ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
Не, бе ин гапҳо ҳам ҳуҷраи нав сохтан лозим. Агар аз роҳи дур меҳмон биёяд, боз меҳмоне, ки ба зисту зиндагонии бадахшиён балад набошад, боз агар меҳмони дилтангу нозуктабиат бошад, зарурати ҳуҷраи нав ҳис мешавад. Набераҳояш ба қадри ҳол обрӯ ва ёру ошно доранд. Махсусан айёми тобистон паи ҳам меҳмон меояд. Баъзеашон ба хона даромада, аз равзан ба осмони лоҷувардии байни кӯҳҳо чашм давонида, кӯдаквор шодӣ мекунанд, ки ин хел хонаро ҳам акнун диданд.
– Кӯҳҳоятон баланд, дараҳоятон танг, лекин хонаҳоятон васеъ, – мегӯянд онҳо, сипас аз қаду бар ва сутуну болрҳои хона, таърихи бунёдаш пурсон мешаванд.
– Дил васеъ бошад. Одам бо дилу нияти хубаш зебост, – мегӯяд муйсафеди Алибахш, баъди он ки меҳмонҳоро ба ҷои шоиста шинод, дар бораи ҳар як сутун, ҳар як бурҷи хона маълумот медиҳад. Набераҳояш магар худро ноҳинҷор ҳис мекунанд, ки баъзан сухани ӯро мебуранд.
– Ин гапҳо кӯҳна шудаанд. Ҳамаи сутунҳо як, ҳозир чуноне ҷамъият мехоҳад, ҳамин хел бояд зист.
Дар ин маврид ҳам пирамард Алибахш меранҷад ва мисли кӯҳҳои диёраш ба сукут меравад. Охир чӣ хел наранҷад? Созандагони нахустини ҳамин ҷамъият дар диёрашон ӯ ва ҳамсолонашон буданд. Эҳа, мубориза ҳам бурданд, хун ҳам рехтанд, роҳ кушоданд ҳамроҳи намояндагони дигар халқҳо.
Ҳозир кам, ангуштшумор мондаанд. Як вақт ӯ ба хурду калони диёраш мегуфт, ба таври нав бояд зист! Ва аз рӯи ҳамин гап чи қадар дӯсту душман пайдо мекард, балки ҷонаш ҳам дар зери хатар мемонд. Охир, шиори азму талошҳои онҳо дигар кардани зиндагии мардум буд. Ва ӯ дар бинои умраш ёд надорад, ки аз кардаву ақидаи худ пушаймон, норизо шуда бошад. Не, норизо мешавад, вақтҳои охир бисёр норизо мешавад аз рафтору гуфтори одамон. Забонашон аз кирдорашон ҷудо шудааст. «Чуноне ҷамъият мехоҳад ҳамон хел бояд зист» – мегӯянд, лекин хилофи суханашон амал мекунанд.
Забон як навъ ниқобе шудааст барои мардуми замонасоз. Ва аз ин пирамрд Алибахш алам мекашад, охир ба одамон чӣ бало расидааст? Пеш хурду хурок, сару либос ин қадар фаровон набуд, лекин чашмҳо серу дилҳо пур буданд. Пеш мегуфтанд, ки инсона забонаш ҳалол, яъне дилу забон як, сухани инсон бояд имони ӯ бошад. Ҳозир одамон ҳама чизро, ба қадри ҳол, пайдо мекунанд, вале ҳӯшу ёдашон ба чизи боз ҳам беҳтар кашол аст. Сухан ҳам беқадр шуд. Ҳар чи хоҳанд мегӯянд, қасам ҳам мехӯранд. Лекин қасам фаромӯш мешавад, сухан як сӯ мемонад, рафтор дигар, кирдор дигар…
Аз ҳамин ҷиҳат ихлоси пирамрд аз наберааш Сарабек канд.
Охир Сарабек одами соҳибмаълумот, роҳбари як сохтмон аст, лекин ҷамъият,дурусттараш худашу ҷамъиятро мефиребад, дар ҳаққи зану фарзандонаш зомин мешавад. Менӯшад Сарабек, шароб менӯшад, вале аз минбар дар хусуси зарари шароб ба дигарон вазъ мегӯяд. Нӯшиданашро зердастонаш медонанд, аз ин рӯ мӯйсафед тасаввур мекунад, ки маҳали суханронии ӯ ба лаби зердастон чи хел заҳрханд медавад, чи хел бо нигоҳ онҳо ӯро тамасхур мекунанд ва пичингомез мегӯянд: аз тарафи минбар бӯяш меояд-ку.
Мӯйсафед аз шароб аламу доғҳо дорад дар дил. Охир падари набераҳояш, ягона писари азизаш Назарбекро заҳри шароб аз ӯ ҷудо кард.
Назарбек ронанда буду дар чор фасли сол бор мекашонд.
Бисёрии умраш дар сафар мегузашт. Табиатан нарму меҳрубон буд ва ҳаргиз одати гапи падарашро гардондан надошт.
Вале ҳамин ки ширакайф меомад, мисли шутури маст наъра мекашид, ҳар чизи ба пеши роҳаш рост омадаро шатта мезаду мешикаст, занашро носазо гуфта, озор ҳам медод.
– Ин корат нағз не, писарам, – рӯзи дигар дар танҳоӣ ба ӯ мегуфт мӯйсафед: – Вақтҳои охир кӯчахандони хонагирён шудаӣ. Медонӣ, барои чӣ хашмгин хона меоӣ? Медонӣ, барои чӣ занатро баҳудаву беҳуда мекӯбиву озор медиҳӣ, оби чашми бачаҳоро мерезонӣ, дилашонро сиёҳ мекунӣ, маро дар назди одамон дар хиҷолат мемонӣ?
– Сари мастӣ дар чашмам бад намуд, – сар набардошта ҷавоб медод Назарбек: – Айби ман не, айби шароб.
– Ошноиро аз шароб бикан, писарам. Дигар нӯшиданат мумкин нест. Бе ин ҳам ҷон дар кафи даст мегардӣ, – бо мулоимат мегуфт мӯйсафед: – Фикри чӯҷаҳот, фикри занат, фикри мани мӯйсафедро бикун охир. Ҳамаи умеди мо ба туст. – Бисёр наменӯшам-ку, камакак барои хастагиро баровардан.
– Камаш ҳам ҷисму ҷон, ақлу фаросати туро мехӯрад, чунон мехӯрад, ки қолабат мемонаду бас, – бо алам гуфт муйсафед, вале писараш ранҷид.
– Воҳима мекунӣ, падар, – гуфт ва афзуд: – Баъзеҳо доимо маст мегарданду.
– Ту ба чени худат қадам мон, писарам. Ҳар кас бояд ҳадди худро бишносад. Рафтори онҳо ҳам оқилона нест… Як фикр бикун! Ту пеш ин хел набудӣ, орият, нангу номуси хуб доштӣ.
– Ҳозир чӣ!
– Ҳозир ҳамаашро барбод додаӣ. Ҳозир ғайри ду-се дӯсти шаробиат касе суроғат намекунад. Умри кутоҳи инсон барои мастиву пастӣ кардан нест. Писарҳоят ба ту пайравӣ карда по мемонанд. Дар ин роҳҳо ширакайф мошин ҳай кардан бо ҷони худ бозидан аст.
– Аз ҳад зиёд ташвиш мекашӣ, – пичингомез гуфт
Назарбек: – Ман як ё ду сол боз мошин намеронам-ку.
– Кӯза доимо лаби об нав рафта намеояд. Ба ҷони ҷавонат раҳм бикун, писарам, беэҳтиётӣ хуб нест.
– Э шумо одамони кӯҳна, умратона бо тарсу ҳарос мегузаронед. Дигар ман кӯдак нестам, ки доим насиҳатам бикунед.
Ҳамин буд дидору гуфтугӯи охирони падару писар. Баъд, баъд Назарбек, – маст буд ё ҳушёр касе намедонад, бо мошинаш ба коми дарёи Панҷ рафт. Ва дар дили падар доғу алам гузошт. Сарабек баъзан дар ҳолати мастӣ ба шӯр омада мегиряду мегӯяд:
– Охири охирон аз Панҷ қассоси падарамро мегирам, албатта мегирам! Пеши роҳашро мебандам, ҳамин хел мебандам, ки…..
Муйсафед Алибахш дар ин маврид кӯҳвор хомӯш истода, ба набера чӣ гуфтанашро намедонад. Ба лабонаш хаёле заҳрханд медавад, чашмонаш намнок мешаванд, дилашро панҷаи дарде мефишораду кӯҳвор ба сукут меравад.
\* \* \*
– Не, хона сохтан ҳатмист. Мӯйсафед дар дил нияте дорад, ки охирон неруи дастон, охирон ҳунари чӯбтарошиашро дар ороишу кандакории сутунҳои хонаи нав ба ёдгор гузорад.
Аммо баъди омадани Шодмонбек ба кор часпиданист. Бигузор худи Шодмонбеку Баҳоршоҳ хонаро созанд, азоб кашанд, арақи ҷабин резанд, чи будани меҳнати сангдевору лойкориро фаҳманд, ба хонаи сохтагиашон меҳр банданд. Бачаҳо дар бардоштани иморат заҳмат кашанд, нағз аст. Баъд дилашон ба меҳнати сарфкардаи худ месӯзаду хонаро мисли гавҳараки чашм нигоҳ медоранд.
Шодмонбек ҳам аз хизмат баргашт. Обутоб ёфтааст, китфонаш васеъ, бозувонаш бақувват, дар хаёли муйсафед наберааш роҳ гардад, замини зери пояш меҷунбад. Ором, ботамкин гап мезанад, аз ин ҳам дили мӯйсафеди Алибахш об хӯрд.
Сарабек ба муносибати баргаштани додараш хешу наздикон, ёру ҳамсояҳоро ба хона хонду базм орост, дилхушӣ карданд. Ин ҳам ба муйсафед форид. Аз асакарӣ омадани Шодмонбеку омӯзишгоҳро хатм кардаи Баҳоршоҳ ба базму дилхушӣ меарзад. Ва саҳар, вақте ки ширчои чормағздори хуштаъму маскаи тар тановул мекарданд, худи мӯйсафеди
Алибахш гапи сохтмони хонаи навро ба миён гузошт. Шодмонбеку Баҳоршоҳ ба андеша рафтанд. Сарабек шодиашро дар дил ғунҷонида натавонист ва гуфт:
– Бобо, шумо ки ишора кардед, сохтани хона ба зиммаи худам. Ошноҳои ман бозӣ ба бозӣ деворҳои иморатро дар як рӯз мебардоранд. Ҳам истироҳат мекунему..
– Истироҳататона дар ҷой дигар кунед, писарам, – нарм, вале таҳдор гуфт пирамард ва баъди он ки ширчойи косаро ошомид, ба Шодмонбек назар афканда афзуд: – Мон, ки Шодмонбек хонаашро худаш созад.
– Ғами ин тарафашро нахӯр, бобо, – бебокона ҷавоб дод Сарабек. Мӯйсафед ҳамон соат бо Шодмонбек роҳи девлохро пеш гирифт. Ва рӯзи дигар вақти пешин гусфандеро куталкунон ба ҳавлӣ ворид шуд. Ҳангоми хонасозӣ хуроки гӯштдору серғизо лозим барои бачаҳо. Вале мӯйсафед ба қаду бари ҳавлӣ як назар афканду музтар монд. Охир деворҳои хонаи нав каҷу килеб ҳам бошанд, аллакай аз санг бардошта шуда.
Дар атроф шишаҳои холӣ, пасмондаи сигарет, қуттиҳои консерв парешон партофта. Зани Сарабек дар сари оташдон ҷунбуҷул дошт. Аз баландӣ, аз назди шаршара садои хандаи сархушонаи хонасозҳо ба гӯш мерасид.
Мӯйсафеди Алибахш чанде ҳайкалвор рост истод, сипас таноби гӯсфанд аз панҷаҳои шахшулаш раҳо ёфт. Ӯ нафаси тӯлонии бадард кашид. Ва Шодмонбек дид, ки чи хел ба чашмони пиронаи бобояш ҳузн лона гузошту андомаш дигаргун гашт ва мавҷи чинҳо рӯ-рӯи пешонияш давиданд. Ва боз дид, ки нигоҳи мӯйсафед чӣ хел аз пеши пояш лағжида, аз лойхона ва болои сангҳои пора-пора, шишаҳои холӣ, қуттиҳои консерв гузашта, деворҳои каҷу килеби нав қоматафрохтаро палмосида, норозиёна ҷониби шаршара рафт. Бобояш аз худсарии Сарабек ранҷид, сахт ранҷид, аммо сиёҳу сафед нагуфта, хастаҳол сӯи хона қадам ниҳод.
Шодмонбек хост чизе гӯяд, сухане ҳамрангу ҳамсанги дилбардорӣ ё таскин, вале ҳарфи муносиб наёфт, балки овоз набароварданашро авлотар донист. Ӯ рӯи хоросанги суфамонанди зери дарахтони саҳни ҳавлӣ, ки аз дур мисли як чағораи азим метофт, даме андешаманд нишаст. Сипас пакарнамо хеста дар оби зулоли новадон дасту рӯяшро шуст ва болои девор, ки бардоштанаш акнун анҷом ёфта буд, баромада, тахтасангҳоро як-як барканда ба поин ҳаво дод. Зани Сарабек аз ин рафтори додаршӯяш ба ҳайрат афтода, китф дарҳам кашид.. Шодмонбек ботамкин аз нисф бештари деворро ба хок яксон карда буд, ки Сарабек лабаш пури ханда, рухсораҳояш аз таъсири шароб арғувонӣ, шояд барои бурдани хӯрок ё газак аз баландӣ сарнишеб шуд. Ва Шодмонбек бо гӯшаи чашм дид, чи хел бародараш нобоварона ба поён чашм давонд, сипас дасташро ба пешонияш соябон карда дурусттар нигаристу лол, карахт гашт.
– Чӣ кор мекунӣ?! – бо овози баланд пурсид Сарабек ва қадам тез кард.
– Вайрон, – оромона ҷавоб дод Шодмонбек.
– Чаро?
– Каҷанд.
– Мо меҳнат кардем. Рӯзи дароз… ту азоб накашӣ, гуфта
… Бо гил росташ мекунем.
– Мастомаст меҳнат кардаед, бародар, – аз байни садои ба ҳам расидани сангҳо овози мулоими Шодмонбек канда-канда ба гӯш расид: – Девори каҷро бо гил рост кардан бефоида.
Бобом мегӯяд, ки девори қаҷ бақо надорад, боз девори каҷе, ки бо дасти одамони ширамаст бардошта шудааст. Худам девор мебардорам.
Сурхӣ аз рухсораҳои Сарабек гурехт. Охир ёронаш бархеста, аз пеши шаршара ба поён назар афканда, мастона қоҳқоҳ зада, писхандомез ҳарчи гуфтанд. Эҳтимол Шодмонбекро ба девонагӣ ё соддагӣ маҳкум мекарданд. Аммо Шодмонбек ба онҳо як сари мӯй ҳам эътибор надод.
Сарабек бедимоғ худро ба ошхона зад. Мӯйсафеди Алибахш аз хона баромада, байни ҳавлӣ рост истод. Ӯ ба гирумони Шодмонбек чашм давонида, ба дилаш фараҳу нишоте роҳ ёфт, ба лабаш хаёле табассум нақш баст, табассуми шукрона ва қаноатмандӣ. Ва мӯйсафед он лаҳза хаёлан пойтеша дар даст, ғуллачӯби беҳтаринро интихоб мекард, ки барои хонаи нав шаҳсутуни чортарош омода бикунад. Шаҳсутуне, ки ба пайкари паҳлавононаи Шодмонбек муносиб бошад, шаҳсутуне, ки шаби сур Шодмонбек бо арӯси худ назди он дилпурона истад…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё