Зеҳн
ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.

Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ДУ ГУСЕЛ

І

Бомдоди деҳаи Нигорӣ тамоман дигар хел оғоз ёфт. Баробари тулӯи офтоб пиру барно дар майдони назди мактаб ҷамъ омаданд. Калонсолон андешаманд, ҷавонон шоду мамнун.. Онҳо дар гӯшае базм меоростанд. Духтарон бо рақсҳои шӯх, кӯдакон бо гулдаста, кафкӯбиву даву тозашон ба майдон шукуҳи тоза бахшиданд. Нигоҳи ҳасратомези мӯйсафедону пиразанҳо танҳо як чизро ифода мекард: айёми ҷавонӣ ҳамин.. парвои каму кост ва ғаму дарди дунё надорӣ..

– Ана омаданд! – нидо кард бачае.

Ҷавонон рақсу усулро бас карда, сӯи роҳ нигаристанд.

Онҳое,ки сари по амонат нишаста буданд, аз ҷой бархестанд.

Автобуси сафедтоб омада дар канори майдон истод ва аз даруни он аввал як пиразан бо эҳтиёт, сипас чор ҷавон, ки дар даст ҷомадону кулвор доштанд, чолокона фуромаданд. Майдонро лаҳзае хомӯшӣ фаро гирифт. Ҳама маънидорона ба пиразан, ки дар даст асо дошт ва ба ҷавонон дида дӯхтанд. Пиразан ба одамон як нигоҳи кунҷковона партофту зери лаб чиҳое гуфт. Духтарон ӯро бо эҳтиром бурда, дар як гӯшаи маърака шинонданд. Марди паҳлавонҷуссае магар маътали омадани пиразан буд, ки ботамкин аз ҷояш хесту ҳозиронро аз назар гузаронд ва бурутҳои базеби мошубиринҷашро бар зада, овоз баровард:

– Ҳамдеҳаҳои азиз! Зиёда аз сӣ сол пеш дар як рӯзи хуши баҳор аҳли деҳа ҳамин ҷо ҷамъ омада буданд.

Мард лаҳзае хомӯш гашт ва нафаси чуқур кашид. Чашмони пурҷозибаи ӯ ба дуродур дӯхта шуданд ва чинҳои пешонияш аёнтар гаштанд. Ба назар чунин менамуд, ки вай аз ин ҷо нақши солҳои гузаштаи оламро тамошо дорад. Дар пешонӣ ва ҳалқаи чашмони мард донаҳои арақ падид омаданд.

Ӯ дастрӯймолашро бароварду рӯяшро пок кард. – Он вақт, – овози мард андаке хаста баромад, – ин ҷо нағмаву усул не, гиряву нола.. ба гӯш мерасид, ҳама озурдадил, азодор буданд. Он солҳо ханда ба лаби мардум меҳмон намешуд, балки аз ёд рафта буд ханда…

Вай бо ҳарорат гап мезад ва одамон ҳайкалвор истода гӯш мекарданд. Танҳо гоҳ-гоҳ аз байни мардум садои пиронае танин меандохт:

– Рост, ун рӯзҳои бада мо дидем… Илоҳӣ ягон фарзанди одам ун рӯзҳои сиёҳа дигар нибинад!

Пиразан ончунон ба сукут рафта буд, ки агар гоҳ кушодану бастани як нӯги рӯймолаш аранге ба чашм намерасид, кас аз дур гумон мекард, ки кундаест дар сурати одам. Дар асл лабони аз бедандонӣ ба даҳон фурӯрафтаи ӯ пир-пир мепариданд ва аз чашмони маҳзунаш ашк заҳида, ба хати оҷингҳо метаровид. Кампир беҳолона оҳ мекашид, ба лаби рӯймол ашкҳояшро бафурсат пок мекард. Яқин вай ин дам китоби нонавиштаи умрашро варақ мегардонд ва дар он талхиву шириниҳои аз рӯзгор чашидаашро медид…

Шавҳараш бармаҳал дар мубориза барои ҳаёти нав аз дунё гузашт. Бо се кӯдак бева монд. Шароити кӯҳистон вазнинӣ кард, ба водӣ кӯчид, пахтакор шуд.

