Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.
зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа
Пас аз бозгаштан ба хона дид, ки наберааш Лолуяк қадам зада, дар назди девор истода ба берун нигоҳ мекард. Ин лаҳзаҳо Бобо Ниму нақшеро бозид, ки завҷааш ба фарзандонаш карда буд. Ҳамон хушбахтие ки ду фарзандаш доштанд, Бобо Ниму онро низ пайдо кард.
Лолуяки бобо бошад хушҳолу хандон “пурӣ” тановул карду чой нӯшид. Бобо Ниму ба корҳояш идома медоду набераашро гоҳе дар болои кат ва гоҳе дар боли мат (курпачаи нарм) мешинонд. Дар атрофаш кӯлчақанд, қандаку ширинӣ гӯзошта буд. Лолуяк бо дастони кӯчакаш мегирифту тановул мекард. Пойҳои камзӯру нотавонашро болои мат мегӯзошту боз хаста шуда, дароз мекашид. Баъд аз ду ё се соат Бобо Ниму аз ӯ хабаргирӣ карду рафт.
Наберааш бошад корҳои маъмулии бобояшро меписандид. Одатан Бобо Ниму субҳ барвақт ба вай субҳона омода мекарду болои дучархааш мемонду баромада мерафт. Лолуяк бошад бо садои фораму нозукаш дасти росташро бардошта, овоз мекард, “Бобо”. Ин гӯё ишораи вай барои худоҳофизии бобояш буд. Ниму Бобо аз ин кори наберааш хурсанд шуда, сару пешонии ӯро бӯса мекарду оҳиста дарвозаро баста, мерафт. Ба кӯчаву хиёбонҳо бо дучархаи худ сайр карда, садо мекард: “ Куҳнафурӯш омад”. Як ду танга ва ё пул ба даст меовард, зӯд ба хона бармегашт.
Пури як нони бехамиртуруши аз орди гандум пухта шуда, ки бештар дар Шибҳи қораи Ҳиндустон тановул мешавад.
Пас аз мурури се моҳу шаш рӯз хидматгори Чҳударӣ23 Закоулло ба хонаи Бобо Ниму омаду барояш гуфт, ки “Чҳударӣ пурсиданд, ки чаро Бобо Ниму барои гирифтани маблағ намеояд”? Фавран Бобо Ниму сухани писарашро ба ёд овард, ки барояш гуфта буд, ки “ҳар моҳ тавассути Чҳударӣ Закоулло маблағ хоҳад фирист”.
Ҳамин тариқ, хидматгори Закоулло пеш аз рафтан аз кисааш як лифофа бароварда ба Бобо Ниму дода гуфт, “Ин маблағи ду моҳаро бигиред”.
Бобо Ниму хуб гуфту маблағро ба ҷайбаш гузошт. Ёрдамчӣ ду қадам монду бозгашта изҳор намуд: “Бобо, Чҳударӣ соҳиб пурсиданд, ки аҳволи бача чӣ хел аст”?
-Хуб аст,- ҷавоб дод Ниму Бобо.
“Ҳай бечора”, иброз мекард хидматгори Чҳударӣ.
Бобо Ниму бошад аз кори вай нороҳат мешуду намехост, ки касе ба наберааш чунин алфозро ба забон орад.
-Гиря намекунад?-пурсид ӯ аз Бобо Ниму.
“Не, чаро гиря кунад. Дар назди бобояш ҳаст. Набераи ман мебошад”.- посух дод Бобо Ниму ба вай.
Хидматгори Чҳударӣ дар ҳайрат монду боз ба ӯ изброз кард:
-“Бобо Ниму вай.....”
-Вай ҳеч чиз нест,-Бобо Ниму бо ғӯсса ҷавоб дод. Сипас хидматгор баромада рафт.
Ҳамин тавр, як рӯзе нисфирӯзӣ Бобо Ниму мисли ҳамешагӣ аз кор барои дидани Лолуяк ба хона баргашт. Эҳсоси хастагӣ карду дар болои кат дароз кашида истироҳат кард. Лолуяк бошад бо мошинчааш бозӣ мекард, ки ҳамин вақт садои тақ-тақи дарвоза шуд.
“Бобо” гуфта садо кард набераи Бобо Ниму ва аз омадани касе ӯро хабар медод. Аммо бобояшро ғанаб бурда буду садои тақ-тақи дарвозаро намешунид. Сипас Бобо Ниму бедор шуда аз наберааш пурсид, -“Чӣ хабар Лолуяки бобош”?
Набераи Бобо Ниму бо дасташ ба сӯи дарвоза ишора кард. Бобо Ниму аз ишораи ӯ фаҳмид, ки касе дар берун интизорӣ мекашад. Зуд аз ҷой бархоста ба берун баромада дид, ки Чҳударӣ Закоулло дар назди дар истодааст.
Бобо Ниму дар ҳайрат монд, ки чаро шахсан худи Чҳударӣ ба назди ӯ омада бошад. Бобо Ниму ӯро дида гуфт:
-Чаро заҳмат кашидед, ҷаноби Чҳударӣ соҳиб!
-Ин кор чӣ заҳмат дорад. Барои кори нек ҳеҷ заҳмат нест?
-Бале дурӯст аст.
-Вай хуб ҳаст.
-Шукр набераам хело хуб аст.
-Бобо, дар корҳои Худованд кӣ дахолат карда метавонад? Хуб ин тавр бошад ӯро гирифта рав!
Бобо Ниму мехост аз ӯ бипурсад, ки ба куҷо, аммо худашро аз он нигоҳ дошт. -Натарс Бобо Ниму, мақсади ман анҷом додани корҳои хуб ва таъкиди суханони неки ту мебошад.
Бобо Ниму ҳеҷ чизеро нафаҳмида ба хона баргашт. Лолуяки бобо дасташро болои мошинчааш мегӯзошт ва мисли ин ки дар фикри чизе бошад. Ӯ шояд мехост бипурсад, ки “Бобо дар назди дарвоза кӣ буд”, аммо фикрашро баён карда наметавонист.
“Чҳударӣ соҳиб гуфт, ки аз ин ҷо бояд рафт”, мегуфт Бобо Ниму бо худаш. Вале Лолуяк бошад аз ишораҳои бобояш чизеро намефаҳмид. Бобо Ниму зуд ба наберааш либос пӯшонду ҳар ду ба берун баромаданд.
-Мебахашед Чҳударӣ соҳиб! Либосҳоро иваз кардем, -иброз кард Бобо Ниму ба ӯ.
-Марҳамат бишинед, -Чҳударӣ ба тарафи мошини худ ишора карда гуфт ба онҳо.
Ронанда дари нишасгоҳи пушти мошинро боз кард. Бобо Ниму набераашро бардошту даромада нишаст. Чҳударӣ дар курсии пеши мошин нишаст. Барои Лолуяк нишастан дар чунин мошинҳо бори аввал набуд. Зеро вай дар Дубай ҳамроҳи падараш борҳо сайру гаштро дар чунин мошинҳои гаронқимат таҷриба карда буд. Аммо барои Бобо Ниму таҷрибаи нав буду тарсу воҳимааш барояш аз он шавқовартар менамуд.
Баъд аз понздаҳ ё бист дақиқа мошини Чҳударӣ ба маҳаллаи ободу зебое расиду дар саҳни айвони хонаи боҳашамат истод. Ронанда аз мошин фаромаду тугмаи занги хонаро пахш кард. Як зане баромаду ба вай чизе гуфту рафт. Сипас ба назди дарвоза як марди шиму кастюмпӯшида омад.
Чҳударӣ соҳиб аз мошин фаромада фавран ба назди ӯ рафт. Ҳар ду бо ҳамдигарро оғӯш гирифтанд. Сипас Чҳударӣ ба назди Бобо Ниму омада ӯро ҳамроҳаш гирифта бурд. Баъд аз ду дақиқа Бобо Ниму, Лолуяк, Чҳударӣ ва он мард бо ҳам болои курсиҳои утоқи зебову ороста даромада нишастанд. Ҳамон зане, ки дарвозаро боз карда буд, барояшон чою дигар чизҳоро овард. Чойнӯшӣ оғоз шуду сӯҳбатҳои гарму ҷӯш миёни Чҳударӣ ва он мард сар шуд. Ин лаҳзаҳо бесабриву беқарории Бобо Ниму зиёд мешуду гоҳу ногоҳ ба ин тарафу он тараф мегашт. Вале Лолуяк бошад аз чунин шароиту муҳит бениёз буду фақат ширинӣ мехӯрд.
-Бобо Ниму оё медонӣ ин шахс кӣ ҳаст,- пурсид Чҳударӣ аз вай.
Бобо Ниму дар фикр буд, ки ин вақт Чҳударӣ ба ӯ гуфт: -“Ӯ Ҳоким Алӣ мебошад. Хело шахси некхоҳ ҳаст. Барои бешрафти мардум кор мекунад. Барои бачаҳои мисли Лолуяки шумо як идорае ташкил кардааст, ки ба таълиму тарбияи онҳо кӯмак мерасонад. Шумо набераатонро дар ҳамин ҷо монед. Барои ин кор ягон пул пардохт кардан лозим нест. Зеро худи ҷаноби Сетҳ харҷи онҳоро пардохт мекунад”. Инро ҳарфҳоро Чҳударӣ иброз карду дар чеҳраи Бобо Ниму як навъ норозигӣ ва ҷавоби радро эҳсос мекард. Бобо Ниму ба паҳлу гашта бо лаҳҷаи хос ва азми устувор чунин иброз кард:
-Ташаккур. Набераам ба он ҷо намеравад. Ҳамроҳи ман боқӣ мемонад. -Дар ин кори хайр беҳбудии шумо ва кӯдак низ мебошад.
Сипас ҷавоби радро аз Бобо Ниму шунида боз идома дод Чҳударӣ:
“Шумо кӯдакро хело дӯст медоред. Дар инҷо бошад бо чунин кӯдакон худи ҷаноби Сетҳ дӯстиву меҳрубонӣ мекунад. Он шахсоне, ки дар инҷо ҳастанд бо онҳо низ хидмат мерасонанд”.
Бобо Ниму изҳор кард:
-Меҳру муҳаббат аз ман мебошад, аммо як кори дигаре низ ҳаст ҷаноби Чҳударӣ соҳиб!
-Чӣ кор ҳаст?.
-Гап дар инҷост, ки падару модараш ӯро ба ман супоридаанду ман бошам уҳдадорам то вайро нигоҳубин намоям.
Дар ин маврид Чҳударӣ соҳиб чизе илова накард, аммо ҷаноби Сетҳ соҳиб ба Бобо Ниму гуфт, ки-“Ин дар ҳақиқат дурӯст мебошад”
-Бархез набераи бобош меравем, гуфта Бобо Ниму ӯро аз болои курсӣ бардошта ба оғӯши худ гирифт.
Дар ин зимн, Чҳударӣ соҳиб ӯро дар назди дарвоза дида изҳор кард: -Ӯро чанд рӯз дар инҷо мону рав Бобо Ниму!
-Не. Набера аз худи ман аст.
-Хайр бо мошин меравем,- гуфт Чҳударӣ.
Аммо Бобо Ниму аз ӯ ташаккурӣ карду ба хона баргашт.
-Лолуяки бобо!
-Бале бобоҷон.
-Мебинӣ ин мардум мехоҳанд туро аз ман ҷудо кунанд. Кӣ метавонад туро аз ман ҷудо созад?
-Бобоҷон, садо мекард набера.
Садои ӯ Ниму Боборо беқарору бетоб мекард. Вай ӯро бо дастонаш гирифта, беихтиёр сахт ба оғӯши худ кашид, ки дар натиҷа ранги кӯдак сурх гашт. Фавран ӯро аз худ озод карду ба болои кат шинонд.
Он рӯз Бобо Ниму хело шод буду ҳамаи вақташро дар хона гӯзаронд. Чанд рӯз сипарӣ шуд. Сиёҳии шаб оҳиста-оҳиста фаро мерасид. Бобо Ниму набераашро барои сайру гашт ба берун баровард. Ба хона баргашту дид, ки писараш Камолиддин дар хона мебошад. Ӯро дида аз ӯ пурсид:
-Кай омадӣ писарам Камол?
-Ҳозиркак омадам.
-Хайрият ҳаст Камол.
Аз омадани Камолиддин дар дили Бобо Нимуро як беқарорӣ фаро мегирифт.
-Хайр аст падарҷон! Ҳоло бояд сару либоси Лолуякро ҷамъоварӣ кард.
Набераи шумо бояд дар назди Сетҳ Ҳоким Алӣ боқӣ монад.
Падар ба суханони вай мисле ки чизеро намешунид гӯш медод. Вале
суханони пай дар пайи писараш ӯро маҷбур сохт, ки ба ӯ чунин бигӯяд:
-Аз ӯ ман беҳтар нестам. Чаро дар назди ман хубиҳо набошад. Писарам Камол ман нигаҳбони набераи худам мебошаму вай бошад сарпаноҳи ман
хоҳад буд. Оё ту инро намедонӣ?
Камолиддин ба чашмони падар нигоҳ карду гуфт:
-Падарҷон то кай сарпаноҳи ӯ мешавед. Сину соли шумо ба ҷое расидааст. Ман бошам ин корро намехоҳам.
Яку якбора аъзои бадани Бобо Ниму беҳолу нотавон гашт. Дар ботинаш сардии хун чарх мезад. Сипас каме қадам заду аз даруни ҷевони хурди хона лифофаеро гирифта бозгашту гуфт:
-Марҳамат бигир! Он чизеки ту ба ман фиристода будӣ.
Бобо Ниму лифофаро ба сӯи писараш Камолиддин ҳаво дод.
-Хайр монед падар.
-Не, ҳаргиз не. Ман тавони кор дораму шикамамро сер карда метавонам.
Писар бошад қаҳри падарро диду лифофаро бардошта ба ҷайбаш гӯзошт.Се чор дақиқа фазоро хомӯшӣ фаро гирифт. Камолиддин кӯдакро бардошту ба оғӯш гирифт ва мехост ба берун равад. Бобо Ниму зӯд омада дасти хушкашро ба сари Лолуяк гӯзошту гуфт:
-Хӯш бош набераи бобош. Худо туро ҳеҷгоҳ бекас накунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё