Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа
XI
Зеби зимистон барфу зеби баҳор борони найсон, офтобаки гарм, сабзаи махмалин ва гулу себарга аст.
Вале баъзан барфу борон аз ҳад зиёд борад, мисли меҳмони хира ба дил мезанад. Сокинони Душанбе имсол барфро мисли меҳмони азиз пазмон шуданд. Барф ҳам худро хору беқадр накард, ду-се бор рехту ноаён об шуд. Ҳатто рӯзҳои офтобӣ одамон ба кӯҳ ва талу теппаҳои сарсафед, ки шаҳрро наълвор печонидаанд, бо меҳр нигариста, афсӯсомез мегуфтанд:
− Кошкӣ барф ду-се ҳафта меистод. Аз дидораш сер нашудем, хумори яхмолакбозии бачаҳо ҳам нашикаст...
Аммо ду ҳафта боз қариб касе рӯи офтобро надидааст. Абрҳои ғафси сиёҳтоб мисли сарпӯше шаҳрро пӯшонидаанд ва якзайл борон меборад. Чак-чаку шилдироси оби борон, ки аз новадонҳои гӯшаи иморатҳо мешорид, чун пештара ширину гӯшнавоз нест. Об аз ҷӯйборҳо cap зада, ба бари роҳу гулгаштҳо хасу хошок, пешрӯба, коғазу қуттиҳоро бароварда, ҳусни шаҳрро доғдор кардааст. Кӯчаҳо нисбатан камодам, шаҳр хомӯш. Танҳо садои ҳузнангези нақлиёти хурду бузург дар фазои пурабри шаҳр пайваста танин меандозад. Гӯё мошинҳо ҳам мисли одамони гирифтори заъфи дил аз ин ҳавои рутубатноку тира шиква мекунанд... Саҳару нисфирӯзӣ ва бегоҳиҳо одамони чатрдор ба кор, хона ё мактаб мешитобанд. Дарёи Душанбе ончунон пуроб шудааст, ки мисли даррандаи захмин хурӯшидаву ғуррида, худро ба соҳилҳо зада, маҷрояшро дигар карданӣ мешавад. Оби лойолуду пуркафк ва буттаю дарахтони бо панҷаи селоб кандашуда, ки рӯи мавҷҳо алвонҷхӯрон гоҳ ба коми дарё фурӯ мераванд, гоҳ мисли каси ғарқшуда бо талвоса cap бароварда, шоху решаҳояшонро мисли панҷаи одам як нишон дода, сипас нопадид мешаванд, хурӯшу даҳшати дарёро меафзоянд. Шомгоҳон, вақте ки ҳамели чароғҳо дар саросари хиёбон фурӯзон ва ҳама ҷо сокит мегардад, ғулғулаи таҳдидомези рӯд садои якнавохти боронро пахш карда, ба гӯши сокинони соҳил мерасаду ба дили куҳансолон воҳима меандозад.
− Ҳафт қабати замин нам кашид, − ба ҳар каси дучоромада дилашро мекафонд мӯйсафеди посбон, ки дар даҳлези хобгоҳ рӯи курсие нишаста, хаёломез ба гулзор менигарист. − Мабодо аз роҳи мумфарш берун қадам монед, то зону ба лой меғӯтед. Ҳм, замин ҳалво гашт. Имсол ҳама ҷоро алаф пахш мекунад, бачаҳо, ширу қаймоқ, гӯшту равған фаровон мешавад. − Вай ба рӯи атрофиён, ки қисме хоболудона гапашро гӯш карда рост меистоданд, қисме норозиёна аз осмон чашм намеканданд, назар афканда, таноби суханро ба дигар тараф кашид. − Душанбе, бачаҳо, макони борон аст. Лекин ин хел борона дар умрам акнун дидам. Осмон ғирбол барин сӯрох шуда бошад, мегӯм. Об дар дарё намеғунҷад-а! Ин ҳам як офат, бачаҳо... Хайрият, ки давлат соҳилҳоро ҳар сол маҳкам мекунад. Оҳо, пеш агар ин хел меборид, сел ҳама ҷоро мешуст.
Мӯйсафед коҳилона ба берун нигарист. Тундбод қатраҳои боронро ба дару деворҳо мезад, шишаи тирезаҳоро мешуст, шоху навдаҳои муғҷабастаи дарахтонро бомаром алвонҷ медод.
− Бачаҳо, байни зимистону баҳор кашокаш сахт шуд-а? Табиат, ки ин қадар ҷойталошӣ бикунад, аз одам чӣ гила? Дунё ҳамин: яке мехоҳад ҷои дигареро бигирад. Вале ҳут ҳам амаки одам намешавад, қаҳраш ояд, кампира дар қуттӣ меандозад...
Ногоҳ духтару писаре аз назди мӯйсафед шитобон гузашта, гиребони боронияшонро бардоштанд.
Духтарак чатри пургулашро болои cap кушода, зери борон хиромон қадам мениҳод. Ҷавон мисли каси хунукхӯрда cap ба даруни гиребон хаста, калон-калон қадам мепартофт ва об аз зери туфлиҳои пошнабаландаш пош мехӯрд. Дар як лаҳза дар гӯшаҳои чатри духтарак аз оби борон шаршара пайдо шуд. Мӯйсафед риши кулӯтаашро палмосида, даме аз паси онҳо нигарист ва якбора фарёд зад:
− Ҳо гулҳои дуқӯша, куҷо рафтед?
Духтару ҷавон магар овози ӯро нашуниданд, ё худро ба карӣ заданд, ки дигар ба қафо нанигаристанд.
Ба ҷабини мӯйсафед чин афтод. Вай бедимоғ ғур-ғур кард:
− Ин ҷигаррехтаҳо ҳоло қимати саломатиро намедонанд. Хуни ҷавонӣ ки дар ҷӯш аст, сармову гармо барояшон як. Дар ин хел ҳавои бад саг аз хонааш намебарояду онҳо... Одам муфт касал мешавад. Ана ҳамин пои ман, − ӯ бо нӯги асо ба соқи мӯзааш тап-тап зад, − аз бепарвоӣ ба тарбод гирифтор шуд. Ҳозир, сабилмонда карахт аст, мурда барин. Шаб то рӯз мисли он ки дар даҳони мор бошад, месӯзаду месӯзад. Аз касофати ин дард дилам ҳам гоҳ-гоҳ сих мезанад, азоб медиҳад.
− Эҳтиёти зиёд ҳам фоида надорад, бобо. Оқибат ба ягон беморӣ гирифтор мешавию... − луқма партофт Раҳматшоҳ ва афзуд: − Ана ин сағираи бодӣ ҳам аз ҷонаш сер шудааст, ки хона рафтанист.
Нигоҳи пурхаёли мӯйсафед аз cap то пои маро палмосид. Дар пилки чашми ӯ, чун ҳамеша, қатраи ашки ларзон меистод.
− Дуруст, аз марг ҷои гурез нест. Ҳеҷ кас то ҳол сутуни дунё ҳам нашудааст. Лекин марги бешиканҷа, бачаҳо, бахт аст, − оромона гуфт ӯ ва ришашро ҳилол карда, аз ман пурсид: − Хонатон дар куҷост?
− Дур не, дар Чорбоғ...
− Зану фарзанд дорӣ?
Ман ба ҷои ҷавоб хандидам.
− Ҳоло бача аст, − масхараомез гуфт Раҳматшоҳ − ва илова кард: − Мани аёлманд бепарво гаштааму ин сағираи қайсар роҳакӣ...
− Тани сиҳат ба дилат задаст? − пурсид мӯйсафед ва якбора оташин гашт. − Бепулӣ? − ӯ аз кисаи сари синааш чанд сесӯмаи зардчатобро бароварда сӯям дароз кард: − Бигир, шарм надор, баъд медиҳӣ...
Росташ чунон дар ҳолати нобоб мондам, ки як қадам қафо рафтам, сурх ҳам шудам.
− Пул дорам, − гуфтам.
Раҳматшоҳ ба шавқ хандид. Дигарон, ки то ин дам бедимоғу хоболуд менамуданд, якбора ҳушёр гашта овоз бароварданд:
− Гир сағира! Аз ризқи бегоҳӣ рӯй натоб...
− Ҳм, сӯм дошта бошӣ, харковӣ меравӣ? − ришхандзанон гуфт боғбон ва пулҳои ғиҷимшударо боз ба ҷайбаш ниҳод. − Аз ман як насиҳат: шикамата сер куну дар хонаи гарму нарм китоб хонда бишин. Аз ин фоида мебинӣ... Рӯзи имтиҳон муаллим аз шумо хонаравию кӯчагардиро намепурсад...
Худам ҳам дудила будам, ки деҳа равам ё не. Се ҳафта боз хона нарафтаам, бачаҳои амакамро ёд кардам. Баъзан аз хумори бозии онҳо дилам гум мезанад. Воқиан, ҳеҷ як шуғл мисли бозӣ бо кӯдакон барои ман ширину роҳатбахш нест. Ҳамин ки рӯи яккандоз дароз мекашам, кӯдакон ба пушт ва гарданам савор шуда завқкунон дасту почак мезананд, «ин амаки худам» − гӯён часпу талош мекунанд, хама чиз аз ёдам меравад, ба шодии онҳо шарик мешавам. Як вақт ба худ омада ҳис мекунам, ки хастагии ҷисму майнаам тамоман гум шудааст.
Агар бозиву ғавғои мо аз ҳад гузарад, модарашон бо меҳр ба мо нигариста, соддадилона мегӯяд:
− Гумон мекардам, ки кӯдакҳо туро пазмон мешаванд, лекин ту аз инҳо мегузаронӣ...
Боре ду ҳафта паи ҳам хона нарафтам. Амакам дар ташвиш афтода, омад ва маро дар хиҷолат гузошт.
− Мулло Наим, ин корат ба ман нафорид, − баъди пурсупос гуфт ӯ. − Ташвиш кашидам. Сад хаёл аз сари одам мегузарад...
Ҳарчанд борҳо шунидаам, ки аз роҳи сафар баргаштан хосияти хуб надорад, боз деҳаравиро мавқуф гузоштам. Номаълум аз дигарон ба долони хобгоҳ гузашта, аз пиразани навбатдор, ки ҷӯроб мебофт, калидро гирифта, хона омадам, китобдонро даруни ҷевон ниҳодам ва либосҳоямро бароварда, болои кат дароз кашидам. Дар хона касе набуд. Раҳимбек ҳамроҳи Қайсу Сӯҳроби бокс «шикор» рафтааст. Ӯ вақтҳои охир рӯзу шаби якшанберо бо Қайс мегузаронад.
Аз чанд хона садои баланди магнитофон ба гӯш мерасад. Байни бачаҳо як баҳсу талоши ниҳониест: магнитофону шими кӣ нав, нағз, пошнаи туфлии кӣ баланд, кӣ бештар куртаи «кнопка» дорад? Духтарон ҳам ба бачаҳо аз рӯи ҳамин сифатҳо баҳо медиҳанд, муносибат мекунанд. «Ту магнитофон надорӣ, ҷинсатый ё кнопичный нестӣ».
Лекин аз ҳама дилбазан магнитофон. Дар хобгоҳ ҳам майнаи одамро озор медиҳад, дар кӯча ҳам, дар троллейбусу автобус ҳам. Китобхонӣ, ба гуфти устод Ҳакимӣ, дуюмдараҷа шудааст. Ҳатто боре ба китобхонаи Фирдавсӣ низ як содалавҳаш магнитофон овард. Ба ӯ эрод гирифтанд, қаҳраш омад.
− Қафомондаҳо! − ғурунгос зад ӯ. − Коратон чӣ? Ман одами озод. Ҳар хел ки хоҳам, мегардам...