Пас аз се-чор сол фарзандонаш аз хорӣ баромаданд, рисқу рузиёб, паррончак шуданд: ҳар як барори онҳо барои модар чӣ қадар хушбахтӣ меовард. Ҳа, вақте писари калониаш Ашӯр ба омӯзишгоҳи муаллимӣ роҳӣ шуд, модар тӯй дод.

– Сад ҳайф, ки ин рӯза раҳматӣ падарат надид, – бо ҳасрат мегуфт модар: – Аз куҷо медонист, ки оянда дар мактаби маълимӣ мехонӣ?

Модар ханда дар лаб, оҳ дар сина, ашк дар чашм ба фарзандон бо сухан бори дилашро сабук мекард..

Ҳамон вақт ба кулбаи Зикамоҳ хурсандӣ паи хурсандӣ омад. Ӯ боз аҳли деҳаро ба зиёфат хонд. Охир он рӯз Наими ӯ аз шаҳри дуре барои колхоз нахустин тракторро овард. Вай аввал бовар накард, ки як оҳани девсурати барзангӣ, ки наъра занад, замин меларзиду аз ҳайбати овозаш кӯдакон, баъзе мӯйсафедону пиразанҳо ба чор тараф гурехта, дар паси дево-103 ру хонаҳо пинҳон шуда, ангушти ҳайрат мегазиданд, ба писари ӯ итоат бикунад. Вале чун ба ду чашми сараш дид, ки танҳо Наими ӯ «доду фиғон»-и ин деви оҳанинро мебарорад, онро «маҷбур» мекунад, ки наъразанон ба чапу рост гардад, тозад, муҳимаш, заминро шудгор кунад, аз ин муъҷиза, аз қудрати тавоноии фарзанд сараш ба осмон расид. Зану мард бо ҳавас ба Наим, ки дар кабинаи трактор менишаст, нигариста, ӯро муборакбод мекарданд.

– Ба Шумо ҳам муборак бошад, – мегуфт бо ифтихор ӯ ва дар ҳоле ки дар чашмаш об чарх мезаду дар лабаш ханда медамид, илова мекард: – Ин Наими мо бачаи ҳамаамон аст.

Илоҳӣ фоидаи касбаш ба ҳама бирасад.

ІІ

Ашӯр айёми таътил омад. Ӯ дар чашми модар як ҷавони навхати қадбаланду хушандом ва фозилу маъраказеб шуда буд. Модар аз тамошои қаду баст, чашмони пурмеҳри сабзтоб, омирона ҳарф задани фарзанд сер намешуд. Баъзан қасдан, вале шӯхиомез дар ҳузури ӯ аз ҳусну ҷамоли духтарони ҳамсоя гап мекушод. Дар ин ҳангом фарзанд маънидорона механдид ва чашмонаш медурахшиданду овози пурнавозишаш ба гӯш мекрасид.

– Оча, саросема нашав, як – ду сол пас, зиндагӣ тинҷу осуда бошад, духтарҳо боз ҳам хушрӯйтар мешаванд.

– Ҷони оча, хушруйтарини хушруйҳо, баодобтарини баодобҳоро ба ту фотиҳа мекунам, – пичиррос мезад модар:

– Туйи калон мекунем… Ёру ошноҳои ҳаммактабата, маълимаҳота биёр…

– То ҳамон рӯз расем…

ІІІ

Деҳаи Нигорӣ мисли мотамхона шуд. Овазаи ҷанги Олмон.

Таҳлука. Шаҳсутунҳои деҳа-мардону ҷавонон дунболи ҳамдигар ноилоҷ ба ҷанг мерафтанд. Косаи навбат ба Зикамоҳ ҳам расид ва тухми орзуву ҳавасҳо дар марзи дили ӯ нокишта монд. Ашӯраш аз мактаб бармаҳал, парешонҳол баргашт. Ба104 чаи содда нигоҳашро аз модар мегурезонд. Зикамоҳ дарҳол пай бурд, ки сирри дилашро аз ӯ пинҳон доштанист. Шояд гиряву нолаи модарро дидану шунидан намехост. Амо модар аз пешомади қисмат кайҳо воқиф буд. Вай шаби хайрбод ҳамсояҳоро ба хона хонд.

– Як нафас бо ҳам нишастан ғанимат, – мегуфт ӯ ва мисли мурғи посӯхта қарор надошт.

Лаҳзаи гусели Ашӯр Зикамоҳ монанди чӯби тар сӯхт, лекин овоз набаровард.. Охир, шунида буд, ки аз паси одами зинда оби чашм рехтан хосияти хуб надорад.

ІV

Рӯзҳо, моҳҳо мегузаштанд. Рӯзҳои талх, моҳҳои вазнин. Тобистону тирамоҳ, зимистони қаҳратун ҳам ончунон пушти сар шуданд, ки гӯё мардум бедарак монданд.Не, рӯзҳову моҳҳо, ҳатто фаслҳо дар назари яке кутоҳ, дар назари дигаре мисли сол тулонӣ буданд. Зеро аз хурд то калон дар сар андешаи гарон, дар дил ғаму қулфат доштанд. Аз нигоҳҳо ҳасрат, аз чеҳраҳо андӯҳ меборид. Дар ҳама ҷо чун яке ба дигаре рӯ ба рӯ меомад, албатта аз ҷигаргӯщаҳои раҳдур, аз онҳое,ки дар кадом гӯшаи дунё дар сангарҳо бар зидди фашистон ҷонбозӣ доштанд, пурсон мешуданд. Суханҳо як хел мебаромаданд: хату хабаре ҳаст? Хусусан модарон ба бад ё нек будани ҷавоб эътибор надода, шашқатор оби дида мерехтанду бори дил сабук мекарданд. Пирамардон чӣ?

– Гитлери даҳанталх, илоҳӣ саг барин мурад, дунёра нотинҷ, одама ба одам душман кард.. Ин қадар хуни ноҳақ рехтан, ин қадар шаҳрҳоро вайрон, дили одамҳоро шикастан ҷавоб дорад. Ҳм, ин ҳаромзода ҳаргиз аз нутфаи одам нест.

– Мегӯянд, ки безурёт аст…

– О бадбахт-е! Барои ҳамин ба бачаҳои мардум раҳм надорад, ба тухми инсон қирон меорад.

– Рӯзи марги ин аждаҳои гандамодара шунавам, – мегуфт Зикамоҳ, – ба халқи олам тӯй медиҳам. Охир ин ҳаромӣ мор барин ба косаи шаҳди ҳама заҳр чаконду зиндагира талх кард.

V

Ба деҳаи Нигорӣ баҳор омад, баҳори нозанин. Кӯҳу саҳро либоси сабз пӯшид. Гулҳои наврӯзӣ, ки Ашӯр чор сол пеш аз куҳҳо решакан карда, оварда дар гӯшаи бом шинонида буд, баромаданд, булутак зада, арӯсак шуданд. Зикамоҳ боре ҳамроҳи духтараш Азизмоҳ як коса об гирифта болои бом баромад, то гулҳоро об диҳад.

Вай аз лаби бом ба гулҳо нигариста, ончунон ки писарашро аз дур дида бошад,дилаш гум зад. Вале ҳамин ки сари по нишасту об бехи гулҳо рехт, вуҷудашро ларзише фаро гирифт.

– Дастота садқа бачаи гулшинони оча! Ҳозир дар куҷоӣ, чӣ ҳол дорӣ? – аранге пичирос зад ӯ ва лаби рӯймолашро газид, ки овоз набарорад. Не, буғзу алами дил, ки гулӯгираш шуда буданд, мисли вулқон якбора ҷӯшида дар сурати оҳу нола берун гаштанд. Навҳаи модар аввал паст, баъд баланд гашт ва ашкҳояш мисли борони баҳор ба рӯи гулҳо рехт. Азизмоҳ сари овози ӯро гирифт. Нолаи талхи модару духтар дар фазои деҳа мисли як сурудаки ҳазине паҳн шуду аз чанд ҳавлии мотамдор ҳамсадо ёфт. Ҳм, субҳи деҳаи Нигорӣ бо нағмаи мурғон медамид, вале шоми он бо гиряву лоба ба поин мерасид. Ин манзара акнун бачаҳоро чандон ба ҳайрат намегузошт. Барои онҳо аз ҳама аҷоибу хотирмон аз ҷанг баргаштани ягон сарбоз буд. Ба сару либоси низомӣ, нишонаҳои сари сина, ба кулоҳ ва чигасҳои аскар, ба ғарҷ-ғарҷ садо додани пои чӯбин ва лангиданҳои ӯ бо кунҷковона менигаристанд.

Ва парвои он надоштанд, ки амаки аскарашон дар дилу ҷигар бори гарони захму ҳасрати ҷангро оварда.

Рӯзҳо, моҳҳо мегузаштанд. Рӯзҳои талх, моҳҳои вазнин..

Зиндагии Зикамоҳ нохуш буд. Вале дар дил шукр мекард, ки Наим пеши чашмаш аст. Ӯ айёми кишт рӯзу шабро дар адир мегузаронд. Раиси колхоз – Назари нимтана гуфт, ки ҷони мардума Наими ӯ мехарад, – ба худашу трактораш чашм нарасад, – ба ҷои ҳазор кас кор мекунад. – Зиндагӣ тинҷу танаш сиҳат бошад, бо пушташ санг бикашонад ҳам, боке не, раис. Аз кор то ҳол ягон одам зарар надидааст, – гуфт бо тааммул Зикамоҳ ва дилаш моломоли ифтихор гашт, ки фарзандаш нафърасон, лоиқи сухани нек шудааст. Вале инро дар вуҷудаш ниҳон дошт, боз аз ваҷҳи писари аскараш дилаш ба сӯзиш даромад, чашмонаш ҳавзи об шуданд ва аранге овоз баровард: – Ба бачаҳои раҳдурамон мушкил, раис… Дар байни тиру туфанг, обу оташ, ташнаву гурусна…

– Ғами беҳуда нахӯр, Зикамоҳ, – коҳишомез луқма партофт раис ва рӯяшро ба дигар тараф гардонд, ки ӯ ваҷоҳати нобобашро пай набарад: – Медонӣ, шабу рӯз давидану ҷон коҳондани мо барои чист? Ҳамаи молу ҳоли хонаро барои кӣ медиҳем? Барзагови зарда ба хотири кӣ ба давлат супоридӣ?

Барои таъмини хӯроку либос, ғалабаи аскарҳо.. Ҳм, ин хаёли хома аз сарат дур андоз. Аскари советӣ ҳеҷ гоҳ лучу гурусна намемонад.

– Забони ширината садқа, акаи раис. Кошкӣ гуфти худат бошад… – шодомез пичиррос зад ӯ, вале овозашро Назар нашунид. Ёбуи пир канда-канда пой монда, пайкари соҳиби нимтаанашро алвонҷдиҳон хело дур рафта буд. Раис болои ҷонвар ончунон пурандеша ва бо қомати хамида менишаст, ки гӯё асп ӯро не, балки ӯ аспро бардошта мебурд.

Ҳа, фикру зикри хурду калони деҳаи Нигорӣ побанди ҷангу ҷанговарон буд. Касе дороияшро аз аскарҳо дареғ намедошт. Яке гов медод, дигаре асп, яке буз медод, дигаре гусфанд, гандуму орд…

VІІ

Он рӯз Азизмоҳ барои Наим нони гарму ҷурғот бурд. Зикамоҳро хоби вазнин пахш кард ва чашми ношодаш се-чор бор парид. Аз ин хавотир шуда, ба дилаш алов рехту зери лаб:

«Сад раҳмон, сесад субҳон,

Ба ҳаққи сураи Қуръон.

Чашме, ки парид аз ғам,

Худоё, шодаш бигардон-» -ро хонду ба ангуштони дасти росташ куф карда, ба чашм молид. Раҳматӣ бибияш мегуфт, ки дар мавриди паридани чашми ношод ҳамин калимаҳоро бихонӣ, пеши ҳар балоро мегирад. Ӯ такрори ба такрор ин сатрҳоро ба лаб овард, то ки дунё тинҷ шавад, писараш, нури чашмаш, ҷону ҷигараш сиҳату саломат баргардад. Аз бозе, ки хати сиёҳи писари мӯйсафеди

Карим омад, дар дили ӯ як биму даҳшате ҷо гирифт. Охир мӯйсафед, ки аз моли дунё танҳо ҳамин фарзандро дошт, бори андӯҳро бардошта натавонист, савдоӣ, аз ақл бегона шуд, ба кӯҳу пушта фирор кард. Ҳамин, ки ба одаме рӯ ба рӯ шавад, чашмони сурхчатоби пурандӯҳашро ба ӯ дӯхта бо ғазаб як гапро такрор мекунад: «Ба гапи душманҳо асло бовар накун, дуруған, дуруған, дуруғ!»

Офтоб рӯ ба ғуруб оварда, сарнишеб шуд, лекин аз Азизмоҳ ҳанӯз ҳам дараке набуд. Оташи дили Зикамоҳ аз ин ҳам афзуд. «Духтари бепарво, гирифтори ишқи тракторронӣ шудааст. Наим агар коҳишаш надиҳад, шаб ҳам хона ба ёдаш намерасад. О духтара чиву трактронӣ? Нону хӯрока додӣ, тезтар биё..» – гуфт хаёлан ва сари куча баромад. Вале аз дур Саиди хаткашонро диду дилаш таҳ рафт. Вақтҳои охир мудом аз пеши роҳи Саид мегурезад, ки мабодо аз ӯ ягон хабари шум шунавад. Ҳоло Саид бо ду-се нафар мӯйсафеди дигар ба ӯ нигариста меомаданд ва байни худ оҳиста гап мезаданд.

Нигоҳашон асрорангез. Чеҳраҳошон чӣ? «Ҳм, дар ин солҳо одами чеҳракушода аз куҷо меёбӣ? – аз худ пурсид Зикамоҳ ва ҳайкалвор рост истод… Баъд, аз он чӣ метарсид, ба сараш омад. Саид, – илоҳи ҳамон сумкаи сиёҳаш зор монад! – бо дасти ларзон хатро баровард, дигарон «насиб, қисмат..» гуфтанд. Ёд надорад хатро гирифт ё не, Пеши чашмонаш торик шуд. Баъзеҳо мегӯянд, сахт доду фиғон кашида, рӯву мӯй кандааст, вале худаш хабар надорад.. Саҳар чашм кушода дид, ки рӯи ҳавлӣ нақши беҳисоби пой боқӣ мондаасту бас.

Сад ҳайф, ки ниёишҳои ёддодаи бибияш сипари ҷони

Ашӯраш нагаштанд…

VІІІ

Дар деҳаи Нигорӣ рӯзҳо, моҳҳо паи ҳам мегузаштанд, рӯзҳои талх, моҳҳои вазнин. Баъзе бачамардҳо боз ба ҷанг мерафтанд, баъзеҳо аз ҷанг нимтана бармегаштанд. Одамон аз омадани нимтанаҳо шукр мекарданд, ба навсафарҳо роҳи сафеду саломатӣ мехостанд. Вале аз ҳама мудҳиш хати сиёҳ буд. Як пора коғаз риштаи умри ҷавонмардеро бармеканд, бар дили реши пиру барно намак мепошид, ҷисму ҷон, мағзи устухонро месӯзонд. Лекин одамро аз ғами дунё балое намерасидааст. Зикамоҳ аз дами субҳ то шом кор мекард, заҳмат дармони ғаму андӯҳ, таскини дилаш буд. Аммо тақдир як бори дигар ӯро ба майдони имтиҳон овард. Азизмоҳ хабар расонд, ки ба акаи Наимаш даъватномаи аскарӣ додаанд.

– Чашми ношодам кошки кӯр мешуд, дӯ руз боз мепарид, – гуфт ӯ ва даме музтар монд: – Ҳарчи дар пешонӣ бошад, мебинем. Тракторашро ба кӣ месупорад? Раис мегуфт, ки Наим ба колхоз мисли обу ҳаво зарур аст-ку..

– Акаам тракторрониро ба ман ёд дод, – гуфт Азизмоҳ гунаҳкорона.

Зикамоҳ боз дар такопӯи омода кардани тӯшаи роҳи писари наваскараш афтод. Боз сари оташдон хамӯш ашк рехту кулча пухт, кунҷид, нахӯду гандумро мисли ҷигараш бирён кард. Боз саҳар мӯйсафедону пиразанҳо думболи ҳамдигар ба ҳавлиаш омаданд, ба Наими ӯ фотиҳаи сафар доданд.

– Оча мард бош! – мегуфт Наим.

– Ҷони оча, ғами мора нахӯр! – пичиррос мезад Зикамоҳ ва худро ором вонамуд, вале дар асл банди дилаш меларзид:

– Кошки очат мемурду ин рӯзҳои сиёҳа намедид.

Ҳангоми ба ҳавлӣ баромадан ӯ як рафторе кард, ки ҳама музтар монд.

– Дуторро биёр, духтарам, бо доира. – гуфт ба Азизмоҳ.

Азизмоҳ, сарҳисобаш гум, илтиҷоомез ба модар нигарист.

Аз афташ хост бигӯяд, ки оча, дар ин рӯзи сиёҳ ҳам базм меороӣ? Не, ба рӯи модар надавид. Шояд пиндошт, ки вай дутору доираро барои Наим мегирад, ки дар роҳ бо ҳам109 роҳҳояш зиқ нашавад. Охир ӯ навохтану суруданро дӯст медорад.

Ҳамин майдон пури одам буд. Аз деҳаҳои кӯҳдоман хурду калон ба ин ҷо омаданд, ки аскарбачаҳоро ба майдони набард гуселонанд. Дар байни онҳо модар ҳам буд, падар ҳам, апа ҳам буд, хоҳар ҳам, зан ҳам буд, фарзанд ҳам, ятим ҳам буд, бева ҳам, наварӯс ҳам буд, дилдору шиносу ёру ҳамсоя ҳам.

Ҳар диле ғаме дошт, яке дилбардорӣ мекард, дигаре гиря.

Ана, ҳамин лаҳза ногаҳ садои ҷӯр кардани торҳои дутор дар фазои майдон баланд гашт. Дили баъзеҳо таҳ рафт. «Ин масти дунёбехабар кӣ бошад?» Шиносҳо гумон карданд, ки ин зани сарсахт ҳам аз ғаму дарди бачаҳояш мисли бобои Карим савдоӣ шуда. Вагарна дар ин ҳолате, ки дилу ҷигаратро ба ҷанг мефиристӣ, кӣ медонад боз ӯро мебинӣ ё не, ба ҷои гиря базм меороӣ? Оҳ, ҷанги хонӯмонсӯз, фашизми маълун одамонро ба чӣ ҳоле гирифтор кардӣ!

Зикамоҳ зоҳиран ба касе эътибор намедод. Чеҳраи ӯ тираву коҳида, чашмонаш пурандӯҳ, лабонаш парсингбаста. Ӯ ба Азизмоҳ ишора кард, ки дар шафаташ истода доира занад.

Сипас ангуштҳои дасти росташ боли торҳо ба ҳаракат омаданд ва навои ҳазине овози одамонро пахш кард. Модар бо сари хамида дутор меавохт. Азизмоҳ нигоҳашро аз чашми мардум, ки перомуни онҳо ҷамъ мешуданд, мегурезонд. Ногоҳ модар сар бардошт ва оҳе кашиду овоз баровард:

Имрӯз дилум намекушоя бе ту,

Сад қанд хурам, заҳр намоя бе ту.

Дар ҳолати ташнагӣ ба ёдум бирасӣ,

Ин оби ширин заҳр намоя бе ту.

Навои ҳазин, овози пурдард ва ширадору пурҷозибаи Зикамоҳ ба гуфти одамон, дили сангро мешикофт, балки аз санги хоро нола мебаровард. Баъзеҳо ҳайкалвор рост меистоданд, ёрои ҷунбидан надоштанд. Навои дутор рафта-рафта шӯрангезтар шуда, мавҷи овози модар на танҳо дар деҳа, гӯё ба тамоми олам ғулғулафкан гашт.

Заҳҳоки бачахӯр – Гитлери шарир,

Резунд хуни халқи олама бо тупу тир.

Ҷону ҷигарам, паҳлавони оча,

Ай Гитлери бачахӯр қасдома бигир!

Зикамоҳ дарун-дарун месӯхту дутор менавохт, месуруд.

Дили Азизмоҳ мисли мушт фишурда мешуд, лабони хушкаш пир-пир мепариданд. Ӯ лаб таги дандон ниҳода овоз намебаровард, аммо қатраҳои ашк рӯяшро мешӯстанд. Одамон аз рӯи пурчину офтобсӯхтаи Зикамоҳ чашм наканда, дар гӯши якдигар пичиррос мезанд:

– Ёдат ба хайре. Мард будаӣ!

Лаҳзаи хайруш фаро расид. Ҳама ба ҷунбиш омаданд, майдон серғавғо гашт. Модар дуторро ба замиин ниҳода, аз ҷояш хастаҳол бархест, доира аз дасти Азизмоҳ афтида, чун дили ӯ садои наҳифе баровард. Наим, кӯлвор сари китф, дар рӯ ба рӯи модару хоҳараш рост меистод ва чеҳраи ӯро хандаи сохта зеб медод:

– Оча, мард бош! Ҳозир вақти мардӣ аст.. Аз ғаму ғусса, гиряву нола фоидае нест, – мегуфт ӯ.

– Ҷони оча, дилат аз ман пур бошад. Кай гиристам? – Зикамоҳ дастонашро ба гардани писараш ҳалқа кард: – Худата эҳтиёт бикун.

Наим худро аз оғуши модар базӯр раҳонида, дав-давон ба мошин нишаст. Дасти Зикамоҳ дар ҳаво монд. Ӯ карахту бемадор рост меистод. Гӯё оби чашмаш хушк ва худаш гунг шуда буд. То дами аз назар ғоиб шудани мошин ҳамчунон хомӯш ба оҳу нолаи Азизмоҳ ҳам эътибор надод. Сипас мисли дарахти решаканшуда рӯи замин якпаҳлу афтод.

– Илоҳо хонаат сӯзад, ҷангхоҳ! Рӯзи сиёҳи мо дар сарат, аждаҳои бачахӯр! – бо нафрат нолишкунон мегуфт Зикамоҳ ва одамон акнун диданд, ки рӯи ӯро оби дида тар кардааст:

– Э Худо, чӣ гуноҳе аз мо гузашт, ки яктааш омада хонаҳомона сӯхту ғорат кард, хуни мардҳои бегуноҳа рехт, ин бераҳмаш бачаҳомона ба коми аҷал мебараду дам зада наметавонем?!

ІХ

Дар деҳаи Нигорӣ рӯзҳо, моҳҳо, солҳо мегузаштанд.

Рӯзҳои талх, моҳҳои вазнин, солҳои мудҳиш.. Аз шохаҳои умри Зикамоҳ рӯзу моҳу солҳо мисли баргҳои хазонрасида мерехтанд. Дар пичаҳои ӯ сафедӣ медамид. Азизмоҳ-ягона дилбардору ғамхораш, қадрас шуд. Аз мӯй ва сару либоси ӯ ба ҷои накҳати атр, бӯи ғализи каросин ба машом мерасид.

Охир ӯ тракторрон буд. Аз Наим гоҳ-гоҳ хат меомад. Хатҳояш чунон аҷиб буданд, ки ба назари модар писараш аз дур рӯ ба рӯяш истода сӯҳбат мекард.

«Очаҷони ширин, сиҳату саломат, бардаму бақувват ҳастӣ?

Умед дорам, ки ханда аз лабонат дур намешавад. Ханда доруи дарозумрӣ аст, оча. Ғаму андӯҳ як чизи беҳуда, душмани ҷони одам. Ғаму андӯҳро пушти по бизан,оча. Агар ҳамин хел бикунӣ, ман аз шумо хурсанд. Очаҷони ширин, мард бош!»

Вақте ки Азизмоҳ ин сатрҳоро мехонд, аз шодӣ нафас дар гулӯи модар мепечид.

– Ҷону ҷигари оча, садқаи забони ширинат шавам, – ӯ оби дидагонашро бо лаби остинаш поккунон саросема мегуфт: –

Давомаша бихон, баланд-баланд бихон..

– Доим оби чашмат ба рехтан тайёр, оча, – шикваомез мегуфт Азизмоҳ: – Акаам суханҳои нағз навиштааст-ку.

– Забони ширини аката садқа, давомаша бихон, – нолишомез овоз мебаровард модар ва маънидорона меафзуд: – Ту аз ҷигари сӯхтаи очат бехабарӣ, бачам. Бачадор шавӣ, бачата ба аскарӣ фиристӣ, баъд мефаҳмӣ.. Илоҳӣ ин рӯзҳора ҳаргиз набинӣ.

«Азизмоҳ, ту чӣ ҳол дорӣ? Кору борат хуб аст? Дилгир нашудаӣ ? Парво накун, хоҳарам. Ин рӯзҳои сахт мегузаранд..

Модарамро ба ҷои ман оғуш бикун. бибӯс. Бигӯ, ки Наим ба қарибӣ душманҳоро саркӯб, нест, хоку туроб мекунаду бармегардад, хонаву дарро аз нав месозад..»

– О ҷонам фидоят, паҳлавони оча! – бо қувваю рӯҳи тоза нидо мекард модар: – Азизмоҳ, навис, бачам! Навис, ки очам аз замин то осмон аз ту миннатдор. Шери оча, мардиву нангу номуса аз даст надеҳ, лекин худата эҳтиёт бикун. Саломатии ту барои очам аз тамоми ганҷи олам боло. Навиштӣ? Ҳа, боз навис, ки ҳафтаи гузашта мардуми деҳа барои шумо мағзу мавиз, дастпӯшаку пойтоба, маскаву равғани зард…

– Ин гапҳора дар мактуби гузашта навишта будем-ку, – сухани ӯро бурид Азизмоҳ.

– Боз навис! Гапи хуша сад маротиба нависӣ ҳам, зарар надорад. Ҳамаи ҳамсояҳо нағзанд, навис.. Аз марги бобои Карим хабараш накун, зиқ мешавад. Мӯйсафеди бадрӯзӣ бо ҳасрат бандагӣ кард...Чашми очат ба роҳат доим чор аст, навис.

Азизмоҳ суханҳои модарро бо оби дида менавишт, боз аз кору бори худ, кишту ҳосил, аҳволи ҳамсояҳо, орзуҳои раиси Назар ба тафсил нақл мекард.

Пас аз як моҳи хати охирини Наим хабари тамом шудани ҷанг ба деҳаи Нигорӣ расид. Душмани хунхор шармандавор мағлуб шудааст. Чӣ рӯзи хуше! Одамон механдиданду мегиристанд. «бадхоҳ ҷазо дид», – мегуфтанд. Колхоз ҳамон рӯз барои мардум зиёфат дод.

Рӯзҳо, моҳҳо гузаштанд. Рӯзҳои талх, моҳҳои вазнин, солҳои мудҳиш.. Ба деҳаи Нигорӣ боз рӯзҳои нек қадам ниҳоданд.

– Хонаҳо, ҳавлиро бирӯб, духтарам – ҳар саҳар ба Азизмоҳ мефармуд модар: – Шояд имрӯз бахтамон хандаду акаат биёяд. Тайёрӣ хуб аст, духтарам..

Азизмоҳ хонаву дар мерӯфт, модар роҳ мепоид, дар дил аз байни духтарони қадраси деҳа, – чӣ қадар бисёр буданд онҳо, барои писараш арӯси муносиб меҷӯст. Вале орзуҳо мисли меваи офатрасида дар дили модар ғӯрамарг шуданд. Ҷанг охирин тири заҳролудашро бар ҷигари сӯхтаи вай зад. Ин дафъа хаткашон бо як одами ҳарбӣ ба ҳавлӣ даромад. «Моргазида аз банди ало метарсад» мегӯянд. Ҷоруб аз дасти Азизмоҳ афтид.

Ӯ рӯву мӯй канд, фиғон кашид. Модар назди чанори рӯи ҳавлӣ нишаст ва ба танаи он такя кард.

– Саид, қисмати талхам дар гӯр.. Ту худата азоб надеҳ, рости гапа бигӯ, – канда-канда гуфт Зикамоҳ.

Саид маънидорона ба низомипӯш нигарист. Вай лифофаро барварда сӯяш дароз кард. – Аз ду ҷа-вон-мард ду пор-ча ко-ғ-аз ни-шо-на монд, – ҳасратомезу ашкрезон пичиррос зад ӯ ва беҳуш гашт. Баъд, вақте ки ба худ омад, гуфтанд, ки Наим дар баҳои ҷонаш ҷони дигарҳоро харида, қаҳрамонӣ кардааст…

– Эй Худо, ғами олама насиби ман кардӣ, – худ ба худ менолид модар.

пешина
аз 30
навбатӣ