Зеҳн
Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Қисса

«Паррончакҳо»

Ҳунари дигарон надидан айб,

Дидани айби хештан ҳунар аст.

Соиб

I

Дар рӯзи имтиҳони нахустин ба ӯ писари раис ном ниҳоданд. Ин номро кӣ ба ӯ дод, танҳо ман медонам. Вале ҳозир чунон ҳолате ба амал омад, ки зери бори хиҷолат мондам. Дилам таҳ рафт ва ночор нигоҳамро аз ӯ гурезондам...

II

− Ана чоруминаш ҳам баромад! − нидо баровард яке. − Лабу лунҷаш овезон-ку, ин берӯзӣ ҳам аз имтиҳон афтода бошад?

Даромадгоҳи донишгоҳ, ки занбӯрхонаро мемонд, якбора хомӯш гашт. Ҳама ба «берӯзӣ» чашм дӯхтанд. Ӯ бедимоғ, бо сари хам калавида-калавида қадам мениҳод ва бо дастрӯймол арақҳои буни гарданашро пок мекард. Лабони парсинбастааш, ки ҷо-ҷо кафида буданд, ноаён мепариданд. Аз пеши навбатдорҳо гузаштан замон бачаҳо атрофашро ҳалқавор печониданд.

− Шер ё рӯбоҳ?

− Кадом савол омад?

Вай ҷавобе надод. Танҳо ба кисаи сари синааш даст бурда, коғазepo баровард.

Ҷавоне пешдастӣ кард ва чанг зада варақаи имтиҳонро гирифт: чашмҳо ба рӯи коғаз дӯхта шуданд.

Сонияе ҳама дам ба дарун заданд. Сипас якбора овози чанд кас ба гӯш расид:

− Аъло-ку!

− Наход? О сағирае!

Танҳо як ҷавони лоғарандоми навхат дасти ӯро сахт фишурда, ба оғӯшаш ҳам кашиду бо овози пурҳаяҷон пичиррос зад:

− Офарин! Гуфтам-ку, беҳуда ғам мехӯрӣ... Муаллим ҳам бовар дошт, ки баҳои аъло мегирӣ.

Шунавад, хурсанд мешавад...

Вай дам назад. Вале магар шармид, ки ба рӯяш сурхӣ дамид, нигоҳашро ба пеши пояш дӯхт. Ин лаҳза варақаро, ки ҷо-ҷояш аз арақи ангуштон доғдор шуда буд, ба ӯ баргардонданд. Вай онро дутаҳ карда боз ба кисааш ниҳоду ҳамроҳи ҷавони навхат рафта аз бачаҳо дуртар истод ва дубора варақаро гирифта, дуру дароз ба он нигарист.

− Дидӣ, ҳамаи овозаҳо дурӯғанд, дониш бошад, панҷ ҳам гирифтан мумкин, − ба ман нигариста маънидорона гуфт амакам.

− Дониш-а? Тағоӣ зӯр бошад, гӯед, − луқма партофт як ҷавони пакана, ки мӯйлаби наълшакл дошт. Ӯ тукмаҳои куртаи рах-рахи остинкӯтоҳашро то сари ноф кушода, майкаи гулдӯзиашро намоиш медод.

Вай мӯи ҷингилаашро палмосида, мисли хурӯсчӯҷа якта-якта қадам ниҳода, аз назди мо дур рафт, лекин якбора баргашту хусуматомез ғурунгид: − Дар пешонии ин ҳашарот аз аввал баҳои аъло навиштаанд.

Ҳм, баҳои инҳо, мактаб... ҷои кори ояндаашон пеш аз таваллудашон муайян мешавад... Лом нагӯяд ҳам, баҳои аъло мегирад, нахоҳад ҳам, соҳиби диплом мешавад...

− Воҳима ҳам андоза дорад, ошно, − аз болои китоб cap бардошта гуфт ҷавоне ва афзуд: − Дилама вайрон накун...

− Эй додар, − боз мағрурона лаб ба гуфтор кушод Пакана, − пӯсти ин зотҳоро ман аз чармгарӣ мешиносам... О ту агар ман барин се сол омада ноумед бармегаштӣ... − Пакана норозиёна даст афшонд. –

Рӯи дурӯғгӯй сиёҳ, тамоми китобҳоро хонда об кардам. Лекин тағоии зӯр, ки надорам, обам ранг намегирад...

Бачаҳо истеҳзоомез хандиданд. Пакана, ки зоҳиран худро бепарво меангошт, аз ин оташин гашт.

− Бовар намекунед? − асабиёна пурсид ӯ ва чашмони тангашро бозӣ доронда, атрофро аз назар гузаронду сипас шикамашро ба дарун кашида, аз таги майкаи гулдор китоберо баровард. − Ана ин китобро бо чашми худатон бинед. Аз хондану варақгардонӣ туппа барин шудааст...

− Муҳаббатат ба китоб бениҳоят зиёд будааст, додар, − пичингомез гуфт амакам ва ба хараки бари роҳ, ки сояи дарахти себ ба болои он афтода буд, амонат нишасту бо ришханд афзуд: − Ҳама маъниву мазмуни китобро дар caр ҷо кунанд, ту онро дар шикамат мегардондаӣ.

− Агар китобро об карда хӯрда бошӣ, чаро онро боз рустӣ ба имтиҳон медарорӣ? − масхараомез пурсид духтаре.

− Барои эҳтиёт, ҷонакам, − сохтакорона хандид Пакана. − Ягон кас, ки аз пасам намедаваду бале намегӯяд, мисли моргазида аз ресмони ало метарсам. Инҳо чӣ? − Вай бо нафрат ба ҷавон, ки бо дӯсташ ҳанӯз ҳам сӯҳбати нарм дошт, теғи нигоҳ афканд ва ғурунгос зад: − Савлаташро бинед! Писари раис- дия... Э хок бар сари тақдири бадам! − Пакана мисли шаттоҳон оҳу воҳкашон печутоб хӯрда, ба пешониаш муште фуровард. − Дар вақташ агар очаи ман ҳам ба ягон раис мерасид, корҳо ванг мешуд...

− Ҳоло ҳам дер нашудагист. Очета арӯс карда меовардию дили муаллими сарсафеда меёфтӣ... − луқма партофт ҷавоне ва садои хандаи ҳозирон саҳни донишгоҳро пахш кард, лекин қоҳ-қоҳи Пакана аз ҳама баланд буд.

Ҷавон ин дам хастаҳол бо гӯшаи чашм ба тарафи онҳо нигаристу дар лабаш табассуми аҷибе сайр кард ва чашмони пурхаёлаш аранге дурахшиданд. Дӯсташ меҳрубонона даст ба китфи ӯ ниҳод ва гӯшакие карду завқид.

Пакана табассум, дурахши чашмон, гӯшакӣ ва хандаи онҳоро ба тарзи худ маънидод кард:

− Ба ҳоли мо хандид. Ҳа-ша-ро-те! Хараш аз лой гузашт-дия, − нафратомез аз паси онҳо, ки сӯи баромадгоҳ равон буданд, нигарист ва бо кароҳат афзуд: − Биниаш осмона мехарошад-а? Хайр, агар донишҷӯ шавам, онаи ин хел писари раиса дар чашмаш нишон медиҳам!

− Пеш аз имтиҳон, додар, дилу ниятро каҷ нагир, ки ба мақсад намерасӣ, − насиҳатомез гуфт амакам ва байти дӯстдоштаашро ба забон овард:

Ба худододагон ситеза макун,

Ки худододаро Худо додааст.

− Ин гапи замони феодалӣ... кӯҳна! Чӣ, худо танҳо онҳоро мебинад? Ё ту ҳам аз паси ягон писари калоншаванда балегӯӣ омадаӣ? – рӯи лӯндаи Пакана аз ғояти ғазаб тира гашт ва сиёҳии чашмонаш ба даврзанӣ даромад. − Мо ҳам даҳ сари сол хуни ҷигар шуда дар мактаб хондаем! − Ӯ ғаюрона ба амакам дида дӯхт ва китобро боз ба таги либосаш пинҳон кард.

Амакам ба даромадгоҳ, ки он ҷо ҷунбуҷӯл ва ғавғои бачаҳо селаи занбӯрҳои ба шӯр омадаро ёдрас мекард, дергоҳ нигариста ба сукут рафт, баъд бо мулоимат гуфт:

− Писари раисҳо ҳам одаманд, додар... Гап сари писари кӣ будан нест. Донишат нағз бошад, мегузарӣ. Писари раис, вазир ҳам бошӣ, ҳазор тағои зӯр ҳам аз пасат давад, аз дониш, ақл, фаросат камбағал бошӣ, ҷонкоҳониат бефоида, − гуфт вай, сипас хаёломез афзуд: − Инро имтиҳон мегӯянд...

− Худат ягон бор имтиҳон супоридаӣ? − истеҳзоомез хандида пурсид Пакана. − Аз лап-лапи гапат маълум, ки тамоми умр тути бедона хӯрда гаштаӣ.

Амакам дар ҷояш як такон хӯрд, ваҷоҳаташ хаёле дигар гашт. Бешак таънаи Пакана ба иззати нафсаш расид, вале сир бой надод, балки аранге овоз баровард:

− Ҳм, имтиҳон? Мо аз осиёб омадаему ту мегӯӣ, ки дӯл холӣ... Барои одами оқил ҳар рӯз, ҳар соати умр... ҳамин гапҳои мо ҳам имтиҳон аст.

− Ин ҷо осиёб не, амак! − чашмонашро мисли чашми мор бозӣ доронда, нидо кард Пакана. − Пули сирот барин ин ҷо. Гӯсфандсавор мегузарад, бегӯсфанд меафтад... Аз паси писарат омадаӣ? Хайр, агар бармаҳал пеши обро чим зада бошӣ, корат ванг мешавад...

Дар лабони амакам базӯр табассум давид. Вай ба дарахти себ такя кард ва нафаси тӯлонӣ кашид. Ин нишонаи ранҷиши ӯ буд. Ман ба ташвиш афтодам, зеро гумон кардам, ки ҳоло амакам Паканаро аз об гирифта ба лой мезанаду дар назди ин қадар одам шарманда месозад. Охир, вай хуши шунидани гапҳои сафсатта, ба гуфти худаш, бемағзро надорад... Ба болои ин, ӯ яке аз нахустин дастпарварони ҳамин донишгоҳ мебошад...

Ин гуфтугӯ хаёли маро ба деҳа бурд. Воқеан, дар деҳаи мо ҳам, ки ҳамшафати шаҳр аст, дар хусуси қабули довталаб ба мактабҳои олӣ ҳамин хел ақида вуҷуд дорад. «Гаҳвораат аз осмон афтода бошад ҳам, бе «тағоӣ», яъне мададрасону ришва дохил шуда наметавонӣ», − бо исрор мегӯянд баъзе тоифаҳо.

Волидайни аксар бачаҳо ба ин ҳангомаву афсонаҳо бовар карда, аз пайи ҷустуҷӯи «тағоӣ» ё миёнарав меафтанд. Боз аз ҳама бадаш он аст, ки ин «ғамхорӣ»-и онҳоро фарзандонашон ҳис мекунанду танҳо ба

«тағоӣ» умед мебанданд. Баъд тамоми умр дар сояи дигарон гаштану осонакак зистанро авлотар медонанд, балки ин хислат дар хуну пӯсташон ҷо мегираду сарбории падару модар мешаванд...

Бо одамоне, ки ин ақидаро мепарваранд, оши амаки ман ҳеҷ гоҳ намепазад.

− Тағоии аз ҳама зӯру беминнат дониш аст, − боре ҳангоми чунин баҳс гуфт ӯ. Вале чанд кас далел оварданд, ки писари Ғаюри савдогар номи худашро дуруст навишта наметавонисту ба шӯъбаи иқтисодии Донишгоҳ дохил шудааст.

− Дохил шуданаш ба як тин намеарзад, − бо қатъият гуфт амакам. − Ин хел корчаллону рӯбоҳбозон дар ҳар ҷо роҳ меёбанд. Лекин умри дароз намебинанд, шарманда мешаванд. − Вай каме хомӯш монд. Ба хаёлам, хандаи пичингомези одамон аламашро овард, ки боз бо исрор гуфт: − Хайр, як диплома ҳаром мекунад, лекин манфиаташ ба ҳеҷ кас намерасад, обрӯ, қадру қимате намебинад, зеро бунёд, дилу нияташ пок нест... Балки дипломи гирифтааш дарди cap, азоби ҷонаш мешавад. Чаро? Барои он ки соле кор накарда ё аз рӯи баднафсиву тороҷгарӣ ё аз рӯи нодонӣ ба сад бало афтода, оби чашм мерезад.

− Муаллим, ин гапҳои шумо барои таскини дил аст. Дар асл корди ҳамин корчаллонҳои лаънатӣ доим болои равған, − бо истеҳзои соддадилона гапи ӯро бурид бобои Салим, ки то ҳол хомӯш менишаст. Ӯ риши пахмоқи зардтобашро бо панҷа шона зада, бо як фориғболии ба худ хос суханашро идома дод. −

Муаллим, тухми ин мардуми ҳанноту шайтон дар ягон давру аср аз рӯи замин кам нашудааст. Яктааш мурад, шукрона мекунӣ, андаке осуда мешавӣ, лекин боз мебинӣ, ки аллакай чойгираш пайдо шуд...

Аслаш сирру савдои ин балора, Афлотун бошӣ ҳам, фаҳмидан мушкил. Мани мӯйсафед баъзан шабҳои дароз нахобида, ба ҷои гӯру қиёмат, рӯзаву намоз, биҳишту дӯзах ҳамин гапҳора фикр мекунам, − пирамард хандида, чор-панҷ дандони фарсудаи сиёҳтобашро, ки дар ҷо-ҷои вораҳои даҳонаш каҷу килеб меистоданд, бо ангуштони шахшӯлаш ҷунбонида, ранҷишомез илова кард: − Муаллим, баъди ҷанги

Гирмон чанд сол гузашт? Ҳа, ана сиву панҷ сол боз ман ба ҳамин дандонҳо нон хӯрда зинда мегардам.

Лекин сағираҳои дина аз тухм баромадаи Ғаюр соҳиби дандонҳои тилло... Бойҳои пешина нисбат ба дузду ғоратгарҳои ҳозира камбағал буданд... Дар ҳар хона ду-сетаӣ мошин... агар аз музди меҳнаташ мошин мегирифт, ҳалолаш бод... Ба яктааш гуфтам: чархҳои мошинат аз пули ман аст. Аввал ҳайрон шуд. Баъд маккорона хандиду гуфт: Худо умри дарозат бидиҳад, ки дар сояи давлатат мегардем... О куҷои ин ҳақиқат аст? − Мӯйсафед нигоҳи қаҳрборашро озмоишкорона ба ҳозирин афканд, сипас сари зону нишасту ғур-ғур кард: − Ноҳақӣ аз Одаму Ҳаво cap зада буд. Набошад чаро замин фитнагар, ҳаромхӯр, шайтон, одамҳои ношудро фурӯ намебарад? Чаро офтоб дузду корчаллонро намесӯзад?.. Ҳм, рӯшноиву гармияш боз ба ҳама баробар. Чиба хонаи порахӯр, ки имонашро фурӯхта, писари ношуди

Ғаюра ба мактаби олӣ қабул кардааст, намесӯзад? Чашми ҳукумат? Мову шумоем чашми ҳукумат!

Милиса, одамҳои курсишин худро ба кӯриву карӣ зада як номаъқулиҳое мекунанд, ки даҳонат воз мемонад... Ягон чазо мебинанд, деру дуруст ҷазо мебинанд...

Он лаҳза ҳеҷ кас, ҳатто амакам, ки бобои Салим ӯро ниҳоят эҳтиром мекунад, сухани мӯйсафедро набурид. Чунки вай феъли пирамардро нағз медонад. Мабодо ӯ хашмгин шавад, «шумо ҳам паи дузду корчаллонҳо» − мегӯяду маъракаро тарк мекунад... Не, ҳеҷ кас, ки ба миёни гапи мӯйсафед надавид, нармтар шуд ва бо мулоимат, ҳатто узрхоҳона пичиррос зад:

− Аз дилсӯзӣ гап мезанем. Охир, бачаҳои Ғаюр барин хомкаллаҳо мактаба тамом карда, дар колхоз вазифа гиранд, мисли муш хонумони мардума тороҷ мекунанд... Ё гапам нодуруст?

− Дуруст, бобо, − гуфт амакам ва бо шакарханд афзуд: − Ҳар кор вақту соат, аввалу охир дорад...

− Кай охираша мебинем? − чорзону нишаста бо хашм пурсид мӯйсафед ва ғолибона ба ҳозирон чашм давонд. − Афсӯс, ки як поям ба лаби гӯр расидааст. Э бачаҳо, ба дидори покатон қасам, ки дарозумрии ман сабаб дорад. Агар тамоми корчаллону ҳаромхӯрони ифлоса зин бапушт бинам, дигар ормонам намемонад... Охир мо дар вақташ барои зиёд шудани ҳамин хел тоифаҳои нопок хун рехта, мубориза бурда будем?!

− Одамӣ бо орзу зинда аст, бобо, − хазломез гуфт амакам ва таноби суханро ба дигар тараф кашид. −

Як ҳамдарси мо, бобо, имтиҳонҳои дохилшавиро бо баҳои аъло супорид. Лекин ҳангоми сӯҳбату дарсҳо маълум гашт, ки дониши казоӣ надорад. Мо ҳам аз ин «мӯъҷиза» гаранг шудем. Имтиҳонҳои нимсола оғоз ёфтанд. Аз санҷиши якум нагузашт... Як устоди сахтгирамон аз нодонии вай ҳайрон шуда масхараомез пурсид:

− Писар, чаро имтиҳонҳои дохилшавиро аъло супоридиву ҳеҷ чизро намедонӣ? Агар ба ҳамин савол ҷавоб диҳӣ, баҳо мегузорам.

− Он вақт, муаллимҷон, − сурху сафед шуда, таги обу арақ монда ночор гуфт ҳамдарси бечораи мо, − тағоям имтиҳон гирифта буд...

− Ҳа-а, ин хел бошад, писар, ту худатро беҳуда азоб надеҳу ба ҳамон тағоият гӯй, ки омада ба ҷоят имтиҳон супорад, − ҷавоб дод муаллим.

− Садқаи ҳамин хел одамҳои ҳақпараст шавам! − сари зону нишаста, бо як шодии кӯдакона нидо кард бобои Салим. − Ин хел одамҳоро тоҷи cap кунӣ, меарзад. Ана ин хел одамҳо зеби роҳбарӣ доранд. Ҳо, ин хел одам ба ҳазор дарояд ҳам, ба халқу ҷамъият фоида мерасонаду зарар не...

\\\*

Ҳоло як духтари резапайкари чашмкабуд, ки дар тан пероҳани чити гули нор дошт, аз имтиҳон баромад. Аз чашмони вай қатраҳои ашк чакида ба рухсораҳои сурхосафеди кулчамонандаш метаровиданд, вале дар лабонаш ханда гул мекард. Духтарак зӯр мезад, ки лабони ба ханда моилашро ба ҳам пайвандад, то дандонҳои резаи аз таъсири ширинӣ сиёҳтобшудаашро касе набинад, лек наметавонист. Вай бо нӯги остинҳои кӯтоҳаш пайваста ашкҳояшро пок карда, аз нигоҳи одамони кунҷков паноҳ меҷуст.

− Баҳои нағз гирифтӣ, чаро боз гиря мекунӣ? Бас, айб мешавад, − дугонааш китфони ӯро сила мекарду дар буни гӯшаш пичиррос мезад: − Ё ранҷониданд...

− Не, не, − бо овози гирифтаи ларзон мегуфт духтарак. Вай акнун рӯяшро, ки аз шодии беинтиҳо мунаввар буд, болои синаҳои бардамидаи дугонааш ниҳода, кӯдаквор мемолид ва баробари ӯ қадам мениҳод. − Ҳамин хел гиряам омад. Охир, мабодо меафтидам...

Дугонааш, нигоҳи шарарбор як тараф афканду ӯро хоҳарвор ба оғӯш кашид ва ҷониби кунҷи боғи донишгоҳ равон шуд.

Ман аз онҳо чашм намекандам. Вале сӯҳбате, ки чанде пеш дар ҳавлии амакам баргузор шуда буд, пеши назарам омад.

Он рӯз оғози имтиҳони хатми мактаби миёна буд. Ба хонаи амакам омӯзгорон омаданд. Онҳо дар сояи тути лаби наҳр, болои суфа нишаста, дарҳол тахтаи шоҳмотро пеш кашиданд. Нолаи ба тахта кӯфтани мӯҳраҳо бо шилдир-шилдири оби наҳр ва хишир-хишири шоху барги дарахти тут як шуда, хомӯшии ҳаловатбахши ҳавлиро халалдор кард. Ман тамошои шоҳмотбозиро нағз мебинам. Аммо ба тахта сахт задани мӯҳраҳо мисли дандонҳои арра, ки чӯбро реза мекунанд, майнаро озор медиҳад. Боз баъзе мухлисони шоҳмот мегӯянд, ки кайфи ин бозӣ маҳз дар ҳаёҳу ва рӯи тахта сахт кӯфтани мӯҳраҳост...

Ба назди меҳмонҳо дастархону чой бурдам.

− Муаллим, Наимро ба кадом мактаб дохил мекунонед? – ногоҳ пурсид яке аз омӯзгорон.

Сарҳисобамро гум кардам. Дилам дар қафаси сина ба бозӣ даромад.

− Ба куҷое дилаш хоҳаду зӯраш расад, худаш дохил мешавад, − бепарво ҷавоб дод амакам ва гапро ба дигар тараф кашиданӣ шуд. − Аспа гурез, ки ҷавонмарг мешавад.

− Дониши худаш ҳам бад неву боз ягон мушкилкушо даркор, − луқма партофт муаллими ҷуғрофия

Халилӣ ва илова кард: − Шароит ба худатон маълум... Фаромӯш накунед, ки шумо, − оҳанги суханашро мутантан кард ӯ, − Наимро барои ба мактаби олӣ дохил кунондан ин ҷо овардаед!

Амакам бо гӯшаи чашм сӯям назар андохт. Ман акнун ба худ омада, бо баҳонае назди оташдон рафтам. Ва барои чойҷӯшонӣ оташ дардодам. Сипас аз шӯълаҳо чашм наканда, шохаҳои хушки бедро сари зону чарс-чарс шикаста, ба оташдон партофтам. Аҷоиб одам аст амакам. Мулоимтабиат, ба гуфти баъзеҳо, суханҳояшро ҳисоб карда аз даҳон мебарорад. Дар хона танҳо бо кӯдакон шӯхию бозӣ карданашро дидан мумкин. Дар назарам ҳар як нигоҳ, ҳар як ҳаракати ӯ на камтар аз суханҳояш маъние доранд. Ин хислаташ ба ман ниҳоят хуш аст...

− Муттако, мушкилкушои аз ҳама беминнат китоб аст, домулло, − овози амакам ва садои ба тахта бархӯрдани мӯҳраҳо пайваста ба гӯшам омад. − Дар назди бачаҳо ин гапҳоро гуфтан хуб нест. Шах!

− Ин гапи маълум. Мо ҳам аз фанни омӯзгорӣ имтиҳон супорида будем. ... Ин бачаҳо балоанд, ҳама чизро медонанд... як моҳ баъд номаи камол мегиранд, − ранҷишомез худро сафед кард Халилӣ. − Солҳои пеш вазъият тамоман дигар буд. Ҳар кас ба кадри донишаш ба мактабҳо ҳуҷҷат месупорид, хадди худро мешинохт. Ҳоло чӣ? − ӯ сохтакорона хандид. − Обрӯи баъзе сарҳои бемағз аз ҳама баланд. Як хел бачаҳо дар ин ҷо аз мо базӯр се мегиранд, дар мактаби олӣ чору панҷ... Баъд мебинӣ, ки дар дили шогирдҳои нодон ва сустхонамон ҳавову ҳаваси олимшавӣ ҳам пайдо шудааст. Кас хайрон мемонад...

− Ҳамин шароитро кӣ ба вуҷуд овардааст? − оромона пурсид амакам ва бо ҳамон оҳанг ҷавоб дод: −

Худамон... Лекин ин каҷрафториву ноодилиҳо оқибати нағз надоранд...

\\\*

Амакам ҳанӯз ҳам ба дарахти себ такя карда хомӯш меистод. Офтоб ба қиём омада, ҳаворо дамгиртар месохт. Баргҳои ток он тозагӣ ва тароватеро, ки саҳар доштанд, алҳол гум карда, пажмурдаву саркашол менамуданд. «Ин мардуми соддалавҳро бинед, кору борро партофта, ҷони худ ва дигаронро ба азоб монда, аз саҳар то шом беҳуда гирди донишгоҳ тор метананд. Беҳаёӣ аз ин зиёд нест» − гузаронидам аз дил ва нигоҳам ба амакам бархӯрд. Вай ҳанӯз ҳам аз ҳаракатҳои Пакана чашм наканда, ба андешае побанд буд. Ногоҳ хаёле ба дилам панҷа заду дар ташвиш афтодам. «Мабодо аз алами зиёд бо Пакана моҷаро бардорад», − гуфтам ба худ. Охир, амакам одами шаттоҳ, воҳимагару фитнаангез, онҳоеро, ки ба дили кас тухми ҳаросу ноумедӣ мекоранд, ба гуфти худаш аз нонхӯрак ҳам бад мебинад... Ман лаҳзае илтиҷоомез ба чашмони пурхаёли амакам нигаристам ва аз нигоҳи орому бохиради ӯ як сухани дӯстдоштаашро хондам: ба нодон насиҳат ҳайф аст!

III

Одамоне ҳастанд, ки ба як дидан дар дил маскан меёбанд, меҳр пайдо мекунанд. Ва боз тоифаҳое вуҷуд доранд, ки ба як назар хорвор ба чашм мехаланд, нафрати касро бедор мекунанд. Ман ҳоло аз байни бачаҳо Паканаро ҷустам. Ӯ пеши даромадгоҳ ба паҳлӯдарӣ такя зада, духтареро ба гап мекашид.

Ва мудом як лабашро каҷ мекард, ки вай дандонҳои тиллояшро бубинад.

− Одами доништалаб, баору номус ин хел нест, − овози нарми амакам ба гӯшам расид. − Суғур барин фарбеҳ аст. Ранги рӯяшро бин: мисли хуни бинӣ суп-сурх! Бешарм. Боз ҳамроҳаш китоб медарорад, − вай таассуфомез рӯй тофт. − Доништалаб шабу рӯз болои китоб ҷон мекоҳонад, ранг зард мекунад, ки ба мақсад расад.

Пай бурдам, ки амакам бағоят дилтанг шудааст, барои аз ин варта ӯро раҳонидан гуфтам:

− Амак, навбати даромадани ман ҳоло дур аст. Ин ҷо беҳуда азоб кашида истодан чӣ лозим? – як гап ба нӯги забонам омад, хостам онро фурӯ барам, нашуд. − Боз одамҳо гумон накунанд, ки Шумо балегӯӣ омадаед...

Вай даме ба андеша рафт. Сипас хастаҳолона аз ҷояш бархест.

− Хайр, барор мехоҳам, − гуфт ва хаёле табассум кард. – Capoсема нашав, писарам, бамулоҳиза ҷавоб деҳ... Ба гапҳои беҳуда асло бовар накун. Муаллимҳои имтиҳонгир ҳам инсонанд, дилу инсоф доранд...

Дар чойхона интизорат мешавам...

Ӯ ботамкин аз байни ҷавонон қадам ниҳода, сӯи истгоҳ рафт. Ман нафаси сабук кашида, бо нигоҳам ӯро гуселонидам. Чӣ ҷои пинҳондорӣ? Суханҳои охирини амакам ба дилам нерӯву умеди тоза бахшиданд. «Дилбардор лозим будааст, − гуфтам ба худ. – Аммо балегӯй дарди ҳарина...»

Ногоҳ Пакана дар таги фукам пайдо шуд. Ба гумонам, вай ҳам маро «шикор» мекардааст. Кӣ медонад, шояд дар чашми ӯ мо ҳам гови ало намудаем ё аз суханҳои талхи амакам алам кашидааст, ки чун каждум неш зад.

аз 17
навбатӣ