Зеҳн
Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Фарбеҳиву дандонҳои тилло, ба назарам, ба ӯ шукӯҳ набахшидаанд.

− Очам бароят савғот фиристод, − гуфт ӯ ва рафта аз мошин як бастаро оварда, ба ман дод. Аз ин ҳам мамнун гаштам. Охир, ҳозир бо бачаҳо нону кулчаҳои пухтаи модарамро мехӯрем. Дар хаёли ман, ҳеҷ кас мисли модарам нону кулчаи зебо, хушлазат пухта наметавонад.

− Ман бармегардам, вақт кам, − гуфт хаёломез акаи Абдухолиқ ва аввал бо бачаҳо, баъд бо ман хайру хуш кард. То пеши мошин гарангогаранг аз пасаш рафтам. Ба паси рул нишаст, мошинро каме ронду якбора боздошт. Ва аз кисаи сари синааш чанд сӯм бароварда сӯям дароз кард:

− Бигир, мабодо бепул бошӣ.

Ман мисли каси мехкӯб шуда аз ҷоям наҷунбидам.

− Пул дорам, − гуфтам оҳиста.

− Кам аст? − ҳазломез пурсид акаи Абдухолиқ ва хандид. Ӯ аз кисаи чапаш даҳсӯмаеро бароварда ба пулҳо зам карду гуфт: − Аз ин як тин зиёдат намедиҳам. Бигир, пул куввати дил аст.

Аз чӣ бошад, дар дилам боз ҳамон алами кӯҳна ба ҷӯш омад. Ман борҳо ба худ қасам хӯрдаам, ки ҳеҷ гоҳ аз дасти акаи Абдухолиқ пул нагирам, худамро назди ӯ забонкӯтоҳ накунам.

− Лозим нест!

Шояд овозам ларзид, зеро ҳам хашм, ҳам алам дошт.

− Аҳмақ, ҳоли ҳам бачаӣ, − хандида гуфт акаи Абдухолиқ ва газро пахш кард. Мошин бо шаст такон хӯрда хоку чангро ба ҳаво бардошт. Ман бедимоғ лаҳзае рост истода, аз паси ӯ нигаристам. Диламро ба ҷои шодӣ акнун андӯҳи гароне фаро гарифт, худамро маломат кардам. Охир, нагуфтам, ки ба падару модарам салом расонад...

−Кӣ буд? − пурсид акаи Латиф.

− Бародарам, − пичиррос задам ва рӯямро дигар сӯй тофтам, то ҳоли табоҳамро пай набарад.

− Ҳа, бародар қаноти одам аст, − маънидорона гуфт ӯ.

Ҳамон рӯз воқиаи ғалатие рӯй дод. Баъди хӯроки пешин дуртар аз лойхона, дар сояи бинои шашум сарҷамъ нишаста дам мегирифтем.

− Ҷӯшу хурӯши ҷавониатон маълум не, шербачаҳо, − ногоҳ овоз баровард акаи Латиф.

− Чиба? − пурсид Сӯҳроб.

− Ягон бозиву хурсандӣ намекунед. Мӯйсафедҳо барин мудом хомӯш мешинед.

− Масалан, чӣ хел бозӣ?

− Сурудхонӣ, рақс, гӯштӣ...

Ҳикмати ландаҳур дарҳол ба майдон баромад. Акаи Латиф довар шуд. Ҳикмат чор кас, аз чумла маро ҳам мағлуб кард. Ҳалукпечонӣ ва ҳилаву ҳунари гӯштигириро хуб медонистааст. Навбати Сӯҳроб расид.

Вай ду пояшро ба як мӯза монда талаб кард, ки танҳо бо писари раис − Насим гӯштӣ гирифтан мехоҳад.

Насим ноилоҷ розӣ шуд.

− Писари раис, огоҳат мекунам, бо ман ҳазл накун, − ҳавобаландона гуфт Сӯҳроб. − Сахт меафтонам!

− Ҳеҷ гап не, − гирд-гирди майдон гашта табассумкунон посух дод Насим. − Афтонӣ, замин мебардорад...

Ҳар ду бо ҳам дарафтоданд ва хеле зӯрозмоӣ карданд. Баногоҳ Насим ҳалук андохта Сӯҳробро сари савҷӣ бардошта, озод ба замин хобонд.

− Ин ҳисоб не, аз нав! − асабиёна моҷаро бардошт Сӯҳроб. – Шарти қозӣ се маротиба.

Боз фурсате чанд афту дарафт карданд. Касе ғолиб набаромад, − ҷудо шуданд. Лекин ба ҳама аён буд, ки Насим тамоми қувваташро сарф намекунад.

− Ихтисоси ман бокс! − ҳаш-ҳашкунон гуфт Сӯҳроб ва бозувонашро қат карда, ба акаи Латиф намоиш дод: − Даста бинед, санг барин сахт. Ман ҳилаҳои гӯштиро намедонам. – Ӯ довталабона ба

Насим, ки сатилеро чапа монда, болои он амонат менишаст, назар афканд: − Дилу гурда дошта бошӣ, марҳамат, мушткӯбӣ...

− Бас, бачаҳо, − завқкунон гуфт акаи Латиф. − Бозӣ хуб, мегӯянд, лекин ба ҷанг печад, номатлуб.

− Не-е, ин истироҳат-дия, − луқма партофт Сӯҳроб. − Касе хафа шавад, номард.

Насим ҳарчанд баҳона овард, ки аз ҳунари бокс пиёда аст, наметавонад, Ҳикмати ландаҳур ӯро ба майдон кашонд. Сӯҳроб муштҳояшро пеши даҳону биниаш дошта давида дар рӯ ба рӯи Насим ҳозир шуд ва мисли хурӯси ҷангара боло-боло парида, гоҳ-гоҳ пайт ёфта ба пешонӣ ва ду бари рӯйи ӯ зарба мезаду доду ғиреви ҳангоматалабҳо мебаромад.

Як зарбаи сахти Сӯҳроб ба даҳони Насим бархӯрд ва аз кунҷи лаби ӯ хун шорид.

− Бозихунук нашав, додар! − ба овози баланд гуфт акаи Латиф ба Сӯҳроб. − Ин ҷанг не, бозӣ аст.

Насим дар ҳамин ҳолат ҳам бо табассум ба қаъри чашмони Сӯҳроб нигарист. Ӯ акнун нописандона муштҳояшро аз таги бинӣ ва фуки Насим мегузаронду ба ӯ писханд мезад:

− Ман ба ту Раҳимбек не, каллапоча мекунам! Ҳм, ана ҳамин хел дар пеши поям рақс накуну рӯзата бин.

− О Писари раис, ақаллан бо дастҳоят даҳону биниатро муҳофизат бикун! − ҷонсарак дод мезад

Ҳикмат. − Охир, лабу рӯят расво шуд-ку!

Боз чанд мушти обдори дигар ба рӯву пешонии Насим бархӯрд. Ӯ ҳатто хунро, ки мисли риштаи сурх аз кунҷи лаб то фукаш хамида буд, пок намекард ва ҳамон табассуми азалӣ аз лабонаш дур намешуд.

Ман дам ба дарун зада, ба Насим менигаристам. Дилам ба ҳолаш месӯхт. «Беҳунар, чиба ба майдон баромадӣ, худатро масхара кардӣ!» − дар дилам ӯро мазаммат кардам. Ҳамин дам аз байни лабҳои хунолуди Насим сафи дандонҳои шир барин сафедаш намоён шуда дурахшиданду дасти чапаш аз пеши рӯи Сӯҳроб ба ҳаво хест ва мушти дасти росташ барқвор тарафи ӯ рафт. Садои сахте баромаду ҳама лаҳзае дам ба дарун заданд.

Сӯҳроб ноҳамвор се қадам ба қафо рафт, сипас мувозинаташро гум карда, монанди одами маст калавида-калавида сарозер ба лойхона афтод. Ҳикмат ҷонҳавлӣ аз пасаш парида ӯро бардошт. Даҳону бинӣ, чашм ва рӯю сару гӯшҳояш то гардан оғуштаи лой буд.

− Ҳисоб баробар шуд, − хандон-хандон луқма партофт акаи Латиф ва аз таги каши Сӯҳроб дошта, ӯро сӯи ҷӯйбор кашонд.

− Э ҷонта гардаме! − хитоб кард Ҳикмат ва Насимро ба оғӯш кашид. − Акнун нону оби хӯрдаат ҳалол шуд...

Баъди ин воқиа Сӯҳроб қасамро шикаст, бо Насим қаҳрӣ шуд. Вай акнун ҳар қадами ӯро бо дақиқаву соаташ ба ҳисоб мегирифт, дар пасаш бо кинаву кудурат, таҳдидомез меғурид:

− Дидед, Писари раис ин ҷо мардикорӣ омадааст... Душанбе равем, хокашро мебезам!

Воқиан хислату рафторҳои Насим ҳам касро дар доми ҳайрат, ҳатто шубҳа мегузорад. Вай бо ҳамдарсон якранг, гӯё аз ночор муомила мекунад, аммо бо хурду калони ин деҳа дарҳол мисли гӯшту нохун пайванд мешавад. Ҳар бегоҳ ва рӯзҳои истироҳат бачаҳо лаби дарё фуромада, оббозӣ ва моҳигирӣ мекунанд, вале ӯ бо одамон коҳдаравӣ ё мевачинӣ меравад, ё рафта ба ҳашари лойкорон мепайвандад. Ва ё китобу маҷаллае дар даст ноайён ба ягон ҷойи хилвати лаби рӯд роҳ пеш мегирад.

Дирӯз хонаи даҳумро ҳам сафед кардем. Сӯҳроб аз ғояти хурсандӣ кулоҳи хасиашро чанд карат ба ҳаво партофт, Ҳикмати ландаҳур дар ҳавои кафкӯбии мо рақс кард. Охир, ба гуфти акаи Латиф, нақша сад фоиз иҷро шуд. Вай аз кори мо ончунон қаноатманд гашт, ки дар хонааш зиёфат дод.

− Бачаҳо, як рӯзи дигар дар назаратон сол намояд ҳам, дар деҳа меистед, − хоҳишомез гуфт ӯ. − Боғу роғи қаламрави моро тамошо кунед, кӯфти корро бароред...

− Дурр шиканаду сухани акаи Латиф не, − сархушона гуфт Сӯҳроб.

Саҳар Насим ба мо шарик нашуд. Вай либосҳои кориашро пӯшида, дар танҳоӣ аз ман хоҳиш кард, ки бегоҳ баъди саёҳат ягон бачаи дилпурро гирифта, хонаи кампири Маҳрам биёям.

−Як кори савоб аст, ёрдам мерасонӣ, ошно, − табассумкунон гуфт ӯ.

Розӣ шудам, вале дар ниҳодам боз ҳамон оташи шубҳа забона зад. «Шайтон-е! Пинҳон медорӣ-а?

Медонам. Кори савобат киса фарбеҳ кардан аст...» − гуфтам хаёлан.

Бегоҳ, вақте ки дарвозаи назарногирро кушода, ҳамроҳи Ҳикмати ландаҳур ба ҳавлӣ даромадем,

Насим каланд дар даст, бо ҳавсала лой мешӯрид. Ӯ нимбараҳна буд ва чор гӯшаи дастрӯймолашро гиреҳ карда ба cap монда. Бадани аз шӯълаҳои офтоб сиёҳтобгашта ва рӯю гардани арақшораш аз чарахсаи лой пурхол шуда буд.

− Омадӣ? Оҳо, боз худат танҳо не. Офарин, ошно! − Ӯ каландро ба лой ғӯтонда, рост монд ва омада аз ҷуволи пашмини рах-рах, ки лаби лойхона меистод, як панҷа коҳи нешхӯрд гирифту рӯи лой пош дод ва бо пояш онро сумзанон овоз баровард: − Боми ҳамин кампирро андова мекунем...

− Пулаш ғафс аст? − ҳазломез гапи дили маро пурсид Ҳикмат.

− Беҳад! − ҷавоб дод Насим ва чашмак зада, хандон-хандон афзуд: − Ба шумо ҳам мерасад...

Ҳамин дам аз хона пиразани хароби хамидақомате баромад, ки дар даст косаи ҷурғот дошт. Моро дидан замон рӯи пурожанги ӯро як хурсандии беинтиҳо фаро гирифт.

− Хуш омадед, писаронам! − нидо кард ӯ. − Дарак наёфтам-а? Садқаи хоки потуне, ку болои кат бишинен, як пиёла чой бигирен, − кампир дарҳол хон кушод ва бо меҳр ба Насим нигаристу дилсӯзона гуфт: − Ин бачаи меҳнатрӯзӣ азоб кашид... Хайр, илоҳӣ умри дарози бобаракат бинад, − гуфт ӯ ва чӯбчаҳои ҷо-ҷо рехтаи рӯи ҳавлиро чида-чида сӯи оташдон рафт.

− Ин чӣ хел писари раис аст, намедонам. Дар пешониаш танҳо кор навиштаанд, − масхараомез гуфт

Ҳикмат ва сари зону рӯи якаандоз нишаста, косаро бардошту сипас бо кафи даст лабонашро поккунон луқма партофт: − Ин хел ҷурғоти муфтро ман ҳам ёбам, ба ҷои ҳафт кас кор мекунам... Ҳашар даъват кунед, намешавад, мома, − баъди андаке хомӯшӣ пурсид Ҳикмат. − Дар деҳа ҷавонҳои бекорхӯҷа, ба қавле беҳудагарди сагчарон ҳам кам не... Як зиёфат диҳед, кӯҳро талқон мекунанд...

Пиразан аввал дам назад, парешонҳол ба таги чойҷӯш алов даргиронд, ниҳоят нафаси чуқур кашида хиҷолатомез гуфт:

− Мешавад, писарам, − дар лабони ӯ хандаи дардомезе аён гашт ва ҳамон замон нопадид шуд. − Дар ҳашари мардум иштирок накунӣ, кӣ ба ҳашарат меояд? − оромона гуфт ӯ ва ба хаёл рафт. Сипас магар аз гапи гуфтааш пушаймон шуд, ки бо оҳанги дигар шарҳ дод: − Не, меоянд, ҳама ҳурмат мекунад. Аз ҳамсояҳо гила надорам... Лекин ҷангал берӯбоҳ ҳам намешавад... Баъзеашон гап мезананд.

− Чӣ гап мезананд? − пурсидам ман.

Насим сурфаи маънидорона кард, яъне кунҷковӣ бас, аммо дер шуд.

− Ту ҳам бачаи калон дорӣ, мегӯянд. Ин гапашон ҳақ, − пичиррос зад кампир. − То кай шаҳргардӣ мекунад? Чӣ ҳам мегӯӣ?

− Мома, боз либоси кӯҳна ҳаст? − овози Насим сухани ӯро бурид.

− Ҳаст, бачам, ҳама чиз ҳаст, − ғур-ғуркунон ба хона даромад кампир ва пас аз фурсате ду шиму куртаи нимдошти обшуста дар даст, аз дар берун шуду ҳасратомез гапашро идома дод: − Бача ки шаҳргард шуд, сари очаш кал мешавад, мегӯянд. Ин гап ҷон дорад... Мо ҳам аз нӯли зоғ афтидагӣ барин як бача дорем. Аз кӯдакӣ чӣ нозу нузе кард, бардоштем, ҳарчи дилаш хост, муҳайё кардем. Гуфтем, ки ба камол расад, ақлаш ба cap мезанаду асои дастамон мешавад. − Кампир бо шохҷорӯб коҳҳои парешони атрофи ҷуволро рӯфта, илова кард: − Чор-панҷ сол пеш мактаба тамом карду Душанбе рафт. − Аз чӣ бошад, дар лабони момаи Маҳрам нешханд пайдо шуд. − «Мехонаму омада ҷои директора мегирам» − гуфт. Ҳм, ёронаш кайҳо баргашта соҳиби кору вазифа шуданд, лекин хондани бачаи мо ҳеҷ охир надорад... Баъзеҳо овоза мекунанд, ки намехонад, овора мегардад. Ман як одами пир, росташа аз куҷо донам. Соле як ё ду маротиба мисли меҳмон хона меояд, гов ё гӯсолаеро бурда мефурӯшаду пулаша ба киса мезанад. Дандон сафед намекунам. Хайр, дар ҷои ғарибӣ ба чашми шиносу ношинос ташнаву гурусна гаштани бача айб аст...

− Дила танг нагир, мома, − бепарво, ҳатто насиҳатомез гуфт Ҳикмат. − Мон дар сояи давлатат гардад...

− Ҳм, ҳоли ин азоба фаҳмиданат душвор, бачам, − бо хандаи талх гуфт момаи Маҳрам. − Фарзандат калон, дар дами пирӣ аз танат ҷудо шавад, баъд сӯхтани дилу ҷигари момата мефаҳмӣ. Не, ягон чиза аз бача дареғ дорам, хокистар шавад. Тану ҷонаш сиҳат бошад, барои ман бас...

Ман паси девор гузашта, либосҳоямро иваз кардам ва маънидорона ба Насим нигаристам. Вай зоҳиран ончунон бепарво буд, ки гӯё суханҳои пиразанро нашунидааст ва майли шунидан ҳам надорад.

Ӯ лабу лунҷи лойро бо ҳавас, бо як устокорӣ ҷамъ мекард. Ҳикмат ҳам шояд, аз таъсири дарду аламҳои пиразан, акнун андешаманд менамуд.

− Меҳр дар чашм, гуфтаанд, − овози нарми кампир ба гӯш расид. − Бача, ки паррончаку аз чашм дур шуд, меҳраш торафт кам мешудааст. − Вай ба як села гунҷишк, ки панҷ-шаш қадам дуртар аз лойхона, байни нешхӯрдҳо чириқ-чириқкунон дон чида, ба чӯҷаҳои навпарвозашон медоданд, бо табассум ишора кард: − Бин, донаи даҳанаша нахӯрда ба бачааш медиҳад. Модар-да, синаи раҳм аст, тақдираш ҳамин.

Лекин пагоҳ чӯҷааш парида ба кадом гӯшаи дигар меравад. Чӣ кор кунад? Дили оча ба бача, дили бача ба кӯча, мегӯянд. − Кампир даме хомӯш гашт, рафта чой овард ва хандон-хандон илова кард: − Агар зинда монаму сағира як бори дигар ба чангам афтад, коре мекунам, ки ба халосгар зор шавад. Ҳм, занаш медиҳам. Ҳамаша фаҳмидам. То соҳиби зану фарзанд нашавад, то бори зиндагӣ ба гарданаш наафтад, ба хаёлам, оворагардира бас намекунад. Қуввату дармони худам ҳам кам шудааст...

Мӯйсафеди ҳамсоя, марди миёнақади ришсафед, дастҳо паси пушт бафурҷа қадам ниҳода назди мо омад. Кампир ӯро ҳам бо чеҳраи кушоду суханҳои ширин пазируфт.

− Маҳрам, ту одами барӯзӣ ҳастӣ, − бо мо саломкунон овози марғуладорашро баланд кард мӯйсафед.

− Дастёрҳои беминнат ёфтаӣ. − Вай даме ба лой ва Насим зеҳн монду таҳсиномез луқма партофт: − Бача, лойи олиҷаноб кардӣ-ку.

Насим дам назада, танҳо табассум кард.

− Дар мактаби лойгарӣ мехонӣ?

− Не, − ҷавоб дод Насим ва хандид.

− Дар мактаби «лойҷамъкунӣ»... − пичинг зад Ҳикмат.

− Хайр, ин ҳунара аз куҷо ёд гирифтӣ? − шубҳаомез ба Насим нигариста бо шакарханд пурсид мӯйсафед. − Худ аз худ одам ин хел лойгари нағз намешавад.

− Дар сағирахона, бобо, − пас аз чанде хомӯшӣ ҷавоб дод Насим ва афзуд: − Рӯзҳои таътили тобистон ба кампиру мӯйсафедҳои шинос кам-кам ёрдам мекардем... Он ҷо, бобо, одам ҳар хел ҳунарро ёд мегирад.

− Ҳа-а! − рамузгирона, вале ҳайратомез нидо кард мӯйсафед ва лабҳои шерозадори ҷелакашро бардошта, ба локиаш хасту андовачӯбро бо ним сатил об гирифта, бо зина андешаманд болои бом баромад. Ман мисли одами сармозада карахт шудам, баданамро сардӣ, дурусттараш, раъша фаро гирифт.

Нигоҳамро аз Насим, ки табассуми азалӣ дар лабонаш сайр дошт, гурезондам.

Насим ба сатил лой пур мекард, ман онро бардошта то таги пореса мебурдам ва ба чангаки сари арғамчин андармон мекардам. Ҳикмат лофзанон зӯр зада, сатилро кашида болои бом мебароварду бурда пеши мӯйсафеди андовагар мерехт. Пиразан дар атрофи оташдон мисли гаҳвораҷунбонак ҷунбуҷӯл дошт... Пас аз ду соат андоваи бом анҷом ёфт.

− Маҳрам, се-чор соли дигар бома андова накунӣ ҳам мешавад, − лаби бом рост истода қаноатманд гуфт мӯйсафед. − Лой не, мум аст. Нағз тунукаш кардам. Муҳобот не, ҳини барфу борон як қатра об чакад, ман зомин. − Ва ба гӯшаи чашм ба лойхона нигариста нидо кард: − Оҳо, боз лой мондааст-ку.

− Инаш ҳам даркор мешавад... Рӯи суфаю аловхонара рағд мекунам, − хушҳолона гуфт кампир ва ба Насим нигариста пичиррос зад: − Садқаи дастакот, бача-е! Имсол ба ҷони ман танакор шудӣ...

Лаби ҷӯй, ки аз саргаҳи кӯҳ мисли арғамчини сафед печутобхӯрон хамида, байни деҳа бо шӯру валвала парешон мешуд ва дар шафати ҳар ҳавлӣ аз новадон мерехт, дасту пойҳои лойолудамонро шустем ва азми рафтан кардем.

− Ҳай, ҳай, ҳай! Ба ҳеҷ куҷо намеравен. − Кампир изтиробомез ба Насим нигарист. − О ту чӣ хел одамӣ? Коҳама даравидӣ, ҳезум овардӣ, боми кулбаҳора андова кардиву як бор даромада лаби нонама намешиканӣ... Ба худо, хафа мешавам.

− Барои ин «малах» бошад, бас, − кинояомез гуфт Ҳикмат, аммо кампир ба гапи ӯ эътибор надоду аз банди дасти Насим дошта сӯи ҳуҷра кашола кард.

− Нони тайёра нахӯрдан нағз не, бачаҳо, − ришашро бо шонаи чӯбин шоназанон гуфт мӯйсафед. −

Кампири ғариб аз саҳар боз ҷунбуҷӯл дошт, хафа мешавад...

Вақте мо ба ҳуҷра ворид шудем, момаи Маҳрам бо чолокии ғайричашмдошт ҷо-ҷо рӯи якаандозҳо болишт мегузошт, Насим ҳайкалвор рост истода, суратҳоро тамошо мекард.

− Оҳо, тамоми нозу неъмати дунё муҳайё-ку, − нидо кард Ҳикмат ва аз боло гузашта каҷпаҳлӯ ва пичинг зад: − Ба писари раис малах, ба ману ту тановули хӯрок нақд аст, Наим...

Ман ҳам ба суратҳо чашм давондам. Як бари деворро аксҳои хурду калон, ришдору бериши ҷавони ҷингиламӯе оро медод. Ӯ гоҳ дар ҳалқаи духтарҳо ҳангоми ханда, гоҳ худаш танҳо сигарет дар лаб, вале дар ҳама ҳолат чеҳраву нигоҳаш фориғбол, шоду масрур аст.

− Суратҳои Рабиҷунам, − овози пиразан аранге ба гӯшам расид. − Ҳм, бачаи бепарво, суратҳоша ба ман монда рафтааст. Кай дона, ки ҷигари очаш барои ӯ шабу рӯз доғ аст... Гоҳ-гоҳ аз алам бо суратҳош ҷангу гила мекунам... Хайр, бачаҳои ҷун, бишинен...

Насим гӯё аз бемадорӣ ёрои ҷунбидан надошт. Вай аз ҳама поин мисли ҷуволи холӣ рӯи кӯрпача нишаст. Аз чӣ бошад, ваҷоҳати ӯ тамоман тағйир ёфт, лабонаш пир-пир мепариданд. Дили ман ҳам фишурда шуд. Шояд ӯ низ мисли ман ҳоло дар бораи Пакана – писари момаи Маҳрам ва боз ҷавонҳое, ки ба шаҳр рафта, деҳа, модару падари пир, зану фарзандашонро аз ёд бароварда, овора мегарданд, ба хаёл рафта бошад.

Момаи Маҳрам табақи ошро, ки болояш ду мурғи лолабарг барин сурх меистод ва бӯи зираву қаланфураш дар фазои хона мепечид, оварда байни дастархон ниҳоду шодиомез гуфт:

− Марҳамат, бачаҳои ширин, шумо бихӯрену ман тамошо кунам, ҳавасам бишкана. Кӣ медуна, ки ҳозир сағираи ман дар куҷосту чӣ ҳол дорад? Чанд вақт боз наомадааст…

− Ҳай-ҳай, барои одами дандондор роҳати ҷон будаст, − ҳасратомез пичиррос зад мӯйсафед.

Насим бо сари хамида хомӯш меистод. Ҳанӯз ҳам бо гӯшаи чашм дуздида-дуздида ба суратҳо менигаристу мисли соҳиби хона ба табақ назарфиребона даст дароз мекард.

− Дар кор тарангу дар хӯрокхӯрӣ бузи ланг будаед, бачаҳо, − ҳазломез эрод гирифт мӯйсафед. − Дар синну соли шумо як лаган палова худам танҳо мехӯрдам...

− Инҳо ҳамин хел ношуд, − наволаашро базӯр фурӯ бурда, хиррӣ овоз баровард Ҳикмат ва ширинкорона афзуд: − Ин гарангҳо ғафсии корро мекованду тунукии нонро...

− Ин ҳам ҳиммати ҷавонмард аст, − ришашро ҳилол кашида, гуфт мӯйсафед. − Лекин аз тамошои сурат ҳеҷ чиз намерасад, ба хӯрок нигаред...

Шомгоҳон ҳангоми хайрухуш момаи Маҳрам ба ҳар яки мо дастрӯймоле бахшид.

− Аз мани пир табаррукӣ, − гуфт ӯ. − Гоҳ-гоҳ мӯйлабҳои базебатуна тоза мекунену мани танҳову дар ҳасрати рӯи писара ба ёд меорен... Сағираи номард ҳай ҷигаркабобам кард... Хайр, Худо нигаҳдоратон бошад.

Тамоми роҳ Насим мисли одами кару гунг хомӯшу саркашол, ғамгин, хотирпарешону андешаманд омад. Шояд кинояҳои Ҳикмат ба дилаш нағунҷиданд. Ман ҳам акнун дар дил бори гароне доштам. Чанд маротиба азм кардам, ки сухане гӯяму дил холӣ кунам, аммо натавонистам, дурусттараш, чуръатам нарасид. Охир, як соли расо ман ҳам қатори дигарон борҳо ба захми дили ин бачаи беозор, ки бепадару модар, дастпарвари ятимхона будааст, ханҷол задааму ӯ ҷавобе надодааст. Не, не ӯ ба ҳоли ман, ба ҳоли дигарон ҳам табассуми талх, хандаҳои гиряолуд ва пурдард кардааст. Ва акнун он табассуму хандаҳо мисли зарбаҳои сахт азобовар буданд ва маро зери бори гарони гуноҳу шарм мегузоштанд. Ҳа, одам, вақте ки гуноҳи худро ҳис мекунад, вақте ки аз кирдораш шармсор мешавад ва ба чашмони бегуноҳи шахси таҳқиршуда нигариста наметавонад, бениҳоят азоб мекашад, дар оташи афрӯхтаи худаш месӯзад.

«Бепарво, кӯтоҳандеш будаӣ, − маломатомез гуфтам ба худ. – Акнун илоҷе ёфта бахшиш пурс...»

− Бачаҳо, ҳоли писари раисро напурсед, боб шуд, − ҳамин ки ба назди хаймаҳо расидем, беғамона қоҳ-қоҳ хандида, нидо кард Ҳикмати ландаҳур. − Бинед, ҳатто нафасаш намебарояд. Охир, рӯзи дароз хар барин кор карду як тини зардак фоида нагирифт.

Ҳама тамасхуромез хандиданд, баъзеҳо аз «бебарории» Насим шод гаштанд. Аммо ӯ хастаҳолона, вале табассум ба лаб, рӯи кат дароз кашид...

Шаб ман мижа таҳ карда натавонистам. Насим ҳам пайваста паҳлӯ мегашт ва нафаси чуқур мекашид.

Саҳар, вақте ки бо акаи Латиф хайрухуш кардем ва ба мошини совхоз, ки моро то маркази ноҳия мебурд, савор шудем, Насим кати сафарияшро ба ман супорид ва илтиҷоомез пичиррос зад:

− Ошно, инро бурда ба бобои Занбӯр супор. Аз номи ман, албатта, саломаш расон, − вай чашмони хаста ва аз ғояти бехобӣ сурхтобашро маънидорона ба ман дӯхт ва табассумкунон афзуд: − Аҳвола худат дидӣ... ман чор-панҷ рӯзи дигар дар хонаи кампир меистам...

− Ҳай кунед! − овози дағали Сӯҳроб, ки ҳамчун роҳбари гурӯҳ дар паҳлӯи шофир менишаст, мисли ғингоси пашшаи фасли тирамоҳ гӯшамро харошид. − Маътали ҳар мардикори аз хонаи падар безор истодан шарт нест...

Мошин нолаи бадарде кашида, такон хӯрда ба роҳ даромаду гарди хок ба ҳаво хест. Ва аз паси пардаи сафедтоби чанг пайкари Насиму акаи Латиф аранге падидор шуд. Онҳо дар таги чинор рӯ ба офтоб истода, ба мо менигаристанд.

− Хайр, роҳи сафед, бачаҳо! − дасташро бардоштаву алвонҷ дода, бо овози ларзон фарёд зад Насим.

Ҳар қадар мошин бо роҳи пурпечи кӯҳистон нолишкунон хазида боло мерафт, дили ман аз аламу хиҷолат лабрез мешуд ва мехостам ҳар чӣ тезтар ин қиссаро ба рафиқони мисли худам дилношиносу бедард бигӯяму бигӯям... с. 1983

пешина
аз 17