Зеҳн
ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...

зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

АСОСГУЗОРИ АНТРОПОЛОГИЯИ СИСТЕМАВӢ

“Антропологияро ба се қисм ҷудо намудан лозим аст:

1. Тасвир намудани инсон аз намуди зоҳирии ӯ, яъне аз ҷиҳати объективӣ ё худ ҷисмонӣ;

2. Тасвир намудани ботини инсон, яъне аз ҷиҳати субъективӣ ё худ хиради ӯ;

3. Тасвири муносибати хирад бо ҷисми инсон.”

Артур Шопенгауэр

“Антропология илми қадимтарин дар бораи инсон аст. Дар муқоиса бо фанҳои ҷудогона, ки дар барои зуҳуроти ҷудогонаи инсон маълумот медиҳанд, антропология инсонро ҳамчун мавҷуди биологӣ ва психофизиологии кулл ва худбасанда меомӯзад.”

Ю. М. Федоров

Барои оғоз бахшидани ин нигошта аввалан зарур мешуморем, ки маънои луғавии мафҳуми “антропология” – ро равшан созем, чунки инҷо сухан дар мавриди фарде хоҳад рафт, ки ӯро поягузори антропологияи системавӣ муаррифӣ кардаанд. Калимаи “антропология” – юнонӣ буда, маънои таълимот дар бораи инсонро дорад. Аз ошноӣ бо навиштаҳои устод Муҳаммадали Музаффарӣ бармеояд, ки ӯ тарҷумаи мафҳуми “антропология” – ро дар шакли инсоншиносӣ напазируфтааст. Ба ақидаи ӯ вожаи “шинохтан” маънои “логия” – ро намедиҳад. Бинобар ин ҳангоми истифодаи мафҳуми “инсоншиносӣ” то андозае маънои “таълимот дар бораи инсон” маҳдуд мегардад. Аз ин рӯ, дар адабиёти фалсафии форсзабон мафҳуми “антропология” – ро тарҷума накардаанд ва дар шакли юнонии худ истифода мебаранд. Муаллифи ин мафҳум фаласуфи Юнони қадим Арасту ҳисобида мешавад. Устод М. Музаффарӣ дар бораи мафҳуми антропология таърихи ташаккули андешаҳои антропологӣ дар асари худ бо номи “Введение в антропологию” чунин баён намудааст: “Антропология (аз юнонӣ “anthropos” – одам ва “ logos” – илм, яъне илм дар бораи одам). Арасту антропологияро ҳамчун таълимот дар бораи табиати ҷисмонӣ ва равонии инсон номида буд. Табиати инсон аз ҷанбаъҳои гуногун иборат аст, ки онҳоро бахши ҳастӣ ва маърифатӣ меноманд. Гурӯҳе аз фаласуфон, аз он ҷумла, файласуфи асри XX Макс Шелер табиат ва моҳияти инсонро дар асари худ “Мавқеи инсон дар кайҳон” мавриди таҳқиқ қарор дода буд. Аввалин бор мафҳуми антропологияро Магнус Хундт дар асари худ “Антропология о достоинстве, природе и свойствах человека и об элементах, частях, членах человеческого тела” соли 1501 дар Лейпсиг истифода бурдааст. Баъдан соли 1533 асари олими итолиёвӣ Галеатсио Капелла бо номгӯи “Антропология или рассуждение о человеческой природе” ва асари Касман “Антропология или учение о человеческой душе” нашр гардидаанд.

Дар таърихи ташаккулёбии антропология баъзе аз пажӯҳишгарон ин илмро ба биология ва баъзе ба илмҳои гуманитарӣ мансуб медонистанд. Дар фалсафаи классикии олмон антропология аз тарафи И. Кант ва В. Гегел шарҳи муфассал дода шудааст. Дар фалсафаи марксистӣ антропология ҳамчун илми биологӣ ҳисобида мешуд ва аз ин сабаб вайро бе се қисм тақсим намудаанд: самти антропогенез, морфология ва нажодшиносӣ. Дар адабиёти гуманитарӣ антропология бо самтҳои гуногун, аз он ҷумла, антропологияи таърихӣ, антропологияи сиёсӣ, антропологияи ҳуқуқӣ ва ғайра тақсимбандӣ шудааст, вале чунин тақсимбандӣ асоси таърихӣ ва мантиқӣ надорад. Дар баробари ин, пажӯҳишҳои навин антропологияро ҳамчун илми ягона ва кулл (А. Гелен) муаррифӣ намудаанд. Дар нитиҷа антропология хамчун илми фалсафӣ эътироф шудааст.”

Хизмати Муҳаммадали Музаффарӣ дар мураттаб сохтани андешаҳои антропологӣ дар чист ва чаро мо устодро асосгузори “Антропологияи системавӣ” меноманд?

Устод М. Музаффарӣ пеш аз ҳама объект ва предмети ин илмро муайян намудааст. Солҳои 1999 ҳангоми дифои рисолаи доктории хеш дар Шӯрои диссертатсионии Институти фалсафаи Академияи илмҳои Россия нахустин бор масъалаи муаяйн намудани мавқеи антропологияро дар системаи илмҳо матраҳ намуд. Ин андешаҳоро ӯ дар рисолаи докторӣ бо номгӯи “Антропология, её предмет, проблемы и место в системе философских наук” баррасӣ намуда, бо ҳамин тариқ масъалаҳои антропологияро дар шакли системавӣ ба миён гузошта буд, ки аз тарафи аъзоёни Шӯрои илмӣ пазируфта шудаанд.

М. Музаффарӣ антропологияро ба се қисм тақсим намудааст, ки якеро ҷанбаи таърих ва методология, дигареро ҷанбаи назариявӣ ва сеюмро ҷанбаи амалӣ ташкил медиҳад. Ба ақидаи ӯ, ҷанбаи таърих масъалаҳои пайдоиш ва ташаккули антропологияро ташкил дода, ҷанбаи методологӣ бошад, масъалаҳои мафҳум, объект, предмет ва сохтори антропологияро дар бар мегирад. Аз нуқтаи назари ӯ қисми назариявӣ ва амалии антропология аз 17 бахши илмӣ иборат аст. Қисми назариявии антропология аз самтҳои нисбатан мустақили илмӣ иборат будааст, ки ба ӯ илмҳои антропогенез, ҷанбаи хирадии инсон, психология, биохимия, физиология, анатомия, соматология, морфология, ахлоқ, зебоишиносӣ, аксеология, характерология, гносеология ва онтология шомиланд. Қисми амалии антропологияро ҷанбаи методии таҳқиқоти хислат ва сотериология ташкил медиҳанд. Қисми хотимавии антропология масоили танатологиро дар бар мегирад. Натиҷагирӣ аз чунин таҳқиқот боиси он гардид, ки устод М. Музаффарӣ ҳамчун поягузори “Антропологияи системавӣ” аз тарафи Шӯрои диссертатсионии Институти фалсафаи Академияи илмҳои Россия эътироф гардад. Ҳамчун идомаи андешаҳои баёншуда, масъалаҳои антропологӣ дар ҷилди аввали китоби навбатии М. Музаффарӣ таҳти унвони “Антропологияи системавӣ”, ки омодаи нашр аст, ба тариқи муфассал таҳлил ва танзим шудаанд.

Муҳақиқ антропологияро яке аз илмҳои ҳастишиносӣ номида, онро бинобар омӯзиши ҳастии инсон ва маърифатшиносии ӯ илми фалсафӣ мегӯяд ва қабул надорад тавсифи ин калидвожаро, вақте ки ба он истилоҳи “фалсафӣ” – ро зам мекунанд. Ба ақидаи ӯ “Агар инсон объекти омӯзиши антропология қарор гирад, ин илми онтологӣ бояд табиат ва моҳияти инсонро бутун, бапуррагӣ, бе тақсимбандии предметӣ биомӯзад. Бо ин сабаб, антропология монанди дигар илмҳои бунёдӣ фалсафӣ-методологӣ буда, барои 49 самти илмии зикршуда, ки инсонро меомӯзанд, ҳамчун имли умумӣ, методологӣ ва ҷаҳонбиниофар хизмат мекунад. Чунин мавқеъро илмҳои дигари ҳастишиносӣ (теология, космология, сотсиология) низ ишғол мекунанд. Аз сабаби илми умумӣ ва фалсафӣ будани антропология мо ибораи “антропологияи фалсафӣ” – ро дуруст намешуморем, чунки антропология, чунонки гуфта шуд, худ илми фалсафист”.

Асарҳои М. Музаффарӣ ба монанди “Фардияти инсон”, “Инсон ҳамчун объекти омӯзиш”, “Антропология”, “Мадхали антропология”, “Антропологияи ориёӣ” ва мақолаҳои зиёди илмии ба масъалаҳои антропологӣ бахшидашуда, таҳлил ва барарасии ҳаматарафаро тақозо доранд. Дар ин гузориш мо тасмим гирифтем, ки баъзе андешаҳои антропологии ҷанбаи ахлоқидоштаро, мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Номбурда соли 2006 китоберо интишор намуд, ки “Антропологияи ориёӣ” номгузорӣ шудааст. Муҳаққиқ ба ду сарчашма, ки Ведҳо ва Авасто мебошанд, таваҷҷуҳ намуда, ҷиҳати баррасии ахлоқ ва иртибот доштани он бо адён тафаққуф мекунад. Яке аз нозукиҳои зиндагӣ гирифторист ва Муҳаммадалӣ Музаффарӣ дар баёни он хеле баҳс мекунад ва ба хулосае меояд, ки хулқ олудагии шадид бо дин дошта, беш аз пеш дар пӯшиши бовариҳои динӣ матраҳ мегардад, дар ҳоле ки андарзҳои динӣ- ахлоқӣ аз қабили “зино макун”, “дуздӣ нанмо”, “дурӯғ магӯ” ва амсолашон тибқи пажӯҳиш инсонро аз рушд бозмедорад ва чун инсон аз тараққӣ бозмонд, ҳатман гирифтор мешавад: “Илмҳои антропологӣ маълум сохтаанд, ки зиндагии бе ҳадаф, новобаста аз беҳбудии иқтисодию иҷтимоӣ инсонро бо нохушиҳои психофизиологӣ рӯ ба рӯ месозад. Дар зиндагӣ, инсон ба ҳолате гирифтор мешавад, ки асоси чунин ҳолат дар чашми зоҳирбин ноаён аст. Аз як тараф инсон дар иҳотаи ёру дӯстон, ва молу ашё, хона ва дигар лавозимот таъмин ва бениёз аст, вале дар симои вай аз хушбахтӣ осоре нест. Сабабашро дар набудани ҳадаф дар зиндагӣ ва нафаҳмидани моҳияти он ҷустуҷӯ бояд кард. Дар бештари ин ҳолат инсон барои худ роҳи “гурез аз зиндагӣ” ва ё дар оғуши маризӣ паноҳ ёфтанро интихоб мекунанд”.

Бинобар омилҳои зикргардида инсонҳо бо дарназардошти синнусол ва муҳити иқомат ва фаъолият аз мушкилиҳо мегурезанд. Масалан, аксар мардон пас аз балоғати фарзанд муҳити хонаводаро тарк гуфта, боқимонда ҳаёти хешро дар мусофират ва дар дилхушии бардавом гузаронида, оқибат дар муҳити бегонаи носозгоре гирифтор мешаванд ва раҳоӣ ҷустан аз онро ғайриимкон мешуморанд. Аммо дар тафаккури ориёӣ оила муқаддас аст ва бо дарназардошти қоидаҳо ва анъанаҳои хос инсоншиноси тоҷик дар масоили худшиносии сирф ориёӣ таҳқиқоти назаррасе анҷом медиҳад: “Анъанаи ҷаҳонбинии ориёӣ ҳар як рафтору гуфтору пиндорро ба масоили маърифат ва худшиносӣ алоқамандбуда меҳисобад. Вале мушкилоти инсон дар он аст, ки худ барои худ шавқовар ва аҷиб нест. Бо кӯшиши аз худ ҳарчи дуртар гурехтан, инсон саргарми бозию ҳалли муаммои олами модист. Худшиносӣ ва озодии шахсӣ бе таҷрибаи маърифатӣ, бе истодагарӣ дар қабул ва инкори “бозиҳои“ олами моддӣ ба даст намеояд”.

Ба ибораи маъмул инсон побанд аз зиндагии муқаррарӣ гардида, роҳҳои тафаккур ва такмили ҷаҳонбинӣ дар ӯ баста шудаанд. Бинобар ин, дар рафтору гуфтораш мо озодиро мушоҳида намекунем, чунки фақат озодист, ки барои инсон имкон фароҳам меорад то тавассути он дурӯғро аз ростӣ фарқ гузорад. Вақте ки андешаи дигарӣ дар инсон таҳмил гардида, бидуни дарккунӣ истиқбол мегардад, пас дар ӯ ҷаҳонбинӣ нест, чунки агар шахс дорои ҷаҳонбинии хос бошад, ба истиқболи фикри дигар иқдом накарда, кӯшиш мекунад, ки андешарониҳои дигаронро дар тарозуи ақли хеш санҷида, сипас хулосаи даркорӣ барорад. Чун инсон маҳрум аз тарзи тафаккури инфиродист, тафовути неку бадро намепазирад ва чунонки дар антропологияи ориёӣ таззоди некӣ бо бадӣ аз пояҳои асосии таълимоти инсоншиносии ҷамшедӣ ва зардуштӣ маҳсуб мешавад, ғолибан ҷомеашиносон ҷиҳати баррасии неку бад ба иштибоҳ рафта, якеро дар муқобили дигарӣ муаррифӣ кардаанд, ки тибқи ҷаҳонбинии ориёӣ дуруст нест. Некиро дар бадӣ бояд ҷуст ва баръакс, яъне дар ин маврид яке ҳомили дигаре мебошад ва онҳоро ҷудо аз ҳамдигар пажӯҳиш намудан хатост. Мутаваҷҷеҳ бошед: “То замоне, ки инсон дар ҷисми биологии худ маҳдуд аст, ҳисси “ман”-и худӣ ҳамеша бо ӯст. Ҳангоме, ки шахс ба моҳияти асрори “худӣ” сарфаҳм меравад, маҳдудӣ ва фарохии ин асрорро фаҳмида, ба хулосаҳои лозимӣ хоҳад омад. Чунки аз шахсияти хеш набояд даст кашидан, алалхусус дар ҳолате, ки чунин шахсият ташаккул наёфта бошад”.

Дастбардорӣ аз такмили шахсият, ки бозгӯкунандаи ҳақиқати ҳол аст, зулм дониста мешавад ва зулмро ориёиҳо нодонӣ пиндоштаанд, ки бадӣ аст. Яъне, инсони худогоҳ метавонад дар андак муддат бинобар адами майл ба фаъолгардии инфиродӣ зулмро бунёд карда, дар табодули неку бад дар гуфтору рафтору пиндори хеш мусоидат кунад. Дар ин маврид Муҳаммадалӣ Музаффарӣ ба чунин хулосае омадааст, ки инкори он қобили қабул нест: “Тадқиқоти физиологӣ нишон медиҳанд, ки ҳолатҳои эҳсосӣ на танҳо дар асоси равишҳои психикӣ, балки ҳолатҳои тасаввури ахлоқӣ низ сурат мегиранд. Чунин ҳолатҳо метавонанд бо роҳи воридшавӣ ба таҳтулшуур боиси амалиёти мусбат ва ё манфии инсон гарданд. Бесабаб нест, ки як лаҳза тасаввури манфии ба ахлоқ вобаста ҳолати психофизиологии манфиро ба миён меорад. Аз таҷриба равшан аст, ки дар ҳолати иҷрои ин ва ё он кор мо новобаста аз он, ки натиҷаи амали худро хуб дарк мекунем ва аз камбудиву муваффақияти худ огоҳем, вале баъзан дар ҳолати ногуворе худро ҳис мекунем, ки моро ғаму андӯҳ фаро мегирад ва мо худро гирифтори кундзеҳнӣ ва хастагию бемадорӣ мебинем”.

Беш аз пеш зоҳир алайҳи ботин ва баръакс баррасӣ мешавад, вале дар антропологияи Музаффарӣ дарки ботин дар қиёс ба зоҳир мушкилӣ эҷод мекунад, чунки зоҳир диданисту ба шинохт ниёз надорад, аммо ботин диданӣ нест ва ҳар шайъ, ки диданӣ нест, эҳтиёҷ ба маърифат дорад: “Шинохт ва донистани колбади ҷисмонии инсон душвор нест, чунки вай дидашаванда ва пурра даркшаванда аст, вале дарки ду колбади дигар, яъне равонию хирадӣ, ки бо сабаби ноаён будани сохторашон боиси гуногунфаҳми миёни тадқиқотчиён қарор гирифтаанд, хеле душвор аст. Аз ин рӯ, муайян намудани сохтори равонии инсон яке аз масъалаи ҳалталаб боқӣ мондааст. Ягонагӣ ва якдигарфаҳмӣ миёни файласуфон ва равоншиносон дар масъалаи сохтори равонии инсон, то ҳол вуҷуд надорад”.

Ҳамин тариқ, бо истифода аз баъзе назарпардозиҳо қисме аз ҳақиқати инсоншиносӣ дар мисоли осори илмии Муҳаммадалӣ Музаффарӣ баррасӣ шуд, аммо ин пажӯҳишро идома додан аз манфиат холӣ нест, чунки дар замони муосир тамоми бахшҳои улуми ҷомеашиносӣ дар иртибот бо таҳқиқи табиати инсон ва ҳастии ӯ пайваста буда, дар ҷаҳонбинии илмӣ нуҳуфта мебошанд.

пешина
аз 31
навбатӣ