− Озодиат аз сарат монад! – дод мезанад як ҷавони паҳлавоннамо. – Гум шав, ҳашарот, озодиат ба мо халал мерасонад…
Дилам аз андешаҳо танг шуд. «Сарашону равғанашон, − худро тасалло бахшидам. − Ғамашонро падару модарашон хӯранд». Ё суханҳои бобои Занбӯр таъсир карданд. Не, шояд асари аз роҳи сафар баргаштанам бошад. «Мабодо пагоҳ амакам саргардон шуда биояд? − пурсидам аз худ ва дарҳол ҷавоб ёфтам. − Не, дар ин хел ҳавои бад ӯ ба ҷое намеравад. Ҳавои абру боронӣ дили ӯро танг, табъашро хира мекунад».
Нигоҳам ба деворҳои хона бархӯрд. Ҳама ҷо пури сурат. Онҳо ба ман чашм дӯхтаанд: яке хандон, дигаре ҷиддӣ, яке бодӣ, дигаре ором. Бештараш сурати Раҳимбеку Қайс. Ҳар рӯз бо сарулибоси рангоранг дар шафати мошин, паси рул истода, сурат мегиранд онҳо. Байнашон духтарҳо ҳам ҳастанд.
− Хуб бобат кардам! − Раҳматшоҳ маро ба худ овард. – Бобои Занбӯр амакат намешавад. Чунон неш мезанад, ки роҳатро гум мекунӣ. – Ӯ сидқан хандид. − Дар дунё аз ин мард одами сахиро надидам. Гӯё ҳама писараш бошад, дарҳол пул мебарорад.
− Ягон маротиба худат аз ӯ пул гирифтаӣ?
− Даҳ бор! Бовар намекунӣ? − Раҳматшоҳ кунҷковона ба рӯям нигарист. − Дар дафтари хотира ҳамаашро навиштаам. − Ӯ дафтари кисагияшро бароварда, пеши ман партофт. − Бо чашми худат хон...
Дар саҳифаи аввали дафтар рӯз, моҳ ва ҳатто соат ҳам сабт шуда буд. «Имрӯз бобои Занбӯр (албатта занбӯри асал!) боз ба ман 5 сӯм дод. То моҳона мерасад...»
− Пулҳояшро баргардондӣ? − пурсидам.
− Ҳа, лекин нагирифт. Гуфтам-ку, ин мӯйсафед одами аҷиб аст. Мегӯяд, ки сағира, баъди хатми донишгоҳ якумр қарзи маро медиҳӣ. − Раҳматшоҳ қоҳ-қоҳ хандид.
− Ту чӣ ҷавоб додӣ?
− Гуфтам, ки мақсад ҳамин бошад, то шумо ҳастед, тамомаш намекунам, − вай дафтарашро ба киса ниҳода, илова кард: − Бобои Занбӯр аз авлоди Ҳотам аст, парвои пул надорад. Албатта, ҳисобро ягон рӯз баробар мекунам. Ба наздикӣ шаступанҷсола мешавад. Барояш модарам як ҷомаи беқасаби олиҷаноб медӯзад... – Ӯ даме хомӯш монд, хаёломез кастумашро бароварда, ҷома пӯшид ва афзуд: − Ошно, барои ин хел одамҳои нек ҳама чиз меарзад.
Раҳматшоҳ чанд қадам тарафи дар ниҳод, аз дастак дошт, вале баргашта узромез гуфт:
− Хафа нашав. Мӯйсафед ба фоидаи худат гап зад. Пагоҳ ҳаво нағз шавад, боҳам хонаи амакат меравем. Дар телевизор филми нағз намоиш медиҳанд… Агар дидан хоҳӣ, биё…
− Чӣ ҷои хафа шудан? Рафтан намегурезад, − гуфтам ва кампалро ба сарам кашидам, ки бихобам. Не, хоб ба чашмам меҳмон нашуд. Балки рафта-рафта фикру хаёлам ба сари мӯйсафед қарор гирифт.
Аслан ман ба бобои Занбӯр чандон муносибати наздик надорам. Ҳангоми ба дарс рафтан ё аз дарс баргаштан, агар сари роҳ ё байни гулзор бошад, саломаш медиҳам. Вай зоҳиран cap набардошта, ба саломи ман алек мегирад. Дар муомила низ гоҳ ҳалим, гоҳ дурушт аст. Аз як гапи оддӣ низ мисли хас оташ мегирад. Аммо ғазаби вай ба назар аҷиб менамояд, аввал чунон механдад, ки гумон мекунед, суханатон маъқулаш шудааст. Не, дақиқае нагузашта, риши сафедашро ҳилолкашон якбора ваҷоҳаташ ҷиддӣ мегардаду дилашро мекафонад.
Инро аз забони дигарҳо бисёр шунидам, лек боре бо чашми худам ҳам дидам. Бегоҳӣ ҳамроҳи
Раҳимбек аз саёҳат баргаштам. Аз даричаи дарвозаи дутабақа гузаштан замон чашмамон ба бобои
Занбӯр афтод, ки бо ду-се мӯйсафеди дигар болои кат нишаста, сӯҳбати гарме доштанд. Ба онҳо салом дода гузаштем. Ногоҳ Раҳимбек «ана, роҳати ҷон ин ҷо будааст...» − гуфту ҷониби мӯйсафедон шитофт.
Вай бе ягон истиҳолаву пурсиш кадучаи нуқракӯбро аз рӯи гилем бардошта, бо фурсат ба кафи дасташ нос рехту ба таги забон партофт. Мӯйсафедон бо гӯшаи чашм ба ӯ нигаристанд ва истеҳзоомез табассум карданд.
− Кайфи ин зормонда ганда, ақли одама медуздад, − луқма партофт яке.
Раҳимбек ба ин пичинги мӯйсафед эътибор надода, кафи носолудашро ба лаби доман поккунон пас гаштанӣ буд, ки бобои Занбӯр овоз баровард:
− Ҳо писар, як дам ист.
Раҳимбек пакарнамо ба қафо баргашт.
− Бангиву ҳангӣ баробар аст, мегӯянд. Напурсӣ ҳам боке не, лекин раҳмат гуфтана фаромӯш накун, писар. Инҳо бобоят мешаванд...
− Ношкаш инҳову шумо дилтангӣ мекунед, − гуфт Раҳимбек ва ҳавобаландона афзуд: − Ҳожир як шиша нош оварда...
− Олиҳиммат будаӣ, писар, − гуфт бобои Занбӯр ва баланд хандид. − Ту аз куҷоӣ?
− Кабки ҳилол ном деҳаро дар умратон шунидаед? – носи даҳонашро партофта, ду даст ба миён, пурсид Раҳимбек. − Биҳишти рӯи замин аст он ҷо ... барои нос пурсишу кушиш нест. Кайфи носа расво кардед…
− Шунидаам, шунидаам! – бо ханда ҷавоб дод бобои Занбӯр ва пешониашро палмосида, андешаманд гуфт: − Аз деҳаи шумо Камолов гуфтанӣ як бача мехонд.
− Ҳаст.
− Чӣ кор мекунад?
− Одами калон, мудири шӯъбаи маориф аст, − дилу бедилон посух дод Раҳимбек.
− Наход?! − бобои Занбӯр мисли кӯдаке, ки баъди озору гиря касе ба вай ширинӣ дода бошад, шод гашт. Ӯ ба паҳлучӯби кат такя карда, бо ифтихор ба ҳамсолонаш чашм давонд. − Бачаи ҳалол ки буд, сабзидааст, нағз...
− Ҳалолатро ёфтӣ! − бо кароҳат ғурунгид Раҳимбек. − Имрӯз ё пагоҳ лингаш аз осмон меояд. Ҳм, тезқаламҳо кам нестанд. Ман ба дови ҳавай ба донишгоҳ даромадам...
− Наход?! − мӯйсафед хандаи кӯтоҳе кард, лекин дар овозаш ин дафъа ранҷишу ҳайрат бо ҳам омезиш ёфт. − Вазнин шав, писар. Як сол нахонда, аллакай андешаи вазифаталошӣ мекунӣ? Ҳасудон ба ҷое намерасанд...
Раҳимбек даст афшонда, аз назди онҳо дур шуд ва худ ба худ ғурид:
− Пахана ҳавай аз директорӣ озод кард. Мардбача зинда бошад, пас аз сад сол ҳам ниқорашро мегирад...
Баъди ин гуфтугӯ бобои Занбӯр Раҳимбекро «мудир» ном мегирифт.
Аҷиб он аст, ки дар донишгоҳ аз баъзе омӯзгорони хасакӣ бачаҳо бештар ба бобои Занбӯр ихлос доранд, ӯро ҳурмату эҳтиром мекунанд, дар борааш гап мезананд, хатто аз вай ибо доранд. Лек як хислаташ ба ман нафорид. Ҳамин ки бори аввал ба вай ҳамсӯҳбат шавед, дарҳол зодгоҳатонро мепурсад.
− Шумо, писар, аз кадом водӣ, минтақа, ноҳия ё деҳа?
Кунҷковии мӯйсафед, бешубҳа на ба ҳар кас мефорад. Воқиан, ин савол солҳои охир ниҳоят дилбазан, гӯшхарош, ғашовар шудааст. Махсусан ҳангоми имтиҳони қабул ба донишкадаҳои олӣ. Шояд ин барои он бошад, ки аз пурсиш бӯи ғализи маҳалпарастӣ ба димоғ мерасаду табъи одамро хира мекунад. Охир, ҳангоми имтиҳон баъзе устодон пеш аз он ки донишу саводро санҷанд, бо як саволи оддии «шумо аз куҷо?» дар дили кас тухми шубҳа, ноумедӣ мекоранд. Вақти ба кор даромадан чӣ?
Албатта, чунин тоифаҳои кӯрдилу тангназар, ки пешрафти халқу ҷамъият, ҳатто манфиати миллатро ҳам зери по мениҳанд, бо як гапи чиркину муомилаи дурушт орзуву омол, эътиқоди ҷавононро поймол мекунанд. Барои онҳо танҳо деҳаи худашон, маҳалли худашон вуҷуд дораду бас. Инҳо зиёд нестанд, вале мисли гови рихин касофаташон ба дигарҳо мерасад... Ҳа, сӯҳбати ману мӯйсафед байни гулзор тезу тунд ба вуқӯъ пайваста буд. Бегоҳ аз Насим китоберо гирифтанӣ шудам. Ӯро дар хобгоҳаш наёфтам.
Гуфтанд, ки назди падархондаш − бобои Занбӯр рафтааст. Ба он ҷо шитофтам. Онҳо бо дукорд навдаи гулҳои садбаргро мебуриданд. Воқиан, Насим мудом ҳамроҳи мӯйсафед замин побел мекунад, ё гулзорро об медиҳад. Ин корҳо як воситаи дамгирии ӯст.
− Монда набошед!
Мӯйсафед аз кораш даст накашида, «кам набош, писар» гуфт. Насим қоматашро бардошта, мӯи парешони пешониашро дуруст карда, саволомез ба ман нигарист.
− Чаро шохи гулҳоро мебуред? − пурсидам.
− Барои он ки, писар, шумо то зимистон боз як маротибаи дигар аз рӯю бӯи гул баҳра баред, − оҳанги сухани мӯйсафед ифтихоре дошт. − Шумо аз куҷо, писар?
Росташ он лаҳза ранги рӯи ман парид. Охир, ман ҳамин саволро аз кайк ҳам бад мебинам. «Ҳамин мӯйсафед ҳам ба дарди ҳаринаи маҳал гирифтор будааст...» − гуфтам дар дил ва нигоҳамро аз рӯи Насим баркандам. Хостам китобро пурсаму тез баргардам, аммо аз байни садои пайвастаи хадраву навдаи гулҳои садбаргро буридани дукорд боз овози мӯйсафед ба гӯшам расид.
− Писар, ту аз куҷо?
Худамро дигар дошта натавонистам ва мисли пуффак якбора кафидам.
− Аз рӯи замин, бобо... аз Тоҷикистон!
Мӯйсафед шояд ин гапҳоро бисёр шунидааст, ки заҳрханде карду бо мулоимат гуфт:
− Ин гапи маълум, писар... Ҳоло ягон одам, аз осмон наомадааст. Баъд, − ба рӯи паҳни ӯ табассуми зебое дамид, − ман муаллим нестам, ки тарсӣ. Беибо зодгоҳатро бигӯ, гап ҳаст.
Оҳанги гуфтор, тамкину бардошти мӯйсафед маро шикаст дод, саросема кард, дар хиҷолат мононд.
− Ду деҳа ба ман зодгоҳ ҳисоб мешавад, − гуфтам узромез. − Кадомашро ба шумо гӯям?
− Ба ман фарқ надорад, писар. – Ӯ акнун қоматашро бардошта, ба рӯи ман нигарист. − Номи ҳар ду деҳаро бигӯӣ, боз беҳтар.
Аввал номи деҳаи худамонро ба забон овардам. Бобои Занбӯр даме бо панҷаи шахшӯл пешонии пурчинашро палмосида, табассумкунон гуфт:
− Аз ин деҳа, писар, ду кас дар ёдам мондааст. Яктааш рӯзхон буд. Агар фаромӯш накарда бошам,
Намоз ном дошт. Ҳоло марди калон шудагист. Чӣ кор мекунад?
− Одами баобрӯ, директори мактаб.
− Бисёр нағз, писар! − бо ифтихор нидо баровард мӯйсафед. – Одами бофаросату батамизро ба ҳар вазифае монанд, зарар намеорад, нафъаш ҳам ба давлат мерасаду ҳам ба халқ. Кай ки рафтӣ, аз номи ман саломаш расон.
Бобои Занбӯр даме хомӯш монд, гумон кардам, ки вай номи шиноси дуюмашро фаромӯш кардааст ё гуфтан намехоҳад.
− Дуюмаш, писар, − ниҳоят овоз баровард боғбон, − агар хешат ҳам бошад, одами ҳалол набуд.
Номаш Ҳусайн-а? Ғоибхон. Хешат нест? Боз хубтар! Аз ун хел одами паст ҳама безор. Чӣ кор мекунад?
Муаллим аст? − мӯйсафед нобоварона ба ман дида дӯхт ва нафаси вазнин кашид. – Аз дасти вай шогирди ҳалол намебарояд. Корчаллон, иғвогар, берӯй... Ҳар сол ҳуҷҷатсупориву имтиҳонҳои қабул дар донишгоҳҳо оғоз ёбад, вай мисли тортанак дар кӯчаҳои шаҳр тор метанад, пойгаҳи дари муаллимҳоро охурча мекунад. Афташ ҳам бенур-а? – дар рӯи муйсафед чинҳо бештар гаштанд ва ӯ бо нафрат гапашро идома дод: − Ин хел одамҳо, писар, аз худашон ҳам баракат намеёбанд. – Ӯ ба хаёл рафт. Нигоҳи ман ба
Насим бархӯрд, ӯ хомӯш буд, бо эҳтиёт шоху навдаҳоро бурида аз гулзор берун мепартофт.
− Ба мисли заҳрпечаканд ин хел зотҳо. Ҳамаи гулу гиёҳро хушк, тухми худашонро паҳн кардан мехоҳанд, − гуфт мӯйсафед.
Бобои Занбӯр на танҳо амаки ман, балки аксарияти мардуми Чорбоғро хуб мешинохтааст, ба хонаи баъзеи онҳо рафтуомад ҳам доштааст.
− Аз ин даргоҳ, писар, одами бисёр соҳиби касб мешавад, лекин хоки онҳо ҳар хел, − оромона гуфт мӯйсафед ва каме ба хаёл рафт, сипас пурсид: − Судури таксӣ ҳам аз ҳамон ҷо-а? Мешиносӣ? Ҳа, бале!
Вай ҳам панҷ сол нону намаки донишгоҳро хӯрда, диплум гирифт, лекин муаллимӣ накард. Медонӣ, барои чӣ? − ӯ суоломез ба рӯям нигарист. − Нафсаш калон, аждаҳо барин, ба моҳона қаноат намекунад.
О ба ҷои вай ягон одами болаёқат мехонд, сад бор беҳ буд. Ҳамин ки ба мошинаш савор шудӣ, нишони сари синаашро намоиш медиҳаду лоф мезанад, ки маълумоти олӣ дорад. Садқаи маълумот шав-е...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё