шумо хатчаи маро гирифт ва баъд аз чанд сония омада ба ман гуфт, “Марҳамат дароед. Ҳамин тариқ, ман ҳарфашро шунида хело хӯш шуда ба назди Шумо даромадам. Ин вақт Шумо дар ҳоли чой нӯшидан будеду маро дида ба сӯи курсӣ ишорат кардед то бишинам. Ҳамин тариқ, худи Шумо чой омода карда ба ман пешкаш кардед, ки хело дар назди Шумо хиҷолатманд шудам”.

Ҳамин тариқ, он чизеро ки мехостам иброз кунам, гуфтам. Шумо ҳар суханро бо як лаҳҷаи ором иброз мекардед.

Бале, дуруст аст. Магар Шумо аз мо савол кардед, “кӣ мехоҳад ба халқи Худо хидмат кунад”? Ман ба саволатон чунин ҷавоб додам, “Сэр, ман ба ин кор ҳозир ҳастам”.

“Ин тавр бошад ба ягон деҳаи дур рав”, мегуфтед Шумо ба ман. Ва шукри Худо дар ҳоли ҳозир аз як деҳаи дур ба Шумо мактуб навишта истодаам. Маҳаллаи “Болиё вала”, ки аз шаҳр дар фосилаи хело дур қарор дошта, ман дар ин ҷо 23 соли умрамро сипарӣ намуда, бо як иззатмандӣ шогирди Шумо шудан бароям шарафёб гашт. Дар партави насиҳатҳои Шумо мақосидамро муъайян карда дар зинаҳои ибтидоии он қадамҳоямро гӯзоштам. Дуо кунед то дар ин корам собитқадам монам.

Имрӯз шашум рӯз мешавад, ки ман дар ин деҳа ҳастам. Мехоҳам чанд мушоҳидаҳоямро пешкаши Шумо намоям. Рӯзи 2-уми август соати се аз ин деҳа дуртар аз таксие бо дучархаам фаромадаму ногаҳон як шахси миёнасол тез-тез қадам зада ба тарафи ман омада гуфт:

-Шумо доктор Анис Ризо ҳастед?

-Бале. Номам Анис Ризо мебошад.

Ӯ зуд портфели маро гирифту дастаи дучархаро бо дастонаш нигоҳ доштан мехост. Аммо дар чашмонаш ҳайроние зоҳир мешуду шояд эҳсос мекарду ба худ мегуфт, “касабаи духтурӣ як кори бузурге буда, духтур агар соҳиби мошин ҳам набошад, лоақал моторсайкел бояд дошта бошад. Чи тавр ӯ бо як дучархаи балонкафида ташриф овардааст”.

Таассуроти ӯ дар бораи табибон хусусият табиӣ доштанд. Зеро мардуми деҳ дар бораи табибон чунин андеша доранду бо муболиға менигаранд. Аксари деҳотиён ба шаҳрҳо омада аз вазъу кору фаъолияти табибон огоҳ буданд. Ҳамин тавр, ин шахс ҳам аз он огаҳӣ дошту маро дида дар фикраш ин ҳолатҳо омад.

Ман эҳсосу таассуроти ӯро мушоҳида намуда аз вай пурсидам:

-Шумо ҷаноб?

-Шиносоии ман чӣ метавонад бошад ҷаноби доктор соҳиб. Мардуми деҳаро муолиҷа бо “усули англисӣ мекунам”. Бо шунидани ҷавоб бароям “табобат бо усули англисӣ” хело аҷиб менамуд.

“Табобат бо усули англисӣ”, чӣ мафҳум дорад?-пурсидам аз ӯ.

-Ман барои беморон давоҳои англисӣ фароҳам мекунам. Ба шаҳр рафта ин усулро омӯхтам. Номам Раҳмат мебошад, иброз кард вай.

Ҳамин тариқ, дар роҳ бароям аз таҷрибаҳояш муфассал маълумот дод. Ӯ мегуфт, ки дар деҳа он шахсонеро табобат мекунад, ки дардҳои мушкилу печида доранд. Вале дардҳои ҳамагониро бошад фақат ҳаким Иршод Алӣ муолиҷа менамояд.

Ман инро шунида хело дар ҳайрат мондам, ки бемориҳои мушкилро чаро фақат як дорушинос муолиҷа мекарда бошад. Ӯ саволамро эҳсос карда ба ман гуфт:

“Доктор соҳиб! Зиндагӣ ва марг дар дасти Худованд буда, бо ризояти худаш касеро хоҳад шифо медиҳад ва ё шифо намедиҳад”.

Вай фикрашро хело возеҳ баён кард ва ман аз ӯ дигар савол накардам. Ҳамин тавр, бо ҳам хело роҳ гаштем ва нохост Раҳмат дар назди як хонаи як манзилаи бо хишти пухта пӯшидашуда истода ба ман гуфт:

“Дар ҳоли ҳозир Шумо мувақаттан дар ҳамин ҷо истиқомат мекунед. Бароятон беҳтарин шароитҳо фароҳам мегардад”.

Ҳамин тариқ, ӯ маро то инҷо роҳнамоӣ карду боз дубора садо кард,“марҳамат биёед доктор соҳиб”!

Сипас ман ба дохили хона даромадам. Як утоқи хело хурд буда, дар рафҳои назди деворҳои он шишаҳои андозаи гуногундошта дида мешуд. Дар он ҷо як зану як мард шишаҳои доруро бо латтапорае тоза карда, алоҳида ҷобаҷо мекарданд.

–Ин ду нафар дар хидмати Шумо мебошанд. Ҳар ду зану шавҳар буда, номи яке Садру ва дигаре Соҳибон мебошад, гуфта Раҳмат онҳоро бо ман шинос кард.

Баъд аз мушоҳида кардани клиника маро каме ғӯсса фаро гирифт. Ба тамғаҳои шишаҳои доруҳо нигариста дидам, ки ҳамаи онҳо умумӣ ва хело кӯҳна мебошанд. Илова аз он ду курсиву як мизи андозааш миёна буду дар болояш лампаи мизӣ меистод. Як дафтарча, қаламдон ва чандто варақ низ буд.

“Биёед. Ҷои истиқомати Шумо дар боло мебошад”,- ишора кард Раҳмат ба ман.

Ҳамир тариқ, Раҳмат маро аз як зинапояи тангу торик ба самти боло бурд. Ин утоқ ба андозаи утоқи клиника буду дар он як кат, як курсӣ ва як миз дида мешуд. Дар болои миз якчанд рӯзнома бо забонҳои англисӣ ва урду низ мавҷуд буд. Баъд аз баррасии рӯзномаҳо бароям маълум шуд, ки онҳо ба мавзуву масоили синамо рабт доранд. Ба онҳо менигистаму хандаам меомад.

Сипас ба суратҳо бо шавқу ҳавас менигаристам, ки ногаҳон Раҳмат садо кард, “Ҳеҷ гапе не, метавонед онҳоро бигиред. Зеро бароям ин қадр шавқовар нестанд”.

Вақти шом буду ҳаворо торикӣ фаро мегирифт. Садру заҳмат кашиду бароям ғизо оварда бо маъзарат гуфт:

“Мебахшед доктор соҳиб. Соҳибон хӯроки хуб пӯхта наметавонад”.

Ҳамин тавр, ман як луқма чашида ба ӯ иброз кардам, “Не бобоҷон! ғизо хело бо лаззат мебошад”.

Пас аз хӯрдани хӯрок ба берун баромада то дер роҳ гаштам. Нисфи маҳалла торик буду ними дигараш равшан. Аз хонаҳои хишти пӯхтадор рӯшандонҳо ва аз тирезаҳо равшании барқ баромада фазоро фаро мегирифт. Дар даруни баъзе маконҳо фонусҳо ва чароғҳои сафолӣ равшан буданд. Дар ин маконҳо маҳдудияти равшанӣ эҳсос мешуд. Дар болои кат дароз кашидам, аммо тирезаи самти тарафи болои сарам боз буд. Шамоли сард вориди хона мешуду боди форам, беғубору хобовар вазидан мегирифт.

Баъд аз чанд дақиқа маро хоб бурд. Субҳ барвақт бедор шуда дидам, ки Соҳибон кайҳо чой оварда аст.

Ин ҳама саргузашту хотироти шабу рӯзи аввалини ман аз деҳаи “Болиё вала” буд.

Устоди мукаррам! Талоши ман ин хоҳад буд, ки ҳамаи саргузаштамро ба Шумо тавассути мактубҳоям навишта ирсол намоям. Бо ҳамин номаи аввалинамро дар ин ҷо хотима мебахшам.

Шогирди ниёзманди Шумо Анис Ризо Деҳаи “Болиё вала” Устоди мукаррам “Салому алайкум”! Мактуби аввалинамро санаи 9-уми август шабона навишта будам, бояд ба Шумо расида бошад. Зеро онро хело барвақт баъд аз навиштан ба Раҳмат супоридам. Бояд зикр кард, ки дар “Болиё вала” почтаи хӯрде ҳаст, ки дастраси мардум буда, ба онҳо хидмат мерасонад.

Имрӯз бошад мактуби дуюмро бароятон менависам. Дар ин мактуб кӯшиш менамоям аз воқеаҳо, мушоҳидаҳо ва якчанд руйдодҳоямро бароятон бинависам. Муҳимтарин кореро ба анҷом расонидам, ин буд ки ҳамроҳи худ доруҳо барои беморони гуногун оварда будам. Шишаҳои кӯҳнаро гирифта, ба ҷои онҳо ҳамин доруҳоро ба рафҳо гӯзоштам.

Аз имконоту фондҳои дасрасшуда бароям мушкилу душвортаринашон дарёфти ҳамин давоҳо буд. Баъд аз расиданам ба идораи Шӯрои маҳаллаи ноҳия барои дору ва якчанд мизу ҷевону курсиҳо харидорӣ кардан дархости молӣ ирсол кардам. Барояшон таъкид кардам, ки дар сурати дасрас нашудани давоҳо вазифаамро иҷро карда наметавонам. Бубинем, ки чӣ хоҳад шуд, аммо ба таври умум ягон чашмдошти хоссе надорам.

Ба ин ҷо расидаму хостам, ки тамоми деҳаро сайру гашт намуда, маълумоти ибтидоӣ ҳосил кунам. Зеро барои вазъу ҳолати клиникро хубтар кардан вақт бояд сарф кард. Ҳамин тариқ, дар клиникаамон дирӯз қабули беморонро доштам. Хаёл мекардам, ки бо омадани беморҳо машғӯлиятҳоям оғоз мешаванд. Мардум бо теъдоди зиёд ташриф меоварданд, вале онҳо бемор набуданд. Фақат барои мулоқоти ман омада буданд.

Ҳамин тавр, осудахотирона ҳамроҳашон суҳбат мекардаму эҳсос менамудам, ки духтурони пешин бо муомила ва равиши худ барои мардуми маҳал таассуроти хуб набахшиданд. Як чизи дигареро эҳсос кардам, ки мардум номи ҳаким Иршод Алиро хело бо эҳтиром мегиранд. Сипас аз як нафаре ки Иршод Алиро хело тавсифу таъриф мекард, пурсидам:

-Ҳаким соҳиб чӣ тавр беморонро муолиҷа мекунад.

Ӯ дар аввал бо диққат ба ман нигаристу сипас гуфт:

- Ӯ бисёр инсони хуб ҳаст.

Бо ҳамин гуфтугуи мову ӯ тамом шуд ва ман фикр мекардам, ки Ҳаким соҳиб хело инсони хуб бояд бошад. Саволам ин буд, ки вай беморонро чӣ тавр табобат мекарда бошад. Вале ӯ ба ин саволам ҷавобе надод. Ҳамин тариқ, тамоми рӯз бо мардуми ташрифовардаи клиник машварату ваъдаҳо дода шуду аз чунин мулоқотҳо хело хаста шудам.

Шумо медонед, ки ба адабиёт табиатан дилбастагӣ дошта, барои хондани ин ё он китоб пайваста вақт ҷудо карда, мутолиа мекунам. Китоб ягона мунису ҳамдами ман мебошад. Ҳамроҳам беш аз як дарҷан (дувоздаҳ адад) китобҳои наву кӯҳна низ овардаам. Пеш аз хоб агар чанд саҳифа нахонам, хобам намебарад. Дирӯз аввали шабро ба мутолиаи китоб гӯзаронидам. Субҳ бедор шудам, ки Соҳибон чой овардааст. Раҳмат ҳам расида омад.

Ман ба ӯ гуфтам,“Раҳмат, имрӯз ман нақша дорам, ки аз деҳа дидан намоям”.

Ин тавр бошад, бояд ҳатман оиди мошин гап мезанам, иброз кард ӯ. “Мошин”,-бо тааҷҷуб пурсидам аз вай.

-Бале, Хон соҳиб ҳатман мефиристад,-ҷавоб дод Раҳмат.

“Хон соҳиб кӣ бошад”,-пурсидам ман.

“Шумо намедонед”, -Раҳмат ҳайрон шуда пурсид аз ман.

“Хон соҳиб аз сарватмантарин шахси ин деҳа буда, заминҳои бешумор дорад ва аз ҳавливу боғҳо ҳеҷ камӣ надорад”,- гуфт ӯ.

“Аммо ман пиёда рафтан мехоҳам”,- иброз кардам ба вай.

Пешниҳоди маро шунида Раҳмат андаке рӯҳафтода гашт. Ҳамон рӯз ду бемор ба наздам омад. Яке камараш дард мекарду дигаре чанд рӯз мешавад, ки ҳарорат доштаст. Илова аз ин беморҳо дигарон фақат барои мулоқот омада буданд.

Соати 11 ману Раҳмат аз клиника баромадем. Ин деҳа аз деҳоти дигар бештар софу пок мебошад. Зеро ними заминҳои он аз милкияти Хон ҳасту тозаву сафоиаш ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад.

Дар инҷо хонаҳои аз хишти пухта сохташуда низ дида мешавад. Якчанд маконҳо ва кулбаҳо мебошад. Дар бештари хонаҳои аз хишти пухтасохта коргарони Хон соҳиб зиндагӣ мекарданд. Раҳмат гуфт, ки аҳолии “Болиё вала” аз 15 ҳазор кам набуда, даромади асосии мардум аз заминҳои корӣ иборат мебошад. Ҳамаи деҳқонон навкарони Хон мебошанд. Гоҳе мушоҳида мешуд, ки онҳо ба дукону бозор ва харидорон ҳуҷум мекарданд.

Дар деҳа мактаби ибтидоӣ, мактаби миёна ва мактаби таҳсилоти олӣ низ ҳаст.Танҳо як мактаби ибтидоӣ барои писарҳо мебошад. Мудирияту роҳбарии мактабҳоро худи Хон соҳиб ва ё ёваронаш пеш мебурданд.

Ҳамин тариқ, тақрибан ними деҳаро мегаштем ва ногаҳон дар роҳ як мошини сиёҳранг намудор шуд.

“Ин мошини ӯ ҳаст”,- оҳиста Раҳмат ба гӯши ман гуфт.

“Аз кӣ”?- пурсидам бо тааҷҷуб аз вай.

“Аз Хон соҳиби хӯрдӣ. Мошини Хон соҳиби калонӣ хело калонтару зеботар ҳаст",- ҷавоб гардонид Раҳмат. Мошин ба назди мо омада истод. Ману Раҳмат ҳам ноилоҷ истодем. Аз даруни мошин як шахс бо беҳтарин либос, дар сар дастори абрешимӣ баромад. “Салому алайкум ҷаноби Хон соҳиби хӯрдӣ”,- гуфт Раҳмат. Ӯ бошад ба Раҳмат як сар-сарӣ нигоҳ карду ба ман нигариста пурсид: “Шумо ҷаноби.....”?

“Ин шахс табиби нав ҳастанд”,-фавран ба ҷои ман ҷавоб дод Раҳмат. “Хело хуб ки бо Шумо мулоқот кардам. Шароиту имконоти Шуморо Хон соҳиби калонӣ фароҳам сохтанд”,-иброз кард ӯ.

Аммо аз ишораи “шароиту имконот”-ро нафаҳмидаму хомӯш истодам.

Ҳамин тариқ, ӯ чанд тавсия дода рафт.

“Раҳоишгоҳи Шумо бо шароити хело хуб омода шудааст”,-фаҳмонид ба ман Раҳмат. Ҳамин тавр, аз сухани Раҳмат ишораи “шароиту имконот”-ро фаҳмидам.

Нӯри офтоб ҳамаҷоро пахш мекард. Мо аз назди боғе мегузаштему дидем, ки дар зери як дарахти сербарги соядор якчанд одамон ҷамъ шуда буданд.

“Ҳаким Иршод Алӣ”-ро бубинед” гуфта Раҳмат ба тарафи одамони ҷамъшуда ишора кард.

-Дар инҷо чӣ гап ҳаст?- пурсидам ман аз Раҳмат.

-Шумо намебинед, ки Ҳаким соҳиб ҳамроҳи беморони худ нишастааст,- иброз кард ӯ.

Ман бо диққат назора кардам, ки дар як тарафи танаи дарахт як сепоя меистаду дар болои он шишаҳои калон-калон ва якчанд қуттӣ дида мешавад.

“Ҳаким соҳиб дар ҳамон ҷо нишастааст”,-Раҳмат иброз карда бо лаҳҷаи каме танзомезона идома дода гуфт:“Ӯ дар ҳамин ҷо беморҳоро муолиҷа мекунад”.

-Ҳаким соҳиб дар куҷо ҳаст?-пурсидам ман аз вай.

“Ҳо ҳамон нафаре ки дар зери дарахт такя карда нишастааст”, -ишора кард Раҳмат ба ман.

Мо пештар рафтем. Соат якуним шуда буд. Вале оташи гӯруснагӣ аланга мегирифт. Мо зуд баргаштем.

Устоди мукаррам! Мактуби дуввумиро бо ҳамин руйдод ба поён мерасонаму боқимондаро дар номаи оянда баъд аз чанд рӯзе Худо хоҳад хоҳам навишт.

Шокирди ниёзманди Шумо Анис Ризо Деҳаи “Болиё вала” Устоди мукаррам “Ассалому алайкум”!

пешина
аз 17
навбатӣ