Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.
зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа
Бекас
Бобо Ниму дар он қисмати шаҳр зиндагӣ мекард, ки бештари аҳолии онро бенавоён ташкил медиҳанд. Умраш аз 60 сол гӯзаштааст. Баъд аз таваллуд падараш ба ӯ Неъматулло ном монд. Барои ғарибу бенавоён чунин номҳоро талаффуз кардан душвор буд. Лиҳозо вайро бештар бо тахаллуси “Ниму” мешинохтанд ва ба ҷои “Бобо Ниму” гоҳе фақат “Бобо” гуфта ӯро садо мекарданд.
Касби падари “Ниму” Саломатшоҳ коғазфурӯшӣ ё куҳнафурӯшӣ (раддӣ фурӯш ба забони урду) буд. Вале ӯ ягон дукони хос надошт, балки дар кӯчаву хиёбонҳо сайру гашт карда бо овози баланд “куҳнафурӯш омад” гӯфта садо мекард. Ҳамин тариқ, аз хонаҳои мардум рӯзномаву рисолаҳо, коғазпораҳо ва кардонҳо дарёфт мекарду дар болои дучархааш онҳоро ҷобаҷо карда, ба якчанд дуконҳо бурда, бо нархи маслиҳатшуда мефурӯхт. Бо ҳамин даромади молӣ зиндагиашро пеш мебурд.
Падари вай ҳарис набуд, балки медонист, ки фарзандаш хонда як корманди давлатӣ хоҳад шуд. Даромади ӯ аз даромади падараш бештар нахоҳад буд. Лиҳозо дар хондан вақташро зоиъ намекард, балки дар вақтҳои холигиаш ба куҳнафурӯшӣ машғул мешуд. Ҳамин тариқ, Ниму ба ин касб меҳр баст. Волидайнаш баъд аз якуним сол вафот карданд. Модараш бошад пеш аз вафоти худ Нимуро бо духтаре барои издивоҷ фотиҳа кард буд. Ҳамин тариқ, баъд аз гузашти 6 сол онҳо бо ҳам тӯй барпо карданд. Зани Ниму хоҳиш дошт, ки дар оянда шавҳараш касабаи куҳнафурӯшиашро тарк намояду кори хубтареро пеша кунад. Аммо суханони падар дар дили Ниму нақш бастанд ва майл намекард, ки ин касабаро тарк кунад.Завҷааш Ронӣ дид, ки шавҳараш аз касабааш даст намекашад. Лизо ба кори зиндагии хонавода идома медоду пайваста дуо мекард, ки агар Худо барояш фарзанд ато фармояд, ӯро таълим дода, тарбияи хуб хоҳад дод.
Ҳамин тавр, бо мурури вақт дар ин хонавода ду фарзанд таваллуд шуд. Бо вуҷуди зиддияти Ниму занаш Ронӣ онҳоро ба мактаб дохил карда, таълиму тарбият намуд. Хоҳиши модар ин буд, онҳо бузург шуда, ба мақсади олӣ бирасанд. Аммо замони писари калониаш Камолиддин дар синфи даҳум ва хурдиаш Ҷамолиддин дар синфи нуҳум будан модар вафот кард.
Ҳамин тариқ, ҳар ду фарзандон ба таълим машғул шуда, тарбият мегирифтанд. То ҳанӯз мактабро тамом накарда буданд, ки эълони қабули ҳунармандону донишмандон барои кор ба кишвари Амороти Мутаҳидаи Арабӣ оғоз гардид. Ин ду навҷавон аз фурсат истифода карда, барои рафтан ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ омодагӣ гирифта, ба падари худ баҳсу муноқиша карда мегуфтанд:“ Падарҷон! Мо аз шумо борҳо хоҳиш кардем, ки ин касаби худро тарк намоед”. Аммо падараш пайваста ба онҳо ҷавоб медод: “Чаро ин касабаро тарк бояд кард”?
Писараш Камолиддин, ки аз бародараш бештар барои тарки ин пешаи падар талош мекард, гуфт:“ Падарҷон! Мо ба хориҷа рафта, таълим гирифта, донишманди калон ва шахсияти обрӯманд хоҳем шуд. Ва лизо мардум чунин тасаввур хоҳанд кард, ки чӣ тавр мумкин аст, ки падари чунин шахсиятҳои муҳтарами ҷомеа ба чунин касабаи ночизу ҳақирона машғулият дошта бошад”.
Вале Ниму бошад аз суханони фарзандонаш нороҳат шуда ба онҳо чунин мегуфт:“Оё аз ин шарматон намеояд, ки бо ҳамин касаба шуморо хӯрондаму пӯшонидаму ба ин ҷо оварда расонидам. Мардум шуморо муаддабу муҳтарам мешуморанд. Ва чаро ин пеша бароям хуб набошад”!
Ҳар ду фарзанд бо падар чунин баҳсу муноқиша карда, хонаро тарк намуда ба Дубай сафар карданд. Ҳамин тавр, аввалҳо аз фарзанди калонии Ниму гоҳе мактуб ба ӯ мерасид, вале баъд аз мурури вақт дигар аз ӯ номае дарёфт нашуд. Ҳамин тариқ, нӯҳ сол сипарӣ шуду аз фарзандони Ниму ягон хату хабаре набуд.
Дар ин зимн, Неъматулло дар ҳақиқат Бобо Ниму шуду фарзанди калониаш Камолиддин бо зару зевароти зиёд ҳамроҳи зану фарзандаш ба хона баргашт. Бобо Ниму набераашро ба оғӯш гирифта дид, ки ӯ маъюб ҳаст. Сипас ба писараш хитоб карда гуфт: “ Камол ин ....”
“Падарҷон ин хости Худованд мебошад”,-посӯх дод писараш Камолиддин.
Меҳмонон дар болои кат менишастанд. Дарстархон ороста шуда буд. Зани Камолиддин барои овардани чой омодагӣ медид. Дар зиндагии Ниму аввалин маротиба буд, ки бо ҳамроҳи келини худ якҷоя чой менӯшад. Ин кор барояш хело аҷиб ба назар менамуд.
Ҳамин тариқ, Камолиддин ҳамроҳи завҷааш ҳашт рӯз назди падараш зиндагӣ карду рӯзи нӯҳум ба вай чунин иброз намуд:
-Падарҷон, зиндагӣ давом дорад. Ман бояд баргардам. Пагоҳ бояд ба корам ҳозир шавам.
-Ин қадар зӯд!
-Бале бояд равам, зеро талаботи вазифаи корӣ чунин аст.
Ҳамин тариқ, Камолиддин рӯзи дигар ҳамаи лавозимоти сафарашро омода карду дар бағоҷи мошини таксӣ гузошт. Бо падар хайрухӯш намуду чунин гуфт:
-Падарҷон ҳоло шумо танҳо зиндагӣ мекунед. Лиҳозо мо писарамон Лолдинро ҳамроҳатон гузошта меравем.
Падараш Ниму сухани ӯро шунида, зор-зор ба гиря даромад. Камолиддин ба суханаш идома дода изҳор намуд, ки “кадом падару модар аз фарзанди худ ҷудо зиндагӣ кардан мехоҳад. Вале мо ин корро барои хубиву хушҳолии шумо як амри зарурӣ меҳисобем”.
Бобо Ниму бошад хомӯш меистод. Камолиддину занаш хомӯшии вайро ризомандӣ ҳисобида ба ӯ гуфтанд:
-Падарҷон, шумо калонсол шудаед. Мо тавассути Чуадҳарӣ Закоулло, ки шумо вайро мешиносед, ҳар моҳ хароҷотатонро мефиристонем.
-Бале ӯро мешиносам.Ӯ як одами сарватманд мебошад. -Ӯ шахси хуб ҳаст падарҷон, изҳор мекунад писараш ба ӯ.
Сипас Камолиддину занаш аз хона баромада рафтанд. Кӯдак бошад дар оғӯши бобо мехобид. Баъд аз рафтани онҳо як шиноси Ниму ба хонааш омаду кӯдакро дар бағали вай дида бо табассум ба ӯ гуфт: -Бобо ин кӣ ҳаст?
-Ин набераи ман ҳаст. Дигар кӣ мешуд?
-“Набера....Магар.....”,- бо тааҷҷуб пурсид ӯ аз Ниму.
Дар ин лаҳзаҳои хурсандибахш Ниму намегӯзошт то дӯсташ чизе бигӯяд. Ҳамин тариқ, Ниму сӯхани худро идома дода ба дӯсташ гуфт: -Чунонки дӯстрӯяк ҳаст, меҳрубон низ мебошад. Дар оянда сарпаноҳи бобо хоҳад гашт. Ман хело ғамгину парешон будам, вале онҳо меҳрубонӣ карда фарзандашонро ба ман супорида, рафтанд.
-Эй подшоҳи беандеша! Онҳо меҳрубонӣ накарданд, балки масъулияти худро раҳо карда, рафтанд. Парваришу тарбияи фарзанди маъюб кори саҳлу осон нест.
-Хайр ҳеҷ гап не, ба ту чӣ?
Сипас шиноси Ниму Бобо баромада рафт. Ниму кӯдакро дар болои кат хобонида бо диққат ба вай нигоҳ карду дид, ки пойҳояш хурдакаки каҷшуда, дастҳои кӯчак ва тамоми баданаш бе устухон мебошад.
Ҳамин тариқ, Ниму Бобо ба кӯдак чашм медӯхту бо дил чунин эҳсос карда бо худ мегуфт: “Ман ӯро дар наздам нигоҳ медорам, то дар оянда пуштупаноҳам шавад. Зеро хело солдида ҳастаму бароям шахсе лозим аст, то маро кӯмак намуда, ҳамроҳӣ кунад. Аммо оё ин кӯдак метавониста бошад сарпаноҳи ман шавад”?
Сипас Ниму Бобо сари худро дошта, каме дуртар аз кӯдак нишаст. Баъд аз чанд вақт бача ба гиря даромад. Ӯ падару модари худро пайдо накарда, зор-зор ба гиря оғоз кард. Ниму ӯро дар оғӯш гирифта, ба берун баромад. Кӯдак тамоми он рӯз ноорому беқарор буд. Бегоҳӣ каме ором гашту ба атроф нигоҳ кард.
“Лолуяки Бобо”, гуфта Ниму сари ӯро боло кард. Лолуяк ба боло назар карду бобояшро дида боз дубора ба атроф нигоҳ кард. Ниму ҳар ду дасти
худро ба бозӯҳои вай гӯзошта боз “Лолуяки Бобо” гуфта, садо кард. Ин лаҳзаҳо аз чашмони кӯдак ашк ҷорӣ мешуду ба рухсорҳояш мерехт.
“Не, не набераҷону Лолуяк бобош. Ман бобои ту набераҷонам. Гап зан чӣ хабар. Падару модаратро ёд кардӣ”, гуфта бо як нафас Ниму ҳамаи ин алфозро мегуфт, вале кӯдак бошад хомӯш меистод.
Бобо Ниму намедонист, ки кадом ҷазаба буд, ки ба даму нафаси ӯ сироят расонд. Зеро бе ихтиёр хост, ки бачаро ба оғӯш кашида, ҷисми мулоими вайро бардошта ба бағал кашад.
Бобо Ниму дар ин ҳолат хомӯш монд. Вуҷудашро ашкҳои ғамангез ва эҳсосе фаро мегирифт. Ҳолатеки дар он қадре кайфияту оромӣ низ дида мешуд. Вале кӯдак бошад ба бобояш ҳайратвор менигаристу намедонист, ки ӯ чӣ фикр карда истода бошад.
Бобо Ниму ба наберааш нигоҳ мекарду дар намои ӯ чунин саволеро эҳсос мекард, ки “Чаро падару модарам маро тарк карда рафта бошанд”. Бобо Ниму мехост барояш ҷавоби саволро диҳад, аммо барои он алфози хубе пайдо карда наметавонист. Сипас ӯ кӯдакро бо зӯр ба оғӯши худ гирифт. Панҷаҳои дасташ сахттар мешуданду бо лабҳояш пай дар пай сари бачаро бӯсида, мегуфт:
“Ин набераи ман аст. Аз худи ман. Вай сарпаноҳи ман мебошад”. Ниму ин ҳарфҳоро аз дил мегӯзаронду наберааш бошад худашро ба ӯ часпондан мегирифт. Ҳар ду хомӯш монданд. Лабҳои ӯ ҳаракат намекарданд, аммо чашмонаш яке ба дигаре чизе мегуфт.
“Гурусна шудем? Набераи бобош гурусна шуда бошад. Зеро то ҳол чизе нахӯрда аст”, гуфта Ниму Бобо кӯдакро боли кат гӯзошту дубора ба ӯ ишорат карда хитоб кард:
“Ширу ҷелибӣ21 бароят меорам набераи бобош. Хуб аст. Мехӯрӣ”?
Ин лаҳза лабҳои кӯдак каме ба ҷунбиш даромаданд. Вале фаҳмида намешуд, ки ӯ чӣ мегуфта бошад. Ҳамин тариқ, Бобо Ниму ливони дар болои оташдон бударо бардошт. Оташдон муддатҳоост, ки оташро надидаасту дегу табақи дар атрофи он бударо чангу ғубор фаро гирифта буд.
“Ҳозир меоям, боз натарсӣ набераи бобош”, гуфта Ниму ба берун баромада дар ҷӯйбори назди идораи маҳал ливонро хуб тоза кард. Сипас аз дукони шириниҳо шир ва миқдоре ҷелибӣ гирифту баргашт.
Ӯ ба хона баргашту дид, ки то ба ҳол наберааш дар болои кати хоб нишастааст. Кӯдак ба ҷоий шифти хона ба сӯи дарвоза нигоҳ мекард. Ва шояд ӯ интизори омадани бобояш буд. Бобо Ниму ҷелебиҳоро аз даруни халтача бароварду болои болишти наберааш гузошт. Чанд лаҳзае дастҳои Лолуяк бе ҳиссу ҳаракат шуда, дар паҳлӯяш (дароз ва рост) меистоданд. Сипас кӯдак як дасти худро ба сӯи халта дароз кард, аммо натавонист ба он расад. Бобо Ниму яктогӣ ҷелибиро гирифта ба даҳони ӯ мегузошт. Баъди хӯрдани чанд дона аз ҷилебӣ кӯдак ишора карда (аз сер шудан), сарашро ҷунбонд.
-Наберҷони бобош шир менӯшӣ! -садо кард Ниму. Кӯдак бо ишора (не гуфта –Р.М), сарашро ҷунбонд.
Ҳаво то андозае гарм буд. Вале фасли сармо оғоз шуда буд. Шабҳо каме ҳавои сардтар мешуд. Бобо Ниму кӯдакро хобонида, худаш низ дар паҳлӯаш истироҳат кард. Як ё яку ним соат чашмони кӯдак бедор монданду сипас хобаш омад.
Баъд аз хоб рафтани наберааш Бобо Ниму аз ҷояш бархоста ба курсии ягонаи дар хона буда нишаст. Чанд саволе дар як вақт дар зеҳнаш чарх мезад. Вай бошад дар бораи ин саволҳо фикр мекард. Бобо Ниму имрӯз дар субҳ фақат як кӯлча тавоновул карда буд. Лиҳозо эҳсоси гурӯснагӣ мекард. Аммо аз бими кӯдак наметавонист ба назди танӯр равад. Фақат чанд қатра шир нӯшиду ливонро дар назди кат гузошта, сари онро бо халтаи ҷелебиҳо пӯшонд.
Бобо Ниму бо таваҷҷӯҳ ба кӯдак менигарист.Наберааш дар ҳолати бедор буданаш зишт ба назар менамӯд, аммо дар вақти хоб буданаш чеҳраи хело аҷоиби малакутӣ дошту аз рӯяш нур медурахшид. Ба назари Бобо Ниму чеҳраи наберааш ба мисли ду чеҳраи фарзандонаш менамуду онро дида, хело хӯшнуд мегардид. Чеҳра хело садошукуфта, шодоб ва зебо буд. Ҳолату вазъи он барои Ниму Бобо хотира хуби меҳнатиашро ба ёд меовард. Ӯ дар зиндагии худ бо касбу меҳнати ҳалоли худ фарзандҳояшро хуб хӯрониду пӯшонид. Ҳар як дирами худро ҷамъ карда, онҳоро таълим дод. Ҳамин тариқ, онҳо ба камол расида, ба пои худ истода, ӯро монда, рафтанд. Баъд аз рафтани онҳо ӯ бекасу танҳо буд. Аз чунин рафтори онҳо Бобо Ниму хело ғамгин мешуд. Фарзанди калониаш дар давоми як сол ду ё се нома равон кард, аммо аз додари ӯ ҳеҷ хату хабаре набуд.
Ҳамин тавр, симову чеҳраи ин ду фарзанди номеҳрубон аз назари Бобо Ниму дур мешуду ба ҷои онҳо сару сурати Лулуяк ба чашмаш вонамуд мешуд. Чеҳраи ӯро медиду тоза шудани ғамҳояшро эҳсос мекард. Зеро боварӣ дошт, ки наберааш бузург шуда, сарпаноҳу ҳомии Бобо Ниму хоҳад шуд. Бо чунин эҳсосу баландҳимматӣ аз курсӣ бархоста ба чеҳраи Лолуяк сар хам карду аз пешониаш бӯсид.
“Бобо”, ин садои аввалин аз қалби наберааш баромаду ба мисли шохаҳои гул мавҷ зад. Нахустин ҳарфи набера лафзи “Бобо” буд, ки садо дод. Дар ин лаҳзаҳои шодиву сурур чашмони Лолуяк боз буданду бобояш ба вай мегуфт:
-Оё ҳамроҳи ман мемонӣ? “Бале”.
-Падару модарат биёянд чӣ,- боз пӯрсид бобояш аз ӯ. -Ҳамроҳашон намеравам.
-Чаро ҳамроҳашон намеравӣ?
-Зеро онҳо маро тарк карданду рафтанд.
Бадани кӯдак каме меларзид ва ботинан шояд гиря мекард. Бобо Ниму дар болои кат дароз кашиду аз наберааш савол кард:
-Дар субҳона чиро меписандӣ? Бароят чӣ чиз писанд аст?
Наберааш хело кӯтоҳак ба саволҳо ҷавоб доду каме хаста шуд. Сипас бобояш ба вай хост, то истироҳат кунад. Ниму Бобо аз ҷой бархоста фатилаи фонӯсро поён кард ва бобову набера истироҳат карданд.
Субҳ барвақт, замонеки Лолуяк дар хоб буд, Ниму Бобо ба берӯн барои хариди субҳона рафту баргашта аз наберааш пурсид:
-Пурӣ мехӯрӣ Лолуяки бобош?
Кӯдак натавонист ба бобояш чизе бигӯяд. Зеро аз “пурӣ” хабаре надошт ва маззаи онро начашида буд. Ҳамин тавр, ба бозор рафта, “пурӣ” ва ҳалво харида барояш овард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё