Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.
зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа
Шогирди Шумо бо саргузашти худ ба хидмататон ҳозир мебошад. Ман саргузаштамро аз он ҷое оғоз мекунам, ки дар мактуби пештараам онро хатм карда будам. Ман мулоқоти бевақти аввалинро бо бародари хурдии бойи калони маҳалла зикр кардам. Он хушхабариро мехоҳам низ бигӯям, ки Хони хурдӣ ба ҳарфҳоям гӯш мекард. Ҳамин тариқ, бегоҳии рӯзи дигар аз тарафи Хони калонӣ даъват шудем. Ман ҳамроҳам Раҳматро гирифта ба “бунгало”29- и бошукӯҳи вай рафтему дидем, ки як ҷевони кушод ва бошукӯҳ, болои қолин утоқи калони бо тасвирҳои рангоранг зебошуда одамон бо либосҳои ҳарранга нишастаанд. Дар як тараф як шахсе фарбеҳандом ба чашм расид, ки пушташро дар болишт монда такя мекарду бо нуги даҳонаш сигор (ҳуққанӯшӣ) дуд медод. Маро дида, ҳуққаро аз даҳонаш гирифта гуфт:
-Биёед ҷаноби доктор!
Ин замон ҳама якбора ба сӯи ман менигаристанд. Баъд аз “марҳамат шинед” гуфтану хайра мақдам карданаш Хон соҳиби калонӣ суханашро оғоз кард. Раҳмат бо шитоб ба ман ҷоеро дар назди Хон нишон доду маро ба онҷо шинонд. Сипас Хони калонӣ суханашро идома дода иброз кард: “Ин духтури нави мо мебошад ва ....”
Хон соҳиб суханашро тамом накарда буд, ки аз чаҳор тараф бо овози баланд “марҳабо” садо меомад. Як нафар каме бо овози баландтар садо карда, гуфт:
-Ҷаноби Хон соҳиб! Ин шахсият бо мардуми деҳа хело мушфиқу меҳрубон мебошад. “Бале”,-гуфта салладори дигаре онро тасдиқ намуда ишора карда гуфт:
Хона ё қаср як намуди бинои хурди якошёна аст, ки одатан айвон дорад.
“Шахсияти Шумо раҳмат асту раҳмат. Мавҷуд будани писари Ҳаким ҳеҷ фоидае ба мо намебахшад”.
“Бале бо ҳамин мақсад мо доктор соҳибро заҳмат дода ба инҷо овардем”,- иброз кард Хони калонӣ.
Ҳамин тариқ, Хон соҳиб рӯяшро ба тарафи ман гардонида гуфт:
“Ҳама имконоту шароит барои Шумо банду баст мегардад. Шумо меҳмони ман ҳастед”,-баён кард ӯ.
“Субҳоналлоҳ”, гуфта бештари ширкаткунандагон таҳсину офарин садо баланд карданд.
Каме шӯру ғавғо садо медод. Ману Хон соҳиб бо ҳам андешаронӣ кардем. Ҳарфу лаҳҷааш ҳарбиёна (бо ҷасорат) буд. Дар охир ба ман фармуд, ки субҳ ба инҷо ташриф оварам. Ба даҳонаш найчаи ҳуққаро гӯзошт. Салладори аввала бошад лабкӯшоӣ карда гуфт:
“Шумо фармуда будед, ки аз Ғазанфар Алишоҳ сагеро бояд гирифт. Натиҷааш чӣ шуда бошад, ҷаноб”!
Ин суханро шунида Хон соҳиб найчаи ҳуққарро аз даҳонаш гирифт. Нафари дар пешаш буда, фавран онро нигоҳ дошт. Хон соҳиб мағрурона ба ҳама нигоҳ карду бо чеҳраи ханда бархосту гуфт:
“Ғазанфар Алӣ раиси калони Сайидобод буд. Мо ба вай гуфтем, ки “Шоҳ соҳиб, иморати Шумо ба мо писанд аст. Чӣ қадаре хостед ба мо бигуед, то харидорӣ намоем. Даҳ, бист, панҷоҳ ҳазор”.
Аммо вай пешниҳоди моро рад карда, иброз кард:
“Не ҷаноби Хон соҳиб! Он бароям мисли наберагонам азиз мебошад. Наметавонам бароят онро бидиҳам”. Ба Шоҳ соҳиб фаҳмонида шуд, ки сухану пешниҳоди Хон соҳибро то ба ҳол касе рад накардааст.
Ҳамин тариқ, “бешак, бешак” садоҳо баланд шуданд, сипас каломи Хон соҳиб чанд лаҳзае қатъ гардид.
“Он Булдог (як зоти саг кутоҳмӯй) дар назди дарвозаи Шумо дида мешуд”, марди салла дар сар дошта ишора карда гуфт ба Хон соҳиб.
Сипас, Хон соҳиб ба ҷаноби Шоҳ хитоб карда гуфт, ки имрӯз якшанбе аст. То рӯзи чаҳоршанбе саг бояд дар назди дарвоза бошад. Инро гуфта худи Хон пештар рафт. Дар ин сухани Хон соҳиб Ғазанфар Шоҳ чизе нагуфту хомӯш истод.
Рӯзи якшабе гӯзашт, аммо аз саг хабаре набуд. Ҷосусҳои Хон хабар доданд, ки онҳо барои додани саг розигӣ надоданд. Ҳамин тавр, одамони Хон соҳиб ба фикри нақшаи қадимаи худ шуда, шаби рӯзи душанбе силоҳояшонро ба шонаҳои худ гӯзошта ҳавлии Ғазанфарро ба таври пинҳонӣ кофтуков карданд. Шаби сешанбе ҳам ҳамин тавр шуд. Ҳамин тариқ, субҳи чаҳоршанбе ноилоҷ Ғазанфар Шоҳ сагро гирифта овард.
“Воҳ-во, Субҳоналлоҳ. Кӣ муқобили Хон соҳиб метавонад барояд, Ғазанфар аз сар то по ларзида бошад”,- аз ҳар тараф чунин садоҳо шунида мешуд.
Хони калонӣ як ё ду бор ҳӯққу дуд кашида гуфт, -“Мо Ғазанфарро хело хуб эҳтиром кардем ва замони рафтани ӯ ба навкараш барои иҷрои кор 50000 ҳазор пул додем”.Бахту иқболи Хон соҳиб баланду рафтори некаш ниҳояти ҳар кораш мебошад.
Ҳамин тариқ, Хон соҳиб воқеаро ба ҳозирон шунавонид. Ақрабаки соат даҳ шуда буд. Ман хостам то аз ҷоям бархезам, ки нохост Хон соҳиб бароям гуфт:“Не доктор соҳиб! Ҳоло дастархон ороста мешавад”.
Соати даҳу ним дастархон гӯзошта шуд. Сипас соати ёздаҳу ним ба хона расидаму дидам, ки клиника дар ҷояш нест ва фақат як утоқи вайронаи пурдаҳшат дида мешуду халос.
Ҳодисаро Судур баён карда бароям гуфт:“Ҳама чизро навкарони Хон соҳиб омада гирифта рафтанд”.
Аммо чашмонам аз аз бехобӣ банд мешуданду аз вай пурсидам:
-Дар утоқи боло кат шояд бошад?
-Бале ҳаст. Онҳо ба утоқи боло набаромаданд. Сомонҳои болоро пагоҳ омада мебаранд,-ҷавоб дод ӯ ба ман.
Сипас ба утоқи боло баромада зуд истироҳат кардам. Субҳ аз хоб бархеста дар ҳаминҷо мактуби саввумро хотима бахшидам. Навкарони Хон соҳиб бошанд барои гирифтории ман ва ашёи боқимонда дар утоқи поён интизоранд. Интизор шуду бояд дид, ки ба ин дили нотавон чӣ хоҳад гӯзашт.
Шогирди ниёзманди Шумо Анис Ризо Деҳаи “Болиё вала” Устоди мукаррам “Ассалому алайкум”!
Ин номаро аз маҳаллаи “Болиё вала” менависам. Моҳи август мебошаду то ба имрӯз як дигаргунии хос рух дод аст. Се мактуби пешинаамро дар як манзили кӯчак нишаста бароятон навиштам. Аммо ҳоло бошад дар як утоқи хело зебо ва ороставу пероста ҳастам. Утоқи мазкур дар назди клиникаи кориам ҷойгир аст, ки хонаи пазироӣ ҳам мебошад. Клиникаи мазкур хело зебову бошукӯҳ буда, дар қисмате аз бунгалои Хони калонӣ ҷойгир мебошад.
Дар ин нома мехоҳам тамоми воқеаҳои гӯзаштаро ба таври кӯтоҳ ба Шумо баён кунам. Ходимони Хон соҳиб иқоматгоҳи маро аз он хонаҳо дуртар омода сохта буданд. Он дорои ҳама чиз буда, дар умум аз ҳеҷ чизе камӣ надорад. Чой ва субҳона ҳам дастрас мебошад. Соат тақрибан ҳафт асту ман барои рафтан ба клиникаи худ омода мешавам.
Устоди меҳрубон ин сатрҳоро хонда дар зеҳнатон оиди ман ҳатман фикре хоҳед кард. Устоди азиз вақто ки ба клиникаи нав қадами аввалинро гӯзоштам дар зеҳнам чизеро эҳсос мекардам. Гуё саволе монеаи роҳи ман мешуду аз худам мепурсидам, “Анис оё ту бо ваъдаи кардаат, ки ба ин деҳаи дур омада, деҳотиёни бенаворо муолиҷа хоҳам кард вафо кардӣ ё на. Ин ҳама сафсатагуиҳо оё ба ту мезебад”?
Ҳамроҳи ман Раҳмат ва илова аз ӯ яке аз одамони Хони калонӣ мавҷуд буданд. Ҳар дуи онҳо як дам истодани маро дида, ба якдигар менигаристанд. Як савол чарх мезаду пешрӯям меистод. Нохост як тарсе ботинамро фаро гирифт. Вале намедонистам, ки ин чӣ тарс бошад, ки ба даруни ман ворид шудаасту чаро ман аз он бим дорам?
Сипас ба даруни клиника ворид шудам. Як дам аз дохил садои “салому алайкум” шунида шуд, ки гуё маро ҳӯшдор медод, ки “ту дар куҷо ҳастӣ ва ин саломро киҳо бароят медиҳанд”. Ман беихтиёр бо як кайфият ба пеш қадам гӯзошта ба курсӣ нишастам. Ин вақт садои “бисмиллоҳ” шунида шуд, ки аз ҷониби мардумони болои қолин нишаста набуда, балки аз ҷониби Раҳмат ва одамони Хони калонӣ садо медод.
Ҳамин тариқ, нафаре ба гарданам гӯлчанбар монда, маро муборакбод кард. Ман онро аз гардан гирифта ба болои миз гӯзоштам.
“Хайр ҷаноб кори мо тамом шуд”. Ин овози касе буд, ки гӯлчанбар ба гарданам гӯзошта буд. Ман сар ҷунбонида, тасдиқ карда, дастамро боло кардам ва сипас одами Хон аз он ҷо рафт.
Ман кӯшиш мекардам, ки худро ба даст гирам ва то андозае онро идора кардам. Аз ҷайбам стетоскоп30 бароварда пешам гӯзоштам. Ин лаҳза нигоҳам ба мардумоне афтод, ки дар болои қолин нишаста ба ҷевону тасвирҳои клиника бо равиши аҷибе менигаристанд.
Бароям тарзи нишаст ва нигоҳи онҳо хело аҷоиб менамуд. Аммо каме фикр карда гуфтам, ин бечораҳо чӣ айбе доранд. Дар умри худ ин навъ клиникаро надида, бори аввал ба бунгалои бошукӯҳи Хон соҳиб омадаанд. Сипас ҳамаи онҳоро ба утоқи пазироӣ даъват намуда, марду зан ба таври алоҳида нишастанд. Ҳеҷ зане набуд, ки дар оғӯшаш кӯдаки гирён,лоғару чиркин надошта бошад.
Ҳамин тавр, ба Раҳмат гуфтам,“Ман худам барояшон медиҳам. Шумо ҳар як беморро ба наздам фиристед”.
Бемор якум ба наздам омад. Хело қавӣ ба назар менамуд. Ман аз вай пурсидам:
-Чӣ таклиф дорӣ? 30 Гӯшии пизишкӣ
Аммо ӯ хомӯш буд. Ман дубора савол кардам ва боз ҳам хомӯш меистод. Боз пурсидам:
-Куҷоят дард мекунад?
Вай шиками худро ламс кард ва ман аз ӯ савол кардам:
-Шикамат дард мекунад?
Вай “бале”, гуфта сарашро ҷунбонид.
Баъд аз саволу ҷавоб маълум шуд, ки шабона чаҳор ё панҷ нон тановул карда, сипас хоб рафтааст. Аз бадҳазмӣ шикоят дошт, дору гирифту рафт. Сипас бемори дигаре ба наздам омад. Вай ҳам аз дарди шикам шикоят мекард. Бемори сеюм ворид шуд, ки ӯ ҳам аз ҳамин дард шикоят мекард. Аммо ман эҳсос кардам, ки ӯ дар ҳақиқат бемор набуда, балки фақат барои тамошо ва сайру гашт омадааст.
Сипас як зан ҳамроҳи фарзандаш ба наздам даромад. Бо душворӣ қадам мезаду омада ба курсӣ нишаст. Дар ҳақиқат бемор менамуд. Бачааш низ мариз буд. Ман қафаси синаи бачаашро ташхис мекардам, ки нохост аз атроф як садои ғавғо баромад. Ба он ҷо нигариста дидам, ки Хон соҳиб рост истодааст. Ӯ маро дида пурсид, “Ҳамааш хуб аст”?
Ман эҳтироман аз ҷой хеста хуб гуфта, аз ӯ ташаккурӣ кардам, аммо бо сабаби шӯру ғавғои баланд ӯ садои маро шунида натавонист. Дар ин лаҳзаҳо беморону одамони Хони калонӣ “Субҳоналлоҳ” гуфта наъра мезаданд.
Дар ин зимн, ман ба тарафи зане нигоҳ кардам, ки гӯё хомӯшона нишаста буд, аммо ботинан дар як фазои дигаре давр мезад. Беморро ташхис мекардам, ки садои Хони калонӣ баромаду ба тарафи ман садо кард:
-Доктор соҳиб имрӯз корҳои зиёде анҷом додед. Каме истироҳат бояд кард.
Ҳамин тариқ, сухани ӯро яке аз ҳамроҳонаш тасдиқ карда гуфт,“Бале, каме қурбонӣ бояд кард”.
“Бале...” гуфта, суханамро ба забон оварда натавонистам. Сипас Хон
соҳиб “тезтар биёед” гуфту рафт. Ҳамин тавр, барои духтараки бемор даво омода карда ба модараш фаҳмондам.
Вале ман мехостам, ки он занеро ташхису дору додам, ки оҳиста-оҳиста ба наздам меомаду аз хавфи одамони Хони калонӣ зуд-зуд қадам мемонд. Дар ниҳоят аз беморони дигар узр пурсида баромада рафтам. То бегоҳ вақти худро бо ҳамроҳии Хон дар шикоргоҳ зоеъ кардам аз ғизоҳои серлаззату фаровон фароғат гашта, хаставу монда шуда, ба хона баргаштам. Аз хастагии зиёд либосҳоямро иваз накарда, ба кати хоб дароз кашидам.Дубора бедор шуда, чашмонамро боз карда дидам, ки мактуби чаҳорумро мукаммал кардаам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё