Зеҳн
ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...

зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

СИЁСАТШИНОСИ ТОҶИК

Сиёсатшиносӣ ба номгузорӣ илми ҷадид аст, на бар муҳтаво, чунки дар давраи Шӯроҳо фанҳое дар мактабҳои олӣ аз қабили “Коммунизми илмӣ” тадрис мешуданд, ки хусусияти идеологӣ доштанд. Имрӯз низ илми “Сиёсатшиносӣ” дар фановарӣ мактаби хос буда, бохабарӣ аз муҳтавои он барои хатмкунандаи макотиби олӣ ҳатмист. Бояд иқрор кард, ки нахустин тоҷик, ки дараҷаи илмии докториро бо ихтисоси “сиёсатшинос” гирифтааст, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз мебошад.

Нахустин пурсиш дар илми Сиёсатшиносӣ ин аст, ки инсон чӣ махлуқест ва чаро ҷиҳати идора кардани дигарон сиёсатро эҷод намудааст? Магар сиёсат маҳрум кардани инсонҳо аз истиқлоли фикрӣ нест? Ё худ чаро аксарият аз аққалият магар пайрави дигарон будан пайравӣ мекунанд ва пойбандӣ нест? Ин ва ба он монанд пурсишҳо моро водор хоҳанд кард, ки дар осори илмии мавсуф ворид гардида, андешаҳоеро пажӯҳиш намоем, ки ба пурсишҳоямон посухҳои дуруст медиҳанд.

Муҳаммад Абдураҳмон ба ҳайси сиёсатшинос зимни баррасии истиқлол дар тафаккур ба ин хулосаи аҷиб омадааст: “Лозимаи истиқлоли фикрӣ ин нест, ки ҳақиқати илмиро аз ноҳияи дигарон нагирем ва ё тамаддуни хориҷиро иқтибос накунем. Бояд тазакур дод, ки илму ҳунару дин ва фалсафаву сиёсат ватан надоранд ва ҳамеша вобастаи инсон мебошанд”.

Чунонки Бӯалӣ Сино ҷиҳати муаррифии инсон ибораи “ҷонвари гӯё” – ро истифода мекунад, муҳаққиқони илми сиёсатшиносӣ низ муътақиданд, ки инсон аз соири ҳайвонҳо бо далели суханварӣ бартарӣ дорад, агарчи нафс аз авомили ҳукумат доштан дар тафаккури инсон мебошад. Бинобар ин, дар ҷаҳон мушоҳида карда мешавад, ки инсонҳои дорои тафаккури олӣ ангуштшумор ҳастанд ва ин падида аз зуҳуроти табиат маҳсуб мешавад: “Бояд гуфт, ки ҳар он чӣ якнавохт аст, қобилияти эҷоди нобиға ё мутафаккирро надорад ва омма ҳеҷ гоҳ тавлидкунандаи нубӯғ ё ин ки хирадманд нест, ин афзалияти фардӣ аст. Таҷрибаи илмҳои сиёсӣ исбот менамояд, ки дар тамоми ҷаҳон камбуди ашхоси эҷодкор дорои хиради олӣ эҳсос мешавад. Дар ҳама ҷо афзалияти меъёр – аз сиёсат то идоракунии молиявӣ ва ҳоказо ба назар мерасад. Ҷомеа аз нарасидани ашхоси хирадманд, ки ба ибтикороти бузург қодир нестанд, ҳамеша танқисӣ мекашад”.

Шояд ҳамин навоқиз буд, ки аҳли хирад аз қадим то кунун ба таблиғи донишпажӯҳӣ ва донишандӯзӣ пардохта, дар васфи хирад осори гаронмояро боқӣ гузоштаанд ва сиёсат чун силоҳи идора кардани ҷомеа падид омад. Мавсуф дар ин маврид гуфтааст: “Сиёсатшиносӣ илми одамсозӣ нест, балки илмест, ки барои фаъол гардонидан, ба кору амал ҷалб намудан, идора намудани мардум хизмат мекунад ва бештар ба рафтор ва фаъолияти сиёсии одамон сару кор дорад”.

Дар иртибот бо ақидаҳои ҷомеашиносони аҳди қадим номбурда мавриди парастиш қарор додани инсонро аз зумраи падидаҳое ном мебарад, ки дар пояи ҳамин таълимот ба вуқӯъ пайвастаанд ва аз Афлотун иқтибос меорад, ки инсон махлуқи сиёсист. Гузашта аз ин, Макс Вебер ба сиёсат, яъне ба идора кардани дигарон рӯовардани инсонро ба ҳамагон итлоқ дониста, онҳоро ба тасодуфиву муваққатӣ ва касбӣ ҷудо мекунад. Аммо майли инсонҳо ба сиёсат онҳоро ба шахсиятпарастӣ оварда, дар ниҳодашон хӯи ғуломиро эҳдо намудааст, вале ба ақидаи муаллиф фақат ғулом ва шикастарӯҳ, бинобар тавлиди мушкилӣ қодир аст бар миллату Меҳан хиёнат карда, ба ғасби Ватан аз сӯи аҷнабӣ мусоидат кунад. Мавқеи махсусро дар ин самт дин мебозад. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки дин дар эҷоди тамаддунҳо нақши муҳиме дорад. Масалан, муҳаққиқи амрикоӣ Самуэл Хантингтон дар китоби “Бархурди тамаддунҳо” 7 ё худ 8 тамаддунро рақобатпазир медонад, аммо аз ин 8 тамаддун яке исломӣ, дигарӣ исломӣ-андалузӣ ва савумӣ арабист. Ба ибораи дигар муҳаққиқини амрикоӣ бо истифода аз дин мехоҳанд дар кишварҳои ҷаҳони савум манфиатҳои хешро роҳандозӣ кунанд ва барои расидан ба ин ҳадаф онҳо бо ҳар роҳу восита ба таблиғи ҷаҳонбинии динӣ мепардозанд, чунки аз таҷрибаи Ғарб хеле хуб медонанд, ки омили пасрафти миллате ё давлате барпо кардани ҳукумати афродест, ки дар дини хеш басе мутаассиб ҷилвагар ҳастанд. Ҷоиз ба тазаккур аст, ки айни ҳол дар сароғози садаи нави масеҳӣ ҷангҳои салибӣ таҳти ихтилофоти мазоҳиби исломӣ ҷараён гирифта, дар ҳудуди кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ғолибан мусалмонон маҳсуб мешаванд, андешаҳои таҳмилӣ бо ниқоби ислом таҳмил мегарданд. Бинобар ин, дар ҳамаи кишварҳое, ки аҳолии онҳоро мусалмонон ташкил мекунанд, бенизомӣ ва бетартибиҳо ҳукумат карда, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пояи низоъ гӯё рушд мекунад. Чунончи, марзи Афғонистон бо дарназардошти ғасб гардидани он аз ҷониби террористон мавсум ба Толибон аз зумраи дахлварзиҳоест, ки қудратҳои ҷаҳонӣ баҳри манофеи геополитикии худ ин саҳнаи сиёсиро эҷод менамоянд. Сиёсисозии дин дар замони муосир идомаи ҳамон ҷанги сардест, ки феълан ба набарди иттилоотӣ ва ё ин ки таҳоҷуми хабарӣ табдил ёфтааст. Аммо таҳоҷуми хабарӣ ҷиҳати дигаргун сохтани низоми сиёсӣ ниёз ба тафаккуре дорад, ки дар як давлат не, балки дар ҳамаи давлатҳо амалан татбиқ шавад.

Дар илми сиёсатшиносӣ мафҳумҳои “истиқлол” ва “озодӣ” нақши муассире доранд, аммо ин ду вожа дар ашколи маҳдуд ва ғайримаҳдуд истифода мешаванд. Ҳатто истиқлоли дилхоҳ давлате навъи муайяни ба худ хосе маҳсуб мешавад, ки дар навъҳои дигари истиқлоли давлатҳо мушоҳида намешавад. Озодӣ низ ба истиқлол монанд аст, аммо озодии маҳдудшуда ҳамеша натиҷаҳои нокомиро ба бор оварда, оқибат барои аз байн рафтани он кӯмак мекунад. Бобати ин мавзӯъ Муҳаммад Абдураҳмон чунин андеша дорад: “Озодии маҳдудшуда ҳамеша садди роҳи рушди ҷомеа ва пешрафтҳои давлат мегардад. Ба ҳар ҳол, озодӣ ва соҳибистиқлолӣ таъсири бечунучарои худро ба гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа расонида, ҳувиятдорӣ ва ҳувиятсозии шаҳрвандонро муайян менамояд. Мафҳуми “истиқлоли фикрӣ” бошад, табиист ки аз ҷониби муҳаққиқон бо шаклҳои мухталиф тафсир карда шудааст. Дар таърихи афкори сиёсӣ мутафаккирони зиёде дар бораи масъалаҳои инкишофи таърихӣ ё шароити кишварҳои алоҳида ва дарки истиқлол дар маъноҳои гуногун баҳс намудаанд”.

Сиёсатшинос Муҳаммад Абдураҳмон зимни таҳқиқи ҷанги шаҳрвандӣ ба як пажӯҳиши басе нодири академик Бобоҷон Ғафуров иктифо карда, сипас аз он таҳлилҳо иқтибосе меорад, ки ба сурати зайл аст: “Агар хонҳо бо Сомониён дар масъалаи дин муноқиша мекарданд, бо онҳо мубориза бурдан ҳатмӣ буд, вале вақте ки мубориза аз барои неъматҳои ин дунё меравад, ба мусалмонҳо шоиста нест, ки худро қурбонӣ кунанд ва ба ҳалокат расонанд. Тарзи ҳаёти онҳо дуруст аст ва эътиқодашон саҳеҳ, аз ин лиҳоз беҳтар он аст, ки аз ҳар гуна мудохила худдорӣ карда шавад”.

Мавсуф ҷанги шаҳрвандиро яке аз рухдодҳои хоси рӯҳониюн ва матлабҳои аз аҳдофи миллӣ гумшудае баррасӣ карда, оқибат ба чунин хулосае меояд, ки: “Заминаи асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар фаъолияти муташаккилонаи нерӯҳои ба ҳам зид: гурӯҳҳои мухталифи бюрократ, зиёиён ва рӯҳониён таҷассум мегардид. Мутаассифона, рӯҳониёни ифротӣ тавонистанд бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ дигар гурӯҳҳоро зери назорати худ қарор диҳанд. Дар натиҷаи ба ҳам омадани омилҳои субъективию объективӣ Тоҷикистон ба гирдоби кашмакашиҳои даҳшатангез кашида шуд, ки то ҳанӯз таъсири фалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ аз зеҳну тафаккури шаҳрвандон дур нагаштааст”.

Яке аз падидаҳои асосии илми сиёсатшиносӣ ва соири улуми ҷомеашиносӣ дар замони муосир ҷаҳонӣ шудани фарҳангҳо ва тамаддунҳост. Муҳаққиқони ҷаҳонишавӣ ин равандро шарҳҳои мухталиф дода, оғози онро аз солҳои 80-уми садаи гузашта пиндоштаанд. Минбаъд ҷаҳонишавӣ ба илм ворид гардида, аз мавзӯҳои асосии он мубаддал гардид. Муҳаммад Абдураҳмон раванди ҷаҳони шуданро таҳқиқ намуда, ба хулосае меояд, ки пайравӣ аз тамаддуни ғолиб маънии ҷаҳонишавиро намедиҳад, чунки башар имрӯз фарҳангҳоеро офаридааст, ки худ айни замон ҷаҳонӣ ҳастанд ва ҳеҷ зарурат нест, ки ҷаҳонӣ боз ҷаҳонӣ шавад: “Фарҳанги ҷаҳонии дар ҳоли рушду инкишоф қарордошта каме пештар фарҳанги англосаксонӣ ба шумор мерафт, ки он таърихан бо ахлоқи протестантӣ алоқаи зич дошт. Аммо дар ҷаҳони муосир кам нестанд мамлакат ва ё минтақаҳое, ки дар раванди тӯлонии рушди таърих фарҳанги хосаи сатҳи ҷаҳониро ташаккул додаанд. Махсусан, Ҳиндустон, Хитой, ҷаҳони араб, Ҷопон, Фаронса ва Россия ба ин мисол шуда метавонанд, ки фарҳанги онҳо дар алоҳидагӣ ба низоми арзишҳои садҳо миллион одамон таъсири амиқ мерасонанд. Дар кишварҳои номбурда аксуламали миллӣ бар зидди ҷаҳонишавӣ нигаронида шуда, ҳамзамон дар миёни аҳолии онҳо рӯҳияи зиддиамрикоӣ низ ташаккул меёбад. Бо дарназардошти чунин вазъият, як қатор муҳаққиқон, аз ҷумла С. Хантингтон дар бораи мухолифатҳои тамаддунӣ ибрози андеша намуда, низоъҳои муосири ҷаҳониро бо он асоснок менамояд. Аммо фоҷиаҳои охири асри XX, ки бо ҷангу инқилобҳо ҳеҷ иртиботе надоштанд, С. Хантингтонро ба хулосае овард, ки раванди ҷаҳонишавӣ тамаддуни ягонаи ҷаҳониро ба вуҷуд наоварда, баръакс он бархурди тамаддунҳоро метезонад”.

Аз ин натиҷагириҳо чунин бармеояд, ки ҷаҳонӣ шудан бо дарназардошти манофеи геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ ҷаҳонсозист ва агар саҳеҳтар иқрор кунем, ин раванд давоми ҳамон сиёсатест, ки бо номи “тасхири ҷаҳон” машҳур гаштааст ва асосгузораш низ Отто Бисмарк маҳсуб мешавад. Ин назарияи ғайрисаҳеҳ омили асосии сар задани ҷангҳои ҷаҳонист ва ҷаҳонишавӣ низ, ки ғолибан дар маънии “ғарбшавӣ” фаҳмида мешавад, ҷангҳову низоъҳои гӯшношунидеро ба вуқӯъ мепайвандад. Дар ин маврид Муҳаммад Абдураҳмон ҷои дигар мегӯяд: “Аксари ҷомеашиносон ва сиёсатшиносони Ғарб раванди ҷаҳонишавиро ба таври мусбат баҳогузорӣ намуда, ҳамзамон қайд менамоянд, ки ин раванд боиси муттаҳидии сокинони сайёра гардида, низоъҳоро аз байн мебарад ва барои рушди устувори иҷтимоиёт, баробарҳуқуқӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи хуб фароҳам меоварад. Аммо таҳлили воқеияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ нишон медиҳад, ки раванди ҷаҳонишавӣ натиҷаҳои куллан баръаксро ба вуҷуд меоварад”.

Вокунише алайҳи ҷаҳонишавӣ дар асри ҳозир мушоҳида мешавад ва онро ҷомеашиносон “маниши миллӣ” ном ниҳодаанд. Дар осори илмии сиёсатшинос Муҳаммад Абдураҳмон ин андеша бо номи “идеяи миллӣ” баррасӣ мешавад. Аз ҷумла, бинобар баррасии он номбурда ин ҳарфҳоро зарур донистааст: “Идеяи миллӣ на барои шахсонест, ки танҳо дар бораи пешравии шахсии худ фикр менамоянд, балки барои нафаронест, ки пешрафту шукуфоӣ ва хушбахтии давлату миллатро мехоҳанд”.

Рукни асосии маниши миллиро ҳувият ташкил медиҳад ва заъфи ҳувият инсонро намегузорад то ояндабин бошад. Ӯ беҳбудии хонаводагии хешро берун аз ҷомеаи шаҳрвандӣ тасаввур карда, ҳамеша дар садад мешавад, ки чӣ гуна авзоъи хонаводагии худро беҳтар гардонад. Ӯ фикр карда наметавонад, ки сарватҳои доштааш дар мулки рушднокарда суде надорад. Бинобар ин, бо дарназардошти чунин каҷфаҳмиҳо ба ғорат намудани мулки хеш камар бубаста, боиси эҷоди монеаҳо дар рушди давлатдории миллӣ мешавад.

Муҳаммад Абдураҳмон бо дарназардошти пажӯҳишҳои густурдае дар улуми ҷомеашиносӣ аз равандҳои наве гувоҳӣ медиҳад, ки хулосаи онҳо иваз намудани муҳтавои ҷараёнҳои пешин маҳсуб мешаванд. Бинобар ин, чун давлати рушдкунанда кишвари моро зарур меояд бо он рухдодҳое, ки дар ояндаи наздик ба вуқӯъ мепайванданд, омодагии шадиде нишон диҳад. Илова бар ин, набояд фаромӯш сохт, ки ғасбкориҳои асримиёнагиро дар замони муосир ҷаҳонишавӣ ном мегиранд ва таҳоҷуми хабарӣ низ бо унвони саҳеҳтаре, ки барои шаҳрванд хушоянд бошад, чун пиндори нек баррасӣ шуда, тавсия мешаванд ва чун истиқбол нагардид, бо роҳи зӯроварӣ таҳмил меёбанд.

пешина
аз 31
навбатӣ