Зеҳн
Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

− Ҳой бачаҳо! − фарёд кашид ӯ. − Ин сағира ҳам хеши ягон раис аст. Ё тағоят имтиҳон мегирад? − пурсид аз ман ва тамасхуромез хандид. − Шон дар чойхона интизораш мешудааст...

Баъзеҳо бо шубҳа, қисме бо ханда ба ман чашм ало карданд. Ҳолатамро худам медонаму бас. Хун ба сарам зад. Хостам даҳони ин бериёи шаттоҳ ва фитнаангезро даронам. Аммо таъкидҳои амакам сади роҳам шуданд. «Сад муштро ба худ раво бину як мушта ба кас не», − доимо таъкид мекунад вай. −

«Хайр, ягон вақт навбати ман ҳам мерасад», − ноилоҷ худро таскин додам.

Он рӯз чунин иттифоқ афтод, ки ману Пакана думболи ҳамдигар ба имтиҳон даромадем. Вай дар курсии шафати ман нишаст. Омӯзгорони имтиҳонгир се нафар буданд, яке мӯйсафеди хароби айнакдор, дигаре миёнаумри тоссар, ки ҳар замон месурфид, сеюмӣ ҷавони мағрурнамо. Онҳо магар аз тӯл кашидани имтиҳон хаста шуда буданд, ки «кӯтоҳ, саҳеҳ ҷавоб диҳед, мағзи гапро гӯед, кифоя,» − таъкид карданд.

Ман саволҳоямро бори дигар аз назар гузаронидам. Диламро ҳиссиёти гуворое фаро гирифт. Ба ростӣ, дар бораи ҳар як савол тасаввуроте доштам. Аз ин рӯ осудаҳолона бо гӯшаи чашм ба Пакана назар афкандам. Вай мисли он ки дар сари сӯзан нишаста бошад, беқарор буд: гоҳ аз киса коғазеро мебаровард, гоҳ аз бачаҳои дар пешу қафояш нишаста чизеро мепурсид. Яке cap меҷунбонд, дигаре китф дарҳам мекашид, сеюмӣ худро нодидаву ношунида меангошт, ҳама андешаи осон кардани мушкили худро дошт.

Пакана даме музтар монд. Дар ин ҳолат ранги рӯ ва бозии чашмони ӯ каме дигар шуд. Сипас чеҳрааш сиёҳтоб гашт ва қаҳру аламро дар дилаш ғунҷонида натавонист.

− Дар берун шатта ме-хӯр-рӣ! − дӯғ зад ба ҷавоне.

− Ҳо, бача, ин ҷо бозор не. Ба саволҳоят тайёрӣ бин, вақт ғанимат... − Ба Пакана нигариста ғуррид муаллими тоссар, ки арақҳои шашқатори сару рӯяшро пайваста бо дастрӯймол пок мекард.

Пакана лаҳзае сангвор ноҷунбон истод. Лекин баъдтар чашмонашро чун афсунгар аз рӯи муаллимон наканда, дуздвор ба таги куртааш даст бурд ва китобро баровард. Ман нафас нагирифта, ҳар як ҳаракати ӯро мушоҳида мекардам. Аҷиб, ки вай ба гуноҳ даст мезаду аз тарс пойҳои ман меларзиданд. Пакана боэҳтиёт китобро рӯи зонуҳояш гузошт ва акнун варақ мегардонд, ки он раҳо шуда рӯи фарш афтод. Ӯ як қад парид, дақиқае сарҳисобаш гум шуд, вале дарҳол худро ба даст гирифта ончунон ором ба рӯи миз дида дӯхт, ки гӯё воқеае рӯй надода бошад. На танҳо ман, дигарон низ аз хиҷолату ҳайронӣ лаб газиданду сар хам карданд. Омӯзгори ҷавон бархеста қадамшумор назди Пакана омад ва хам шуда, дар буни гӯшаш пичиррос зад:

− Китобро гиру рӯи миз бигзор!

− Кадом китоба? – эътирозомез пурсид Пакана ва бемайл ба рӯи фарш назар партофт. − Эъ, ин китоби ман нест...

− Китоби ту ҳам набошад, онро аз рӯи фарш бардор. Зери по мондани китоб вубол аст, − хастаҳол луқма партофт муаллими сарсафед, ки мӯи нуқрафоми ӯ ба чеҳраи мисрангаш нуру салобате мебахшид.

Гӯё гап байни ӯ ва муаллими тоссар гурехта бошад, ки вай мудом аз тиреза ба чанорзори кӯча менигарист.

Пакана ноилоҷ хам шуда, китобро бардошт ва ба гӯшаи миз ниҳод. Акнун вай нигоҳашро аз муаллимон мегурезонд ва мисли кулфатзада дам ба дам оҳи сард мекашид.

Вақт ба назарам кашол ёфт. Довталабони аз мо пештар ба имтиҳон даромада яке бо сари хам, дигаре бо табассум аз дар берун мешуданд. Паканаро намедонам, вале дили ман мисли гунчишкбача дар такопӯ буд ва ҳар замон фишурда мешуд. Ин дам танҳо «бо мулоҳиза ҷавоб деҳ...» − гуфтани амакам тасаллоям мебахшид. Омӯзгори ҷавон номеро ба забон овард. Пакана бо дили нохоҳам гӯё ба қафояш санги осиёб баста бошанд, базӯр аз ҷояш бархест. Ин муддаои дили ман шуд, зеро дар таги дил орзуе доштам, ки ҷавобҳои ӯро шунавам.

− Хо-ош, ку саволномаатро ба ман деҳ! − гуфт муаллими тоссар. Сипас чашмонашро нимроғ карда, лаҳзае ба рӯи коғаз нигарист ва бо сурфаҳои хушк сохтакорона гулӯ равшан карду луқма партофт: −

Саволҳо осон-ку. Дар бораи шӯриши Степан Разин кӯтоҳакак гап зан.

Пакана, ки мисли гаҳвораҷунбонак пайваста меҷунбид ва лаби поинашро таги дандон мениҳод, ду-се маротиба номи Степан Разинро ба забон оварду якбора гунг шуд. Ӯ монанди гӯсолае, ки баногоҳ аз чизе хӯсида бошад, чашмонаш ало, ба муаллимон каҷ-кач нигарист.

− Саволи дуюмро ҷавоб деҳ, − дуди сигареташро аз тиреза ба берун пуф карда гуфт муаллими сарсафед.

− Анҷумани дуюм кай, дар куҷо гузашт, чӣ хел масъалаҳоро ҳал кард?

Паканаи дар берун булбули гӯё ин ҷо забонбаста гашт ва аз сару рӯяш арақ мешорид. «Обат аз тупаат чудо шуд-а? − гуфтам хаёлан ба ӯ. − Ана, майдон, ҳунаратро нишон деҳ!» Ӯ чанде ба шифт нигарист, баъд мисли одами дар таги дор истода оҳи вазнин кашид. Аввал хирнояш поину боло ҳаракат карду сипас овози ларзонаш баромад. Садояш хиррӣ, суханҳояш бесару нӯг, дарҳам-барҳам.

− Гапро рӯдаи гов барин дароз накун, писар, − абрӯяшро дарҳам кашида бедимоғ гуфт муаллими тоссар. − Аз мавзӯъ ҳар қадар дур равӣ, бори худатро бештар вазнин мекунӣ. Беҳтараш бигӯй, ки ин анҷуман ба таърихи ҳизб чӣ навигарӣ даровард?

− Навигарии бисёр. Як олам... Навигарии калон, муаллим...

− Худат ҷавони боқуввату донишат суст, − гилаомез гуфт муаллими ҷавон. − Нағз тайёр шудан лозим буд.

− Ҳамаи китобҳоро хондам. Се сол боз меоям. Ҷон муаллимҷон, хоки потон шавам, як баҳо... − мисли гадо гарданашро каҷ карда, ба тавалло даромад Пакана.

Омӯзгори ҷавону тоссар ба якдигар нигаристанду ба лабонашон ришханд давид. Эҳтимол, онҳо ин хел махлуқро борҳо дида бошанд, ки бепарво буданд. Муаллими сарсафед ҳанӯз ҳам банди хаёл аз берун чашм намеканд. Вай ончунон ором ва бепарво буд, ки гумон кардам сигарет дар лаб, хобаш бурдааст.

Танҳо аз сӯрохиҳои бинияш пилта-пилта дуд баромада, печутоб хӯрда, дар фазо паҳн мешуд. «Баъзе олимҳо ҳам одамони ачибанд. Доимо таъкид мекунанд, ки сигарет заҳр аст. Лекин худашон бе ҳамин заҳр зиста наметавонанд», − гуфтам хаёлан. Муаллим боз чанде сигарет кашид, баъд гӯё аз сӯзиши байни ангуштон ва лабонаш ба худ омада, як такон хӯрд, бо кароҳат нӯги сигаретро ба хокистардон пахш карда, айнак аз рӯи миз гирифта ба чашм монд ва дуру дароз ба Пакана нигарист. Дар ҳалқаи чашмон ва пешонии ӯ чинҳои нав пайдо шуданд. Вай бо ангуштони зардтоби борику чангаш, ки ноаён меларзиданд, хомаро коҳилона бардошт.

− Нашуд, писар, соли дигар... – андешаманд гуфт ӯ ва хост ба варақа баҳо гузорад. Пакана ба талвоса афтода, аввал як қадам қафо рафт, баъд гурбавор ба тарафи мизи муаллимон ҷаҳид.

− Ҷон муаллимҷон, як баҳо... хоки потон шавам. Охир, ман ҳамаашро... як саволи дигар...

− Мо ҳамаашро намедонему... − нимғурма луқма партофт муаллими тоссар.

Устоди сарсафед сар бардошта маслиҳатомез ба ҳамкасбонаш нигарист.

− Хо-ош, ягон мавзӯи нағз донистаатро нақл бикун, − бо мулоимат гуфт муаллими тоссар ва сурфакунон аз ҷояш бархост. – Ҳамаашро бидонӣ ҳам, саросема нашав...

Саҳнаи аҷиб. Пакана дарҳол даст рӯи сина ниҳода таъзим кард, боадабона таъзим кард ва худро чунон вонамуд, ки ба хаёл рафтааст. Вале ногоҳ, гӯё ба пояш хоре халида бошад, рӯяш тира гашту ба мӯи сараш панҷа задан гирифт. Ба ҳолаш раҳмам омад. Нотавониву хории одами гандаро ҳам дидан ногувору азоб будааст...

Пакана боз оҳи «бадард» баровард, аз ину аз он чанде ҳарф зад. Чун дид, ки омӯзгори ҷавон cap меҷунбонад, ба талвоса афтод.

− Ҳамаашро медонистаму фаромӯш кардам, − гиряомез гуфт ӯ ва дили ман ба талотум даромад. Аз шарм худро паси бачае, ки дар курсии пеш менишаст, пинҳон кардам.

Намедонам ин одат аз куҷо ёрам шудааст. Агар бериёӣ, пастии касеро бинам, изо мекашам, худро ноҳинҷор ҳис мекунам.

Боз овози Пакана маро ба худ овард.

− Ҷон муаллимҷон, як баҳо… дохил шавам, мехонам, хизмат... О ба кадом рӯй деҳа равам ? – ба чашмони ӯ ашк давид.

− Писар! − муаллими сарсафед хастаҳолона нафас кашид ва боз сигарет даргиронд. − Писар, солҳои

Ҷанг ту барин ҷавонҳо дар таги дори немис бо сари баланд истоданду оби чашм нарехтанд. – Ӯ аз ҷояш хест ва бо қомати хамида назди Пакана омад. − Дуюмбора ашк нарез, ки айб мешавад. Гиристан ба мард намезебад... Ба ягон техникум ё омӯзишгоҳ даро, касб омӯз. Ба Роғун ё Ёвон рафта кор бикун... Ба донишгоҳ одамро аз рӯи зориву тавалло, ашкрезӣ қабул намекунанд. − Муаллим баргашта ба ҷояш нишаст, ба варақа чизе навишту онро ба гӯшаи миз ниҳод. – Дар деҳа ҳам кор кардан айб не.

Пакана лаҳзае суст шуд, баъд якбора қоматашро рост гирифт ва чашмони ғазабборашро бо кароҳат ба муаллимон дӯхт.

− Ман ба маслиҳати шумо мӯҳтоҷ нестам! − таҳдидомез ғурунгос зад ӯ. − Медонам, шумо киҳоро қабул мекунед. Агар ман ҳам писари ягон раис ё ҷӯраву хешатон мешудам...

− Хо-ош, акнун ҷӯра шудем, − бо табассуми фаррох гуфт муаллими тоссар ва Паканаро, ки сӯи баромадгоҳ мешитофт, боздошт. − Китобатро бигир, боз даркор мешавад.

Пакана бо шаст баргашта, китоб аз рӯи миз бардошт ва баромада қасосашро аз дар ситонд.

− Ҳм, бешарм, баҳо гадоӣ мекунаду деҳаравиро op медонад, − гуфт муаллими сарсафед ва бо таассуф афзуд: − Аз ин хел бачаҳо на падару модар ва на худашон, на ҷамъият баракат намебинанд. Ҳашаротанд инҳо...

Вақте ки ман аз имтиҳон баромадам, шумораи одамони саҳни донишгоҳ хеле кам шуда буд.

− Гузаштӣ? − баробар пурсиданд бачаҳо.

− Баҳо чанд, сағира? − овози Пакана, ки бо шиносу ҷӯраҳояш дар канори роҳ истода сигарет мекашид, ба гӯшам расид. Дастамро боло бардошта, чор ангуштамро ғолибона нишон додам.

− Ана бовар кардед? О бе та-ғоӣ на-ме-ша-вад! – Ӯ бо хашм туф кард. − Ҳм, шумо гумон мекунед, ки ҳамин сағираҳак дониш дорад? Рӯи дурӯғгӯй сиёҳ, ки сад лагад занедаш ҳам аз даҳонаш як ҳарф намебарояд... О ба ҳамаи саволҳо ҷавоб додам...

Аз ин дурӯғ ва беимонии Пакана ба ҷои қаҳр хандаам омад. Охир, вай заифиашро бори дигар бо ниқоби шаттоҳӣ мепӯшонд. Ҳа, барои тоифаи номарду хабис бешармӣ ниқоб, сипари беҳтарин будааст.

Чанд қадами дигар гузоштам. Ногоҳ рӯи раҳ китоби кӯҳнае ба чашмам расид, онро бардоштам.

− Дидед? Ин сағира барои хондан акнун китоб ҷамъ мекунад, − овози истеҳзоомези Пакана аз пас ба гӯшам расид. − Боз китоби маро...

пешина
аз 17
навбатӣ