Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.
зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа
Ҳар соату лаҳза ғаму ранҷу мусибатҳо болои ӯ бештар шуда, порчаҳои дилаш реш-реш шуда шикаста мешуданд...Пайваста хусуру хушдомани Гулсум барояш таънаҳо мекарданду мегуфтанд, ки писари онҳо бегӯноҳ мебошад. Ва гӯё Гулсум маҷбуран ба таври пинҳонӣ бо вай издивоҷ карда бошаду аз ҳамин сабаб ӯ ба куҷое баромада рафтааст.
Дар ин зимн, кӯдаки навзоди Гулсум ба вай хело унс мегирифту дар набудани модар бештар мегирист. Дар набуди модар сарашро болову поин карда беқарорӣ мекашид. Дар чунин хона барои Гулсум як лаҳза ҳам мондан хело душвору сахт буд. Пайваста аз хушдоманаш ҳамон дархостеро мекард, ки пештар аз Ҷовида хоста буд. Аммо хушдоман ба рафтани Гулсум фақат бо як шарт розигӣ дода бо таъкид ба вай мегуфт: -“Агар хоҳӣ рафтан гир. Вале кӯдаки навзод ҳамроҳи мо боқӣ хоҳад монд”.
Инро шунида Гулсум яку якбора гӯё барқ ӯро пахш карда, лахти ҷигарашро як ғоре торикӣ фаро гирифта бошад...Вале бо вуҷуди ҳамаи он ӯ борҳо бо як ҷасорати модарона қадам мезаду аз хушдоманаш чунин хоҳиш мекард:
“Холаҷон....бе ман ҳолати навзод бад хоҳад шуд... Шумо медонед вай ҳамроҳи ман хело унс гирифтаасту вобастагиву дилбастагии хос дорад”.
Аммо хушдоман дар ҷавоб ҳамеша ба вай изҳор мекард:
-Ин мушкилоти мо мебошад.... Ин навзоди фарзанди мо ҳаст... Агар Обид пайдо шавад албатта аз фарзандаш хоҳад пурсид...Ту бирав ҳеч кас туро манъ намекунад.... Аммо кӯдак бошад инҷо боқӣ хоҳад монд.
Бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо тасмиму файсалаи ноодилонаи хушдоман барои Гулсум ҳамин буд. Аммо ӯ бошад пайваста барои гирифтани навзоди худ аз вай зориву таваллои зиёде мекарду изҳор менамуд, ки кӯдак бе модар зинда нахоҳад монд.Вале суханонаш ба хушдоман таъсиру фоидае намебахшид.
Гулсум боз дубора аз ӯ зоириву тавалло карда мегуфт:
-Холаҷон ба хотири Худо навзодамро ба ман диҳед.
Аммо хушдоманаш бошад барояш ҷавоби рад медоду мегуфт:
-Ҳоло дигар хомӯш бош!...Агар мехоҳӣ бирав.... Духтари навзод ҳамроҳи мо боқӣ хоҳад монд. Эй войи ман! Хоҳари меҳрубонаам чаро ба ман бо чунин нигоҳҳо назар мекунед. Чаро чеҳраатон ин қадар ғамгин мебошад. Боварӣ дорам, ки Шумо ҳамаи ин воқеро дарк кардеду донистед, ки Гулсум як номи сохтае будааст. Ин ман ҳастаму Шумо қиссаи ҳамаи дардҳои маро самимона гуш додед!
Акнун ҳоло ба ман бигӯед чӣ бояд кунам.... Як фарзандам аз инҷо ҳазорон мил дур дар як макони хурде шабу рӯз чашм ба роҳи ман мебошаду нолаву садоҳояш ғамҳои диламро танинандоз мекунад... Кӯдаки дигарам бошад дар оғӯшам ҳаст, вале ӯро иҷборан аз ман ҷудо карда гирифтанд. Ман чӣ кор кунам хоҳари меҳрубонам....?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё