ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
Х
Рӯзҳо, моҳҳо, солҳо гузаштанд. Рӯзҳои талх, моҳҳои вазнин, солҳои душвор.. Боз зиндагии тинҷу бофароғат пеш омад. Сӣ баҳори баъди ҷанг ҳам пушти сар шуд. Одамон боз лаззати умр, ширинии ҳаётро чашиданд. Вале захмҳои ҷанг ҳанӯз дар дили момаи Зикамоҳ шифо наёфтаанд. Ҳамин ки шунид наберааш Акбарро ба аскарӣ даъват кардаанд, вай бесаранҷом гашт, дилаш ба сӯзиш даромад.
– Оча, худата обу адо накун, – маънидорона гуфт ба ӯ Азизмоҳ ва илова кард: – Шукр, ҳоло дунё тинҷ аст. Қатори ҳамсолонаш рафта қарзи Ватана адо мекунад. Хизмати аскарӣ ҳам як мактаби дигар..
– Гапат ҳақ бачаму то майдон равам, – хаёломез ҷавоб дод момаи Зикамоҳ ва ҳамроҳи наберааш ба гуселгоҳ омад, чеҳраи кушодаи падару модарон, базму дилхушии ҷавоноро дида дар ҳайроат афтод, гузаштаро, талх ҳам бошад, дар ҳамин лаҳзаи ширин пеши назар овард. Охир то гузаштаро ба ёд наорӣ, ба қадри имрӯз намерасӣ, мегӯянд.
Ӯ чашм аз гуселгоҳ наканда аз дил мегузаронд, ки он рӯзҳои сиёҳ даста-даста ҷавонони навхату мардони зану фарзанддорро пайи ҳам ба ҷанг бурданд. Гуфтанд, ки Гитлер аждаҳои одамхӯру сиёҳкор аз Чингизхон ҳам бад аст: шаҳру деҳотро хароб мекунаду мардумро ҳатто зинда ба ҷойи ҳезум дар оташдонҳо ба хокистар табдил медиҳад, эҳе, ҳазорон ҳазор бар зидди он деви одамхӯр ба мулкҳои бегона рафтанду ғарибмарг шуданд. Ҳазорҳои дигар аз ғами ҷонсӯзи шаҳидон, расидани хатти сиёҳ, даҳшати нодориву бекасӣ бо ҳасрат заҳри марг чашиданд. Акнун, кӣ шаҳидони он ҷангро ба ёд меорад?
Касе аз минбар номашро такроран ба забон гирифт. Кампир ташвишомез сар бардошт. Як ҷавони низомипӯши зирак114 намо номи Ашӯру Наим, писари бобои Карим, номи ҳамаи онҳоеро, ки аз деҳаи Нигорӣ ба дифои халқу ватан рафта буданд, бо корнамоиҳояшон зикр кард. Гуфт, ки онҳо қаҳрамонанд, то абад дар дили мо зинда мемонанд. «Хайрият шаҳидонро ҳам ёд карданд» – гуфт хаёлан момаи Зикамоҳ ва дилаш андаке таскин ёфт.
– Ҳоло ба шумо, наваскарҳои азиз, модари шаҳидони ҷанг, зане, ки баду неки зиндагиро бисёр дидаасту имрӯз ба гусели наберааш омадааст, момаи Зикамоҳ фотиҳаи сафар медиҳад.
Ӯ ночор аз ҷояш бархест. Духтараке аз оринҷаш дошта, то минбар раҳмунаш шуд. Кампир бозувони харобашро рӯи рафи минбар ниҳода, гӯё роҳи дарозеро тай карда бошад, хастаҳолона нафас кашид, ба фурҷа бо гӯшаи рӯймол кунҷи лабонашро тоза кард.
– Ҳар баҳор, набераҳои ширин, – бо тааммул овоз баровард кампир, – мо дар ҳота гулу райҳон, пиёзу гашнич, зироатҳои дигар мекорем. Ҷони зор меканем, ки зироатҳо бисабзанд.
Худам ба зироатҳо нигоҳубин мекунам, ки алафи бегона, зарпечак пахшашон накунад. Бо вуҷуди он ки гирди ҳота шиғбанд аст, боз дилам қарор намегирад, рӯзи дароз чашм аз киштаҳо намеканам. Медонед, барои чи? – пурсид кампир ва қиёфааш ҷиддӣ шуд: – Метарсам, ки мабодо ягон саг, гову гӯсола, бузу бузғола, хару хингала ба ҳота даромада, гулбоғ, зеби ҳавлӣ, меҳнатома поймол кунад.. – Ӯ даме ба хаёл рафт, сипас овозаш ҳам мисли дастонаш ларзиданд: – Ин ватан, ин зиндагии хушу чашми сери мо, ин базму хандаҳои шумо, набераҳои ширин, мисли гулбоғанд. Ин чизҳо осон не, дар баҳои хуну ҷон ба каф омадаанд. Ба хизмат равен. Роҳатон сафед, умри оба бинен, тансиҳат, сарбаланд, хушиқбол бошен. Лекин аз мани пир як насиҳат: меҳнати гузаштаҳора ворисӣ кунен.
Момаи Зикамоҳ аз минбар фаромаданӣ буд, ки бачаҳо давида, атрофашро ҳалқавор печониданд, ба ӯ гулдастаҳо бахшиданд, Ин дам боз дар майдон савту наво танинандоз гашт, боз хурду калон пеш-пеши аскарбачаҳо ба рақсу бозӣ даромаданд, базм оростанд. Момаи Зикамоҳ, ки акнун чашмонаш аз нури шодӣ медурахшиданд, дар ҳалқаи хурдсолон хандонхандон пирона ба рақс даромад…
ПИЁЛАИ ШИКАСТА
Усто Мирзошарифи Гулшанро мардуми деҳаи Шикордара кайҳо боз дар сафи одамони барӯзӣ ном мегиранд. Ин марди тақрибан панҷоҳсолаи миёнқад, рӯйгирд, вале газгӯшту хушмуомила аз каму кости рӯзгор ҳаргиз пеши касе лаб намекушояд. Хайр, вай ки, ба гуфти худаш, як вақтҳо кулӯхро нон гуфта мегазид, ҳоло зиндагии тинҷу осуда, зани бофаросат, – ин ними давлати мард ҳисоб мешавад, – чор фарзанди қобил дорад ва чун устои гулдаст дар тамоми маъракаҳои деҳа болонишин аст. Одамон ӯро ба хотири ҳунараш не, балки сидқан дӯст медоранд ва болои дидаҳо мегардонанд, чунки усто ҳам бе ягон иззатталабӣ мудом ҳоҷати мардумро мебарорад, дар ғаму шодияш шарик мешавад. Мабодо касе баъди ба субут расонидани хизмат ба усто узр ё ташаккур бигӯяд, вай саросема, ҳатто сурх мешавад ва дастаи тешаашро ба локияш хаста, қалами рангаашро ба таги тоқӣ ё паси гӯшаш андармон карда ҳиҷолатомез пичиррос мезанад:
– Ин гапа, нури дида, дуюмбора ба забонат нагир, ки хафа мешавам. Ҳунари ман садқаи сари Шумо. Ҳм, бе одам ҳунари усто чӣ қадр дорад?
Мардум низоми рӯзгор, боғи дилкушо, ҳатто муомилаи хуши хурду калонро ба усто дида, худ ба худ мегӯянд:
– Ҳамин Мирзошариф кӣ буд? Як сағираи дар ба дар, шикамаш аз нони мардум сер. Лекин аз рӯи феълу ҳунари хубаш ба дову дастгоҳ расид.
– Ҳамаи ин гапи беҳуда, – ғур-ғур мекунанд баъзе кӯрдилон: – Ҳунар-а? Дигар устоҳо ҳам аз Мирзошариф як сари мӯй кам нестанд, лекин пишакашон аз гуруснагӣ болои бом мегардад. Гап сари рӯзӣ. Ҳм, одам барӯзӣ бошад, сагаш дастёраш мешавад.
– Дигар устоҳо ҳам боҳунаранд, вале мисли Мирзошариф дилу нияти нек надоранд. Мудом дар андешаи обро лой кардану моҳӣ гирифтананд. Барои ҳамин ба чашми мардум мисли хор мехаланд, – мегӯянд ихлосмандони усто.
Порсол колхоз дар қатори беҳтарин одамони меҳнатӣ ба усто мошини «Жигули» тӯҳфа кард. Ҳама гуфтанд, ки меарзад. Охир, дар тамоми иморатҳои колхоз, сутуну болорҳои гулбурӣ, дару дарвозаи одамон ҳунари дасти усто нақш бастааст. Аммо, ба гуфти худи ӯ, мошин кирои гап надорад, муҳимаш, кундаи давлату қуввати дил-модараш, солҳои охир оҷиз шуда бошад ҳам, барҳаёт аст. Барои ӯ аз ин бахти баланде нест..
Усто ҳар бегоҳ назди модари нобинояш нишаста, «очаҷон» гуён ӯро кӯдаквор чунон ҳолпурсиву дилҷӯӣ мекунад ва дар атрофаш парвонавор мегардад, ки фарзандонаш ба ваҷд омада, кунҷковона ба ӯ менигаранд. Онҳо бешак ҳайрон мешаванд, ки падарашон – Мирзошариф марди калон бошад ҳам, аз модар дил канда наметавонад.
Ҳа, қариб як гапи муҳимро фаромӯш кардем. Чаро хурду калон Мирзошарифро бо номи модараш кампири Гулшан ба забон мегитранд. Ин саволро бисёриҳо медиҳанд ва сабабашро кунҷковон аз худи кампир пурсидаанд. «О ман инро аз куҷо донам? – хаёломез ҷавоб додааст вай ва баъд аз чанде шарҳ додааст: – Падараш аз ҷанг барнагашт. Илоҳи гӯри ҷангҷӯ тах ба таҳ сӯзад. Мирзошарифро ман бо хуни ҷигар калон кардам». Ана ҳамин Мирзошариф осуда буд. Вале чанд моҳ пеш аниқтараш, баъди он рӯз ки аз як шаҳри дур ба Шикордара ҷавони ҷомадондоре омаду мӯйсафеди Раҳматро суроғ кард, ба гирдоби ташвиш афтод. Ҷавон рӯи гандумгун, чашму абрӯи сип-сиёҳ дошт, аммо забони тоҷикиро намедонист. Русидонҳои деҳа, – ҳоло бисёрад, – дарҳол мақсадашро фаҳмиданд ва ӯро то ҳавлии бобои Раҳмат роҳбалад шуданд.
Мӯйсафед, ки токҳои хоми акнгуро мебурид, баробари дидани ҷавон даме ба қиёфа, қаду басти ӯ нигарист, сипас ришашро хорхорон табассум карду ӯро ба оғӯш кашид ва шодиомез пичиррос зад:
– О бачамарде-е! Охир суроғ карда омадӣ? Хайрият…
Зани бобои Раҳмат, ки токҳои бурида дар оғӯш, ба сутуни хавоза такя карда аз ин манзара чашм намеканд, баъди он ки мӯйсафед маротибаи сеюм ҷавонро аз канораш раҳо кард, ниҳоят ба худ омада, ҳайратомез ғурунгид: – Мӯйсафед, меҳмона бисёр бамеҳр оғуш кардиву лекин ман нашинохтамаш…
– Ҳм, аллакай пир шудаӣ? – хандакунон, вале хиҷолатзада пурсид мӯйсафед: – Наход акаи бачаҳота нашиносӣ?
Воқиан ҷавон ба мӯйсафеди Раҳмат ва фарзандони ӯ ончунон монанд буд, ки як себу ду тақсим.
– Хонаат пури гандум-е! Чиба ягон маротиба дар ин бора мора огоҳ накардӣ? – ранҷишомез пурсид кампир ва ба ҷавон модарвор салом кард.
– Дилам пур буд, ки калон шавад, кофта меояд, – чашмони пурнурашро ба занаш дӯхта, ҳазломез ҷавоб дод мӯйсафед.
– Илоҳи умри Хизра биниву, лекин мабодо ин бача баъди сарат меомад, мо чӣ кор мекардем?
– Ҳе занаки содда, мегӯянд, ки мардбача зинда бошад, баъди сад сол ҳам падараша кофта меёбад, – хаёломез гуфт бобои Раҳмат ва баъд аз андаке хомӯшӣ илова кард: – Хайр, агар ман намебудам, туву додароша меёфт…
Дили занак аз ин сухани мӯйсафед об хӯрд, ки дарҳол аз паи оростани дастархон афтод.
Бобои Раҳмат ба шарафи писари «ёфтак»-аш, – мардум дарҳол ба ӯ ҳамин хел ном монданд, – туй дод.
\* \* \*
Овозаи омадани писари Раҳмат ҳамон замон ба гӯши кампири Гулшан расид. Баъд нисфи шаб худи Мирзошариф аз хонаи бобои Раҳмат омада, ин хабари хушро ба ҷои узр ба модар гуфт:
– Ҳозир аз ҳамон ҷо омадам. Мӯйсафеда муборакбод кардем, – қаноатманд шарҳ дод Мирзошариф.
– Чӣ хубе! Чӣ хубе! – пичиррос зад кампир ва чеҳрааш аз ғояти хурсандӣ шукуфон гашт: – Чӣ хубе! Илоҳӣ ҳамаи ғарибу зиндаҷудоҳо ба дидори хешу табор бирасанд.. – Кампир рӯи ҷогаҳ ба болиштҳо такя кард: – Албат Раҳмат хурсанд аст?
Беҳад. Ҳм, дар дами пирӣ боз як қаноти дигар ёфт… Инженери заводи калон будааст писараш.
– Чӣ хубе! – боз гуфт кампир, вале рафта-рафта қиёфааш дигар шуд. Вай гӯё чашмакзании ситораҳоро тамошо мекарда бошад, лаҳзае нигоҳашро ба гунбази осмони нилӣ дӯхт, сипас пурсид: – Мирзошариф, мегӯм, ҳамин Раҳмати ҷигаррехта дар пеши чашми ҳама як бор зан гирифта буд. Боз ин бачааш аз куҷо пайдо шудааст?
Мирзошариф оҳиста, вале ширин хандид.
– Модари ин бача вақти ҷанг ҳамроҳаш будааст.. Духтур
– Наход?! – кампир бо лаби остин чашмони обгирифтаашро тоза карда, сипас гиребон дошт.
– Худаш мегӯяд. Ҷанг-да, баъд якдигарро гум кардаанд.
Хомӯшӣ ба миён омад. Кампир палмосида-палмосида асои бодомияшро ёфт ва онро ба бистараш наздиктар ниҳода, нафаси осуда кашид. Одами оҷиз беасо мурғи бепар аст. Ӯ тарафи чап тоб хӯрда, пайкари наберааш Шаҳбонуро навозиш кард ва лаби курпаро ёфта, болои ӯ кашид. Шаҳбону шабҳо ҳамроҳ ва қуввати дили кампир аст.
– Очаҷон, чой бифармоам?-Мирзошариф бархест.
– Не.. Занҳо ҳам дар ҷанг будаанд, бачам?
– Эҳа, бисёр… – Мирзошариф боз лаби суфа амонат нишаст.
– Қаҳрамониҳое кардаанд, ки.. Табиб, хоҳари парастор… о тиррасидаву захмиҳора кӣ табобату нигоҳубин мекард? Аз
Тоҷикистон ҳам буданд. Номи Ойгула нашунидаӣ? Лётчик буд.. Дар телевизор гоҳ-гоҳ занҳои ҷанговара нишон медиҳанд-ку.
– Ҳм, телевизор барои одами бино. Шоҳбону-ку ҳамаша булбул барин нақл мекунад, – гуфт хаёломез кампиру боз пурсид:
– Хайр, ба Раҳмату бачаҳош монандие дорад?
– Чунон монанд, ки мегӯӣ каллаи Раҳмата канда, дар сари ӯ часпондаӣ.
– Наход?! Чӣ хубе! – дар лабони кампир боз табассум дамид. Вай болиштҳоро дурусттар гузошт ва магар садои пой119 монии Мирзошарифро аз худаш дур шунид, ки овоз баровард:
– Моҳ шом хӯрдааст, бачам?
– Ҳа, ҳозир мебарояд.
– Барояд ҳам чароғи ҳавлиро накуш, ки дилам танг мешавад.
– Шабҳои маҳтобӣ ҳам чароға намекушем-ку, очаҷон.
Кампир гӯё сухани писарашро нашунид, ки дам назад. Не, худро ҳамин хел вонамуд кард. Вагарна «чароғ ҳам барои одами бино зарур бачам. Ин гапа барои таскини дили худам гуфтам. Акнун шабҳо чароғи ман Шаҳбону аст», – аз дил гузаронд ӯ ва рӯи бистари нарм дароз кашида чашмони кушода, вале нобинояшро ба осмони пурситораи деҳа дӯхт. Атроф дар назараш якбора хомӯши хомӯш гашт. Гӯё ҳама чизро аждаҳои торикӣ ба коми худ кашид ва аз ин дили кампир фишурда шуд. Вай паҳлу гашт ва бо панҷаҳояш сару рӯи Шаҳбонуро сила кард. Пеш дар чунин ҳолатҳо нафасгирии бомароми набера, нӯшхори говро, ки дар кунҷи ҳавлӣ баста шудааст, шохҷанги нобаҳангоми бӯзу гӯсфандон, хониши чирчирак, ҳатто овози ғукҳоро оромона гӯш карда, ба хаёлҳои ширин мерафту хобаш мебурд. Хаёлҳояш қариб ҳамранг буданд. Ӯ аввал фикр мекард, ки ҳоло осмон оина барин мусафо, ситораҳо мисли чашмони набераҳояш дурахшонанд. Себи рӯи ҳавлӣ пухта суп-сурх шудааст, бӯяш мудом ба димоғ мерасад.
Пали гашничу пиёз чӣ? Келинаш гуфт, ки чунон дамидааст, ки кабкро меӯшонад…
Се сол пеш гашничу пиёзро мудом худаш мекошт. Ва пеш аз хӯрокхӯрӣ даста-даста чида ба келинаш медод, ки майдамайда реза кунаду ба косаҳои хӯрок андозад. Ҳм, агар хӯрок аз гӯшти оҳу бошад ҳам, бе сабзавот ба ӯ намефорад. Дина бобои Анвар арӯс фуровард, базми зӯр дод. Овози ҳофизон аз ҳамон ҷо ба гӯшаш расид. Даъваташ карданд. Аввал нарафт.
Гуфт, ки мани оҷиз куҷову базмравӣ? Ман то имрӯз насибаамро дидаму хӯрдам. Акнун навбати ҷавонҳо. Не, худи Анвар омад. Ба неву нестонаш нигоҳ накарда аз дасташ дошта хонааш бурд. «Ту одами табаррукӣ. Ба домоду арӯс як фотиҳа диҳӣ, сарам ба осмон мерасад» – гуфт. Эҳа, гапаша рад карда мешавад? «Сад фотеҳаи ман садақаи сари шумо», – ҷавоб дод120 кампири Гулшан ва сари домоду арӯсро сила кард, аз пешониашон бӯсид.Гуфтанд, ки арӯс мисли чӯҷаи парӣ хушрӯ аст.
Дилаш гум зад, чашмонашро бо лаби рӯймол пок кард, вале заррае ҳам бино нашуданд. Кошки чашми бино медошту арӯсу домодро медид, ҳам осмони соф, ҳам себи хушбӯи сурҳ, ҳам дурахши ситораҳоро, ки ба чашмони набераҳояш монанданд, ҳам рӯи фарзандону ҳамдеҳагонашро. Дар олам чизи зебои диданбоб беҳисоб. Дар се соли оҷизии ӯ деҳа бисёр зебо шудааст, мегӯянд.
Ҳоло хоб аз чашмаш тамоман гурехт. Фикру хаёлҳо ҷои хобро гирифтанд. Фикру хаёлҳои тамоман дигар. Бачааш бобои Раҳматро кофта омадааст. Чӣ хубе? Кошки Мирзолатифи ӯ ҳам фардо ё пас фардо аз дар медаромад. Ҳар касе ин хабари хушро аввал ба кампир расонад, – эҳа, тамоми дороияш чӣ? – ҷонашро ба ӯ мебахшад, тоҷи сараш мекунад.
Ҳм, дороӣ пеши ёфт шудани фарзанд чӣ қадре дорад? Чирки даст аст дороӣ.. Мирзолатиф дар хаёли модар ҳоло марди чорпаҳлу, баобрӯ, сардори ягон идора шудааст. Охир, ӯ нисбат ба Мирзошариф хело шуданӣ буд. Э вазифаву обрӯи ӯ барои модари ҷигарсӯхта чӣ лозим? Дар дами пирӣ ӯро ёбаду ба оғӯшаш гирад, аз сару рӯяш бӯсаду бӯсад, овозашро шунавад бас, дигар ормонаш намемонад. Ӯро надида аз дунё гузарад чӣ? Панҷаи ҳасраташ беруни хок. Кампир умед дорад, ки рӯзе Мирзолатиф ба пои худ ба ҳавлӣ медарояд. Дар хаёлаш он лаҳза чашмонаш ҳам бино мешаванд. Кай мерасад он рӯз?!
Мирзолатиф гоҳ-гоҳ ба хобаш медарояд, лекин ҳамон зайле, ки бори охирон ӯро дида буд: – панҷ шашсола. Вай нигоҳи маҳзунашро аз модар канда, лолу ҳайрон баробари амакаш қадам зада аз деҳа дур мешавад. Дили бача ҳам ба рафтан моил набуд. Кошкӣ амакаш хабаргирӣ намеомад. Гуфт, ки хурондану пӯшонидани ду бача ба ту мушкил ва додарзодаашро ба таҳдашт бурд, ки хориву зорӣ набинад. Не, дар таи дил дарди дигар ҳам дошт амакаш, мехост додараш аз ҷанг баргардаду бинад, ки ӯ сарпарасти фарзандаш шудааст. Аммо ба он рӯз нарасид. Ӯро ҳам ба ҷанг бурданду нобуд шуд ва121
Мирзолатиф ҳам ғайб зад. Ба деҳаи амакаш рафта ӯро суроғ кард. Гуфтанд, ки як намоянда ба бачаҳои ятиму бепарастор
Мирзолатифро ноҳия бурд. Кошки он вақт ӯро бо амакаш намедод. Мисли Мирзоршариф, сер ё гурусна, ба азобу шиканҷа ҳам бошад, дар пеши чашмаш меистод. Акнун гӯшти бадани худашро канда, пеши саг партояд ҳам бефоида.. Ҳа, баъди ҳар хоббинӣ дили ӯ ба сӯзиш меояд ва дар ин ҳолатҳо зӯраш танҳо ба гиря мерасад. Солҳое, ки ҷавонтар буд ва қуввату дармон дошт, бо ҳар баҳона сӯзи дилу оби чашмонашро ба мардум рӯшод намекард. Дар хона куртаву эзори кӯҳнаи
Мирзолатифро аз бӯхча бароварда, бӯй мекашиду ба дида мемолид ва ашк мерехт, дар саҳро бо баҳонае лаби чашма ё паси бутта нишаста,дил холӣ мекард. Ҳоло куртаву эзори бача дар қучо бошад?
– Шукронаи ҷони ин бачата бикун, – гуфтанд насиҳатомез дилогоҳҳо.
– Сад бор шукр мегӯям, лекин ҷои Мирзолатиф дар дилам холӣ мемонад. Охир, як бачаи моҳ барин нозанина гум кунӣ..
– нолишкунон ҷавоб медод ӯ: – Магар фарзанд, лахти ҷигара фаромӯш карда мешавад?
– Чӣ илоҷ? Он рӯзҳои сиёҳ ҳатто мардҳо бенишон гаштанд.
Солҳои зиёде паси сар шуданд. Тифлони солҳои ҷанг мардони баркамол, соҳиби хона, зану фарзанданд. Онҳо низ даҳшати солҳои ҷангро баъдтар аз китобҳо хондаанд, дар киноҳо тамошо кардаанд, аз ҳикояти бибиву бобо, падару модарашон шуниданду фаҳмидаанд. Дар тӯли ин солҳо чанд падару модар фарзанд ва чанд тани дигар наздиконашонро ёфтанд. Ба деҳаи Шикордара аз бачаҳои гумшуда танҳо як кас баргашт. Сарват – писари Азимаи говдӯш. Ин ҳам хеле дер, аввали солҳои шастум буд. Ӯ модарашро суроғкунон то ферма рафт. Марду зан, пиру ҷавон ба истиқболаш баромаданд.
Вай магар аз ин ҳангома сарҳисобашро гум кард, ки саросема «Кто Агзима?» пурсид. Он вақтҳо давраи номдории Азима буд, пешқадам, садрнишини маҷлисҳо, зани шавҳари панҷумаш-мудири ферма. Азима мисли баъзе модарҳо аз122 шодии омадани фарзандаш аз ҳуш нарафт, ашк ҳам нарехт. Ӯ даме ҳайкалвор рост истод, сипас нигоҳи карахту беҷонашро аз ҷавон барканд.. Дигар шудани ваҷоҳаташро ҳама диданд.
Дили Гулшан он лаҳза фишурда шуд. Вай пиндошт, ки Азима сарҳисобашро гум кардааст. Баъзан аз шодии беинтиҳо, аз хабари ниҳоят хуши ногаҳонӣ ҳам инсон ба ҳоли табоҳ меафтад-ку. «О занак, ҳушат ба куҷо рафт? Писарат омадааст, бирав…» – аз қафо пичиррос зад ӯ ва оҳиста Азимаро ба пеш тела дод. Ӯ худро пас кашид. «Мабодо ягон бачаи бегона бошад», – овози ӯ аранге ба гӯши Гулшан расид. «Бегона ҳам бошад, фарзанди одам аст. Модар гуфта наздат омадааст», – коҳишомез гуфт ӯ, лекин ҷавоби Азимаро нашунид, зеро занҳо яктараф истода, марде ӯро ба ҷавон нишон дод. Сарват, ҷавони лоғари баландболо, дар сар кепка, мӯяш то китф ҳамоил ва дар даст ҷомадон, ки алҳол бесаранҷому кунҷковона ба ҳар як зан менигарист, якбора ба пеш такон хӯрд. Ҷомадон аз дасташ афтод, чеҳрааш шукуфон гашт. Вай мисли кӯдак пеши Азима сари зону нишаста, дастони ӯро байни кафҳояш дошта бӯсид ва ба дидагонаш молид.
Ба чашми бисёриҳо об давид. Аммо Азима ҳанӯз ҳам ҳайкалвор рост меистод. Ба назар чунин мерасид, ки ӯро мехкуб кардаанд ва ёрои ҷунбидан надорад.
– Бихезон бачара, занаки ношукри кутоҳақл! – хитоб кад мӯйсафеде. Ӯ ин суханро ҳам ба эътмибор нагирифт. Магар сардмеҳрияш ба дили Сарват ҳам шубҳа ангехт, ки оҳиста аз ҷояш бархест, даме ба чашмони ӯ нигарист, сипас илтичоомез пичиррос зад: «Ача, я ваш сын, Сарват! Искал, очень искал..» ва баргашта ҷомадонашро аз дасти зане, ки онро аз рӯи замин бардошта буд, гирифта кушод ва як либосворию рӯймоли шолро бароварда, тарафи Азима дароз кард. «Бери, ача. Это мой подарок». Нигоҳи Азима аз рӯи одамон лағжида, ба косагулҳои дилкаши рӯймол андармон гашт, баъд ҷон гирифт, лабони бо ҳам фишӯрдааш ҳам хаёле ба табассум моил шуданд ва дастони ларзонаш ба пеш ҳаракат карданд. Ӯ бахшишро ҳарисона гирифта ба синааш пахш кард ва ба гулҳои дилрабои рӯймол ба меҳр нигарист. – Ҳм, бо бача бегонаву бо тӯҳфаҳош хеш, – пичинг зад касе: – Ҳирси молу чиз аз азал одама шармандаву бадном мекард.
Ана ҳамон рӯзу шаб ҳам Гулшан дар танҳоӣ ашки талх рехт. Ба ҳоли Сарват ҳам гиристу ба сангдилии Азима ҳам.
Не, Азимаро нафрин кард. Охир, баъди дар ҷанг бенишон гаштани шавҳар худаш писарашро бурда ба хонаи бачагон супорида, аз «бори зиёдатӣ» халос шуда буд. Ба Сарват хаёлан гуфт, ки шӯрбахто, кошки модаратро намеёфтӣ ва дар ғарибиҳо меҳри ӯро парварида мегаштӣ. Чӣ фоида аз он дидорбинӣ, ки ба дили гармат оби сард резад, меҳратро аз одам биканад. «Кошки Мирзолатиф ҳам биояд, – гуфта буд ба худ
Гулшан: – Тӯҳфа наорад, худаш тӯҳфа. Забона ҳам фаромӯш карда бошад, боке не. Боз ёдаш медиҳам, чунон ёдаш медиҳам, ки булбули ширнинзабон шавад. Ҳм, кӣ забони модараша ёд намегирад? Не, Мирзолатиф бачаи бамағзу баномус буд, забони худаша ҳеҷ гоҳ фаромуш накардааст…»
Ҳамон вақт ҳам ба дилаш алов рехт. Аз Мирзошариф хоҳиш кард, ки аз паи ҷустуҷӯи додараш шавад. Ҳм, бача не, ҷони ширин аст ин Мирзошариф, дар умраш гапи модарро нагардондааст. Бачаи меҳнатрӯзӣ як соли дароз овораи додарковӣ шуд. Аз идораҳои боло мадад пурсид, ба ҳар канор рафту мактуб навишт. Хайр, кӣ намехоҳад, додари гумшудаашро ёбад? Додарони зиёде пайдо кард, ҳамаашон Мирзолатиф ном доштанд. Онҳо аз ҳар диёр, ҳар хел одам буданд: яке зиндадилу ҳазлкаш, дигаре хаёлӣ, пурандеша. Баъзеашон падару модарро ба ёд ҳам оварда наметавонистанд..

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё