ЧЕҲРАҲОИ АКАДЕМИКӢ

ШИРИН ҚУРБОНОВА МАШРАБИ АБДУЛЛОҲ, Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия...
зеҳни сунъӣ · 3 ноябри 2024 · 31 саҳифа
ТАФАККУРИ ДУНЯВИИ ОРИЁӢ
Агар фалсафа дар тамоюли созандагӣ дарк шавад, пас хулоса чунин хоҳад буд, ки на ҳар миллати бофарҳанг фалсафаи хоси хешро бунёд намудааст, чунки фалсафа дар асли худ андешидан бидуни таъсирпазирӣ аз дигарон маҳсуб мешавад. Ҳар инсоне, ки бо хатту имло ошност, метавонад бо навъҳои фалсафаи ҷаҳонӣ воқиф гардида, муҳтавои онҳоро ҳифз намояд, аммо фақат бо ин роҳ инсон фарҳангзо ва файласуф нахоҳад гашт. Мақсад аз ин ҳарфҳо баррасии китобе таҳти унвони “Антропологияи ориёӣ” мебошад, ки ба қалами файласуфи муосири тоҷик, узви вобастаи АМИТ, доктори улуми фалсафа Муҳаммадалӣ Музаффарӣ тааллуқ дорад. Мавсуф аз зумраи донишмандоне аст, ки вуқуф ва бархурдориро аз таърихи фалсафа илм намедонад ва пайваста таъкид мекунад, ки олими ба фалсафа сарукордошта зотан фалсафӣ буда, баробар бо донистани дидгоҳҳо боз назари хешро низ баррасӣ кунад, чунки инсони муқаррарӣ ҳам имкон дорад аз осори фалосифа бархурдор гардад. Ҷоиз ба тазаккур аст, ки олими саршинос дар санаи 27.05.2022 ба синни 75- солагӣ гом мениҳад ва камина бо ин муносибат тасмим гирифтам бархе аз дидгоҳи инфиродии ӯро бобати антропологияи миллии тоҷикон баррасӣ карда, натиҷаи пажӯҳишҳои илмии мавсуфро барои хонандагон пешниҳод намоям.
Ҳамакнун, бармегардем ба матраҳсозии имрӯзу дирӯзи илми ватанӣ. Саъдулло Раҳимов бобати муборизаи аздод, ки дар андешаи Зартушт мушоҳида мешуд, мегӯяд: “Зартушт ба дарки ин нукта наздик буд, ки ҷаҳоне дар баробари нигоҳу дарки инсон зотан ба ин таззодҳо қарор мегирад ва асоси дигаргуниҳо, тағйирхӯриҳо ва ҳатто муборизаи аздодро ташкил медиҳад”.
Ба қавли файласуф Комил Бекзода, фарҳанге, ки ба тоҷикон мансуб аст, аз замонҳои хеле қадимтарин то кунун дар асоси дуализми хештаншиносӣ такмил меёбад: аввалӣ худогоҳии этникӣ буда, бунёдгузори он Ҷамшед мебошад, дувумӣ худшиносии эътиқодист, ки онро Зартушт поягузорӣ кард, аммо фалсафаи Зартушт тибқи андешаи Комил Бекзода дар зеҳни бузургтарин файласуфон шуруъ аз Афлотун то замони зуҳури Ҳегел таъсиргузор будааст. Мавсуф чунин меандешад, ки Фридрих Нитше идеяи абармардро дар шахсияти таърихии Зартушт барои ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Тафовути қобили қабули таълими Зартушт аз соири адён таваҷҷуҳи ӯ бар дунявият ва табиати инсон маҳсуб мешавад ва бар хилофи динҳои насронӣ ва ислом Зартушт таъини сарнавишти башарро дар дӯши вай мегузорад.
Инсоншиноси тоҷик Маҳмадалӣ Музаффарӣ бамаврид қайд кардааст: “Ба қавли Зартушт, сарнавишти ҳар фарде дар дастони ӯст, зеро дар ниҳоят чизе ҷуз маҷмӯаи пиндор, гуфтор ва кирдори солеҳ нест. Танҳо натиҷаи муштараки се мазҳари номбурда метавонад масири чархи сарнавишти инсонро тағйир диҳад”98. Ин ҷо мо ба муҷиби набудани саҳеҳият дар манобеъ маънаван гуфта наметавонем, ки Зартушт поягузори асли фалсафаест, ки алҳол ба он илми муосир такя мекунад, вале муроҷиат ба тафаккури ӯ уламои Ғарбро дарки саҳеҳтари ҷамъиятӣ ато намудааст. Алорағми ҷаҳонбинии муосири илми ватанӣ дар таълимоти ориёӣ тафаккури дунявӣ баррасӣ шуда, масъалаҳои гуногуне дар пояи идроку такомули инфиродӣ пажӯҳиш ёфтаанд.
Равобити фарҳангии ом на ба сурати табиӣ, балки ба навъи татбиқшавӣ дар муҳити сиёсии иҷтимоӣ анҷом мепазирад. Сиёсати мазкур ҳам дар Иёлоти Муттаҳида ва ҳам дар Федератсияи Россия мубтанӣ бар омилҳои фарҳангӣ нестанд ва агарчи ба гуногунии фарҳангӣ асос ёфтааст, аммо ба унвони идғоми сиёсӣ ва асли шаҳрвандӣ нуфуз кардааст. Мушкили Чин дар гузариш аз ҳувияти фарҳангӣ ба ҳувияти миллӣ арзёбӣ мешавад, мушкили русҳо тасодум байни гироишҳои авруосиёӣ (славянӣ) ва ғарбзадагӣ мебошад, аммо мушкили ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёи фарҳанги миллӣ бо дарназардошти ғолибияти ангезаҳои динӣ маҳсуб мешавад. Муҳаққиқ Муҳаммадалӣ Музаффарӣ аз ҳадди тавсеашуда убур кардани ҳарфҳоро ҷиҳати одобу ахлоқ аз омилҳои мушкилзо баррасӣ карда, ҳангоми таҳқиқи “Антропологияи ориёӣ” менависад: “Дар боби ахлоқ бисёр сухан гуфтан далели он аст, ки дар ҳаёти фард ва ё ҷомеа нуқсонҳо пайдост”99. Ба ибораи дигар, чун мо ба якдигар бештар андарзҳо мегӯем ва суҳбатҳоямон вижагиҳои пандомез доранд, бешубҳа ин омил аз нуқсони маънавӣ дар тафаккури мо гувоҳӣ медиҳад ва новобаста аз ин ки меросбари фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ҳастем, андарзгӯйӣ ва суханбозиҳои бемавриде, ки алҳол дар пӯшиши назм интишор мекунем, нишона аз мушкили маънавии мост. Зимни баррасии фалсафаи ориёӣ мавсуф ҷаҳонбинии мушахассеро таҳлил карда, ҷиҳати тафовути неку бад ба чунин хулосаи амиқ омадааст: “То замоне, ки инсон дар ҷисми биологии худ маҳдуд аст, ҳисси “Ман”-и худӣ ҳамеша бо ӯст”. Номбурда бо таваҷҷуҳ ба манобеъи ориёӣ, ки “Қонуни Мануҳ” мебошад, асли афкори басе интишоршударо бо номи ориёиҳои аҳди бостон таҳқиқ намуда, зимни баррасии он баъзе бардоштҳоро мутазаккир шудааст. Масалан, тафаккуре, ки дар қонуни мавҷуд зикр ёфтааст: “Ҳама чиз, ки дар натиҷаи иродаи шахси дигаранд, бадӣ ва ҳар чиз, ки аз иродаи худи шахс аст, некист”. Аз ин фалсафа, ки ба ориёҳо мансуб мебошад, донишманди муосири тоҷик натиҷагирӣ карда, онро дуруст арзёбӣ мекунад, чунки инсон фақат бо тафаккур ва фаҳмишҳои хоси хеш метавонад нақши инфиродии босазое дошта бошад. Агар фикр дар фард таҳмил гардад, пас маълум мегардад, ки инсон маънаван мавҷуд набуда, ҷисман инъикоскунандаи афкор ва ҳадафҳои шахси бегона аст. Чун инсон ба ҳайси мавҷуди биологӣ дар асорати маънавии бегона ва аҷнабӣ қарор дорад, дар ҳеҷ сурат ӯро инсон пазируфтан нашояд ва яке аз омилҳои бартарӣ пайдо кардани тафаккури ориёӣ бар ақидаи сомӣ баррасии воқебинонаи масоили марбут ба ҷаҳонбинии дунявии ниёкони мо, тоҷикон аст, ки чандин маротиб аз ҷониби ғосибони марзбуми аҷдодӣ сӯзонида шудаанд. Онҳое, ки мутақоид ба дуаслӣ ва баррасии неку бад дар маҳалли худ ҳастанд, сахт иштибоҳ мекунанд, чунки тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии мансуб ба ориёиҳои қадим неку бад дар замини тафавути нисбат ба якдигар доштаашон матраҳ насохтаанд ва ин ки дини Зартушт оташро меҳвари парастиш қарор додааст, ҳақиқати воқеӣ надошта, ҳарфе аз қабили туҳмат ба шахсияти ӯст. Ба қавли Музаффарӣ, “фикр ҷаҳонро офаридааст, на ҷаҳон фикрро”. Гузашта аз ин, Музаффарӣ бад-ин бовар аст, ки тасодуми фикр ва гуногунии биологӣ омили пешрафт ва якрангиву яккасолорӣ нишони маҳвшавӣ маҳсуб мешавад. Аз ҳамин хотир, зимни таҳқиқи андеша ва ҷаҳонбинии ориёӣ чунин менависад: “Агар ҳамаи одамон дар тафаккури худ андешаи зинда мондан ва мутобиқ шуданро парваранд, зиндагӣ моҳияти худро гум мекунад”.
Ориёҳои қадим “Мани номаҳдуд”-ро нодиданӣ пиндоштаанд ва ин тамоили худогоҳии фалсафӣ то кунун истиқбол мегардад, чунки ҳар шайъ, ки диданӣ нест, барои шинохтан эҳтиёҷ пайдо мекунад ва фақат диданиҳо андоми зоҳирии шайъ маҳсуб мешаванд. Бинобар ин, муҳаққиқ аз тафаккури ориёӣ ин фикри бикрро иқтибос кардааст: “Нодонӣ, зулмот – роҳи таҳаввул аст”.
Тибқи баррасии масоили фалсафӣ дар “Ригведа”, ки аз зумраи интишороти ориёӣ аст, “нодонӣ” зулм аст ва инсон дар як сурат инсон номида мешавад, ки фаҳмиши инфиродӣ дошта бошад. Дар сурати дарк накардани шайъ инсон аз соири ҷонварон мутафовит нест ва чун сутур баррасӣ мешавад. Шояд ҳамин омил аст, ки Музаффарӣ ҳини таҳқиқи ҳикмати ориёӣ ба якчунин хулосаи дақиқ меояд ва мефармояд: “Зӯроварӣ хоси табиати ҳайвонӣ аст”.
Афкори ориёӣ чунонки аз манобеъи мухталиф бармеояд, алорағми тафаккури раҳбонӣ, ки ба гӯяндагони забони ибрӣ тааллуқ доштааст, ё амиқтараш бархурди андешаи ориёӣ бо ақидаи сомӣ аз дерзамон аз омилҳои тақвият ёфтани тамаддуни башар маҳсуб мешавад. Новобаста аз ин ки китоби Зартушт бо унвони “Апастак” чандин маротиб аз сӯйи ғосибони кишвари ориёиҳо нобуд гардид, аммо ниёкони тоҷикон он мероси ғании хаттиро дигарбора барқарор менамуданд ва аз эҳтимол дур нест, ки китобсӯзон дар мисоли мақдуниҳо ва аъроби дар ҷаҳлу торикӣ қарордошта афкори ба ислом тааллуқдоштаи хешро аз манобеъе чун “Абасто” ва баъдан “Менуи хирад”, ё худ “Шаҳристони Эрон” ва амсолашон, ки феълан таҳти унвони “адабиёти паҳлавӣ” интишор мешаванд, бардошт намудаанд, чунки тафаккури ориёӣ дар баробари ақоиди сомӣ дар осори хаттии исломӣ мушоҳида мегардад ва чунин дидгоҳ дигарбора исбот мекунад, ки китобҳо чун ганҷинаи пурбаҳо аз якдигар баҳрабардорӣ кардаанд. Масалан, рост истодану ҳамон лаҳза пешоб рондан, ки дар “Менуи хирад” маҳкум мешавад, дар дигар китоб ва эътиқодот интиқод ёфтааст ва чунин такроршавии тарзи тафаккур ҷиҳати бадгӯии дунявият низ бесабаб намебошад, чунки агар мо тафаккури мансуб ба Зартушт ва ориёиҳои аҳди бостонро дар заминаи майл пайдо кардани онҳо ба дунявият пиндорем, пас ягона тафаккуре, ки бо он тафаккур қиёспазир асту андешаи сомӣ дониста мешавад, дар пояи ақоиди раҳбонӣ то кунун баррасӣ мешавад. Чунин бархурдҳо дар андешаронӣ ва рушди ҷаҳонбиниҳо имрӯз низ идома дорад ва басе муҳлатҳост мушоҳида мекунем, ки ҳамин ду тарзи тафаккур аз ҷониби милалу дували муосир пайгирӣ хоҳад ёфт, агарчи ба унвони мудерн ва постмудерн паҳн карда мешавад. Махсусан, муҳаққиқоне чун Алии Шариатӣ ва манобеъе чун “Муқаддима” – и Ибни Халдун бархурди мазкурро дар ду истилоҳ: яке бадавӣ ва дигаре шаҳрнишинӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд. Идораи қудрат бидуни истифода аз дину эътиқодот ва баръакс, ҳукумат кардани ақвоми бадавӣ бо истифода аз бовариҳои динӣ, ё худ амиқтараш тавассути диндорӣ аз зумраи афкори басе шигифт аст, ки мо ҷиҳати баррасии калидвожаи “дунявӣ” вомехӯрем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё